Синамогарон ба «Дидор»-и ҳам мерасанд


href=»https://jovidmuqim.files.wordpress.com/2012/11/dsc_0522.jpg»>
Аз 16 то 20 октябри соли 2012 бо кӯмаки молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода”- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Ташкилоти «Hivos»-и Нидерданд ва Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон дар Хонаи кинои шаҳри Душанбе Кинофестивали панҷуми байналмилалии «Дидор» баргузор мешавад. Дар давоми 10 соли фаъолият ҳадафи асосии Кинофестивали байналмилалии «Дидор» тағйир наёфтааст, мегӯяд Сафари Ҳақдод, директори фестивал, раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон. Наздик кардани Шарқу Ғарб яке аз идеяҳои меҳварии фестивал буда, вай тавассути филмҳо инсону кишварҳо ва тамаддунҳоро ба таҳаммулпазирӣ даъват мекунад. Ҳамчунин кинофестивал ин намоиши ҳамкорӣ ва ҳамгироии фарҳанги синамои Шарқу Ғарб аст.
Ба иттилои маъмурияти кинофестивал дар Синамобазми панҷуми «Дидор» 75 филме, ки таи ду соли охир таҳия шудаанд, аз 19 кишвар ба тамошо гузошта мешаванд. Дар озмуни байналхалқӣ бошад, 23 филми ҳунарӣ иштирок мекунанд. Аз Тоҷикистон 3 филм: «Телеграмма»-и коргардон Искандар Усмонов, филми «Чарх»-и коргардон Шаҳзод Раҷабов ва филми кӯтоҳи «Хорсаро» — и донишҷӯи Институти давлатии кинои Русия Румӣ Шоҳазимов дар озмун ширкат мекунанд. Ҳамчунин ба фестивал филмҳои аниматсионии коргардони тоҷик Бахтиёр Қаҳҳоров «Аждар», «Хар», «Мурғак» ва ғайра пешниҳод шудаанд.
Синамобазми «Дидор» шӯҳрати ҷаҳонӣ гирифтааст, мегӯяд Сафар Ҳақдодов. Ҳамин аст, ки доираи фарогирии кишварҳо афзуда истодааст. Масалан, имсол бори нахуст филмҳо аз кишварҳои Малӣ, Кореяи Ҷанубӣ, ИМА, Япония, Маҷористон, Словакия, Швейтсария ва Фаронса иштирок доранд. Ҳамчунин бояд зикр кард, ки Фестивали «Верзио» -и Маҷористон (3 филм) ва Фестивали «Ҳуқуқи башари Афғонистон» (11 филм) меҳмони Кинофестивали «Дидор» мебошанд.
Дар кинофестивали мазкур нахустнамоиши ҷаҳонии филми «Бӯйи об» — и коргардони муғул Мунхзул Чулуунбаат баргузор мегардад, ки ин ҳам аз обрӯй ва эътибори Синнамобазми «Дидор» дарак медиҳад, мегӯяд Сафари Ҳақдод.
Ҳамчунин бояд гуфт, ки дар кинофестивал филми «Дохунда», ки аз рӯи романи С. Айнӣ ҳанӯз соли 1937 ба навор гирифта, баъдан пахш нашуда буд, дар бахши филмҳои барқароргардида намоиш дода мешавад.
Қобили зикр аст, ки Биргит Боймерс, таърихнигори синамо, устоди кафедраи славяншиносии донишгоҳи Бристоли Британияи Кабир, Элчин Муса оғлу Гулиев, коргардон аз Озарбойҷон, Георгий Овашвили, коргардон аз Гурҷистон ва директори «Тоҷикфилм», коргардон Носир Саидов ба ҳайати доварони кинофестивал шомиланд.
Ба гуфти директори Кинофестивали панҷуми «Дидор» Сафар Ҳақдодов навгонии муҳими кинофестивали имсолаи «Дидор» дар он аст, ки бо ибтикори маъмурияти синамобазм ва кӯмаки молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон «Қомуси кинои тоҷик», ки ҳанӯз солҳои 70-уми садаи ХХ аз ҷониби синамошиносон Ато Аҳроров ва Юрий Самойлович Каплунов таҳия шуда буд, дар давоми як соли охир таҳриру такмил гардида ба забони русӣ аз чоп баромад. Бо ин мо мақоми байналхалқии китобро нигоҳ доштем, то он ба хориҷиён низ дастрас бошад, мегӯяд С. Ҳақдодов. Қомуси мазкур аз давраи пайдоиш то давраи имрӯзи кинои тоҷикро фаро мегирад. Мо қаринаи электронии қомусро дар сомонаҳои тахассусӣ, аз ҷумла дар сомонаи «Тоҷикфилм» мегузорем. Қомусро ҳама вақт мо метавонем тоҷикӣ тарҷума бикунем. Барои ин хоҳиш ва маблағ лозим аст, мегӯяд Сафар Ҳақдодов, раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон.
Падидаи нави чорабинии мазкур он аст, ки барномаи озмунии кинофестивал ҳамзамон дар Театри вилоятиии драмаи мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонов барои сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзе се маротиба намоиш дода мешавад.
Боиси хурсандист, ки боз дидор ба «Дидор» расид, мегӯяд директори иҷроияи ИҶК-БМ дар Тоҷикистон Зӯҳра Ҳалимова. Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон яке аз сарпарастони асосии баргузории Кинофестивали байналмилалии «Дидор» буда, дар ба ҳам омадани филмофарон саҳми арзанда мегузорад. Ҳамин аст, ки сол аз сол доираи фарогирии кинофестивал фарохтар гардида, дар он чеҳраҳои нав муаррифӣ мешаванд. Кинофестивали «Дидор» дар кашфи истеъдодҳои ҷавон ва раҳнамун сохтани онҳо ба синамои ҷаҳонӣ нақши бориз дорад. Дар ин кинофестивал чанд нафар бонувон низ офаридаҳои худро пешниҳод кардаанд, ки ин фоли нек аз рушди синамо мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки кинофестивали имсоларо филми мустанади коргардони эронӣ Муртазо Нидоӣ бо филми «Қисмати шоир» ифтитоҳ мебахшад, мегӯяд Зӯҳра Ҳалимова. Филми мазкур бардошти муаллиф аз филми машҳури «Қисмати шоир»-и таҳиягари шинохта Борис Кимёгаров мебошад, ки соли 1959 дар Киностудияи «Тоҷикфилм» рӯи навор омадааст. Тӯли ин солҳо синамои тоҷик давраҳои рушду инқирози худро паси сар кардааст. Хушбахтона, имрӯз дар ин ҷода насими тозае вазида аз эҳёи синамоофарии тоҷик мужда медиҳад. Баргузории чунин чорабиниҳо албатта, барои рушди минбаъдаи синамои миллӣ мусоидат менамоянд.
Раиси Иттифоқи Кинематографистони Тоҷикистон Сафари Ҳақдод низ ба он ақида аст, ки кинофестивали «Дидор» ин як имконияти сайқал додани маҳорату баланд бардоштани касбият мебошад. Он ҷавононе, ки филмашон дар бахши «Панорама» ширкат мекунад, худро дар оина дубора мебинанд ва сатҳи филмҳояшонро бо филмҳои машҳури хориҷӣ қиёс мекунанд. Албатта, ин барои онҳо дарси касбият мешавад.
Ҳамчунин бояд гуфт, ки ин филмҳоро дар дискфурӯшиҳо пайдо кардан ғайриимкон аст. Дар телевизион ҳам онҳро намоиш намедиҳанд. Яъне фестивал ба муштариён имкон медиҳад, ки чунин филмҳое, ки ба одамияту таҳаммулпазирӣ даъват мекунанд, тамошо кунанд, мегӯяд, Сафари Ҳақдод.
<a Артдиректори Кинофестивали «Дидор», мудири шӯъбаи фалсафаи фарҳанги Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳукуқи АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори улуми фалсафа, киношинос Саъдулло Раҳимов бар он аст, ки баргузории кинофестивал ба рушди синамои тоҷик ва ҳамкориҳо мусоидат мекунад. Вақте синобазми аввалро мегузаронидем, хеле душворӣ кашидем, ки ягон филми арзандаи сатҳи байналмилалиро ба озмун пешниҳод кунем, мегӯяд ӯ. Ҳоло бинед, ки дар ҷашнвораҳои дигар филмҳои тоҷикӣ пайдо шуданд, ки мо метавонистем, онҳоро бо сарбаландӣ дар озмуну бахшҳои дигари кинофестивалҳо муаррифӣ намоем. Синамогарони тоҷик эҳсос карданд, ки дар ин кинофестивал зарурати иштирок кардан ҳаст ва ҳар дафъа пешниҳодҳои хуб ҳам мекунанд. Мо албатта, аз онҳо беҳтаринашонро интихоб менамоем, мегӯяд С. Раҳимов.
Дар фазои фестивал вохӯриҳои тарафайн ба вуҷуд омаданд ва ҳамин сабаб шуд, ки минбаъд лоиҳаҳои якҷоя амалӣ шаванд. Масалан, коргардони афғон Сидиқ Бармак филми «Ҷанги тарёк»-ро бо ҳамкории синамогарони тоҷик рӯи навор овард. Беҳтарин филмбардори Тоҷикистон Георгий Дзалаев наворбардори асосии ин филм буд. Коргардони дигари афгон Ҳумоюни Муруват филми «Себ аз биҳишт»-ро бо кӯмаки филмбардорони тоҷик ба навор гирифт. Дар филми мазкур нақши асосиро ҳунарпешаи шинохтаи Тоҷикистон Раҷаб Ҳусейнов бозидааст. Филми номбурда соҳиби ҷоизаи аввали озмуни Кинофестивали «Дидор» гардид буд.
Чунин ҳамкориҳо бо синамогарони Эрон низ зиёд шуд. Коргардони тоҷик Носир Саидов дар сохтани филми «Қиёми рӯз» садобардорон ва тадвингарони эрониро даъват кард. Хулоса, Кинофестивали «Дидор» дар фарҳанг ва рушди синамои тоҷик як саҳми нишонрас гузошт. Яъне, он корҳое, ки мо кардем, беҳуда набуд, мегӯяд артдиректори Кинофестивали «Дидор», киношинос Саъдулло Раҳимов.

Ҷовид Муқим

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: