ОЯНДАИ МИЛЛАТ БА РУШДИ КӮДАКИ ИМРӮЗА ВОБАСТА АСТ


Kor
«Маориф омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат аст».
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маорифу тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса дошта, онҳоро соҳаҳои бунёдии ҷомеа меномад. Президент дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Тоҷикистон 18 январи соли 2012 дар ин масъала аз ҷумла чунин гуфта буд: «Бояд қайд намуд, ки маориф ва тандурустӣ аз ҷумлаи соҳаҳои бунёдӣ ва шарти муҳими рушди минбаъдаи нерӯи инсонии ҷомеа ва давлат мебошанд. ». Рушди кӯдак аз бисёр ҷиҳат ба муассисаҳои таҳсилотӣ иртибот дорад. Хишти аввал дар таълиму тарбияи кӯдак дар муассисаҳои томактабӣ гузошта мешавад. Агар дар ин муассисаҳо кӯдакон ба роҳи дуруст равона карда шаванд, минбаъд онҳо чун шахсиятҳои арзандаи ҷомеа ба камол мерасанд.
Дар Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 гуфта мешавад, ки новобоста ба кӯшишҳои солҳои охир дар бораи дастгирии инкишофи кӯдакони хурдсол дар ин самт проблемаҳо боқӣ мондаанд. Аз ҷумла, то ба ҳанӯз 90 дар сади кӯдакон барномаи таҳсилоти томактабиро азхуд накарда ба мактаб меоянд ва малакаи зарурӣ надоранд. Аз ҷониби дигар, дастрасии кӯдакони имконияташон маҳдуд ва кӯдакони деҳот ба захираҳои таҳсилоти томактабӣ мушкил аст.
Таҳсилоти томактабӣ зинаи аввали низоми таҳсилот маҳсуб меёбад. Муассисаҳои таҳсилот ва тарбияи томактабӣ вазифадоранд масъалаҳои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакони синну соли томактабӣ ва омодасозии онҳоро ба мактаб ҳал намоянд. Иқтисодшинос, профессор Ҳоҷимат Умаров ба он андеша аст, ки бинобар кам шудани фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ин соҳа мақоми худро ҳамчун як воҳиди системаи таҳсилот аз даст дода истодааст. Ӯ мисол меорад, ки соли 1991 дар Тоҷикистон 944 муассисаи томактабӣ фаъолият доштанд ва дар онҳо 141,5 ҳазор кӯдак (10 фоиз) фаро гирифта шуда буданд. Соли 2010 теъдоди муассисаҳои томактабӣ 488 ададро ташкил доданд ва ба онҳо 62,4 ҳазор кӯдак (4,4 фоиз) мерафтанд.
Аз рӯи маълумоти Барномаи давлатии рушди маорифи Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 дар кӯдакистонҳои амалкунанда мебел, асбобу ашёи варзишӣ, фонди китобхонаҳо, бозичаҳо, воситаҳои аёнии таълим кӯҳнаю фарсудаанд.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон то соли 2010-ум ҳамагӣ ҳудуди 5 фоизи атфол ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шуда буданд. Аз ин теъдод 3,7 фоиз дар шаҳрҳо ва 1,3 фоиз дар деҳот зиндагӣ мекарданд. Дар ҳамин ҳол дар деҳот тибқи рӯйихатгирии соли 2010-ум 73,5 фоизи аҳолии кишвар сукунат доштанд. Дар ҷумҳурӣ теъдоди кӯдакони синни томактабӣ ба 1 миллиону 300 ҳазор нафар мерасад ва «ҳар сол беш аз 200 ҳазор нафар навзод ба дунё меоянд » (соли 2012 дар ҷумҳурӣ беш аз 222 ҳазор тифл таваллуд шудааст). Дар ҳамин ҳол аз соли 1991 то соли 2010 бо сабабҳои гуногун теъдоди муассисаҳои томактабӣ беш аз 48,3 фоиз кам шуд.
Бояд гуфт, ки ҳоло ба таҳсилоти томактабӣ омилҳои зерин мушкил эҷод мекунанд:
нокифоягии маблағгузории буҷавӣ;
камбуди базаи таълимиву методӣ дар муассисаҳои томактабии кӯдакон (МТК);
вуҷуд надоштани МТК дар деҳот;
даромади пасти оилаҳо.
Ҳукумати мамлакат ҳамасола ба масъалаи таъмиру барқарорсозӣ ва бунёди муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ даҳҳо иншооти нав бунёд намуда истодааст, вале то ҳол проблемаи таъмини хонандагон бо ҷои нишаст ва фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ пурра ҳалли худро наёфтааст. Ин нуктаро ба назар гирифта, Президенти кишвар дар ҷаласаи ҳукумат 18 январи соли 2012 ба Вазорати маорифи Тоҷикистон супориш дода буд, ки «… якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо доир ба бунёди муассисаҳои томактабии нав ва таъмиру таҷдиди кӯдакистонҳои мавҷуда чи аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва чи бо ҷалби имкониятҳои бахши хусусӣ чораҷӯӣ намояд. ».
Тибқи маълумоти Раиси ҷумҳур, ки дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Тоҷикистон 18 январи соли 2012 иброз доштааст, дар соли хониши 2010 — 2011 дар мамлакат ҳамагӣ 488 кӯдакистон фаъолият дошта, дар он 62 ҳазор кӯдакон тарбия мегирифтанд. Аз ҷумла, дар вилоятҳои Суғд 197 кӯдакистон, Хатлон 105, шаҳри Душанбе 108, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 59 ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 кӯдакистон фаъолият доштанд .
Бино ба маърӯзаи ҳисоботии вазири маорифи ҶТ Нуриддин Саидов доир ба фаъолияти вазорати маориф дар соли 2012 теъдоди муассисаҳои томактабӣ соли гузашта ба 503 адад ва фарогирии кӯдакон то ба 10 фоиз расонида шуд. Ҳол он ки соли 2011 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 494 муассисаи томактабӣ фаъолият мекарданд ва ба онҳо ҳамагӣ 7 фоизи кӯдакони синни томактабӣ фаро гирифта шуда буданд .
Сабаби дар як сол 3 фоиз афзудани фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабиро вазири маориф Н. Саидов дар афзоиши Марказҳои инкишофи кӯдакон медонад. Масалан, соли 2012 теъдоди чунин марказҳо беш аз ду маротиба афзуда аз 338 адади соли 2011 ба 721 адад расид ва ҳоло дар онҳо беш аз 15 ҳазор кӯдак ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шуданд.
Бояд гуфт, ки таъсиси Маркази инкишофи кӯдакон ташаббуси созмонҳои байналхалқии хориҷӣ буда, баъдан он аз ҷониби Вазорати маорифи Тоҷикистон низ дастгирӣ ёфтааст. Масалан, ЮНИСЕФ, Бунёди Оғохон, Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон (ИҶК-БМ) ва Ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ 250 адад Маркази инкишофи кӯдакон ва Маркази тайёрӣ ба мактабро таъсис додаанд.
Бунёди тоҷикистонии Оғохон соли 2009 дар ҳамдастӣ бо Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ба таъсиси Марказҳои рушди барвақтии кӯдакон шурӯъ кард ва то ба имрӯз дар манотиқи гуногуни кишвар беш аз 84 марказро ифтитоҳ намуд, ки дар онҳо 2100 кӯдак фаро гирифта шудаанд .
Хазинаи кӯдакони СММ низ дар таъсиси Маркази инкишофи кӯдакон саҳми арзанда дорад. Аз ҷумла, ЮНИСЕФ дар манотиқи гуногуни кишвар 124 марказ кушодааст, ки дар онҳо беш аз 3100 нафар кӯдакон фаро гирифта шудаанд.
Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2004 дар базаи 20 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва 7 муассисаи томактабии кӯдакон аз рӯи барномаи таҷрибавии «Қадам ба қадам» роҳандозии лоиҳаи «Тайёрӣ ба мактаб тавассути волидон» — ро шурӯъ кард. Дар ҳар яке аз ин марказҳои таҷрибавӣ аз 30 то 70 нафар кӯдакону волидон фаро гирифта шуда буданд. Лоиҳаи «Омода кардани кӯдакон ба мактаб тавассути волидон»-и ИҶК- БМ дар Тоҷикистон маърифатнок кардани волидонро бо асосҳои педагогика барои ба синфи якум ва тайёр кардани кӯдакони шашсоларо тӯли 9 моҳ дар бар мегирифт. Ҳамаи муаллимон-фасилитаторҳои ин марказҳо омӯзишро аз рӯи усули Кесси Ландерс «Омода кардани кӯдакон ба мактаб тавассути волидон» гузаштанд. Ин усул ҷалби волидонро ба раванди таълим тақозо мекунад. Волидон дар вақти холии худ метавонанд ба марказ оянд ва ба мураббиён кӯмак кунанд. Ин албатта, дар навбати худ ба мутобиқ шудани кӯдакон ба раванди таълим мусоидат мекунад. Аз ҷониби дигар, волидон бо усули таълим ошно мешаванд ва онро метавонанд дар оила истифода баранд. Таъсиси Марказҳои тайёрӣ ба мактаб идомаи мантиқии Лоиҳаи «Омода кардани кӯдакон ба мактаб тавассути волидон» мебошад.
Ташкилоти мазкур солҳои 2011 ва 2012 6 Маркази тайёрӣ ба мактабро дар Вилояти Хатлону Суғд таъсис дод, ки дар онҳо қариб 250 нафар кӯдакон фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин ИҶК-БМ охири соли 2012 аз рӯи озмун боз барои таъсиси 7 марказ дар шаҳри Хоруғу ноҳияҳои Мурғоб, Рӯшон, Роштқалъа, Тавилдара, Тоҷикобод ва Кӯҳистони Масчоҳ тасмим гирифт. Охири соли гузашта ИҶК-БМ барои мураббияҳои ин марказҳо бозомӯзӣ ташкил намуд ва онҳо ба фаъолияти худ шурӯъ карданд.
Қобили зикр аст, ки то ба ҳанӯз механизми қонунии таъсиси Маркази инкишофи кӯдакон мавҷуд нест. Зеро онҳо ҳамчун шахси ҳуқуқӣ сабти ном намешаванд ва муҳру суратҳисоби худро надоранд. Аксари марказҳо дар назди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва ё мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ таъсис ёфтаанд ва ҳамчун маркази тайёрии томактабӣ унвон мешаванд. Вазири маориф Н. Саидов дар суханронии зикршуда ба раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва Академияи таҳсилоти Вазорати маорифи Тоҷикистон супориш дод, ки дар муддати 3 моҳ лоиҳаи қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавии Маркази инкишофи кӯдакон»-ро таҳия ва ба Ҳукумати Тоҷикистон ирсол намоянд.
Бояд гуфт, ки соли 1991 дар ҷумҳурӣ беш аз 970 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамуданд. Баъдан 476 МТТ хусусӣ карда шуданд, ё самти фаъолияташонро дигар карданд. Масалан, ба иттилои рӯзномаи «Ҷумҳурият» (21 ноябри соли 2012) танҳо дар шаҳри Хуҷанд 7 кӯдакистони шуъбаи маориф ба дигар мақсад истифода мешаванд. Аз ҷумла, бинои кӯдакистони рақами 1 ҳоло Диспансери касалиҳои чашми вилоят аст. Дар бинои кӯдакистони №8 мактаби рассомӣ, кӯдакистони №10 консулгарии Федератсияи Россия, кӯдакистони №35 маркази варзишӣ, кӯдакистони №39 литсейи тоҷикию туркӣ маскан гирифта, кӯдакистонҳои рақамҳои 15 ва 34 фурӯхта шудаанд . Чунин ҳолат дар манотиқи дигари кишвар низ ба назар мерасад. Ин нуктаро ба назар гирифта, вазири маориф Н. Саидов дар маърӯзаи ҳисоботиаш оид ба фаъолияти вазорат дар соли 2012 ба шуъбаи маркетинг ва моликияти вазорат, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки ҷиҳати пешгирии хусусигардонӣ ва ба мақсади ғайр истифода намудани муассисаҳои томактабӣ чораҷӯӣ намуда барои баргардондани муассисаҳои қаблан фурӯхташуда тадбирҳо андешанд.
Албатта, баргардондани муассисаҳои хусусишуда феълан кори осон нест. Вале пеши минбаъд фурӯхтани муассисаҳои томактабӣ ва ғайримақсаднок истифода шудани онҳоро гирифтан мумкин аст.
Мутаассифона, новобаста аз таъкидҳо ва дархостҳои роҳбарияти вазорати маориф мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар бораи сохтану ба истифода додани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ иқдоми чашмрасе ба назар намерасад.
Н. Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон дар маърӯзаи ҳисоботии худ оид ба фаъолияти вазорат дар соли 2012 ба раисони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки ҳар сол то 3 адад муассисаи таҳсилоти томактабиро сохта ба истифода диҳанд. Албатта, феълан аксари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти маҳаллӣ барои сохтани муассисаҳои томактабӣ ва таҷҳизонидани онҳо маблағ надоранд. Зеро барои сохтани бинои нав ва муҷаҳҳаз кардани он маблағи зиёд лозим аст. Дар шароити феълӣ дарёфти маблағ барои ин кор мушкилӣ дорад. Вале даст болои даст гузошта нишастан нашояд. Роҳҳои нави ҳалли проблемаро бояд ҷуст. Ба назари ин ҷониб, дар ин ҷода аз имкониятҳои мавҷуда истифода кардан лозим аст. Масалан, қариб дар ҳамаи маҳалҳо мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ ё ҳамагонӣ мавҷуданд. Дар базаи ҳамин мактабҳо синфхонаҳо ҷудо карда, метавон марказҳои инкишофи кӯдакон ё марказҳои тайёрии томактабиро таъсис дод. Барои ин амал бояд ҳам волидон ва ҳам маъмурияти мактабҳо ҳавасманд бошанд. Зеро фарзандони волидон ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта мешаванд ва ба мактаб низ кӯдакон омода шуда мераванд, ки ин кори муаллимонро нисбатан осон мекунад.
Гуландом Қурбонова, директори мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 1-уми ноҳияи Тавилдара ин андешаро ҷонибдорӣ карда, мегӯяд, ки ба таъсиси муассисаҳои томактабӣ дар деҳот зарурат ҳаст. Зеро кӯдаконе, ки ба боғча нарафтаанд, барои таҳсил дар мактаб ва азхуд кардани барномаи таълимӣ омода нестанд. Таълимро барои онҳо аз сифр оғоз кардан лозим аст.
Воқеан, дар мактаби мазкур охири соли 2012 бо кӯмаки ИҶК-БМ нахустин маротиба дар ноҳияи Тавилдара Маркази тайёрии томактабӣ кушода шуд. Ба қавли Шодӣ Раҳмонов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Тавилдара дар ноҳия беш аз 2500 нафар кӯдакони синни томактабӣ мавҷуданд, вале танҳо як муассисаи томактабӣ фаъолият дорад, ки дар он аз набудани ҷой 25 нафар кӯдак фаро гирифта шудаанд.
Ноҳия маблағи сохтани боғчаҳои навро надорад. Вале дар назди мактабҳо имконияти таъсиси маркази тайёрии томактабӣ ҳаст. Шодӣ Раҳмонов мегӯяд, ки Дар мактаби рақами 9-уми ноҳия, ки дар деҳаи Саридашт ҷойгир аст, низ маркази тайёрии томактабӣ таъсис дода шуд. Маблағгузории марказҳо ҳоло аз ҳисоби волидон сурат мегирад, онҳо барои як кӯдак моҳе 20 сомонӣ мепардозанд. Феълан ба ин ду марказ 45 нафар кӯдак ҷалб шудаанд.
Бояд гуфт, ки баъзе волидон зарурати ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани кӯдаконро дарк намекунанд. Гумон мекунанд, ки агар зан хонашин бошад, барои ба боғча рафтани кӯдак ҳоҷат нест. Албатта, ин андеша дуруст нест. Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон И. Х. Каримова мегӯяд, ки ба волидон зарурати ба раванди таҳсилоти томактабӣ ҷалб кардани фарзандонашонро фаҳмондан лозим аст. Зеро вақте кӯдак дар боғча ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад, ӯ бо ҳамсолонаш муошират карда, рафтор дар ҷомеаро меомӯзад, ҷаҳонбиниаш васеъ мегардад ва ба мактабравӣ омода мегардад. Аз ҷониби дигар, ҷалби кӯдакон ба боғчаҳо ҳамчунин ба коҳиш додани камбизоатӣ мусоидат менамояд, зеро модарон имкони кор карданро пайдо мекунанд ва ин то андозае буҷаи оиларо ғанӣ мегардонанд. Ҳамчунин ин ба кори ҷамъиятӣ ҷалб шудани занонро таъмин намуда, ба амалӣ шудани баробарҳуқуқии гендерии занон шароит фароҳам меорад.
Яке аз проблемаҳо дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ хеле кам будани муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияҳои деҳот, ба вижа дар ноҳияҳои кӯҳистон аст. Масалан, дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ, ки беш аз 21 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, танҳо соли гузашта аввалин кӯдакистон кушода шуд. Муассисаи мазкур дар заминаи бинои собиқи мактаби деҳаи Оббурдон таъсис ёфта, бо таҷҳизоти муосир таъмин нест.
Дар ноҳияи Тоҷикобод, ки 35 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, низ танҳо як кӯдакистон фаъолият мекунад.
Абдуғаффор Мирзоев, директори мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 2-юми ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мегӯяд, ки набудани кӯдакистон ба ҷалби муаллимаҳо ба мактаб мушкилӣ эҷод мекунад. Занон наметавонанд, кӯдаконашонро дар хона бе назорат монда, ба кор бароянд. Ҳол он ки дар деҳаи Пастиғав занони касби омӯзгорӣ дошта зиёданд, ки мехоҳанд дар мактаб кор кунанд. Маъмурияти мактаби мазкур барои ҳалли ин проблема охири соли гузашта бо кӯмаки ИҶК-БМ дар назди мактаб Маркази тайёрии томактабиро таъсис дод, ки ҳоло ба он дар ду баст 50 нафар кӯдак фаро гирифта шуданд.
Бояд зикр кард, ки дар манотиқи зичии аҳолиаш зиёд — ноҳияҳои Рӯдакиву Ҳисор, Шаҳринав, шаҳрҳои Ваҳдату Турсунзода, ки дар атрофи пойтахт ҷойгиранд, талабот ба муассисаҳои томактабӣ боз ҳам зиёд аст. Дар ин маҳалҳо бинобар кам будани муассисаҳои томактабӣ ва зиёд будани шумораи кӯдакон фоизи фарогирӣ ба чунин муассисаҳо аз нишондиҳандаи миёнаи ҷумҳуриявӣ ҳам пасттар аст.
Қобили зикр аст, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳо масъулин аҳамияти муассисаҳои томактабии кӯдаконро хуб дарк менамоянд ва ба рушди он саъй мекунанд. Масалан, дар шаҳри Исфара идораи маориф ва мақомоти ҳокимияти маҳаллии давлатӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебаранд. Аз ҷумла, дар мактаби рақами 32 ноҳия, ки дар деҳаи Навгилем ҷойгир аст, маркази инкишофи кӯдакон таъсис дода шудааст. Мутахассиси таҳсилоти томактабии идораи маорифи шаҳри Исфара Муҳаббат Ахмедова мегӯяд, ки талабот ба кӯдакистонҳо зиёд аст, вале дар шароити феълӣ аз набудани маблағ наметавонем биноҳои нав созем. Аз ин рӯ, ҳоло кӯшиш дорем, ки вобаста аз шароиту имконият дар базаи мактабҳо марказҳои инкишофи кӯдаконро таъсис диҳем.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров М. Д. Бобоева, ки қаблан директори яке аз мактабҳои пешқадами ноҳия буд, аҳамияти таҳсилоти томактабиро хуб дарк мекунад. Ҳамин аст, ки дар шуъбаи маориф бар он мекӯшанд, ки аз ҳисоби захираҳои дохилӣ ба рушди марказҳои инкишофи кӯдакон мусоидат намоянд.
Ба қавли мудири шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Абдулҳамид Нозимов «Ҷалби кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ва таъсиси марказҳои инкишофи кӯдакон талаби замон аст ».
Тайёрии томактабӣ зарур аст. Зеро он ба сифати таҳсилоти кӯдакон дар мактаби ибтидоӣ таъсири мусбат дорад, мегӯяд президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Холовна Каримова.
Ба назари мо, бояд аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба мактабҳо иҷозат дода шавад, ки дар асоси базаи таълимии худ маркази тайёрии томактабӣ таъсис диҳанд ва барои маблағгузории сарикасӣ шумораи ин кӯдакон ба теъдоди хонандагони мактаб зам карда шаванд.
Яке аз роҳи фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, ин таъсиси муассисаҳои хусусии томактабӣ мебошад. Ин ташаббус метавонад дар шаҳр ва марказҳои ноҳия, ки теъдоди аҳолии сарватмандашон зиёданд, амалӣ шавад. Вале дар деҳот, ки аксаран аҳолии камбизоат сукунат доранд, кӯдакистонҳои хусусӣ талабгор надоранд. Ҳоло дар шаҳри Душанбе дар кӯдакистонҳои хусусӣ волидон барои як кӯдак дар як моҳ аз 400 то 500 сомонӣ мепардозанд. Албатта, дар деҳот волидон чунин маблағро, ки беш аз ду ҳадди ақали маош аст, пардохта наметавонанд. Бинобар ин таъсиси муассисаҳои томактабии давлатӣ ва ё идоравӣ мувофиқи мақсад бошад ҳам, вале феълан бинобар набудани маблағ таъсиси чунин муассисаҳо имкон надорад. Аз ин рӯ, таъсиси марказҳои тайёрии томактабӣ мувофиқи мақсад аст. Ин ҷо метавон аз таҷрибаи Институти «Ҷамъияти Кушода»-Бунёди мадад мисол овард.
Лоиҳаи таъсиси Марказҳои ҷамъиятии рӯшди кӯдакони ИҶК-БМ дар Тоҷикистон соли 2009 шурӯъ шуда, соли 2010 барои кормандони мақомоти маҳаллӣ, вазоратҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои таъсиси чунин марказҳо дар Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб омӯзишҳо гузаронида шуданд. Ҳадаф аз ин, амалӣ намудани лоиҳаи таъсиси марказҳои ҷамъиятии рушди кӯдакон ҳамчун модели алтернативии таҳсилоти томактабӣ маҳсуб мешуд.
Ташаббуси рушди барвақтии кӯдакон ва таҳсилот барои фарогирии атфол ба таҳсилоти босифати томактабӣ равона шудааст. Зеро як идда кӯдакон бо сабаб ва монеаҳои гуногун дастрасӣ ба таҳсилоти томактабӣ надоранд.
Марказҳо бояд аз рӯи эҳтиёҷоти синнусолии кӯдакон бо мебел ва ашёи хониш, бозиҳои дидактикӣ, адабиёти бачагона таъмин бошанд. Мушкилоти дар он аст, ки барномаҳои корӣ барои кӯдакони то 3-сола то ҳол таҳия нашудаанд. Ҳамчунин адабиёти кӯдакона, ки ба талаботи муосир бозгӯ бошад, хеле кам аст.
Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур солҳои 2011 — 2012 дар вилоятҳои Хатлону Суғд 6 марказҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шуданд. Аз ҷумла дар вилояти Хатлон дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 2-юми ш. Кӯлоб, МТҲ рақами 49-уми ноҳияи Бохтар ва муассисаи томактабии кӯдакони рақами 5-уми шаҳри Қӯрғонтеппа ва дар вилояти Суғд МТК 14-уми шаҳраки Чашмасори ноҳияи Б. Ғафуров, МТҲ рақами 24-уми Хуҷанд ва МТҲ 14-уми шаҳри Қайроққум марказҳои ҷамъияти рушди кӯдакон таъсис дода шудаанд.
Ҳангоми интихоби макони мазкур омилҳои зерин ба инобат гирифта шуданд: кам фаро гирифтани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, мавҷуд набудани МТК, ва минбаъд ин марказҳоро чун манбаи омода кардани кадрҳо истифода кардан.
Ҳукуматҳои маҳаллӣ лоиҳаҳои мазкурро дастгирӣ намуданд ва барои марказҳои ҷамъиятӣ воҳидҳои корӣ ҷудо карданд. Пас аз шиносоӣ бо натиҷаи фаъолият мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаву идораҳои маориф ин ташаббуси наҷибро дастгирӣ карданд ва худ аз ҳисоби захираҳои дохилӣ ба таъсиси марказҳои инкишофи кӯдакон тасмим гирифтанд. Масалан, раиси Ҳукумати шаҳри Қайроққум Юлдошев Х. моҳи майи соли 2012, пас аз боздид аз Маркази тайёрӣ ба мактаб, ки дар мактаби рақами 14-и шаҳр воқеъ аст, ба масъулини шуъбаи маориф супориш дод, ки вобаста ба захираву имкониятҳо дар дигар мактабҳо низ чунин марказҳо таъсис диҳанд.
Як Маркази тайёрӣ ба мактаб, ки иборат аз як ё ду ҳуҷра аст метавонад дар ду баст 50-60 нафар кӯдакро фаро гирад. Машғулият дар марказҳо ҳафтае 5 рӯз сурат мегиранд. Барои таъсиси як Маркази тайёрӣ ба мактаб ИҶК-БМ дар Тоҷикистон 15389 сомонӣ маблағгузорӣ кардааст. Маблағи мазкур асосан барои бо мебел ва васоити таълим ва бозиҳои дидактикӣ таъмин намудани марказ харҷ мешавад. Маоши муаллимон фасилитаторҳо дар марказҳо аз ҳисоби шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва волидон пардохта мешавад.
Бояд гуфт, ки имрӯз муассисаҳои томактабӣ бо кадрҳои лаёқатманди тахассусӣ пурра таъмин нестанд. Аз ҷумла, танҳо 28,1 фоизи кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ таҳсилоти олӣ доранд. Ҳамчунин мувофиқат накардани кадрҳо ба талаботи муосири инкишофи кӯдакони хурдсол мушоҳида мешавад. Ба қавли президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон И. Х. Каримова барои беҳ кардани сифати таълим дар муассисаҳои томактабӣ кадрҳои касбии педагогӣ ва табибони соҳаҳои гуногуни кӯдакона, адабиёти методӣ лозим аст.
Маоши ночиз ва кори мушкил ҷавонони таҳсилдидаву лаёқатмандро ба муассисаҳои томактабӣ ҷалб намекунад. Ҳамин аст, ки аксари мураббиён бо усулҳои нави таълиму тарбия ошно нестанд ва моҳияти таҳсилоти томактабиро дарк намекунанд. Масалан, дар ҷаҳони муосир аз усули тарбияи педагоги маъруфи итолиёвӣ Мария Монтессорӣ (1870-1952) истифода мекунанд. Фарқи асосии усули мазкур аз усули анъанавӣ дар он аст, ки аз рӯи системаи Монтессорӣ ба кӯдак ҳамчун шахсияти озоду беҳамто ва нотакрор муносибат карда мешавад. Усули мазкур кӯдаконро ба фаъолияти барои онҳо ҷолиб фаро мегирад. Маводи дидактикие, ки ҳангоми тарбия истифода мешаванд, ба талаботи табиии кӯдак мувофиқат мекунад. Рушди кӯдак бо усули монтессорӣ, ки ҳоло дар тамоми ҷаҳон истифода мешавад, барои ташаккули шахсияти кӯдаки ҳамаҷониба рушдкарда, хушбахту масъул ва таҳсилдида мусоидат менамояд. Шиори асосии усули мазкур «Ба ман кӯмак бикун, то онро худам анҷом диҳам», мебошад. Мутаассифона, дар кӯдакистону мактабҳои мо ба ин усул чандон таваҷҷуҳ намекунанд.
Аз ин рӯ, барои беҳбуд бахшидани вазъият бозомӯзии кадрҳо ва омода кардани мутахассисони ҷавонро дар донишгоҳу коллеҷҳо ба роҳ мондан лозим аст. Ин нуктаро ба назар гирифта, вазири маориф Н. Саидов дар суханронии ҳисоботии худ оид ба фаъолияти вазорат дар соли 2012 ба масъулини вазорат, ректорҳои муассисаҳои олии касбии ихтисосҳои омӯзгорӣ ва тиббӣ супориш дод, ки дар «…нақшаи қабули соли 2013-2014 қабули довталабонро аз рӯи ихтисосҳои марбут ба таҳсилоти томактабӣ ба монанди педагогика ва психологияи томактабӣ, омӯзгори суруд ва мусиқӣ, ҳамшираи тиббӣ таъмин намоянд ва омода намудани онҳоро дар шакли ҳамгироии ин ихтисосҳо ба роҳ монанд .».
Албатта, ин иқдоми хуб аст ва амалӣ гардидани он то андозае проблемаи нарасидани кадрҳоро аз байн мебарад. Вале кам будани маоши кормандони соҳаи маориф, ба вижа мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ, ки бо таҳсилоти олӣ ба ҳисоби миёна 400 сомонӣ мебошад , боз ҳам ба ҳалли проблемаи кадрҳо мушкилӣ эҷод мекунад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит мекунад, ки маблағгузории таҳсилоти томактабӣ бештар самаранок аст ва он ба рушди минбаъдаи кишвар мусоидат менамояд. Вале аз рӯи маълумоте, ки дар Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 омадааст, хароҷот ба таҳсилоти томактабӣ дар соли 2010-ум ҳамагӣ 0,11 фоизи ММД-ро ташкил додаст. Ин нишондиҳанда дар соли 2005-ум ба 0,14 фоизи ММД баробар буд. Мамлакатҳое, ки ба афзоиши дараҷаи таҳсилоти шаҳрвандонашон мусоидат менамоянд, ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ноил мешаванд. Инро метавон дар мисоли Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Тайван ва ғайра мушоҳида кард. Дар Тоҷикистон бошад, шохиси рушди инсонӣ аз соли 1990 то ба соли 2011 аз 0,731 то ба 0,607 поин рафтааст ва ҷумҳурӣ аз рӯи ин нишондиҳанда дар байни 187 кишвари ҷаҳон дар ҷои 127-ум қарор дорад. Доктори улуми иқтисод, профессор Ҳоҷимат Умаров мегӯяд, ки аз соли 2000 то соли 2011 афзоиши шохиси мазкур дар Тоҷикистон аз 0,527 то ба 0,607 ба назар мерасад, ки чандон қонеъкунанда нест. Масалан, аз рӯи ин нишондиҳанда дар панҷ ҷои аввал кишварҳои зерин қарор доранд: Исландия (0,968), Норвегия (0,968), Австралия (0,962), Канада (0,961), Шветсия (0,959). Феълан шохиси мазкур дар Федератсияи Россия– 0,802, Қазоқистон – 0,775, Туркманистон – 0,713, Ӯзбекистон – 0,702 ва Қирғизистон – 0,691 мебошад. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз рӯи шохиси рушди инсонӣ, ки ба он дарозумрии аҳолӣ, дараҷаи таҳсилоти аҳолӣ ва дараҷаи зиндагии аҳолӣ дохил мешавад, дар Осиёи Марказӣ аз ҳама дар қафо аст .
Аз рӯи барӯйихатгирии аҳолӣ (соли 2010) дар Тоҷикистон 7 564 500 нафар сукунат доштанд, ки аз ин теъдод дар шаҳру шаҳракҳо 2006600 нафар (26,5%) ва дар деҳот 5557900 нафар (73,5%) истиқомат мекарданд. Ҳамасола теъдоди аҳолии кишвар ба ҳисоби миёна фоиз меафзояд ва ҳоло беш аз 7 миллиону 800 ҳазор нафар аст. Дар ҷумҳурӣ шумораи миёнаи кӯдакон 4,25 нафарро ба як оила ташкил медиҳад. Хатари камбизоат шудан дар оилаҳои калон дар муқоиса бо оилаҳое, ки ду ё камтар кӯдак доранд, ду маротиба зиёдтар аст. Афзоиши босуръати аҳолӣ шарти махсуси маҳдудкунанда барои низоми таҳсилот, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мебошад. Афзоиши демографӣ ва имкониятҳои молиявии маҳдудкунанда дастрасии аҳолиро ба таҳсилот маҳдуд мекунад. Мутобиқи таҳқиқоти камбизоатӣ (2005) 20% оилаҳои камбизоат танҳо 5,5% буҷети худро ба таҳсилот сарф мекунанд ва наметавонанд барои либос, асбобу ашёи мактабӣ, китобҳои дарсӣ маблағ сарф кунанд. Дар натиҷа, ин ба фарогирии кӯдакон ба таҳсилот таъсири манфӣ мерасонад.
Сарвари Барномаҳои рушди СММ дар мамолики Аврупо ва ИДМ Ҷаҳон Султоноғлу дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Тоҷикистон, ки 11 декабри соли 2012 баргузор гардид, изҳор дошт, ки дараҷаи камбизоатии нисбии аҳолии ҷумҳурӣ аз 83 фоизи соли 2003 то 43 фоиз коҳиш ёфтааст . Ба иттилои дигар, солҳои охир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 83 фоиз то ба 39% коҳиш дода шудааст. Новобаста аз 4 фоиз тафовут доштани ин нишондиҳанда маълум аст, ки имконияти як қисми аҳолӣ барои дастрасӣ ба таҳсилоти босифат маҳдуд боқӣ мемонад. Дар ҳамин ҳол Вазорати маорифи Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи таҳсилоти томактабӣ»-ро омода кардааст, ки қабули он барои рушди соҳа мусоидат хоҳад кард.
Дастрасӣ ба таҳсилот масъалаи асосии сиёсати Тоҷикистон буд ва боқӣ мемонад. Тибқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2018 то соли 2015 шумораи кӯдаконе, ки ба таҳсилот бояд фаро гирифта шаванд, боз тақрибан ба 850 ҳазор нафар меафзояд, ки ин талаботи ҳозираро ба хидматрасонии таълимӣ 1,5 маротиба зиёд мегардонад . Ин нуктаро ба назар гирифта, ҳукуматро мебояд, ки ба ин соҳа бештар таваҷҷӯҳ зоҳир кунад.
Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2012-ум ва вазифаҳо барои соли 2013 (15.01.2013) иброз намуд, ки «Масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мисли ҳарвақта таҳти таваҷҷӯҳи хосаи Ҳукумат қарор доранд ва мо вобаста ба афзоиши имкониятҳои иқтисодии давлат барои рушди онҳо, аз ҷумла ҳалли масалаҳои маориф тадбирҳои мушаххасро амалӣ карда истодаем. Вале бо вуҷуди ин, то ҳанӯз сатҳу сифати таълиму тарбия, дараҷаи маърифатнокӣ ва малакаву маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни макотиби олӣ ва қисме аз омӯзгорон ба талаботи меъёрҳои муосир ҷавобгӯ нест. ».
Бояд гуфт, ки таҳсилот на фақат қувваи пешбарандаи рушди ҷомеа, балки нишондиҳандаи асосии дараҷаи рушди он ба ҳисоб меравад. Таҳсилоти баландсифат барои афзоиши устувори иқтисодӣ аҳамияти калон дорад ва ба пастравии камбизоатӣ ва барҳам додани нобаробарӣ мусоидат мекунад.

Ҷовид Муқим

Реклама

2 комментария

  1. Posted by Yorbekova Shukufa on Декабрь 9, 2013 at 1:31 пп

    Exellent

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: