«Санги сабур» ғолиби Кинофестивали панҷуми байналмилалии «Дидор»


<a
Шоми 20 октябр дар «Хонаи кино» — шаҳри Душанбе маросими пӯшидашавии Кинофестивали панҷуми байналмилалии «Дидор», ки 5 рӯз идома дошт, баргузор шуд. Филми пурраметражии «Санги сабур»-и коргардони афғон Атиқ Раҳимӣ, ки дар Фаронса зиндагӣ мекунад, сазовори Шоҳҷоизаи шветсарии Кинофестивали панҷуми байналмилалии «Дидор» бо иловаи 3 ҳазор доллари ИМА гардид. Филм аз рӯи романи ҳамноми муаллиф, ки ба 33 забон тарҷума шудааст, рӯи навор омадааст. Сужаи филм дар бораи зани 27-солаи афғон, ки шавҳари мадҳуши худро дар як канори Кобул парасторӣ карда, ҳамзамон ба ӯ хиёнат мекунад, нақл менамояд.
Шоҳҷоизаи шветсарии Кинофестивали панҷуми байналмилалии «Дидор» бо иловаи 2 ҳазор доллари ИМА барои филми беҳтарини кӯтоҳметражи ҳунарӣ ба филми «Баҳри ҳавасҳо»-и коргардони рус Шота Гамисиония супорида шуд. Филм дар бораи ду ҷавони шаҳри соҳили баҳр нақл мекунад, ки шуғле надоранд ва намедонанд, ки чӣ тавр рӯзро шом кунанд.
Филми «Осмони дигар»-и коргардони рус Дмитрий Мамулиа, ки дар бораи ҳаёти муҳоҷири меҳнатии тоҷик нақл мекунад, бо Ҷоизаи махсуси доварони байналмилалӣ бо иловаи 1 ҳазор доллари ИМА қадр карда шуд.
Доварони байналмилалӣ филми «Хорсаро»-и коргардони тоҷик Румӣ Шоҳазимовро бо Дипломи махсус барои филми кӯтоҳметраж қадр кард. Бояд гуфт, ки филми мазкур бо мукофоти дигар низ сазовор дониста шуд. Ҷоизаи «Муколамаи Шарқ ва Ғарб»-ро Владислав Курнушка, роҳбари намояндагии «Ҳамкории Русия» дар Тоҷикистон ба филми кӯтоҳметражи «Хорсаро»-и Румӣ Шоҳазимов лоиқ донист. Донишҷӯи курси чоруми Донишкадаи давлатии кинои Русия Р. Шоҳазимов филми мазкурро аз рӯи ҳикояи ҳамноми нависандаи рус А. П. Чехов рӯи саҳна овардааст. Филм дар Маскав бо иштироки ҳунарпешаҳои рус ба навор бардошта шудааст.
Туӣ, иҷрокунандаи нақши духтараки 5-сола аз филми «Бӯи об»-и коргардони муғул Мунхзул Чулуунбат низ бо Дипломи махсуси жюрӣ лоиқ дониста шуд.
Ҳамчунин коргардони озар Шамил Алиев Явер оғлу барои филми «Саҳробача» бо Дипломи махсуси жюрӣ қадр гардид.
Ҷоизаи «Таваҷҷӯҳи тамошобин»-и шаҳри Қӯрғонтеппаро барои беҳтарин филми озмунӣ бо иловаи 1 ҳазор доллари ИМА директори Театри вилоятии мазҳака ва мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонов Аловуддин Абдуллоев ба коргардони филми «Чарх» Шаҳзод Раҷабов супорид.
Коргардони филми «Насима» Саҳро Каримӣ, ки филмашро дар Словакия ба навор гирифтааст бо Ҷоизаи «Таваҷҷӯҳи тамошобин»-и шаҳри Душанбе қадр гардид. Артисти шоистаи Тоҷикистон Марат Орипов ба ӯ ҷоизаро бо иловаи ҳазор доллари ИМА супорид.
href=»https://jovidmuqim.files.wordpress.com/2012/11/dsc_0579.jpg»&gt;
Ҷоизаборон

Ҷоизаи мунаққидони Тоҷикистонро муҳаррири кинофестивал Галина Эленбаум ба Н. А. Изволов, эҳёгари филми «Дохунда»-и коргардон Лев Кулешов супорид. Ин филмро, ки Н. Изволов эҳёи компютерӣ кардааст, дар бахши «Филмҳои қурбоншуда»-и кинофестивал намоиш дода шуд. Филми мазкур аз рӯи романи безаволи «Дохунда»-и устод Садриддин Айнӣ солҳои 1933-1934 ба навор гирифта шуда буд ва таҳияашро соли 1936 медонанд. Дар он нақши асосӣ — Дохундаро коргардон ва ҳунарпешаи тоҷик Комил Ёрматов бозидааст.
Мунаққидон танқид мекунанду доварон ҷоиза медиҳанд
Сидиқ Бармак, коргардони афғон, раиси ҳайати доварони байналмилалӣ гуфт, ки дар озмун филмҳои хуб зиёд буданд ва мо беҳтарини онҳоро сазовори ҷоиза донистем.
Мунаққидон рӯзи 20 октябр дар сӯҳбати мизи гирд вобаста ба касбияти филмҳо андешаи дигар доштанд. Сергей Анашкин, киношиноси рус ба он ақида аст, ки маҳаки асосии филмҳои кишварҳои Осиёро миллияти онҳо ташкил медиҳанд. Ҳамин аст, ки ин филмҳо дар байни омма маҳбубият доранд. Жанри асосии ин филмҳо мелодрама аст. Масалан, дар Ёқутистон филмҳое ба забони маҳаллӣ ба навор бардошта шудаанд, ки дар прокат аз филмҳои русиву амрикоӣ бештар тамошобин доштанд.
Доктори улуми санъатшиносӣ, мунаққиди қазоқ Гулнора Абикеева дар бораи филми «Санги сабур»-и Атиқ Раҳимӣ ҳарф зада гуфт, ки ман новобаста ба эҳтиромам нисбати офарандаи ин филм онро мақбул надорам. Ин филмро наметавон осиёӣ номид. Ин филм эҳсосӣ аст. Бисёр эҳсоси занонаро нишон медиҳад. Дар он ҳуввияти миллӣ дида намешавад. Ба назари ман ин филм барои бинандаи Ғарб таҳия шудааст ва ба арзишҳои Ғарб тааллуқ дорад. Аз нигоҳи касбият филм хуб ба навор бардошта шудааст. Лекин ман ба ин филм эътимод надорам. Афсона ва воқеият ба таври сунъӣ ба ҳам омехтаанд. Яъне сужаи ин филм ба таври сунъӣ ба ҳам пайваст шудааст. Масалан, вақте ки зан Қуръон мекобад, маълум аст, ки он сохта аст.
Иброҳим Орифӣ, директори киностудияи «Афғонфилм» дар мизи гирд гуфт, ки дар Афғонистон барои филмофарӣ маблағи ночиз ҷудо мешавад. Бинобар ин коргардонҳо ба фармоиши сарпарастони ғарбиашон филмҳое меофаранд, ки арзишҳои Ғарб дар онҳо боло мегирад.
Гулнора Абикеева мегӯяд, ки ба назари ман филмҳои миллӣ бояд арзишҳои миллиро талқин кунанд. Аз ин нигоҳ филми «Бӯи об» агарчӣ аз нигоҳи касбият суст аст, таҳия ва наворбардорӣ камбудиҳо доранд, вале он филмӣ милии муғулӣ аст, ки миллати муғулро нишон медиҳад.
Ба гуфти доктори улуми санъатшиносӣ, мунаққиди қазоқ Гулнора Абикеева аз томошои филмҳои Тоҷикистон бармеояд, ки филмҳои тасвирӣ ва мустанад нисбат ба филмҳои ҳунарӣ болотаранд.
Филмҳои нақшии мустанад
Пас аз тамошои филмҳои кинофестивал кас ба чунин андеша меравад, ки дар санъати кино равияи наве бо номи филмҳои нақшии мустанад ба вуҷуд омадааст. Аксари филмҳо аз нигоҳи таҳия ва наворбардорӣ ба филмҳои мустанад монанданд. Тафовут аз филмҳои мустанад, танҳо дар он аст, ки нақши қаҳрамонҳои филмро ҳунарпешаҳо бозидаанд. Чунин филмҳоро бо қаҳрамонҳои воқеӣ низ метавон ба навор бардошт. Масалан, дар кинофестивал се филми ба муҳоҷират бахшида шуда намоиш дода шуд: филми «Осмони дигар»-и коргардони рус Дмитрий Мамулиа, филми «Насима»-и коргардон Саҳро Каримӣ ва филми коргардони дигари афғон Муҳаммад Ҳасанӣ «Ин сарзамини ту нест». Филми аввала, ки дар бораи ҳаёти муҳоҷири меҳнатии тоҷик нақл мекунад, воқеияти рӯзро нишон медиҳад. Ду филми дигар, ки дар бораи муҳоҷирати духтари афғон ба Словакия барои таҳсил ва ҷавонмарди афғон барои кор ба Эрон аст, проблемаи муҳоҷиратро ба миён мегузоранд.
Филми «Борони аввали баҳор»-и коргардонҳо Ёрлан Нурмуҳамбетов (Қазоқистон) ва Сано Синдзю (Ҷопон) низ як сужаи одӣ дорад. Филм, ки 85 дақиқа аст, хеле тӯлонӣ мебошад, саҳнаҳо ба таври сунъӣ ба дарозо кашида мешаванд. Мӯҳтавои филмро дар 40 дақиқа ҳам нишон додан мумкин буд.
Филми «Осмони дигар» низ, ки 86 дақиқа аст, ба дарозо меравад. Онро низ ба нисф қайчӣ кардан мумкин буд. Ба гуфти коргардони тоҷик Искандар Усмонов филмҳоро махсус тӯлонӣ мекунанд, то ки ба филмҳои пурраметраж расанд. Наворбардори шинохтаи тоҷик Ботир Қобилов ба он андеша аст, ки ин филмҳо монтажи хуб нашудаанд. Коргардонҳо метавонистанд онҳро кӯтоҳ кунанд.
Воқеан, дар филмҳои мазкур бадеият кам буда, қариб, ки конфликт ба назар намерасад. Аз ин нигоҳ кас гумон мекунад, ки филми мустанадро тамошо кардааст.
Бояд гуфт, ки дар Синамобазми панҷуми «Дидор» 74 филме, ки таи ду соли охир таҳия шудаанд, аз 19 кишвар ба тамошо гузошта шуданд. Дар озмуни байналхалқӣ бошад, 22 филми ҳунарӣ иштирок карданд. Аз ҷумла, аз Тоҷикистон филми «Телеграмма»-и коргардон Искандар Усмонов, филми «Чарх»-и коргардон Шаҳзод Раҷабов ва филми кӯтоҳи «Хорсаро» — и Румӣ Шоҳазимов дар озмун ширкат намуданд.
Ҳамчунин дар бахши «Панорама»-и фестивал филмҳоии ҳунарии «Гиреҳ дар гӯлу»-и коргардон Носир Раҳмонов, «Эҳзон»-и коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоилов, «Хокпайванд»-и коргардон Абдулҳай Зокиров, филмҳои мустанади «Бозгашт»-и Абдулло Ғафуров ва «Ваҳшати ҷанг»-и коргардон Носир Саидов, филмҳои аниматсионии коргардони тоҷик Бахтиёр Қаҳҳоров — «Аждар», «Хар», «Мурғак» ва ғайра намоиш дода шуданд.
Ба гуфти раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов Кинофестивали панҷуми байналмилалии «Дидор» бо кӯмаки молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода”- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Ташкилоти «Hivos»-и Нидерданд ва Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Ҷовид Муқим

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: