Латоиф



Швабра
Як нафар собиқ дотсенти Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон нақл кард, ки солҳои 90-уми асри гузашта дар кӯҳистони шимоли Тоҷикистон оид ба пешгирии ҳомилаи номақбул ба занону мардон семинар гузаронидаанд. Он вақтҳо истеъмоли доруҳои пешгирикунандаи ҳомила маъмӯл набуд ва бештар истифодаи рифола ҳангоми ҷимоъ маслиҳат дода мешуд.
— Мо истифодаи рифоларо ба занон дар чӯби фаршшӯӣ (швабра), ки сари даст буд нишон додем, -гуфт ӯ.
Пас аз як сол чунин семинарро боз дар ин ноҳия барпо кардем. Дар вақти семинар марде ба шаст ба толор даромада гуфт:
— Ин гапҳоятон ҳамааш дурӯғанд. Баъди истифодаи рифола ҳам зани ман ҳомиладор шуд.

Тарбод

Зане дар ҳамон семинар гуфт, ки рифоларо истифода карда намешавад.
-Чаро,- пурсид духтур?
— Шавҳарам ревматизм мешавад.
-Чӣ хел?- ҳайрон пурсид духтур.
— Охир, калӯш пӯшӣ, ревматизм мешавӣ, мегӯянд. Рифола ҳам резинӣ аст-ку?

Дору

Духтуре нақл кард, ки ба пешаш зане омада барои пешгирии ҳомилаи номақбул маслиҳат пурсидааст. Ин зани 28-сола ҳар сол таваллуд карда, аллакай соҳиби 8 фарзанд буд. Таваллуди ҳарсола ба организми зан асар карда буд. Ӯ хеле фартут гардида аз синнаш қариб 15 сол калонтар менамуд.
Духтур ба ин зани деҳотӣ ҳабҳои пешгирикунандаи ҳомила дода тарзи истифодаашро мефаҳмонад.
Пас аз як ҳафта марде ба назди духтур омада мегӯяд:
— Шумо ба занам чӣ хел дору додед, ки ман баъди хӯрдани онҳо ишкамрав шудаам?!

Реклама

One response to this post.

  1. ХЕЛЕ ЛАТИФАИ ЧОЛИБИ ДИККАТ .ОДИ. БА ВАЗЪИ ИМРУЗА МУВОФИК.

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: