Ояндаи матбуот чи гуна хоҳад буд?



Ҷовид Муқим,
профессори кафедраи
журналистикаи байналхалқии ДМТ
Дар олами мутараққӣ инҳисороти ВАО як ҳолати воқеӣ буда, он ба кам шудани теъдоди расонаҳо меорад. Аз ҷумла, дар нимаи дуюми садаи ХХ инҳисороти матбуоти минтақавӣ ва маҳаллии ИМА вусъат гирифта, ба кам шудани теъдоди рӯзномаҳо боис гардид. Ҳамзамон ин ба афзоиши ҳиссаи корпоратсияҳои бузург дар бозори матбуот ва коҳиши рақобат мусоидат намуд. Масалан, агар соли 1910 дар беш аз нисфи шаҳрҳои ИМА 5-6 рӯзномаи ба ҳам рақобаткунанда чоп мешуда бошад, дар аввали соли 2000-ум аксари рӯзномаҳои минтақавӣ инҳисор гардида, танҳо як газета боқӣ монда буд. Феълан бошад, дар 34 шаҳри ИМА танҳо як рӯзнома чоп мешавад. Танҳо дар ду шаҳр Ню-Йорк ва Чикаго 3 рӯзномаи ба ҳам рақиб ба табъ мерасанд.
Солҳои охир, ба вижа пас аз бӯҳрони молиявии соли 2008 тиражи рӯзномаҳо дар кишварҳои Ғарб коҳиш ёфтанд. Бино ба маълумоти Ассосиатсияи умумиҷаҳонии газетаҳо (WAN-IFRA) соли 2009 тиражи матбуоти чопӣ дар олам 0,8 фоиз коҳиш ёфт. Дар ҳамин ҳол маблағи аз реклама ба даст омада 17 фоиз кам шуд . Дар Русия ҳаҷми фурӯши матбуоти чопӣ 17,4 фоиз ва реклама дар онҳо 35 фоиз кам шуд. Дар ҳамин ҳол истифодабарандагони Интернет қариб 29 фоиз зиёд шуд.
Бояд гуфт, ки вазъият дар қораҳои Осёву Африка дигар аст. Масалан, фурӯши газетаҳо дар Осиё 1 фоиз ва дар Африка қариб 5 фоиз зиёд шуд. Дар Аврупо, Америкаи Шимоливу Америкаи Ҷанубӣ ва Австралияву Океания бошад, хонандагон аз газетаҳои коғазӣ дида, бештар ба ВАО-и электронии бепул таваҷҷӯҳ мекунанд.
Ба қавли вице-президенти Ассосиатсияи умумиҷаҳонии газета — WAN-IFRA Евгений Абов новобаста аз сухан оид аз байн рафтани газета ҳамчун матбуот, дар умум тиражи газетаҳо дар ҷаҳон рӯ ба афзоиш дорад. Масалан тӯли 5 сол тиражи газетаҳо 5,7% афзудааст. Албатта коҳиши тиражи матбуот дар Америкаи Шимолӣ ва Аврупо ба мушоҳида мерасад. Ҳамзамон дар кишварҳои рӯ ба рушд аз қабили мамлакатҳои Осиё, Америкаи Ҷанубӣ ва Африка тиражи газетаҳо афзуда истодаанд. Аз 100 газетаи сертиражи дунё 67 рӯзнома дар Осиё чоп мешавад. Аз ҷумла, тиражи газетаи англисии «Times of India» беш аз 3,5 млн. нусха аст. Рӯзномаҳои японии «Асахи Симбун» ва «Ёмиурӣ симбун» бо тиражи ҳаррӯзаи беш аз 10 млн. нусха чоп мешаванд .
Аз рӯи маълумоти WAN-IFRA тӯли 5 соли охир шумораи газетаҳо дар Осиё 20 % ва дар Америкаи Лотинӣ 17% афзудааст. Асосан шумораи газетаҳо аз ҳисоби таъсиси газетаҳои тахассусӣ рӯ ба зиёдшавӣ доранд. Феълан газетаҳои Америкаи Шимолӣ 6 фоизи даромадашонро аз реклама дар Интернет мегиранд. Соли 2020 ин нишондиҳанда ба 50% мерасад ва он бештар судовар аст.
Аз рӯи пешгӯии директори генералии чопхонаи «Комсомолская правда» Владимир Сунгоркин тӯли 5-соли оянда ҳиссаи Интернет дар даромади газета то 35-40 фоиз афзуданаш мумкин аст. Масалан, аудиторияи ҳармоҳаи сомонаи «Комсомолская правда» ба 12,5 миллион нафар хонанда мерасад . Дар ҷаҳон бошад, аз ҳама бештар- 37 миллион нафар моҳе аз сомонаи рӯзномаи британии «The Guardian» дидан мекунанд.
Барои рекламадиҳандагон тиражи газета омили асосӣ маҳсуб мешавад. Ҳамин аст, ки дар баробари кам шудани тираж даромад аз реклама низ коҳиш меёбад. Бинобар ин дар ИМА барои ҳисоб кардани тиражи газетаҳо аз моҳи октябри соли 2010 Бюрои аудити тираж меъёри наверо роҳандозӣ кард. Акнун як нафарро, ки ба газета обуна аст ва ба ғайри ин ба сомонаи рӯзнома назар кардааст ё аз Айпад (iPad) онро хондааст, ҳамчун муштарии нав ҳисоб карда, бо ин теъдоди умумии аудиторияро зиёд мекунанд .
Ба ақидаи иштирокчиёни анҷумани Publishing Expo 2010 бӯҳрони молиявии солҳои 2008-2009 нишон дод, ки барои рушди муваффақона тафаккури навоварона, посухи сареъ ва омодагӣ ба таваккал кардан лозим аст . Бӯҳрон натиҷаҳои хуб низ дошт. Аз ҷумла, матбуоти сустмӯҳтаво ба рақобати бозор тоб наоварда аз байн рафтанд. Ҳаҷми маҳсулоти чопӣ кам шуда бошад ҳам, сифати он боло рафт.
Бояд гуфт, ки ҳаҷми иттилоот рӯз ба рӯз меафзояд ва он намудҳои нав ва зудраси пахшро барои аудитория тақозо мекунад. Ҳамин аст, ки дар кишварҳои рушдкарда таваҷҷӯҳ ба воситаҳои электронии ахбор афзуда истодааст.
Аз моҳи декабри соли 2010 маҷаллаи «U.S. News & World Report» дигар дар коғаз чоп нашуда, қаринаи рақамиаш ба муштариён пешниҳод мешавад. Маҷаллаи мазкур, ки аввал ҳар ҳафта чоп мешуд, баъдан ҳармоҳа шуд ва тиражаш аз 1,7 млн. нусха ба 1,2 млн. нусха (қариб 30 %) коҳиш ёфт.

Маҷаллаи машҳури «Newsweek»тӯли 3 соли охир беш аз 100 млн. долларро аз даст дод ва билохира ба 1 доллар фурӯхта шуд ва интернет-пойгоҳи иттилоотии зиёновари «The Daily Beast» муттаҳид карда шуд. Тиражи журнале, ки соли 1933 таъсис ёфта ба 4 миллион нусха мерасид, соли 2012 то ба 1,5 миллион адад коҳиш ёфт. Маҷаллаи мазкур аз январи соли 2013 пурра ба формати электронӣ мегузарад ва бо номи «Newsweek Global» нашр мешавад. Шумораи охирини маҷалла 31 декабри соли 2012 ба табъ мерасад . Фурӯши маҷаллаи дигари машҳури ИМА «Time», ки соли 2007 бо тиражи 3,4 миллион нусха чоп мешуд, дар дӯконҳо 65 фоиз кам шуд.
Бузургтарин паҳнкунандагони матбуоти чопӣ бар он назаранд, ки дар оянда қисми зиёди матбуоти даврӣ ба формати рақамӣ мегузаранд ва ё аз тариқи эфир пахш карда мешаванд.
Ба қавли Александр Шнайдер, собиқ директори генералии чопхонаи «Арес» (Русия) аз матбуоти чопӣ аввал газетаҳо аз байн мераванд. Пас аз 2 сол газетаҳои ҳаррӯза ба ҳеҷ кас лозим намешаванд. Вазъи маҷаллаҳои ҳафтавор низ бад аст, танҳо маҷаллаҳои ҳармоҳаи мусаввар вазъи хуб доранд. Пешгӯии аниқ кардан мушкил аст, ки кай газетаҳо ба компютерҳои планшетӣ мегузаранд , мегӯяд ӯ.
Дар воқеъ афзоиши нархи коғаз, маводи чопӣ ва умуман хизмати нашру паҳнкунии рӯзномаву маҷаллаҳо боис ба он мегардад, ки матбуоти чопӣ аз байн равад.
Ҳамзамон аниқ аст, ки дар оянда коғаз ҳамчун дастраскунандаи иттилоот мавқеи худро аз даст медиҳад. Ҷои онро Интернет, телефон, Айпад, флежка, CD-диск ва ғайра мегиранд. Бояд гуфт, ки муштариёни газета аз байн нарафтаанд, онҳо танҳо воситаҳои иттилоъгириашонро дигар кардаанд. Яъне, ҳамон газетаро аз Интернет ё дигар воситаи сареъ мехонанд.
Аз рӯи пажӯҳиши Оҷонсии Pew Research Center, ки аввали соли 2011-ум гузаронидааст, 46 фоизи сокинони ИМА ҳафтае камаш се маротиба ахборро аз Интернет мутолиа мекунанд. Муштариёни рӯзномаву маҷаллаҳои коғазӣ бошанд, ба 40 фоиз мерасанд .
Нишондиҳандаи мазкур дар Россия нисбатан камтар аст ва матбуоти чопӣ афзалият дорад. Ба иттилои роҳбари Оҷонсии федералии матбуот ва иртиботи оммаи Россия Михаил Сеславинский 24 фоизи шаҳрвандони ин кишвар дар соли 2011 Интернетро манбаи асосии дастрасӣ ба иттилоот донистаанд.
Бояд гуфт, ки бӯҳрони ҷаҳонии молиявии соли 2008-ум, ки ҳоло ҳам оқибатҳояш рафъ нашудаанд, ба матбуоти ИМА таъсири манфӣ расонид. Аз як ҷониб, тиражи рӯзномаву маҷаллаҳо кам шуда бошанд, аз ҷониби дигар, ҳаҷми реклама коҳиш ёфт. Ин ҳама водор кард, ки ноширон фаъолияташонро камхарҷ карда, аз паи ҷустуҷӯи роҳҳои нави дарёфти маблағ шаванд. Масалан, газетаи «The New York Times», ки аз қадимтарин нашрияи ИМА буда, аз соли 1851 чоп мешавад, моҳи ноябри соли 2010 якҷоя кардани редаксияи интернетӣ ва чопии рӯзномаро эълон намуд . Шӯъбаҳои сомона бо шӯъбаҳои худи редаксияи газета якҷоя карда шуданд. Ин имконият дод, ки нерӯи эҷодӣ самаранок истифода карда шаванд. Ҳамчунин барои пӯшонидани хароҷот ширкати «The New York Times Company» аз 28 марти соли 2011 дастрасӣ ба сомонаи рӯзномаро пулакӣ кард. Ҳоло барои маҷмӯи обуна барои қаринаи электронӣ ва замима барои коммуникатор моҳе 15 доллар пардохтан лозим аст. Ҳамин маҷмӯа бо замима барои планшет моҳе 20 доллар ва ҳамаи маҷмӯи хизматрасониҳои онлайн 35 доллар қимат дорад. Обунаи чопии солонаи газета бошад, 770 доллар аст.
24 феврали соли 2012 расонаи «Life News Online» иттилоъ дод, ки бузургтарин шабакаи интишороти ИМА «Gannett» дар бораи аз қаринаҳои электронии 80 газетаи ҳаррӯзаш гирифтани пардохтро эълон кардааст . Интизор аст, ки навоварии мазкур аз соли 2013–юм шурӯъ карда 100 млн. доллари иловагӣ даромад меорад.
Қобили тазаккур аст, ки феълан дар Руссия маводи аксари газетаҳои интернетӣ ройгон аст ва расонаҳо аз ҳисоби ҷойгир кардани реклама дар сомонаашон даромад ба даст меоранд.
Дар Тоҷикистон низ аксари рӯзномаҳо тӯли 4 соли охир сомонаи худро таъсис додаанд ва маводи худро дар он ройгон мегузоранд.
Аз рӯи пешгӯии Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии газетаҳо (WAN-INFRA) дар оянда даромади асосии газетаҳо (аз реклама) метавонад аз ҳисоби қаринаҳои интернетии онҳо ба даст ояд. Зеро сол то сол шумораи хонандагони сомонаи рӯзномаҳо афзуда истодаанд. Ба қавли директори генералии чопхонаи «Комсомолская правда» Владимир Сунгоркин ҳиссаи Интернет дар даромади рекламаи газета тӯли панҷ соли оянда метавонад аз 8 то 40 фоиз афзояд .
Пешгӯии мазкур аллакай воқеият гаштааст. Аз ҷумла, ба маълумоти Оҷонсии eMarketer, ки 23 январи соли 2012 пахш кардааст, дар ИМА соли равон хароҷот барои реклама дар интернет 23,3 фоиз афзуда, то ба 39,5 миллиард доллар мерасад, ки ин бори аввал нисбат ба расонаҳои чопӣ зиёд аст. Аз рӯи ҳисоби оҷонсии мазкур матбуоти ИМА дар соли 2012 аз реклама 33,8 миллиард доллар даромад ба даст меорад .
Соли 2011 дар ИМА барои реклама дар Интернет 32,03 миллиард доллар ва барои реклама дар матбуот 36 миллиард доллар масраф шудааст. Аз ин маблағи охирин 20,7 миллиард доллар барои реклама дар маҷаллаҳо ва 15,3 миллиард доллар барои реклама дар газетаҳо харҷ гардидааст.
Дар Россия бошад, даромад аз реклама дар Интернет ҳанӯз соли 2011 нисбат ба матбуот афзуда буд. Аз рӯи маълумоти газетаи «Ведомости» дар семоҳаи сеюми соли гузашта барои рекламаи интернетӣ дар Россия 10,5 миллиард рубл (337620578 доллар), ва ба реклама дар матбуот 8,6 миллиард рубл (276527331 доллар) масраф шудааст.
Оҷонсии eMarketer дар оянда боз ҳам коҳиш ёфтани рекламаро дар матбуот пешгӯӣ мекунад. Ба маълумоти оҷонсӣ дар ИМА соли 2016-ум хароҷот барои реклама дар Интернет ба 62 миллиард доллар мерасад .
Дар Тоҷикистон бошад, ҳанӯз реклама дар Интернет чандон фоида намеорад.. Аз ҷумла, оҷонсиҳои иттилоотии интернетӣ аз даромади реклама дар сомона харҷашонро пӯшонида наметавонанд.
Роҳандозии технологияҳои нави иттилоотӣ имконияти наверо барои матбуоти электронӣ ба вуҷуд оварданд. Аз ҷумла, соли 2010 замимаҳои нави чопи рақамӣ барои матбуоти даврӣ ба вуҷуд омаданд. Ҳоло аксари рӯзномаву маҷаллаҳои машҳур қаринаи худро барои iPhon ва iPad омода мекунанд. Планшети iPad-ро бори аввал ширкати америкоии «Apple» моҳи марти соли 2010 ба қимати 500 доллар ба фурӯш баровард. Тӯли 2 соли охир ширкатҳои дигар низ ба истеҳсоли планшетҳои компютерӣ шурӯъ карданд. Ба иттилои телевизиони «Euronews» Ширкати «Sone» низ моҳи сентябри соли 2011 планшети компютериро ба фурӯш баровардааст . Дар Чин низ истеҳсоли планшетҳои гуногун роҳандозӣ шудааст, ки аз нигоҳи сифат аз ҳамтоҳои аврупоиву америкоии худ кам нестанд. Дар бозор он маҳсулот серхаридор аст, ки нархаш арзону сифаташ баланд бошад. Афзоиши рақобат дар бозори планшетҳо нархи онҳоро арзон карда, онро барои муштариён дастрас менамояд. Ҳамин аст, ки теъдоди хонандагони нашрияҳо тавассути дастгоҳҳои мазкур рӯ ба афзоиш дорад.
Аз рӯи маълумоти Бунёди «Общественное мнение», дар семоҳаи аввали соли 2012 43 фоизи аҳолии Русия аз Интернет истифода мекарданд. Интизор меравад, ки соли 2014 беш аз 70-и фоизи аҳолии болиғи ин кишвар истифодабарандаи Интернет мешаванд .
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 13%-и аҳолӣ ба шабакаи Интернет дастрасӣ доранд . Шумораи умумии корбарони интернетро дар Тоҷикистон Бунёди ҷамъиятии «Интернет» ба 2 миллиону 300 ҳазор нафар баробар медонад.
Дар ҳамин ҳол дар Тоҷикистон тиражи газетаҳои давлатӣ ва ба он наздик зиёд аст, зеро онҳо аз ҷониби мансабдорон иҷборан обуна карда мешаванд. Вале ба ин нигоҳ накарда ҳоло (охири ноябри соли 2012) теъдоди онҳо нисбат ба аввали соли 2012 коҳиш ёфтааст. Тӯли 6 моҳи охир тиражи аксари газетаҳо аз 1 ҳазор то 3 ҳазор нусха коҳиш ёфтааст. Масалан, ҳоло расман аз ҳама зиёд тиражи органи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон газетаи «Минбари халқ» аст, ки бо теъдоди 43393 (44592) нусха чоп мешавад. Газетаи расмии Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон «Ҷумҳурият» бо теъдоди 28500 (31390) нусха ба табъ мерасад. Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» бошад, 23759 (26782) нусха тираж дорад. Ҳафтаномаи соҳавии Вазорати маорифи Тоҷикистон «Омӯзгор» аз рӯи тираж дар зинаи чорум қарор дошта, бо теъдоди 24972 (25426) нусха чоп мешавад. Ҳатто нашрияи Ҳукумати Тоҷикистон ба забони русӣ — «Народная газета» бо тиражи 5508 (6025) нусха ба табъ мерасад, ки ин аз аксари газетаҳои хусусии ҷамъиятиву сиёсӣ зиёд аст. Масалан, ҳоло тиражи нашрияҳои «Наҷот»- 4740 (5065) нусха, «Нигоҳ»-4000 нусха, «Миллат»- 2800 (2500) нусха, «Имрӯз News»- 2500 нусха ва «Вечерный Душанбе» -2230 нусха мебошад.
Дар ҳамин сурат тиражи газетаи «Asia-Plus», ки даромадаш асосан аз ҳисоби эълону рекламаи созмонҳои хориҷӣ ба даст меояд, 3 ҳазор нусха афзудааст ва дар байни нашрияҳои ҷамъиятиву сиёсӣ бо тиражи аз ҳама зиёд – 14000 (11000) адад чоп мешавад. Нашрияи аз ҳама қадимаи хусусии давраи Истиқлол «Чархи гардун» бошад, ки қаблан камаш 15 ҳазор нусха чоп мешуд, ҳоло ҳамагӣ 6445 нусха тираж дорад. Таҳлил собит менамояд, ки тиражи нашрияхои хусусии иҷтимоиву сиёсӣ нисбат ба солҳои пеш коҳиш ёфтааст ва ин раванд дар оянда низ идома меёбад.

Қобили зикр аст, ки таъсиси маҷаллаҳои интерактивии iPad чандон арзон нест. Аз рӯи маълумоти газетаи «Коммерсантъ», иҷозатнома барои формати кушодаи маводи интерактивӣ – OFIP (Open Format for Interactive Publications)-и ширкати WoodWing 5000 евро арзиш дошта, барои сохтани замима барои хондани маҷаллаи рақамӣ боз 10000 евро ва барои аз сервер ба муштарӣ расонидани маҷалла (distribution fee) 250 евро дар як моҳ пардохтан лозим аст . Ҳамчунин барои нигоҳдории техникӣ низ маблағ масраф мешавад. Албатта чунин маблағи калонро на ҳамаи редаксияҳо пардохта метавонанд. Дар ин ҳолат ҳоло аз технологияи нави иттилоърасонӣ асосан ширкатҳои бузурги матбуот метавонанд истифода намоянд.
Ба қавли коршиноси Ассосиатстяи умумиҷаҳонии газетаҳо (WAN) Томас Брунегард технологияҳои рақамӣ алоқаи газетаҳоро бо шабакаҳои паҳнкунӣ аз байн мебаранд. Хонандаҳо ба бинандаву шунаванда ва ҳамноширон табдил меёбанд. Матбуот интерактивӣ мешавад. Ҳар як хонанда бо истифодаи технологияҳои нави иртиботӣ, аз ҷумла телефон метавонад, худ барои рӯзнома мавод фиристад.
Ноширони матбуоти оянда ба назар бигиранд, ки маҳсулоти онҳо барои аудитория бояд аз рӯи мӯҳтаво, формат ва вақт муҳиму ҷолиб бошад. Аз ин рӯ, журналистикаи сифатӣ асоси матбуоти оянда боқӣ хоҳад монд.
Ҳамзамон матбуот бояд ба аудитория мушаххас, ки аз рӯи синну сол, мақоми иҷтимоиву иқтисодӣ ё намудҳои фароғат фарқ мекунад, равона гардад. Газета дигар наметавонад маҳсулот барои ҳама боқӣ бимонад. Ин чиз аз ҳоло маълум гардидааст. Масалан, теъдоди хонандаҳои рӯзномаҳои хонаводагӣ нисбат ба матбуоти иқтисодиву сиёсӣ зиёданд.
Аллакай солҳои 2020 аксари рӯзномаҳо электронӣ мешаванд ва онҳоро дар экранҳои қадшаванда хондан мумкин аст. Ҳамзамон рӯзномаҳо интерактивӣ мешаванд. Дар мӯҳтавои рӯзномаҳо низ тағйирот ба вуҷуд меояд. Дар рӯзнома ба ғайри иттилои хабарнигорону муҳаррирон боз маводи омода кардаи хонандагон низ чоп карда мешавад. Бояд гуфт, ки ин раванди табиӣ буда, бо рушди технологияҳои нави иттилоотӣ нашрияҳои коғазӣ аз байн мераванд.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: