Нақши очерк ва публитсистика дар ташаккули афкори ҷомеа


DSC_0400
Нақши очерк ва публитсистика дар ташаккули афкори ҷомеа

Ҷовид Муқим,
доктори улуми филология,
профессор

Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки дар ташаккули афкори ҷомеа нақши ВАО хеле зиёд аст. Феълан рӯзномаву маҷалла, радиову телевизион ва билхоса Интернет ба ташаккули афкори ҷомеа мусоидат мекунанд. Ҳар сухане, ки аз ин расонаҳо пахш мешавад, метавонад иқтидори созандагӣ ва ё сӯзандагӣ дошта бошад. Бинобар ин вазифаи публитсистон бо сухани хушу созанда ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, ба бунёдкорӣ даъват кардан аст. Ҳамчунин вазифаи тарбиявӣ доштани матбуот имрӯз ҳам актуалӣ боқӣ мемонад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ (2013, 26 апрел) дар бораи таъмин намудани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва бо ҳамин роҳ фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як фарди ҷомеа изҳор доштанд, ки
«Вазифаи муҳимтарини мо ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ниҳоят шахсияте мебошад, ки қобилияти шинохти равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро дошта бошад.».
Чунин шахсиятҳоро танҳо оила ва мактабу донишгоҳҳо тарбия намекунанд. Дар тарбияи шахсият нақши адабиёту фарҳанг ва ВАО зиёд аст. Яъне адибону журналистон бо навиштаҳои публитсистии худ метавонанд, дар тарбияву ташаккули насли бофарҳангу ватандӯст ва бунёдкор саҳми арзандае дошта бошанд.
Вазифаҳои маводи публитсистӣ ин таъсиррасонӣ ва боваркунонии одамон ба мақсади ташаккули кадом як мавқеъ, таҳрик ба ягон амал ва иттилоърасонӣ барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба ягон масъалаи муҳим аст. Очерк ҳамчун жанри публитсистиву бадеӣ факту воқеияти ҳаёти ҷомеаро инъикосу таҳлил мекунад. Албатта, ин ҷо нақши муаллиф ҳамчун ноқили мустақим зиёд аст.
Дар очерк тахаюлот ба мисли дигар жанрҳои бадеӣ нақши камтаре дорад. Инъикоси воқеият асоси очерк буда, андешаронӣ дар асоси таҳлил ба вуҷуд омада, хулоса интиҳои мантиқии он аст. Забони очерк бештар дар худ элементҳои публитсистиву илмиро фаро гирифта, аз забони гуфтугӯии мардум орӣ нест.
Мо ин ҷо мехоҳем дар бораи очерку мақолаҳои публитсистии матбуот дар солҳои охир ҳарф занем. Мавзӯи асосие, ки солхои охир таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеаро ҷалб кардааст, сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун мебошад. Адибон низ дар тарғиби сохтмони мазкур саҳми худро мегузоранд. Соли 2010 китоби дастаҷамъии «Наврӯзи Роғун» аз чоп баромад, ки як бахши онро публитсистика ташкил мекунад.
Очерки «Маҳаки номус»-и Шерали Мӯсо (Наврӯзи Роғун.- Душанбе, 2010.- С. 229-254.) ба сохтмони НБО Роғун бахшида шудааст. Муаллиф аз таърихи сохтмон нақл карда хонандаро бо имрӯзи он ошно мекунад. Ӯ аз ҳаёти мардони кор – Николай Малтсев, Иброҳим, Алимардон Авезов, Хайрулло Идиев ва дигарон, ки бо дастонашон нерӯгоҳ бунёд меёбад, қисса мекунад. Қаҳрамонҳои муаллиф аксар мардони фозилу доноанд, муаддабона сухан мегӯянд, дар сӯҳбаташон аз зарбулмасалу мақол, шеъру андарз истифода мекунанд.
Профессор Асадулло Саъдуллоев нақши Шералӣ Мӯсоро дар инкишофи публитсистикаи муосир хеле бориз арзёбӣ кардаанд. Аз ҷумла, он кас ба очеркҳои «Ошёни уқобон», «Ситораи Роғун» ва «Ҳусни зиндагӣ»-и Шералӣ Мӯсо баҳои баланд додаанд («Адабиёт ва санъат», 2011.- 9 июн.).
Дар очерки «Роғун — бахти рӯзафзун»-и Раҷабалӣ Аҳмад (Наврӯзи Роғун.- Душанбе, 2010.- С. 305-330.) низ дар аввал сухан аз сохтмони НБО Роғун дар охири солҳои 80-уми асри гузашта меравад. Ӯ хотираҳояшро аз сӯҳбат бо собиқ директори мудирияти сохтмони НБО Роғун Зиёратшо Ашуров нақл карда, хонандаро бо ин сохтмони бузург шинос мекунад. Ҳамзамон хати сужаи очерк ба сохтмони роҳи Ваҳдат-Саритош, ки аз назди шаҳри Роғун мегузарад, меравад.
Муаллиф дар очерки худ таъкид мекунад, ки дарозумрии НБО-и Норак аз ҳар чӣ зудтар ба истифода додани НБО — Роғун вобаста аст. Зеро тибқи маълумоти мутахассисон соле то 55 млн. метри кубӣ регу қуму гил дар обанбори Норак таҳшин мешавад ва ин боиси кам шудани иқтидори нерӯгоҳ мегардад.
Имрӯз дар ҷомеаи сармоядорӣ касе бе пул кореро анҷом намедиҳад. Дар очерки «Роғун — бахти рӯзафзун» Раҷабалӣ Аҳмад нақл мекунад, ки дар деҳаи Қалъаи Нав, ҳангоми ба Роғун сафар карданашон мӯйсафедеро мебинанд, ки бо наберааш чуқуриҳои роҳро бо сангу хок пур карда истодаанд, то ба ҳаракати мошинҳо халал нарасад. Ин ҷо ӯ дар бораи «савоб, яъне бе музд, бе тамаъ кореро анҷом додан», андеша меронад. Албатта, аз чунин як амали нек ёдовар шудан, хуб аст ва ин метавонад ба хонандаҳо дарси ибрат гардад, онҳоро ба чунин корҳои савоб раҳнамун созад.
Очерку мақолаҳои публитсистии Раҷабалӣ Аҳмад дар китоби «Роғун – ифтихори миллат» (нашриёти «Адиб», 2011.) низ гирд оварда шудаанд. Муаллиф солҳои тӯлонӣ дар шаҳри Роғун фаъолият карда, бо сохтмони НБО Роғун ва масъулини он аз наздик ошност. Ҳамин аст, ки хати сужаи очеркҳои мазкур ба сохтмони мазкур пайвандад. Дар маҷмӯаи номбурда очеркҳои портретӣ низ аз қабили «Андешаи фардои дурахшон» дар бораи собиқ раиси Маҷлиси намояндагон, шодравон Сафаралӣ Раҷабов, очерки «Марди ҷонсӯз» дар бораи собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон Сайдамир Зуҳуров, очерки «Сарвати бебаҳо» дар бораи ҳамоҳангсози миллии истифодаи захираҳои об ва беҳдошти муҳити атрофии ҳавзаи баҳри Арал Теша Авазов ба табъ расидаанд. Навиштаҳои муаллиф ҷолибу хонданӣ буда, профессор Асадулло Саъдуллоев дар тақризи худ оид ба очерку публитсистикаи муосир «Инсон бо талош зиндааст» («Адабиёт ва санъат», 2011.- 9 июн.) Раҷабалӣ Аҳмадро дар қатори публтисистони тавонои муосири тоҷик номбар кардааст.
Яке аз усулҳои самараноки сохтори очерк тарзи баёни муаллиф аст, ки ба таври андеша сурат мегирад. Ӯ дар бораи проблемаи мавриди баррасии очерк андешаҳои худро дар асоси факту далел иброз медорад.
Очерки «Роғун-роҳ ба сӯи нур»-и Ҳанифаи Муҳаммадохир (Наврӯзи Роғун.- Душанбе, 2010.- С. 331-338.) низ ба сохтмони НБО Роғун бахшида шудааст. Очерки мазкур низ ба мисли дигар навиштаҳоест, ки ин мавзӯъро баррасӣ мекунанд. Дар он низ мусоҳибаҳо бо мутахассисони сохтмон истифода шудаанд. Вале дар ин очерк ду маълумоти ҷолиб аст. Дар оғози очерк муаллиф шоҳиди сӯҳбати директори генералии сохтмони НБО Роғун Нурулло Шӯлашов ва сардори шӯъбаи таҷҳизоти техникӣ Абдуғаффор Тошматов мешавад. Онҳо дар мавриди таъмири сӯрохии шифти нақб, ки соли 1993 боиси шуста шудани дарғот шудааст, сӯҳбат мекарданд. Дар лаҳзаи дигар, муҳандис Ҷамшед Назиров дар бораи ворид кардани тағйироту иловаҳо ба лоиҳаи тасдиқшудаи сохтмон ҳарф мезанад. Ӯ мегӯяд, ки дар аввали даромадгоҳҳои нақбҳо барои пешгирии ворид шудани ҷисмҳои гуногун ҳангоми сел дарвозаҳо сохтан лозим аст. Агар муаллиф ана, ҳамин эпизодҳоро ба хати тасвир кашида ба он бештар таваҷҷӯҳ мекард, очерк воқеан ҳам проблемавӣ мешуд.
Яке аз сабабҳои сатҳӣ будани очеркҳо аз кам иттилоъ доштани муаллифон аст. Аксаран муаллифон дар Нерӯгоҳи барқи обии Роғун муддати кӯтоҳ меистанд ва маълумотро аз масъулон ва роҳбаладон мегиранд, худ бевосита вазъиятро намеомӯзанд, бо одамони оддӣ сӯҳбат намекунанд, бо проблемаҳои мавҷуда шинос намешаванд. Директори генералии сохтмони НБО Роғун Нурулло Шӯлашов ҳангоми сӯҳбат бо муаллифи очерки «Роғун-роҳ ба сӯи нур»-и Ҳанифаи Муҳаммадохир мегӯяд:
«Аксари адибону рӯзноманигорон намедонанд, дар бораи кӣ менависанд. Ман коргарро барои бемасъулиятиаш аз кор холӣ мекунам, рӯзи дигар мебинед, ки ӯ аллакай қаҳрамони очерки телевизионӣ шудааст… Ё дар борааш китоб менависанду аз ӯ қаҳрамон метарошанд».
Андешаҳои устод, профессор Асадулло Саъдуллоев оид ба очеркҳои бадеӣ- публитсистӣ бо номи «Инсон бо талош зиндааст» дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (2011.- 9 июн.) ба табъ расидааст. Он кас очерки Ҷонибеки Акобир «Зикр ва фикр» («Адабиёт ва санъат», 2010), Ҷамолиддин Тошматов «Орзу дорем, ки…», «Дар қатраи об-акси офтоб» ва дигаронро, ки дар маҷмӯаи «Наврӯзи Роғун» чоп шудаанд, хеле хуб таҳлил кардаанд, бинобар ин мо онҳоро баррасӣ накардем.
Очерки проблемавӣ ба намудҳои гуногун аз қабили иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фалсафӣ, экологӣ, судӣ ва ғайра ҷудо мешавад. Муаллифи очерки проблемавӣ танҳо нависандаву журналист нест. Онро мутахассисони ин ё он соҳа, ки проблемаи мавриди назарашонро хуб медонанд, метавонанд рӯи коғаз оранд. Мавзӯи таҳқиқ ва инъикоси публитсистиву бадеии очерк проблемаи муҳими ҷомеа аст. Ин нақли идрокии муаллиф аст, ки тавассути диди шахсии ӯ ва вазъият сурат мегирад. Муаллиф бо истифодаи ифодаҳои гуногуни муассири аҷзои бадеӣ образи вазъиятро месозад. Дар ин ҳол пажӯҳиши илмиву публитсистии проблема дар нақши аввал меистад. Ин ҷо албатта, муаллифи очерк фаъол аст, ӯ бо истифода аз факту нишондиҳандаҳои оморӣ ва донишаш оид ба мавзӯъ бо хонандагон мустақиман дар гуфтугӯ аст. Чунин очеркҳо бинобар ҳаҷми калон доштанашон хоси маҷалла ва маҷмӯаву китобҳо мебошанд.
Соли гузашта китоби «Ҳикмати умр»-и Раҷаб Мардон ва «Дурахши ситора»-и Алӣ Бобоҷон ба табъ расиданд. Дар китоби «Ҳикмати умр»-и нависанда Раҷаб Мардон (нашриёти «Адиб», 2012) бахши публитсистика низ ҷой дорад, ки мақолаву очеркҳои солҳои гуногун эҷодкардаи ӯро гирд овардааст. Аксари қаҳрамонон ва мавзӯи ин очеркҳо аз қабили «Ҳусни замин», «Барқе дар осмони инқилоб», «Марди барӯманд» ва ғайра даврони шӯравиро фаро гирифтаанд ва аз нигоҳи банду баст ва проблемгузорӣ ба талаботи замони худ мувофиқанд. Бояд гуфт, ки Раҷаб Мардон яке аз беҳтарин очеркнависони тоҷик маҳсуб мешавад ва воқеан ҳам, навиштаҳои ӯ ҷолибу хонданианд.
Дар очерк ба ҳам овардани факту далелҳо барои кушодани мавзӯъ хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Муаллиф баъди омӯхтани маълумоти ғун кардааш метавонад хати сужети очеркро муайян кунад, кадом як проблемаро дар мавқеи аввал гузорад ва бо истифода аз лаҳзаҳои ёрирасан онро баррасӣ намояд. Барои ҳамин ҳам барои очеркнавис донистани камтарин ҷузъиёт ҳам аз манфиат холӣ нест. Зеро комозитсияи жанр ба ҳам пайвастану ба ҳам омадани бисёр фактҳо, лаҳзаҳо ва андешарониҳоро тақозо мекунад. Агар муаллиф ҳар қадар бештар бо мавзӯъ шинос бошад, факту далелҳои бисёр ва характери қаҳрамононашро омӯхта бошад, маҳсули қалами ӯ ҷолибу воқеӣ мебарояд.
Дар меҳвари очерки портретӣ шахсияти инсон, ҳаёти ӯ, талоши ӯ ба зиндагӣ ва ғаму нишоти ӯ меистад. Хонанда аз очеркҳои портретӣ натанҳо бо чеҳраи шахсиятҳо шинос мешавад, балки бо зиндагии ибратомӯзи онҳо ошно гардида, худро бо онҳо муқоиса мекунад, ва беҳтарин хислатҳоро аз онҳо меомӯзад. Нависандаи рус Константин Паустовский мегӯяд, очерки хуб хонандаҳоро ба он водор мекунад, ки худро ба ёд оранд, кистанд онҳо, чӣ мехоҳанд ва чӣ орзу доранд? Яъне очерк ба хонанда таъсири эмотсионалӣ расонда, ӯро метавонад таҳрик диҳад. Барои навиштани очерки хуб бояд, қулфи дили мусоҳибро кушод, то ки ӯ арзи қалби худро баён дорад. Вагарна навиштаи муаллиф қолабиву беътимод мебарояд. Дар ин бора журналисти маъруфи рус Юрий Рост гуфтааст: «Ман мекӯшам, ки мусоҳиби худамро эҳсос кунам. Ман аз ӯ мепурсам, ки дар зиндагӣ аз чӣ бештар таасссуф мехӯрад ва аз чӣ ифтихор дорад. Ман бо ӯ самимӣ ҳарф мезанам ва ин ба ман дар сохтани образи қаҳрамонам мусоидат мекунад».
Китоби «Дурахши ситора»-и шоир Алӣ Бобоҷон (нашриёти «Адиб», 2012) аслан аз очеркҳои портретӣ иборат аст, ки дар солҳои гуногун иншо шудаанд. Қаҳрамонҳои ин асар аҳли фарҳангу ҳунар, ходимони давлатӣ ва табибон мебошанд, ки дар замони худ аз чеҳраҳои шинохта маҳсуб мешуданд. Хонандаи муосир бо мутолиаи очеркҳои мазкур сайри таърихие ба гузаштаи на чандон дур карда, тавассути фаъолияти қаҳрамонони муаллиф бо вазъияти онвақтаи ҷомеа ошно мешавад.
Бояд гуфт, очерки портретӣ ин тафсилоти пурраи зиндагии шахс нест, ки имрӯз мутаассифона, дар аксари очеркҳои портретии мо ба назар мерасад. Очерки ҳақиқӣ дар натиҷаи таҳлили бадеии қаҳрамон рӯи коғаз омада ба ҳикоя ва новелла монанд аст ва албатта, он аз рӯи санадҳо навишта шуда, қаҳрамони воқеӣ дорад.
Қаҳрамонҳои очеркҳое портретие, ки мо таҳлил кардем, асосан чеҳраҳои дар ҷомеа шинохтаанд. Магар дар бораи шахсони оддӣ, як деҳқони хокпош ё коргари заҳматкаш очерк навиштан мумкин нест? Албатта мумкин аст. Муҳим он мебошад, ки дар ин шахс ягон ҷузъиёти ғайриоддии аз дигарон фарқкунандаро дар зиндагии хонаводагӣ, кор ё шуғлаш ёфта, онро нишон дода тавонистан лозим аст. Метавон дар бораи андешаронии ғайриоддии як чӯпон, ки дар кӯҳу дашт гашта аз ҷомеа дур аст, вале ба он аз диди дигар назар мекунад, навишт. Ин албатта, касбият ва ҳунари баланди нигорандагиро тақозо мекунад.
Махсусияти очерки сафарӣ дар он аст, ки объекти таҳқиқ барои муаллиф пай дар пай муяссар мешавад. Ин ҷо албатта, мушоҳидаҳои шахсии муаллиф, таассуроти он аз дидаву шунидаҳояш мавқеи муҳим доранд. Дар сафарнома ҷузъҳои очеркҳои проблемавӣ ва портретӣ ба ҳам омезиш меёбанд. Беҳуда нест, ки очеркҳои сафарӣ идомадор чоп мешаванд ва бо он гӯиё сафари ҳамҷояи хонандаву муаллиф сурат мегирад.
Дар очеркҳои сафарӣ нақши муаллиф хеле барҷаста буда, ӯ ноқили сӯҳбат аст. Хонанда аз дидгоҳи ӯ ба воқеаҳои тасвиршуда ошно мешавад. Интихоби сужа ва қаҳрамонҳо аз ҳунар ва касбияти муаллиф вобаста аст. Яъне агар муаллифи очерк лазаҳои ҷолиб ва барои хонанда навро тавонад, ки пешниҳод намояд, пас ӯ ба ҳадаф мерасад. Очерки сафарии Амирхон Аҳмадхонов «Якеро, гар тавонӣ, дил ба даст ор…» («Адабиёт ва санъат», 2011, 18, 25 август, 1 сентябр) аз сафари ӯ бо нависанда Сорбон ба Панҷакенти бостонӣ нақл мекунад. Муаллиф бори аввал сафари ин шаҳрро доштааст ва барои ӯ дидани Панҷакенту Саразми кӯҳан хеле ҷолиб аст. Ӯ дар бораи таърихи ҳафриёти ин мавзеъ ба хонанда маълумот медиҳад ва ҳамчунин дар бораи заҳматкашиву меҳмондӯстии мардум сухан меронад. Хонанда аз сафарномаи мазкур ба ғайр аз диди нависанда боз иттилое мегирад, ки барои ӯ ва муаллиф нав аст. Масалан, муаллиф дар бораи Корези Таги камар, ки дар соҳили чапи рӯдхонаи Зарафшон воқеъ аст, менависад. Бо воситаи корези мазкур ба баландии қариб 50 метр бе истифодаи насос об мебаровардаанд. Муаллиф дар ин бора ҳарф мезанад, вале дар бораи усули оббарорӣ муфассал чизе намегӯяд. Ҳол он ки барои хонанда донистани усули оббарорӣ ҷолиб аст. Зеро аксаран оби дарёҳои кишвар пасттар аз заминҳои кишт ҷорианд ва таҷрибаи мазкурро дар дигар гӯшаву канори Тоҷикистон истифода кардан мумкин аст.
Дар очерк тасвири табиат, муҳити атрофи қаҳрамон ва ҳодиса барои ифшои вазъияти мавҷуда, ки амал мегузарад, мусоидат менамояд. Ҳамчунин ин тасвир вазъияти эҳсосиву равонии қаҳрамон ва муаллифи очеркро барои хонанда нишон медиҳад.
Очерки Шералӣ Мӯсо «Мардистон», ки дар газетаи «Боҷу хироҷ» (2013.- 27 феврал, 5 ва 13 март), ба табъ расидааст, ба сохтмони нақби Чормағзак бахшида шудааст. Қаҳрамони асосии очерки мазкур сардори қисми шимолии нақби «Чормағзак» Шамсулло Алимадов мебошад. Ӯ аз паи падараш — Нарзулло Алимадов, сардори сохтмони нақби Шаҳристон рафтааст. Шамсулло қаблан дар сохтмони НБО Сангтӯда-1 кор карда, аз соли 2007 дар сохтмони нақби Шаҳристон ба ҳайси ронанда фаъолияташро оғоз намудааст. Соли 2009 ӯ ба Нақби Чормағзак омада, корро аз сохтмони роҳ то даромадгоҳи шимолӣ шурӯъ кард. Муаллиф мегӯяд, ки дарозии нақби Чормағзак 4450 метр аст. Ҳамагӣ дар сохтмони он 320 нафар кор мекунанд. Аз ин теъдод 85 нафар чиноӣ мебошанд. 27 январи соли 2013 қисми шимол ва ҷануби нақб ба ҳам пайваст гардид. Ба гуфти Шамсулло дарёфти масолеҳи сохтмонӣ дар сохтмон осонтар аст: «Худо қариб ҳамаи масолеҳи сохтмониро ройгон бахшидааст. Дур ҳам не ба қавле дар таги бинӣ». Маводи мазкур низ очерки сафарӣ аст, агарчи дар он унсурҳои очерки портретӣ ба назар мерасанд.
Мутаассифона, имрӯз дар сафарномаҳо пургӯӣ ва қисса кардани ҳодисаҳое, ки дар бораи онҳо хонанда аллакай иттилоъ дорад, зиёд ба назар мерасад.
Публтисистикаи «Ҳам бахт, ҳам тахт» («Ҷумҳурият», 2013.- 6 апрел)-и Шералӣ Мӯсо аз ҳаёти Далер Нигматов, тарҷумони нақби Чормағзак нақл мекунад. Далер қаблан дар Черкизбозори Маскав ҳаммолӣ карда аз чиноизане забони хитоӣ меомӯзад. Ӯ баъди аз Маскав омаданаш дар бозори Корвони Душанбе савдо мекунад ва тасодуфан бо чиноие аз сохтмони нақби Чормағзак шинос мешавад. Ӯ Далерро ба ҳайси тарҷумони забони хитоӣ ба кор даъват мекунад. Далер дар ин ҷо бо ҳамсари ояндааш вомехӯрад ва онҳо оила барпо мекунанд.

Дар мавзӯи сохтмони НБО Роғун солҳои охир дар матбуот мақолаҳои зиёде ба табъ расидаанд. Мӯҳтавои аксари ин навиштаҳо ҳамранг буда, аз ҳамдигар кам тафовут доранд. Мақолаи Ҳасан Асоев «Дурнамои Роғун» («Садои Шарқ», 2012. №12.- С. 62-69.) низ ба мавзӯи сохтмони НБО Роғун бахшида шудааст. Муаллиф дар мақолаи худ асоснок будани сохтмони НБО-и Роғунро аз нигоҳи сейсмологӣ ва иқтисодӣ иброз медорад. Дар мақолаи мазкур ва навиштаҳои муаллифони дигар гуфта мешавад, ки дарғоти НБО-и Роғун ба 9 балл зилзила тоб меорад, «… агар он аз ашёи хоми маҳаллӣ сохта шавад». Мутаассифона, ягон нафар чаро маҳз аз «ашёи маҳаллӣ» сохтани дарғотро шарҳ надодаанд.
Акбар Саидзода дар мақолааш «Ӯзбекистон дар истифодаи об исрофкорӣ мекунад» («Ҷумҳурият», 2012.- 6 октябр) ба масъалаи истифодаи об дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва хушкшавии баҳри Арал дахл кардааст. Ӯ истифодаи оби дарёи Нил ва Амударёро муқоиса карда, исрофкории истифодаи обро дар Ӯзбекистон нишон медиҳад. Муаллиф мегӯяд, ки «Дар дунё давлате нест, ки ин қадар обро ба ҳар сари аҳолӣ истифода бурда, то ин андоза бемасъулиятона ба вазъи муҳити зисти минтақа муносибат кунад».
Иқтисодшинос Анвар Камолиддинов дар мақолаи худ «Нигаронӣ ва умедворӣ» («Ҷумҳурият», 2012.- 9 октябр) мушкилоти обию энергетикии Осиёи Марказӣ ва нақши Тоҷикистонро дар ҳалли онҳо баррасӣ кардааст. Ӯ сараввал дар бораи махсусияти ҷуғрофӣ ва иқлимии минтақа, аз ташаккулёбии дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал ҳарф зада, тақсимоти истифодаи обро, ки дар давраи Шӯравӣ тарҳрезӣ шудааст, ноодилона меномад. Аз рӯи ин тақсимоти мустақими ҷараёни Сирдарё ва Амударё ба Тоҷикистон ҳамагӣ 11,31 км мукааб (13,4%) Туркманистон 22 км мукааб (26,1%) ва Ӯзбекистон 40, 08 км мукааб (47,6 фоиз) об мерасад.
Тоҷикистон дорои 527 млрд. киловатт — соат иқтидори энергетикӣ аст. Аз ин нишондиҳанда 317 млрд. кВт — соат аз нигоҳи иқтисодӣ самаранок мебошад. Вале то имрӯз ин нерӯ ҳамагӣ 3-4 % истифода мешавад. Ба гуфти муаллиф сохтмони НБО Роғун имкон медиҳад, ки дар солҳои камобию хушкӣ 4 миллион га замини ҳавзаи Амударё обёрӣ карда шавад.
Садриддин Ҳасанзода, дар маводи худ «Хайрият, об аз поён намеояд» («Ҷумҳурият», 2013. -30 апрел) масъалаи доғи рӯз сохтмони НБО Роғун ва иртиботи он ба масоили экологии минтақаро мавриди баррасӣ қарор додаст. Ӯ бо факту далел ва назари коршиносони соҳа собит мекунад, ки ҳангомаҳое, ки Ӯзбекистон оид ба сохтмони НБО Роғун мебардорад, асоси воқеӣ надоранд.
Ҳифзи муҳити зист яке аз мавзӯъҳои муҳими сайёра маҳсуб шуда, баррасии он дар кишвари мо низ саривақтиву актуалӣ маҳсуб мешавад. Дар китоби Холназар Муҳаббатов «Инсон ва сарватҳои табиат» (нашриёти «Адиб», 2012) очерку мақолаҳои муаллиф, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, гирд оварда шудаанд. Китоби номбурда ба ҳифзи муҳити зист бахшида шуда, проблемаҳои гуногуни онро аз хавфи кӯли Сарез то сохтмони НБО Роғун баррасӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки мавзӯи экология аз ҷониби дигар ба сохтмони НБО Роғун иртибот мегирад ва боиси баҳсҳои зиёд дар матбуоти кишвари ҳамсояи мо — Ӯзбекистон гардидааст. Публитсистони тоҷик бо навиштаҳои худ дар матбуот аз нигоҳи экологӣ безарар будани сохтмони НБО Роғунро собит мекунанд.
Қобили тазаккур аст, ки дар очерк ва публитсистикае, ки ба мавзӯи Роғун бахшида шудаанд, проблемагузорӣ хеле кам ба назар мерасад. Чи хеле ки сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон зикр карданд, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи мо мебошад. Ҳамин аст, ки мавзӯи сохтмони НБО-и Роғун дар оянда низ муҳим боқӣ мемонад.

Имрӯз муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз мавзӯҳои доғи кишвар маҳсуб мешавад. Дар ин бора матбуоти хусусии кишвар зиёд менависад, вале мақолаҳои публитсистиву очеркҳои проблемавӣ дар мавзӯи мазкур, ки тавонанд тафаккурӣ ҷомеаро дигар кунанд ва баррасии онро ба сатҳи ҳукуматӣ бардоранд, то мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии мо, ба вижа дар Россия ҳал шаванд, хеле каманд.
Журналист Саидҷалол Саидов дар мақолааш «Одинаҳо дохунда мешаванд!» (Чакидаҳо аз андешаҳо. –Душанбе: Матбуот, 2010.- С. 5-9) менависад, ки «Касе нест, ки симои Одинаи имрӯзаро биофарад». Ба қавли муаллиф теъдоди Одинаҳои устод С. Айнӣ 100- 200 нафар буданд. Имрӯз шумораи Одинаҳои тоҷик ба миллион нафар мерасад ва онҳо сарнавиштсозанд. «Буҷаи онҳо, ки ба қимати ҷони ҷавонашон пур мешавад, хазинаи ҷумҳуриро низ ҳимоя мекунад». Муаллиф дар мақолаи худ ҳалли проблемаи муҳоҷирони меҳнатиро дар сатҳи ҳукумат пешниҳод мекунад.
Мақолаи Абдумӯъмин Шарифов «Бурду бохти муҳоҷирати меҳнатӣ» («Садои Шарқ», 2012. №12.- С. 49-61.) низ ба ин мавзӯи доғи ҷомеа бахшида шудааст. Муаллиф то андозае кӯшидааст, бурду бохти муҳоҷирати меҳнатиро таҳлил кунад. Вале бояд гуфт, ки мавзӯи мазкурро ҳанӯз соли 2006 иқтисодшинос Тоҳири Абдуҷаббор дар газетаи «Миллат» ( 28. 09.2006) хеле хуб таҳлил карда буд. Ин ҷо муаллифи мақола навгоние танҳо дар теъдоди муҳоҷирон овардааст. Ӯ хешу ақрабои дар муҳоҷирати меҳнатӣ будаашро ҳисоб карда, аз рӯи он теъдоди миёнаи муҳоҷирони меҳнатиро дар миқёси ҷумҳурӣ 2 млн. нафар муайян кардааст. Муаллиф як пешниҳоди ҷолиб мекунад, ки пули муҳоҷирони меҳнатӣ чун кредити дохилӣ барои инвеститсияҳои барномаҳои гуногуни тараққидиҳандаи иқтисодиёти Тоҷикистон истифода шаванд. Албатта, то кадом андоза ба пули муҳоҷирони меҳнатӣ метавон умедвор шуд, масъалаи баҳсталаб аст. Ба иттилои мо, пули фиристодаи муҳоҷирон аслан сарфаи ғизову пӯшокии оила ва таҳсили фарзандон мегардад.
Бояд гуфт, ки мақолаи мазкур таҳрирталаб буда, ба сиёсати истиқлолияти миллӣ чандон созгор нест. Муаллиф ҳоло ҳам Русияро чун «бародари бузург» медонад. Махсусан се саҳифаи аввал аз муқаддимаи хеле тӯлонӣ иборат аст ва агар мақола аз саҳифаи чорумаш шурӯъ мегардид, мӯҳтавояш ҳеҷ халалдор намешуд.
Садриддин Ҳасанзода ҳамчун публитсист дар ҷомеа шинохта шудааст. Ӯ ба мавзӯъҳои гуногун дахл мекунад, вале таълиму тарбияи шахс, инсонгарӣ поксириштӣ дар эҷодиёти ӯ мавқеи хосро дорад. Мақолаи «Гар ҳоли нек хоҳӣ», ки дар маҷмӯаи «Ёдҳои парокандаи бодияҳо» (нашриёти «Сомон», 2010) ба табъ расидааст, ба оила ва тарбияи шахс бахшида шудааст. Ӯ мегӯяд, ки «фарзандони солим аз оилаҳои солиму тифоқ ба дунё меоянд». Ҳақ бар ҷониби муаллиф аст, дар тарбияи фарзанд нақши волидон ва аҳли оила калон аст. Имрӯз, ки бо сабабҳои гуногун ахлоқи ҷомеа коҳиш ёфтааст, мавзӯи таълиму тарбияи насли наврас муҳиму асосӣ боқӣ мемонад.
Мақолаи Холназар Муҳаббатов «Имкони рушди туризму саёҳат дар Тоҷикистон» («Садои Шарқ», 2013. №2.- С. 73-85.) дар бораи мавзеъҳои саёҳатбоби Тоҷикистон ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар нақл мекунад. Албатта, ин кор ба осонӣ ҳал намешавад. Барои ба ин ҳадаф расидан бояд инфрасохтори туристӣ бояд дар кишвар муҳайё бошад. Имрӯз барои ҷалби сайёҳон одитарин шароитҳо мавҷуд нестанд. Нақлиёти ҳавоию автомобилӣ ва ҳатто нархи меҳмонхонаҳо нисбат ба дигар кишварҳо хеле гарон аст. Барои ҳамин ҳам сайёҳон ба Тоҷикистон наомада, дигар кишварҳоро интихоб мекунанд.
Солҳои охир дар ВАО ҳаракати босмачигарӣ ва шахсияти қӯрбошиҳо ҳамчун каҳрамонони миллӣ, ки барои озодии Ватану миллат ҷагидаанд, инъикос мегарданд. Профессор Атахон Сайфуллоев дар мақолаи публитстстиаш «Босмачигӣ хилофи манфиатҳои милӣ буд» («Ҷумҳурият», 2011.- 7 июн) ба ин мавзӯъ дахл карда менависад, ки «… Ин, албатта, нигоҳи яктарафа, ғалат ва субъективӣ ба воқеаҳои таърихӣ ва симои босмачиён аст».
Маводи публитсистии Кароматуллоҳи Мирзо ва Амирхон Аҳмадхонов «Ин хона на манзили нишот асту тараб» («Адабиёт ва Санъат», 2012.- 13 декабр) дар бораи падар ва бобои узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Азизулло Афзалов нақл мекунад. Бобои Азизулло – Мулло Сайиди Ҳаким аз наздикони Восеъ буда дар шӯриш алайҳи беки Балҷувон Акрамбой ширкат кардааст. Писари ӯ Афзал Афзалов (Раиси Афзал) аз барпокунандагони Ҳукумати Шӯравӣ ва сохти колхозӣ дар Сарихосору Балҷувон будааст. Ӯ солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногун кор карда, ҳамеша дастгиру мададгори мардуми заҳматкаш ва соҳиби эҳтироми мардум будааст.

Аз баррасии маводи публитсистии боло ба чунин хулоса омадем, ки дар аксари навиштаҳо пургӯӣ зиёд аст ва аз чунин пургӯӣ хонанда чизе намегирад. Набояд фаромӯш кард, ки хонандаи муосир имкони интихоб дорад. Дар ҷумҳурӣ садҳо рӯзномаву маҷалла ва китобҳои гуногун нашр мешаванд, ба ғайри ин фазои иттилоотиро телевизиону радио ва Интернет пур мекунанд. Хонанда ҳамон асарро мутолиа мекунад, ки ҷолибу мавриди таваҷҷӯҳаш бошад. Набояд фаромӯш кард, ки агар воқеияти зиндагиро беғаразона гӯем, навиштаҳои мо хонанда меёбанд.
Дар очеркҳои муосир мубоҳисаи қаҳрамонон ва конфликт қариб ки аз байн рафтааст. Ҳамин аст, ки проблема дар онҳо баррасӣ намешавад. Дар очеркҳо проблема бо қаҳрамонони он вобастагии мустақим дорад. Ин проблема аз ҷониби қаҳрамонҳо бардошта мешавад ва инсонҳо онро ҳал мекунанд. Агар дар композитсияи очеркҳо ҳалли проблема бевосита бо қаҳрамонон сурат гирад, онҳо муассиру хонданбоб мешаванд. Ҳамчунин дар очеркҳо симои шахсӣ оддӣ хеле кам аст. Аксаран муаллифон дар бораи роҳбарон менависанд.
Адибони мо ба мавзӯъҳои доғе, ки ҳукумат аз он чашм мепӯшад, даст намезананд. Маълум аст, ки мақомоти давлатӣ аз рӯи фарҳанги дипломатия, вайрон нашудани муносибати байни кишварҳо нисбати баъзе мавзӯъҳо хомӯширо ихтиёр мекунад. Вале адибон бояд ин мавзӯъҳоро, ки ба манфиати миллӣ равона шудаанд, бардоранд. Онҳоро мебояд, ки нуқтаи назари худро дар ин бора иброз дошта, афкори ҷомеаро ба вуҷуд оранд.
Бояд гуфт, ки солҳои охир теъдоди очеркҳои матбуотӣ кам шудааст. Ба қавли Шералӣ Мӯсо «Мушкилоти очеркнависӣ дар ёфтану ба гап даровардани қаҳрамон аст. То ба гап медароред, ки хуни ҷигар мешавед. Ба ҳамин сабаб имрӯз қариб ки очеркнавис намондааст» («Боҷу хироҷ», 2013.- 27 феврал, 5 ва 13 март). Дар воқеъ имрӯз дар байни ҷавонон очеркнависон нестанд. Муаллифони кӯҳансол бошанд, бо инерсияи пешина менависанд.
Мебояд гуфт, ки феълан ҳавасмандӣ барои навиштани очерк нест. Ҳаққи қаламе, ки барои очерк пардохта мешавад, харҷи муаллифро намебарорад. Ба ғайри ин майдони чоп нест. Рӯзномаҳо маводи калонро, ки камаш ду-се саҳифаи газета (А-3) аст, чоп намекунанд ва агар мабодо чоп кунанд ҳам, моҳҳо мебояд интизор шуд.

Қобили зикр аст, ки очерк ҳанӯз ҳам жанри таблиғотӣ боқӣ монда, нақши публитсистии худро дар ташаккули афкори ҷомеа нигоҳ медорад. Бинобар ин барои рушди минбаъдаи очерки тоҷик чунин пешниҳодҳо дорам:

1. Таъсиси Шӯрои доимоамалкунандаи очерку публитсистика дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
2. Ба роҳ мондани нақди очерк.
3. Таъсиси курс-семинарҳо барои очеркнависон дар факултаи журналистикаи ДМТ ва дар худи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
4. Баланд бардоштани ҳаққи қалами очерк.
5. Мусоидат ба очеркнависон барои сафари хидматӣ, аз ҷумла ба сохтмони иншоотҳои стратегии мамлакат.
6. Фароҳам овардани майдони чоп.

Мегӯянд, ки адибон ҳамқадами замонанд. Ман мегӯям, ки публитсист бояд як қадам аз замон пеш бошад. Зеро ӯ нерӯи аз паси худ бурдани ҷомеаро дорад.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: