Сонсур ва озодии сухан дар Тоҷикистон


DSC08220
Сонсур ва озодии сухан дар Тоҷикистон

Ҷовид Муқим, профессор

Воқеаи муҳими ВАО дар соли 2012 бо пешниҳоди президент Э. Раҳмон дар ҷашни 100- солагии матбуот (10 марти соли 2012) аз Кодекси ҷиноии Тоҷикистон бардоштани моддаҳои 135 ва 136 буд, ки тибқи онҳо рӯзноманигорон барои тӯҳмату таҳқир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуданд. 5 июл расман ин моддаҳо аз КҶТ бардошта шуданд. Тибқи иловаи 1-ум ба моддаи 174-уми КГТ Шаъну шараф ва эътибори корӣ ҳангоми тӯҳмат, яъне дидаю дониста паҳн кардани маълумоти бардурӯғ, ки шаъну шараф ва эътибори шахси дигарро паст мезанад ё таҳқир, яъне беадабона бо алфози қабеҳ паст задани шаъну шараф ва эътибори шахси дигар тибқи талаботи моддаҳои 170, 171 ва 174-уми Кодекси граждании Тоҷикистон ҳифз карда мешавад ва акнун додгоҳ метавонад аз муттаҳам пардохти товони маънавиро талаб кунад. Ҳаҷми товони маънавиро додгоҳ муайян мекунад. Масалан, Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, 25 — феврал даъвои Рустам Ҳукумов, писари раиси КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”-ро нисбати газетаи “ИмрӯзNews” қонеъ кард ва рӯзномаро дар паст задани шаъну шарафи Ҳукумов айбдор дониста, муваззаф намуд, ки ба Рустам Ҳукумов 50 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт кунад.
Тибқи моддаи 30-юми Сарқонун ва моддаи сеюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» (19.03.2013) Матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд. Ҳама гуна поймол кардани озодии матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма аз ҷониби шахс, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ, аз ҷумла дахолат кардан ба фаъолияти касбии редаксияи воситаи ахбори омма, ғайриқонунӣ боздоштан ва ё қатъ намудани фаъолияти он тибқи қонунгузорӣ боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегарданд. Моддаи мазкур сонсур ва таъқибро барои танқид манъ кардааст.
Муттаассифона, новобаста аз талаботи қонунгузорӣ дар ВАО-и Тоҷикистон сонсур ба назар мерасад. Воқеан, 5 марти соли 2013 раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов дар табрикоти худ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик аз мавҷудияти маҳдудияти озодии сухан дар ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ кард. Ба қавли ӯ пайваста бастани сомонаҳо, ба додгоҳ кашидани журналистон ва баъзе аз расонаҳо аз ин далолат мекунанд .
Ба назари мо сонсури ВАО ба се шакл сурат мегирад:
1. Сонсури мақомоти ҳукуматӣ ё ин ки сонсури мансабдорон;
2. Сонсури муассисон ва сармуҳаррирон;
3. Худсонсурии журналистон.
Соли гузашта маҳдуд кардани чопи нашрияҳо чун солҳои қаблӣ мушоҳида нашуда бошад ҳам, вале сомонаҳои номақбули ҳукумат чанд маротиба баста шуданд.
Соли 2012 сонсури сомонаҳои интернетӣ аз моҳи март шурӯъ шуд. 2 марти соли 2012 Бек Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ба интернетпровайдерҳо нома фиристода хоҳиш намуда буд, ки бинобар гузаронидани корҳои профилактикӣ-техникӣ, дастрасиро ба сомонаҳои maxala.org, Звезда.ру,ТҶК нюс, ва Сентразия қатъ намоянд. Ҳамчунин дастрасӣ ба «Фейсбук» низ маҳдуд шуд.
Ҳамон вақт Бег Зуҳуров, дар сӯҳбат ба Радиои «Озодӣ» гуфта буд, ки маҳдудияти дастрасӣ ба баъзе торнамоҳо, аз ҷумла шабакаи маъруфи «Фейсбук» иллати фаннӣ дорад. Вале дар асл сомонабандиҳо ангезаҳои сиёсӣ доштанд.
Моҳи апрели соли 2012 ба иллати он ки як нафар хонандаи сомонаи ОИ «Азия Плюс» дар шарҳаш мансабдоронро ҳақорат кардааст, сомонаи news.tj баста шуд. 11 апрели соли 2012 Додситонии кулл аз масъулони «Азия-Плюс» хост, ки IP-адреси афродеро, ки дар матолиби ин сомона шарҳ менависанд, ба додситонӣ супорад .
12-уми июни соли 2012 Хадамоти алоқа сомонаи ОИ серхонандатарини кишвар — «Азия-Плюс»-ро расман ба далели «мушкилоти фаннӣ», аммо дар асл барои фароҳам сохтани майдон барои интиқоди муаллифони беном аз ҳукумату раҳбарони Тоҷикистон баст. Бино ба созиши байни раҳбарияти хадамот ва «Азия-Плюс» мушкил рафъ гашт, вале масъулони торнамо ҳушдор гирифтаанд, ки дар ҳоли такрори чунин вазъ дастрасӣ ба сомонаи онҳо пурра қатъ хоҳад шуд.
24 июли соли 2012 пас аз кушта шудани раиси КАД-и ВМКБ Абдулло Назаров нерӯҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ амалиёти ҳарбиро шурӯъ карданд. Пас аз ин бастани сомонаҳои номақбули ҳукумат аз нав ба амал омад. Масалан, Хадамоти алоқа баъд аз оғози нооромиҳои Бадахшон қариб ду моҳ сайти “Азия-Плюс”-ро бастанд. Дар он рӯзҳо дастрасӣ ба сомонаҳои “Озодагон” ва Би-Би-Сӣ низ дар Тоҷикистон муваққатан маҳдуд шуда буд.
Бинобар изҳороти раёсати Созмони ҷамъиятии “ИНДЕМ” шурӯъ аз 8-уми сентябри соли 2012 бо супориши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон дастрасӣ ба пойгоҳи интернетии оҷонси иттилоотии TojNews дар бахши тоҷикии Интернет маҳдуд гардид. Баъдан албатта, ин мушкилот ҳал шуд.
21 декабри соли 2012 Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз ширкатҳои интернетрасон талаб карда буд, ки то 24-уми декабр 131 сомонаро масдуд кунанд. Дар рӯйхати пешниҳодкардаи Хадамот 80 дарсади сомонаҳо тафреҳӣ буда, аз шабакаҳои иҷтимоӣ — «Мой Мир» ва «В Контакте» низ ба он шомил мешуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 26-уми декабр бо пахши як баёния эълом дошт, ки фармони масдудияти 131 сомонаи интернетӣ бекор шудааст. Ба қавли манбаъ, ин тасмим баъд аз баҳси дусоатаи масъулони Хадамоти алоқа бо намояндагони ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон оид ба масъалаи одоби интернет гирифта шудааст.
Дар баёнияи рӯзи 26-уми декабр Хадамоти алоқа гуфта мешавад, ки давлати Тоҷикистон ва аз ҷумла Хадамоти алоқа зидди озодии баён, андеша ва мубодилаи афкор нестанд, «вале ҳама мехоҳад, ки Интернет як сарчашмаи иғвогариву таҳқиру ҳақорат набошад.»
26 ноябр аз ҷониби Хадамоти алоқаи Тоҷикистон платформаи иҷтимоии Facebook баста шуд. 29 ноябр бошад, сомонаи “Радиои “Озодӣ” баста шуд ва ин маҳдудият шоми 1 декабр баъди нигаронии созмонҳои хориҷӣ қисман бардошта шуд ва танҳо 3 декабр дастрасӣ ба сомонаи мазкур пурра боз шуд. Ҳамон вақт президенти Радиои «Озодӣ» Стивен Корн ин амалро сонсур номид.
30 ноябр созмони Хабарнигорони бидуни марз ва Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон низ ин тасмими мақомоти Тоҷикистонро маҳкум карданд. 1-уми декабри соли 2012 сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз баста шудани шабакаи иҷтимоии Фейсбук, сомонаи Радиои “Озодӣ” ва дигар сомонаҳои хабарӣ аз ҷониби Хадамоти алоқаи Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард. Сафорати Амрико ҳуқуқи ҳар шаҳрванд ба озодии баён «хоҳ дар майдони оммавӣ ва хоҳ дар шабакаи интернетӣ»-ро ҳуқуқи умумибашарӣ номида, аз Ҳукумати Тоҷикистон хост, то ба ҳаққи мардум, ба озодии баён эҳтиром гузошта, маҳдудиятҳои эҷодшуда дар роҳи дастрасӣ ба шабакаи Фейсбук, сомонаи “Озодӣ” ва дигар сомонаҳоро аз байн барад.
Мутаассифона, сомонабандиҳои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар соли 2013 низ идома дорад. Аз ҷумла, 29 март платформаи YouTube баста шуд .
Тибқи гузориши Хабарнигорони бидуни марз Тоҷикистон соли 2012 дар рейтинги озодии матбуот вобаста ба сомонабандиҳо як зина поён рафта, ҷои 123-юмро ишғол кард .
Ҳамчунин аз рӯи рейтинги озодии матбуоти Созмони Freedom House Тоҷикистон соли 2012 дар байни 179 кишвари ҷаҳон дар ҷои 123-юм қарор дошт .
Муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Рафиқҷон Шокиров 30-юми январи соли 2013 ба хабарнигорон гуфт, ки тибқи тағйиру иловаҳо дар Кодекси граждании Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2012 таҳқир, истифодаи алфози қабеҳ, паст задани эътибори шахс манъ аст ва торнамоҳо дар асоси ҳамин талаботи қонунгузории Тоҷикистон баста мешаванд . Бояд зикр кард, ки дар Тоҷикистон Интернет тибқи қонуни алоҳида ва Қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” танзим намешавад. Ҳамин аст, ки онро ВАО намедонанд ва наметавонанд конунӣ танзим кунанд.
Дар ҳамин ҳол дар Тоҷикистон нуфузи Интернет сол аз сол зиёд мешавад ва
бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон теъдоди истифодабарандагони Интернет дар кишвар соли гузашта то 2 миллион нафар афзуда, ба 3 миллиону 700 ҳазор расидааст .
Беш аз як сол аст, ки сабти номи хабарнигори бахши тоҷикии Радиои «Озодӣ» Абдуқаюми Қаюмзод дар Вазорати умури хориҷии Тоҷиқистон тамдид карда намешавад. Ба қавли муовини директории Радиои «Озодӣ» Ҷоана Левисон маъмурияти радио барои ҳалли ин қазия борҳо ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон муроҷиат кардааст , вале то ба ҳол он ҳал нашудааст.
29 январи соли 2013 Кевин Клоз, иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар як нома аз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ дархост кард, ки сабаби радди сабти номи хабарнигори «Озодӣ» Абдуқаюми Қаюмзодро шарҳ диҳад ва аккредитатсияи хабарнигорро бидуни таъхир барқарор кунад . Моҳи апрели соли 2012 дархости тамдиди сабти номи хабарнигори бахши Ӯзбакии радиои «Озодӣ» Гулнораи Равшан низ рад шуда буд.
5-уми феврали соли 2013 Сафорати Иёлоти Муттаҳида Амрико дар Тоҷикистон дар робита ба нақзи ҳуқуқи журналистон изҳорот дод. Дар ин изҳорот аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карда шудааст, ки «озодии матбуотро эҳтиром намуда, механизми аён ва шаффофи марбут ба сабти номи хабарнигоронро таъсис диҳад» .
Бояд гуфт, ки қазияҳои судӣ нисбати редаксияҳо ва журналистон низ ба худсонсурии муассисони нашрия ва сармуҳаррирону журналистон мусоидат мекунад.
Соли 2012 қазияҳои судӣ нисбати рӯзномаҳои «Фараж», «Миллат», «Asia-Plus», «Имрӯз News», телевизионҳои «Шабакаи аввал», «Ҷаҳоноро», «Суғд» ва ғайра идома доштанд. Дар ҳамин ҳол қазияи чандсолаи ҳафтаномаи «Миллат» бо вазири кишоварзӣ Қ. Қосимов ва «Фараж» бо раиси яке аз ҷамоатҳои ноҳияи Рудакӣ Файзиддин Азизов оид ба талофии зиёни маънавӣ ба фоидаи редаксияҳо ҳал шуд.

Дар таърих бори аввал аст, ки мақомоти ҳукуматӣ нисбати телевизиони давлатӣ ба додгоҳ шикоят бурдааст. Моҳи июли соли 2012 маъмурияти шаҳри Душанбе ба Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур нисбати яктарафа танқид кардани мақомоти пойтахт дар «Шабакаи аввали»-и ТВ Тоҷикистон шикоят кард. Дар бораи тасмими додгоҳ нисбати ин қазия ҳанӯз маълумоте нест.
30 августи соли 2012 дар суди шаҳри Хуҷанд баррасии шикояти Ҳ. А. Тӯраҷонзода нисбати як гурӯҳи уламои дин бо сарварии раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусейн Мирзозода ва журналист Тоҳир Искандарӣ шурӯъ шуда буд. Моҳи феврали соли 2012 дар сӯҳбати мизи гирди ТВ-и вилояти Суғд онҳо нисбати Тӯраҷонзода суханони носазо гуфта буданд. Вобаста ба ин Ҳ. А. Тӯраҷонзода иштирокчиёни мизи гирдро барои поймол кардани шаъну шарафи худ ба додгоҳ кашид. 19 ноябр ҷаласаи дувуми суд баргузор гардид ва он матни суханони иштирокчиёни мизи гирдро барои ташхиси лингвистӣ ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон фиристод. То ҳанӯз ин қазия баррасӣ нашудааст.
Моҳи сентябри соли 2013 пас аз пахши хабари ОИ «Тоҷнюс» оид ба сӯхтани бозори «Корвон» сармуҳаррири ТВ «Ҷаҳоноро» М. Додобоевро ба Додситони вилояти Суғд даъват карданд ва баъди чанде додситонӣ ба суд муроҷиат кардааст, ки аз рӯи моддаи 373 КҚМ (ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қоидаи паҳн кардани маҳсулоти ВАО) парванда боз кунад. М. Додобоев худ ариза навишта аз вазифааш рафт.
Моҳи марти соли 2013 Додгоҳи шаҳри Ғафуров Моҳира Воҳидова, хабарнигори телевизиони “Ҷаҳоноро”-ро барои “пахши хабари носаҳеҳ” гунакор дониста, ӯро ба маблағи 400 сомонӣ ҷарима баст .
16-уми январи соли 2013, 4 нафар аз кормандони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нафаре, ки худро сардори ин ниҳод ном бурд, кӯшиши дар редаксия боздошту интиқоли хабарнигори Оҷонсии итилоотии TojNews ва муаллифи доимии нашрияи «Нигоҳ» Амруллоҳи Низомро карданд .
Ба қавли Саймиддин Дӯстов, муассиси OИ TojNews “Ин “ташриф”-и кормандони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил бо фармоиши Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифта, асоси онро хусумати шахсии ӯ ба журналист Амруллоҳи Низом ташкил медиҳад.
19 феврал суди ноҳияи Шоҳмансур А. Низомовро бо моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ барои майдаавбошӣ 280 сомони ҷарима кард .
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, рӯзи 25 – феврали соли 2013 даъвои Рустам Ҳукумов, писари раиси КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”-ро нисбати газетаи “ИмрӯзNews” қонеъ кард ва рӯзномаро дар паст задани шаъну шарафи Ҳукумов айбдор дониста, муваззаф намуд, ки ба Рустам Ҳукумов 50 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт кунад. Норозигии Рустам Ҳукумов ба як навиштаи рӯзнома, таҳти унвони «Боқиев ва Ҳукумов «дарди сар» — и падарҳо шудаанд», рабт дорад, ки «ИмрӯзNews» онро 16-уми октябри соли 2012 нашр карда буд.
Масъулини Созмонҳои журналистии Тоҷикистон ҳукми додгоҳро алайҳи нашрияи “ИмрӯзNews” ғайриқонунӣ хонда мақсади онро “гапдаро” кардани расонаҳо медонанд .
Бояд гуфт, ки дар Суди иқтисодии шаҳри Душанбе баррасии қазия нисбати рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва адвокат Файзинисо Воҳидова бо шикояти ҶДММ «Тоҷирон» идома дорад. Рӯзнома 17-уми январи соли 2013 таҳти унвони «Мурдафурӯшӣ дар Ширкати «Тоҷирон» матлаберо аз садамаи автомашинаи боркашонии ҶДММ «Тоҷирон» ва автомашинаи сабукрав дар роҳи Душанбе-Хуҷанд чоп карда буд. ҶДММ «Тоҷирон» талаб дорад, ки Файзинисо Воҳидова ва рўзномаи «ИмрўзNews» ўҳдадор карда шаванд, то дар бораи бардурўғ ва ба ҳақиқат номувофиқ будани ҳамаи маълумоти дар рўзномаи номбурда нашргардида раддия нашр намоянд. Аз ҳисоби Файзинисо Воҳидова маблағи расонидани зиён ба эътибори кории шахси ҳуқуқӣ ба андозаи панҷоҳ ҳазор сомонӣ рўёнида шуда, ба яке аз фондҳои хайрия ва ё хонаи маъюбон гузаронида шавад. Аз ҳисоби рўзномаи «ИмрўзNews» маблағи расонидани зиён ба эътибори кории шахси ҳуқуқӣ ба андозаи як сомонӣ ҳамчун маблағи рамзӣ барои исботи ҳақиқат рўёнида шавад .
Лату кӯби журналистон ва ба додгоҳ кашидани онҳо албатта, ба фаъолияти минбаъдаи эҷодии онҳо ва ҳамкасбонашон бетаъсир намемонад. Масалан, соли гузашта, муҳаррири ТВ «Сафина» Далер Шарипов, нависанда Равшани Ёрмуҳаммад, ва соли равон корманди дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон Абдураҳим Умаров аз ҷониби ашхоси номаълум лату кӯб шуданд. То ҳол гунаҳкорони ин ҷиноятҳо муайян нашудаанд. Маъмурияти ТВ «Сафина» бошад, баъди ин ҳодиса Далер Шариповро аз кор ронд.
Ба қавли Акбарали Сатторов, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон имрӯз журналистони кишвар ба буҳрони эътимод гирифтор шудаанд . Мардум ба маводи ВАО эътимод надорад. Албатта, сабаби асосии ин ҳолат ба сонсуру худсонсурии ВАО иртибот мегирад. Яъне ВАО воқеиятро ба мардум намегӯяд ва мардум дигар ба он эътимод намекунанд.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: