ИШҚИ МӮЙСАФЕД


ҶОВИД МУҚИМ

ИШҚИ МӮЙСАФЕД

Душанбе — 2012

ББК тоҷик

Ҷовид Муқим. Ишқи мӯйсафед.- Душанбе: Озар, 2012. – 160 с.

Муҳаррир: Қ. Само

Ҷовид Муқим дар баробари фаъолияти журналистӣ ва илмиву омӯзгорӣ ҳикояву қиссаҳо низ эҷод мекунад. Дар маҷмӯаи мазкур қисса ва ҳикояҳои солҳои охир эҷодкардаи муаллиф гирд оварда шудаанд, ки бардошти ӯ аз зиндагии имрӯзи мардум аст. Ҳодисаҳое, ки дар китоб нақл карда мешаванд, маҳсули тахайюли нависанда бошанд ҳам, дар зиндагии воқеӣ ба чашм мерасанд. Ҳамин аст, ки образи қаҳрамонони китоб хеле табиӣ ва зинда рӯи коғаз омада, таваҷҷӯҳи хонандаро ба худ ҷалб мекунанд.
Китоби «Ишқи мӯйсафед» барои доираи васеи хонандагони аз синни 17-сола боло пешбинӣ шудааст.

Китоби мазкур бо маблағи муаллиф чоп шудааст.

ISBN

© Ҷовид Муқим, 2012.

МАРГ ВА ИНСОФ
Ҳикоя

Хабари шум зуд паҳн шуд. Ҳамагон аз кушта шудани Зариф дар Россия ҳарф мезаданд: «Зарифро тоссарҳо куштаанд», мегуфт яке. «Не, вай аз чеченҳо қарздор будааст, онҳо куштаанд», мегуфт дуввумӣ. «Худи тоҷикҳо куштаанд», мегуфт дигаре. Аниқ он буд, ки Зариф кушта шудааст ва ҷасади ӯро бародари хурдиаш Салим пас аз як ҳафта меовардааст. Инак, ҳафтаест, ки хонаи Зариф мотамсаро аст. Хешу табор, ёру дӯстон барои ҳамдардӣ меоянд ва қиссаи кушта шудани соҳиби хонадон аз даҳон ба даҳон гузашта, обу ранги тоза мегирад.
Субҳи содиқ дари хонаи Зарифро марде кӯфт. Духтари кенҷагии соҳибхонадон Шарофат, ки дар синфи ҳаштум таҳсил мекард, аз хона ба берун баромада, дар рӯи ҳавлӣ марди паканаи сиёҳҷурдаи ношиносро дид, ки ба ҷинҳои дар мултфилмҳо дидааш монанд буд.
— Амак, ба меҳмонхона дароед, бобом он ҷо,- гуфт Шарофат ба он гумон, ки ин мард барои тасаллият омадааст.
— Не, ман ба хона намедароям, очаатро ҷеғ зан, — гуфт мард.
-Ҳозир,- гуфт Шарофат ва ба хона даромада, модарашро даъват кард: -Оча, шуморо як мардак ҷеғ дорад.
Завҷаи Зарифро мард дида гуфт: — Хоҳар, ман барои гирифтани як амонатам омадам. Се сол пеш Зариф аз ман як баллони «ЗИЛ» гирифта, гуфта буд, ки ба ҷояш баъдтар баллони нав харида медиҳам. Омадам, ки баллони ваъдагиро пас гирам.
Соҳибхоназан аз ин ошуфта гардид ва базӯр гиряашро фурӯ нишонда гуфт: -Ман ин хел чизҳоро сарфаҳм намеравам. Қобилро ҷеғ мезанам, бо шумо сӯҳбат мекунад.
Қобил, ҷияни ятиммондаи шавҳараш дар ҳамин хонадон калон шуда, дар ҳамин ҳавлӣ дар хонаи алоҳида бо аҳли оилааш зиндагӣ мекард. Зариф ва се бародари дигараш 15 сол мешуд, ки пайваста дар Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданд. Ҳамин буд, ки Қобил ягона марди хонадон ҳисоб мешуд ва ҳамаи корҳои мардонаи оила ба дӯши ӯ буд. Ҳоло аз субҳ ӯ дар меҳмонхона нишаста буд, то ба меҳмонони барои тасаллият омада, хизмат расонад.
Қобилҷон ба даъвати янгааш ба рӯи ҳавлӣ баромада, Ҳомид Ҷӯгиро, ки дар деҳаи ҳамсоя зиндагӣ мекард, дид.
-Ако, биёед,- ба хона даъват кард меҳмонро Қобил.
-Не, ҳамин ҷо мегӯям гапамро. Се сол пеш амакат Зариф аз ман як баллони мошини «ЗИЛ» гирифта, гуфта буд, ки ба ҷояш баъдтар баллони нав харида медиҳам. Омадам, ки ҳамон баллони ваъдагиро пас гирам.
Қобил аз ин суханони меҳмон моту маҳбут шуда, намедонист чӣ посух гӯяд, вале пас аз лаҳзае худро ба даст гирифта гуфт:
-Ман намедонам, ки амакам аз шумо чӣ гирифтааст. Вале вақте ки шумо дар ҳамин рӯзи мусибат омадаед, ман ба шумо баллон медиҳам. Рафтем.
Қобил Ҳомид Ҷӯгиро ба саҳни хонаи худ бурд. Он ҷо мошини «ЗИЛ»-и Қобил меистод. Ӯ аз бордони мошин калиди 27-ро гирифта, баллони эҳтиётиро, ки нав буд, кушода ба Ҳомид Ҷӯгӣ дод: -Ҳамин баллон мешавад?
— Меша,- гуфт ӯ ва баллонро ғелонда, аз ҳавлӣ баровард.
Хайрулло савори мошини «Москвич» аз кори басти шабона ба хона бармегашт. Ӯ дар роҳ мардеро дид, ки баллонеро ғел дода, ба сӯи деҳа меомад. Деҳаи Арчазор, дар доманакӯҳ ҷойгир буда, то ба он ҷо баллонро ғелонда баровардани шахс дар гумон буд. Вақте ки сабукрав наздик шуд, Хайрулло ҳамсояааш Ҳомид Ҷӯгиро дид, ки баллонро ғел медод. Ӯ мошинро нигоҳ дошт.
— Саҳар кати, баллон меғелонӣ? Мошин-ку надорӣ, баллонро чӣ кор мекунӣ? -пас аз салому ҳолпурсӣ суолборон кард, Хайрулло.
— Баллонро бор кунем, баъд қисса мекунам, -гуфт Ҳомид Ҷӯгӣ баллонро ба бордони болои мошин монданӣ шуда. Зӯри як худи ӯ намерасид. Хайрулло ба ӯ кӯмак кард, то ки баллонро болои мошин гузоранд. Хайрулло банде аз бормонаки мошин гирифта баллонро баст, то аз болои мошин наафтад.
Ҳомид Ҷӯгӣ дар бари Хайрулло нишаст ва мошин ба ҳаракат даромад.
— Зарифро медонӣ-а?
— Медонам, аз деҳаи Муллобоӣ. Шунидам, ки дар Русия куштаанд.
-Ҳа, ҳамон. Вай се сол пеш дар вақти механики колхоз буданам як баллони кӯҳнаи «ЗИЛ»-ро аз ман гирифта, ваъда дода буд, ба ҷояш навашро харида медиҳад. Насиб набудааст, куштанаш дар Россия. Рафта аз ҷиянаш баллони мошинашро кушода гирифтам. Ҳозир як баллон 200 доллар аст. 200 долларро кӣ медиҳад?!
-Мурдаро монда тутхӯрӣ кардам, гӯй.
-Дар вақташ ман ба Зариф ёрдам кардам. Аз мошини колхоз гирифта дода будам.
— Дигар колхоз нест ва ту механик ҳам нестӣ. Наход барои як баллони кӯҳна ту ба хонаи азодор рафта, гадоӣ кунӣ?! Барои зихнаву талбанда буданат «Ҷӯгӣ» лақаб карда буданат. Ту аз ин ҳам инсони пасттар будаӣ, -гуфт Хайрулло ва мошинро боз дошт. Ӯ зуд аз мошин берун шуд ва дари мусофирро ба қаҳр кушода, аз гиребони Ҳомид Ҷӯгӣ гирифт: «Ҳе оната… Фаро тез. Садқаи некии мардум шавӣ», гуфта ӯро аз сабукрав ба берун кашид. Ӯ ҳамчунин баллонро аз бормонаки болои мошин кушода ба сӯи нишебӣ ҷар кард. Вай чархзанон суръат гирифта, ба канали беоб рафта афтид, ки аз он ҷо як нафар баллонро то роҳи мошин бароварданаш ғайриимкон буд.
Хайрулло мошинашро ба роҳ дароварда, дар як лаҳза аз чашм дур шуд.

Хоҷа Оби Гарм, 10 –уми июни соли 2009.

РАШК

Ҳикоя

Парвина ба Фаридун занг зада, гуфт, ки пас аз 20 дақиқа дарсашон ба охир мерасад ва ӯро дар ҷои муқаррарӣ интизор мешавад.
— Пеш аз баромаданам шуморо огоҳ мекунам, то ки беҳуда маро интизор нашавед,- гуфт Парвина.
— Хуб шудааст, ман занги шуморо интизор мешавам, — афзуд Фаридун дар ҷавоб.
Вақти кории Фаридун кайҳо тамом шуда буд. Онҳо аз соати 8-и субҳ то соати 5-и бегоҳ кор мекарданд. Вале ӯ барои маҳбубааш Парвинаро интизор шудан дар идора монда овораи кор мешуд. Парвинаро аз мактаб ҳамчун муаллимаи ҷавон барои бозомӯзӣ ба курси якмоҳаи такмили ихтисоси Раёсати маорифи шаҳри Душанбе фиристода буданд. Дарси онҳо пас аз анҷоми кори асосӣ дар басти дуюм мегузашт. Бинобар ин, машғулияти онҳо баъзан то соати 6 ва гоҳе аз ин ҳам дертар идома меёфт.
Занги телефони корӣ баланд шуд. Фаридун гӯширо бардошт.
-Фаридунҷон, вазир занг мезананд. Раисро пурсиданд, гуфтам, ки кор тамом шудааст ва калонҳо ба хонаашон рафтагӣ. Гуфтам, ки танҳо шумо мондагӣ. Вазир бо шумо гап заданӣ, -гуфт посбони идора Усто Шералӣ.
— Майлаш, пайваст кунед.
-Алло, Фаридунҷон, шумоед?- баланд шуд садои вазир.
-Бале, устод. Гӯш мекунам шуморо. Ягон хизмат буд?
— Ба ман як маълумот лозим. Аз дастгоҳи раиси ҷумҳур мепурсанд. Он нафаре, ки ба ин кор дар вазорат машғул буд, ҳоло дар сафари хидматӣ берун аз кишвар аст. Маълумоти мазкур дар идораи шумо ҳам будагист.
— Чӣ маълумот аст? Агар дар масъулияти мо бошад, медонам.
— Ба ман омори духтарони деҳотӣ, ки феълан аз рӯи ихтисоси улуми дақиқ дар макотиби олии ҷумҳурӣ ва хориҷа таҳсил мекунанд, лозим аст.
— Ин ба шӯъбаи мо дахл дорад, Замон Кабирович. Ман дар ин бора маълумоти дақиқ дорам. Ба шумо бо эмайл фиристам?
— Не, агар ба телефон гӯед ҳам мешавад. Ман ёддошт мекунам.
— Пас нависед. Соли равон дар макотиби олии кишвар ва хориҷа аз рӯи ихтисоси улуми дақиқ ҳамагӣ панҷ ҳазору сесаду чилу як нафар таҳсил мекунанд. Аз ин таъдод се ҳазору дусад нафар зодаи деҳотанд. Соли гузашта бошад, ҳамагӣ 5 ҳазор нафар духтарон, аз ҷумла аз деҳот се ҳазор нафар таҳсил мекарданд. Агар лозим бошад, ман метавонам, теъдоди донишҷӯдухтаронро ноҳия ба ноҳия номбар кунам.
— Не, ташаккур, ҳаминаш кифоя. Сӯҳбат боқӣ, мешунавам, ки телефони дастиатон занг мезанад, — гуфт вазир ва гӯширо монд.
Воқеан ҳам, телефони дастии Фаридун занг мезад. Ӯ то телефонро ба даст гирифт, ки садои занг хомӯш шуд. Фаридун тугмаи занги бозгаштро зер кард. Телефони Парвина банд буд. Фаридун тахмин кард, ки Парвина аз дарс баромадааст. Бинобар ин, зуд дари дафтарашро баста ба ҳавлӣ баромад, то бо сабукраваш ба пешвози маҳбубааш биравад. Ӯ раҳораҳ то мошин чанд маротиба ба Парвина занг зад. Ниҳоят ӯ гӯширо бардошт:
-Алло, шумо дар куҷо? Ман ба хона расидам, вале шумо телефонатонро намебардоред,- шиква кард Парвина.
— Парвинахон, ман бо телефони дигар сӯҳбат доштам, барои ҳамин ҳам занги шуморо нашунидам. Вақте ки гӯширо бардоштам, алоқа қатъ гардид. Дигар телефони шумо банд буд. Танҳо ҳоло тавонистам бо шумо дар тамос бошам.
— Бо ягон ойимча сӯҳбати гарму ҷӯшон доштед, ки занги маро нашунидед, — киноя кард Парвина.
— Не. Баъд ба шумо мегӯям. Ҳоло дар куҷоед?
— Ман, аз бозори Шоҳмансур гузаштам. Аз истгоҳи кинотеатри «Ватан» ба маршрутка савор мешавам.
— Маро интизор шавед, ҳозир пас аз се дақиқа мерасам, гуфт Фаридун ва «Саманд»-и бодпояшро қамчин зад.
Идораи Фаридун дар наздикии бозори Шоҳмансур буд, бинобар ин ӯ зуд ба ҷои гуфтаи Парвина расид. Вале Парвина наменамуд. Ӯ ба ҷои доимии муқарраршуда пас гашт ва боз ба Парвина занг зад:
— Шумо дар куҷо?
— Ман ба музей расидам ва ба сӯи истгоҳи «Ватан» меравам, -гуфт Парвина ва алоқаро қатъ кард.
Фаридун ҳамин вақт дар назди музей буд. Ба кӯча нигарист, Парвина дар ин наздикиҳо наменамуд. Фаридун боз ба Парвина занг зад. Вале ӯ гӯширо намебардошт. Фаридун аз ин маҳзун гардид ва муҳаррики мошинашро ба кор дароварда, ба сӯи истгоҳи «Ватан» ҳаракат кард. Дар истгоҳ низ аз Парвина нишоне набуд. Ҳамин вақт як мошини «Мерседес» гузашт. Парвина дар бари ронанда нишаста буд. Аз ин Фаридун ҳайрон шуд. Якбора дилашро чизе фишурд, рашкаш бедор шуд. «Савори мошин асту мегӯяд, ки аз истгоҳ ба маршрутка савор мешавад. Чаро маро мефиребад, Парвина?», ба худ суол мекард, Фаридун. Аз ин оташи рашкаш аланга гирифта, ғазабаш омад. Дар як лаҳза олам барояш тор гардид. Парвина ҳам барояш чун маҳбубаи пешинаш хиёнаткор намуд. Ҳамидаро Фаридун аз овони донишҷӯиаш дӯст медошт. Онҳо ба ҳам аҳди муҳаббат баста буданд. Фаридун дар тараддуди издивоҷ буд. Вале Ҳамида ногаҳонӣ ба як нафар бизнесмени эронӣ издивоҷ карда, ба Амрико рафт. Пас аз ин эътимоди Фаридун аз духтарон баргашт. Ӯ дигар дар фикри муҳаббати самимиву беолоиш набуд. Вале ишқ берун аз хоҳиши инсон аст.
Аввали сол, моҳи январ дар маҷлиси фаъолони маорифи шаҳри Душанбе дар бари Фаридун духтари мавзунқомати чеҳракушоди зебое нишаста буд. Ӯ ба духтар як нимнигоҳе карда, газетаи «Омӯзгор»-ро, ки ба иштирокчиёни маҷлис дода буданд, ба мутолиа шурӯъ намуд. Маҷлис бояд соати 9 оғоз мешуд, вале масъулин ифтитоҳи ҷаласаро ба таъхир мемонданд. Дар толори хунук ҳозирин дандон ба дандон монда, менишастанд.
— Соат кайҳо аз 9 гузаштааст, чаро сар намекунанд?- беихтиёр суол кард духтар ба Фаридун.
— Вазирро интизоранд,- бадеҳатан гуфт Фаридун ба духтар эътибор надода.
-Барои вазир ин 500 нафар муаллимон ях кунанд? Кай мансабдорони мо эҳтиром кардани зердастонашонро меомӯхта бошанд?!- ба тундӣ гуфт духтар.
Ин сухан таваҷҷӯҳи Фаридунро нисбат ба духтар зиёд кард: — Шумо наметарсед, ки вазиратонро танқид мекунед?- пурсон шуд ӯ аз духтар.
— Аз чӣ тарсам? Ман ҳақиқатро гуфта истодаам. «Офтобро бо доман пӯшида намешавад», мегӯянд. Гирад, корашро мегирад. Ҷонамро намегирад-ку? Барои ҳамин коре, ки ба маошаш гурба ба офтоб намебарояд, тарсида гардам?
— Наметарсида бошед, ҷаласаро тарк мекунем ва ба қаҳвахонаи наздиктарин рафта қаҳва нӯшида гарм мешавем, пешниҳоди ногаҳонӣ кард Фаридун.
— Чаро не?
— Пас бирафтем.
Ҳамин тавр Фаридун бо Парвина, ки дар литсей муаллимаи риёзӣ буд, шинос шуд. Парвина, ки духтари китобхондаи доно буд ва ба як дидан мақбули Фаридун гашт. Онҳо бо ҳам риштаи дӯстӣ бастанд. Тез-тез ба мулоқоти якдигар меомаданд. Аз мулоқот то ба мулоқот муҳаббати Парвина дар дили Фаридун афзун мешуд. Ӯ, ки аз духтарон дилмонда шуда, оташи ишқро дар дилаш кушта буд, аз нав ошиқ гардида, худро хушбахттарин шахси дунё мешумурд.
Фаридун ин ҳамаро ба ёд оварда, бовар намекард, ки Парвина ҳам муҳаббати ӯро зери по кардааст. Вале ӯ худ бо чашми сар дид, ки Парвина бо мошини «Мерседес» аз наздаш гузашт. Фаридун ин ҳамаро таҳлил карда, хун ба сараш зад, аз ғазаб намедонист чӣ кор кунад? Аз паси Парвина ба хонаашон равад ва ба чашмонаш нигариста «ҳайфи ту» гӯяд. На, агар интихоби Парвина ҳамин бошад, чаро ба ӯ монеъ шавад?! Охир, муҳаббат маҷбурӣ нест!
Кушода шудани дари пеши мошин Фаридунро аз банди хаёл берун кард. Парвина бо як лабханди ба худ хос ба мошин нишаста гуфт:- Рашк кардед, рафиқ ошиқ!
-Не, чаро?
-Аз чеҳраатон маълум, ки дар оташи рашк сӯхта истодаед.
-Донед, пас чаро оташро аланга мезанед?
— Рашк накунед, «Аввал пурсиш, баъд кушиш», гуфтаанд. Ман бо ҳамсабақам Фотима аз дарс баромада, ба шумо занг задам. Шумо гӯширо набардоштед. Вақте ки шумо занг задед, мо пиёда ба сӯи бозори Шоҳмансур рафта истода будем. Хуб намебуд, ки Фотимаро танҳо монда аз роҳам баргардам. Вай ба бозор даромад. Ман роҳамро идома медодам, ки писархолаам Орифшоҳро дидам. Ӯ харид карда, аз бозор баромада буд. Чанд вақт боз ӯро надида будам. Баъди салому ҳолпурсӣ вай пурсид, ки куҷо меравам. Гуфтам ба истгоҳи «Ватан». Орифшоҳ ба ҳолу ҷонам намонда, ба мошинаш савор кард ва то ин истгоҳ овард. Ана ҳамин аст, қиссаи «Мерседес» савор шуданам. Ман гунаҳкорам пеши шумо. Ваъда медиҳам, ки ин гуноҳамро худи ҳозир мешӯям.
-Таллофии гуноҳро чӣ хел мешӯед?
— Шуморо худи ҳозир ба қаҳвахонаи соҳили рӯди Варзоб бурда, зиёфат медиҳам.
— Пулатон мерасад?
— Имрӯз маош гирифтам. Барои қаҳванӯшӣ мерасад, -шӯхиомез гуфт Парвина ва афзуд: — Чӣ карахт мондед, рафиқ ошиқ? Рафтем.
Фаридун як оҳи сабук кашид, санги вазнини рашк аз бағалаш афтид. ӯ мошинро ба ҳаракат даровард.

19 июни соли 2008.

СӮЗИ ДИЛ
Ҳикоя

Мошини «Ҷип» роҳи пурпечутоби ағбаро тоб хӯрда, бо як маром боло мебаромад. Манзараи табиат дар як фосилаи начандон тӯлонӣ бо фаслҳо дигар мешуд. Агар дар пойини ағба гулҳо рӯ ба хазоншавӣ оварда бошанд, пас дар миёни ағба гулҳо навшукуфт буданд. Дар болои ағба, ки ҳанӯз барфаш ҷо-ҷо хобида буд, сабзаву гули санг нав сар аз замин мебардоштанд. Шукрона ҳамаи ин зебоии табиатро намедид, ба машомаш бӯйи гул намерасид. Ӯ банди хаёлу андеша буд. Пеши чашмаш ҳамеша Ромиз буд. Ромизе, ки пинҳонӣ дӯсташ медошт.
Ромиз ҳамсабақи Шукрона дар Донишгоҳи технологии Душанбе буд. Онҳо дар ду гурӯҳи алоҳида таҳсил мекарданд, вале баъзан лексияҳои умумӣ доштанд. Тӯли се соли таҳсил Шукрона ба ягон ҷавоне таваҷҷӯҳ надошт. Танҳо дар сараш таҳсил ва забономӯзӣ буд. Ӯ дар баробари ихтисоси худ- технологи саноати консерва, забони англисиро хуб аз худ карда, озод ҳарф мезад. Сӯзи дили ӯ чун рӯзи нав аз Наврӯз сар гирифт.
Дар иди Наврӯз донишгоҳ ҷашни ҷамшедӣ ороста буд. Ба тамошо толибилмон аз донишгоҳҳои ҳамсоя низ омада буданд. Маҳаллаи «Ҷавонон», ки он ҷо якчанд донишгоҳу омӯзишгоҳҳо воқеанд, дар ҳақиқат мавқеи буду боши ҷавонон аст. Вақти тамошои базм, кадоме аз ҷавонони бегона шилқинӣ карда, аз кокули Шукрона кашида гуфт: -Зебосанама бинанд, куртаи атлас мезебаша.
— Ино агар либоси миллӣ пӯшанд, хушрӯ мешанд, -ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд рафиқи он ҷавон ва афзуд:- Вале аз куртаи миллӣ ор карда, топик мепӯшанд ин духтаро.
— Топик нағзда. Нофашона ба мора нишон метиян, — сухани рафиқашро тақвият бахшид ҷавони аввал.
Ҷавонон шилқиниашонро давом дода, яке аз онҳо боз аз кокули Шукрона кашид. Шукрона дигар ба шилқинии бачаҳо тоқат накарда, гуфт: -Шарм намедоред. Ба базм омадед, тамошо кунед ва ба дигарон халал нарасонед.
— Шарм дар бозори чарм, фаҳмидӣ!-хитоб намуд яке аз ҷавонон ва афзуд: -базм бе духтар мешудай? Биё бо мо бурем, базм кунем,-гуфт ӯ ва аз дасти Шукрона дошт. Шукрона чӣ тавр дод заданашро нафаҳмида монд. Ҳамин вақт касе муште зад он ҷавонро. Аз зарбаи аввал ӯ сарозер ба замин афтод. Рафиқи ӯ ҳам бенасиб намонд. Мушти дуввум ба сари ӯ фаромад. Ин ду ҷавон ҳатто барои дифои худ сухане нагуфта, чун рӯбоҳ «майдони набард»-ро тарк гуфтанд.
Шукрона ба худ омада дид, ки Ромиз «адаби» ин ҷавонони шилқинро додааст.
-Шукронабону, дар ин хел маъракаҳо дар назди ҳамкурсонатон бошед, бехавфтар аст. Касе ба шумо шилқинӣ намекунад.
Шукрона моту маҳбут монда, ҳатто ташаккур нагуфт.
Пас аз ин воқеа таваҷҷӯҳи Шукрона ба Ромиз афзуд. Ӯ аз ин пеш Ромизро дуруст намешинохт, танҳо номашро медонист ва салому аллейки ҳавоӣ буданд. Духтарҳо дар бораи Ромиз суханони бад мегуфтанд. Ба қавли онҳо Ромиз ҳанӯз пеш аз донишҷӯ шуданаш хизмати аскарӣ карда, барои афсареро лату кӯб карданаш маҳбас ҳам шуда будааст. Ба ғайри ин ӯ чун ҷавони дағал, авбош ва маъшуқабоз байни духтарон муаррифӣ шуда буд.
Шукрона ҳамарӯза ба Ромиз таваҷҷӯҳ намуда, ба худ кашф кард, ки Ромиз дағал бошад ҳам, авбош нест. Ӯ ҷавони адолатпешаву адолатхоҳ буда, дар ин ҷода саъй мекунад. Ин меҳри Шукронаро нисбати Ромиз рӯз аз рӯз афзун мекард. Шукрона ончунон гирифтори ишқи Ромиз шуда буд, ки агар рӯзе ӯро набинад, худро бемор эҳсос мекард. Ӯ дарун-дарун месӯхт, вале муҳаббати худро ба касе ошкор намекард. Ромиз аз ишқи Шукрона пай ҳам набурда буд.
Ниҳоят имтиҳоноти тобистона ба охир расиду донишҷӯён ба таътил баромаданд. Чун ҳамасола Шукрона таътили тобистонаашро бо модару бародаронаш дар зодгоҳи волидонаш-Яғноб мегузаронд. Онҳо дар ин мавзеи кӯҳистон аз гармои Душанбе паноҳ мебурданд. Падараш аз замини бобоиаш ҳавлӣ гирифта, хона сохта буд. Дар деҳа дар ҳамсоягӣ амаку амма ва холаву тағои Шукрона зиндагӣ мекарданд. Аксар шаҳрбудагон низ чун онҳо тобистонро дар деҳа мегузарониданд. Аз ин рӯ, Шукрона дар деҳа зиқ намешуд.
Имсол дар тобистон Шукрона бояд мисли ҳамкурсҳояш таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ мегузашт. Вале падари ӯ бо декани факултаашон маслиҳат кард, ки Шукрона ба деҳа равад ва таҷрибаомӯзиро дар моҳи сентябр пас аз дарс гузарад. Декан, ки аз дӯстони падари Шукрона буд, ба ин розӣ шуд. Шукрона ҳам худ намехост, ки дар шаҳр монда, ба ишқи Ромиз бисӯзад. Шояд аз ӯ дур рафта, фаромӯшаш бикунад. Бо ин андеша Шукрона озими деҳа шуда буд, вале ҳар қадар мошин аз Душанбе дур мешуд, оташи ишқ дар дили Шукрона бештар аланга мегирифт. Шукрона гоҳ ба кӯҳҳои сарбафалаккашида менигаристу гоҳ нигоҳашро ба дарёи шӯхи кӯҳӣ мебурд, ки дар варта ҷорӣ буд. Нигоҳаш ба атроф буду ҳушу ёдаш ба Ромиз.
Мошин дар пойини ағба истод.
-Каме ин ҷо дам мегирем, ношто мекунем ва пас роҳамонро идома медиҳем, -гуфт падар.
Мусофирон дар як лаҳза аз мошин берун шуданд. Одатан дар ин вақт Шукрона пешдастӣ мекард ва дастурхон мегустурда волидону бародаронашро сари он мехонд. Ҳоло ӯ банди фикру хаёл карахт буд. Модар дид, ки Шукрона ба худ нест:
-Духтарам ба ту чӣ шуд? Бемор шудӣ, магар,- пурсид ӯ.
-Не, ҳамту- посух дод Шукрона.
— Дар ин роҳи вайрона хаста шудагист,- хулосабарорӣ кард падар.
Шукрона вақти ношто чизе нахӯрд, аз гулӯяш чизе намегузашт. Ӯ танҳо як истакон оби чашма нӯшид.
Баъди ношто мошини «Ҷип» ба роҳ даромад. Пас аз фурсате мошин ба роҳи пурпечутоби дараи Яғоноб ворид шуд. Шукрона дар мошин хомӯш нишаста побанди хаёлот буд. Ҳар қадар ки мошин ӯро аз Душанбе дуртар мебурд, ҳамон қадар меҳри Ромиз дар дили ӯ қавитар мешуд. Магар ӯ метавонад, ду моҳи дароз дур аз Ромизе, ки дӯсташ медорад, зиндагӣ бикунад?!
Тобистони Яғноб салқин аст. Гармои рӯз аз насими дарё, ки аз пойини деҳа мегузарад, чандон эҳсос намешавад. Ба ғайри ин аз байни деҳа, аз бари ҳавлии бобои Шукрона дарёчаи Сафедоб мегузарад, ки насими аз он хеста низ пеши гармии рӯзро мегирад. Шабона бошад, дар рӯйи ҳавлӣ бе кӯрпа хоб рафта намешавад. Оби дарёча чун шир сафед аст, аз ин рӯ онро Сафедоб ном кардаанд. Тобистон оби дарёча киштаҳои сокинони деҳаро шодоб карда, нисбатан камоб мешавад.
Лаби дарёчаи Сафедоб ҷои дӯстоштаи Шукрона буд. Шукрона баъди ба деҳа омаданаш ҳар субҳ ба соҳили дарёча мерафт ва болои кати таги маҷнунбед нишаста аз насими саҳаргоҳон ҳаловат мебурд. Ба ёдаш кӯдакиву наврасиаш мерасид. Ин кат пеш набуд. Онро ду сол пеш сохтаанд. Ҷойи кат мавзеи бозии духтарон буд. Ҳар тобистон ӯ бо духтарони амакаш ва ҳамсоядухтарони дигар ин ҷо шолча партофта, менишастанд ва зочабозӣ мекарданд. Пас аз он ки калонтар шуданд, шероз бофтану дарз дӯхтанро машқ мекарданд. Ин ҷо нишаста кокулони якдигарро мебофтанд. Онҳо бо сангҳо пеши шохоби дарёчаро гирифта барои худ ҷойи оббозӣ сохта буданд. Вақти гармои рӯз онҳо худро ба оби рӯд меандохтанд, ки аз тасфи сангҳо ширгарм мешуд. Духтарони деҳотӣ худро бо либосашон ба об меандохтанд.
Шукрона ин ҳамаро ба ёд оварда, дилаш барои рӯзҳои гузашта гум мезад. Дигар дугонаҳои айёми наврасиаш нест, ки бо онҳо бозӣ бикунад. Парвинаи духтари амакаш шавҳар карда, дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Дугонаҳояш Нилуфару Зулфия низ ба шавҳар баромада, аз деҳа рафтаанд. Мехост, ки он давраи беташвишу беғамиҳои зиндагӣ бозпас гардад. Ин ҳамаро ба ёд оварда малӯл шавад ҳам, вале чизи дигаре бештар қалби кӯчаки ӯро месӯзонд. Пеши лавҳи хотираш Ромиз меистод. Симои ӯ ҳамеша пеши назараш буд. ӯро дидану суханашро шунидан мехост. Вале дар ин деҳаи кӯҳистон ҳеҷ илоҷи амалӣ кардани ин хоҳишаш набуд. Ба ин ҷо мавҷи телефони дастӣ намерасид. Аз почта занг задан мумкин буд. Вале ба кӣ?! ӯ рақами телефони дастии Ромизро намедонист. Аз ҳамсабақон занг зада пурсидан мумкин буд. Вале ба ҳамсабақон чӣ мегӯяд? Рақами телефони Ромиз ба ӯ барои чӣ лозим аст? Агар рақами телефони Ромизро пайдо бикунад ҳам, ба ӯ занг зада чӣ мегӯяд?
Омадани Шукронаро шунида, дугонаҳояш Нилуфару Зулфия аз деҳаи Гулоб, ки дар ҳамсоягӣ воқеъ аст, ба диданаш омаданд. Рӯзи якшанбе буд. Шукрона онҳоро меҳмондорӣ кард. Дугонаҳо ҳоҳиш карданд, ки болои кати лаби дарёча нишинанд. Сӯҳбати дугонаҳо то дер тасфид. Онҳо аз рӯзҳои гузашта ва зиндагии имрӯзаашон ёд карданд.
-Кош, мо ҳам таҳсил мекардем ва ин хел барвақт шавҳар карда, ба гирдоби зиндагӣ намеафтодем,- шикоят кард Зулфия. — Зиндагии деҳаро худат медонӣ Шукрона. Рӯз дар деҳа субҳ надамида сар мешавад. Ҳама кор ба дӯши занон. Гову мол мегӯӣ, боз хамиру фатир, либосшӯӣ, кӯдакпоӣ, боз кори полез. Шаб, ки шуд чун мурда меафтию хобат мебарад.
— Беҳуда, шикоят накун, Зулфия, — ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Нилуфар. –Ба будааш шукрона бояд кард. Зиндагии занон дар ҳамаҷо якранг аст. Беҳуда «Хурӯс дар ҳама ҷо як хел ҷеғ мезанад», намегӯянд. Шукр, ки мо соҳиби оилаем, шавҳару фарзанд дорем.
Воқеан ҳам, ту сари ин масъала фикр мекунӣ, Шукрона? Ягон хушкарда дорӣ, ё аз пайи дарсхонӣ дар ин бора фикр ҳам намекунӣ?
Шукрона хомӯш монд. Намедонист чӣ бигӯяд? Ӯ дар бораи издивоҷ боре ҳам фикр накарда буд. Дилаш ба Ромиз моил гаштааст. Шояд ҳамин бошад ишқ, ки дар борааш достонҳо гуфтаанд.
-Хомӯшӣ, пас касеро хуш кардаӣ,- гуфт Зулфия.
— Агар ҳаст, бигӯ, то мо ҳам бидонем, — ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Нилуфар.
— Не, хушдор надорам, -гуфт Шукрона.
— Таҳсил мекунам гуфта, боз пирдухтар нашавӣ, — афзуд Зулфия.
— «Тақдиру насиб», гуфтаанд. Ҳар чӣ дар пешониаш бошад, мешавад,- гуфт Нилуфар.
Дугонаҳо пас аз нисфирӯзӣ тараддуди ба хонаашон баргаштанро карданд.
–Шукронаҷон ба хонаи мо ҳам биё, чақ-чақ карда мешинем, -таклиф кард Нилуфар.
-Ҳа, ба хонаи мо ҳам биё,-гуфт Зулфия.
-Шумо ҳам боз биёед, — дугонаҳояшро даъват кард Шукрона.
Дугонаҳо ваъдаи дидорбинӣ карда, ба хонаашон баргаштанд. Шукрона боз маҳзун монд. Гӯиё дилаш дар кӯраи оташ аланга мегирифт. Ӯ тӯли ин чанд рӯз аз одамон канораҷӯӣ мекард. Мехост, ки танҳо бошад, то дар оромӣ симои Ромизро рӯшантар пеши назар орад.
Модар медид, ки духтараш Шукрона ҳамеша мушаввашхотиру хаёлӣ аст ва дар як ҳафта обу адо шудааст.
-Ба ту чӣ шуд, — пурсон шуд модар. Бемор-ку нестӣ.
— Не, сиҳатам.
— Дугонаҳоят нестанд, шояд зиқ мешавӣ?
— Бале, оча зиқ мешавам ин ҷо. Мехоҳам ба шаҳр баргардам. Ба таҷрибаомӯзӣ биравам.
-Ин хел, ки будааст, чаро омадӣ?
-Ман аз куҷо донам, ки зиқ мешавам ин ҷо.
-Майлаш духтарам, ягон илоҷ мекунем, ҷони оча.
Илоҷ ҳам пайдо шуд. Амаки Шукрона озими Душанбе буд. Духтари хурдиашро барои шомили донишгоҳ шудан ба Душанбе мебурд. Маслиҳат карданд, ки Меҳрона дар хонаи Шукронаино истода, ба имтиҳонот тайёрӣ мебинад ва Шукрона ба ӯ кӯмак мекунад. Аз ин хабар шодии Шукронаро ҳадду канор набуд. Ӯ имкон пайдо мекард, ки дар шаҳр ба дидори маҳбуби дилаш бирасад.
Мошини «Нива-Шевролет» роҳи пурпечутоби ағбаро гузашта, сӯи Душанбе ҳаракат мекард. Шукрона чашм ба интизор буд, ки кай мошин ба шаҳр мерасад.

30-юми июни соли 2008.

АРӮСУ ХУШДОМАН
Ҳикоя

Ҷамшед бо ҳамсинфонаш ҳар сол шанбеи охири моҳи май, дар рӯзи занги охирини мактаб гирд омада, ба навбат дар хонаи яке менишастанд. Ҳамчунин онҳо тӯли сол дар маъракаҳои ҳамдигар низ ҷамъ меомаданд.
Имсол Фазлиддин ҳамсинфонро ба хонааш, ки дар деҳаи хамсоя буд, даъват карда, зиёфат орост. Ҳамасола ба ин вохӯриҳо 20-25 нафар фаъолони синфҳои «А», «Б» ва «Д»-и хатми соли 1977, ки дорои касбу кори гуногунанд, ҷамъ меомаданд. Аз ин теъдод ҳудуди 7-8 нафар занон низ пайваста дар маъракаҳо ҷамъ меомаданд. Вақти хатми синфи даҳум, беш аз 30 сол қабл дар ин се синф қариб 75 нафар таҳсил мекарданд. Бо амри тақдир тӯли ин солҳо баъзе аз мардҳо барои зиндагии хуб тарки Тоҷикистон карданд. Баъзеи дигар дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, дар вақти вохӯрӣ дар Русия мебошанд. Баъзеи дигар ба мисли Ҳайдархӯҷаву Абдусалом аз вохӯрӣ бо ҳамсинфон канораҷӯӣ мекунанд.
Ин дафъа дар хонаи Фазлиддин 21 нафар ҳамсинфон ҷамъ омада буданд. Оғози нишаст бо ҳолпурсии маъмулӣ гузашт. Сипас сухан аз гову гӯсола, зандиҳии фарзандон рафт.
-Арӯси хуб ёфтан мушкил шудааст,-гуфт Мирзоалӣ, ки мехост ягона писарашро хонадор кунад.
— Дуруст мегӯӣ,- ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Абдураҳмон. Келине, ки бо хушдоман муросо мекунад, кам аст.
— Муносибати келин дар хонадон аз хушдоман вобаста аст,- риштаи суханро ба даст гирифт Гулсанам. Келин ҳам фарзанд аст. Бо ӯ ба мисли духтари худ муносибат бояд кард. Кори рӯзгорро бояд омӯхт.
-Бале, ин гуфтаҳо дурустанд,- ибрози назар кард Тағоймурод. Оилаам ба хонаи духтарам, ки нав келин шуда буд, ба хабаргирӣ рафт.
Қудо дар дастархон нонҳои каҷу килеб ва сӯхтаро гузошта гуфтааст: «Ана, ин нонҳои пухтаи духтаратон!». Занам аз ин дар қаҳр шуда, гуфтааст: «Беваи қанчиқ худат то ду кӯдакдор шудан нон пухта наметавонистӣ! Мемурӣ келинатро ёд диҳӣ!».
-Баъди ин ҳодиса ба духтарам дигар хушдоманаш эрод нагирифта, кори рӯзгорро омӯзонд,- афзуд Тағоймурод.
— Гуфтаҳои шумо дурустанд, вале на ҳар хушдоман бо келин чунин муносибат мекунад,- ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Баҳрулло. Аз тарафи дигар имрӯз келине, ки ба сухани хусуру хушдоман гӯш мекунад, ангуштшумор аст.
— Ба ҳар ҳол арӯс ҷои духтарро намегирад,- гуфт Ҷамшед. Он меҳре, ки духтар дорад, арӯс ҳеҷ вақт ба хусуру хушдоман дода наметавонад. Дар Эрон аксаран мардҳоро хонадомод мекунанд. Сабаб пурсидам, гуфтанд, ки «Дар пирӣ духтар ба мо нигоҳубин мекунад». Воқеан ҳам худо медонад, ки арӯс дар пирӣ хусуру хушдоманро парасторӣ кунад. Ман худ шоҳиди чунин як ҳодиса будам. Чанде қабл модарамро барои хабаргирӣ ба хонаи холааш, ба ноҳияи Гулобод бурдам. Модарам бисёр мехостанд, ки шабе бимонанд ва бо холаашон сӯҳбат бикунанд, вале пас аз нисфирӯзӣ бозгаштанӣ шуданд. Мо ҳам чизе напурсида, бархестем.
Ҳангоми бозгашт, дар дохили мошин модарам гуфтанд, ки холаашро арӯсаш азоб медодааст. Писари холаи модарам дар ноҳияи Шафтолузор, ки аз Гулобод дар масофаи беш аз 100 км воқеъ аст, мансабдори калонест. Ӯ ҳафтае як маротиба ба хонааш меомадааст. Дар ин вақт зани ӯ модарашро азобу шиканҷа медодааст. Кампир, ки ба синни 85 расидааст, ба ҳамаи ин тоқат намуда, ба писараш шикоят намекардааст, то ки муносибати зану шавҳар бад нашавад,- нақл кард Ҷамшед.
— Мутаассифона, чунин аст,- гуфт Носир.- Аксари модарон аз рафтори арӯсҳо ба писарашон шикоят намебаранд ва бо ин ҳоли худро бадтар мекунанд.
-Мо ин ҷо муносибати арӯсу хушдоман мегӯем ва фаромӯш мекунем, ки ҳоло як замонаи аҷибе шудааст. Худ фарзандон қадри волидонашонро намедонанд, дар пирӣ парасторӣ намекунанд. Ман ба шумо ҳоло қиссаеро нақл мекунам, ки қаҳрамононашро ҳамаи шумо мешиносед,- гуфт Хайрулло ва афзуд:
— Амаки Ҳоҷӣ Султонро ҳамаи шумо хуб мешиносед. Он кас се сол пеш сактаи майна шуданд ва баъди он як пой ва дасташон карахт шуда, базӯр бо асобағал ҳаракат мекунанд.
— Ҳа, хуб мешиносем. Он кас байтори ноҳия буданд ва ба бисёри одамон некиашон расидааст, -гуфт Баҳрулло.
-Ана, ҳамон кас ҳоло дар вазъияти хеле ногувор аст ва шахсе нест, ки парасториаш кунад, -суханашро идома дод Хайрулло.
— Чӣ хел? – ҳайрон пурсид Ҷамшед. – Ба донистани ман он кас даҳ фарзанд-5 писару 5 духтар доранд. Занашон ҳам ҳоло барҳаётанд. Писари кенҷагиашону оилааш бо он касанд.
— Бале, вале касе нест, ки нигоҳубинаш кунад. Ҳама бо ташвиши худ овора,- гуфт Хайрулло. – Ҳамин зимистон ба берун баромадани Ҳоҷӣ Султон мушкил шуд. Бе кӯмаки касе ҳаракат карда наметавонистанд. Зани амаки Ҳоҷӣ низ бистарӣ буданд. Аз моҳи апрел писараш барои осон шудани берунравии Ҳоҷӣ кати ӯро дар пешайвони кушода ҷой кардааст. Мӯйсафед шабу рӯз дар ин хунукии баҳори имрӯза дар пешайвон будааст. Аз сардӣ шушҳои Ҳоҷӣ шамол хӯрда варам кардаанд. Ба бемории ӯ касе аз наздиконаш эътибор надодааст. Рӯзе ҳамсояи Ҳоҷӣ, амаки Мерган ба аёдат омада мебинад, ки ҳоли ӯ вазнин аст ва базӯр ҳарф мезанад. Амаки Мерган ба Сафарбек, писари Ҳоҷӣ бемор будани падарашро гуфта, худаш рафта духтури деҳаро меорад. Духтур баъди беморро муоина кардан мегӯяд, ки шушҳои Ҳоҷӣ варам кардаанд ва бояд он касро дар беморхона бистарӣ кунанд. Духтур як сӯзандору мекунаду меравад.
Сафарбек аз ин ҳоли падараш бародарону хоҳаронашро огоҳ намекунад ва Ҳоҷӣ Султонро ба беморхона низ намебарад. Пас аз чанд рӯз ҳоли Ҳоҷӣ вазнин мешавад ва ӯ аз забон мемонад. Инро шунида фарзандонаш, хешу табор сари болини бемор ҷамъ мешаванд. Мулло оварда «Ҳазрати Ёсин» мехонанд. Вале пас аз ин Ҳоҷӣ шашмонашро кушода ба худ меояд.
— Наход ин беинсофҳо Ҳоҷӣ Султонро ба беморхона набурдаанд?- пурсид Ҷамшед.
— Куҷо беморхона мебаранд инҳо.- Як ҷияни Ҳоҷӣ духтур аст. Ӯ омада амакашро мебинад ва ба фарзандонаш мегӯяд, ки ҳоҷати ба духтур бурдани Ҳоҷӣ нест. Умраш кам мондааст. Аз чунин азоб кашидан мурдани Ҳоҷӣ беҳ аст, мегӯяд ӯ ва ба табобат кардан тавсия намедиҳад. Инак, як ҳафта аст, ки Ҳоҷӣ Султон бо марг даст ба гиребон аст,-гуфт Хайрулло.
— Пас ӯро фарзандонаш табобат намекунанд, -ҳайрон пурсид Гулсанам.
-Фарзандонаш аз ӯ безор шудаанд, касе намехоҳад, ки сари болини падараш нишинад ва ӯро парасторӣ кунад. Ҳама марги ӯро интизоранд, -гуфт Хайрулло.
— Он кас ба фикрам он қадар пир нестанд,-пурсид Абдураҳмон.
-Ҳамин сол ба 80 даромаданд. Магар 80 зиёд аст? Одамоне ҳастанд, ки ба 90 даромадаанду бардаманд. Ҳар қадар пир шавӣ, ҳамон қадар зиндагӣ ширин мешавад,- гуфт Мирзоалӣ.
— Наход фарзандон чунин бераҳму бемеҳр бошанд?!- гуфт Баҳрулло.
— Фарзандон бояд ин хел набошанд. Магар мову шумо чунин мекунем?- гуфт Ҷамшед ва афзуд: -Агар мо ин хел бошем, пас фардо фарзандони мо чунин рафтор мекунанд.
— Бале, худо ин рӯзҳоро нишон надиҳад, — гуфт Хайрулло.- Бо сад умед фарзанд калон мекунем. Худ намехӯрему ба онҳо медиҳем. Худ намепӯшему онҳоро мепӯшонем. Ба умеде, ки дар пирӣ ба мо асо бишаванд.
-Бале, ҳамаи зиндагии мо барои онҳост,-гуфт Ҷамшед.
-Бале, барои фарзандон зиндагӣ мекунем,- тақвият дод сухани ӯро Гулсанам.
-Худо ба фарзандон тавфиқ диҳад, вагарна чун аз дасту пои худ мондӣ, мӯҳтоҷ мешавӣ,- гуфт Абдураҳмон ва афзуд: — Биёед, дар ин рӯзи хурсандӣ аз чунин мушкилиҳо ёд накунем?
— Абдураҳмон дуруст мегӯяд,- тақвият дод сухани ӯро Ҷамшед ва афзуд:- Вале чунин амали нанговар бояд ҳамеша пеши назарамон бошад. Набояд фаромӯш кард, ки мо ҳам падару модари пир дорем ва худ низ солхӯрдаву барҷомонда мешавем.
— Бале, дуруст, -гуфт Хайрулло, ки худ ин нақлро карда буд. – Беҳтараш дар дигар мавзӯъ сӯҳбат кунем.
-Саросема нашавед,- гуфт Мирзоалӣ. — Ман ба шумо гуфтанӣ будам, ки чун арӯс ёфтам, шуморо ба тӯйи хонадоршавии писарам, ки пеш аз иди Рамазон мешавад, даъват мекунам.
— Агар насиб карда бошад, меоем,- гуфт Ҷамшед.- Ман ҳоло намедонам, ки он вақт дар куҷо ҳастам. Ба ҳар ҳол дар сафари хидматӣ набошам, меоям.
-Бале, агар насиба набошад, дар деҳа истода ҳам омада намешавад, — гуфт Рамзия.
— Ҳатман меоем, — гуфт Носир ва пурсид: -Аз ҳамин Сайфулло хату хабаре ҳаст?
— Сайфулло дар шаҳри Братск зиндагӣ дорад ва дар заводи алюминий кор мекунад,-гуфт Мирзоалӣ, ки бо ӯ холабача аст. –Соли гузашта хабаргирӣ омада буд.
— Чӣ хел мо хабардор нашудем?- ҳайрон пурсид Файзулло.
— Як ҳафта ҳам наистод. Пас аз вафоти падару модараш дар чанд сол як маротиба меояд ва зуд меравад,- посух дод Мирзоалӣ.
— Бале, пас аз сари падару модар меҳри бародарону хоҳарон ва равуои онҳо ба ҳам кам мешавад. Зеро дари хонаи падарӣ на ҳамеша кушода аст, -гуфт Носир.
— Бале пас аз вафоти волидон на ҳар келин ба кас рӯи хуш медиҳад,-гуфт Ҷамшед.
— Худо ба ҳар кас тавфиқ диҳад. Вагарна ҳоло аз бародариву хоҳарии пешина нишоне намонда, мисли бегонаанд фарзандони падар, — ба гуфтаҳои пешина тақвият бахшид Баҳрулло.
-Бародарон зиёд шиштем. Ба шаҳр баргаштанамон лозим. Фазлиддин, ки пагоҳ маърака дорад, ташвишаш зиёд аст. Бинобар ин, бархезем ҳам мешавад,- гуфт Носир.- Мулло Абдураҳмон ба дастархон дуо кунед.
-Воқеан ҳам, дер шуд, ба дастархон дуо кунед,- гуфт Саодат.
— Дуои нон, бақои имон, ободии макон, ҳамин хонадон ҳамеша тӯйхона бошаду навхонадорон қӯшапир шаванд. Омин ва раббил оламин!
Баъди омин кардан ҳамсинфон аз ҷо бархостанд. Фазлиддин онҳоро то беруни ҳавлӣ гусел кард.
-Касе, ки ба шаҳр равад, ман мебарам,-ба ҳамсинфон муроҷиат кард Носир.
Саноату Хонумбӣ ва Гулсанам изҳори ба шаҳр рафтан карданд.
-Ман ҳам меравам ба шаҳр, вале дертар. Ҳоло ба хона рафта аз ҳоли падару модарам хабар мегирам,- гуфт Ҷамшед. – Касе ба деҳа равад, ман ҳам мебарам.
-Мошин бисёр аст. Чор нафарро ман ҳам мебарам, -гуфт Миралӣ
-Мошини ман ҳам холӣ аст. Ман ҳам чор нафарро савор мекунам, -гуфт Абдураҳмон. –Касе пиёда намемонад.
Ҳамсинфон бо ҳам хайрухуш карда ба сабукравҳо нишастанд, то боз соли дигар ҳамин вақт бо ҳам вохӯранд.

Июни соли 2011

ИШҚИ МӮЙСАФЕД
Қисса

Маъруфу Меҳрнигор тасмим гирифтанд, ки ин тобистон якҷоя дар Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм табобату истироҳат мекунанд. Маъруф ҳар сол 12 рӯз дар ин ҷо истироҳат мекард. Тӯли ин 12 рӯз ба буғи радон мерафт, души «шарко» мегирифт ва аз ҳама асосиаш милки дандонҳояшро аз парадантоз табобат мекард. Ӯ ҳанӯз дар давраи донишҷӯияш ба ин дард гирифтор шуда буд. Пеш, дар давраи шӯравӣ ҳар сол ду маротиба милки дандонҳояшро табобат мекард. Ҳоло соле як маротиба ин ҷо духтури дандон Сироҷиддини Ҷумъа милки дандонҳои Маъруфро аз парадантоз табобат мекард.
Тӯли ин солҳо Маъруфу Сироҷиддин дӯсти наздику қадрдон шуда буданд. Маъруф барои табобат доруҳои заруриро аз Душанбе харида меовард. Сироҷиддин рӯзе се маротиба милки дандонҳои Маъруфро табобат мекард. Аз ҷумла, Сироҷиддин рӯзе ду маротиба ба милки дандони Маъруф «линкомитсин»-у «Алое» ва ё витамин сӯзандору мегузаронд. Сӯзандоруи «линкомитсин» хеле дарднок буд, аз чашми Маъруф беихтиёр ашк мерехт, вале ӯ тоқат мекард. Ба ин дарди сӯзандору на ҳама тоб меоварданд, бинобар ин аксари муштариён то охир тоқат накарда, аз табобат мегурехтанд. Маъруф манфиати ин табобатро хуб медонист ва бинобар ин ба дард тоқат мекард. Вагарна аз парадантоз милкҳо тунук шуда, дандонҳо мерехтанд. Табобати мазкур пардантозро пурра сиҳат намекард, аммо пеши инкишофи онро мегирифт. Сироҷиддин барои хизматаш аз Маъруф пул гирифтан намехост, вале ӯ дар охир базӯр ба кисаи Сироҷиддин 100 сомонӣ андохта, «назри даст» мегуфт.
Аввали моҳи июл, баъди аз донишгоҳ ба рухсатӣ баромадани Меҳрнигор Маъруф бо ӯ ба Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм омаданд. Маъруф хост, ки аз Идораи шӯрои курортҳо барои ҳардуяшон ба пули нақд роҳхат бихарад, вале ба Меҳрнигор аз донишгоҳ роҳхати имтиёзнок дода буданд ва ӯ танҳо 30 фоизи нархи онро пардохт.
Маъруфу Меҳрнигор дар ҳуҷраҳои алоҳида ҷой гирифтанд. Маъруф дар корпуси «Г», хонаи 512 ҷой гирифт. Ба Меҳрнигор аз корпуси «А», ҳуҷраи 726 ҷой доданд. Маъруф пеш аз он ки ба ҳуҷрааш рафта ҷойгир шавад, ба утоқи кории Сироҷиддин омад. Дар дари духтури дандон лавҳае овезон буд, ки таваҷҷӯҳи бинандаро ҷалб мекард:
Лаззати дунё зану дандон бувад,
Бе зану дандон ҷаҳон зиндон бувад.
Касе дар навбат набуд. Маъруф дарро «тақ-тақ» карда, вориди кабинет шуд. Муштарие набуд ва Сироҷиддин бо як марди тоссар нардбозӣ мекарданд.
— Салом, ба лаззатбахшони дунё! -хитоб кард Маъруф.
Сироҷиддин садои Маъруфро шунида аз ҷо бархост ва оғуш кушода салому ҳолпурсӣ кард:
-Маъруфҷон, хуш омадед! Чӣ ҳол доред? Саломатиатон хуб аст?
— Ташаккур, хубам. Табобатро кай сар мекунем?
-Шумо ҷойгир шудед?
— Ҷой доданд, вале ҳоло он ҷо нарафтаам.
— Пас равед, ҷойгир шавед ва баъд бемалол биёед, — гуфт Сироҷиддин.
Маъруф ба корпуси «Г» омада, дари ҳуҷраи 512-ро кӯфт. Дарро марди тақрибан ҳамсоли Маъруф кушод.
-Салом, мебахшед, ман ҳамҳуҷраи шумо, -гуфт Маъруф худро муаррифӣ намуда.
— Биёед, марҳамат кунед. Номи ман Карим,- худро муаррифӣ кард мард.- Ман ҳозир ба буғ меравам. Агар мехоҳед, якҷоя равем.
— Ман аввал як назди духтури дандон меравам ва баъд ба буғ.
-Он ҷо бисёр меистед?
-Не, ягон 10-15 дақиқа.
-Пас якҷоя меравем.
-Ман тағйири либос мекунам ва ҷомаву сачоқро гирифта, ба назди духтури дандон меравам ва аз он ҷо рост ба буғ меравам,- гуфт Маъруф.
— Ман андаке дертар бебароям ва оҳиста-оҳиста дар назди дарё дам гирифта меравам ва дар буғхона вомехӯрем,-гуфт Карим.
Маъруф аз ҳуҷрааш баромада ба Меҳрнигор занг зад.
-Бале, ҷойгир шудед?-пурсид Меҳрнигор.
— Бале, шумо чӣ? Ҳоло дар куҷоед?
-Ман ҳозир ба душ рафта истодаам. Аз корпуси «Б» ба душ фаромада истодаам.
-Ман ҳоло аз пешатон мебароям. Ҳамин ҷо вомехӯрем,-гуфт Маъруф.
Воқеан ҳам онҳо дар роҳрав вохӯрданд.
-Хуб, чӣ хел?-пурсид Маъруф.
-Ҳамҳуҷраам низ духтур будааст, баъди 2 соли ман донишгоҳи моро хатм кардааст. Ҳоло дар милиса судмедэкперт будааст.
-Ҳамҳуҷраи ман ҳам зиёӣ менамояд. Ҳоло фурсати сӯҳбат нашудааст. Ман ҳоло назди духтури дандон меравам ва баъд ба буғ. Хуллас, даводав шурӯъ шуд. Боз телефонӣ сӯҳбат мекунем ва шом вомехӯрем, -гуфт Маъруф.
-То дидор,-гуфт Меҳрнигор ва ба дари душхона даромад.

Ишқи пирдухтар

Дӯстон Раҳиму Карим рӯзи 12-уми истироҳат дар Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм пас аз хӯроки чошт озими Душанбе шуданд. Калиди ҳуҷраи хобро ба қайдгоҳ супорида, шиносномаашонро, ки чун гарав гирифта буданд, пас гирифтанд. Сабукрави «Опел»-и Раҳим дар истгоҳи мошинҳо буд. Ӯ бо қаравул ҳисобӣ карда, мошинро аз истгоҳ берун баровард. Сумкаҳоро дар бордони мошин монданд.
— Ту як лаҳза дар назди чашма нишаста ист, ман андаке мошинро шӯям, -гуфт Раҳим ба Карим.
— Ман ба ту кӯмак мекунам.
— Не, зарурат надорад, ман ҳамту чангҳояшро тоза карда андаке мешӯямаш. Ту беҳтараш, ба ман халал нарасон.
— Майлаш, нахоҳӣ, не,- гуфт Карим ва рафта дар хараки лаби чашма нишаст.
Раҳим мошин мешуст, ки ду нафар ҷавонзан бо сумкаҳояшон аз бинои осоишгоҳ баромада, ба назди чашма омаданд. Одатан аз ин ҷо таксиҳо ба Душанбе ҳаракат мекарданд. Раҳим онҳоро шинохт. Ҷавонзанон дар ошхона дар мизи ҳамсоя хӯрок мехӯрданд.
— Агар Душанбе равед, ман бепул шуморо мебарам. Мо ҳам ба шаҳр рафта истодаем, гуфт, — Раҳим.
— Не, мо пулатонро медиҳем, гуфт яке аз ҷавонзанон.
— Мо бе шумо ҳам Душанбе рафта истодаем. Пули ба мо медодаатонро ба ҷиянчаҳо конфет харед. Як панҷ дақиқа сабр кунед, ман оинаи мошинро тоза кунам, баъд меравем,- гуфт Раҳим ва афзуд: — Биёед, сумкаатонро ба мошин гузорам.
— Шумо бордонро кушоед, мо худамон мегузорем, -гуфт яке аз ҷавонзанон.
Раҳим бордони мошинро кушод ва барои сумкаҳоро гузоштани ҷавонзанон кӯмак кард. Ӯ тоза кардани мошинро анҷом дод ва Каримро даъват кард:
— Мулло Карим рафтем.
Карим дар курсии пеш назди ронанда нишаста ба ҷавонзанон, ки дар курсии қафо нишаста буданд, салом дод ва Раҳим муҳаррикро ба кор даровард. То ба даромадгоҳи Душанбе Раҳиму Карим гоҳе мусиқӣ гӯш мекарданд ва гоҳе бо ҳам «чақ-чақ» карда рафтанд. Ҷавонзанон низ бо сӯҳбати худ банд буданд. Танҳо дар назди дидбонгоҳи БДА-и Чорбоғ Раҳим аз ҷавонзанон пурсид, ки онҳо куҷо мераванд.
— Мо дар наздикии бозори «Саховат» зиндагӣ мекунем. Моро ягон ҷо сари раҳ фароред, худамон меравем,- гуфт яке аз ҷавонзанон, ки аслан ӯ бо Раҳим сухан мекард.
— Шуморо дар Зарафшон фарорем, мешавад? Аз он ҷо ба маршруткаи 28 нишаста меравед. Мо ба Регар меравем, ин ба мо ҳам қулай аст, -гуфт Раҳим.
— Хуб аст,- розӣ шуд ҷавонзан.
Дар маҳаллаи Зарафшон, дар истгоҳи маршруткаҳо Раҳим мошинро нигоҳ дошт. Ҷавонзанон аз мошин берун шуданд. Карим барои кӯмак ба онҳо аз мошин фаромад. Ӯ бо Раҳим сумкаҳои ҷавонзанонро аз бордони мошин гирифта доданд ва бо онҳо хайрухуш карданд.
— Мебахшед, акои Карим шуморо як дақиқа мумкин?- гуфт ҷавонзани дуюм, ки то ин дам хомӯш буд.
Карим аз ин ҳайрон шуда пурсид:- Марҳамат, банда дар хизмати шумо,- ҳозирҷавобӣ кард ӯ.
— Мебахшед, ба ман рақами телефони дастиатонро медодед.
— Чаро?
— Мехоҳам, ки ба шумо занг занам.
Карим ҳайрон шуда ба чеҳраи ӯ нигарист. Пеши ӯ ҷавонзани тақрибан 30-солаи хушқаду қомати сафедрӯйи малламӯй меистод. Карим нигоҳашро ба поин хамонд. Дасту пойи ҷавонзан чун булур сафед буданд, гӯиё ба онҳо офтоб нарасида буд. Дили Карим якбора таҳ хӯрд. Як эҳсоси гарме дар он туғён кард. Вале ӯ зуд худро ба даст гирифта рақами телефонашро гуфт: 96-878-56-43-58.
— Як маротиба такрор кунед, ман ба телефонам нависам, -хоҳиш кард ҷавонзан.
— 96-878-56-43-58,- такрор гуфт Карим ва афзуд: -Рақами телефони ман душворфаҳм аст, бинобар ин ба хотири кам касон мемонад.
— Ташаккур, ба хотири ман мемонад, ба телефонам сабт кардам. Ба шумо занг мезанам, -гуфт ҷавонзан ва хайрухуш кард.
Раҳим мошинро ба ҳаракат даровард. Карим раҳораҳ хомӯш буд, ба суханони Раҳим бо «Ҳа» ё «Не» посух медод. Фикру ёди ӯ ба ин ҷавонзан банд буд: «Ӯ кӣ буд ва чаро рақами телефонашро пурсид. Тӯли 10 рӯз, ки дар ошхона наздикии ҳам менишастанд, ӯ боре ҳам бо Карим ҳамсӯҳбат нашудааст. Имрӯз рақами телефон мепурсад. Чӣ мехоҳад ӯ?».
Карим бо аҳли оилааш хӯроки шом тановул мекарданд, ки занги телефони дастии ӯ баланд шуд. Карим бе хоҳиш аз сари табақи оши палов, ки завҷааш ба хотири аз осоишгоҳ баргаштанаш пухта буд, бархест ва гӯширо ба даст гирифт.
— Салом, бубахшед, ки ман шуморо ташвиш медиҳам,- садо омад аз гӯшӣ.- Ман, Лайло, ҳамин рӯз бо шумо аз Хоҷа Оби Гарм баргашта будам. Мехоҳам, ки агар имкон бошад, бо шумо сӯҳбате дошта бошам.
— Гӯшам ба шумо.
— Шумо аз рӯзи аввал писандам омада будед, вале ман ҳеҷ ҷуръати сӯҳбат карданро надоштам. Ба шумо менигаристам, вале чизе гуфта наметавонистам. Пинҳонӣ ҳар қадаматонро назора мекардам. Ҳамин саҳар фаҳмидам, ки шумо аз осоишгоҳ меравед. Намедонистам чӣ хел ба шумо алами диламро бигӯям, то ки шунида биравед. Ҳеҷ илоҷ нашуд. Ба дугонаам гуфтам, ки бармегардем ба шаҳр, агарчи боз ду рӯзи дигари истироҳат доштем. Ӯ, ки аз ҳоли ман огоҳ буд, розӣ шуд. Агар ҷуръат карда телефонатонро намегирифтам, шояд аз пасатон ба хонаатон мерафтам.
Аз гӯшӣ садои форами афсункунандае меомад, ки Карим қариб аз сари дастархон бархестанашро фаромӯш карда буд.
— Дадош, куҷо шудед? Ош хунук шуд,- гуфта садо кардани завҷааш Каримро ба худ овард.
— Мебахшед, маро ҷеғ зада истодаанд. Ман баъдтар худам ба шумо занг мезанам, — гуфт Карим ва бо Лайло хайру хуш кард.
— Кӣ катӣ ин қадар гарм сӯҳбат кардед? Дар курорт ягонто ёфтед, чӣ? – бо шубҳа пурсид завҷаи Карим Умедабону.
— Бале, якчандто. Даври мо гузашт. Мани мӯйсафед ва бар замми ин бепул ба кӣ даркорам,- ба суоли завҷааш посух дод Карим.
— Ҳозир беваҳои бешӯй бисёр. Онҳо мисли шумо мӯйсафеди бақувватро мекобанд. Медонанд, ки аз ҷавонҳо бӯи умед нест. Истифода мекунанду мепартоянд ва ҷавонашро меёбанд. Мӯйсафедон дигар илоҷ надоранд. Зани худашон пир шудаасту дилашон хонуми ҷавонро мехоҳад, вале илоҷ надоранд. Ана, ҳамин хелашро мекобанд беваҳои серпули имрӯза. Бинед-да, боз калӯшатонро пеши пойятон нагузорам, — дӯғу даранг кард Умедабону, ки садоқати шавҳарашро медонист.
— Фалсафафурӯшӣ накун, занак, маро 40 сол боз медонӣ-ку!
— Медонаму боз гуфта намешавад. Мегӯянд, ки «Заминро об вайрон мекунаду одамро одам». Шумо бо Раҳими занҷаллоб ба курорт рафтед. Кӣ медонад, ки ба гӯши шумо чӣ хонд ин ҷӯраи чорзанаатон.
— Занак, чӣ бадрашкӣ мекунӣ ё ки нав меҳрат бедор шуд.
— Ман, ки бемеҳр бошам, ин панҷ фарзанд аз куҷо мешуд?!
— Занак, файласуф шудаӣ, мемонӣ, ки ҳамин рӯз як хӯроки дуруст хӯрем. 12 рӯз фақат хӯроки беморхона медоданамон.
— О, унҷа курорт-ку? Наход хӯрокҳояш ин қадар пастсифат бошад.
— Сад бор гуфтам, ки биё ба курорт барамат, не гуфтӣ. Гумон мекунӣ, ки мо ба курорт барои маишат меравем. Не, ҷонакам, табобат меравем. Агар ҳамон буғи шифобахшу ҳавои тозаи кӯҳсораш набошад, ба ин пули қимат кӣ ба курорт меравад?!
-Майлаш, шумо ҳам гапфурӯшӣ накунед, ки ош хунук шуд.

***

Пас аз хӯрокӣ шом Карим бо баҳонаи сигорхарӣ ба кӯча баромада ба Лайло занг зад ва баъди салому ҳолпурсӣ гуфт:
— Лайлохон, шумо иштибоҳ мекунед, ман марди танҳо ва озод нестам. Ман зану фарзанд дорам.
— Чашми ишқ кӯр аст ва ин ҳама бароям аҳамият надорад, — гуфт Лайло.
— Лайлохон, шумо сари эҳсос чунин мегӯед, вале чун маро аз наздик шинохтед, ақидаатон дигар мешавад.
— Не, иштибоҳ мекунед. Аслан бо телефон наметавон эҳсоси дилро баён кард.
-Шояд. Вале ба ҳар ҳол ман шуморо намефаҳмам. Ман барои шумо як шахси тасодуфӣ ҳастам. Шумо дар бораи ман чизеро намедонед. Вале дар бораи ишқ ҳарф мезанед.
— Барои шумо шояд чунин намояд. Шумо магар ошиқ нашудаед?
— Ман садҳо маротиба ошиқ шудаам, вале чунинашро надидаам.
— Пас шумо ягон маротиба аз сидқи дил, ба таври воқеӣ ошиқ нашудаед. Вагарна чунин намегуфтед. Шумо агар азоби даҳрӯзаи маро мефаҳмидед, чунин андеша намекардед.
-Лайлохон, ман ҳам азоби шабҳои бехобӣ кашидаам, ман ҳам ошиқ будаам. Вале ҳамаи ин дар овони ҷавонӣ буд, чил сол пеш.
— Ба ҳар ҳол шумо маро нафаҳмида истодаед. Ин суханонро рӯ ба рӯ ва чашм ба чашм мегӯянд, акои Карим.
— Ман пир шудаам ба ошиқиву ишқварзӣ. Навбати набераҳоям аст акнун ишқварзӣ.
— Ин гапҳоро як сӯ монед ва бечораҳолӣ накунед. Нав акнун навбати ишқварзии шумо расидааст.
-Биёед, сари ин масъала сӯҳбат накунем, ман худро ноҳинҷор ҳис мекунам.
— Пас, ман дигар ба шумо занг назанам?
— Ин хоҳиши шумост. Ман наметавонам, шуморо занг назан гӯям. Фақат, хоҳиш, ки дар вақти корӣ занг занед. Зеро завҷаам нодуруст фаҳмида, ҷанҷолу хархаша карданаш мумкин аст.
— Майлаш, ман кӯшиш мекунам, ки сари шуморо ба ҷанҷол намонам.
— Пас, ҳоло худоҳофизӣ мекунем.
— Хуш бошед, агар аз ман гузашта бошад, мебахшед акои Карим.
Карим аз чунин ранг гирифтани вохӯрии имрӯза саргаранг шуда, қариб сигорхариро фаромӯш карда буд. Ӯ ба хона омада истода, даст ба киса бурд, то ки сигор дар диҳад. Дар қуттӣ охирин сигор буд. Ӯ сигорро дар дода пас гашт, то рафта аз дӯкон қутии нави сигори «Pine» бихарад.

***
Пас аз ин Лайло ҳар рӯз вақти дар кор будани Карим ба ӯ занг зада сӯҳбат мекард. Баъзан ӯ ду ва ҳатто се маротиба занг мезад. Карим, ки мудири шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии ноҳия буд, метавонист дар дафтари кориаш бемалол сӯҳбат бикунад. Аз ин сӯҳбатҳои телефонӣ Карим фаҳмид, ки Лайло пирдухтар будааст ва дар судэкспертизаи шаҳри Душанбе ба ҳайси духтури коршинос фаъолият карда, рутбаи майори милиса доштааст. Карим ба сӯҳбатҳои пайвастаи Лайло одат мекард ва агар ӯ боре дар ҳамон вақти муқаррарӣ занг назанад, худаш дар суроғи духтар мешуд. Ниҳоят тасмим гирифтанд, ки шанбеи охири моҳ дар Душанбе вомехӯранд.
***
Карим ним соат қабл аз вақти ваъдагӣ ба назди даромадгоҳи асосии Универмаги марказӣ омад ва барои кӯр кардани вақт ба фурӯшгоҳ даромада, растаҳоро тамошо мекард. Ӯ ба нархи маҳсулот назар дӯхта, ангушти ҳайрат мегазид: нархи молҳо нисбат ба бозори ҳатто шаҳри Турсунзода ду-се маротиба гарон буданд. Дар мағоза аз муштарӣ дида, фурӯшандаҳо бештар буданд ва онҳо аз бекорӣ ба қавле «пашша киш мегуфтанд». Албатта, ба ин нархи гарон кӣ маҳсулот мехарад? «Агар серпулҳо аз ин ҷо харид накунанд, авом ба ин ҷо намедарояд», ба худ андешид Карим. Ӯ ба назди зинаи ошёнаи дуюм омада, ба соати дасташ нигарист. Соат 7 дақиқа кам 12 буд. Ӯ ба сӯи даромадгоҳи асосӣ баргашт. Дар назди баромадгоҳи фурӯшгоҳ Кариму Лайло рӯ ба рӯи ҳам омаданд ва яку якбора ҳар ду лаҳзае моту маҳбут монданд. Ниҳоят ҳар ду «Салом» гуфта, ҳолпурсӣ карданд.
— Биёед, ба ягон тарабхона рафта мешинем, вақти хӯроки чошт шуд, -пешниҳод кард Карим.
— Майлаш, ба куҷо меравем?- суол кард Лайло.
-Ба тарабхонаи «Роҳат».
— Ба чойхонаи зарафшониҳо, гӯед. Пеш чойхонаи «Роҳат» ҷои вохӯрии мардуми водии Зарафшон буд, -тафсир кард Лайло сухани пешинаашро.- Агар касе ягон ҳамшаҳрашро диданиву пайғоме ба хешу ақрабояш расониданӣ бошад, ҳатман ба ин ҷо меомад.
— Бале, ҳамкурсҳои зарафшонии ман ҳам доим ба ин ҷо рафтуо доштанд. Вале ҳоло чойхона тарабхона шуду, дигар бо ин нархи гаронаш мардуми деҳот аз он ғизо хӯрда наметавонанд. Пас куҷое, ки бигӯед, меравем. Банда дар хизмати шумост.
-Биёед ба тарабхонаи «Тоҷикистон» меравем. Ҳам наздику ҳам камодам, — пешниҳод кард Лайло.
— Пас бирафтем.
Онҳо аз фурӯшгоҳ баромада, ба тарафи дасти рост тоб хӯрда, бо хиёбони Рӯдакӣ ягон дусад қадам монда, боз тарафи рост гашт карда, ба тарабхонаи меҳмонхонаи «Тоҷикистон» омаданд. Пешхизмат ҳуҷраи холии тарабхонаро пешниҳод карда, назди онҳо таомномаро гузошт, то ки онҳо ғизо фармоиш бидиҳанд.
— Чӣ мехӯрем? -суол кард Карим.
— Ҳар он чӣ фармоед. Ман ба хӯрокхӯрӣ бепарвоям, аз будаш рӯ намегардонам.
— Ман ҳам мисли шумоям. Ба ҳар ҳол интихоб аз шумост, -гуфт Карим ва таомномаро пеши Лайло гузошт.
Лайло таомномаро ба даст гирифта, чашм ба рӯйихати ғизоҳо бурд ва афзуд: -Дар ин гармӣ ғизои зиёд хӯрдан вазнинӣ мекунад. Бинобар ин, ба хӯроки якум нимкосагӣ карамшӯрбоӣ украинӣ фармоиш диҳем, чӣ мегӯед.
— Интихоби хуб кардаед, хӯроки сабук аст. Барои ғизои дуюм чӣ мефармоем?
— Ба фикрам сихкабоби мурғӣ фармоем, беҳтар аст. Зеро равған надорад. Шумо чӣ мегӯед?
— Агар ба шумо мақбул бошад, мешавад,- гуфт Карим ва пешхизматро даъват кард.
Пешхизмат фармоишро гирифта, пурсид:
— Чӣ менӯшед?
— Шарбати зардолуи маҳаллии истеҳсоли Хуҷанд, ки дар бонка мешавад, доред,- пурсид Лайло аз пешхизмат.
— Бале, дорем. Хориҷиҳо бештар аз ҳамон менӯшанд, — гуфт пешхизмат.
— Аз ҳамон як литр биёред, -фармоиш дод Лайло.
-Аз нӯшокии спиртӣ чӣ мефармоед?- пурсид пешхизмат.
— Чӣ менӯшед?- сухани ӯро тақвият дода аз Лайло пурсид Карим.
— Як шиша коняки тоҷикии тоза биёред.
— Як тахташоколади «воздушний» низ биёред хоҳарам,- ба пешхизмат фармоиш дод Карим ва баъди аз пеши онҳо дур шуданаш аз Лайло пурсид:- чаро коняки арзони тоҷикӣ фармудед? Ман шуморо ба тарабхона даъват кардам ва барои зиёфат додан пул дорам.
— Гап сари пул нест. Ман ҳам бо худ пули тарабхонаравӣ гирифтаам. Ростӣ гап, ман ба он нӯшокиҳои хориҷӣ чандон таваҷҷӯҳ надорам, зеро аксари онҳо қалбакианд ва дар таҳхонаҳои Душанбеву Хуҷанд омода шудаанд. Барои ҳамин ҳам нӯшокиҳои худамон, агар қалбакӣ набошанд, даҳҳо маротиба аз маҳсулоти хориҷӣ хушсифаттаранд.
— Бале, дуруст мегӯед, — сухани Лайлоро тақвият дод Карим.
Пешхизмат хӯрок овард ва онҳо овораи ғизохӯрӣ шуданд. Карим ба қадаҳҳо коняк рехта гуфт: — Ҷоми аввалро барои шумо менӯшем.
— Не, чаро барои ман. Барои шумо менӯшем, эътироз кард Лайло.
-Пас барои ҳардуямон менӯшем, -гуфт Карим ва қадаҳашро ба қадаҳи Лайло «ҷанг андохт».
Баъди се қадаҳ бардоштан сӯҳбати онҳо қӯр гирифт.
— Ба фикри шумо ман чандсолаам? – пурсид Карими ширакайф аз Лайло.
— Чилсолаед, шумо.
— Иштибоҳ мекунед. Ман ҳамин сол шастсола шудам.
-Не-е, Шумо аз синни худатон ҷавон метобед. Ба ҳар ҳол ин дигар ба ман аҳамият надорад. Ман шуморо ҳамин хел медонам.
— Бале, барои шумо аҳамият надорад. Вале барои ман муносибати мо норӯшан аст. Мо телефонӣ сӯҳбат мекардем, вале то ба ҳанӯз ман хости шуморо намедонам.
— Чӣ гӯям ба шумо. Чӣ хеле ки дар сӯҳбатҳои телефониамон гуфта будам. Ман сиву се сол дорам. Баъди хатми Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба Судмедэкспертизаи Душанбе ба кор омадам. Дар ин вақт ғоибона Академияи милисаи Тоҷикистонро низ хатм кардам. Ба ростӣ, дар вақти донишҷӯӣ чанд нафар хостгориам карданд, ки мақбулам набуданд. Ман рад мекардам. Дигар хостгорҳои пир мебаромаданд, ки яке занмурда буду дигаре мехост зани сеюмаш шавам. Дилам ба ягонтои онҳо об намехӯрд. Шуморо дар осоишгоҳ дидаму диламро аз даст додам. Ман дар умрам ошиқ нашуда будам ва намедонистам ин чӣ дардест. Инак, чӣ сӯзон ва дар баробари ин гуворо будани ин дардро эҳсос мекунам.
— Ин ишқи шумо яктарафа аст ва самар нахоҳад дод. Ман зану 5 фарзанд дорам. Шукри Худо ҳамаи онҳо оиладоранд. Писари кенҷагиамро моҳи май хонадор кардем. Соли оянда набераамро оиладор мекунем. Ӯ курси сеюмро хатм кунад, зан медиҳем, арӯсашро фотеҳа кардаем. Ман куҷову ишқварзӣ куҷо?!
— Пас гуноҳи ман чист, ки ман дер таваллуд шудаам ва ё шумо барвақт?! Ман аз шумо чизе талаб намекунам. Фақат аз шумо соҳиби як фарзанд шудан мехоҳам,- гуфт Лайло ва овозаш ларзид.
— Раҳматӣ падарам насиҳат карда буданд, ки пас аз издивоҷ карданам ба духтари бокира нарасам ва ҳеҷ гоҳ бо занҳои шавҳардор ҷимоъ накунам. Ин насиҳати падар доим дар гӯшам, онро риоя мекунам.
-Ба ман аз шумо чизе лозим нест. Хонаи шахсии сеҳуҷрагӣ дорам, ки дар он танҳо зиндагӣ мекунам. Маошам ба худам мерасад. Кӯдакро ман худам тарбия мекунам Ягон муллоро оварда никоҳ кунед, то фарзандамон ҳаромӣ набошад, шуд.
— Волидонатон ба ин чӣ мегӯянд?
— Аз издивоҷи худ касеро огоҳ намекунем.
— Ҳомиладор шавед, ба хешу ақрабо чӣ мегӯед?
— Дигаронро ба ман чӣ кор? Аз живачка ҳомиладор шудам, мегӯям. Ҳоло пур духтарон, ки бе шавҳар таваллуд карда истодаанд.
— Ба гуфтан ин кор осон. Масъулият аст. Чӣ хел фарзанд? Аз инкубатор намегирӣ-ку? Пагоҳ ин фарзанд калон шуда, падарашро пурсад, чӣ мегӯед? Ё ба таври классикӣ, падарат вафот кардааст, мегӯед?
— Дар ин бора фикр накардаам,- посух дод Лайло.
— Хуллас, амалӣ шудани ин фикри шумо кори осон нест. Ман рӯҳан ба ин амал омода нестам. Ман наметавонам занамро, ки дӯст дошта гирифтаам, фиреб кунам. Бо ӯ 40 сол зиндагӣ кардаам. Бароям ин осон нест.
— Ба ҳар ҳол ман шуморо маҷбур намекунам. Шумо ҳам маро фаҳмед, — дар чашмони Лайло ашк ҳалқа зад.
Карим, пай бурд, ки коняк таъсир кардааст ва оқибати корро андеша карда, гуфт:
— Лайло, хоҳиш мекунам, зиқ нашавед, поёни шаби сиёҳ сафед аст.
— Кай ин шаби торик поин мешавад ва субҳ медамад, худо медонад,- гуфт Лайло ашки чашмонашро пок карда.
— «Шаҳдро камаш хуб», гуфтаанд. Ба фикрам, барои имрӯзаш кифоя. Вагарна, агар боз каме истем, гиряро сар медиҳед,- гуфт Карим ва пешхизматро даъват кард:
-Хоҳар, ҳисоб кунед.
Пешхизмат варақаи ҳисобро оварда назди Карим гузошт. Карим варақаро дида қариб ҳангаш канда буд: 120 сомонӣ. Барои ҳар як соати дар ғурфаи алоҳида нишастан низ пул меситонданд. «Хайрият пул гирифта будаам», дар дил андешид Карим ва даст ба ҳамён бурда маблағи мазкурро болои миз гузошт. Онҳо аз тарабхона баромада хона ба хона шуданд.
Тӯли як сол Кариму Лайло бо ҳам вомехӯрданд, вале дар зиндагиашон дигаргунии ҷиддие рух намедод.

***

-Маъруфҷон ин аст, қиссаи ман,- нақл кард, ҳамҳуҷраи ӯ Карим. -Дар чорроҳаи зиндагӣ лолу ҳайрон мондаам. Дар яке аз вохӯриҳо, ки дар назди Театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ нишаста сихкабоб мехӯрдем, ҳамсабақам Анварро вохӯрдам. Ӯ маро бо ин хонуми зебо дида, маслиҳат дод, ки бигирамаш. Мана, як сол шуд, ки бо Лайло иртибот дорам. Ҳар рӯз телефонӣ сӯҳбат мекунем ва ҳар моҳ як ё ду маротиба вомехӯрам, Ба хонааш равуо дорам, бо ӯ ҳамхоба низ шудаам. Дарвоқеъ духтари боиффат будааст. Мехоҳад, ки бо ҳам издивоҷ кунем. Фарзанддор шудан мехоҳад. Мегӯяд, ки баъд дер мешавад, «синну солам рафта истодааст», мегӯяд. Ҳоло бо ҳам ба осоишгоҳ омадем, вале дар ҳуҷраҳои алоҳида меистем.
-Маъруфҷон, ман моҳи беайб нестам. То тавонистам духтарбозӣ кардам ва ҳоло низ аз имкониятҳо истифода мекунам, вале ҳеҷ масъулияти дузанагиро ба дӯш гирифтан намехоҳам. Сарсон мондаам ва намедонам чӣ кор кунам? Худат ӯро дидӣ, чун кабки хиромон аст.
-Бале, хеле зебо аст. Ҳар як марде, ки ӯро бинад, ошиқ мешавад, — тақвият дод сухани Каримро Маъруф.
— Бале, дуруст мегӯӣ. Ман ҳеҷ намефаҳмам, ки ҳамин қадар ҷавонмардон истода, ӯ маро дӯст доштааст.
— Чашми ишқ кӯр аст, шоҳписар қурбоққаро дӯст доштааст, мегӯянд. Шумо бояд хушбахт бошед, ки чунин як санами париваш беғаразона дӯстатон доштааст. Чунин ишқро бисёр мардон орзу мекунанд.
-Бале, агар дигар кас мешуд, аз муҳаббати Лайло истифода карда, ҳаққашро мегирифту думашро хода мекард. Вале ман намехоҳам нафареро, ки маро дӯст медорад ва ба ман эътимод дорад, фиреб кунам. Ҳамин аст, ки ба хулосаи ҷиддӣ омада наметавонам.
-Бародар, ман ҳам ба вазъияти шумо гирифторам. Касе нест, ки ба худи ман маслиҳат диҳад,-гуфт Маъруф ва ва лаҳзае хомӯш монд. Сипас фикрашро якҷо ҷамъ намуда қиссаи худро ба Карим нақл кард.

Ишқ чист?

Тайёра аз фурудгоҳи шаҳри Урумчи ба ҳаво бархост. Маъруф, ки барои тиҷорат ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рафта буд, ба Душанбе бармегашт. Ӯ дар назди иллюминатор нишаста, ба парвози тайёра назар медӯхт. Баъди чанд лаҳза замин чун харитаи географӣ хурд менамуд.
Маъруф ба ногоҳ худро бад ҳис кард. Ду чаккаи сараш ба дард даромаданд. Ӯ эҳсос кард, ки фишори хунаш баланд шудааст. Дар ин хел ҳолатҳо ӯ доруи «папазол» ё ин ки «дибазол» истеъмол мекард. Се соли охир фишори хун ӯро азият медод. Ин ҳолат аксаран ҳангоми хира шудани табъи Маъруф ё ин ки ҳангоми тағйир ёфтани боду ҳаво ё баланд шудани майдони магнитии замин рух медод. Баъзан то агар духтур сӯзандору накунад, фишораш поин намерафт. Албатта, ин пеш аз ҳама ба фаъолияти тиҷоратии Маъруф вобастагӣ дошт. Санҷишҳои баҳудаю беҳудаи масъулони соҳаҳои гуногун, ки фаъолияти соҳибкоронро назорат мекунанд ва ҳамчунин беномусона ришва талаб кардани онҳо ба торҳои асаби ӯ мерасиданд. Маъруф тиҷораташро расмӣ ба роҳ монда, мекӯшид, ки ҳаргиз аз чаҳорчӯбаи қонун берун набарояд. Вале дар ҳамин ҳол ҳам масъулин бо ҳар баҳонаи беасос фаъолияти ӯро халалдор карда, ришва металабиданд.
Ҳоло бошад, баланд шудани фишори хуни Маъруф аз тағйир ёфтани боду ҳаво вобаста буд. Ӯ эҳтимолияти баланд шудани фишори хунашро ба назар гирифта, ҳамеша бо худ дору мегирифт. Маъруф хост аз ҷой бархоста, аз сумкаи сафариаш дору гирад, вале ба ёдаш расид, ки онро ба бағоч супоридааст.
— Фишори хунатон баланд шуд? Дору диҳам?- гуфт ҳамшафати Маъруф.
Маъруф ба паҳлуяш нигоҳ кард. Курсии наздаш холӣ буд, вале дар курсии назди роҳрав духтари тақрибан 30-солаи ситорагарми зебое менишаст. Чашмҳо ба ҳам бархӯрданд. Маъруф дасту по гум кард ва базӯр ғурунгид:
— Не, ташаккур.
— Не, нагӯед, ман ҳис карда истодаам, ки фишори хуни шумо баланд шудааст,- гуфт духтар ва аз ҷо бархоста, аз бордони шифти тайёра сумкаи дастиашро гирифт.
— Шумо фолбинед магар?
— Не, ман духтур, -гуфт духтар ва афзуд:- Шумо ҳангоми баланд шудани фишори хун кадом доруро истеъмол мекунед?
— Одатан «папазол» ё «дибазол».
— Ин доруҳои сусттаъсиранд-ку?
— Ба сахттаъсирашон одат накунам гуфта, ба ҳаминҳо қаноат дорам.
— Ба шумо «папазол» ва «демидрол» медиҳам, -гуфт духтар ва тугмачаи даъвати стюардессаро зер кард. Баъди чанд лаҳза стюардесса, духтари тоҷик ба назди онҳо омад:
— Чӣ хизмат?- пурсон шуд ӯ.
— Хоҳиш, як истакон об оред, то ин кас дору нӯшанд, — ба Маъруф ишора карда, гуфт духтар.
— Як лаҳза,- гуфт стюардесса ва барои об рафт.
Маъруф доруро нӯшида ба духтар изҳори миннатдорӣ кард:
— Ташаккур ба шумо. Ин хизмати шуморо халқи тоҷик ҳаргиз фаромӯш намекунад, -шӯхӣ кард Маъруф.
— Намеарзад, вазифаи мо духтурон кӯмак кардан ба беморон аст, -гуфт духтар.-Ба ҷои ман дигар кас ҳам мебуд, ин корро мекард.
— Шояд, вале имрӯз аксари табибон бепул ба рӯи бемор нигоҳ ҳам намекунанд.
— Ин гапатон дуруст. Маоши ночиз ҳамаро чунин сангдил кардааст.
— Ба ҳар ҳол бояд инсоф кард. Қисса мекунанд, ки ба яке аз беморхонаҳои Душанбе ҷавонеро аз садамаи автомобилӣ овардаанд. Беморро ҳатман ҷарроҳӣ кардан зарур будааст. Вале ҷарроҳ дидааст, ки касе аз соҳибдаракони бемор нест, ба ман кӣ «ҳаққи хизмат» медиҳад гуфта, ҳатто ҷавонро ташхис накардааст. Пас аз чанде ҷавон фавтидааст. Ҷарроҳ барои қайди марг ҷасадро муоина карда мебинад, ки писари худаш будааст ин ҷавон. Ҷарроҳ пас аз ин ҳодиса девона шудааст. Ин қиссаи воқеӣ аст, мегӯянд мардум.
— Бале, ман ҳам ин воқеаро шунидаам, ба фикрам соле қабл буд, -тасдиқ кард гуфтаҳои Маъруфро ҳамсӯҳбаташ.
— Шумо ҳам фишори хун доред, ки чунин доруҳоро бо худ гирифтаед?- лаҷоми суханро ба дигар сӯ бурд Маъруф.
— Не, Худо нишон надиҳад. Аксаран дар сафар чунин доруҳо лозим мешаванд. Вақте касе ба ин ҳолат гирифтор шавад ва мани духтур ба ӯ кӯмак карда натавонам, хуб нест. Барои ҳамин ҳам дар сумкаи дастии ман ҳамеша доруҳои зарурӣ мавҷуданд.
— Пас доим бо шумо ҳамсафар шудан лозим будааст.
— Ин ба шумо гарон меафтад.
-Бо духтури шахсӣ сафар кардан хароҷоташро мепӯшонад. Махсусан дар хориҷа табобат хеле гарон аст.
— Пас ман ин пешниҳоди шуморо ба инобат мегирам,- ҳазломез гуфт духтар. – Шумо бисёр сафар мекунед?
— Моҳе як ё ду маротиба ба Урумчи ё Дубай меравам.
— Пас шумо ба тиҷорат машғулед?
— Аз куҷо фаҳмидед?
— Ба Чину Аморати Муттаҳидаи Араб аксаран тоҷирон сафар мекунанд.
— Шумо ҳам аз Чин баргашта истодаед. Пас шуморо ҳам тоҷир гӯем?!
— Ман аз курси думоҳаи омӯзиши тибби тибетӣ баргашта истодаам. Воқеан, номи ман Меҳрнигор. Дар Душанбе кору зиндагӣ мекунам.
— Хеле хуб. Номи ман Маъруф. Чӣ хеле ки пай бурдед, тоҷирам. Дар бозори «Корвон» як мағоза дорам ва бори онро худам меорам. Бо ҳамин машғулият чархи зиндагиро тоб дода истодаам, -гуфт ӯ ва хомӯш монд.
Дору таъсир мекард, дарди сари Маъруф кам шуда, хобаш меомад. Меҳрнигор ин ҳолати Маъруфро эҳсос карда, дигар ӯро ба гап нагирифт, то ки хобаш бурда осуда шавад.
«Мусофирони мӯҳтарам, аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки тасмачаҳои курсиро ба миёнатон бандед. Пас аз чанд лаҳза тайёраи мо ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе поин мешавад. Дар Душанбе ҳарорати ҳаво 25 дараҷа гарм,» — гуфтани стюардесса Маъруфро аз хоб бедор кард. Ӯ худро хуб эҳсос мекард, дарди сараш монда буд.
— Демидрол таъсир кардааст, ки мурда барин хобидаам, ё шумо сеҳр кардед?- ҳазломез ба Меҳрнигор муроҷиат кард Маъруф.
— Албатта, таъсири дору буд, ки хобатон бурд. Ман, ки гипноз мекардам, тамоми аҳли тайёраро бо сарнишинонаш хоб мебурд,- посух дод Меҳрнигор китоби дар дасташ бударо маҳкам карда. Маълум буд, ки ӯ дар вақти парвози тайёра ба мутолиаи китоб машғул будааст.
— Ман ба ростӣ, намедонам, ки чӣ тавр подоши хизмататонро баргардонам,- риштаи сӯҳбатро ба дигар сӯ бурд Маъруф.
— Мо барои некӣ подош намегирем, — гуфт Меҳрнигор.
— Шуморо аз фурудгоҳ ба хонаатон барам?
— Не, ташаккур. Маро пешвоз мегиранд.
— Пас чӣ хизмат кунам?
— Ҳеҷ.
Маъруф лаҳзае хомӯш монд. Ӯ хост рақами телефони Меҳрнигорро бигирад ва ё рақами телефони дастии худро бидиҳад. Вале андеша кард, ки ин аз рӯи одоб нест. Агар ӯ инро мехост, худаш рақами телефонашро мегуфт. Ин бонуи зебо шавҳар доштагист.
— Агар худо насиб карда бошад, пас, то боздид,-гуфт Маъруф.
— Душанбе деҳаи калонест ва эҳтимолияти вохӯрдан зиёд аст,- гуфт дар ҷавоб Меҳрнигор.
— Ба ҳар ҳол маро пайдо кардан мушкил нест, дар қатори назди роҳи калони бозори «Корвон» мағозаи «Бежан» ҳаст, ки ба банда тааллуқ дорад.
Тайёра фуруд омад ва пас аз лаҳзае мусофирон аз он берун шуданд. Маъруф бо Меҳрнигор хайрухуш кард.
Вақте ки ӯ бағочашро гирифта ба саҳни фурудгоҳ баромад, Меҳрнигор бо як мард ва зане сӯи таваққуфгоҳи сабукравҳо равон буданд.
Маъруфро бошад, писараш бо мошинаш интизор буд.

***

«Даҳшат! Бозори корвон боз сӯхт. Чаро? Тафсилоти бештар дар барномаи «Ахбор»-и соати 10», — садо омад аз Радиои «Имрӯз». Маъруф гӯшаки радиои мошинро тоб дода, садои онро баланд кард:
«Ба иттилои Раёсати оташнишонии шаҳри Душанбе шаби гузашта, тақрибан соати 4 дар бозори «Корвон»-и пойтахт оташ сар зад ва аз он ҳудуди 200 метри мураббаъ дӯконҳо сӯхтанд. Оташ пурра хомӯш карда шуд. Дар бораи хисороти расида ҳанӯз маълумоти дақиқ нест. Мухбири мо ба ҷои ҳодиса рафтааст. Тафсилоти бештарро дар барномаҳои дигари мо интизор шавед».
Маъруф аз шунидани ин хабар хавотир шуд. Зеро маълум набуд, ки кадом қисми бозор сӯхтааст ва мағозаи ӯ дар чӣ ҳол аст? Ӯ ба соати мошин нигарист. Ақрабаки он шашу бист дақиқаро нишон медод. «Аз сар задани сӯхтор вақти зиёде нагузаштааст», ба худ андешид Маъруф.
Пас аз 10 дақиқа ӯ ба бозор расид. Дар роҳ ҳанӯз мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ меистоданд ва ходимони оташнишонӣ ҷумбуҷӯл доштанд. Аз нигоҳи аввал маълум буд, ки оташ ба растаи онҳо расидааст. Маъруф зуд мошинро дар таваққуфгоҳи рӯ ба рӯ гузошта сӯи мағозааш давид.
Оташ мағозаҳои аз дасти рост ҷойгиршударо ба коми худ фурӯ бурда, то мағозаи Маъруф расида буд. Мағозаи ӯ барҷо бошад ҳам, вале аз дуд деворҳояш сиёҳ гардида буданд. Ба машом бӯи матоъ ва пластик мерасид. Зане рӯй ва мӯй меканд. Маъруф ӯро шинохт. Шарифа буд ӯ. Мағозаи Шарифа ду дӯкон пештар аз мағозаи Маъруф ҷойгир шуда, аз оташ пурра сӯхта буд. Ӯ ба қарибӣ аз бонк 25 ҳазор доллар қарз гирифта, мағозаашро таъмир карда, молҳои нав оварда буд.
— Шарифабону, насиб ҳамин будааст, зиқ нашавед. Саломатӣ бошад, пулу мол ёфт мешавад, -тасаллӣ дод Маъруф ҳамсояашро.
— Ман қарзро аз куҷо медиҳам?! Хонаамро гарав монда қарз гирифта будам,- бо гиря ҳарф мезад ӯ.
— Балои омада ба ҳамин равад, гӯед, ки бо оҳу нола кардан ин ҳамаро баргардонида намешавад,- гуфт Маъруф.
Ҳамин вақт шавҳари Шарифа омад ва занашро ба мошинаш савор карда, ба хона бурд.
Маъруф дари мағозаашро кушода, бодиққат онро аз назар гузаронид. Ба молҳои ӯ осеб нарасида буд. Баъди чанде фурӯшандаи мағоза Сарвиноз низ расида омад.
— Акои Маъруф, тинҷӣ аст? -пурсид Сарвиноз.
— Ба мо осеб нарасидааст, вале мағозаҳои ҳамсояҳо сӯхтаанд.
— Ин чӣ хол аст, ки ҳар сол чанд маротиба «Корвон» месӯзад?!
— Ин муаммое аст, ки бисёриҳо донистан мехоҳанд, -гуфт Маъруф ва афзуд:-Имрӯз Худо медонад, ки савдо шавад. Бинобар ин имрӯз шишаҳои тирезаҳои мағозаро аз чангу дуд тоза кардан лозим аст. Ҳамчунин деворҳоро аз нав ранг мебояд кард. Ман аз бозор чизҳои даркориро харида меорам ва аз пайи таъмири косметикӣ мешавем.
Маъруф он рӯз бо ранг кардани мағозааш машғул бошад ҳам, доим фикраш дар бораи сӯхтор буд. Ба садҳо ҳазор доллар моли тоҷирон дар оташ нобуд гардида, аксари онҳо ба якборагӣ ба қатори нодорон даромада буданд. Агар чунин ҳолат ба ӯ рух диҳад, чӣ мешавад?- ба худ меандешид ӯ. Аз ин фикру андешаҳо пас аз нисфирӯзӣ сари Маъруф ба дард даромад. Ӯ Сарвинозро рухсат дод, ки ба хонааш равад ва субҳ ба кор ояд. Дарди сар зиёд шуда, Маъруфро азият медод. Агарчи дору нӯшида бошад ҳам, он асар намекард. Ӯ қарибиҳои соати 4 дари мағозаро қулф зада, сари фармони мошин нишаст.
Маъруф мошинро рост ба дармонгоҳи ҷои истиқоматаш ронд, то дардашро ташхис кунад, агарчи тахмин мезад, ки фишори хунаш боло рафтааст.
Дар қабулгоҳи дармонгоҳ хоҳари шафқат Маъруфро дида гуфт:
— Имрӯз, ки шанбе аст, аксари духтурон аллакай корро тамом карда рафтанд. Танҳо Меҳрнигор Ашрафӣ ҳастанд. Шояд он кас шуморо қабул кунанд? Ба кабинети рақами 9 равед. Аз тарафи рости долон.
— Ташаккур, -гуфт Маъруф ва ба тарафи дасти рост тоб хӯрд.
Маъруф дарро «тақ-тақ» кард.
— Марҳамат, дароед,- садо омад аз дохили утоқ.
— Мумкин? — гуфта дарро кушод Маъруф.
Сари миз зани хилъати сафедпӯш нишаста, чизе менавишт. Ӯ сар бардошта, ба сӯи дар нигарист ва аз ҷояш хеста гуфт:
— Биёед, акои Маъруф.
Маъруф аз баландии фишор нашинохт, кист ин духтур, ки ӯро мешиносад. Наздиктар рафта дид, ки пешаш Меҳрнигор истодааст.
— Барои подош омадед?- шӯхӣ кард духтур.
— Баръакс, боз корафтодаи шумо шудам,- посух дод Маъруф.
— Шинед,- катро нишон дод Меҳрнигор ва афзуд:- Нотоб шудед, магар?
— Ба фикрам фишори хунам баланд шудааст.
— Ҳозир месанҷем,-гуфт Меҳрнигор ва аз рӯи миз тонометрро гирифта, тасмаи онро ба дасти рости Маъруф баст. Фишори хуни Маъруф 200 ба 120 буд. Меҳрнигор пас аз санҷидани фишори хун тасмаро кушода, ба дасти чапи Маъруф баст, то ки фишори хунро аз ин ҷо низ санҷад.
— Магар баланд аст?- пурсид Маъруф.
— Фишори муқаррариатон чанд аст?
-120 ба 80.
— Не, чандон баланд нест. Ҳозир сӯзандору мекунам, зуд паст мешавад, — гуфт Меҳрнигор сир бой надода.
Ӯ аз ҷевон шпиритс гирифт ва ба он доруро андохта аз Маъруф хоҳиш кард, ки дасти чапашро болои миз гузорад. Меҳрнигор дасти Маъруфро аз болои бозу бо тасма баст, то ки раги венааш намоён шавад.
-Муштатонро кушода маҳкам кунед,- хоҳиш кард Меҳрнигор аз Маъруф.-Шуд, ана ҳамин хел муштатонро то сӯзан задани ман доред ва баъд кушоед.
Ӯ ба раги хуни Маъруф сӯзандору карда гуфт:
— Акнун, туфлиатонро кашида дар кат бемалол дароз кашед. Ба таги саратон ана, ин лӯларо монед, — гуфт Меҳрнигор.
Маъруф барои аз дард раҳоӣ ёфтан бечуну чаро ба сухани ӯ гӯш дода, гуфтаашро иҷро мекард. Пас аз чанд муддате Маъруфро хоб бурд.
Меҳрнигор қайд кардани дафтарчаҳои беморони имрӯз қабул кардаашро ба охир расонида, ба соати девор нигарист. Соат аллакай аз шаш гузашта буд. Маъруф бошад, ҳанӯз ҳам хоб буд. Меҳрнигор бо таваҷҷӯҳ ба ӯ нигарист. Болои кат марди қоматбаланди чорпаҳлуи 45-50- сола ором хобида буд. Чеҳраи ӯ барои Меҳрнигор ончунон гарму ошно менамуд, ки гӯё онҳо солҳо боз ба ҳам шиноси наздик бошанд. «Чаро ин мард, ки бори дуюм мебинам, бароям ин қадар ошност?», ба худ суол кард Меҳрнигор. Вале наметавонист ба ин суол посух гӯяд.
Шояд таваҷҷӯҳи Меҳрнигор буд, ки Маъруф чашм аз хоб кушод.
— Бубахшед, хобам бурдааст,-гуфт Маъруф ба Меҳрнигор аз кат бархоста.
— Ҳеҷ гап не, ман ба шумо доруи хоб дода будам,- гуфт Меҳрнигор ва афзуд: -Ман ҳозир фишори хунатонро аз нав месанҷам.
Меҳрнигор тонометрро ба бозуи Маъруф баста фишори хуни ӯро чен кард. Фишори хуни Маъруф то ба 160 ба 100 паст шуда бошад ҳам, ҳанӯз он хатарнок буд ва ҳар лаҳза боло рафтанаш эҳтимол дошт.
— Фишорам паст шудааст?- пурсид Маъруф.
— Бале. Оё саратон дард намекунад?
— Дард кам шуд, вале ҳанӯз ҳам он эҳсос мешавад.
— Шуморо танҳо гузоштан мумкин не, баланд шудани фишоратон эҳтимол дорад. Вале ин ҷо ҳам имконияти истодан нест. Вақти корӣ ба охир расид, дармонгоҳро маҳкам мекунанд.
— Пас чӣ бояд кард?- пурсид Маъруф.
— Хонаи мо аз ин ҷо дур нест, ҳудуди 100 метр аст. Аз ин ҷо рост ба хонаи мо меравем.
— Чаро ба хонаи шумо? Хонаи мо ҳам наздик аст, ҳамагӣ чанд маҳалла аз ин ҷо дуртар.
— Шумо бояд таҳти назорати духтур бошед. Бинобар ин ба хонаи мо меравем.
— Шабона ба хонаи ҷинси латиф рафтан хуб не. Ман намехоҳам, ки ин боиси гапу калочаҳо шавад.
— Ман ҳоло духтурам, на ҷинси латиф. Ва мо барои ягон кори дигар намеравем. Барои ҳамин ҳам баҳс кардан нашояд. Хуллас, ҳоло аз ҷой хезед,-амр кард Меҳрнигор.
Вақте ки онҳо аз дармонгоҳ баромаданд, дар ин шомгоҳи тирамоҳ пардаи торикӣ фаромада буд.
— Бо мошин меравем, — ба сабукрави назди дармонгоҳ истода ишора кард Маъруф.
— Ҳоло ба шумо иҷозати мошинронӣ нест. Аз тарафи дигар, ба мошин эҳтиёҷ нест. Чӣ хеле ки гуфтам, хонаи мо дур нест, аз ин ҷо менамояд,- хонаи рӯ ба рӯи дармонгоҳро нишон дод Меҳрона.
— Майлаш, амри шумо воҷиб аст,-ноилоҷ розӣ шуд Маъруф.
Онҳо ба даромадгоҳи дуюми бино даромада, ба ошёнаи дуюм баромаданд. Меҳрнигор қуфли дари хонаи дасти ростро кушод ва Маъруфро ба дарун хонд. Даҳлези хона хеле васеъ ва барҳаво буда, аз хонаҳои оддӣ фарқ мекард.
— Ба ин хона гузаред, — Маъруфро ба ҳуҷраи нишаст даъват кард, Меҳрнигор.
Ҳуҷраи мазкур низ кушоду барҳаво буд, тақрибан 30 метри мураббаъ андоза дошт. Дар байни хона мизу шаш курсӣ, дар як тараф дивану ду роҳаткурсӣ меистод. Дар тарафи дигар, ҷевони пур аз китоб буд. Дар охири хона, дар назди тиреза дар ҷевони махсус, телевизор, DVD ва магнитофон меистоданд. Хонаро қандили хеле зебои хориҷӣ рӯшан мекард.
— Шумо болои диван дароз кашед, ман чой дам мекунам, — гуфт Меҳрнигор ва ба Маъруф лӯлаболиштро дароз кард.
— Роҳаткурсӣ қулайтар аст,- гуфт дар ҷавоб Маъруф.
— Гапатон маъқул, вале дар ҳолати шумо, дароз кашида дам гирифтан хубтар аст. Ҳа, гуфтагӣ барин, телевизор намемонам. Зеро садои он асабатонро хароб мекунад.
— Бале, агар ин барномаҳои телевизионҳои Тоҷикистон бошанд, — лабханд кард Маъруф, агарчи ҳоло ҳам худро хуб эҳсос намекард. Ҳанӯз ҳам сараш вазнин буд ва дард азияташ медод.
Ӯ болои диван дароз кашид ва чашм ба қандили булӯрин бурд. Дар рӯшании чароғҳои каммасраф булӯри қандил чандон ҷило намедод ва зебоии он миёни нурҳои хира гум мешуд. Маъруф чашмонашро пӯшид ва пас аз лаҳзае ӯро хоб бурд.
Меҳрнигор пеш аз пухтани хӯрок дар қаҳвакӯбак як мушт ҳулӯлро майда кард ва онро ба термос андохта, болояш оби ҷӯш рехт, то ки баъдан онро Маъруф нӯшад. Сипас ӯ дар тарадудди пухтани шавлаи турш шуд. Барои пухтани ин хӯрок Меҳрнигор як пора гӯшти беравғани намакхӯрдаи говро аз яхдон гирифта, дар болои тахтача қима кард ва онро бо пиёз омехта, дар дег таф дод. Ба зирбак ӯ помидору қаламфури булғорӣ ва як сабзии гирд резашударо андохт. Баъди таф хӯрдани зирбак ба дег об андохт. Пас аз ҷӯш омадани зирбак ӯ оташи дегро паст кард. Меҳрнигор мехост барои Маъруф хӯроке пазад, ки сабуку иштиҳоовар ва хушхӯр бошад. Бинобар ин ӯ барои турш шудани хӯрок як пиёла қоқи олучаи саҳроиро шуста ба дег андохт. Ҳамзамон ӯ ним пиёла биринҷро шуста, дар чиникоса ба об тар кард. То фосилаи ҷӯшидани зирбак Меҳрнигор хӯриш омода кард. Ӯ пас аз 20 дақиқаи ҷӯшидани зирбак ба дег биринҷро андохт.
Меҳрнигор корҳояшро дар ошхона ба анҷом расонида, вориди зал шуд. Маъруф ба як паҳлу мехобид. Ӯ барои аз хоб бедор накардани Маъруф пас баргашта, ба хонаи кориаш даромад ва сари миз нишаст. Компютерро даргиронд, вале дасташ ба кор намерафт. Навиштани мақолаеро оид ба таъсири равонии муҳити корӣ ва ҷомеа ба саломатии шахс оғоз карда буд. Бояд ин шаб онро анҷом медод. Солҳои охир муҳити кории аксари аҳли зиё ба куллӣ тағйир ёфта буд. Сари мансаб онҳое омада буданд, ки донишу малакаи казоии роҳбарӣ надоштанд. Ин тоифа кӯшиш мекарданд, ки ба ҳар роҳу восита ба шахсони соҳибақл таъсири манфӣ расонанд: маоши онҳоро каму комёбиҳояшонро эътироф намекарданд, барои пешрафташон халал мерасониданд. Ҳамаи ин ба саломатии одамони поквиҷдону соҳибақл таъсиргузор буданд. Ҳодисаи аз фишори хун ва сактаи дил фавтидани мардони 45-55-сола дар кишвар афзуда буд. Мавзӯи мазкур муҳим ва саривақтӣ буд, зеро аз ҳозир бонги изтироб зада нашавад, дар муддати кӯтоҳ беҳтарин инсонҳо, генофонди миллат аз байн меравад.
Ӯ аслан ба кори илмӣ байни соатҳои 9 то 12-и шаб машғул мешуд. Ҳоло ин фурсат нарасида буд ва Меҳрнигор сари компютер ба андеша рафт: «Чаро ин марди бегонаро ба хона овардам? Охир, ӯро қариб ки намешиносам. Агар ба худ омада, дастдарозӣ кунад-чӣ? Не, вай ба ин хел мардҳо монанд нест. Хушгуфтору боодоб аст», худро таскин медод Меҳрнигор. «Маъруф ба худ омада, дар бораи ман чӣ мегуфта бошад? Боз маро аз хонумҳои сабукпо фикр накунад, ки марди бегонаро «ҷон-ҷон» гуфта, хона меоранд»,- ба худ андешид ӯ.
«Охир, ман дигар илоҷе надоштам. Дар дармонгоҳ то дер истодан боиси гапу калочаи зиёд мешавад. Гапи духтару зани бешавҳар ҳамеша дар забони мардум. Дурӯғ ва носазо ҳарф мезананд, гӯё дигар коре надошта бошанд ин мардум. Дар чунин ҳолат Маъруфро ба хонааш ҳам бурда намешуд, фишораш боз баланд шуда, ба саломатиаш марг таҳдид мекард.»,- ин амали худро дуруст маънидод мекард Меҳрнигор.
Дар ҳақиқат Меҳрнигор духтари поку боиффат ва беолоиш буд. Ба мардон чун дӯсту ҳамкор муносибат мекард. Аз ҷиддияти ӯ тарсида, на ҳар кас беҳуда ҳамсӯҳбаташ мешуд. Ӯ баъди хатми Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино се сол дар беморхонаи марказии шаҳри Душанбе ба ҳайси духтури бемориҳои дил кор кард ва аз он ҷо ба аспирантураи Донишгоҳи тиббии Маскав дохил шуд. Ӯ тӯли се соли таҳсил дар аспирантура боз дар беморхона низ навбатдорӣ карда, малакаи касбиашро сайқал медод. Рисолаи номзадиашро дар охири соли сеюм дифоъ карда, соҳиби дараҷаи илмии номзади улуми тиб гардид. Раёсати донишгоҳ донишу қобилият ва кордонии Меҳрнигорро ба назар гирифта, барояш кор пешниҳод карданд. Вале ӯ дар Маскав наистода, ба ватан баргашт ва ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба кор даромад. Меҳрнигор номзади илм бошад, ҳам ӯро ҳамчун ассистенти кафедра ба кор гирифтанд. Дар донишгоҳ маош хеле кам буд, он солҳо ассистент ҳамагӣ 350 сомонӣ маош мегирифт. Маоши профессор бошад, 850 сомонӣ буд. Албатта, маоши мазкур бо нархи бозорҳои Душанбе барои ғизои якҳафтаина ҳам намерасид. Бинобар ин ҳар кас ҳар хеле ки метавонист, аробаи зиндагиашро мекашид. Яке аз донишҷӯён ришва мегирифт, дуюмӣ дар ягон беморхона кор карда, аз беморон пул меситонд, дигаре тиҷорате дошт ва аз ин ҳисоб рӯзӣ ба даст меовард. Меҳрнигор, ки шахси поквиҷдон буд, танҳо аз ҳисоби маоши ҳалол зиндагӣ мекард. Ӯ дар баробари дар донишгоҳ дарс гуфтанаш, дар дармонгоҳи назди хонаашон ба кор даромад ва аз он ҷо ҳам моҳе 300 сомонӣ маош мегирифт. Он солҳо падару модараш дар Душанбе буданд ва ӯ бо онҳо якҷоя зиндагӣ мекард. Меҳрнигор бо кордонии худ дар як муддати кӯтоҳ байни устодону донишҷӯён маҳбубият пайдо кард. Ӯ дар баробари кору тадрис ба пажӯҳиш ҳам машғул шуда, рисолаи докторӣ менавишт.
Меҳрнигор аз банди хаёл берун ҷаста, ба ақрабаки соати рӯи миз нигарист. Аз биринҷро ба дег андохтанаш 25 дақиқа гузашта буд. «Бояд ғизо пухта бошад», ба худ андешид ӯ ва аз ҷо бархоста, ба ошхона равон шуд.
Шавла пухта буд. Меҳрнигор плитаро хомӯш кард ва аз пайи густурдани дастархон шуд. Ӯ ба меҳмонхона даромада, болои миз дастархон паҳн кард. Маъруф, ки саломатиаш андаке беҳ шуда буд, бо шунидани шарфаи по аз бистар хеста, болои диван нишаст.
— Маро хобонда куҷо рафтед?-пурсид ӯ аз Меҳрнигор.
— Ҳадафи ман ҳам ҳамин буд, ки шуморо хобонда, хӯрокпазӣ равам. Ана, хӯроки саридастии мо тайёр шуд. Албатта, ман меҳмондорӣ карда, бароятон палов напухтам,-гуфт Меҳрнигор.
— Барои «меҳмони нохонда» магар оши палов мепазанд?
— Чаро не?! Барои шумо мепазам, вале ягон рӯзи дигар, вақте ки фишоратон мӯътадил бошад. Ҳоло рафта дастатонро шӯед, — гуфт Меҳрнигор ва аз ҷевон сачоқи тоза гирифта ба Маъруф дод. –Албатта, ташнобро меёбед.
— Бале,- гуфт Маъруф ва ба дастшӯӣ рафт.
Вақте ки Маъруф аз дастшӯӣ омад, болои дастархонро пур аз анвои ғизо дид. Меҳрнигор болои дастархонро бо лаълии шоколадҳои гуногун, мавизу бодому писта ва кулчақандҳо пур карда буд.
— Ман магар ин ҷо хӯрданӣ омадаам?- гуфт ба Меҳрнигор Маъруф ва афзуд: — Шарт набуд, ки ҳамаи инро болои дастархон гузоред, рӯйихаташро меовардед кифоя буд, медонистам, ки шумо чӣ доред дар хона,-шӯхӣ кард ӯ.
— Дафъаи дигар ба назар мегирам. Ҳоло аввал оби ҳулӯл нӯшед, фишорро паст мекунад,- гуфт Меҳрнигор истаконро ба Маъруф дароз карда.
Маъруф оби истаконро, ки ҳанӯз ҳам гарм буд, оҳиста-оҳиста нӯшид. Пас аз ин Меҳрнигор яккосагӣ оши турш овард ва ҳар ду хӯроки шом хӯрданд.
— Хӯроки бомазза пухтаед, ташаккур. Акнун бо иҷозаи шумо ба хонаам биравам, дер шуд-гуфт Маъруф ба дастархон дуо карда.
— Ҳоло як лаҳза истед, ман фишори хунатонро чен кунам, -гуфт Меҳрнигор ва аз ҷо бархоста ба хонаи дигар гузашт, то танометрро биёрад. Ӯ пас аз чанд лаҳзае бо танометр баргашта, фишори хуни Маъруфро чен кард. Танометр фишори Маъруфро 145 ба 95 нишон медод.
— Саратон дард намекунад?- пурсид Меҳрнигор.
— Дарди сарам монд, вале каду барин аст, он.
— Ҳозир рафта дору хӯрда хоб кунед, субҳ ҳамааш хуб мешавад,- гуфт Меҳрнигор ва аз ҷевон як қуттии «Спазмагон»-ро бароварда, аз он чор донаашро бо қайчӣ бурида, ба Маъруф дод.
— Ба хонаатон ки рафтед, аз ин ҳаб як дона нӯшида хоб равед, — маслиҳат дод, Меҳрнигор. Ҳа, воқеан, рақами телефони дастии маро нависед, агар мабодо фишоратон баланд шуд, ба ман занг занед. Нависед: 93556556593
— Ҳозир, як лаҳза, -гуфт Маъруф ва аз кисааш телефонро гирифта, рақами мазкурро сабт намуд. — Агар фишорам баланд нашавад, занг назанам?- шӯхиомез пурсид ӯ.
— Чаро, не?! Метавонед ҳар вақти дилхоҳатон занг занед. Агар пули телефонам меравад, гӯед, ман худам занг мезанам. Ба ман як занг бифиристед, то рақами телефонатонро сабт кунам, -бо шӯхӣ посух дод, Меҳрнигор.
— Кош, ҳамин хел мекардед, -гуфт Маъруф ва ба рақами сабткардааш занг зад. Аз хонаи дарун садои занг баланд шуд.
— Ман баъдан рақами телефонатонро сабт мекунам.
— Ташаккур, дастатон дардро набинад. Шаби хуш,- гуфт Маъруф пеш аз дар баромадан.
— То дидор, аз пайи саломатиатон шавед.

***
Вақте ки Маъруф ба хонааш омад, соат қариб 12-и шаб мешуд. Чун ӯ аз дар даромад занаш ғур-ғур кард:
— То ин бевақтӣ дар куҷо мегардед? Ними шаб шуд, пеши беваҳотон намондед ё дар хонаашон ҷой набуд?!
Маъруф, ки ба ин сарзаниши занаш одат карда буд, хомӯширо авло дониста, дигар ба носазогӯии ӯ эътибор намедод. Солҳои пеш бошад, аксуламал нишон медод ва дар хона моҷаро мехест, табъаш хираву фишораш баланд мешуд. Ҳамакнун фаҳмид, ки агар ба ин рашкҳои беҳудаи занаш вокуниш нишон диҳад, зиён ба саломатиаш аст. Бинобар ин худро ба карӣ мезад ва «даҳони баста сад тилло» гуфта, хомӯширо ихтиёр мекард. Ин хомӯшии Маъруф ғазаби занашро афзун мекард ва ӯ чун оташ аланга гирифта, моҷароҷӯӣ мекард. Вале Маъруф идора кардани эҳсосоти худро омӯхта буд ва ӯро дигар ба ҷанҷоли хонаводагӣ кашидан кори осон набуд. Суханони модарро шунида, писару духтари Маъруф ба даҳлез баромаданд.
— Дада, тинҷӣ аст? Аз радио шунидам, ки боз бозори «Корвон» сӯхтааст. Ба мағозаи мо зарар нарасидааст?-пурсид Комрон.
— Шукр, ки зиёни зиёд нарасидааст. Дӯкони ҳамсояҳо сӯхтанд. Ин хабарро, ки шунида будӣ, чаро ба бозор наомадӣ ё аққалан як маротиба занг назадӣ?! Агар ман дар сафар бошам, ҳамин хел меистодӣ? Бачаи калон шудӣ, дигар донишҷӯ нестӣ, кор мекунӣ. Аз пайи рӯзгор бишав. Ман имрӯз ҳастам, пагоҳ не. Касе дар ин дунё сутун нашудааст.
— Ин хел нагӯед, шумо нав ба 50 даромадед,- гуфт Комрон.
— Марг ҷавону пир намегӯяд. Магар намешунавӣ, ки ҳар рӯз чандин ҷавонмардон аз сактаи дил ё баландии фишор фавтида истодаанд.
— Дада, чашмонатон сурх аст, мабодо фишори хунатон баланд нашуда бошад, дору биёрам? — ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд духтари Маъруф Ёсуман, ки мактабхон буд.
— Не, духтарам, дору дорам. Об биёр шуд.
— Ҳозир, — гуфт Ёсуман ва ба ошхона рафт.
Маъруф аз доруи додаи Меҳрнигор як ҳаб нӯшид ва ба хонаи хоб даромад, то тағйири либос кунад.
Занаш, ки ором шуда буд, дарро кушода пурсид:
— Хӯрок мехӯред?
— Не, ташаккур, чун аз дар даромадам серам кардӣ,-гуфт Маъруф ва ба ҷогаҳ даромад. Баъди чанде занаш низ омада дар бараш хоб кард ва ӯро ба оғӯш гирифта, меҳрубонӣ карданӣ шуд, то ғубори дили Маъруфро барорад. Пас аз ғур-ғур кардан дигар меҳрубониаш ба дил намеғунҷид.
— Ин меҳрубониро вақти ба хона омадан мекардӣ, акнун мон ором хобам, то фишори хунам боз баланд нашавад, -гуфт Маъруф ба занаш.
— Воқеан ҳам ба мағозаатон зарар нарасидааст?
— Не. Деворҳоро каме дуд задааст, ки аз нав ранг кардем, -посух дод Маъруф ва худро ба хоб андохт.
Ӯ ҳар чанд чашмонашро мепӯшид, вале хобаш намеомад. Воқеаҳои имрӯз рухдода пеши назараш мегузаштанд. Ба вижа баланд шудани фишори хунаш ва даво кардани Меҳрнигор ӯро ба андеша водор мекард. Ӯ ҳайрон буд, ки дар ҳамин давраи сармоядорӣ, ки бе манфиат ҳатто писар ба падар кӯмак намекунад, Меҳрнигор чанд соат вақташро ройгон ба давои ӯ масраф кард. «Ана, ҳамин хел одамони поксиришт ҳастанд, ки дунё чаппа намешавад», ба худ меандешид ӯ.

***
Маъруф субҳи барвақт бедор шуд, зану кӯдаконаш ҳанӯз дар хоби ноз буданд. Ӯ ду дона тухмро ҷӯшонда бо як пора нони сабӯсдор ношто кард. Маъруф одате дошт, ки ҳар субҳ ношто накарда аз хона намебаромад. Зеро маълум набуд, ки рӯзи дароз фурсати хӯрокхурӣ мешавад ё не. Вақте ки ӯ ба бозор омад, соат ҳанӯз шаш нашуда буд. Маъруф дари мағозаро боз намуда, ба савдо шурӯъ кард. Аслан аз субҳ харидорони яклухт меомаданд, зеро нархи молҳои мағозаи Маъруф нисбати бозор арзон буданд. Соати ҳафт Меҳрнигор ба Маъруф занг зад:
— Ассалом, бедор накардам? Саломатиатон чӣ хел?
— Ташаккур, бо давои шумо саломатиам хуб аст. Як соат аст, ки дар мағозаам ва савдо карда истодаам.
— Ба ҳар ҳол бояд шумо як маротиба аз муоинаи тиббӣ гузаред ва худро аз фишори хун табобат кунед.
— Ба ҷон, вақт шавад, меравам.
— Кор гуфта саломатиатонро аз даст медиҳед. Баъд саломатиро барқарор кардан осон намешавад.
— Ман бо шумо розӣ ҳастам.
— Пас худи пагоҳ ба Маркази ташхис рафта, аз муоина гузаред ва натиҷаашро ба ман оред. Ман худам шуморо табобат мекунам.
— Ҳамчунин пагоҳ, субҳ хӯрок нахӯрда, дар беморхонаи Қарияи Боло барои ташхис хун супоред ва натиҷаи онро низ ба ман биёред, -бо амр гуфт Меҳрнигор.
— Итоат, духтурҷон, -гуфт Маъруф ва афзуд: -Худи пагоҳ мағозаро ба фурӯшанда монда, аз пайи муоина мешавам.
— Хеле хуб. Пас ман шуморо бо натиҷаҳои ташхис интизорам,-худоҳофизӣ кард Меҳрнигор.
Маъруф ба фурӯшандааш Сарвиноз гуфт, ки пагоҳ барои муоинаи тиббӣ меравад ва ӯ худаш субҳ мағозаро кушода, савдо кардан гирад.
Маъруф ба ваъдаи додааш вафо кард ва рӯзи душанбе аз муоинаи тиббӣ гузашта, ба Меҳрнигор занг зад:
— Салом, табиби ҳозиқи мо. Сиҳат саломат ҳастед?- пурсупос кард ӯ.
— Ташаккур, сиҳатии ман хуб аст. Шумо чӣ ҳол доред? Аз муоина гузаштед? – пурсид Меҳрнигор.
— Бале, сухани шумо барои мо амрест, ки иҷрояш ҳатмист, -шӯхӣ кард Маъруф.
— Хунатонро ташхис кардед?
— Бале.
— Пас, агар вақт дошта бошед, баъди соати чор натиҷаи ташхисҳоро гирифта биёед. Ман ҳоло дар донишгоҳам, пас аз нисфирӯзӣ дар дармонгоҳ мешавам. То соати чор беморон зиёданд ва беҳуда навбатпоӣ мекунед.
— Хуб шудааст, ҳатман меоям.
— Интизор мешавам, -гуфт Меҳрнигор ба сӯҳбат хотима гузошта.
Маъруф расо соати чор ба дармонгоҳ омад. Дар назди дари утоқи Меҳрнигор зани калонсоле навбат мепоид.
— Ассалом, шумо ба муоинаи доктор Ашрафӣ даромаданиед,- суол кард Маъруф.
— Бале, ҳоло он кас банданд, беморро қабул карда истодаанд.
— Интизор мешавем, -гуфт Маъруф ва ба курсии назди дар нишаст.
— Доктор Ашрафӣ духтури поквиҷдон ва ҳалолкоранд, бинобар ин беморон пеши он кас меоянд,- гуфт зан ва афзуд: -Доктор ба касе тамаъ надоранд, аз бемор ришва намегиранд ва мисли духтурҳои дигар доруҳои нодаркор наменависанд. Хуллас, чунин духтурони инсонсиришт ангуштшуморанд.
— Бале,- гуфт Маъруф ва ба андеша рафт: «Чунин инсони хуб будааст, ки маро ба ҳолу ҷонам намонда худро табобат кунед, мегӯяд. Шояд дарвоқеъ Меҳрнигор маро табобат бикунад, аз дарди фишори хун раҳо ёбам».
Кушода шудани дар Маъруфро аз банди хаёл берун кард. Зане аз назди духтур баромад. Аз паси ӯ худи Меҳрнигор низ аз ҳуҷра берун шуд, то бемори навбатиро даъват кунад. Ӯ Маъруфро дида узр пурсид:
— Мебахшед, шуморо интизор кардам. Имрӯз беморон зиёданд.
— Ҳеҷ гап не, интизор мешавам,- гуфт Маъруф.
Маъруф ҳудуди 15 дақиқа интизор шуда буд, ки бемор аз назди Меҳрнигор баромад. Ӯ Маъруфро ба ҳузураш даъват кард.
Маъруф ба ҳуҷраи шинос ворид шуд.
— Ин ҷо шишта истед,- ба курсии наздаш ишора кард, Меҳрнигор ва афзуд: Натиҷаи муоина ва ташхиси хунро овардед?
-Ҳа,- посух дод Маъруф ва файли дар дасташ бударо ба Меҳрнигор дароз кард.
Меҳрнигор коғазҳоро аз файл бароварда, онҳоро бодиққат хонда гуфт: -Худро чӣ хел ҳис карда истодаед? Саратон дард намекунад?
— Хубам. Баъди давои шумо дигар сарам дард намекунад.
— Дастатонро болои миз гузоред, фишоратонро чен кунам.
Меҳрнигор ба бозуи Маъруф танометрро баста, фишори хунашро чен кард. Ақрабаки танометр 130 ба 90-ро нишон медод, ки ин барои мардони ин синну сол мувофиқ буд.
— Ба хайр аст-ку,- ба хулоса омад Меҳрнигор. Натиҷаи ташхиси шумо аз он далолат мекунад, ки тағйироти ҷиддие дар организми шумо нест. Албатта, ин тағйирот ҳам аз болоравии синну сол аст. Баландшавии фишори хунатон бошад, пеш аз ҳама ба асаби шумо вобастагӣ дорад. Ба фикрам бисёр асабонӣ мешавед.
-Шояд. Феълан танҳо одами бевиҷдону беномус асабонӣ намешавад. Ҳар қадам ноҷӯрие ба чашм мерасад, ки чашм пӯшида намешавад. Ба қавли Соиб:
Ҳар кӣ по каҷ мегузорад, хуни дил мо мехӯрем,
Шишаи номуси олам дар бағал дорем, мо.
— Шишаи номус гуфта, фишори хунатонро баланд кардан гиред.
— Ба фикри шумо бояд кӯру кар ва гунг бояд бошам?
— Гапатон дуруст, одами бовиҷдон ин камбудиҳоро надида наметавонад. Вале аз ғамхӯриҳои шумо чизе магар ислоҳ мешавад?!
— Пас чӣ маслиҳат медиҳед?
-Албатта, хислати шуморо дигар карда намешавад. «Он чӣ бо хун омадааст, бо ҷон меравад», гуфтаанд. Бинобар ин, барои пешгирӣ баландшавии фишори хунатон ман ба шумо дору менависам. Вале аз ҳама табобати асосӣ, ин асабонӣ нашудан ва истироҳат аст. Шумо ба фикрам кам истироҳат мекунед.
— Ҳар сол як маротиба 12 рӯз дар Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм истироҳат мекунам.
— Ин магар истироҳат аст? Ақаллан ҳар ҳафта як рӯз бояд истироҳат кард.
— Чунин истироҳат барои бойбачаҳост. Мо агар як рӯз кор накунем, ҳатман он рӯз дастархонамон холӣ хоҳад буд, — гуфт Маъруф.
— Ба ҳар ҳол саломатиатонро эҳтиёт кунед. Бистарӣ, ки шудед, дигар ба касе лозим намешавед.
Меҳрнигор дар дорухаташ, ки бо мӯҳри шахсиаш тасдиқ мешуд, номи доруҳои лозимиро навишта ба Маъруф дод ва гуфт:
— Доруро метавонед аз дорухонаи шиносатон гиред, то фиреб надиҳанд. Доруҳои навиштаам, аз 40 сомонӣ зиёд намешавад. Доруҳоро 10 рӯз истеъмол кунед ва сипас ба пешам биёед.
— Фаҳмо. Ташаккур, дастатон дардро набинад, — гуфт Маъруф ва афзуд: — Мо пеши шумо қарздор. Барои ҳамин шуморо ба хӯроки шом даъват мекунам.
-Ташаккур барои даъват. Вале аввал, ин ки шумо қарздор нестед. Дуввум, ин ки ман ин шом бандам. Як кори ҳатмӣ дорам. Мақолаамро ҳамин шаб бод навишта ба охир расонам.
— Пас чӣ илоҷ?
— Рӯзи худо зиёд аст. Ягон рӯзи дигар.
— Пас он рӯзро интизор мешавем.
— Насиб. Шумо маро интизор нашуда, рафтан гиред. Ман ҳоло ҳисоботамро бояд ба анҷом расонам ва ба сардухтур супорам.
— Пас, худо ҳофиз, -гуфт Маъруф ва аз ҳуҷра баромад.

***
Маъруф ба Сарвиноз занг зада, гуфт, ки ӯро интизор нашуда, дари мағозаро маҳкам кунад ва ба хонаашон равад. Худи ӯ низ ба хонааш омад. Завҷааш барвақт аз кор омадани Маъруфро дида, боз ғурунгид:
— Ин бегоҳ вохӯрӣ набуд, ки барвақт омадед?! — неш зад ӯ.
— Не, набуд! – посух дод Маъруф ва ба хонаи хоб даромада, либос иваз кард ва худро болои диван партофт, то андаке дароз кашида куфти рӯзро барорад.
Ӯ аз субҳи содиқ то шоми торик дар такупӯйи зиндагист. Аксаран ӯ дар мағоза ба по рост аст. Бинобар ин бегоҳ мондаву лакот ба хона бармегардад ва бештар вақт хӯроки шом ҳам намехӯрад. Зани Маъруф шахси таҳсилдида, муаллима бошад ҳам, аксаран аз рашки беҳуда ҳоли ӯро табоҳ мекунад. Ба тиҷорат машғул шудани Маъруф ҳам аз ҷангу ҷанҷоли ӯ маншаъ мегирад. Ҳанӯз 15 сол қабл муаллимони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Душанбе ба ришвагирӣ одат накарда буданд. Ба маоши ками муаллимӣ бори зиндагиро кашида намешуд. Завҷаи Маъруф инро эҳсос карда, ӯро ба ҷону ҳолаш намонда, барои ба тиҷорат машғул шудан раҳнамун сохт. Маъруф мошини сабукравашро фурӯхта, ба пули он ба тиҷорат машғул шуд. Кори ӯ омад карду тиҷораташ равнақ гирифт ва ӯ мағозаи худашро кушод.
Ҳоло ӯ андеша мекард, ки «магар зиндагӣ фақат пулкоркунӣ аст?!». Барои аҳли оила ӯ марди пулёбро мемонад. Воқеан ҳам, заҳмати ӯст, ки дар рӯзгор аз чизе камбудӣ надоранд. Аҳли хонавода аз либосу ғизо таъминанд. Фарзандон дар симои ӯ кисаи пулро мебинанд. Бемеҳру бетафовутанд онҳо. Писараш донишгоҳро хатм карда, ду сол боз кор мекунад, вале ҳанӯз ба ӯ як ҷуфт ҷӯроби пахтагини дусомона ҳам нахаридааст.
Ба ёди Маъруф суханони Меҳрнигор меомад, ки «Бемории шумо аз асаб аст. Бояд истироҳат кунед!». Бале, ӯ дуруст мегӯяд. Тӯли 15 соли ба тиҷорат машғул шуданаш, боре истироҳат накардааст. Реҷаи зиндагиаш якранг аст: субҳ ба кор мераваду шаб аз кор меояд. Ҳар рӯз ба ин минвол якранг мегузарад. «Магар зиндагӣ ҳамин аст?!», ба худ андешид ӯ. «Не, ин зиндагӣ нест. Ин рӯзгузаронӣ аст. Бояд истироҳат кард. Вале кай?». Ниҳоят Маъруф тасмим гирифт, ки ҳафтаи дигар барои либос харидан ба Дубай меравад ва ягон ҳафта зиёдтар таваққуф намуда, каме истироҳат мекунад. Бо ҳамин ният Маъруфро хоб бурд.
Субҳи рӯзи дигар Маъруф аз дорухонаи дӯсташ доруҳои навиштаи Меҳрнигорро харида, ба истеъмоли онҳо шурӯъ кард.
Аз байн ду рӯз гузашта буд, ки Меҳрнигор ба Маъруф занг зада ҳолпурсӣ кард:
— Акои Маъруф, чӣ ҳол доред? Табобат гирифта истодаед?
— Шукр, хубам. Албатта, доруҳоро истеъмол карда истодаам.
— Фишоратон дигар баланд нашудааст?
— Не, бо давои шумо сиҳатам. Воқеан, ман шуморо зиёфат доданӣ будам. Агар малол наояд ин бегоҳ шуморо ба тарабхона даъват карданиям.
— Агар малол ояд чӣ?
— Ман хафа мешавам.
— Чаро?
— Ман худро пеши шумо қарздор мепиндорам.
— Барои чӣ?
— Барои табобат ва меҳрубонии шумо.
-Табобат кардан вазифаи ман аст.
— Ба ҳар ҳол феълан ҳеҷ ягон духтур бе подош табобат намекунад.
— Гӯри ҳар кас ҷудо аст.
— «Элак баҳонаву дидор ғанимат аст», гуфтаанд.
— Маро диданӣ бошед, ба дармонгоҳ биёед.
— Хуб, бегоҳ меоям.
— Майлаш, -розӣ шуд Меҳрнигор.
***
Бегоҳ Маъруф як даста гули садбарги сафед харида, ба дармонгоҳ омад. Ӯ дари ҳуҷраи кории Меҳрнигорро оҳиста тақ-тақ кард.
«Дароед»,- садо омад аз дохил.
Маъруф дарро боз карда вориди ҳуҷра шуд. Меҳрнигор сари миз нишаста, саргарми пур кардани беморномаҳо буд.
-Ман омадам,- гуфт Маъруф ба миз наздик шуда.
-Хуш омадед, нури дида тоҷи сар,- гуфт Меҳрнигор сар аз коғазҳо бардошта.
— Ин гулдаста ба шумо,- гуфт Маъруф ва афзуд: -Ҳамеша шукуфон бошед!
-Ташаккур, ҳеҷ зарурат надошт.
— Зарурат дорад. Шумо ришва намегиред, барои ҳамин ҳам гул овардам.
— Магар гул ришва нест?
— Не, ин лутф аст.
— Шумо аз куҷо донистед, ки ман садбарги сафедро дӯст медорам.
— Тахмин кардам.
— Фолбин шаведе…
— Ин фолбинӣ нест, ин дарк кардани шахс аст.
— Шумо бояд психолог мешудед.
— Тақдиру насиб ҳамин будааст, ки тоҷир шудам.
— «Тақдир-тақдиру боз тақдирҷунбон лозим аст»,- мегӯянд мардум.
-Мо фарзандони деҳот чӣ будани тақдирҷунбонро намедонем. Ба ҳар куҷое, ки расидем, бо заҳмати худ буд, — гуфт Маъруф лаҳзае душвориҳои зиндагиашро пеши назар оварда.
«Шинед, ман ҳозир коғазҳоямро ҷамъ кунам, баъд мебароем», гуфтани Меҳрнигор ӯро ба худ овард. Маъруф дар курсии назди миз нишаста, Меҳрнигорро интизор шуд.
Пас аз чанд дақиқа Меҳрнигор омодаи рафтан шуд.
— Ба кадом тарабхона меравем?- суол кард Маъруф.
— Ман тарабхона меравем, нагуфта будам.
— Худатон маслиҳат додед, ки истироҳат кун, сиҳат мешавӣ.
— Наход тарабхона рафтану ғизо хӯрдан истироҳат бошад?! Мардуми мо истироҳатро танҳо дар хӯрдану хоб кардан мефаҳманд, ки ин дуруст нест. Истироҳат — ин фориғ шудан аз корҳои ҳаррӯза ва ташвиши рӯзгор аст.
— Бале, гапатон дуруст,- суханони Меҳрнигорро тақвият дод Маъруф. – Ҳадаф аз даъват ба тарабхона низ лаҳзае дур шудан аз ташвишҳои зиндагӣ ва сари як пиёла чой сӯҳбат кардан аст.
— Пас ин тавр бошад, меравем ба ҷои сокиту ором. Зеро аз мусиқиву сурудхониҳо дар тарабхонаҳо баръакс асабҳо хароб мегардад.
— Табъи ҳардуи мо якхела будааст. Ман ҳам ғалоғуларо намеписандам. Пас меравем ба тарабхонаи «Насими дарё», ки дар соҳили дарёи Душанбе аст. Он ҷо ҳоло андаке салқинтар аст, вале гумон мекунам, ки моро хунукӣ асар намекунад.
— Гуфти шумо шавад, рафтем,- аз дар баромад Меҳрнигор.
Вақте ки онҳо ба тарабхона омаданд, соат қариб шаш мешуд. Ба ин шоми тирамоҳ нигоҳ накарда, муштариён дар кату мизҳои лаби дарё нишаста буданд. Маъруфу Меҳрнигор як мизи алоҳидаи назди дарёро, ки дар як канор меистод, интихоб карда нишастанд.
Ҳамон лаҳза пешхизмат, духтари ҷавони тақрибан 18-сола назди онҳо омада ҳоҳиши фармоиш шуд:
— Чӣ хӯрок мефармоед?
— Ҳозир мебинем, ки чӣ доред?-посух дод Маъруф таомномаро ба Меҳрнигор дода.
— Чӣ хоҳиш доред?- пурсид Маъруф.
Меҳрнигор таомномаро бодиққат аз назар гузаронида гуфт:
— Ба ман нимкоса карамшӯрбо ва сихкабоб аз гӯшти гов.
Пешхизмат чизеро нафаҳмид, магар ки як лаҳза карахт шуд. Инро Маъруф дарк карда гуфт:
— Хонум борш мегӯянд.
— Борш гӯед, намешавад. Ман карамшӯрборо каллашӯрбо фаҳмидиям, — ба худ омада гуфт пешхизмат.
— Шумо чӣ фармоиш медиҳед,- пурсид пешхизмат аз Маъруф ва афзуд: — Қайлаи буз, тандуркабоби гӯшти серка дорем.
— Не, қайлаи буз хӯрда боз буз нашавем. Ман ҳам нимкоса карамшӯрбо ва сихкабоби гӯшти гов мехӯрам.
— Хлеб ё нон биёрам.
— Ду дона кулча биёред.
— Аз нӯшокӣ чӣ мехоҳед?
Маъруф ба Меҳрнигор нигарист.
— Нӯшокии спиртӣ наменӯшем. Шумо табобат карда истодаед ва ҳамчунин сари чамбараки мошинед, — гуфт Меҳрнигор ба ҷои Маъруф низ тасмим гирифта.
— Гапи шумо қонун аст, табиби ман. Аз ҷониби дигар, ман ҳатто пиво нӯшида сари чамбараки мошин намешинам.
— Шарбат наменӯшед?- пурсид пешхизмат.
— Не, беҳтараш як чойник чойи кабуд биёред, — фармоиш дод Меҳрнигор.
— Салат биёрам?
— Не, ташаккур, -гуфт Меҳрнигор ва ба Маъруф муроҷиат карда афзуд:- Шояд шумо чизе фармоед?
— Не, ман ҳам ба ғизои фармудаи шумо қаноат мекунам.
Пешхизмат дид, ки дигар фармоише намешавад, аз пайи овардани ғизо рафт.
— Ростӣ гап, ман дар кӯча хӯриш намехӯрам, табъам намекашад, — сабаби хӯриш нахостанашро шарҳ дод Меҳрнигор.
— Ман ҳам мисли шумо ғизои хонагиро хуш дорам. Дар кӯча аз ноилоҷӣ хӯрок мехӯрам, — гуфт Маъруф ва афзуд:- Бовар кунед, маданияти ғизохӯрии мардум дигар шудааст. Гӯшти бузу қурутобро тоҷикони нав ғизои аввалиндараҷа кардаанд. Ин хӯроки камбағалон ҳоло ҷои ҳамаи ғизоҳоро гирифта, дар сархати таомномаҳои тарабхонаҳост. Дар давраи шӯравӣ дар бозорҳои Душанбеву Ҳисор умуман гӯшти буз намефурӯхтанд. Қурутобро бошад, дар тарабхона он тараф истад, дар ошхона намепухтанд. Ҳоло аз растаи гӯштфурӯшӣ гузарӣ, қассобон гӯшти буз пешниҳод мекунанд. Ошхонаҳои махсуси қурутоб кушодаанд, ки пуропури муштариён аст.
— Баъди истиқлолият мардуми деҳот ба шаҳр рехтанд ва бо худ фарҳанги кишлоқиашонро оварданд. Он бойбачаҳо, ки галстукро таранг баста бо мошинҳои гароннархи хориҷӣ мегарданд, гумон мекунед, фарҳангашон дигар шудааст? Не, дар зоҳир дигар шудаанд, вале дар ботин ҳамон тракторчиву подабонанд. Шояд баъди ду се насл, набераву абераҳои онҳо шаҳрнишин шаванд,- гуфт Меҳрнигор дар тақвияти суханони Маъруф.
— Мутаассифона, имрӯз корди ана ҳамин хел галстукбандони бемағз болои равған аст.
— Бале, чӣ кунем, ки даври ҳаминҳо омада,- бо таассуф гуфт Меҳрнигор.
Пешхизмат ғизо овард.
— Марҳамат, гиред, ош шавад, -ба дастархон муроот кард Маъруф.
— Ташаккур, шумо ҳам ба ман нигоҳ накарда, сар кунед,- гуфт Меҳрнигор қошуқро ба даст гирифта.
Онҳо хомӯш карамшӯрбо хӯрданд. Пешхизмат косаҳоро гирифта сихкабоб овард, ки ҳамагӣ аз чор сих иборат буд.
— Пеш шашлик аз шаш сих кабоб иборат буд, акнун то ба ду сих камаш кардаанд, — гуфт Маъруф пас аз хомӯшии дар миён омада.
— Ҳозир шашликҳои яксиха ҳам ҳаст.
— Барои он сихҳои шашликро кам мекунанд, ки нархаш ба осмон нарасаду харидор дошта бошад, — гуфт Маъруф ва афзуд. Ҳоло як сих шашлик 10 сомонӣ. Агар шаш сих бошад, 60 сомонӣ мешавад. Кадом камбағал ба 60 сомонӣ шашлик мехӯрад?!
— Бале, гапатон дуруст. Ин гӯрсӯхтаҳо аз 1 кило гӯшт, ки 30 сомонӣ аст, камаш 10 сих кабоб мепазанд ва се маротиба қимат мефурӯшанд.
— Дар Тоҷикистон тиҷорат аслан дар гаронфурӯшӣ аст. Аксари тоҷирон савдоро намедонанд. Ба маҳсулоташон камаш ду маротиба зиёдтар аз харидашон нарх мемонанд ва нигоҳ карда меистанд, ки кай як чиз фурӯшанд. Тоҷирони хориҷӣ аслан каме нархи иловагӣ монда, зиёдтар мол мефурӯшанд ва фоидаи зиёд мегиранд. Тоҷирони мо бошанд, то пӯсидаву фарсуда шудани молашон нархро арзон намекунад. Ҳамин аст, ки савдояшон барака надорад.
— Баракаашро намедонам, вале агар суде набинанд, савдо намекунанд,- гуфт Меҳрнигор.
— Албатта, — гуфт Маъруф ва лаҷоми суханро ба дигар сӯ бурд:- Ман ҳафтаи дигар ба Дубай сафар дорам. Агар хоҳед, шуморо ҳамсафар гирам.
— Ташаккур, барои илтифот. Ман будам дар Дубай. Дар як конфронс ширкат кардам. Ба ман чандон мақбул нест. Аз ҷониби дигар, ҳоло серкорам. Гирифтори дарсу кор, вақти холӣ надорам.
— Пас чӣ мефармоед, ки бароятон биёрам?
— Ба чизе зарурат надорам. Ман гуфтам-ку ришва намегирам. Шумо бизнесменҳо гумон мекунед, ки ҳама чиз харидаву фурӯхта мешавад,- нимшӯхӣ гуфт Меҳрнигор.
— Аввалан, ин як лутфи банда аст. Сониян, ман ба ришва додан одат накардаам. Агар ришва дода ягон проблемаамро ҳал мекардам, ҳоло шояд аз тоҷирони муваффақи кишвар мешудам.
— Ман шуморо ба як дидан шинохтам. Агар шумо ҳам ба мисли ҳамаи ин тоҷирон мешудед, ман бо шумо дӯстӣ намекардам.
— Ташаккур, барои эътимод.
— Мову шумо ҳамагӣ чанд маротиба вохӯрдем, вале гумон мекунам, ки мо як умр шиносем. Шояд сабаб дар он бошад, ки дар хислатҳои мо умумияте ҳаст. Вагарна ман одати бо мардҳо дӯстӣ карданро надорам. Воқеан, дугонабоз ҳам нестам. Аз рӯи кор бо занону духтарон муошират мекунам.
— Қариб ки як хел будаем. Ман ҳам ҷӯрабоз нестам. Зеро ҷӯраҳо ҳама нониву номианд.
— Сода нашавед, дар олами сармоя, ки ҳама чиз бо пул ченак мешавад, магар метавон дар борат ҷӯраи ҷонӣ ҳарф зад.
— Ба ҳар ҳол мо одамони шӯравӣ, то ҳол гумон мекунем, ки арзишҳои инсонӣ аз пулу мол боло меистад.
— Барои ҳамин ҳам якатон ду намешавад.
— Ин гапро касе мегӯяд, ки худ дигар аст. Шумо инро медонед, вале ин хел нестед.
— Дар оилаи мо арзишҳои инсонӣ қадри баланд доранд. Падару модарам ҳамеша инро талқин мекарданд. Ман ҳам дар ҳамин рӯҳия тарбия ёфтаам,- гуфт Меҳрнигор ва ба соаташ нигоҳ карда афзуд:- Соат ҳам қариб нӯҳ шудааст, ба хона равем. Пагоҳ дарс дорам. Омода шуданам лозим.
— Хуб шудааст, — гуфт Маъруф ва пешхизматро даъват карда бо ӯ ҳисобӣ кард.

***

Маъруф дар давоми ду рӯз дар Дубай колои лозимашро харида, ба контейнер бор кард ва тавассути мошин фиристод. Акнун ӯ истироҳат карданӣ буд. Вале худи ҳамон рӯз дар шаҳри азими пуршавқун аз бекорӣ зиқ шуд. Ба ёдаш Меҳрнигор меомад. Ӯ ҳамон бегоҳ чиптаи тайёра хариду озими Душанбе шуд.
Маъруф субҳи рӯзи дигар ба бозор омад ва Сарвинозро машғули савдо дид. Ӯ аз барвақт омадани Маъруф ҳайрон шуд:
— Тинҷӣ аст, ки зуд баргаштед? 10 рӯз дар Дубай меистам, истироҳат мекунам, гуфта будед.
— Оромӣ аст. Зиқ шудам. Ҳамин ҷо истироҳат мекунам. Савдо чӣ хел?
— Мисли ҳамарӯза аст. Бори нағз бошад, савдо мешавад,- посух дод Сарвиноз.
— Аз Дубай либосҳои хубу зебо харидам. Насиб бошад, ҳафтаи дигар контейнер ба Душанбе мерасад.
***
Маъруф аз Дубай барои Меҳрнигор ба 100 доллар як шишачаи 50-миллилитраи атри машҳури франсавии «Шанел шанс» (Chanel Chance) харида буд. Атри мазкур бӯи мушки сафед, сумбул, филфили сурх, ёсуман, савсан, наънои ҳиндӣ мекард ва ба занону духтарон хеле писанд буд. Ӯ пайти мувофиқ ёфта, ба Меҳрнигор занг зад, то ин тӯҳфаро барояш расонад. Пас аз салому ҳолпурсӣ Меҳрнигор ҳайрон пурсид:
— Шумо аз Дубай занг мезанед, ё дар Душанбе ҳастед?
— Ман дар Душанбе ҳастам, шаб омадам. Шуморо дидан мехоҳам.
— Почтаи электрониатонро гӯед, як суратамро мефиристам, кай хоҳед, тамошо карда мешинед, — шӯхӣ кард Меҳрнигор.
— Ман шуморо дидан мехоҳам, на сурати хомӯшу лолатонро.
— Агар зеҳн монед, сурат ҳам сухан мегӯяд.
— Дуруст, вале ман шуморо дидану сӯҳбат кардан мехоҳам.
— Майлаш, бегоҳ ба дармонгоҳ биёед, — нарм шуд лаҳни Меҳрнигор.
— Ташаккур, ба умеди дидор, -гуфт Маъруф хайрухуш карда.

***
Бегоҳ, вақте ки Маъруф ба дармонгоҳ омад, соат аллакай 5 шуда буд ва Меҳрнигор дар ҳуҷраи кориаш танҳо буд.
— Салом, бону! Бубахшед, ки шуморо ташвиш додам.
— Шумо бо сурат сӯҳбат кардан нахостед.
— Шуморо нодидан ҳеҷ мумкин набуд.
— Пас бишинед, сӯҳбат мекунем. Сафаратон ба хайр гузашт? Чаро зуд баргаштед? Истироҳат карданӣ будед,- саволборон кард Меҳрнигор.
— Корҳоямро анҷом додаму баргаштам. Он ҷо натавонистам бимонам. Дар як рӯз зиқ шудам. Беҳтараш ҳамин ҷо, дар ягон мавзеи ором истироҳат мекунам.
— Ин фикратон дуруст аст.
— Ҳа, воқеан ман ба шумо як тӯҳфа овардам, -гуфт Маъруф ва аз кисаи пиҷакаш қуттии атрро, ки хеле зебо бастабандӣ шуда буд, бароварда ба Меҳрнигор дод.
— Ман ришва намегирам, гуфта будам-ку.
— Касе ба шумо ришва доданӣ нест. Ман аз шумо вобастагие надорам, ки ришва диҳам. Ин як тӯҳфаи дӯст, як илтифот аст.
— Пас, мебинем, ки чӣ илтифот кардаед?-гуфт Меҳрнигор ва бастаро кушод.
— О-о, атри «Шанел»-ку, — гуфт ӯ ва даҳони шишаро кушод. Ба машом бӯи аҷиби ҷалбкунанда расид. – Ин атри асил будааст. Хеле гарон харидагистед. Дар Душанбе ба нархи гарон ҳам атри асили «Шанел» ёфт намешавад. Ман барои худ атру ӯпоро аз Маскав мехарам.
— Ба шумо мақбул омада бошад, сарамон ба осмон мерасад, -гуфт Маъруф.
— Шумо аз куҷо донистед, ки ба ман ҳамин хел атр мақбул аст?
— Аз фурӯшанда ҳоҳиш кардам, ки беҳтарин атри занонаро бароям диҳад.
— Яъне, тасодуфан харидед?
— Бале.
— Ташаккур барои тӯҳфа, маро қарздор кардед.
— Наход барои дӯстон ин қарз бошад?
— Ба ҳар ҳол худро ноҳинҷор ҳис мекунам.
— Ин хел нагӯед. Ман ҳам пас аз табобати шумо худро ноҳинҷор ҳис кунам?
— Биёед, ин гапфурӯширо монем, беҳтараш ман шуморо бо оши палав зиёфат мекунам.
— Ҳамин ҳозир, -ҳайрон пурсид Маъруф.
— Бале, ҳозир ба хонаи мо меравем. Маҳсулоти ош тайёр. Ҳатто нахӯд тар карда мондаам. Ошро танҳо намехӯранд. Насибаи шумо будааст. Хезед меравем, — Маъруфро ба хонааш даъват кард Меҳрнигор.
— Ин чӣ хел мешавад?
— Хуб мешавад, рафтем,- гуфт Меҳрнигор аз ҷо бархоста.
— Пас шумо рафтан гиред, ман ҳозир меоям, — гуфт Маъруф ва афзуд: Пиёз пӯст карданро дӯст намедорам. Шумо зирбакро тайёр кардан гиред, ман зуд меоям.
— О, ман ҳам шуморо барои пиёз пӯсткунӣ даъват карда истодаам, — шӯхии Маъруфро фаҳмида гуфт, Меҳрнигор.
— Ин хел бошад, даст ба оби хунук назада шинед. Ман, ки омадам, худам мепазам.
— Шумо ошпаз ҳам ҳастед?
— Не, албатта. Ба ҳар ҳол шавла пухта метавонам.
— Ин хел бошад, беҳтараш тамошобин бошед.
— Хуб, ман рафтам, зуд меоям, -гуфт Маъруф ва аз дар баромад.
Ӯ савори мошинаш ба маркази шаҳр равон шуд. Маъруф аввал аз мағозаи махсуси «Шароби Гурҷистон» дидан карда, аз беҳтарин шароби сурхи «Саперавӣ» ду шиша харид ва сипас ба дӯкони сехи тортпазии воқеъ дар рӯ ба рӯи боғи «Устод Рудакӣ» даромада, як торти «Генерал» харид.
Маъруф мошинашро дар назди бинои хонаи Меҳрнигор монда, тахмин зад, ки ӯ бояд ба даромадгоҳи дуюм даромада, ба ошёнаи дуюм барояд. Вақти бори аввал ба хонаи Меҳрнигор омадан, фишори хуни Маъруф баланд буд ва дар кадом даромадгоҳ воқеъ будани хонааш чандон ба ёдаш намондааст. Ба ҳар ҳол Маъруф тугмаи занги хонаи рақами 12-ро зер кард. Дарро Меҳрнигор кушод.
— Дароед. Боз ин чӣ, — гуфт ӯ торту пакети дасти Маъруфро дида.
— Ба меҳмонӣ дасти холӣ намераванд,-посух дод Маъруф аз дар даромада. – Инро куҷо монам?
— Ба ошхона мебарем. Биёед ман гирам.
— Не, ташвиш накашед, ман худам мебарам.
— Хуб, рафтем.
Дар як тарафи ошхонаи барҳаво плитаи барқӣ меистод ва дар болои он деги зирбак меҷӯшид. Маъруф торт ва пакети дасташро дар як гӯшаи мизи ошхона монд. Дар гӯшаи дигари миз корду тахтача ва дар табақ сабзиҳои резашуда меистод.
— Ман гумон кардам, ки кори сиёҳ тамом шудааст, шумо бошед, ҳанӯз сабзиро ба дег наандохтаед.
— Шумо зуд омадед, фурсат нарасид, — гуфт Меҳрнигор. –Ҳозир ҳамин сабзии охиринро реза кунам, меандозам.
— Ба шумо чӣ кӯмак кунам?
— Ташаккур, кӯмаке лозим нест. Беҳтараш ба зал рафта, телевизор тамошо кунед.
— Не, ман ҳамин ҷо рост истода ошпазии шуморо тамошо мекунам.
— Пас дар ин курсӣ нишинед.
— Шояд биринҷро тоза кардан лозим бошад?
— Не. Ман одатан биринҷи тоза мехарам ва онро ба ҳар ҳол тоза карда мемонам, то вақти хӯрокпазӣ ба он вақт сарф накунам.
— Ман ҳам ба мисли шумо биринҷи тоза ва бесанг мехарам. Зеро агар як дона санг ба дандон расад, пас иштиҳои ошхӯрӣ баста мешавад.
— Бале, -гуфт Меҳрнигор сабзиро ба дег андохта. Ӯ дегро як маротиба кофта, сабзиро ба гӯшту пиёз омехт.
— Камтар бирён шавад, баъд об меандозем. Воқеан, шумо ошро дӯст медоред?- пурсид Меҳрнигор.
— Албатта, кадом марди тоҷик ошхӯр нест? Вале ин маънои онро надорад, ки ман як худам як табақ ошро ба танҳоӣ хӯрам,- гуфт Маъруф аз пурсиши Меҳрнигор рамуз гирифта. –Ҳамон қадар биринҷ тар кунед, ки зиёдатӣ накунад. Зерро оши палавро дар гармиаш мехӯранд.
— Фаҳмидам, пас ду пиёла биринҷ ош мекунам, басанда аст.
— Ин зирбаки шумо барои як кило биринҷ мерасад.
— Барои ҳамин ҳам пурсидам, ки шумо палавро дӯст медоред ё не.
— Ба гумонам, як табақ ош шавад бас.
— Пас ду пиёла биринҷ басанда аст. Ин биринҷи девзираи Регар аст, ки дам карда калон мешавад.
Меҳрнигор биринҷро ба коса андохта, бо оби хунук тар кард ва болои миз гузошт. Сипас ӯ дегро боз як маротибаи дигар кофта, ба он ним қошуқ намак андохт.
— Камтари дигар бирён шавад, баъд ба дег об меандозем,- гуфт Меҳрнигор ва бо сачоқ ба тоза кардани болои миз шурӯъ кард.
— Ба фикрам, таф хӯрданаш бас будагист. Ба дег об меандозам,-гуфт Меҳрнигор ва аз чойник ба дег об рехт. Ӯ ҳамчунин нахӯди дар пиёла тар кардаашро шуста, ба дег андохт. – Акнун зирбак ҷӯшад, барқро паст карда, аз пайи дигар кор мешавем.
Пас аз чанд дақиқа дег ҷӯшид ва Меҳрнигор гӯшаки плитаро тоб дода, ҳарорати зери дегро паст кард, то ки он балақ-балақ наҷӯшад.
— Зирбак ягон ним соат ҷӯшад, баъд биринҷро меандозем. Рафтем ба зал, -Маъруфро ба нишастан даъват кард Меҳрнигор.
— Ман дастархон мепартоям, шумо дар роҳаткурсӣ нишаста, истироҳат кунед.
— Ягон кӯмак накунам?
— Не, ташаккур. Шумо меҳмонед.
— Пас воқеан ҳам нишаста кор кардани шуморо тамошо мекунам.
— Телевизорро монед, канӣ бинем чӣ гапҳои нав, — хоҳиш кард Меҳрнигор.
— Куҷоро монам?
— Ягон шабакаи русӣ ё аврупоиро монед. Беҳтараш «Евронюс» ё «Би-Би-Си»-ро монед, аз хабарҳои ҷаҳон огоҳ шавем.
Маъруф шабакаи «Евронюс»-ро монд. Гузориш аз Миср пахш мешуд. Мухбир мегуфт, ки аз сарнагун шудани Ҳуснӣ Муборак 9 моҳ мешавад, вале то ҳол дигаргунии куллие дар идораи давлат дида намешавад.
Меҳрнигор болои миз дастархон густурд ва онро бо анвои гуногуни ғизо пур кард. Аз ҷумла, торт ва шароби овардаи Маъруфро низ ҷо намуд. Ҳамчунин ӯ як чойник чойи кабуд оварда монд.
— Шумо гузаред сари дастархон чой нӯшида истед, ман биринҷро ба дег андозам,- гуфт Меҳрнигор ва ба ошхона рафт.
Маъруф ба курсии гирди миз нишаст ва чойро се маротиба ба пиёла гардонда, болои чойникро бо сарпӯши пахтагинаш пӯшонд, то ки зуд сард нашавад.
Баъди чанде Меҳрнигор ошро дам партофта омад:
— Чаро чизе намехӯред?
— Худатон гуфтед, ки чой нӯшам. Ман чойро дам партофта нишастаам. Сонӣ агар ягон чиз хӯрам, сер мешавам. Пас ошро кӣ мехӯрад?
— Суханатон мантиқ дорад. Дар сари дастархон бо даҳони баста намешинанд. Ақаллан даҳон ширин мекунанд, — ба шоколаду конфетҳои лаълӣ ишора карда гуфт Меҳрнигор.
— Майлаш, лекин ман танҳо намехӯрам. Шумо ҳам шинед.
— Ман омадам, акнун камаш ним соат бо шумо ҳастам, -гуфт Меҳрнигор дар сари миз нишаста. –Воқеан, чаро шумо шароб овардед. Магар парҳези шумо тамом шудааст?
— Доруҳоямро дирӯз хӯрда тамом кардам. Аз ҷониби дигар, ин шароб аст. Шароб бошад, ин шарбати ангур аст. Магар аз шарбатнӯшӣ ҳам парҳез мекунанд?
— Шумо дар гапёбӣ усто. Беҳуда муаллим набудаед. Майлаш, то тайёр шудани палав каме шароб менӯшем. Шароб хастагиро мегирад мегӯянд.
— Шумо духтурҳо хусусияти табобатии нӯшокиҳоро медонед. Барои ман ҳамаи нӯшокиҳои спиртӣ сархушкунандаанд, -гуфт Маъруф ва шишаи шаробро ба даст гирифта, бо корди махсус пробкаи даҳони шишаро кашида берун баровард. Ӯ ба ду финҷон шароб рехт. Дар болои шароб кафки нафиси ранги марминҷонӣ пайдо шуд.
— Чунин майи анорранги қаҳвагиро нав мебинам. Одатан шаробҳо сурхи ҷигарӣ мешаванд.
— Беҳуда шароби мазкурро «хуни замин» намегӯянд. Ин шароби «Саперавӣ» аст, ки аз ангури ҳамномаш тайёр карда мешавад. Саперавӣ ба гурҷӣ хуни замин мешавад. Ҳозир ин финҷонро нӯшем, ман ба шумо як қиссаи аҷоибро дар бораи ин шароб нақл мекунам, -гуфт Маъруф. – Пас барои чӣ менӯшем.
— Барои дӯстӣ менӯшем. Бигзор дӯстӣ бимонад ҷовидон,-гуфт Меҳрнигор қадаҳро ба қадаҳи Маъруф ҷанг андохта. Ӯ қадаҳро ба лаб бурд ва оҳиста ба нӯшидан сар кард.
— Шароби хуб будааст. Нӯшиданаш осону гуворо ва таъмаш хеле хуш.
— Бале, барои хуб буданаш онро интихоб кардам.
— Шумо қиссаеро оид ба ин шароб нақл карданӣ будед. Чӣ қисса будааст он?
— Нақл мекунанд, ки соли 1828 муаллифи қиссаи «Дод аз дасти ақл», нависанда ва дипломати рус Александр Сергеевич Грибоедов дар Тифлис ба духтари шоир, княз Александр Чавчавадзе — Нина ошиқ шудааст ва ҳеҷ ҷуръат карда наметавонистааст, ки муҳаббати худро ба ӯ изҳор намояд. Нависанда пас аз нӯшидани як финҷон шароби «Саперавӣ» шердил шуда, ба Нина изҳори муҳаббат кардааст. Ҳамин тавр, Грибоедов издивоҷ карда, пас аз як моҳ бо завҷаи ҷавонаш ба кори дипломатӣ ба Эрон рафтааст.
— Ба гуфти шумо пас аз нӯшидани як финҷон шароби мазкур кадоме аз мо шердил мешавад ва изҳори муҳаббат мекунад, -шӯхӣ кард Меҳрнигор.
— Намедонам. Ман баъди нӯшидани ин шароб то ҳол ба касе изҳори муҳаббат накардаам. Албатта, дар наздам хонумҳо набуданд.
— Ба ман ҳам ҳоло таъсире накардааст. Шояд боз менӯшем?
— Чаро не?-гуфт Маъруф ва ба қадаҳҳо май рехт. – Ин қадаҳро барои чашми дил менӯшем. Агар дилҳои мо ҳамдигарро намешинохтанд, ин вохӯрии мо ғайриимкон буд.
Қадаҳҳо холӣ шуданду дилҳо пурфараҳ. Воқеан ҳам, шароб таъсири аҷибе дошт, касро фараҳ мебахшид ва забонро гӯё мекард. Онҳо дар ҳар бора сӯҳбат мекарданд.
— Бо шаробнӯшӣ ош ланҷ нашавад,- гуфт Маъруф мавзӯи сӯҳбатро дигар карда.
— Не, фаромӯш накардаам. Ба ошро дам карданам, баъди 2 дақиқа ним соат мешавад, — ба соати деворӣ ишора карда, гуфт Меҳрнигор ва аз ҷо бархост. – Ман ошро мекашам.
— Кӯмак кунам?
— Не, барои ошу салат ҷой тайёр кунед, шуд.
Баъди чанде Меҳрнигор аввал дар ду табақча салат аз помидору пиёз ва баъдан як табақ ош гирифта овард.
— Нонро аз дастархон гирифта ба нондон мондам. Бо палав нон намехӯранд, -гуфт Маъруф.
— Дуруст кардед. Ман ҳам бо ош нон намехӯрам. Ба ош марҳамат кунед. Барои осон шудан гӯштро якбора дар ошхона майда кардам, то ин ҷо дастро равғанӣ накунем.
— Пас маро бекор мондед. Ин тавр бошад, сар кардем, -гуфт Маъруф қошуқашро ба табақ бурда.
Ош табъи дили Маъруф пухта буд: сахту реза буд, гӯё ҳар як биринҷро ҳисоб карда мешуд.
— Беҳтарин палав пухтаед. Бо ин ҳунар сарошпази беҳтарин тарабхона шудан мумкин.
— Ташаккур барои таъриф, вале ба фикрам бояд ҳар кас кори худашро кунад. Шофир – шофир бошаду ошпаз – ошпаз. Муаллим омӯзгориашро кунаду духтур табобат. Вагарна дар ягон ҷода пешравӣ намешавад.
— Бале, дуруст мегӯед. Вале, мутаассифона на ҳама инро мефаҳманд ва қурбоққа ҳам ба таасуби асп пояшро наъл карданӣ мешавад.
Онҳо боиштиҳо ош хӯрданд ва дар байн шароб низ нӯшиданд.
— Ман табақро гирам, боз мешинем, -гуфт Меҳрнигор ва аз ҷо бархост. Ӯ табақу табақчаҳои хӯришро аз дастархон гирифта, барои шустан ба ошхона бурд.
Маъруф дар ин вақт аз торт ду пора бурида ба табақчаҳо гузошт ва шишаи дуюми шаробро кушода ба қадаҳҳо рехт. Баъди чанд лаҳза Меҳрнигор аз ошхона баргашт ва қадаҳҳои пурро дида гуфт:
— Маро маст карданиед, чӣ?
— Не. Вале як ҳамсояи мо мегӯяд, ки май нӯшиву маст нашавӣ, чаро менӯшӣ?! Ба қавли ӯ то маст шуда инону ихтиёрро аз даст надиҳӣ, майнӯшӣ ҳисоб не.
— Ин тавр бошад, то аз по афтидан менӯшем, гӯед.
— Не, ман ин тавр нагуфтаам. Зеро худ ҳаргиз то аз по афтидан наменӯшам.
— Хуб, менӯшем, ҳар чӣ бодо бод!,- гуфт Меҳрнигор қадаҳро бардошта.
Пас аз ин Маъруфу Меҳрнигор дар мавзӯъҳои гуногун сӯҳбат карданд ва боз чанд қадаҳи дигарро нӯшида, шишаи дуюми шаробро низ холӣ карданд. Сӯҳбат он қадар қӯр гирифт, ки касе аз ҳамсӯҳбатон онро хотима бахшиданӣ набуданд. Маъруф ниҳоят ба хонааш рафтанӣ шуда гуфт:
— Хонум, ман акнун шуморо танҳо монда рафтаниам. Пагоҳ рӯзи корӣ аст. Шумо бояд истироҳат кунед.
— Пагоҳ ман дарс надорам, бинобар ин баъди соати 10 ҳам ба донишгоҳ равам мешавад. Аз ин рӯ, бемалол нишастан гиред,- гуфт Меҳрнигор ва афзуд: — Агар ба тиҷорататон халал расад, марҳамат.
— Ба ин парво надорам. Фурӯшандаам аз субҳ ба кор меояд.
— Ин хел бошад, шиштем. «Як шаб сад шаб намешавад», ба қавли шоир.
— Майлаш.
— Майлаш, ки бошад, идома медиҳем ва ба қавли ҳамсояатон то маст нашавем, намехезем, -гуфт Меҳрнигор ва аз ҷевон як шишаи нимлитраи коняки гурҷии «Сараҷишвили 5»-ро гирифта болои дастархон гузошт:
— Марҳамат, кушоед.
— Зиёд намешавад?
— Худи шумо суханони ҳамсояатонро ин ҷо иқтибос карда будед. Пас менӯшем.
— Бошад, -гуфт Маъруф шишаро ба даст гирифта. -Ин ҳам гурҷӣ-ку. Мефаҳмидам, ки шумо коняк менӯшед, якбора коняк меовардам.
— Не. Ман одати аслан майнӯшӣ надорам. Имрӯз бо шумо нӯшида истодам, вагарна бе он ҳам метавонам зиндагӣ кунам. Ин коняк аз захираҳои падарам. Он кас баъзан кам-кам менӯшиданд. Вале коняки хуб менӯшиданд.
— Ман аз ин коняк нӯшидаам. Хеле олӣ аст. Спирташ 5-сола аст ва тамъи хуб ҳам дорад, -гуфт Маъруф ва ба финҷонҳои хурд, ки Меҳрнигор аз ҷевон гирифт, коняк рехт.
— Ин қадаҳро барои шумо менӯшем, ки чунин як шоми фаромӯшнашуданиро бароям ато кардед,- гуфт Маъруф ва финҷонашро ба финҷони Меҳрнигор «ҷанг» андохт.
— Пас қадаҳи дуюмро барои шумо менӯшем.
— Ин хости шумо аст. Ман ғуломи ҳалқабаргӯши шумоям, -гуфт Маъруф ва як пора шоколадро ба Меҳрнигор дароз кард, то ки ӯ газак кунад.
Қадаҳҳо холӣ шуданд. Маъруф эҳсос кард, ки дар рагҳои хунаш гармие туғён намуда, дилашро фараҳу хушҳолӣ пур мекунад.
Меҳрнигор дар умраш чунин майнӯшӣ накарда бошад ҳам, худро бардам эҳсос мекард ва мағзаш рӯшан буд. Ӯ аз чӣ бошад, бовар мекард, ки Маъруф аз фурсати муносиб истифода намуда, дастдарозӣ намекунад. Ӯ ҳатто ягон маротиба дар бораи шаҳвоният ҳарф намезад. «Ба ӯ метавон эътимод кард», ба худ меандешид Меҳрнигор.
Ниҳоят шишаи коняк ҳам холӣ шуд. Маъруф ин дафъа азми қатъии хонаравӣ кард:
— Ин шишаро ҳам тиҳӣ кардем, акнун ба хона равам, мешавад.
— Шоири Халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар гуфтааст: «Омадан бо иродату рафтан бо иҷозат».
— Бале, медонам, дар достони «Панҷи ноором».
Пас ки донед, бе иҷозати ман қадаме намегузоред.
— Хуб, барои ҷамъ кардани дастархон ба шумо кӯмак кунам, -пурсид ӯ.
— Не, ман худам.
Ба ҳар ҳол Маъруф ба ҷамъ кардани зарфҳои рӯи дастархон ба Меҳрнигор кӯмак кард. Меҳрнигор бошад, онҳоро шуста, бо сачоқ хушк карда, дар ҷевони ошхона ҷобаҷо намуд.
-Худатонро чӣ хел ҳис мекунед, мабодо фишоратон баланд нашудааст, -пурсид Меҳрнигор аз ошхона баргашта.
— Асп баринам. Метавонам равам.
— Магар маст мошин ҳай мекунед?
— Не, мошинро ҳамин ҷо монда, пиёда меравам.
— Дар ин нисфи шаб куҷо пиёда меравед?
— Таксӣ медорам.
— Таксӣ пайдо кардан мушкил. Ба ҳар ҳол шабгардӣ хавфнок аст. Ба қарибӣ як нафар роҳгузарро дар маҳаллаи мо дуздон корд зада куштаанд. Беҳтараш ман ба шумо дар дивани зал ҷогаҳ мепартоям, хоб мекунед. Натарсед, шаб шуморо таҷовуз намекунам,-шӯхӣ кард Меҳрнигор.
— Ҳамсояҳоятон фаҳманд, чӣ мегӯянд?
— Номи ман ба бадӣ набаромадааст, ки ягон ғайбат кунанд. Онҳо кӣ будани маро хуб медонанд.
— Ба ҳар ҳол хуб нест, ман одат накардаам, ки дар хонаи хонумҳо хоб равам.
— Гуфтам-ку натарсед. Ман шаб ба оғушатон даромада, ташвиш намедиҳам.
— Рости гап, дар ҷои бегона хобам намебарад. Аз ҷониби дигар, то душ накунам, ман хоб намеравам.
— Ҳеҷ гап не. Оби гарму сачоқи тоза ҳаст. Метавонед аз душ истифода кунед.
Маъруф ночор барои шаб мондан розӣ шуд. Меҳрнигор барои Маъруф ҷогаҳ густурда гуфт:
— Ман дар ташноб бароятон сачоқу хилъати тоза мондам. Метавонед душ кунед. Шабатон хуш!
— Шаби шумо ҳам хуш бошад!
Меҳрнигор ба хонаи хоб даромада, дарро қуфл кард ва худро ба ҷогаҳ андохт ва пас аз лаҳзае ӯро хоб бурд.
Чашмони Маъруф низ баъди душ карданаш зуд пӯшида шуданд.

***

Меҳрнигор кӯҳи баландеро мебаромад, то қуллаи он каме монда буд, ки пойи ӯ лағжид. Ӯ буттаеро медошт, то ба ҷарӣ сарозер нашавад. Бутта вазни ӯро набардошта канда шуд. Меҳрнигор чашмонашро сахт пӯшид, то ба ҷарӣ афтидани худро набинад. Ҳамин вақт аз куҷое Маъруф пайдо шуд ва аз дасташ гирифта, ӯро ба қуллаи кӯҳ баровард. Меҳрнигор аз тарс аз хоб бедор шуд. Дилаш сахт-сахт мезад. Сару гарданашро арақи сард фаро гирифта буд. Хонаи торикро нурафкании чароғи кӯча хира рӯшан мекард. Дар аввал нимхобу нимбедор ӯ нафаҳмид, ки дар куҷост. Меҳрнигор баъди чашмонаш ба торикӣ одат кардан фаҳмид, ки дар хонаи худаш аст ва он чизе, ки дидааст дар хобаш будааст. Ӯ хоби дидаашро тафсир карданӣ мешуд. Аз кӯҳ канда шудану баъдан болои қулла баромаданаш чӣ маънӣ дорад? Маъруф аз дасташ гирифт ва ӯро ба қуллаи кӯҳ баровард. Чаро Маъруф? Охир ӯ Маъруфро қариб ки дуруст намешиносад. Ҳамагӣ чанд маротиба дидааст, вале хеле наздику ошност. Гӯиё якумр ҳамдигарро мешинохта бошанд. Дар дилаш як эҳсоси ноошно ҷӯш зад, бисёр мехост, ки Маъруф дар бараш бошад. Ин эҳсос туғён мекард ва ҷисму ҷонашро месӯзонд. Ӯ то имрӯз ба чунин ҳолат гирифтор нашуда буд. Меҳрнигор ҳамчун духтур мефаҳмид, ки ҳаваси шаҳвонияш боло гирифта истодааст. Тоқаташ тоқ мешуд, гӯиё доруи барангезанда хӯрда бошад. Ба ёдаш омад, ки Маъруф дар хонаи дигар хоб аст. Бисёр мехост, ки пеши ӯ биравад. Вале номус пеши роҳашро мегирифт. Ӯ ба синни 35 даромада бошад ҳам, бо ягон кас ҳамхоба нашуда буд ва иффати духтариашро нигоҳ медошт. Ҳатто ӯ дастӣ бо мардон салом намекард. Меҳрнигор ҳамаи нерӯяшро ҷамъ карда аз ҷо бархост ва ба ташноб рафт. Ӯ либосҳояшро бадар кард ва худро зери душ гирифта, оби хунукро сар дод. Оби хунук аз сараш мерехт ва гӯё аз баданаш ҳаври гарм баромада ҷисму ҷонашро сард мекард. Оби сард тасфи дилашро паст карда, хости шаҳвониашро поин фаровард.
Меҳрнигор ба ҷогаҳаш даромад, то хоб кунад. Вале хобаш парида буд, дар ҷогаҳ печутоб мехӯрд аз як паҳлу ба паҳлуи дигар гашта. Боз ҳисси шаҳвониаш бедор мешуд.

***

Маъруф низ аз хоби даҳшатнок бедор шуд: Ӯ дар баҳре шино мекард, то соҳил масофаи зиёде буд. Қувваи бозувони Маъруф тамом мешуд ва ӯ дигар мадори қулочкашӣ надошт. Баҳр ӯро ба коми худ мекашид. Ӯ охирин нерӯяшро ҷамъ карда, дастак мезад, то болои об монад, вале ба кашиши об муқобилат карда наметавонист. Ҳамин вақт дасте ба сӯи Маъруф дароз шуд ва ӯ онро гирифт. Ин дасти Меҳрнигор буд, ки дар заврақе шино дошт.
Маъруф тафсири хобро намефаҳмид. Ӯро аз ғарқшавӣ наҷот додан чӣ маъно дорад? Чаро Меҳрнигор ӯро аз коми марг наҷот дод? Шояд ба он хотир, ки фишори хунаш баланд шуда буду ӯ табобат кард? Дар ин синну сол ҳолати аз фишорбаландӣ фавтидани мардон ҳодисаи нав нест ва солхои охир ин бештар ба мушоҳида мерасад. Пас ӯ дарвоқеъ наҷотбахши Маъруф аст. Ин тасодуф буд ё амри тақдир? Чаро онҳо ба ҳам унс гирифтанд? Чӣ чиз онҳоро ба ҳам мепайвандад? Маъруф наметавонист ба ин суолҳо посух ёбад? Вале пай мебурд, ки дар қалбаш ҳиссиёте нисбати Меҳрнигор вуҷуд дорад ва он рӯз аз рӯз афзун мегардад. Шояд ҳамин бошад, ки Маъруф барои дидори ӯ талош мекунад. Албатта, Маъруф аз рӯи ягон ғараз дидорталошӣ намекард. Хости дилаш буд, ки Меҳрнигорро бинад. Вале ин хостори шаҳвонӣ набуд, болотар аз он меистод.
Маъруф дар духтарбозӣ таҷрибаи зиёде андӯхта буд ва аз як нигоҳ мефаҳмид, ки чӣ мехоҳанд хонумҳо. Ӯ ҳеҷ гоҳ аз паси онҳо намедавид ва вақташро беҳуда масрафи қонеъ намудани талаботи шаҳвонӣ намекард. Агар хонуме мақбул бошад, рӯирост мегуфт: «Шумо мақбулам ҳастед ва ман шуморо мехоҳам. Мо 16-сола нестем, ки ба ҳамдигар изҳори муҳаббат кунем. Ман вақти зиёдатии пагоҳу пасфардо омадан надорам. Имрӯз ва ҳоло мехоҳам. Агар мақбулатон бошам, «кори имрӯзаро ба фардо нагузорем». Ӯ ҳамин хел талаботи шаҳвониашро бо хонумҳои бегона қонеъ мекард.
Меҳрнигори қадбаланди зебо ва хушгапу чеҳракушода мақбули Маъруф шуд. Вале ӯ дар бораи наздикии шаҳвонӣ бо Меҳрнигор ҳатто фикр ҳам накарда буд. Шояд дар симои ӯ пеш аз ҳама табибро медид Маъруф. Ё аз ҳусни зебои ӯ ибо мекард, ки барояш дастнорас хоҳад буд.
Ҳоло аз чӣ бошад, ки дар дили Маъруф эҳсосе тавъам бо хостори шаҳвонӣ туғён мекард. «Шояд ин таъсири шаробу коняк бошад», ба худ андешид Маъруф ин ҳиссиётро дар дил фурӯ нишондан хоста. Вале ин ҳиссиёт афзун мешуд. Маъруф мехост, ки ҳоло дар оғӯшаш Меҳрнигор бошад. Шайтон васваса мекард, ки Маъруф аз ҷой бархезад ва ба хонаи хоби Меҳрнигор биравад. Шояд Меҳрнигор низ ҳоло бедорхобӣ кашад ва ӯро интизор бошад? Ба ёди Маъруф қиссаи нақлкардаи собиқ ҳамкоронаш расид:
Тирамоҳи соли 1993, давраи пурошӯби ҷанги шаҳрвандӣ буд. Шабона дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе гаштан хатарнок буд, силоҳбадастон метавонистанд ғорату таҷовуз кунанд ва ё бе ягон сабаб парронанд.
Вақте ки ҳамкорони мактабии Маъруф – омӯзгорон Камол, Саъдӣ ва Шаҳринисо аз тӯйи арӯсии ҳамкори дигарашон Руқия баромаданд, шом шуда буд. Нақлиёти ҷамъиятӣ ҳаракат намекард. Мошинҳои шахсӣ низ дар кӯча ба назар намерасиданд. Баъзан садои тири автомати «Калашников» ба гӯш мерасид. Ҳамкорон қарор карданд, ки ба хонаи наздиктарин рафта, шабро рӯз кунанд. Хонаи Шаҳринисо дар гӯшаи дигари шаҳр буд. Саъдӣ умуман дар шаҳр хона надошт ва аз деҳаи атрофи Душанбе — Чорбоғ ба кор омада мерафт. Танҳо хонаи Камол ду маҳалла дуртар ҷойгир буд. Онҳо кӯчаву паскӯчаҳоро убур карда, сиҳату саломат ба хонаи Камол расиданд. Дар хонаи якҳуҷрагии Камол касе набуд. Ӯ барои таъмини амнияти оилааш зану кӯдаконашро ба хонаи волидонаш ба шаҳри Хуҷанд фиристода буд.
Ҳамкорон чой нӯшида сӯҳбат карданд. Чун вақти хоб шуд, ба ёдашон расид, ки хона якхуҷрагӣ аст ва бояд ҷудо бихобанд. Камол пешниҳод кард, ки Шаҳринисо дар хона бимонад, ӯ ва Саъдӣ бошад, дар ошхона мехобанд. Шаҳринисо, ки ошхонаи хурд ва фаршаш симентиро дида буд, ба ин розӣ нашуд: «Ҳамаамон дар хона мехобем. Гумон намекунам, ки шумо ба ман ҳамла кунед».
Шаҳринисо дар болои диван хоб кард. Камолу Саъдӣ дар фарш ҷогаҳ андохтанд. Ҳамон шаб хоби ягонтои онҳо набурд. Камол бедорӣ мекашид, то ки Саъдӣ худро ба оғӯши Шаҳринисо наандозад. Саъдӣ низ намехост, ки Камол аз меваи боғи Шаҳринисо даҳон ширин кунад.
Шаҳринисо низ ба умед, ки кадоме аз ин мардон оғӯшашро гарм мекунад, бедорхобӣ кашид.
Субҳ Шаҳринисо ба онҳо гуфт: «Муред, номардҳо! Наход луқмаи тайёрро нахӯред! Ҳайфи мардии шумо!».
«Не, ин қисса аст ва агар рост бошад ҳам, аз рӯи одамгарӣ нест, ки аз фурсати муносиб истифода намуда,тамаъҷӯӣ бикунӣ»,- меандешид Маъруф ва ҳисси шаҳвониашро фурӯ менишонд. Ӯ шахси ташнаеро мемонд, ки дар лаби дарё истодаасту об нӯшида наметавонад.

***

Меҳрнигор аз паҳлу ба паҳлу мегашт, чашмонашро мепӯшид ва Маъруфро аз лавҳаи хотираш дур карданӣ мешуд. Вале баръакс оташи эҳсоси шаҳват аланга гирифта, сӯзандатару тоқатфарсо мегардид. Меҳрнигор инону ихтиёр аз даст дод, шаҳват аз ақл боло гирифт. Ӯ аз ҷогаҳ бархест ва ба зал омада бе ҳеҷ як ибо, бе садо худро ба оғӯши Маъруф андохт. Маъруф гӯиё, ки ин лаҳзаро интизор буд, лаб бар лабони Меҳрнигор монд. Бӯса тасфи оташи шаҳватро паст накарда, онро аланга зад. Маъруф синабанди Меҳрнигорро кушода як сӯ гузошт ва даст ба тагэзори ӯ бурд. Меҳрнигор муқобилат накарда, баръакс худро ба Маъруф сахттар мечаспонд. Дар болои дивани мулоим ишқварзӣ кардан ноқулай буд. Маъруф Меҳрнигорро аз оғӯшаш раҳо накарда, бо ӯ аз диван поин омад ва бо дасти чапаш бистарро ба фарш кашид. Маъруф Меҳрнигорро дар ҷогаҳ хобонда болояш баромад ва пойҳои ӯро ба китфонаш гузошт. Пардаи исмат чандир буд ва аз зӯрии дард оҳу войи Меҳрнигор баромад. Ишқварзии онҳо то беҳолу бемадор шуданашон боз чанд маротибаи дигар идома ёфт. Ниҳоят ҳар ду мондаву лакот шуда, лаҳзае беҳаракат монданд.
Меҳрнигор ба худ омада оқибати ҳодисаи шударо дарк кард ва аз бозувони Маъруф дошта дод зад:
— Ман акнун дигар покдоман нестам, духтариамро ба шумо таслим кардам! Духтариамро шумо гирифтед,-гуфт Меҳрнигор ва гиря гулӯгираш кард. – Шароби овардаатон воқеан ҳам касро бешарму боҷуръат мекардааст. Ана, ҳамин тавр шармандавор беиффат шудам. Вой бар сари ман!
Меҳрнигор бозувони Маъруфро раҳо намуда, дастонашро ба гардани ӯ ҳалқа карда, лабашро ба лабони ӯ бурд. Маъруф ҳам ӯро сахт ба оғӯш кашид. Баъди чанд лаҳза Меҳрнигор худро ба даст гирифта, оғӯши Маъруфро раҳо намуд.
— Мани аблаҳ чӣ кор кардам? Ман духтариамро барои шавҳаршавандаам ҳифз мекардам. Шумо бошад, зан доред, -афсӯс мехӯрд Меҳрнигор.
— Он чӣ шуд, шуд. Оби рехтаро бардошта намешаваду чархи таърихро пас гардонида. Гунаҳгори асосӣ манам. Метавонед ба синаам корде занед ва ором шавед.
— Магар ман ғундаи сиёҳам, ки шавҳарашро баъди ҷимоъ мекушад?! Айби худи ман, ки ба суханам наистодам, ғуломи шаҳват шудам, худамро ба оғӯши шумо андохтам.
Маъруф чизе нагуфт. Меҳрнигор низ лаҳзае хомӯш монд. Баъди чанде ӯ гуфт:
-Кори шудагӣ шуд. Агар тақдир чунин бошад, чӣ тадбир кунем. Ман меравам ғусл мекунам. Баъд навбати шумо, -гуфт Меҳрнигор ва ҷойпӯши хунолудро бо худ гирифта ба ташноб рафт.
Пас аз чанде ӯ аз ташноб баргашта гуфт:
-Баъди оббозӣ карданатон ба ошхона оед, қаҳва менӯшем. Ман гурусна мондам.
-Баъди ҷимоъ шахс гурусна мемонад, зеро энергияи зиёд сарф мекунад.
-Мани духтур инро медонам ва барои ҳамин ҳам қаҳва карданиам.
-Ман чой менӯшам. Аз қаҳва фишорам баланд мешавад, -гуфт Маъруф ва ба ташноб рафт.
Меҳрнигор ба ошхона рафта чойҷуши «Тефал»-ро даргиронд, то қаҳваю чой омода кунад.
Меҳрнигору Маъруф бо торт қаҳваю чой нӯшиданд. Сипас Меҳрнигор Маъруфро ба болини худ даъват кард:
-Ба хонаи хоб оед, дар ҷогаҳи ман ба шумо ҳам ҷо мерасад. Аз азоби танҳоӣ кашидан беҳтараш бо ҳам бошем.
Маъруф чизе нагуфта аз паси Меҳрнигор рафт. Дивани Меҳрнигор хеле калон буд, дар он ду нафар бемалол ба қаду бар хоб карда метавонистанд. Маъруф дар бари Меҳрнигор дароз кашид. Меҳрнигор сарашро ба китфи рости Маъруф монда гуфт:
-Одамони соҳибақл ин хел ҳам беақлӣ мекардаанд?
-Шояд ин муҳаббат аз нигоҳи аввал бошад,- гуфт Маъруф.
-Чӣ хел муҳаббат?! Магар мо беморем? Ман хуб медонам, ки муҳаббат чист?
-Пас ба мани нодон гӯед, ки ин чӣ аст, ки диламро фишору тазъйиқ меорад, шабҳо хобидан намемонад.
-Рӯҳшиносон собит кардаанд, ки муҳаббат – ин ҳолати тағйирёфтаи шуур аст, ки ба беҳушӣ наздик мебошад. Ин дар ҳоле рух медиҳад, ки нимкураи чапи мағз — масъули мантиқи шахс боздорӣ шуда, баръакс нимкураи рости мағз –масъули эҳсосот фаъол мегардад. Асоси физиологии муҳаббатро ҳормонҳо, манзараи мувофиқ ва хости шаҳвонӣ, ки ба русӣ либидо мегӯянд, ташкил мекунанд. Ин се омил дар баҳор ба ҳам меоянд ва шахсро ба муҳаббат гирифтор мекунанд. Зеро дар ин вақт нурҳои умедбахши офтоб баъди сардиҳои зимистон ба организми инсон таъсири фарогир дорад. Ин вақт ҷудошавии ҳормонҳои хушбахтӣ — серотонин меафзояд ва шахс худро шод эҳсос мекунад. Ҳамин вақт пас аз зимистон одамон либосҳои сабук ба бар мекунанд ва танашон бе либосҳои ғафси зимистона ҳувайдо мешавад, ки ин хоҳ-нохоҳ таваҷҷӯҳи ҷинси муқобилро ҷалб мекунад. Ҳамчунин аз фарорасии гармӣ ҷудошавии тестостерон – хости шаҳвонӣ меафзояд.
Ахиран олимон муҳаббатро бемории рӯҳӣ арзёбӣ кардаанд. Бемории мазкур дар ҳар шахс ҳар хел идома меёбад. Мӯҳлати онро аз як моҳ то 17 моҳ медонанд. Бояд кӯшид, ки дар ҳамин муддат ба якдигар одат кард, вагарна бо гузаштани ин вақт якдигарро метавонӣ дӯст надорӣ.
-Пас он чӣ байни мову шумо рух дод, чӣ буд?
-Девонагӣ.
-Пас мо девонаем? Пас ин миллионҳо нафар мардуми дунё, ки ишқварзӣ мекунанд, девонаанд?
-Шояд.
-Пас шумо гуфтаниед, ки чун субҳ шуд, дигар маро намешиносед?
— Субҳ шавад, мебинем.
-Пас беҳтараш ман ҳозир биравам, то субҳ пешам накунед.
— Не, истед, — гуфт Меҳрнигор ва лабонашро ба лабони Маъруф гузошт.
Меҳрнигор субҳ барвақт аз хоб хеста ношто тайёр кард ва баъд Маъруфро бедор намуд.
Сари дастархон Маъруф худро гунаҳкор ҳис карда хомӯш буд ва аз нигоҳи Меҳрнигор чашм мегурезонд.
-Ба шумо чӣ шуд, ки хомӯшед?-пурсид Меҳрнигор.
— Шуморо озор додам.
— Ин хоҳиши худи ман буд. Пас худи ман гунаҳгорам.
— Агар ишқварзӣ гуноҳ бошад, пас дар олам одами бегуноҳ нест. Агар ин гуноҳ намебуд, мову шумо тавлид намешудем. Агар ишқварзӣ бо шахси мақбулат гуноҳ бошад, пас пургуноҳ будан мехоҳам.
— Барои шумо, мардҳо гуфтани ин суханҳо осон аст. Шумо чизеро аз даст намедиҳед. Баръакс боз таъриф мекунед, ки коллексияи хонумҳоятонро як нафар зиёд кардаед.
— Ин хел нагӯед, ман ҳеҷ гоҳ бо зани номақбул ҳамхоба нашудаам. Қаламамро ҳам ба ҳар сӯрохӣ сиёҳидон гуфта намехалам.
— Майлаш, хафа нашавед, ман ба шумо бовар мекунам. Вале намедонам, ки муносибати минбаъдаи мо чӣ мешавад?
— Ин бештар аз худи шумо вобаста аст. Агар шумо маро дидан нахоҳед, ман чизе карда наметавонам.
— Инро вақт нишон медиҳад.
— Як моҳ ё 17 моҳи мегуфтаи рӯҳшиносон магар?
— Намедонам,- посух дод Меҳрнигор.
Инак, қариб 10 моҳ мешуд, ки Маъруфу Меҳрнигор бо ҳам муносибати маҳрамона доштанд. Меҳрнигор мехост, ки ин муносибаташонро расмӣ кунанд, вале Маъруф наметавонист аз оилааш ҷудо шавад. Завҷааш бемории сактаи дил дошт ва шунидани ин хабар барояш зарбаи ҷонкоҳ мешуд. Бинобар ин муносибати Маъруфу Меҳрнигор пинҳонӣ сурат мегирифт. Онҳо ҳар рӯз бо ҳам телефонӣ сӯҳбат мекарданд, вале ҳафтае як ё ду маротиба бо ҳам вомехӯрданд. Меҳрнигор бисёр мехост, ки аз Маъруф фарзанддор шавад. Вале Маъруф намехост, ки фарзанди беникоҳ дошта бошад. Меҳрнигор аз Маъруф ҳеҷ талабе надошт, розӣ буд, ки никоҳи мусулмонӣ кунанд.
Маъруф ҳеҷ дузанагиро тасаввур карда наметавонист. Аз ин рӯ, дар ин масъала эҳтиёткорӣ мекард. Ҳамин буд, ки ба истироҳатгоҳ якҷоя омада бошанд, ҳам муносибаташонро аз дигарон пинҳон медоштанд ва худро ношинос вонамуд мекарданд.

***

— Пас куҷост Меҳрнигор, ки ман бо шумо намебинамаш,- пурсид Карим.
— Ҳамин ҷост. Бо Лайло дар як ҳӯҷра меистад.
— Ҳамон устоди донишгоҳи тиббӣ?
-Бале.
— Маъруфҷон, шумо маро ба як нӯл задед. Хонуми шумо париваш аст. Барои чунин санами зебо месазад, ки аз баҳри ҳама чиз бигзарӣ,- гуфт Карим ва афзуд:-Чаро рӯзи аввал нагуфтед?
— Пас аз нақли шумо ба хулоса омадам, ки ин сирро ифшо кунам.
— Лайло ҳам дар ин бора чизе нагуфтааст.
— Ӯ намедонад. Ин қиссаро шумо аввалин нафаред, ки шунидед.
— Ин чӣ тасодуфест, ки хонумҳоямон дар як ҳуҷра ва мо низ дар як ҳуҷра ҷойгир шудаем. Пас метавонем, бе ягон ибо назди онҳо равуо кунем.
— Не.
— Чаро?
— Таваҷҷӯҳи дигаронро ҷалб кардан чӣ лозим?
— Маро бо Лайло аксар дидаанд. Агар шумо бо мо бошед, касе ягон фикри бад намекунад.
— Аҷибед Каримҷон. Гӯё соли якум ба курорт меомада бошед. Ин ҷо чун касро бо зане диданд, гап мекунанд.
— Пас шумо чӣ хел бо ҳам вомехӯред?
— Вақте ки шумо Лайлоро ба ҳуҷраи мо меоред, ман назди Меҳрнигор меравам.
— Шумо инро аз куҷо медонед?
— Бародар, атри Лайло аз буданаш ин ҷо гувоҳӣ медиҳад. Ман беҳуда ним соат пештар аз омаданам шуморо занг зада намепурсам, ки дар куҷоед, то Лайлоро ин ҷо набинам ва ӯ ҳам маро дар ҳуҷраашон бо Меҳрнигор надорад.
— Бало будаед-ку шумо.
— Инро конспиратсия ё ин ки пинҳонкорӣ мегӯянд, бародар. Воқеан он чӣ гуфтам байни худамон монад.
— Бале, сирри мардон пӯшида.

Ҳоҷии ахта

Маъруфу Карим тақрибан 5 дақиқа дар буғхонаи Хоҷа Оби Гарм истода берун баромаданд. Дар буғхона ба ҷои 10 нафар 15 нафар даромада буданд. Баъзеҳо рост меистоданд. Аз меъёр зиёд даромадани одамон ғаши Маъруфро оварда буд. Онҳо ба хонаи истироҳат гузаштанд, то арақи баданашон хушк шавад. Хонаи мазкур низ пур аз одам буд. Дар катҳо истироҳаткунандагон ба кампал печида дароз кашида буданд. Як марди қадбаланди бурутакӣ, ки тақрибан 65 сол дошт, аз марди ҳамроҳаш пурсид:
— Ҳамоне, ки дасташ меларзид, бригадир буд ё магазинчӣ?
— Қассоб будааст, рӯзе ду-се говро мекуштааст, — ҷавоб дод марди миёнқади кулӯлаи тоссар.
-Ҳаққи мардумро бисёр хӯрда будааст. Худо имрӯз нишон додааст. Касе дасташ меларзад, пургуноҳ аст, Худо нишонаш медиҳад.
— Рост мегӯед, акои Абдулло, — гуфт марди тоссар.
Аз ин суханон хун бар сари Маъруф зад. Аз ин хулосабарории ин ду нафар ончунон қаҳраш омада буд, ки метавонист ҳардуро лату кӯб бикунад. Ба ҳар ҳол ӯ худро ба даст гирифта гуфт:
— Кадоме аз шумо муаллим будаед?!
— Не, мо муаллим нестем,- ҷавоб дод, марди бурутакӣ, ки шарикаш Абдулло номида буд.
— Пас чаро, ҳар касе, ки дасташ меларзад, дузду ҳаққи мардумхӯр меномед?! Ларзидани даст аз асаб аст. Муаллимӣ кори асабонӣ аст. Бинобар ин дасти муаллимон ҳам меларзад.
— Бале, бародар дуруст мегӯяд,- ба баҳс ҳамроҳ шуд ҷавонмарде, ки аз кат хеста либос мепӯшид. – Кӣ пургуноҳ аст, Худованд худаш медонад. Бинобар ин ҳамаро гунаҳкор донистан хуб нест.
-Ҳоҷӣ дуруст мегӯяд,- ӯро дастгирӣ карданд чанд нафар аз ҳозирин.
— Аз рӯи ақидаи шумо ба мардум баҳо диҳем, бояд дасти 90 дар сади мардум биларзад. Зеро аксар луқмаи ҳаром мехӯранд, — гуфт Маъруф.
— Бале, имрӯз на ҳама бо меҳнати ҳалол зиндагӣ мекунанд, — розӣ шуд, Абдулло. –Масалан, ту додар, чандсолаӣ? Чӣ кор мекунӣ?- ба ҳоҷӣ муроҷиат кард ӯ.
— Ман, 42-солаам. Соли гузашта Маккаву Мадинаи мукаррамаро зиёрат кардам.
— Ҳоҷӣ шудӣ, оё ба девори ягон масҷид хиште мондаӣ?- боз суол кард Абдулло.
— Солҳои 90-ум, давраи донишҷӯӣ дар яке аз масҷидҳои Душанбе хизматҳои зиёде кардаам.
— Ту бачаи ҷавон будаӣ, ҳоҷӣ шуда худатро ахта кардаӣ.
-Чӣ хел?- ҳайрон пурсид Ҳоҷӣ.
-Ҳоҷӣ вақте мешаванд, ки аз неъмати дунё парҳез мекунӣ. Ман медонам ҳоҷиёнро, ки баъди аз зиёрати хонаи Худо баргаштан боз арақ менӯшанд, духтарбозӣ мекунанд, мардумро фиреб медиҳанд. Бозор пури ҳоҷӣ –ҷаллоб. Як маҳсулотро 10 сомонӣ харанд, 20 сомонӣ мефурӯшанд. Магар ин мусулмонист?! Масалан, худи ту чӣ кор мекунӣ? –суол кард Абдулло?
-Ман дар аэропорт кор мекунам, -посух дод, Ҳоҷӣ.
-Билет мефурӯшӣ ё карасин? Набошад аз кадом ҳисоб чоруним ҳазор доллар ёфта ба ҳаҷ рафтӣ?
Ҳоҷӣ аз ин суханон дар қаҳр шуд, вале дандон ба дандон монда гуфт: -Шумо худатон чӣ кор мекунед?
— Ман 28 сол дар заводи шир завсклад будам. Ман дузди касбӣ будам ва инро пинҳон намекунам. Кӣ дар Тоҷикистон завсклади покро дидааст? Бе дуздӣ дар он ҷо кор карда намешуд ва намешавад, -гуфт Абдулло.
Ин суханонро шунида дигар касе чизе нагуфт, зеро мӯйсафед худ ба гуноҳи кардааш иқрор буд. Сӯҳбат ба мавзӯи дигар гузашт. Яке гуфт:
-Нақл карданд, ки ду сол пеш як мӯйсафед, ки бори аввал ба Хоҷа Оби Гарм омада будааст, ба хонаи либоскашии буғхона даромада одамонро дар катҳо хобида дидааст. Ӯ либосҳояшро кашида, худро ба кампали кати холӣ печонида дароз кашидааст. Дар ин миён чанд маротиба одамони хона дигар шудаанд. Онҳо либосҳояшонро пӯшида рафтаанд ва ба ҷояшон дигарон омада дар кат дароз кашидаанд. Мӯйсафед қариб ду соат дар кат хобида, ба ғайри арақ кардан дигар чизе эҳсос накардааст ва ба марде, ки дар кати ҳамсоя баъди аз буғ баромадан истироҳат мекард, гуфтааст:
-Буғшам ҳеҷ гап набудай. Одамо меган 10 дақиқа дар буғ тоқат карда наметонем. Ман ина ду соатай истодам, ҳеҷ таъсирум намекуна.
-Бобо, ин ҷо хонаи либоскашиай. Буғхона дигарай, -гуфтааст он мард.
Ҳама хандиданд ва як марди дигар, ки дар курсӣ нишаста истироҳат мекард, гуфт:
-Ин ҷо қиссаҳои аҷиб зиёд рух додаанд. Масалан, нақл мекунанд, ки чанд сол пеш мардҳо дар буғхона нишаста будаанд, ки ба он зане даромада назди дар нишастааст. Мардҳо занро дидаанд, вале инро ошкор накарда, хуб тамошо кардаанд. Баъди ба буғу торикӣ одат кардани чашмаш он зан дидааст, ки ба буғхонаи мардона даромадааст. Ӯ «вой» гуфта аз буғ баромадааст.
Ин зан баъди аз курорт рафтанаш ба занҳо қиссаи мазкурро нақл кардааст ва он зуд байни мардум овоза шудааст.
Рӯзе ин қисса ба гӯши раиси ҷамоат низ расидааст. Раис он занро ба кабинеташ даъват карда гуфтааст: «Ман ҳамон вақт дар буғхона нишаста будам ва туро шинохтам, вале барои шарманда накарданат ин қиссаро ба касе нагуфтам. Ту бошӣ, шарм накарда худат ин воқеаро ба ҳама нақл кардаӣ, марги ту барин зан!».
-Шумо қиссаи чандсоларо мегӯед. Ман ба шумо воқеаи дирӯз рухдодаро нақл мекунам, -гуфт мӯйсафеде, ки либосҳояшро пӯшида рафтанӣ буд. – Чун одат ҳар саҳар, баъди намози бомдод ман ба буғ меоям. Буғхона аксар вақт соати 5 боз мешавад. Дирӯз ман андаке ба мисли имрӯза дер омадам. Либосҳоямро кашида ба буғхонаи поён, ки бисёр гарм нест, даромада нишастам. Дар буғхона суроби ду нафар менамуд. Чун чашмам ба торикӣ одат кард, бинам ин ду нафарро синаҳояшон кашол аст. Дарк кардам, ки пеши занҳо нишастаам. Барои онҳоро шарм надодан, оҳиста аз ҷо бархоста ба буғхонаи боло гузаштам.
— Бобо, хуб тамошо кардам гӯед,- шӯхиомез гуфт Маъруф.
— Дар ҷавонӣ бисёр дида, чашмом сер шудаанд. Ҳами аврата ҳамаш якай, — посух дод мӯйсафед.
-Айби шумо нест, бобо, ки пеши занакҳо даромадед,- гуфт ҷавонмарди тоссар, ки дар кат дароз кашида, сӯҳбатро бодиққат гӯш мекард. – Аввал, ин ки навбати буғдароии занҳо пас аз нисфирӯзӣ аст. Сонӣ, бояд буғчӣ аз даромадани занҳо ба буғхона бояд дигаронро огоҳ мекард.
— Барои пули нақд шуда, буғчиҳо парво надоранд, ки ин ҷо чӣ мешавад, — ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Абдулло. –Ман ҳам як қиссаро ба шумо нақл мекунам:
-Дар чойхона мӯйсафедон ҳалқа нишаста, сӯҳбат мекарданд. Ҷавоне дар кати ҳамшафат нишаста чой менӯшид ва ба гӯшаи чашм ба онҳо нигоҳ карда, ба сӯҳбати ҳамсояҳо таваҷҷӯҳ мекард.
-Имшаб чанд маротиба шуд?-пурсид яке аз мӯйсафедон.
— Кам рафтам, ҳамагӣ 3 маротиба. Шумо чӣ? – суол кард посухгӯй.
— Ман 5 бор рафтам.
— Гӯри пирӣ шавад, ман ҳам ҳар шаб 5-6 маротиба мебароям, — ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд мӯйсафеди дигар.
Ҷавон аз ин сӯҳбати мӯйсафедон ҳайрон шуда, пурсид:
— Мебахшед, ки ба сӯҳбати шумо ҳамроҳ мешавам. Ман ҳафтае бо занам ду ё се шаб хоб меравам ва ягон шаб аз се маротиба зиёд нарафтаам. Шумо чӣ мехӯред, ки 5-6 маротиба ҳар шаб меравед?
— Писарам, мо чойи кабуд менӯшем ва барои ҳамин ҳам шабе 5-6 маротиба барои қазои ҳоҷат мебароем, — посух додааст яке аз мӯйсафедон.
Ҳама хандиданд. Бо ин нақлу шӯхиҳо вақт зуд гузашт ва Маъруфу Карим аз хонаи истироҳати буғхона берун шуданд.

Одамони гуногун

Маъруф баъзе ҳодисаҳоро дар куророт дида дилтанг мешуд. Ӯ ҳар шомгоҳ пас аз хӯрок хӯрдан бо дӯстон қадам зада, то лаби дарёча мерафтанд ва пас мегаштанд. Чанд рӯз пеш бошад, баъди нисфирӯзӣ лаб-лаби дарё ба тамошои тарма рафтанд. Соҳили дарёчаро истироҳаткунандагон ифлос карда буданд. Ба ғайри ин дар соҳили дарёча подаи сувай мечарид. Хуллас, соҳили дарёча ба подаҷо табдил ёфта, истеъмоли обаш хатарнок буд. Кас ба бемориҳои сироятӣ метавонист гирифтор шавад. Ин шомгоҳ марду занеро дид, ки аз дарё ба бидони пластикии панҷлитра об мегиранд.
— Ин обро чӣ кор мекунед, -пурсид Маъруф.
— Барои нӯшидан мегирем, -посух дод мард, ки тақрибан 40-сола буд.
-О дар хонаатон крани оби хунук ҳаст-ку?- ҳайрон гуфт Маъруф.
-Вай об барои хӯрдан намешавад, аз турба меояд, -гуфт мард.
— Баръакс, ин об ифлос аст, онро нӯшидан хатарнок мебошад.
— Об, ки ҳафт бор ғелад, ҳалол мешавад,- гуфт мард дар посух ва обро гирифта, бо занаш сӯи осоишгоҳ равон шуданд.
-Ин чӣ бефаҳмӣ аст?! -Дар қаҳр шуд Маъруф аз посухи он мард.
-Мулло Маъруф, ба ин хел чизҳо зиқ нашавед,- дилбардорӣ кард дӯсташ Ҳикматулло, ки духтур буд. – Сатҳи саводи ҷомеа костааст. Ҳоло ягон кас гӯяд, ки ин оби дарё шифобахш аст, ҳама бовар мекунанд.
-Истироҳаткунандагон аз савдогарони маҳаллӣ рустаниҳои гуногунро аз қабили бобунаву чойкаҳак, мармараку барги зулфро шифобахш аст, гуфта мехаранд. Ҳол он ки ин рустаниҳоро дар офтоб хушк кардаанд ва онҳо хусусияти шифобахшии худро аз даст додаанд, -гуфт бо таассуф Ҳикматулло.
***
Рӯзи дигар бошад, Маъруф шоҳиди як воқеаи нанговаре шуд.
Маъмури осоишгоҳ ба як зани тақрибан 60-солаи айнакӣ чунин мегуфт:
— Апа, ҳамхонаатон ҳам ба мисли шумо ҳуқуқ дорад. Шумо бошед, дарро қулф карда, ба ӯ калидро намедодаед? Вай бечора соатҳо дар назди дар шуморо интизор мешудааст. Ин коратон хуб не.
— Чаро вайро пеши ман ҷойгир кардед. Вай уровни ман не,-гуфт зани айнакӣ.
Аз ин суханон хун ба майнаи сари Маъруф зад. «Ин мардум худро кӣ мепиндоранд. Ин ҷо истироҳатгоҳ аст ва шоҳу гадо ҳама баробаранд. Чӣ мардуми бефаҳм», дар қаҳр шуд Маъруф.

Издивоҷи иҷборӣ

Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз,
Кабутар бо кабутар, боз бо боз.

Маъруф пас аз хӯроки чошт дар хараки назди чашма, дар сояи маҷнунбед нишаста, газетаи «Нигоҳ» мехонд. Дар наздаш, болои харак боз якчанд ҳафтаномаи дигар меистоданд. Ҳамин замон ҷавонзане, ки як даста газета дошт, омада дар ҳамин харак нишаст ва ба мутолиаи ҳафтаномаи «Миллат» шурӯъ кард. Маъруф газетаро варақгардон намуда, маводи мақбули хонданӣ пайдо накард ва онро болои харак гузошта, даст ба ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бурд. Ӯ аз рӯи одат қариб ҳамаи газетаҳои хусусии ҷамъиятиву сиёсии ҷумҳуриявиро харидорӣ мекард ва аз онҳо матлаберо меҷӯст, ки дар он воқеияти кишвар ҳаққонӣ инъикос шуда бошад. Вале мутаассифона, вақтҳои охир чунин матлабро хеле кам дар саҳифаҳои рӯзномаҳо пайдо мекард Маъруф. Ӯ ҳафтаномаи «Тоҷикистон»-ро варақ мезад. Саҳифаҳои аввал аз хабарҳое иборат буданд, ки аллакай дар ҳафтаномаҳои «Asia-Plus», «Миллат» ва «Нигоҳ» бо онҳо ошно шуда буд. Дар саҳифаҳои дигар ягон маводи мавриди таваҷҷӯҳашро пайдо намекард.
-Ако, мебахшед, ҳамон газетаи «Нигоҳ»-атонро муваққатан намедиҳед, мутолиа кунам, -гуфтани зане Маъруфро аз варақзании ҳафтанома боз дошт.
-Марҳамат. Аммо гумон намекунам, ки хоҳар ягон маводи хонданбоб пайдо кунед, зеро ҳамаи газетаҳо қариб ки як чиз менависанд, -гуфт Маъруф ва газетаро ба зан дароз кард.
-Ташаккур, ба ҳар ҳол як бинам. Ман доимо ин газетаро дар қатори дигар ҳафтаномаҳо мутолиа мекунам. Имрӯз ман андаке дертар ба чоштхӯрӣ ба ошхона рафтам. Зани газетфурӯш ҳамагӣ 10 дона «Нигоҳ» оварда будааст, ки дигарон харидаанд. «Чаро ин қадар кам газета овардед?»- пурсидам. «Ин хел газетаҳои сиёсиро кам мехаранд. Мардум бештар «Оила», «Муҳаббат ва оила» «Зан ва мард» ва газетаҳои кроссворддор мехаранд»- гуфт фурӯшанда.
-Бале, бозори чунин газетаҳо гарм аст. Муштарӣ ҳамон газетаро мехарад, ки ба он таваҷҷӯҳ дорад ё ин ки талаботашро қонеъ карда метавонад, — гуфт Маъруф ва варақгардонии ҳафтаномаро идома дод.
Дар Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм, дар назди даромадгоҳи ошхона рӯзҳои панҷшанбе, вақти хӯроки чошт зане газета мефурӯшад. Рӯзҳои панҷшанбе, ки дар Тоҷикистон аксари газетаҳо ба фурӯш бароварда мешаванд, бозори ин зан гарм мешавад. Муштариёни газетахон кӯшиш мекунанд, ки то ба ошхона даромадан нашрияҳои мавриди таваҷҷӯҳашонро бихаранд, вагарна баъзан ҳафтаномаҳои мақбулашонро пайдо карда наметавонанд.
— Ако, шумо дуруст мегуфтаед, дар «Нигоҳ» ҳам чизи хонданӣ нест,- сар аз газета бардошта гуфт зан ба Маъруф.
— Бале, ҳоло ҳамаи газетаҳо як чизро менависанд,- посух дод Маъруф сар аз мутолиа бардошта. — Газетаҳо то ҳамон вақт хонданбобанд, ки хонандаи доимии худро пайдо накардаанд. Чун хонандаи доимӣ пайдо карда, ба тиражи фоидаовар расиданд, аз паи маддоҳӣ мешаванд. Имрӯз бошад, аксари нашрияҳо маводи пулакӣ чоп мекунанд. Агар пул диҳӣ, шахси дуздро поквиҷдон гуфта, таъриф мекунанд. Одами ҳалолро бошад, тӯҳмат мезананд.
— Газетаи «Пайкон» ҳақиқатро менависад, мегӯянд. Вале чанд вақт боз ман онро дар дӯконҳо намебинам.
-Бале, барои ҳақиқатро гуфтанаш бастанд ва баъди чанд моҳ муассису сармуҳаррираш Ҷумъаи Толиб вафот кард.
— Аз ғам вафот кардагист, бечора,-гуфт зан.
— Ба бемории саратон гирифтор шуда буд, раҳматӣ.
-Ако, ин гапҳоро шумо аз куҷо медонед? Мабодо-ку худатон журналист нестед?
-Не, ман журналист нестам, вале дӯстони зиёди журналист дорам ва ба редаксияҳо ҳам каму беш равуо мекунам. Баъзан илҳом ояд, назари худро дар бораи ягон мавзӯъ менависам, агар мақбулашон бошад, чоп мекунанд.
— Пас шумо филологед?
-Не, албатта. Магар фақат филологҳо навишта метавонанд?
— Дар ҷомеаи мо имрӯз чунин фикр мекунанд. Вале ба назари ман, ҳар як зиёӣ новобаста аз касбу тахассусаш бояд фикри худро озодона рӯи коғаз оварда тавонад.
— Бале, шумо дуруст мегӯед, вале имрӯз ҳатто на ҳамаи филологҳо назарашонро дуруст баён карда метавонанд, -гуфт Маъруф бо таассуф.
-Чӣ илоҷ, бо баҳонаи ҷанги ҳамватанӣ ҳеҷ не ки ба соҳаи маориф таваҷҷӯҳи дуруст кунанд.
— Ба тамом шудани ҷанг 15 сол гузашт, вале то ҳол бечораҳолӣ мекунем. Кишварҳои дигар пешравӣ доранду мо то ба ҳол ба умеди дигаронем, ки кӯмак кунанд, то Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро созем.
— Дуруст мегӯед, ки ин ватандорони даруни нохунак то қасру кӯшкҳо сохтан агар бо маблағҳои дуздидаашон ин сохтмонро маблағгузорӣ мекарданд, ҳам худ фоида медидаданду ҳам Тоҷикистон обод мешуд,- бо афсӯс гуфт ҷавонзан.
— Хоҳар, алами диламро тоза накунед, ки боз мушкилоти кишварро фикр карда, сарам ба дард меояд. Ба курорт омадам, то ки бо дидани манзараҳои зебои кӯҳистон торҳои асабамро ором кунам.
— Сари шумо чӣ дард мекунад? Сари масъулон дард кунад. Барои ин курсии мансабро банд кардаанду маош мегиранд.
— Гапатон дуруст, хоҳар. Вале ҳар як нафаре, ки ватанашро дӯст медорад, бояд барои ободиаш кӯшад.
— Ако, агар ҳама мисли шумо фикр мекарданд, ба қавле кайҳо «олам гулистон» мешуд.
Маъруф ба ин суханон чизе посух нагуфт ва чашм ба газета бурд. Ҷавонзан дар ин мавзӯъ қатъ шудани сӯҳбатро дарк карда, ба соаташ нигарист. Ақрабаки он 15 дақиқа кам серо нишон медод.
— Ако, вақти ба буғ рафтани ман ҳам шудааст. Бо шумо сӯҳбат кардему шинос нашудем. Номи ман Меҳрона.
— Номи ман Маъруф.
— Хеле хуб, шуморо шом бо шавҳарам шинос мекунам. Он кас ҷони одам. Сӯҳбатро баъдан идома медиҳем, — гуфт Меҳрона ва сӯи бинои истиқоматии курорт равона шуд.
Маъруф боз андаке газета мутолиа кард ва баъдан ба ҳуҷрааш рафт, то ки тағйири либос карда, ба души «Шарко» равад.

***
Маъруф бо Карим аз ошхона баромада, сӯи чашма роҳ гирифтанд, то ки аз он ҷо ба роҳи калон баромада, каме қадам зананд. Аксари истироҳаткунандагон пас аз тановули хӯроки шом ба роҳи калон баромада, то лаби дарёи Хоҷа Оби Гарм қадам мезаданд ва аз ҳавои шомгоҳии кӯҳистону насими ин рӯди шӯх нафас мекашиданд. Мегӯянд, ки насими рӯд ба гирифторони бемории диққи нафас нафъ мекардааст. «Қадамзанӣ ба ҳазми ғизо низ кӯмак мекунад»- гуфт боре духтури истироҳатгоҳ ба як нафар муштарӣ. «Барои ҳазми хӯрокҳои ошхонаи шумо қадамзанӣ лозим нест. Хӯрокатон ғизо надорад»- ҳозирҷавобӣ кард истироҳаткунанда. Маъруф ҳам ҳар бегоҳ дар ин роҳ қадам мезад, гоҳе танҳо ва гоҳе бо ягон шиносаш. Каримро дар нимароҳ, дар назди сафедорон Лайло интизор буд. Маъруф бо ишораи сар ба ӯ салом дода, онҳоро танҳо гузошт ва роҳашро идома дод. Ӯ ба назди чашма расида, акнун ба роҳи калон баромаданӣ буд, ки аз куҷое Меҳрона бо як марди тоссари айнакӣ пайдо шуд.
— Салом, акои Маъруф. Шинос шавед, ин кас хӯҷаини ман Рауф, -гуфт ӯ.
— Хеле шодам,- гуфт Маъруф ва сӯи мард даст дароз кард. –Номамон қариб ҳамқофия будааст. Боз ҳамкасб ҳам набошем?- суоломез гуфт ӯ.
— Ман, муаллими математика, шумо ба чӣ кор машғулед? – пурсид Рауф.
— Ман ҳам як замон муаллим будам, муаллими таърих. Ҳоло соҳибкорам. Бо маоши муаллимӣ зиндагӣ кардан душвор,- гуфт Маъруф.
-Дуруст мегӯед, имрӯз муаллимон аз қишри камбизоати ҷомеа маҳсуб мешаванд.
-Барои ҳамин ҳам офаринашон бод бо чунин маоши ночиз, ки базӯр барои харидани як халта орд мерасад, фарзанди мардумро дарс мегӯянд. Агар ҳукумат ба муаллимон ҳайкали тиллоӣ монад ҳам, ҳаққаш намеравад, -гуфт Маъруф бо як эҳсоси баланд.
— Бале, шумо ҳаққед, бародар.
— Ин ҷо сари роҳ меистем-мӣ? Биёед қадам занем, -мавзӯи сӯҳбатро тағйир доданӣ шуда, гуфт Меҳрона.
-Рафиқ занак, ба сӯҳбати мардакҳо чӣ ҳамроҳ мешавӣ?! Бирав, сари чашма шин чун занони дигар. Ҳозир консерт мешавад. Мо бо бародар, каме қадам зада сӯҳбат кунем,- гуфт Рауф, то ки завҷааш онҳоро танҳо бимонад.
— Ман ақламро хӯрдаам, ки шуморо танҳо мемонам. Дунёро духтару занҳои бешӯй гирифтааст. Ман лаби чашма шинаму шуморо ин занакҳои истироҳатгоҳ ба доми худ афтонанд.
— Занак, ин қадар эзма нашав! Мани кали айнакӣ ба кӣ даркор? Аққалан серпул ё мансабдор мебудам, ин хел рашк мекардӣ, мешуд. Наберадор гаштему акнун меҳрат бедор шуд, ки рашк мекунӣ?
— Ин қадар худатонро ба гӯлӣ назанед, намебинед ин занҳоро? Чашмонашон бозӣ мекунанд. Духтарҳои дар ҳуҷраи ҳамсоя бударо магар намебинед, ки ба чӣ кор машғуланд? Мардҳоро ба домашон афтонда, то тамом шудани мӯҳлати истироҳаташон истифода мекунанд.
— Худат медонӣ, ки аз ман чизе ба онҳо намерасад. Аз ҷониби дигар, ту мисли соя ҳамеша бо манӣ. Кӣ дилу гурда карда, маро ба домаш андохтанӣ мешавад?
-Ман шӯхӣ намекунам. Ҳоло зани беваю пирдухтар дар ҷумҳуриамон зиёд шудааст. Духтарҳои хона мӯйсафедҳоро гирифта истодаанд.
— Меҳронабону, рост мегӯед? – бо таваҷҷӯҳ пурсид Маъруф.
— Чӣ шумо магар намедонистед?
— Не, албатта.
-Шӯхӣ накунед. Инро ҳама медонанду наход шумо надонед?
— Агар ҳамин тавр бошад, ба ману акои Рауф ягон духтар ёбед, мо ҳам аз маърака дур намонем, -гуфт Маъруф ба оҳанги шӯхӣ.
— Ҳе, намуред, шуморо-ку намедонам. Вале акотон зан доранд. Ман мемонам, ки ба болои ман полонҷ оранд?!
— Занак, Худо инсоф диҳад, гӯй! Ман, ки зангир шудам аз ту мепурсам?
— Шумо ҳам нохун баровадед? Ё акои Маъруфҷонро дида шердил шудед?
— Мо шӯхӣ мекунем, шумо зуд оташ нагиред. Воқеан ҳам, мо ба кӣ даркор? – гуфт Маъруф Меҳронаро ором карданӣ шуда. – Беҳтараш рафтем ба кабобхонаи назди трансфарматор ва он ҷо сӯҳбатро идома медиҳем.
-Майлаш, вале ба шарте ки зиёфат аз ҳисоби мо, — розӣ шуда, гуфт Рауф.
— Не, ман шуморо даъват карда истодаам.
— Гумон накунед, ки мо муаллиму пул надорем. Худоро шукр, ки ду писарамон дар хориҷа кору зиндагӣ мекунанд. Яке дар Олмону дигаре дар Амрико. Ҳар ду ҳам маоши хуб мегиранд ва ҳар моҳ ба мо беш аз ҳазор доллар мефиристанд. Бо пули онҳо аробаамонро кашида истодаем. Вагарна мо аз куҷо ба яку ним ҳазор сомонӣ ба курорт меомадем. Шукри фарзандон, ки ҳоло аз гуруснагӣ намурдаем.
— Майлаш, ман таслим. Вале шумо дафъаи дигар зиёфат медиҳед. Ҳоло ман шуморо даъват карда истодаам, — гуфт Маъруф ҳамсӯҳбатҳояшро ба ошхона ҳидоят карда.
Онҳо ба мизи лаби боғ нишастанд. Маъруф пешхизматро даъват кард ва аз ҳамроҳонаш пурсид:
— Чӣ мехӯрему чӣ менӯшем?
— Ду сихӣ шашлики гӯшти гов, нӯшиданаш … -ба завҷааш нигоҳ кард Рауфҷон.
— Ин кас нӯшиданро партофтагӣ,- омирона гуфт Меҳрона.
— Не, барои профилактика мумкин,- сухани занашро рад кард Рауф.
— Фаҳмо. Пас додар ба мо 6 сих шашлик биёр, -гуфт Маъруф ба пешхизмат ва афзуд. Чӣ хел арақ доред?
— «Кедровый», «Медведь», «Русский богатыр»…,- номбар кардан гирифт пешхизмат.
— Додар, ба ман арақи тоҷикиро гӯй. Он арақҳои мегуфтаат ҳамааш дар таҳхонаҳои Душанбе ва Хӯҷанду Қистакӯз тайёр карда мешаванд. Арақи «Тоҷикистон» аз заводи машруботи Душанбе дорӣ? Нархашро қимат ҳам гирӣ, аз истеҳсоли завод биёр. Боз фиреб накунӣ, ки ман арақи тозаро мешиносам, — чун мутахассиси кордон гуфт Маъруф.
— Хуб, ако. Ҳозир меорам, -гуфт пешхизмат рафтанӣ шуда.
— Саросема нашав! Ҳоло мо ба янга чизе нафармудаем,- суоломез ба Меҳрона нигарист Маъруф.
— Ба ман чойи кабуд биёред, шуд,- аз нигоҳи Маъруф рамуз гирифта, гуфт Меҳрона.
— Ягон хел нӯшоба ё шарбат фармоям?
— Ако, худатон медонед, ки шарбату нӯшобаҳо ҳамааш худсохт. Аз фоидааш дида зарараш зиёд. Аз чойи худамон намонем.
-Пас додар, чой ва як тахта шоколади русӣ биёр. Газакро ҳам фаромӯш накунӣ, — фармоиш дод Маъруф.
— Хуб, ако ман зуд меорам, -гуфт пешхизмат ва бошитоб аз назди миз дур шуд.
Пешхизмат ба ваъдааш вафо карда, зуд фармоишро иҷро кард.
— Мебахшед, янга дар пеши шумо густохӣ мешавад, ки мо панҷоҳтагӣ менӯшем, -гуфт Маъруф қадаҳро ба Рауф дароз карда.
-Қадаҳи якумро барои шиносоӣ менӯшем, -гуфт Рауф ва онро ба пиёлаи Маъруф ҷанг андохт.
— Арақ гарм нашавад, қадаҳи дуюмро мегирем,- гуфт Маъруф пиёлаҳоро пур карда.
— Ин дафъа сухан аз шумо,- гуфт Рауф.
— Пас ин қадаҳро барои Меҳронабону менӯшем. Зеро мегӯянд, ки «Мардро мард мекардагӣ зан аст». Агар воқеан, ғамхории занон набошад, ба қавли устод Мирзо Турсунзода «Зан агар оташ намебуд, хом мемондем мо».
— Бале, дуруст мегӯед, менӯшем, -гуфт Рауф ва пиёлаашро ба қадаҳи Маъруф ҷанг андохт.
Баъди қадаҳи сеюм Рауф ширакайф шуда, ба мавзӯи пешина баргашт:
— Маъруфҷон, ба шумо як чизро гӯям. Вақтҳои охир янгаатон Меҳрона хеле бадрашк шудааст. Ҳатто маро ба сояи худаш бинад, рашк карда, чун оташ аланга мегирад.
— Ин сабаб доштагист? Ягон қаҳрамониатонро янга дидагистанд?
— Қаҳрамонии мо то оиладор шуданамон буд. Ман баъди хонадоршавиам ба завҷаам хиёнат накардаам. Шароиту имконият буд, шайтон ҳам васваса мекард, вале пеши назарам ғамхориву меҳрубонӣ ва муҳаббати беолоиши Меҳрона меомад. Худро аз роҳи бад медоштам.
-Ээ, ҳамин хелаш ҳам буд-мӣ?- ҳайрон суол кард Меҳрона.- Боз ман шуморо фаришта гуфта мегаштам.
— Рафиқ занак, банда бегуноҳу пок аст. Ба қавле дар лаби домани ман намоз хондан мумкин аст.
— Авлиё шаведе, — паст наомад Меҳрона.
— Агар авлиё бошам, пас чаро ҳоло бадрашк шудаӣ, ҳар як қадамамро таҳти назорат мегирӣ, занак?!
— Замона дигар шудааст. Дунёро беваи бешӯй гирифтааст. Агар суст монӣ, шавҳаратро аз худ мекунанд. Ман чандин занҳоро медонам, ки сари шавҳарҳояшонро ҷавонзанон тоб дода, аз онҳо ҷудо кардаанд. Табиати мард ҳамин аст, ки ҳамеша зани ҷавон мехоҳад.
— Чунин занонро ҳам фаҳмидан мумкин. Онҳо гунаҳкор нестанд, ки бешавҳар мондаанд. Якеро шавҳараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта он ҷо монда зани рус гирифтааст ва ӯро талоқ додааст. Дигареро ҳамин ҷо шавҳараш зан гирифта, ӯро партофтааст. Сеюмиро касе хостгор наомадааст ва пир шуда акнун розӣ аст, ки ба касе набошад ҳам, издивоҷ кунад, -аз занон ҷонибдорӣ кард Маъруф.
— Бале, дуруст мегӯед, -мулоим шуд Меҳрона. – Духтар бисёру писар кам аст.
— Бачаҳо дар Русия. Онҳо ҳам аз муҳоҷират омаданд, мекӯшанд, ки духтарони 17-соларо гиранд. Кам аст ҷавоне, ки ҳамсинни худро гирад. Аз ин рӯ, духтарҳо шавҳар накарда, пир шуда истодаанд,- гуфт Маъруф.
— Махсусан, духтарҳои таҳсилдида шавҳар наёфта, пир мешаванд, — луқма партофт Рауф.
— Дуруст мегӯед, аксари пирдухтарон таҳсилоти олӣ доранд, — афзуд Маъруф.
— Дарвоқеъ, аз рӯи мушоҳидаи ман аксаран ҳамон духтарони хубу боодоб, ки ишқварзӣ намекунанд, бешавҳар мемонанд. Онҳое, ки ҷаққону шайтонтабиатанд ва ё гандагарданд, зуд сари ягон ҷавонро гаранг карда, вақти донишҷӯӣ ба шавҳар мебароянд,- гуфт Меҳрона ва афзуд: -Аз ростӣ, дилам ба пирдухтарон месӯзад. Бо мо чунин як духтар кор мекард. Аз фанни забон ва адабиёт дарс мегуфт. Духтари донову порсо буд. Дар ҳусну малоҳат ҳам дар маҳалла аз вай зеботар духтаре набуд. Хушгапу хушмуомила, бофаросат буд. Панҷ вақт намозаш канда не. Кадбонуи хуб- панҷ панҷааш ҳунар буд. Аз писари мо калон буд, вагарна худамон келин мекардем. Худо ҳусну заковат, ақли расо додаву бахташ надода буд. 30-сола шуда буд духтар, вале каси таги дилаш хостгориаш намеомад. Чанд маротиба мӯйсафедҳои занмурдаи деҳқону даҳмарда хостгориаш карданд, вале ӯ розӣ нашуд. Чанд маротиба бойбачаҳо зани дуюму сеюм низ карданӣ шуданд, ӯ чунин бахтро намехост. Ниҳоят соли гузашта ӯ ба шавҳар баромад. Агар таваҷҷӯҳ дошта бошед, ман қиссаи ин духтарро ба шумо нақл кунам, — гуфт Меҳрона.
— Албатта, мароқангез аст, бигӯед, –хоҳиш кард Маъруф.
— Занак чунин қиссаҳо дар мактабатон мешудаасту ман хабар надорам,- гилаомез гуфт Рауф ва афзуд:- Хайрият, ки ҳоло мешунавем.
— Хафа нашавед, на ҳар қиссаи дар кор мешударо нақл кардан ҷоиз аст. Акнун, ки вақташ фаро расид, нақл мекунам:
-Ин духтарро Нозгул буд ном. Як рӯз ӯро вақти бозгашт аз конфронси августии муаллимон марде дидааст. Нозгул мақбулаш шудааст. Ӯ пурсуҷӯ карда фаҳмидааст, ки Нозгул духтари хона аст. Ин рағбати ӯро боз ҳам афзунтар кардааст.

***

Нозгул аз толори шӯъбаи маориф баромада, ба сӯи истгоҳ мерафт. Фикру хаёлаш ба маърӯзаи мудири маориф ва намояндаи вазорат банд буд. Мисли ҳарсола ваъдаҳои зиёд доданд, дар бораи баланд кардани маоши муаллимон, беҳ кардани шароити таълим дар мактабҳо ҳарф заданд. Аҳли толор бо «қарсакҳои бардавом» ин ваъдаҳои ношуданиро хуш истиқбол карданд. Соли гузашта низ дар конфронси августӣ айнан ин суханону ҳамин ваъдаҳо садо дода буданд. Вале аз ин гуфтаҳо ягонтоаш амалӣ нашуда буд. «Киро фиреб мекунанд? Наход надонанд, ки дигар мардум ба дурӯғи онҳо бовар намекунад!»- ба худ меандешид Нозгул.
-Мебахшед, муаллима, мумкин як чизро пурсам, — гуфтани марде Нозгулро аз банди хаёл раҳонид. Ӯ сар бардошта пеши худ марди хушқаду қоматро, ки шиму куртаи сафеди оҳарӣ дошт, дид.
-Гӯшам ба шумо.
— Боз бубахшед, намегӯед, ки шӯъбаи молиёт дар куҷо аст?
— Ман аниқ намедонам, корам ба он ҷо наафтодааст. Вале ба шунидам дар назди ҳукумати ноҳия аст, -посух дод Нозгул.
— Ташаккур, кӯмак кардед.
— Намеарзад.
Мард ба тарафи дигари кӯча гузашта, ба мошини «Ҷип»-и сафед савор шуд. Нозгул нав эътибор дод, ки мардро туфлиаш ҳам сафед аст. Пас аз лаҳзае ӯ ин вохӯриро бо марди сафедпӯш фаромӯш кард ва боз банди суханрониҳои конфронс роҳашро идома дод.
Рӯзи дигар Нозгул аз хонаашон, ки аз мактаб чандон дур набуд, ба кор меомад. Дар назди дарвозаи мактаб «Ҷип»-и сафеде меистод. Ӯ ба ин эътибор надода, роҳашро идома медод. Ҳамин вақт аз мошин марде фаромада, ба истиқболи Нозгул омад.
— Мебахшед, ки шуморо ташвиш медиҳам, – гуфт мард. – Ман бо шумо сӯҳбате карданӣ будам. Агар зид набошед, чанд дақиқа вақтатонро мегирам.
Нозгул марди дирӯзаро, ки аз ӯ идораи молияро пурсида буд, шинохт: — Чӣ кор доред ба ман?- ҳайрон пурсид ӯ.
— Агар розӣ бошед, шуморо ба мулоқот даъват карданӣ будам.
— Ман одати ба мулоқот рафтан надорам. Сониян, бо мардҳои ношинос сӯҳбат намекунам,- гуфт Нозгул ба қаҳр ва вориди ҳавлии мактаб шуд. «Марди шилқин будааст», ба худ андешид ӯ ва ҳамон лаҳза мавҷудияти ин мардро фаромӯш кард.
Нозгул аз кор ба хонаашон омада, дар рӯи кат, ки зери сояи воич гузошта шуда буд, чанд нафар зан ва марди ношиносро дид. Ӯ ба онҳо салом гуфта, ба хонаи худаш гузашт, то ки тағйири либос бикунад. Ҳамин вақт аз паси ӯ ба хона хоҳараш Шамсия даромада гуфт:
— Хостгорҳо омадаанд.
— Табрик мекунам, ту домодро мешиносӣ? – пурсид Нозгул.
— Хостгорҳо барои шумо омадаанд. Ман то донишгоҳро хатм накунам, шавҳар намекунам,- гуфт Шамсия, ки дар курси чаҳоруми Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон таҳсил мекард.
— Аҷиб, ман дар ин бора аз ту мефаҳмам.
— Аз гапи занакҳо фаҳмидам, ки он мард шуморо дирӯз дида, ошиқ шудааст ва имрӯз ба мактаб ҳам омада будааст.
— Аҷиб, аз ман напурсида ба хостгорӣ меоянд, гӯиё асри миёна бошад! – ба қаҳр гуфт, Нозгул ва баъди шунидани ин хабар дигар хоҳиши ба ҳавлӣ баромадан накард.
— Шумо чошт намехӯред? Оши палов пухтаем. Ба ҳамин ҷо дастархон биёрам?
— Не, сер шудам аз ин хушхабарат,- киноя кард Нозгул ва тағйири либос карда, худро болои диван партофт.
Шамсия дид, ки хоҳарбузургаш сари ин мавзӯъ дигар сӯҳбат карданӣ нест, Нозгулро танҳо монда аз ҳуҷра баромад.
-Мо ба хонаатон ба гадоӣ омадем, то ки духтаратонро ба бачаи мо диҳед, — мегуфт кампири тақрибан 75-80-сола дар болои кат. –Ҳамин духтари шумо ба вай маъқул шудааст ва ду пойро дар як мӯза андохта, моро ба хостгорӣ фиристод.
-Аком, одами хуб, тилло,-бародарашро тавсиф мекард марди меҳмон. Он кас бизнесмени калон. Дар Олмон фирмаи худро доранд. Хонаву дар ҳам он ҷо ва ҳам ин ҷо, дар Душанбе кардаанд.
— Ба ҳамин қадар чизу чора бачам хушбахт нест. Панҷ сол пеш занаш вафот кард. Чанд маротиба хонадор карданӣ шудем, арӯсҳои хуб ҳам ёфтем, вале ӯ розӣ намешуд. Ҳамин духтари шумо маъқулаш шудаасту мо ба хостгорӣ омадем,- гуфт кампир.- Шумо хавотир нашавед, бачам мисли ҷавонҳои ҳозира нашакашу гандагард не.
-Писаратон чандсола ва чӣ касб дорад?- суол кард падари Нозгул, ки то ин вақт хомӯшона ба тавсифи меҳмонон гӯш медод.
-Бачам ба қарибӣ 55-сола мешавад. Дар университети давлатӣ экономистӣ хондааст. То ҷанг дар ноҳияи Вахши вилояи Қӯрғонтеппа экономист буд,- гуфт кампир.
— Бо сар шудани ҷанги шаҳрвандӣ ҳамаи аҳли оила ба Душанбе кӯчидем ва аз совхози «Варзоб» замин гирифта хона сохтем. Ҳоло ҳамаамон дар ҳамин ҷо зиндагӣ дорем. Аком, Музаффар вақти ҷанг бо занашон гуреза шуда ба Германия рафтанд ва ба бизнес роҳ ёфта, ҳоло фирмаи худро доранд. Серпуланд, ба мо ҳам кӯмак мерасонанд.
— Хуб, ман ҳоло ба шумо ҷавоби аниқ гуфта наметавонам. Баъди як ҳафта биёед, мо дар ин вақт бо духтарамон ва хешу ақрабо маслиҳат кунем.
— Майлаш, ба ҳар ҳол мо умед мебандем, ки хеш мешавем, -гуфт кампир. – Акнун ба дастурхон омин кунед, мо мехезем.
— Сано бод Худову расулаш Муҳаммадро, ки ин ризқу рӯзиро ба мо ато кард. Бигзор файзу барака ва эҳсон дар ҳар як хонаи тоҷикон афзун гардад. Ба касбу кори ҳама Худованд барака диҳад. Ҳар орзуе, ки доред, ба он бирасед. Бигзор ин хонадон тӯйхона шавад! Омин! – даст ба дуо бурд, падари Нозгул, амаки Кароматулло.
Меҳмонон рафтанд. Амаки Кароматулло завҷаашро ба рӯи кат даъват карда гуфт:
-Очаи Исматулло чӣ мегӯем ба хостгорҳо? Оё духтарамон розӣ бошад?
— Ман намедонам, худашро пурсидан лозим аст.
— Аввал, фаҳмем, кист ин домодшаванда? Духтарамон дар кӯча намондааст, ки ба коми оташ партоем.
-Дуруст мегӯед, дадош.
-Нозгулро ҷеғ зан, пурсем, ки худи ӯ чӣ мегӯяд.
-Шамсиябону, апаат Нозгулро ҷеғ зан, — гуфт модар духтарашро, ки ба ғундоштани дастархон машғул буд.
Баъди чанде Нозгул назди волидонаш омад.
— Духтарам, бароят хостгорҳо омада буданд. Ту ба ин чӣ мегӯӣ? – пурсид модар.
— Ман онҳоро намешиносам,- сарашро набардошта гуфт Нозгул.
-Майлаш, бирав духтарам,- гуфт Амаки Кароматулло.
Волидон бисёр мехостанд, ки духтарашон хушбахт шавад. Нозгул 35-сола мешуд, вале то ҳол издивоҷ накарда буд. Баъди хатми мактаби миёна аммаву холааш барои писарашон хостгорӣ омада буданд, вале хешовандон хафа нашаванд, гуфта розӣ нашуданд волидон. Пасон Нозгул ба донишгоҳ дохил шуда, то онро хатм накунам, ба шавҳар намебароям, гуфта азм кард. Аввал хостгорҳо зиёд меомаданд, баъдтар камтар дари амаки Кароматуллоро мекуфтанд. Дар ин миён ду хоҳари хурдии Нозгул ба дӯстдоштаашон шавҳар карданд. Вале ба Нозгул, ки баъди хатми донишгоҳ дар мактаби деҳа кор мекард, баъзан занмурдаву мӯйсафедон хостгорӣ мекарданд. Бойбачаҳои маҳаллӣ, ки Нозгулро ҳоҳиши зани дуюму сеюм кардан доштанд, кам набуданд. Вале Нозгул худро ба кор дода, дар бораи издивоҷ фикр ҳам намекард.
Амаки Кароматулло, ки 40 сол дар мактаби деҳа муаллим буданд, баъди ба нафақа баромаданашон дар мағозаи хусусие шабдармиён қаравул шуданд. Зеро бо 80 сомонӣ нафақапулӣ ду рӯз ҳам оиларо таъмин кардан мумкин набуд. Рӯзи дигар амаки Кароматулло ба совхози «Варзоб» рафта, аз ҳамсояҳо дар бораи аҳли оилаи Музаффар маълумот ҷамъ карданд. Маълум шуд, ки хостгорҳо воқеиятро гуфта будаанд.
Ҳамон бегоҳ амаки Кароматулло «Шӯрои оила»-ро даъват карда, масъалаи издивоҷи Нозгулро пеш гузошт. Дар шӯро ба ҷуз келину наберагон, дигар ҳамаи фарзандони хонадон иштирок доштанд. «Ба келинҳо сад ҷонатро бахшӣ ҳам, хусуру хушдоманро дӯст намедоранд ва бегонагӣ мекунанд», мегуфт амаки Кароматулло ва барои ҳамин ҳам дар баррасии масоили хос, ки бояд гапаш аз хонавода берун наравад, онҳоро даъват намекард. Амаки Кароматулло сараввал аз сафараш ба совхози «Варзоб» ва маълумоти гирд овардааш «гузориши муфассал» дод ва масъаларо ба баррасии аҳли хонавода гузошт. Дар ин хонадон ба сухани хурдтарин узви оила ҳам гӯш медоданд.
Сараввал писари кенҷагӣ Иззаттуло, ки дар синфи 11-ум таҳсил мекард, назари худро гуфт:
— Ба фикри ман, апаам бояд шавҳар кунанд. Маро ҷӯраҳоям «апаат пирдухтар», гуфта механданд.
Шамсия ҳам хоҳони он буд, апааш шавҳар карда бахти худро ёбад.
Духтарони дигари хонадон Рамзияву Розия, ки шавҳар карда ҳар яке ду фарзандӣ доштанд, мехостанд, ки хоҳари бузургашон соҳиби оилаи худ гардад.
Бародарони Нозгул- Исматуллову Баҳрулло ва Хайрулло изҳор карданд, ки онҳо низ хонаободии хоҳарашонро мехоҳанд.
Модари хонадон, холаи Зебунисо баъди шунидани назари фарзандон гуфт:
— Духтарам, ҳамаи мо хушбахтии туро мехоҳем. Ҳар духтар бояд шавҳар карда фарзанддор шавад, чароғи хонадонро рӯшан кунад. Рисолати зан ҳамин аст. Кору вазифа ёфт мешавад. Вазифаи асосии зан ин нигоҳ доштани гулхан дар оташдони хонадон аст. Пайғамбарамон Муҳаммад салаллоҳу алайҳиссалом низ издивоҷи ҳар мусалмонро ҳатмӣ донистаанд.
Амаки Кароматулло низ назари хешро иброз кард:
— Духтарам, ман ҳанӯз ҳам худро гунаҳкор медонам, ки ба бахти ту зомин шудам. Агар ҳамон вақти ба хостгорӣ омадани холаат ва ё амаат бо очаат гапгурезӣ карда, ҳар яке ба хеши худамон медиҳем, намегуфтем, имрӯз ту аллакай соҳиби хонаву дар ва фарзандон мешудӣ. Агар дар зиндагиам ту бахти худро наёбӣ, дасти ман аз гӯр берун хоҳад монд ва ман ин гуноҳи худро ҳаргиз намебахшам, -гуфт амаки Кароматулло ва дар чашмонаш беихтиёр ашк ҳалқа зад.
— Нозгул, духтарам, ман туро аз писаронам кам намедонам. Чӣ хоҳише дорӣ, иҷро мекунам. Мо туро маҷбуран ба шавҳар доданӣ нестем. Ту бояд бидонӣ, ки дар ин хона то оне ки мо ҳастем, касе туро чизе намегӯяд. Вале пас аз сари мо янгаҳоят ба ту рӯз намедиҳанд. Бародаронат ҳам, ки аз ҳоло ғуломи ҳалқабаргӯши занҳояшонанд, аз хати кашидаи онҳо берун намебароянд. Рӯзатро сиёҳ мекунанд янгаҳо. Магар қиссаи пирдухтарони деҳа, ки пас аз марги волидон бародаронашон аз хона ронданд, дарси ибрат нест? Духтарам як худат ин гуфтаҳоро андеша бикун.
-Дада, ман чӣ гӯям, шумо аллакай ба ҷои ман ба қарор омадаед, -гуфт Нозгул. — Акнун фаҳмидам, ки ман дар ин хонадон ба касе лозим набудаам. Агар шумо ҳаминро ҳоҳед, ман розӣ. Ман розӣ, ба касе расам, ки намедонам ва дӯсташ намедорам, — гуфт Нозгул ва ҳунгосзанон ба гиря даромад.
— Духтарам, ин хел нагӯй. Агар ту нахоҳӣ, ҳеҷ кас туро маҷбур намекунад, — гуфт холаи Зебунисо сари Нозгулро ба қафаси синааш гузошта. Модар низ ба гиряи Нозгул тоб наовард ва беихтиёр аз чашмони ӯ низ ашк ҷорӣ шуд.
Дар ҳамин ҳол «Шӯрои оилавӣ» ба қароре наомада, ҷаласаашро анҷом дод.
Нозгулро шаб хоб намебурд. Дар ҷогаҳ печутоб хӯрда гуфтаҳои бародарону хоҳарон ва волидонашро ба риштаи таҳлил мекашид. Онҳо ҳақ буданд. Вале ӯ дӯст намедошт. Магар бе дӯстдорӣ зиндагӣ карда мешавад? Охир ӯ гӯсфанд нест, ки аз як рама ба рамаи дигар баранд. Ӯ инсон аст ва дил дорад. Диле, ки дӯст доштану дӯстдор буданро мехоҳад. Чӣ бояд кард? Ба ёдаш қиссаи духтарон расид, ки ба хотири волидон ба шавҳар баромада зиндагӣ мекарданд. Онҳо касеро дӯст медоштанд, вале ба дигаре шавҳар карда умри худро ба он кас мебахшиданд. Вале байни ӯ ва дигарон фарқе буд. Нозгул то ҳанӯз касеро дӯст надоштааст ва ба касе дил надодааст. Ба ӯ низ касе то ҳол изҳори муҳаббат накардааст. Шояд касе Нозгулро дӯст дошта бошад, вале ҷиддияти ӯро дониста, ягон нафар ҷуръати изҳори муҳаббат карданро надошт.
Ниҳоят Нозгул ба хулоса омад, ки барои хушбахтии волидон ӯ метавонад хуро қурбон бикунад. Яъне ба шавҳар мебарояд ва ба шахсе, ки дӯст намедорад, зиндагӣ ихтиёр менамояд.
Ҷониби домод хоҳиш карданд, ки тӯли як ҳафта тӯй бикунанд, зеро Музаффар бояд ба Олмон бармегашт. Қарор карданд, ки Музаффару Нозгул дар наздиктарин фурсат ба бозор мераванд ва ҷиҳози арӯсӣ мехаранд. Куртаҳоро бошад, хоҳари Музаффар, ки чевари чирадаст аст, медӯзад. Нозгул барои бо Музаффар ба бозор рафтан шарм мекард. Тасмим гирифтанд, ки арӯсу домод ҳоҳарҳояшонро бо худ мегиранд, то ки онҳо дар интихоби матоъ кӯмак бикунанд.
Музаффар гуфт, ки арӯсашро метавонад аз хонаашон омада ба бозор барад, вале Нозгул ин пешниҳодро рад кард. Қарор карданд, ки дар даромадгоҳи шаҳр вомехӯранд. Вақте ки Нозгулу Шамсия дар вақти ваъдагӣ омаданд, онҳоро аллакай Музаффару хоҳари чевараш интизор буданд. Онҳо ба «Ҷип»-и Музаффар савор шуданд ва ӯ мошинро ба сӯи бозори «Корвон» ронд. Баъди чанде онҳо ба бозор расиданд. Музаффар мошинро дар таваққуфгоҳ гузошт ва онҳо вориди бозор шуданд. Бозор ончунон бузург буд, ки барои ҳамаи растаҳои онро тамошо кардан як рӯз камӣ мекард. Бинобар интихобан ба он растаҳо мерафтанд, ки бояд ҷиҳоз харанд. Нозгул ба либосхарӣ таваҷҷӯҳ надошт ва бепарво буд, ки кадом матоъро Шамсияву хоҳари Музаффар интихоб мекунанд. Домод кӯшиш мекард, ки матоъҳои қиматбаҳоро бихарад. Баъди хариди матоъҳо Музаффар онҳоро ба растаи тиллофурӯшӣ бурд ва барои Нозгулу худаш ангуштарини арӯсиву домодӣ харид. Ҳар вақте ки Музаффар чизе хариданӣ шавад, аз кисааш бастаи садсомонӣ мебаровард. Баъзан иштибоҳан аз кисаи дигараш бастаи саддоллараро бароварда пулдориашро нишон медод. Ин рафтори Музаффар ғаши Нозгулро меовард. Агар ба худи Нозгул мешуд, кайҳо ӯ ба рӯи Музаффар туф карда, бозорро тарк менамуд. Ҳоло ӯ дандон ба дандон монда тоқат мекард.
Баъди ҷиҳозхарӣ мувофиқи ваъда Музаффар мошинашро ба хонаи хоҳараш ронд, ки дар наздикии хонаашон буд. Хоҳари Музаффар зуд андозаи Нозгулро барои куртадӯзӣ гирифта пурсон шуд, ки аз рӯи кадом фасон курта дӯзад.
— Ҳамоне, ки ба худи шумо мақбул бошад, — гуфт Нозгул ва озими бозгашт кард.
Музаффар Нозгулу Шамсияро то ба хонаашон бурданӣ шуд, вале ӯ исрор кард, ки онҳоро то истгоҳи мошинҳои Гулистон барад, кифоя аст.
-Чаро намондед, ки то хонаамон барад? Акнун дар «Тангем» задаву кӯфта бо ин роҳи вайрона ба хона меравем,- пурсид Шамсия.
— Набояд худро муттаҳам кард. Пулдориву мошиндории чунин ашхос маънои онро надорад, ки онҳо аз дигарон болотаранд. Акнун фаҳмидӣ, — посух дод Нозгул ба суоли хоҳараш.
Музаффар мехост, ки дар тарабхона тӯйи пурдабдабае барпо бикунад. Вале Нозгул инро рад карда, хостори сури хоксоронае шуд, ки хоси Қонуни танзими расму оинҳост. Амаки Кароматулло ҳамкорони Нозгулро ба хона даъват карда зиёфат дод ва рӯзи дигар пас аз оши наҳор арӯсро ба хонаи домод бурданд.
Шаби аввал барои Нозгул хеле даҳшатнок менамуд. Ӯ баъзан аз дугонаҳояш дар ин бора шунида буд ва акнун метарсид, ки дарондани пардаи исмат дарднок аст. Ба ғайри ин ӯ, ки бо мардҳо ҳатто даст дода салом намекард, расидани даст ва ҳатто тани мардро ба ба бадани худ тасаввур карда ҳам наметавонист.
Музаффар чароғи шабонаро рӯшан карда либосҳояшро бадар кард ва худро ба ҷогаҳ андохт.
-Биё ҷонакам,- Нозгулро ба ҷогаҳ хонд ӯ.
Нозгул пеши Музаффар аз пӯшидани либоси хоб шарм мекард, вале ба ҳурмати шавҳар буданаш наметавонист хоҳиши ӯро иҷро накунад.
-Ба тарафи ман нигоҳ накунед,-хоҳиш кард Нозгул аз Музаффар, то ки тағйири либос бикунад.
-Ман номаҳрам нестам барои ту.
-Ба ҳар ҳол нигоҳ накунед. Ман нағз намебинам, ки касе маро назора кунад.
-Хуб шудааст, ҷонам. Ана, чашмамро мепӯшам ва рӯямро ҳам ба сӯи девор мегардонам,- гуфт Музаффар ва воқеан ҳам сӯи девор тоб хӯрд.
Нозгул либосҳои шабпӯшакашро пӯшида, чун нафаре, ки ба куштан мебаранд, ноилоҷ худро ба ҷогаҳ андохт. Музаффар зуд ба сӯи Нозгул тоб хӯрда, ӯро ба оғӯш гирифт ва лаб ба лабонаш монда ба бӯсидан даромад. Аз ин дили Нозгул ғаш кард. То ҳанӯз касе ӯро набӯсида буд ва ин амал барояш ғашовар буд. Нозгул бо як азобе аз оғӯши Музаффар раҳо ёфта, аз ҷогаҳ хест ва сӯи ташноб давид, то ки қай бикунад. Дилаш ғаш кунад ҳам, ба ҷуз каме луобаи даҳон дигар чизе қай карда натавонист, зеро меъдааш холӣ буд. Ӯ ду рӯз боз ба ҷуз об чизе нахӯрда буд. Нозгул ба даҳонаш об гирифта чайқонид ва боз бо дили нохоҳам ба сӯи ҷогаҳ равон шуд.
Музаффар боз Нозгулро ба оғӯшаш кашид ва даст ба пистонҳояш бурд. Аз ин гӯиё Нозгулро барқ зад, ки ӯ аз ҷояш як қад парид. Пистонҳои масҳнодидаи Нозгул сахту таранг буданд ва ин ҳисси шаҳвати Музаффарро афзун кард. Ӯ чун гурге, ки ба гӯсфанд дармеафтад худро ба болои Нозгул гирифта, бо як дуруштӣ либоси таги вайро кашида ба сӯе ҳаво дод. Музаффар олоти мардиашро, ки аз шаҳват рост шуда буд, байни пойҳои Нозгул андохт. Нозгул, ки то ҳол аз ин амали Музаффар моту маҳбут монда буд, дарди ҷонкоҳеро ҳис кард. Гӯиё рӯдаҳояш печида бошанд. Ӯ аз зӯрии дард беихтиёр дод зад ва аз ҳуш рафт. Музаффар аз ин ҳол тарсида, олоти ҳайвониашро берун кашид ва ҷаста аз ҷогаҳ хест. Дар рӯшании шабчароғ ҷогаҳ чандон мунаввар наменамуд. Бинобар ин Музаффар чароғи қандилро рӯшан кард. Ранги рӯи Нозгул сафед гардида, беҳол мехобид. Аз байни пойҳои ӯ чанд қатра хун ба рӯҷои оҳарӣ рехта, онро доғдор карда буд. Музаффар намедонист, чӣ бикунад? Ба ёдаш расид, ки барои ба ҳуш овардан об мепошанд. Ӯ аз графини болои миз ба як истакон об рехта каме аз онро ба даҳон гирифт ва онро ба рӯи Нозгул пошид. Ҳамин вақт дарро кӯфтанд. Музаффар акнун ба худ омада пай бурд, ки лучи модарзод аст. Ӯ зуд либосҳояшро пӯшида барои кушодани дар рафт. Дар паси дар янгаҳои аз паси Нозгул омада ва модару хоҳари Музаффар меистоданд. Додзании Нозгул ба гӯши ин занҳо, ки дар хонаи ҳамшафат интизори заношӯйии шаби аввал мижа таҳ накарда истодаанд, расида буд.
-Тинҷӣ аст, бачам? – хавотиромез суол кард модари Музаффар.
-Беҳуш шудааст, -посух дод Музаффар.
-Ман ҳозир навшодир меорам, — гуфт хоҳари Музаффар ва аз дар берун шуд.
Музаффар ҳам ба ҳавлӣ баромад ва сигор дуд дод.
Холаи Нозгул, ки ҳамчун янгаи арӯс омада буд, қатраҳои хунро дар болои рӯйҷо дида хурсанд шуд. Инро модари Музаффар ҳам дида «Келин духтар будааст», гуфт. Холаи Нозгул зуд болои ӯро бо кӯрпа пӯшонид, то бадани урёнаш натобад.
Бо бӯй кашидани спирти навшодир Нозгул ба худ омад ва занҳои зиёдеро болои сараш дида ҳайрон монд.
Ҳамин тавр, зиндагии заношӯйии Нозгулу Музаффар оғоз шуд. Нозгул ҳеҷ ба ҳамхобагӣ бо Музаффар моил набуд. Ӯ аз ин ҳеҷ як эҳсоси гуворо намегирифт. Дар зиндагии заношӯйӣ барояш шаҳват асосӣ набуд. Вале ноилоҷ ҳамчун як зани мусалмон нафси ҳайвонии шавҳарашро қонеъ менамуд.
Рӯзи дуввуми арӯсӣ Музаффар Нозгулро ба машшотахона бурда, мӯяшро кӯтоҳ қайчӣ зад ва ранги малла кард. Ин албатта, бидуни хоҳиши Нозгул сурат гирифт. Музаффар ба ӯ сухани сахт намегуфт, ҳамеша «ҷонакам» гуфта муроҷиат менамуд, барояш тӯҳфаҳо мехарид. Вале ҳеҷ гоҳ назару хоҳиши Нозгулро намепурсид. Бо ӯ чун як моли худаш рафтор мекард.
Пас аз даҳ рӯзи арӯсӣ Музаффар ба Олмон баргашт. Нозгул дар хонаи сеошёнаи Музаффар танҳо истодан нахоста ба хонаашон баргашт ва ба кори мактаб баромад. Ӯ ба мисли пешина ба шогирдон дарс мегуфт ва пас аз он ба хонаи волидонаш бармегашт. Музаффар ҳар рӯз ба Нозгул занг зада аз ҳолаш огоҳ мешуд. Нозгул зангзании шавҳарашро интизор ҳам набуд, вале ҳомила шуданаш ӯро ба Музаффар мепайваст.
Музаффар бисёр мехост, ки занаш ба наздаш ояд. Бинобар ин ба ӯ даъватномаи сафар фиристод. Нозгул, ки аз шаҳри Душанбе берун нарафта буд, шиносномаи хориҷӣ надошт. Ӯ қариб ду ҳафта барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ даводав кард. Сипас давуғеҷ барои гирифтани раводиди сафар ба Олмон шурӯъ шуд. Ниҳоят баъди як моҳ Нозгул раводиди сафар гирифт. Ба ӯ барои як моҳ иҷозаи истиқомат дар Олмон доданд. Музаффар пули чиптаи тайёраро фиристода буд ва Нозгул тариқи Душанбе-Мюнхен, ки ҳафтае як маротиба парвоз мекард, озими Олмон шуд. Ӯро дар он ҷо Музаффар интизор мешуд.
Музаффар дар маҳаллаи атрофи шаҳри Мюнхен як виллаи чорошёна дошт ва дар он бо фарзандонаш зиндагӣ мекард. Писари калонии Музаффар Рашид зани немис гирифта алоҳида зиндагӣ мекард. Писари дуюмро аз хешовандонашон зан дода буданд ва ӯ бо падараш зиндагӣ мекард. Музаффар аз писаронаш ду набера дошт. Се духтари Музаффар ҳоло издивоҷ накарда буданд. Агарчи 23, 25 ва 27-сола буданд. Ҳамаи онҳо таҳсилоти олӣ гирифта, дар риштаҳои гуногун кор мекарданд. Фарзандони Музаффар зан гирифтани падарашонро хуб пазируфта, Нозгулро хуш истиқбол карданд. Дар хонаи хоби Музаффар портрети зани миёнсоле овезон буд, ки барои Нозгул ошно менамуд. Ӯ ҳар чанд фикр кард, вале ба ёд оварда натавонист, ки он занро дар куҷо дидааст. Дар ошхона ва айвон низ суратҳои гуногуни ин зан овезон буданд. Билохира ӯ ҷуръат карда аз духтари хурдии Музаффар — Садаф пурсон шуд:
-Ин сурати кист, ки бароям ошно менамояд?
— Ин кас раҳматӣ модари моянд, ки шумо ба ӯ монандед.
Воқеан ҳам Нозгул ба ин зан монанд буд. Худро дар оина дид, бо мӯйи буридаи малларанг онҳо чун як себи дукафон ба ҳам монанд буданд.
-Модари мо аз немисҳои Вахш буданд. Бобову бибиамонро ҳанӯз дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз вилояти Саратови Русия ба ин ҷо бадарға карда буданд. Падарам он он касро дӯст дошта гирифтаанд, -гуфт Лайло.
Нозгул дигар чизе нагуфта ба хонаи хоб гузашт ва худро болои диван партофт. «Ана, барои чӣ маро дӯст дошта будааст. Ӯ дар симои ман завҷаи пешинаашро мебинад. Яъне ӯ на маро, балки нусхаи занашро дӯст медорад», ба худ андешид Нозгул ва табъаш хира гардид.
Шом Музаффар Нозгулро барои ғизохӯрӣ ба тарабхона даъват кард. Вақти тановули ғизо Нозгул ба шавҳараш гуфт:
-Ман бояд ба шумо як чизро гӯям.
-Бигӯ, гӯшам ба ту.
-Ман ҳомиладор шудаам. Пеш аз омаданам ба духтур рафта будам, ин тасдиқ шуд.
-Чӣ? Чаро пештар нагуфтӣ!- хитобомез гуфт Музаффар. – Ин қадар зуд лозим набуд. Аққалан 5 сол мегаштӣ, баъд дар ин бора фикр мекардӣ. Ҳоло дер нашудааст, пагоҳ ба духтур мебарам. Аборт мекунанд.
— 5 сол пас дер мешавад. Ман ба ҳеҷ куҷо намеравам,-бори аввал зидди хоҳиши шавҳараш сухан гуфт Нозгул.
— Ман 5 фарзанд дорам. Аз рӯи меъёрҳои Олмон ин хеле зиёд ҳисоб мешавад. Боз як фарзанди дигар мегӯӣ. Ин қадар фарзанди зиёд чӣ даркор?! Магар осон аст фарзанд калон кардан?
— Ба шумо лозим набошад, ба ман даркор. Ман худам калон мекунам,-гуфт Нозгул ба қаҳр ва аз сари дастархон хест.
Музаффар дигар дар бораи исқоти ҷанин ҳарф намезад. Магар фаҳмид, ки Нозгул ба ин ҳеҷ розӣ намешавад. Нозгул пас аз ин суханони Музаффар дигар ба ӯ ягон дилгармие надошт ва ҳар чӣ зудтар ба Тоҷикистон баргаштан мехост. Як моҳи интизорӣ барои Нозгул чун як сол тӯл кашид. Ниҳоят ӯ ба ватан баргашта аз пайи кори пешинааш шуд.
Пас аз чанде Музаффар ба ӯ даъватномаи сафари Олмонро фиристод. Нозгул бо баҳонаи кор аз пайи гирифтани раводид нашуд. Ҳамин тавр, моҳҳо паси сар мешуданд. Музаффар қариб ҳар рӯз ба Нозгул занг мезад ва барояш ҳар моҳ сесад доллар мефиристод. Ӯ ин пулҳоро масраф намекард ва дар бонк суратҳисобе кушода он ҷо нигоҳ медошт, то ки вақти зарурӣ барои фарзанди ояндааш истифода барад.
Нозгул аввали моҳи апрел ба рухсатии ҳомиладорӣ баромад ва пас аз ду моҳ писар таваллуд кард. Ин хушхабар барои Музаффар хеле писанд омад ва ӯ зуд рухсатии кӯтоҳмуддат гирифта, ба Душанбе омад. Нозгул писари бузургҷуссае таваллуд карда буд. Кӯдак 5 килло вазн дошт. Музаффар таҳамтании кӯдакро дида ӯро Рустам ном ниҳод. Нозгул чиллаашро дар хонаи падараш мегузаронд. Холаи Зебунисо ба Нозгул дар нигаҳдории кӯдак кӯмак расонда, бо ин духтарашро таҷриба меомӯхт.
Музаффар ба Олмон баргашт ва ба Нозгул даъватномаи сафар фиристод. Нозгул такудав карда аз сафорати Олмон ба мӯҳлати 3 моҳ раводид гирифт. Дар Олмон муносибати фарзандони Музаффар бо Нозгул хуб буд. Бахусус духтарон бародари хурдиашонро ба замин намегузоштанд. Рустами семоҳаро навозиш мекарданд, ба аробачаи кӯдакона андохта, дар кӯчаҳо сайругашт менамуданд. Нозгул тӯли ин се моҳ қариб ки аз хона намебаромад. Танҳо бо нишондоди Музаффар бо кӯдак дар кӯчаи назди хона сайругашт мекард. Нозгул, ки забони немисиро намедонист, наметавонист худ танҳо ба ҷое биравад. Музаффару фарзандонаш рӯзона дар кор буданд. Тамошои каналҳои русиву эронии телевизион низ вақти ӯро хуш намекард. Зиндагии якмаром ба дилаш мезад, зиқ мешуд. Барои тезтар гузаштани вақт ҳар рӯз тамоми 16 ҳуҷраи хонаро рӯбучин мекард. Бегоҳӣ баъди аз кор омадани аҳли оила зиндагӣ мароми дигар мегирифт. Хомӯшии рӯзонаро садои фарзандон пур мекард. Рӯзҳои истироҳат аҳли оила ба сайру тамошо мерафтанд. Лаҳзаҳои ҷолиб зиёд буданд, вале Нозгул худро дар ин оила бегона медонист. Шояд тафовути 20-солаи синни зану шавҳар ва ё дӯст надоштани Нозгул буд, ки ӯ ҳеҷ ба Музаффар дил баста наметавонист. Ҳамчунин тарбияи аврупоии фарзандон ва рафтору гуфтори худи Музаффар буд, ки Нозгул ба ин муҳит одат карда наметавонист.
Як шом Музаффар як баста ҳабдору оварда ба Нозгул дод ва гуфт, ки бояд ҳар рӯз якдонагӣ истеъмол намояд.
— Ман бемор нестам, дору барои чӣ?- ҳайрон пурсид Нозгул.
— Ин доруҳо барои пешгирии ҳомиладоршавӣ. Агар онҳоро пайваста истеъмол кунӣ, ҳомила намешавӣ,- посух дод Музаффар.
— Чӣ Рустам хоҳару додарчадор намешавад?!-ҳайратзада гуфт Нозгул.
— Се апаву ду ако дорад, бас!- қатъиян гуфт Музаффар.
Нозгул ба ин иддаои шавҳараш чизе нагуфта, фаҳмид, ки Музаффар дигар аз ӯ фарзанд намехоҳад ва ба ӯ барои ба зани аввалааш монанд буданаш издивоҷ кардааст. Ин муносибати Музаффар дили Нозгулро чун ях сард кард. Ӯ дигар лаҳзае ҳам бо ӯ зистан намехост. Вале акнун дер шуда буд. Ӯ намехост, ки писари яккаву ягонааш бепадар калон шавад.

***

— Ҳоло Нозгул дар хонаи падараш зиндагӣ дорад,-нақлашро идома дод Меҳрона. — Музаффар дар як сол ӯро ду маротиба ба Олмон даъват мекунад ва худ соле як маротиба ба рухсатӣ ба Тоҷикистон меояд. Яъне дар як сол онҳо ҳамагӣ 6-7 моҳ якҷоя зиндагӣ мекунанд. Музаффар бо Нозгул никоҳи расмӣ надорад ва аз ин рӯ наметавонад ӯро доимӣ ба Олмон барад. Чунин тарзи зиндагӣ боиси аз кор рафтани Нозгул гардид. Ӯ пас аз ба охир расидани рухсатии нигоҳбонии кӯдакаш дигар имкони дар мактаб кор кардан надошт. Ҳамин аст, қиссаи як духтари оддии деҳотӣ,- нақлашро анҷом дод Меҳрона.
— Хеле қиссаи риққатовар будааст,- назарашро иброз намуд Маъруф.
— Ба ростӣ, дилам ба Нозгул сӯхт, гӯё духтари худамон бошад, — бо таассуф гуфт Рауф.
-Бале, ҳайфи Нозгул,- гуфт Маъруф. — Наход чунин духтари порсо хушбахт нашавад. Ман духтаронеро медонам, ки фиси биниашонро тоза кара наметавонанд, вале хеле хушбахтанд.
-Мутаассифона, ин ягона воқеае нест, ки ба сари духтарони тоҷик меояд, -гуфт Меҳрона. — Дар газета хондам, ки хитоиҳои Атучбозори Қӯрғонтеппа беш аз 20 духтари тоҷики аз 17 то 20-соларо ҳомиладор карда партофтаанд.
-Чунин ҳодиса дар Чорбоғ ҳам рух додааст. Духтарони деҳа бо хитоиҳое, ки хати баландшиддати барқи Ҷануб-Шимолро месохтанд, ишқварзӣ карда ҳомила шудаанд,- гуфт Рауф.
— Ин ҳодисаҳо ва қиссаи зиндагии Нозгул аз замин то осмон фарқ мекунанд,-афзуд Маъруф. – Нозгул як зани покдомани зиёӣ аст. Ин духтароне, ки аз хитоиҳо ҳомила шудаанд, бадахлоқӣ карда, ҳаёти худро сӯхтаанд.
-Ман ҳам бисёр шунидаам, ки духтарон барои дарёфти манфиат шавҳарҳои хориҷӣ карда истодаанд,- гуфт Меҳрона.- Барои онҳо фарқ намондааст, ба кӣ мерасанд.
— Агар духтарони бадахлоқ бошанд, боке нест. Онҳоро ин ҷо касе намегирад,- иброз намуд Маъруф.
— Куҷо? Боз духтарони хубу зебо шавҳари хориҷӣ карда истодаанд, -афзуд Меҳрона. -Як духтари зебо, ки пизишки дандон будааст ба хитоие, ки бо контракти дусола кор мекардааст, ба шавҳар баромадааст. Мӯҳлати контракти хитоӣ тамом шудааст ва ӯ ин занашро партофта рафтааст. Ба ин духтар чӣ намерасид? Ҳусни зебо, кори хуб доштааст. Пирдухтар ҳам набудааст. Ҳамагӣ 24 сол доштааст.
— Мутаассифона чунин аст,-гуфт Рауф.
— Ба ин амал ҳатто худи волидон талқин мекунанд,- афзуд Меҳрона. -Мисоли рӯшан ҳодисаест, ки чанд рӯз пеш ин ҷо рух додааст. Ҳабаши бадрӯйе, ки дар Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм истироҳат мекардааст, ба занҳо гуфтааст, ки духтари тоҷикро ба занӣ гирифтанист. Барои арӯс аз Душанбе хона мехарам, гуфтааст. Занҳо инро шунида аксарашон духтарони худро пешниҳод кардаанд.
— Ана, ҳамин аст фаҳмиш ва фарзанддӯстории мо. Худо худаш нигоҳ дорад, -гуфт Маъруф ва ба телефони мобилиаш нигоҳ карда афзуд: — Вақти хестан ҳам шуд. Соат аз 11 ҳам гузаштааст.
Маъруф пешхизматро даъват намуд, то ки ҳисобӣ кунад:
— Мо чанд пул қарздор?
— 130 сомонӣ, ако.
— Нархҳои осмониро аз куҷо гирифтӣ? – аз гарон будани нархнома ҳайрон шуда пурсид Рауф.
-Я к сих шашлик 15 сомонӣ аст. 6 сих шашлик 90 сомонӣ мешавад. Арақу салат, шоколаду чой ва нон 40 сомонӣ. Ҳамагӣ 130 сомонӣ.
— Нархи ин ҷо бо тарабхонаҳои Душанбе баробар аст, ҳайрон нашавед Рауфҷон, -гуфт Маъруф ва аз кисааш 130 сомонӣ бароварда ба пешхизмат дароз кард.
— Ба шумо ҷабр шуд, — гуфт Меҳрона.
— Ҳеҷ ҷабр нест. Ман шуморо даъват кардам. Пул барои харҷ кардан аст. «Пул ёфт мешавад, дӯст не», гуфтаанд бузургон.
Онҳо аз сари миз хестанд ва сӯи биноҳои истиқоматии осоишгоҳ равон шуданд.

Чӣ бояд кард?

Маъруф аз ошхонаи осоишгоҳ баромада ҳамсояаш, устоди донишгоҳ Султоншоҳи Акбарро дид, ки аз паси издиҳоми занон базӯр қадам зада меомад. Мӯйсафед имсол ба 70 медаромад. Соли гузашта занаш вафот карда буд ва ҳоло бо ӯ дар хонааш духтару наберааш зиндагӣ мекарданд.
-Чаро ин қадар суст роҳ мегардед?- пурсон шуд Маъруф.
— Ин занакҳоро роҳ додам. Вагарна ба китфашон зананд, аз ин зинапояҳо ғелон мешавам,-гуфт ӯ ба занҳои фарбеҳи ишкамкалон ишора карда.
— Дуруст мегӯед, имсол ба истироҳат ҳар як занаки бӯзбала омадаанд, ки агар ба болоят афтанд, пачақ мешавӣ, -гуфт Маъруф шӯхиомез ва афзуд:- Ин ҷо соф занакҳои бешӯй омадагӣ, шумо муҷаррад, ягонтоашро наёфтед?
— Талабгори ман бисёр. Барои хонаву ҷойи ман шуда занакҳо мегирандам. Медонанд, ки умри ман кӯтоҳ мондааст. Маъруфҷон, мардҳо се давраи зиндагӣ доранд. Якум, давраи астрономӣ. Ин давраи пурқуввативу ҷавонмардӣ аст. Дар ин давра занҳо «мардакҷон», -гуфта ба шавҳарашон муроҷиат мекунанд. Дуюм, давраи гастрономӣ. Дар ин давра занҳо фақат ба дасти шавҳар менигаранд ва ӯро акнун «мардак» мегӯянд. Давраи сеюм, ин гумномӣ аст. Мард қувваю тавоноии худро аз даст додааст ва занаш доим «пирхар чаро ин ё онро наовардӣ», гуфта ба сари шавҳараш дӯғу даранг мекунад. Ҳоло давраи гумномии мо расидааст ва намехоҳам издивоҷ карда, зери таънаву маломати зан бимонам.
-Ин тавр нагӯед. Зан дар пирӣ лозим аст, мегӯянд.
-Гапатон дуруст, Маъруфҷон. Безанӣ ва танҳоӣ мекушад мардро.
-Бинобар ин бароятон ягон арӯс ёбем? Соли гузашта ин ҷо як мӯйсафед барояш зан ёфта буд, -гуфт Маъруф ва ин қиссаро нақл кард:

Арӯси шастсола

Мӯйсафеди Нусратшоҳ дар сояи маҷнунбеди назди чашма аз гармии тобистон паноҳ мебурд, ки ду нафар ҷавонзани курортӣ наздаш омада нишастанд.
— Бобӣ, чӣ танҳо нишастаӣ? Кампирта ёд кардӣ?- шӯхӣ кард яке аз онҳо.
— Ҳа, ёдуш кардум, панҷ солай, ки дар таги хокай.
— Мебахшен, ки аламотона тоза кардем.
-Танҳо мондам бачам, танҳо.
— Чӣ, фарзанд надорен?
— Бачаҳо, ки паррончак шудан, ба ҳоли худшон мешаван. Ҳамаш хонаву дари худшона доран. Писари кенҷагӣ бо ман буд, ки вай ҳам ба шаҳр кӯчид. Зануш безоруш кард, ки мара ба қишлоқ овардӣ, ба шаҳр кӯчида рафт. Унҷа хона надора. Иҷорашин аст. Ба нархҳои имрӯза хона харида меша?
— Бобӣ, чанда даромадӣ?
— Тирамоҳ ҳаштодсола мешам.
— Дар ин синну сол танҳо чӣ хел зиндагӣ мекунӣ?
— Як духтарум дар қишлоқи ҳамсоя зиндагӣ мекуна. Ҳамура Худо умрша дароз куна, ҳафтае як маротиба омада, либосома мешӯя, хонаҳоя мерӯба ва нонум мебанда, авқоти гармум мепаза.
— Боби азобут зӯр будай. Бачаҳот зан надоданут?
— «Мӯйсафедда зан чӣ даркор»- меган. Намедонан, ки зан дар пирӣ даркор меша. Дар ёшӣ, вақте дасту пот дармон дора, худут либосота мешӯӣ, авқотта мепазӣ. Ҳозир боша, мӯҳтоҷи ёрии дигарон мешӣ.
— Бобӣ, то нафақа чӣ кор мекардӣ?
— Ман як умр бухгалтер будум. Ба 70 даромадум, ки маҷбур аз кор пешум кардан. Директор гуфт, ки ай боло фармонай. Нафақахӯроя ҷавобшон бутие, то ки ёшо кор кунан.
— Ана, ҳами хел 10 сол боз хонашинум. Дар замини ҳавлим кор мекунум. Ба кишту кор ва боғдорӣ машғулум.
— Бобӣ, мехоҳӣ занут бутем?- гуфт яке аз занон.
— Кошкӣ, ҳами хел мекарден, савоб мегирифтен.
— Як зиёфат қарздор мешӣ, -ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд зани дуввум.
— Мара бачам аз зиёфат натарсон. Ман як умр ба ёру дӯсто зиёфат дода омадагиюм.
— Моҳира, биё бе шӯхӣ бобиро зан метем, — гуфт зани аввала. – Ҳаму кампири амрамонам, танҳояй.
— Мунира, кампира напурсида, дарав шавҳаруш метӣ, гӯё холат боша.
— Бобӣ, як капири шастсола бо мо ҳамхонаяй. Муаллима будай. Фарбеҳакай, қучоқут пур меша, мегириша?- гуфт Моҳира.
— Бачам, ҳозир дев боша ҳам, мегиримуш.
— Бобӣ, мо пурсем, розӣ шава, тӯй мекунем, -гуфт Мунира ва афзуд: — Бобӣ, номут чиай, дар кадом хонаӣ, ки кофта нагардемут?
— Номум Нусратшоҳ, дар корпуси «А», дар хонаи 820 истодагиюм. Худо баракатут бута, кори нек мекунӣ, бачам.
— Майлаш, бобӣ, кор, ки бут шуд, хабарут мекунем, -гуфт Моҳира ва аз ҷо бархост. Занон сӯи бинои истиқоматии осоишгоҳ равон шуданд.
Мӯйсафед дар дил хурсанд шуд, ки билохир агар Худо насибаш донад, аз танҳоӣ халос мешавад.
Моҳираву Мунира кампири ҳамҳуҷраашонро ғарқи китобхонӣ дарёфтанд. Ӯ духтарҳоро дида китобашро як сӯ монд.
— Хола як чӣ гӯем, хафа намешен, — сухан оғоз кард Мунира.
— Чӣ гап буд?
— Хола, барот шӯ ёфтем.
— Магар мани шастсола дигар фикри шавҳар мекунам?
— Хола, худтон азоби аз келин медидаатона гуфта буден, — ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Моҳира. -Барои ҳамин мо барои аз ин азобҳо халос шудан шумора шӯ доданием.
— Як мӯйсафеди мисли шумо танҳо будай. Ӯра писарош дар деҳа партофта ба шаҳр рафтиян. Ай танҳоӣ азоб мекашидай,- сари мақсад омад Мунира.
— Шумора келинтон рӯз намедодай. Писартон ба ин азоби шумо парво надоштай. Беҳтаруш ин мӯйсафеда гирену аз ин азоб халос шавен. Мӯйсафеди зиёӣ будай ба мисли шумо. Афту андомуш ҳам бад не, — мӯйсафедро тавсиф кард Моҳира.
— Ҳоло бақувватай, ба хорумол ҳам зӯруш мераса, — шӯхӣ кард Мунира.
— Э, духтари ҷон на ҳар зан дар синни ман чунин хоҳиш дорад.
— Шумоя барои ин кор шӯ доданӣ нестем. Мехоҳем, ки мушкили ду нафара осон карда, савоб бугирем, — афзуд Мунира.
Кампири Озода зиндагии солҳои охирашро ба ёд овард. Кампирро пайваста келинаш таҳқир мекард, рӯи хушаш намедод. Ӯро «тайёрхӯр» гуфта таъна мезад, агарчи кампир ба нафақа баромада бошад ҳам, дар мактаб кор мекард. Мактаб ба муаллимаҳои илмҳои табиатшиносӣ ниёз дошт, зеро ҷавонон ба маоши кам ба кор намеомаданд. Ӯ қариб 40 сол қабл баъди хатми донишкадаи омӯзгорӣ ба ҳамин мактаб ба кор омада буд ва то ба ҳанӯз аз фанни биология дарс мегуфт. Шавҳараш низ дар ҳамин мактаб кор мекард ва 10 сол қабл, ҳатто ба синни нафақа нарасида аз саратони меъда вафот карда буд. Худо ба онҳо танҳо як писарро насиб дониста будааст. Фарзандони дигараш дар кӯдакӣ вафот мекарданд. Танҳо ҳамин писараш, Сангин сиҳату саломат ба камол расид. Ӯ баъди хатми факултаи иқтисодии донишгоҳ ба ҳамсабақаш, ки дӯст медошт издивоҷ кард. Арӯс келини хуб набаромад. Танбалу чиркинак буд. На хӯроки дуруст пухта метавонисту на нон баста. Хусуру хушдоман ба ҳамаи ин тоқат мекарданд, ки писари ягонаашон ӯро дӯст медорад ва хонавайрон нашавад. То фавти падарарӯс келин ба модарарӯс дағалӣ намекард. Ҳамааш пас аз ин оғоз ёфта, рӯз ба рӯз таҳқиру азоб нисбати кампир меафзуд. Кампир дандон ба дандон монда тоқат мекард ва аз ин рафтори келин ба касе шикоят намекард.
Директори мактаб, шогирди кампир Ҳамзаалӣ барои устодаш як роҳхати 24-рӯзаи сифоиза дастрас карда, ӯро худаш ба Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм оварда монд. Инак, ӯ ду ҳафта аст, ки дур аз таҳқиру азоби келин истироҳату табобат дорад.
Кампир ҳамаи инро ба ёд оварда, дигар хоҳиши ба хонааш баргаштан надошт. Вале ба куҷо меравад? Ӯ дар ятимхона калон шуда, хешу ақрабои наздик надошт, ки ба онҳо умед бандад.
Ба хаёл рафтани кампирро дида, Мунира гуфт:
-Хола шумо як маротиба он мӯйсафедро бинен, сӯҳбат букунен. Агар ба якдигартун маъқул бушен, унтарафуша мо худмон ҳал мекунем.
Бегоҳӣ дари ҳуҷраи мӯйсафед «тақ-тақ» шуд.
— Дар кушода, будроен, -гуфт мӯйсафеди Нусратшоҳ.
— Арӯса овардем, бобои Нусратшоҳ,- гуфт Моҳира ва якум шуда аз дар даромад. Аз пас Моҳира ва кампири Озода дохили ҳуҷра шуданд.
— Мо арӯса монда меравем, сӯҳбат букунен,- гуфт Мунира ва бо Моҳира аз ҳуҷра баромаданд.
Мӯйсафеди Нусратшоҳ бо дидани кампир чашмаш рӯшан шуд. Онҳо қариб ду соат аз рӯзгори хеш ба ҳам нақл карда ба хулоса омаданд, ки агар издивоҷ бикунанд, хуб мешавад.
Ҳамон бегоҳ мӯйсафеди Нусратшоҳ ба дарбони осоишгоҳ 300 сомонӣ дод, то ки пагоҳ пас аз кор рафтанаш аз деҳа як буз харида орад. Рӯзи дигар Мулло Назар, ки ӯ ҳам дар Хоҷа Оби Гарм истироҳат дошт, мӯйсафеди Нусратшоҳ ва кампири Озодаро никоҳ баст. Мӯйсафед дар ошхонаи «Сари чашма» барои дӯстон зиёфат орост.
***
Ҳамин тавр, ҳамсояҳо сӯҳбаткунон то даромадгоҳи корпуси «А» расиданд.
— Шумо ягон протседура доред?- пурсид Маъруф.
— Ба ман духтур иҷозати буғравӣ надод. Танҳо души сиркулярӣ ва масҳу свет мегирам. Ҳоло ба масҳ меравам, -гуфт Султоншоҳи Акбар.
— Ман ба ба душ меравам. Хуб, сӯҳбат боқӣ, -гуфт Маъруф ва ба сӯи ҳуҷраи хобаш равон шуд.
***

Директори Пажӯҳишгоҳи заминшиносии Тоҷикистон Азимшоҳи Зоҳиршоҳро дар қайдгоҳ аз ҳуҷраи рақами 725 ҷойи хоб доданд. Ӯ чанд рӯз пеш бе роҳхат ба осоишгоҳ омада буд. Он вақт ҷойи хоб набуд. Ба ӯ гуфтанд, ки ду рӯз сабр кунад, чанд ҷой холӣ мешавад. Ӯ ба истгоҳи таксиҳо омада дар харак нишаст ва намедонист чӣ кор бикунад: ба Душанбе баргардад ва ё дар меҳмонхонаҳои хусусӣ ин ду рӯзро интизор шавад. Ҳамин вақт тасодуфан касе номи ӯро гирифт:
— Акаи Азимшоҳ, ин ҷо чӣ ба фикр афтодаед?
Ӯ сар бардошта ҳамдеҳааш Гулаҳмади Ҷонмаҳмадро дид, ки ба сӯяш даст дароз мекард.
— Салом, додар, -гуфт ӯ ва оғӯш кушода бо Гулаҳмад вохӯрӣ кард.- Ман бе роҳхат омадам, ҷой набудааст. Гуфтанд, ки ду рӯз интизор шавам. Акнун намедонам чӣ кор кунам.
— Ҳеҷ гап набудааст. Ман дар як хона танҳоям. Бояд бо завҷаам меомадам, вале ӯ омада натавонист. Аз кораш рухсатӣ надоданд. Охири моҳ бояд ҳисоботро омода кунад. Ӯ баъди ду рӯз меояд. Бинобар ин дар хонаи мо метавонед, ин ду рӯз истед.
— Шуморо ташвиш медиҳам.
— Чӣ ташвиш аст? Бе ин ҳам ҷой холӣ меистад. Хезед рафтем, — гуфт Гулаҳмад як сумкаи ҳамдеҳаашро гирифта.
Ҳамин тавр, Азимшоҳи Зоҳиршоҳ ду рӯзро дар хуҷраи ҳамдеҳааш гузаронид. Ӯ, ки ҳоло дафтарчаи табобатӣ нагирифта буд, ба буғ пулакӣ мерафт. Нархномаи буғ бе дафтарча 5 сомонӣ муқаррар шуда буд. Инак, мувофиқи ваъда пас аз ду рӯзи омаданаш ба ӯ ҷойи хоб доданд ва ӯ 805 сомонӣ арзиши роҳхати осоишгоҳро пардохт намуд. Вақте ӯ дари ҳуҷраи 725-ро кӯфт, марди тоссари лоғари айнакӣ дарро кушода гуфт: — Хуб, хизмат?
-Ман ҳамсояи нави шумо. Маро аз сабтгоҳ ба ин ҳуҷра фиристоданд.
— Ман, профессор Хоркаши Ҷорӯб. Ба ман ҳамсоя даркор не. Ман шабҳо менависам. Ман ба директори осоишгоҳ гуфта будам, ки назди ман касеро ҷо накунад.
Азимшоҳи Зоҳиршоҳ ноилоҷ ба сабтгоҳ баргашта гуфт, ки ин проблемаро ҳал кунанд. Шом шуд, вале касе аз масъулон қазияро ҳал накарданд. Бегоҳӣ пас аз ғизои шом хӯрдан Гулаҳмад Азимшоҳро дида пурсид, ки оё ӯ ҷой гирифтааст. Азимшоҳ қазияро нақл кард.
— Наход, директори институт, академикро ким кадом профессори ботаник ба ҳуҷрааш роҳ надиҳад?! Биё, ака меравем, ман латуш мекунум, гуфт Гулаҳмад.
— Не, чӣ лозим? Барои ман асабӣ шудан мумкин нест, қандам баланд мешавад. Ман ба масъулин гуфтаам, ин масъаларо ҳал мекунанд.
— Ин шаб ҳам пеши ман истед, ҳоло оилаам наомадааст,- ба ҳуҷрааш даъват кард Гулаҳмад.
Рӯзи дигар бо дахолати сардухтур ин қазия ҳал шуд. Ба Азимшоҳ аз ҳуҷраи дигар ҷой доданд.

Домоди ҳаштодсола

Дар майдони назди чашма ҳар шом масъули бахши фарҳанги Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм магнитафон мемонданд ва хоҳишмандон дар ҳавои суруду мусиқӣ ба рақс медаромаданд. Дар харакҳои атрофи майдон истироҳаткунандагон нишаста рақс тамошо мекарданд. Карим бо баҳонаи он ки сараш дард дорад, ба ҳуҷраашон баргашт. Ӯ бо Лайло мулоқот дошт. Маъруф бо Султоншоҳи Акбар, Азимшоҳи Зоҳиршоҳ ва Гулаҳмади Ҷонмаҳмад дар хараки зери чормағз, ки дар сурфаи болои майдон ҷойгир аст, нишаста буданд. Аз ин ҷо майдон чун кафи даст метобад ва садои магнитафон чандон баланд ба гӯш намерасад. Дар майдон чанд нафар марду зан мерақсиданд. Султоншоҳи Акбаршоҳ ба ҷавонзани зебои хушқаду андом, ки дар ҳавои суруди «Нагӯй»-и Нозияи Кароматулло мерақсид, чашм наканда менигарист. Ин ҳолро Маъруф пай бурда, луқма партофт:
— Ҳаваси зан надорам мегӯед, лекин ошиқи раққоса шудаед, акои Султоншоҳ.
— «Чашм дарё», гуфтаанд, бо як назар кардани мо кам намешавад-ку,- ҳозирҷавобӣ кард мӯйсафед.
— Чашм дарё, вале зинои чашм ҳам гуноҳ аст,- ҷиддӣ гуфт Маъруф.
— Ин тавр бошад, ин чашмро Худо барои чӣ додааст?!
— Чашмро Худо барои корҳои нек кардан додааст,- ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Азимшоҳ. — Ако, айбаш нест, агар ҳавас дошта бошед, як ишора кунед, мо ягонто мурчамиёнашро меёбем.
— Амак шарм мекунанд, вале маълум, ки дилашон хумори зан мекунад,- луқма партофт Гулаҳмад.
— Дидед, ҳама хуморӣ шудани шуморо пай бурдаанд. Беҳтараш иқрор шавед ва мо илоҷи дарди шуморо кунем, — афзуд Маъруф.
— «Кайф, кайфи безанӣ, фатира кунӣ, танҳо занӣ», гуфтаанд. Ба мани мӯйсафед зан чӣ даркор. Ба ҳамсояра гирум?- паст наомад Султоншоҳ.
— Ин амал аз талаботи табиии инсон аст, — сухан оғоз намуд Азимшоҳ.- Ҳамин сол ду нафар ҳамкорони мо занмурда шуданд. Яке 70-сола асту дигаре 75-сола. Мӯйсафеди 70-сола мехоҳад, ки ба зани аз 50-сола боло издивоҷ кунад. Мӯйсафеди 75-сола, ки ду сол пеш бева монда буд, як маъшуқаи 50-сола дорад. Бо ин маъшуқааш ӯ 20 сол боз алоқа дорад ва он вақт маҳз барои ҳамин кор вайро корманди зердасташ карда буд. Ба мӯйсафед гуфтем, ки муносибаташонро расмӣ кунанд ва ба ин бевазан издивоҷ кунад. Ӯ медонед, чӣ гуфт? «Ман ба ягон пирдухтари то 30-сола издивоҷ мекунам!».
— Иштиҳои мӯйсафед қозгир будааст-ку,- луқма партофт Маъруф.
— Зан дар пирӣ асои мард аст, мегӯянд. Ба мӯйсафед зане даркор аст, ки оби таҳорат диҳад,- гуфт Гулаҳмад.
— Оби таҳорат гуфтед, қиссае ба ёдам омад, ки нақлатон мекунам, гуфт Маъруф ва афзуд:
Ба хонаи бевазани масчоҳӣ аз деҳаи ҳамсоя барои мӯйсафеде ба хостгорӣ омадаанд. Хостгорҳо мӯйсафедро таърифу тавсиф мекардаанд ва гаштаву баргашта мегуфтаанд, ки ӯ занмурда шудааст ва касе нест, ки оби таҳорат гарм кунад. Ин суханонро арӯсшаванда, ки аз паси дар сӯҳбатро гӯш мекардааст, шунида дигар тоқат накардааст. Ӯ дарро ба қаҳр кушода ба меҳмонон гуфтааст: «Мураматон, ба мӯйсафед барои обгармкунӣ зан лозим нест. Агар дилсӯзи мӯйсафед бошед, «Тефал» харед, то оби таҳораташро гарм кунад!».
— Ин гапи зани масчоҳӣ ҷон дорад,- гуфт дар охири қисса Маъруф. -Зани ҷавон танҳо барои оби таҳорат додан нест. Вай ҳам нафс дорад, талаботи шаҳвониашро қонеъ кардан даркор. Ба қавле агар аспро саворӣ карда натавонӣ, насиби ҳамсоя мешавад.
— Ба наздикӣ як ҳамсояи мо — мӯйсафеди 80-сола ба ҷавонзани 28-сола издивоҷ кард,- гуфт Гулаҳмад.
— Ҳамин хел ҳам мешудааст-ми?- ҳайрон пурсид Султоншоҳ. Бақувват будагист мӯйсафед?
— Мегӯянд, ки дар ҷавонӣ гардани буққаро мешикастааст. Ҳоло ҳам бардам метобад,- посух дод Гулаҳмад.
— Хуб қиссаро нақл кунед, ки чӣ хел як мӯйсафед ба зани 50 сол аз худ хурд хонадор шудааст, -гуфт Азимшоҳ.
— Соли гузашта зани ҳамсояамон, ки 70-сола буд, вафот кард. Мӯйсафеди Табаралӣ, ки худ марди ғармиҷоз буд, дар орзуи зани ҷавон шуд. Мӯйсафед то ба нафақа баромаданаш ревизор буд. Ҳамин аст, ки як умр кордаш болои равған гузаштааст. Дар давраи аввали истиқлолияти кишвар ӯ якчанд мағозаро хусусӣ кард ва ҳоло аз иҷорапулии онҳо рӯзгорашро таъмин мекунад. Ба шунидам мӯйсафед ба ғайр аз ҳавлӣ боз як хонаи дуҳуҷрагӣ низ дорад ва он ҷо баъзан фоҳишаҳоро мурда маишат ҳам мекардааст. Шояд аз ҳамин одаташ бошад, ки ба зани ҷавон издивоҷ кард. Барои мӯйсафед хешовандонаш чанд моҳ арӯс кофтанд. Номзадҳои пайдокардаи онҳо ба мӯйсафед маъқул намешуд. Ниҳоят бо пурсуҷӯ аз Колхозобод ҳамин занро ёфтаанд. Шавҳари ин занро 5 сол пеш дар Русия кушта будаанд ва ӯ бо ду фарзандаш бева монда будааст. Баъди марги шавҳар хусураш ӯро аз хона пеш кардааст. Ин панҷ соли охирро ӯ бо садҳо азоб паси сар карда будааст.

***

Гулшода пас аз марги фоҷиавии шавҳараш аз дасти тоссарҳо дар Маскав дар синни 23-солагӣ бева монд. Гулшода дар 18-солагиаш ба Шарифхӯҷаи аз худаш 5 сол калон издивоҷ карда буд. Шарифхӯҷа ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мерафт ва дар Маскав дар сохтмон кор мекард. Ӯ баъди як моҳи издивоҷ ба Маскав баргашт. Дар ин муддат Гулшода обистан шуд ва пас аз 9 моҳ писарчае таваллуд кард. Ба хотири хушбахт шудани оилаи ҷавон кӯдакро Бахтовар ном ниҳоданд. Шарифхӯҷа ҳангоми семоҳа шудани писараш ба ватан баргашт ва боз қариб як моҳ назди оилааш буд. Гулшода ин дафъа низ обистан шуд ва писари дигареро ба дунё овард. Ӯро ба умеди хушии рӯзгор Умедҷон ном карданд. Мутаассифона, Шарифхӯҷа Умедҷонро надида олами фониро тарк кард. Тоссарҳои миллатгарои рус ӯро шоме дар кӯча дошта, бо арматура зада куштанд. Дӯстону ҳамкорони Шарифхӯҷа пас аз як ҳафта ҷасади ӯро ба Ватан интиқол доданд. Барои Гулшода зиндагӣ шаби торикро мемонд, зеро ҳамаи умедҳояш барбод рафта буданд. Шарифхӯҷа ният дошт, ки ин дафъа аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, замин мехарад ва хона месозад. Баъд боз сафар карда барои хатнасури писаронаш пул пасандоз мекунад. Ҳамаи ин орзуҳое буданд, ки Шарифхӯҷа бо худ ба хок бурд.
Баъд аз сари соли Шарифхӯҷа падарарӯсаш ӯро бо фарзандонаш ба хонаи падараш баргардонда гуфт: «Бачаи ман дигар зинда намеша. Ту ҳам ҳеҷ вақт умрата бе шавҳар намегузаронӣ. Ту ҳам нафс дорӣ. Ҳоло, ҷавонӣ, шӯ кун!».
Дар хонаи падар зиндагии Гулшодаю фарзандонаш осон набуд. Дар як ҳавлӣ падару модар панҷ хоҳару бародар ва ду келин бо шаш нафар фарзандонашон зиндагӣ мекарданд. Гулшода ба саҳро баромада, дар пахтазор кор мекард. Ба ғайри ин корҳои хона низ ба сараш бор буданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, келинҳо пайт ёфта, ба ӯ неш мезаданд ва ҳамеша ғур-ғур мекарданд. Онҳо нисбати Гулшода бадгӯӣ карда, бародаронро ба ӯ ба ҷанг меандохтанд. Падару модар аз ин муносибати писару келинҳо хабардор буданд, вале илоҷе карда наметавонистанд. Рӯзе падар Гулшодаро назди худ хонда дар ҳузури модараш гуфт:
— Мо аз ҳоли ту ва муносибати акаҳову янгаҳоят хабар дорем, вале ҳеҷ коре карда наметавонем. Пас аз сари мо ҳоли ту аз ин бадтар мешавад. Бинобар ин, духтарам, бояд ки шавҳар кунӣ ва хонаву дари худро обод намоӣ.
Модар низ дар тақвияти гуфтаҳои шавҳараш гуфт:
— Падарат дуруст мегӯянд. Кӯдакҳоро хонаи худашон мебардорад.
Ин гуфтаҳои волидон ҷон доштанд ва ӯ ба ҷуз ризоият дигар чора надошт.
Хостгорҳои зани ҷавон зиёд буданд, вале аксар мехостанд, ки Гулшода зани дуввуму сеюм бошад. Ҳамаи онҳо мехостанд, ки хонадомод бошанд. «Ин чӣ зангирӣ будааст, ки домод ягон масъулият ҳис намекунад!», ҳайрон мешуд падари Гулшода.
Ниҳоят мӯйсафеди Табаралӣ хостгори Гулшода шуд. Дар зоҳир мӯйсафед аз 70-сола боло наменамуд. Ӯ ҳам ҳангоми хостгорӣ синнашро пинҳон дошта, танҳо гуфт, ки соли гузашта занаш фавтидааст. Ӯ дар бораи мағозаҳои ба иҷора додааш ҳарф зада ваъда дод, ки хонаи дуҳуҷрагиашро ба номи Гулшода мекунад ва саробонии фарзандони ятимро низ ба дӯш мегирад.
Падари Гулшода ба издивоҷ ба шарте розӣ шуд, қабл аз никоҳи расмӣ домод хонаро воқеан ҳам ба номи духтараш гузаронад. Домодшаванда ба ин розӣ шуда, шиносномаи Гулшодаро бо худ гирифт, то ки ваъдаашро иҷро кунад. Мӯйсафеди Табаралӣ ба ин ҷавонзани зебо бо як дидан ошиқ шуда, мехост, ки ҳар чӣ зудтар ӯ дар оғӯшаш бошад. Аз ин рӯ, мӯйсафед омода буд, ки аҳдномаи никоҳ баста, таъминоти моддии Гулшодаю фарзандонашро низ пурра ба дӯш гирад.
Гулшода, ки аз зиндагӣ дилмонда шуда буд, дигар парвои шавҳар намекард. Мурғи дилаш тӯли ин панҷ сол мурда худро ҳамчун зан эҳсос наменамуд. Бинобар ин барояш синну соли шавҳаршаванда фарқ надошт. Ӯ танҳо ба хотири фарзандонаш ба ин издивоҷ розӣ шуд.
Мӯйсафед ба ваъдааш вафо карда, хонаи дуҳуҷрагиашро дар шаҳри Душанбе ба номи Гулшода гузаронид. Ҳамчунин барои Гулшода ҷиҳози арӯсӣ оварда, барои аҳли деҳа оши наҳор дод.
Мӯйсафеди Табаралӣ чун домодтӯра худро орову торо дод, риши сафедашро кӯтоҳ қайчӣ зада, ранг ҳам кард то ҷавонтар намояд.
Мӯйсафед арӯсро ба хонаи дуҳуҷрагиаш фаровард, то ин ки келинҳову набераҳо халал нарасонанд. Ҳамчунин бо Гулшода маслиҳат шуд, ки фарзандонашро пас аз як моҳ ба Душанбе меоранд.
Мӯйсафеди ташнаи шаҳват Гулшодаро ба хонаи хоб кашида гуфт:
— Арӯс, либосота бадар кун, қусури чандсолара мебурорем.
Гулшода, ки ҳатто дар пеши занҳо либосашро иваз намекард, аз ин суханони мӯйсафед лол монда, намедонист чӣ кор бикунад?
— Шарм накун, никоҳ кардем, ман номаҳрам нестум, — гуфт мӯйсафеди Табаралӣ ва ба кашидани либоси худ шурӯъ кард.
Гулшода ҳанӯз ҳам карахт монда буд. Ӯ дар рӯзи рӯшан ҳеҷ гоҳ ҷимоъ накарда буд ва ҳоло худро нороҳат ҳис мекард. Барояш ин амали ношуданӣ менамуд. Мӯйсафед бошад, либосҳояшро кашида, бо як тагэзор меистод.
— Букаш лоқота, халал мерасонан, — гуфт мӯйсафед.
Гулшода аз шарм намедонист чӣ бикунад? Ӯ ҷуръат карда, бо таги чашм ба мӯйсафед нигарист. Пеши ӯ марди серпашми тануманди ғулмонанд меистод. Аз ин дили Гулшода таҳ рафт ва худро дар оғӯши ин ғӯл пиндошта, даҳшат зераш кард. Мӯйсафеди Табаралӣ дид, ки Гулшода ба гапи ӯ сар намефарорад. Ӯ аз дасти Гулшода гирифта, ӯро ба ҷогаҳ кашид. Арӯс муқобилат накарда, чун кундаи ҷувоз дароз кашид. Мӯйсафед аз ин шерак шуда, даст ба поҷомаи Гулшода бурд. Акнун барои ҷимоъ ҳеҷ монеае набуд. Вале мӯйсафед ҳеҷ қаламро ба қаламдон андохта наметавонист.
— Дар ин панҷ сол духтар шудай чӣ?!- ғурунгос кард мӯйсафед амалашро идома дода. Мӯйсафед ҳар қадаре ки ҷумбуҷӯл кард, ба қаламкашӣ муваффақ нашуд ва берун аз қаламдон рангро резонд. Гулшода ҳис кард, ки ба чатанаш моеъи часпаке рехт. Мӯйсафед лаҳзае аз ҳаракат бозмонд, вале баъди чанде барои аз нав ҷимоъ кардан талош намуд, вале қаламаш шикаста буд. Мӯйсафед бо фоҳишаҳо ҷимоъ карда танбал шуда буд. Фоҳишаҳо худ қаламро бо маҳс тез мекарданд ва барои ба қаламдон андохтан низ кӯмак менамуданд. Мӯйсафед ҳоло мехост, ки ин амалро Гулшода низ ба ҷо орад. Вале Гулшодаи ноомӯхт аз худ ягон фаъолияте зоҳир намекард. Мӯйсафед дар талоши шаҳват қаламро тез карданӣ мешуд, вале ин амал ба ӯ даст намедод. Ниҳоят мӯйсафед мондаву лакот болои диван ба пушт зад ва баъди лаҳзае хурроккашиаш баланд шуд.

***

-Аҷоиб қиссае. Ба мӯйсафед ҳача додан лозим будааст,-луқма партофт Маъруф.
-Боз чӣ хел ҳача?- ҳайрон пурсид Султоншоҳ.
— Э, шумо ҳоло нақши ҳачаро дар зиндагӣ намедонед-мӣ, шӯхӣ кард Маъруф ва афзуд:- Ҳоло Гулаҳмад ин қиссаро нақл мекунад.
— Худатон нақл кунед,- аз қиссагӯӣ гурехтанӣ шуд Гулаҳмад.
— Худатон нақл кунед. «Гунҷишкро кӣ куштааст?- Қассоб»-гуфтаанд,-розӣ нашуд Маъруф.
— Майлаш, гӯш кунед, ин латифа аст, — ба сухан оғоз намуд Гулаҳмад:
-Ҷавоне хонадор шуда, рӯзҳои аввал муваффақ намешудааст. Янгаҳои арӯс аз ин ба модари ҷавон шикоят кардаанд. Модар аз сустии писараш шавҳарашро огоҳ кардааст. Падар писарро наздаш хонда пурсидааст?
-Бачем, ягон айб дорӣ, ки бо занат хоб намеравӣ?
— Не, додо! Ягон проблема нест. Баръакс қалам ҳамеша рост меистад ва онро ҳеҷ ба қаламдон андохта намешавад.
— Дарди ба хайр будааст, — гуфтааст падар ва аз ҷевон ҳачаеро бароварда ба писараш додааст.
-Ма, гир истифода кун.
— Додо ин ҳача барои чӣ?-ҳайрон пурсидааст писар.
— Бо ин ҳача қаламро аз боло паст карда, ба қаламдон рост мекунӣ.
Аз байн як ҳафта гузаштааст. Падар писарро боз наздаш даъват карда пурсидааст:
— Комёбиҳо чӣ хел?
— Додо ҳамааш нағз. Ҳоло бе ҳача ҳам роҳашро ёфта истодаам. Ҳачаатонро биёрам?
— Не, барои худат нигоҳ дор, дар пирӣ даркор мешавад. Он вақт аз таг ба қалам ҳача мемонӣ.
Ҳама аз ин латифа хандиданд.
— Гап меёбед-а, — гуфт Султоншоҳ.
— Шумо магар истифода намекардед, — шӯхиомез пурсид Азимшоҳ.
— То ба ҳачая нарасида будем, ки раҳматӣ янгаат бандагӣ кард.
— Аз ҳача истифода намекарда бошед, шуморо ҳатман зан додан даркор,- ҷиддӣ гуфт Маъруф.
-Бале, ин масъаларо зудтар ҳал бояд кард, — луқма партофт Гулаҳмад ва афзуд:- барои дуруст будани гапҳоям қиссаеро бароятон нақл мекунам.

Ошиқи ҳаштодсола

Мӯйсафеди Зариф чун ҷавонзани сафедрӯйи миёнақади кулӯлаи зеборо дид, ҳушу ёдашро аз даст дод. Бевазани сисола, духтархолаи завҷаи набераи мӯйсафед аз Кӯлоб ба меҳмонӣ омада буд. Мӯйсафед пурсуҷӯ карда фаҳмид, ки Шарофат панҷ сол пеш бева мондааст, шавҳараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия фавтида буд. Ӯ бо ду кӯдак бева монда, бо куртадӯзӣ рӯзгорашро пеш мебурдааст. Шарофат завҷаи аввали мӯйсафедро, ки сари фарзанд рафта буд, мемонд. Аз ин миён 55 сол гузашта бошад ҳам, мӯйсафед муҳаббати аввали худро фаромӯш накарда буд. Ва инак, бо дидани Шарофат ин меҳр аз нав туғён зад. Мӯйсафед, ки ду сол қабл аз нав бева монда буд, хумории зан мешуд. Касе на фарзандон, на наберагон андешаи онро намекарданд, ки мӯйсафед зан мехоҳад ва наметавонад хуморашро бишканад. Ҳамагон гумон мекарданд, ки ба мӯйсафеди ҳаштодсола зан чӣ лозим? Мӯйсафед тӯли ин ду сол хеле азоби шаҳват мекашид ва барои хуморашро шикастан ҳар моҳ баъди нафақаашро гирифтан назди дӯсти бевамондааш Аҳмадҷон мерафт, ки дар маркази шаҳр дар хонаи серошёна зиндагӣ мекард. Аҳмадҷон ба хонумҳои сабукпо занг мезад ва онҳо ду нафар ба хонаи ӯ меомаданд. Он рӯз мӯйсафедон барои худ ид мекарданд. Ду килло гӯштро дамлама пухта, бо хонумҳо то шом «дами беғам» мезаданд. Мӯйсафеди Зариф он рӯз хумори якмоҳаи безаниашро гирифтанӣ мешуд. Вале ин барои мӯйсафеде, ки як умр аз алоқаи шаҳвонӣ дур нашудааст, камӣ мекард. Ӯро аллакай рӯзи дигар хумори зан мегирифт ва мӯйсафед то моҳи дигар дандон ба дандон мемонд. Чанд маротиба тавассути ҷӯраҳояш ба фарзандонаш фаҳмонд, ки ӯ зан мехоҳад. Ниҳоят насиҳати мӯйсафедон ба писари хурдиаш, Олим таъсир кард магар, ки ӯ барои падараш як кампири шаступанҷсоларо хостгорӣ карданӣ шуд. Мӯйсафед ин кампирро маъқул накард. Кампир лоғари бенур буд ва базӯр пояшро мекашид. Мӯйсафед ба чашмони бенури кампир назар карда фаҳмид, ки агар аз биниаш кашӣ, ҷонаш мебарояд. Ӯ дар танҳоӣ аз кампир пурсида фаҳмид, ки бори охир бист сол пеш ҷимоъ карда, ҳоло ҳеҷ таваҷҷӯҳе ба мард надоштааст. Танҳо аз ҷабри келин мехостааст, сарпаноҳе ёбад. Мӯйсафед аз чунин зангирӣ даст кашида, изҳор кард, ки ба ӯ зани ҷавонтаре пайдо бикунанд.
— Ота, бо зани ҷавон дода, ба худмон дарди сар харем. Зани ҷавон мезоя. Сағираҳои вая кӣ калон мекуна? Боз ҷанҷоли мерос сар мешава,- гуфт Олим.
— Бачам, намезойдагиша ёбед.
— Ёфтем, ноз кардед.
— У кампира ман чӣ кор мекунум?!
Писар хомӯш монд ва дигар сари ин масъала сӯҳбат накарданд.
Инак, «арӯс бо пои худаш омадаст», мегуфт Шарофатро дида, мӯйсафеди Зариф дар дил. Вале ҳеҷ ин нияти худро наметавонист ошкоро бигӯяд. Ӯ тамоми рӯз аз тирезаи ҳуҷрааш ба кати ҳавлӣ менигарист, ки он ҷо Шарофат аз гармои тобистон паноҳ мебурд. Ҳар қадаре ки мӯйсафед бештар ба ин ҷавонзан менигарист, ҳамон қадар хоҳиши мардиаш боло мегирифт. Ниҳоят ӯ дигар тоқат карда натавониста, келинашро ба миён андохтанӣ шуд. Ӯро даъват карда гуфт:
— Келин, мегум ҳамун духтари холата ба ман наметӣ?
Келин суханони мӯйсафедро шӯхӣ пиндошта гуфт:
— Амак, худатон дилша ёбед, ман холама ба гап медарорум.
Аз ин ҳарфҳо дар дили мӯйсафед рӯшноӣ расид ва ӯ дар пайи ёфтани пайти мувофиқ шуд, то бо Шарофат «чашм ба чашм» сӯҳбат бикунад. Ниҳоят чунин фурсат ҳам расид. Шарофат болои кати ҳавлӣ танҳо менишаст. Мӯйсафеди Зариф аз ҳуҷрааш берун шуда, сӯи кат равона гардид. Шарофат ӯро дида, аз ҷой бархост: — Бобӣ, бед ин ҷо шинен.
— Бишин, гунаҳкорам накун,- гуфт мӯйсафед дар лаби кат нишаста. Ӯ намедонист аз чӣ гапро сар кунад. Бинобар ин аз дур гап кушод: — Ду кӯдака як худут тарбия кардан мушкил будагист?
— Ба осонай? Худум ҳам отаю ҳам очаюм унора, — посух дод, Шарофат.
— Бе мардак намеша, шӯ накардӣ?
— Мара ба ду кудакум кӣ мегира?
— Пурай- ку мардаки безан. Ягонташа таги чашм накардӣ?
— Пурайю зан доран. Ман зани дуюму сеюм шудан намехоҳум. А ина бешӯй буданум хубтарай.
— Чени ту бачаи безан нестай. Тура ягон марди занмурда мегира ё ягон мӯйсафед.
— Занмурдаҳо духтар мегиран, дунёра пирдухтар гирифтай.
— Ита боша, мӯйсафед буков.
— Ку мӯйсафеди гурсӯхта, ки мара қувват куна?- шӯхӣ кард Шарофат.
— Ман худум намешум?
— Бобӣ тура зурут мара мераса?- суханони мӯйсафедро шӯхӣ гумон карда, гуфт Шарофат.
-Гурга дар шудгор дарёб мекунум. Мо мардҳои қадима иликмон пурай. Ҳолиям чанд зана пир мекунум,- гуфт мӯйсафеди Зариф, ки воқеан ҳам бардаму пурқувват буд. Мӯйсафед, ки як умр мудири анбор кор карда, ҳамеша серпул буд, зиндагиашро ба маишат мегузаронд. Ҳамин буд, ки пирӣ асараш намекард. Имсол вақти ба курорт рафтанаш духтур таппиши дилашро санҷида, ҳайрон шуда буд. Дили мӯйсафеди Зариф ба қавли духтур «чун соат кор мекард» ва аз ҳамсолонаш ба 15 -20 сол ҷавонтар менамуд.
— Мӯйсафед пир шудай, ришу фашут сафедай, мара мардум механдан.
— Ай духтар барои ту ришма метарошум, ту фақат «ҳа» бугӯ меша, — Шарофатро розӣ кунонданӣ мешуд мӯйсафед.
— Ай шаҳр хона мехарима?
— Аз кадом шаҳр? – пурсид мӯйсафед шояд Кӯлобро дар назар дошта бошад, гумон кард ӯ.
— Ай Душанбе, як сехонагӣ.
— Ҳозир аз Душанбе хона харида мешава? Нархҳо осмона мегазанд.
— Мӯйсафед, тиллоҳота ай кӯза бурор,- гуфт Шарофат, ки дар собиқа серпул будани ӯро медонист.
— Пулҳо бо Ҳукумати Шӯравӣ рафтанд, — оҳи сард кашид мӯйсафед. Воқеан ҳам, мӯйсафеди Зариф пасандозашро дар иваз шудани пул аз даст дода буд. Ӯ ба як қисми маблағҳои худ вомбарг харида буд, ҳиссаи дигарашро дар бонк чун пасандоз нигоҳ медошт. Ҳамин тавр, мӯйсафеди Зариф «ду чиллик дар почаки бинӣ монд», гӯё як умр чизе нағундошта буд. Хайрият, ки кампираш аз маблағҳои аз харҷи рӯзгор сарфа кардааш тилловорӣ харида будааст. Дар давраҳои сахтии рӯзгор ҳамин тиллоҳои кампираш ба кор омаданд. Онҳоро фурӯхта сарфи рӯзгор карданд.
— Бе пул суханат асар надорад, мӯйсафед, — гуфт Шарофат ҳолати ӯро санҷиданӣ шуда.
— Чӣ илоҷ, мо бесумем имрӯз. Бист сол пеш мебуд, аз сарут садсума мечошидум, — гуфт мӯйсафед оҳи сарду ҷонкоҳе кашида. Воқеан, мӯйсафед дар давраи мудири анбори корхонаи равғанкашӣ буданаш фақат аз кунҷорафурӯшӣ рӯзе се-чор ҳазор сум меёфт. Чанд нафар аз масъулин, кормандони ОБХСС (Шӯъбаи мубориза бар зидди дуздии моликияти сотсиалистӣ) ва мансабдоронро мехӯронд. Барои худаш ҳам кор мекард. Маблағи ёфтаашро сарфи маишат мекард. Ҳар рӯз шаробу кабоб мехӯрд ва бо хонумони танноз маишат мекард. Аз хонумон касе ӯро мӯйсафед намегуфтанд, агарчи си-чил сол хурд буданд онҳо.
— Сум надорию зани ҷавонут мефора, мӯйсафед,- ба таври ҷиддӣ гуфт Шарофат.
— Ин тавр боша, паноҳут ба Худо!- гуфт ранҷида мӯйсафед ва аз ҷой бархоста ба ҳуҷрааш даромад ва худро ба болинаш партофт. Пас аз ин мӯйсафед дигар аз ҷой барнахест. Ӯ на чизе мехӯрду на менӯшид. Дилаш аз зиндагӣ монда буд. Нав эҳсос кард, ки дигар ӯ ба касе лозим нест: на ба фарзандону наберагон, на ба хешу табор ва билохира на ба ҷомеа. Ӯ аз наберааш хоҳиш кард, ки дӯсташ Аҳмадҷонро даъват кунад. Дигар ӯ касеро дидан намехост. Як маротиба Шарофат барои мӯйсафед гардоб бурд. Гумон карданд, ки аз дасти ӯ мӯйсафед хӯрок мехӯрад. Вале мӯйсафед бо ӯро дидан рӯяшро ба сӯи девор гардонд.
Ниҳоят ҳамон рӯз мӯйсафеди Аҳмадҷон, ки аз ҷавониаш бо мӯйсафеди Зариф дӯстӣ доштанд, омад.
— Чӣ шуд бародар?- ҳолпурсӣ кард ӯ дасти дӯсташро ба даст гирифта.
— Ҳеҷ чиз нашудааст. Ман дигар зистан намехоҳам, -гуфт мӯйсафеди Зариф ва афзуд: -Маро худат мешӯӣ. Дар қабристони Сари Осиё аз ҳама боло, аз канали хушкшуда ҳам болотар гӯр кунед, то аз он ҷо тамоми Душанберо дида истам.
— Шӯхӣ накун, асп барин бақувватӣ-ку ҷӯра.
— Маро дигар ҳеҷ чиз нигоҳ намедорад? Васияти маро фаромӯш намекунӣ-а?
— Не, пеши кампират намехоҳӣ?
— Не, маро партофта рафт, хору зор шудам. Бигзор дар ҳамон баландӣ танҳо бошам. Шояд ягон ғариби дигар шарики ман шавад.
— Боз чӣ васият дорӣ, -пурсид Аҳмадҷон гуфтаҳои ҷӯраашро шӯхӣ гумон карда.
— Дигар ҳеҷ чиз. Молу мулкам кайҳо байни фарзандону наберагон тақсим шудааст. Ман дигар дар ин дунё чизе надорам. Метавонӣ, «Ёсин»-ро хонӣ, ман калима мегардонум, — гуфт мӯйсафеди Зариф ва ба калимагардонӣ шурӯъ кард: «Ло иллоҳа иллолоҳ, Муҳаммадун расулоллоҳ…». Аҳмадҷон нав пай бурд, ки ҷӯрааш шӯхӣ намекунад. Ӯ зуд ба қироати сураи «Ёсин» шурӯъ кард: «Бисми-лоҳир раҳмонир раҳим. Ёсин вал қуронил ҳаким иннака ламинал мурсалина …» Дар вақти ёсинхонӣ мӯйсафеди Зариф боз як маротиба «Ло иллоҳа иллолоҳ, Муҳаммадун расулоллоҳ…» гуфту як оҳи сабук кашид ва ҷонашро ба Худои Ҷаббор таслим кард.

***
— Бо ин қиссаатон акоро тарсондед, — гуфт Азимшоҳ.- Агар хонуми мақбулашон «не», гӯянд?
— Мо розӣ мекунем,- луқма партофт Гулаҳмад.
— Аз ин лақ-лақи мо арӯс худаш пайдо мешавад, магар? — гуфт Маъруф. – Биёед, барои ако худамон арӯс кобем.
— Аҷибед, шумо. Маро бе хоҳишам зан доданиед, — эътироз кард Султоншоҳ.
— Мо савобгирем, — гуфт Маъруф.- Аз ҳоло арӯскобиро сар мекунем. Хезед, аз пайи кор шавем, вақт рафта истодааст. Соат 10 шудааст.
— Бале, дер мешавад, хестем, — гуфт Азимшоҳ ва ҳама аз ҷо бархостанд. Консерт кайҳо тамом шуда буд ва дар харакҳои назди чашма чанд нафар кампиру мӯйсафедон нишаста, чақ-чақ доштанд. Маъруф бо ҳамсӯҳбатҳояш хайру хуш карда ба ҳуҷраи Меҳрнигор омад.
— Ин қадар дер омадед?- суол кард Меҳрнигор.
— Рафиқон қисса нақл карданд, то тамом шуданаш гӯш кардам. Нақлро тамом накарда хеста рафтан аз рӯи одоб нест. Чӣ зиқ шудед?
— Не, каме кор кардам. Чанд саҳифаи рисолаамро навиштам.
— Пас намеомадам, менавиштед?
— Навиштан ҳам вақту соати худро дорад. Мо ин ҷо барои истироҳат омадаем-ку.
— Бале, барои истироҳат, — гуфт Маъруф ва Меҳрнигорро ба оғӯш кашид.

***
Субҳ барвақт баъзе аз истироҳаткунандагон сари чашма меоянд ва он ҷо нишаста, аз ҳавои хушу форами дара ҳаловат мебаранд. Саҳар ин ҷо насим бӯи гулу гиёҳҳои кӯҳиро меорад. Маъруф чун одат бо дамидани субҳ гирди осоишгоҳ як маротиба давида, ба назди чашма омад. Он ҷо рафиқонаш Гулаҳмад, Карим, Султоншоҳ, Рауфҷон, Азимшоҳ нишаста буданд ва сӯҳбат доштанд.
— Тинҷӣ аст, каллаи саҳар ҳамаатон ин ҷо ҷамъ омадед?-пурсид Маъруф баъди салому ҳолпурсӣ.
— Ҳамин акаи Султоншоҳ ҳамаамонро даъват карданд, ки ҳавохӯрӣ бароем,- посух дод Рауфҷон.- Ба фикрам қиссаҳои шаб шунидаашон намонд, ки хоб раванд.
— Арӯс мехоҳанд он кас, — луқма партофт Гулаҳмад.
— Сарамро гаранг накунед, маро орзуи зангирӣ нест, -гуфт Султоншоҳ ва афзуд:-Ҳамин шаб як қиссаи шунидаам ба ёд омад. Инро нақл кунам, шояд дигар маро зан медиҳам гуфта, ғам намедиҳед.
— Канӣ нақл кунед,шунавем, баъд тасмим мегирем, -гуфт Азимшоҳ.
— Ин қиссаи воқеӣ аст, онро ман набофтаам. Барои ҳамин ҳам ҷиддӣ бошед, — гуфт Султоншоҳ ва ба нақли қисса оғоз кард:

Мӯйсафеди бадбахт

Мӯйсафеди Юсуф дар 60-солагиаш бева монд. Баъди фавти завҷааш ҳолаш бад шуд. Аз як тараф, касе набуд, ки дами гарме пазад, аз тарафи дигар, хумори зан мегирифташ. Писари ягонааш ба Русия рафта, он ҷо зани рус гирифта буд ва беш аз даҳ сол аст, ки ба ватан наомадааст ва пуле ҳам намефиристад. Духтари калонаш бахтгашта шуда, бори дуввум шавҳар кард ва ба кору зиндагии худ овора аст. Духтари хурдӣ ҳам дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад ва аз ҳоли падар моҳе як маротиба хабар мегирад.
Мӯйсафед пас аз фавти ҳамсараш бори аввал ба зани 45-солае, ки дар як идораи давлатӣ кор мекард, издивоҷ кард. Зан ҳар рӯз аз шаҳраки Сомониён ба Душанбе ба кор рафта меомад. Аввал мӯйсафед аз завҷааш розӣ буд, вале пас аз як моҳ «қилиқ»-и зан сар шуд. Ӯ баъзе шабҳо бо ҳар баҳонае ва баъдан бесабаб ба хона намеомад. Билохира, ӯ бе ибо дар пеши мӯйсафед бо мардҳо бо телефон сӯҳбати маҳрамона мекард. Дар маҳалла овоза шуд, ки ин зан гандагард будааст. Мӯйсафеди Юсуф низ ба боиффат будани занаш шубҳа мекард. Мӯйсафед дигар ба ин таҳқир тоқат накарда, боре пас аз як ҳафта гум шуда баргаштани занаш талоқӣ ӯро дод. Зан ҳам бе ҷанҷол хонаи мӯйсафеди Юсуфро тарк кард.
Мӯйсафед пас аз ду моҳ ба ҷавонзани 30-солаи бефарзанди деҳотӣ издивоҷ кард. Ин зан ҳам дар аввал хушмуомила ва порсо менамуд. Вале бо гузашти як моҳ мӯйсафед фаҳмид, ки иштибоҳ кардааст. Вақти хостгорӣ ба мӯйсафед гуфта буданд, ки ӯ ҳеҷ кас надорад. Вале акнун ҳамарӯза ягон нафар холадухтару духтари амма ё ягон хеши дигари арӯс ба меҳмонӣ меомаданд ва ҳафтаҳо истода, айши мӯйсафедро талх мекарданд. Ҳамчунин арӯс ҳар ҳафта озими хонаи падар мешуд ва мӯйсафед маҷбур буд, ки барои ба меҳмонӣ рафтани ӯ анвои ғизо харад. Баъди муддате писархолаву писарамакҳои арӯс шабхорав ба меҳмонӣ меомадагӣ шуданд.
Шабе мӯйсафеди Юсуф аз хоб бедор шуда, занашро дар ҷогаҳ надид. Гумон кард, ки барои қазои ҳоҷат хестааст. Аз байн чанд муддат гузашт, вале аз ӯ дарак набуд. Мӯйсафед хавотир аз ҷо бархоста, ба даҳлез баромад. Аз хонаи ҳамшафат, ки меҳмон – писарамаки занаш хобида буд, садои маҳрамона ба гӯш мерасид. Мӯйсафед аз дари нимароғ ба дарун назар карда, занашро болои мард дид. Онҳо машғули ҷимоъ мӯйсафедро пай набурданд.
Мӯйсафед аз ин ба ғазаб омада, хост, ки табарро оварда, ҳардуро қима-қима кунад. Вале ақли солим ғалаба кард. «Наход барои як зани ҷалаб боқимондаи умрамро дар зиндон гузаронам!?»- ба худ андешид мӯйсафед. Ӯ сари қаҳр занашро бо маъшуқаш доштан ҳам нахост. Зеро дар ин ҳол онҳо метавонистанд ба мӯйсафед зиён расонанд ва ҳатто ӯро бикушанд. Ӯ қаҳру ғазабашро дар дил фурӯ нишонда худро ба ҷогаҳаш андохт. То субҳ елеф мӯйсафед набурд. Ҳамон ҳангом занаш аз пеши маъшуқаш баргашт. Мӯйсафед худро ба хоб зад ва гӯё омадани занашро пай набурд.
«Мардак, намехезед, вақти намоз шуд», гуфтани занаш гӯё ӯро аз хоб бедор кард.
Пас аз ношто кардан меҳмон рафт. Мӯйсафед, ки ин пайтро интизор буд, рафта се нафар ҳамсояҳоро даъват кард ва ҳодисаи шаб рухдодаро нақл кард. Зан гуноҳашро иқрор намешуд.
-Ман медонам, ки чунин писарамак надорӣ. Агар маъшуқат набошад, кист ӯ,- бо ғазаб гуфт мӯйсафед. –Худи ҳозир ба деҳаатон рафта инро месанҷам.
Зан мулзам шуда, лол монд.
— Дар пеши ҳамсояҳо се талоқат кардам. Чор тарафат қибла!- гуфт мӯйсафед ва либосҳои занро аз хона ба берун баровард.
Мӯйсафедро пас аз ҳафтае боз хумори зан гирифт. Ӯ дар ҷустуҷӯи арӯси нав шуд. Дӯстон маслиҳат доданд, ки ин дафъа ягон зани худотарс бигирад. Хешу табор ва ёру дӯстон дар ҷустуҷӯи арӯс шуданд. Ниҳоят аз як деҳаи дурдасти кӯҳистон зани аз шавҳараш ҷудошударо хостгорӣ карданд. Аз рӯи нақли ҷониби арӯс, домодашон баъди издивоҷ ба Русия рафта, дигар барнагаштааст ва он ҷо хонадор шудааст. Ӯ баъди 5 соли мусофират ба тариқи телефон занашро талоқ додааст. Арӯс 25-сола буда аз издивоҷи аввалӣ фарзанд надошт.
Мӯйсафеди Юсуф сад бор шукри Худо мекард, ки барояш чунин як зани зебову порсоро насиб дидааст. Зан шоистаи таҳсин буд: Ӯ сари вақт ғизо мепухт, либос мешуст ва ба мӯйсафед оби таҳорат медод. Худ низ панҷ вақт намозашро тарк намекард. Ҳамааш хуб буд, вале мӯйсафед дар ҷогаҳ ҳис мекард, ки талаботи зани ҷавонро қонеъ карда наметавонад. Аз ишқварзӣ мӯйсафед мондаву лакот мешуд, вале арӯс ба ваҷд омада, хоҳиши идомаи ҷимоъ мекард. «Ман фарзанд мехоҳам», мегуфт арӯс ва ҳар шаб мӯйсафедро ба ҷимоъ водор мекард. Пас аз як моҳ мӯйсафед ончунон лоғар шуд, ки мегӯӣ нав аз бемории домана хеста бошад. Хушбахтии мӯйсафед дер давом накард. Як рӯз арӯс барои либосхарӣ озими бозори «Корвон»-и Душанбе шуд ва дигар барнагашт. Мӯйсафед хавотир шуд, ки завҷааш дар шаҳри серодам гум нашуда бошад. Шом занги телефон баланд шуд. Мӯйсафед телефони мобилиро ба даст гирифт: «Мӯйсафед, зурут намераса, чува арӯси 25-сола мегирӣ!? Занта беҳуда накоб…»- садои марде омад аз гӯшӣ. Ҳамин тавр, мӯйсафеди Юсуф боз танҳо монд.

***

— Бале, қиссаи риққатовар. Бадбахт будааст мӯйсафед,- гуфт Гулаҳмад, хомӯшии баъди нақли қисса ба миён омадаро вайрон карда.
— Агар бадбахт намебуд, занаш мемурд,- сухани ӯро тақвият дод Азимшоҳ. –Дар зиндагӣ чӣ ҳодисаҳое намешаванд. Ба шумо қиссаи дигареро нақл мекунам, худатон қазоват кунед, ки ба куҷо расидаем:

Зани ошиқ

Дар деҳаи Бӯстон овозаи аз хона баромада рафтани зани муаллими физикаи мактаб Шоҳмуроди Бобо зуд паҳн шуд.
Фазилат, зани 50-сола марди 55-солаи устои мошини дарздӯзиро дӯст дошта, аз хонааш баромада рафт. Фазилат 8 фарзанд- 4 духтару 4 писар таваллуд карда, бо Шоҳмурод 32 сол зиндагӣ карда буд. Дар ин вақт касе гандагардии ӯро надидааст. Ин зани хонашин ба корҳои рӯзгор ва тарбияи фарзандону набераҳо банд буд. Ду духтару ду писари хонадор ва 10 набера дошт ӯ.
Фазилат ин мардро дидан замон сару либосашро гирифтааст ва бо аҳли байташ хайрухуш накарда, аз думболаш рафтааст. Баъдан маълум шуд, ки ӯ бо ин мард дар шаҳри Душанбе дар хонаи якҳуҷрагӣ зиндагӣ мекардааст.
Ин амали Фазилат обрӯи хонадонро ба хокистар баробар кард. Шоҳмуроду писари калонии хонадон Зоҳир ва завҷаи ӯ Фариштамоҳ, ки дар мактаби деҳа кор мекарданд, пеши волидону шогирдон беобрӯ шуда буданд. Шоҳмуроду фарзандонаш аз ин шармандагӣ дар деҳа сар бардошта наметавонистанд. Яке дар дил онҳоро таънаву маломат мекард. Дигаре гиребони худро дошта, тавба мекард, ки «Худо ин шармандагиро ба касе раво набинад». Шоҳмурод дар ҳузури намозгузорони масҷиди деҳа занашро ғоибона се талоқ дод ва барои ҷудо шудан аз Фазилат ба ҷамоати деҳа бо ариза муроҷиат кард.
Ҳамаи овозаҳо якчанд муддат вирди забонҳост ва бо пайдо шудани ҳодисаи наве фаромӯш мешавад. Ба зудӣ ин амали нангинро низ сокинони Бӯстон фаромӯш карданд. Алорағми модар фарзандони Шоҳмурод дар пайи хонадоркунии падар шуданд. Шоҳмурод пас аз ин ҳодиса дилаш аз зан чун ях сард гардида буд ва хоҳиши дигар издивоҷ намуданро надошт. Вале фарзандон ба ҷону ҳолаш намонда, ӯро розӣ карданд. Писари калонии Шоҳмурод Алимурод арӯсро ҳам таги чашм карда буд. Дар мактаби деҳаи ҳамсоя зани бефарзанди 40-сола аз фанни кимиё дарс мегуфт. Ин зан 15 сол бо шавҳараш зиндагӣ карда фарзанд наёфта буд. Шавҳараш Маърифатро ба безуриётӣ гунаҳкор дониста, аз ӯ ҷудо шуд. Зеро ӯ пинҳонӣ ба зане издивоҷ карда, фарзанддор шуда буд.
Алимурод дер боз ин занро мешинохт. Дар семинарҳои фаннӣ ва дарсҳои методӣ ӯро дида шинос шуда буд. Маърифат, ки дилаш аз зиндагӣ монда буд, дигар хоҳиши шавҳар кардан надошт. Вале Алимурод ба миён даромада, ҳодисаи ба сари оилаашон омадаро нақл кард. Маърифат аз ин ҳодиса огоҳ буд, зеро он дар байни муаллимони ноҳия аз даҳон ба даҳонгузашта, паҳн шуда буд. Маърифат ба издивоҷ бо Шоҳмуроди 55-сола розӣ шуд ва кӯчида ба Бӯстон омад.
Директори мактаби деҳа Азизи Самеъ барои дастгирии Шоҳмурод барои Маърифат дарс ҷудо кард. Зиндагии оилаи Шоҳмурод аз нав ба маҷрои худ даромад. Аҳли оила бо Маърифат муносибати хуб доштанд. Фарзандони Шоҳмурод ӯро модари худ дониста, эҳтиромаш мекарданд. Қомати хамидаи Шоҳмуроду фарзандонаш рост шуд. Ғайричашмдошт Маърифат обистан шуд ва писар таваллуд кард. Ин меҳри фарзандони Шоҳмуродро боз ҳам афзун кард. Албатта, Маърифат ҳам хушбахт буд. Дар соли сеюми заношӯӣ Маърифат боз обистан шуда, ин дафъа духтар таваллуд кард. Шоҳмуродро ҳамкорон шӯхӣ карда, қаҳрамонпадар ном ниҳоданд. Занони деҳа бошанд, шӯхиомез мегуфтанд, ки агар занҳои нозо бо Шоҳмурод ҳамхоба шаванд, ҳатман обистан мешаванд.
Аз оилаашро тарк кардани Фазилат 5 сол гузашт. Дар ин муддат касе аз фарзандон дар суроғи модар нашуданд. Барояшон модар мурда буд. Маърифат буд модари ҳақиқиву ғамхори онҳо. Маърифат барои онҳо модару бибӣ буд. Дар ин миён духтари хурдии хонадонро ба шавҳар доданд. Писари кенҷагиро низ хонадор карданд. Фазилат низ аз фарзандонаш ёд намекард. Пеши чашмонашро шаҳват гирифта буд. Ӯ буду муҳаббати аввалаш Ширинҷон. Ӯ ҳанӯз дар овони мактабхонӣ ба Ширинҷон ошиқ шуда буд ва пинҳонӣ бо ӯ мулоқот мекард. Касе аз муҳаббати онҳо огоҳ набуд. Ширинҷонро баъди хатми техникум ба аскарӣ гирифтанд. Фазилатро бошад, волидон ба шавҳар доданд. Тӯли ин солҳо онҳо аз ҳоли ҳамдигар хабар надоштанд. Ширинҷон аз дӯстонаш фаҳмид, ки Фазилат шавҳар кардааст. Ӯ пас аз аскарӣ ба хона барнагашт ва чанд муддат дар Русия ва баъдан дар вилояти Ленинобод кор кард. Он ҷо хонадор шуда, соҳиби панҷ нафар фарзанд шуд. Баъди сииннаш аз панҷоҳ гузаштан ёди ҷавонӣ карда, аз Душанбе хонаи якҳуҷрагӣ харид ва ба кор ба пойтахт омад. Ӯ ин ҷо зиндагӣ карда, дар ҳар се моҳ ба Хуҷанд назди зану фарзандонаш мерафт. Ширинҷон дар рӯзҳои истироҳат деҳа ба деҳа гашта, мошинҳои дарздӯзиро таъмир мекард ва ба қавле «чойпулӣ» меёфт. Ғайричашмдошт он рӯз ӯ ба деҳаи Бӯстон омада буд, то ки мошинаҳои дарздӯзии вайронаи сокинонро таъмир кунад. Ӯ Фазилатро дар як дидан шинохт. Фазилат ҳам фаҳмид, ки ки усто Ширинҷон аст. Нигоҳҳо садои дили ҳамдигарро мегуфтанд. Ширинҷон аз як имои Фазилат фаҳмид, ки ӯ ҳоло ҳам дӯсташ медорад. Ширин қиссаи зиндагиашро нақл карда, Фазилатро даъват намуд, ки бо ӯ ба Душанбе биравад. Фазилат ҳам бе ягон дудилагӣ розӣ шуд ва аз паси Ширинҷон рафт.
Зиндагии ин ду дилдода хуш мегузашт. Барояшон ғайри ҳамдигар дигар касе вуҷуд надошт. Вале ин дер давом накард. Баъди панҷ соли зиндагии якҷоя нохушӣ рух дод. Ҳангоми кор фишори хуни Ширинҷон якбора баланд шуда, он ба инсулт овард. Ширинҷон дар беморхона ҷон дод. Ӯро хешу табор ва фарзандонаш гӯру чӯб карданд. Баъди чанде завҷаи Ширинҷон даъвои мерос карда, хонаро гирифт ва Фазилат дар кӯча монд. Намедонист ба куҷо равад. Роҳ ба хонаи волидон баста буд. Падару модараш кайҳо бандагиро ба ҷо оварда буданд. Ҳавлии падариро бародари кенҷагиашон фурӯхта, дар шаҳр зиндагӣ мекард.
Ба хонаи духтаронаш омад, вале касе ба ӯ рӯи хуш надод ва ҳатто ба хона даро нагуфтанд. Билохира, ба деҳаи Бӯстон, ба хонаи Шоҳмурод омад. Фарзандон аз ӯ рӯ тофта буданд ва касе «биё» нагуфташ.
— Мани пургуноҳро мебахшед,-гуфт Фазилат худро пеши пои Шоҳмурод партофта.
— Ҳеҷ гап не, «одамизот шири хом хӯрдааст», аз ин рӯ, беақлӣ ҳам мекунад, -гуфт Шоҳмурод ва дигар таҳпурсие накарда Фазилатро ба меҳмонхона, ки аз хонаи истиқоматӣ алоҳида сохта шуда буд, бурд.
Ӯ келинро фармуд, ки дар меҳмонхона дастархон андозад ва ғизо биёрад.
Шоҳмурод аҳли оиларо пеши худ хонда ба фарзандонаш гуфт:
— Ин зан модари шумост. Шуморо зоида тарбия кардааст. Ҳаққи шири сафедаш ӯро бахшед ва муносибати хуб кунед.
Ҳама хомӯш буданд, касе чизе намегуфт. Онҳо ҳанӯз рафтори шармандавори модарашонро фаромӯш накарда буданд.
Ҳамин тавр, Фазилат дар ин хонадони дар вақташ барояш азизу меҳрубон монд. Шоҳмурод баъзан аз ҳолаш пурсон мешуд. Барояш либос мехарид ва агар бемор шавад ба духтур мебурд. Маърифат низ ғайричашмдошт бо Фазилат муносибати некбинона дошт. Фарзандонаш бошанд, бо ӯ муносибати сард доштанд. Касе бо ӯ сухан намекард. Танҳо келинҳо барояш ғизо меоварданд. Касе ӯро сари дастурхони оилавӣ намехонд. Фазилат барои онҳо бегона буд. Ӯ ба кӯча ҳам намебаромад, ҳамсояҳои як вақтҳо қадрдон касофаташ мехонданд. Фазилат радди маърака шуда буд ва дар танҳоӣ умрашро мегузаронд. Дар дили ӯ орзуву умед мурда буд. Фазилат рӯзро ба тоату ибодат ва қуръонхонӣ мегузаронд. Аз Парвардигор омурзиш мехост.

***
— Мардуми мо чун пушаймон шуданд, Худоро ёд мекунанд,- гуфт Маъруф.
— Худо ин рӯзро ба душман ҳам раво набинад,- мутаассуф гуфт Гулаҳмад.
— Ин қиссаҳоро аз куҷо мегиред, ки ба ҳақиқат буданаш бовари кас намеояд?- пурсид Карим.
— Аз зиндагӣ, додар, -посух дод Султоншоҳ.
— Мутаассифона, чунин ҳодисаҳо дар ҷомеаи мо рӯз аз рӯз афзуда истодаанд. Ман ки миёни мардум ҳастам, чунин қмссаҳоро бисёр шунидаам, -гуфт Маъруф.
— Бо қиссаҳои шумо аз наҳорӣ намонем. Соат 20 дақиқа кам ҳашт мешавад, — гуфт Рауфҷон.
— Бале, рафтем. Сӯҳбат боқӣ,-гуфт Азимшоҳ.
Ҳама аз ҷо бархостанд, то ки ба ҳуҷраҳояшон рафта тағйири либос кунанд ва ба ошхона наҳорихӯрӣ раванд.

Марди бебахт

Дӯстон пас аз тановули ғизои нисфирӯзӣ дар хараки назди чашма нишаста дар ҳар хусус сӯҳбат мекарданд. Сухан аз хиёнати занон рафт.
— «Дарахти макри зан сад реша дорад, фалак аз макри зан андеша дорад», гуфтаанд,- сухан оғоз кард Гулаҳмад. Ман ба шумо қиссаеро нақл мекунам.
— Канӣ, гӯш кунем-чӣ,- луқма партофт Азимшоҳ.
— Раҳмиддини тракторчӣ, ҳамдеҳаи мо ҳеҷ аз зан вафо намедид, — нақлашро оғоз кард Гулаҳмад.- Бори аввал ӯ баъди адои хизмати аскарӣ аз ҳамсоядеҳаашон зан гирифт ва аз ӯ соҳиби ду фарзанд шуд. Рӯзе занашро дар ҷуворимакказори колхоз бо марде ҳамхоба ёфта аз ӯ ҷудо шуд. Баъди ду моҳ ӯ аз нав ба духтари хона аз хешовандони дури худ издивоҷ кард. Зиндагиаш бо завҷаи наваш хуб буд. Ӯ барояш писар таваллуд кард. Вале ин зиндагии хуши онҳо дер давом накард. Завҷаи Раҳмиддин нобаҳангом вафот кард. Ташхиси духтур муайян кард, ки ӯ сактаи қалб доштааст ва ба ин эътибор намедодааст.
Волидони Раҳмиддини бахтбаргашта дар ҷустуҷӯи арӯс барои яккаписарашон шуданд. Ба ҷустуҷӯ хоҳарони Раҳмиддин низ ҳамроҳ шуданд. Ниҳоят аз Ҳайдаробод духтари 18-соларо хостгорӣ карданд. Ин духтар хеши дури ҳамсояи яке аз хоҳарбузургони Раҳмиддин буд. Волидони Ҳусния ба зандида будани Раҳмиддин нигоҳ накарда, ба хостгорон ризоият доданд. Зеро Ҳусния духтариашро ҳанӯз ҳангоми мактабхонӣ дар пахтачинӣ аз даст дода будааст. Ба қавле пардаи исматашро ҳанӯз дар понздаҳсолагиаш дарида буданд. Албатта, духтар намегуфт, ки ин амал бо хоҳиши худ ё бо дастзӯрӣ анҷом ёфтааст. Ҳамчунин ифшо нашуда буд, ки ин корро кадом муаллим ё шогирди синфи болоӣ кардааст. Ба ҳар ҳол, духтар бадном шуда бошад ҳам, дигар ӯ гандагардӣ намекард.
Аз зиндагии Раҳмиддин бо Ҳусния 10 сол гузашт. Тӯли ин солҳо Ҳусния 5 фарзанд таваллуд кард. Зиндагиашон ба мисли ҳамаи аҳли деҳа якмаром мегузашт. Дар ин байн колхозро барҳам доданд ва трактори Раҳмиддинро хеши раис хусусӣ кард. Раҳмиддин бекор монд ва бо ҳаммолӣ дар бозори масолеҳи сохтмонии Гулобод рӯз мегузаронд. Албатта, на ҳар рӯз дар бозор кор пайдо мешуд. Бинобар ин аҳли оилаи Раҳмиддин баъзе рӯзҳо ба нони қоқ қаноат мекарданд. Қашшоқиву нодорӣ ба ҷони Ҳусния расид ва ӯ ба шавҳараш пешниҳод кард, то ки дар хонааш, ки сари роҳи калон аст, дӯкон кушояд.
Ин пешниҳод ба Раҳмиддин, ки ӯ ҳам аз бепулӣ ба ҷон расида буд, маъқул шуд. Раҳмиддин анҷомхонаашро ба дӯкон табдил дода, аз сӯи кӯча ба он равзана кушод. Ҳамчунин расмиятро ба ҷо оварда, барои соҳибкорӣ аз идораи андози ноҳия патент гирифт. Ҳусния акнун худ рафта, аз мағозаҳои назди Хонаи хизмати маишии «Садбарг»-и шаҳри Душанбе бо нархҳои нисбатан арзон маводи ғизоӣ харида, дар дӯконаш мефурӯхт. Албатта, аз ин амал чандон фоида ба даст намеомад. Рӯзе 10-15 сомонӣ фоида мемонд, ки ба нонпулии хонадон мерасид. Вале ба ҳар ҳол ин дастгирие ба буҷаи оила буд.
Як бегоҳи тирамоҳ ҷавонмардони деҳа баъди намоз аз масҷид баргашта ҷавони ношиносро дар кӯча диданд, ки бо касе телефонӣ сӯҳбат мекард. Ҳамон вақт дар деҳаҳои атроф говдуздӣ шурӯъ шуда буд ва дар шахсияти ҳар як нафари ношинос дузд ба назар мерасид. Онҳо ба ин ҷавон шубҳа карда, қарор доданд, ки аз пасаш мепоянд. Дар деҳа маҳдудияти барқ шурӯъ шуда, чароғҳои мардум хомӯш буданд. Ҷавони ношинос ба сӯи хонаи Раҳмиддин омада, аз дари кушода вориди ҳавлии ӯ шуд. Ҷавонон низ аз паси ӯ номаълум ба ҳавлӣ даромаданд. Ҷавони ношиносро зани Раҳмиддин ба меҳмонхона, ки дараш аз беруни хонаи истиқоматӣ буд, оварда худ боз назди фарзандонаш баргашт. Баъди чанд муддате чароғи керосинии хонаи шишти Раҳмиддин хомӯш шуд. Дар хонаи пиру кампир, волидони Раҳмиддин низ чароғ хомӯш буд. Маълум буд, ки онҳо низ хоб кардаанд. Ниҳоят дари хонаи хоби Раҳмиддин кушода шуда, аз он суробе берун омад. Ӯ ба сӯи меҳмонхона ҳаракат мекард. Баъди ба хона ворид шудани ӯ чароғи керосинӣ гирон шуд ва садо аз меҳмонхона баромад. Ҷавонон наздиктари меҳмонхона рафтанд.
— Ҷонакум, маъталут кардум, — мегуфт Ҳусния. – Дар кӯча бисёр истодӣ? Ин ҳасратӣ ҳар шаб барвақт хоб мекард. Имшаб аз чӣ боша, ки дер хоб нашуд.
— Ҳеҷ гап нестай. Муҳимуш ту дар барумӣ,- дар ҷавоб гуфт ҷавон.
Яке аз ҷавонон ба тиреза наздик шуда, аз он ҷо ба даруни хона нигарист. Ҳусния либосҳояшро кашида, худро ба оғӯши ҷавон андохта буд. Ҷавонон байни худ маслиҳат карданд, ки Раҳмиддинро аз хиёнати занаш огоҳ мекунанд.
Ҷавоне барои бедор кардани Раҳмиддин рафт. Дигарон пеши дару тиреза истоданд, то ки маъшуқон фирор накунанд.
Шодӣ, ҳамсояписари Раҳмиддин ба хонаи хоб даромад, то ки соҳибхонаро бедор кунад. Раҳмиддин баҳузур болои диван хобида буд. Садои хурроккашиаш ҳатто дар даҳлез шунида мешуд.
— Акои Раҳмиддин!- садо кард Шодӣ. Раҳмиддини мурдахоб ягон вокунише нишон надод. Шодӣ ба назди болини Раҳмиддин омада, ӯро аз китфонаш такон дод:
— Акои Раҳмиддин!
— Ту кистӣ?- гуфта аз хоб бедор шуд Раҳмиддин.
— Ман Шодӣ.
— Тинҷияй?
— Бало тинҷияй. Янга ку?
— Ҳаминҷа буд-ку, -даст ба шафаташ бурд Раҳмиддин. – Нестай-ку.
— Янга дар меҳмонхона дар оғӯши марди бегона.
— Чӣ шӯхӣ мекунӣ?
— Чӣ хел шӯхӣ?! Бухе бубинем.
«Моргазида аз ресмони ало метарсад», гуфтагӣ барин Раҳмиддин, ки зани аввалаашро сари хиёнат дошта буд, осемасар аз ҷой бархост.
Раҳмиддин ба шаст дари меҳмонхонаро кушод. Ҳусния лучи модарзод ҷавонеро савор шуда буд. Раҳмиддин занашро ҳангоми хиёнат дошт. Ӯ бо дастони чун панҷаи деваш Ҳуснияро аз болои ҳамхобааш гирифта, ба сӯе ҳавола дод.
— Падарлаънати қанчиқ, шав ай ман мегрезӣ мондаюм гуфта. Лекин худут ба дигаро хов мешӣ!- гуфта занашро зери мушту лагат гирифт Раҳмиддин.
— Дар пеши шоҳидо талоқта метем қанчиқ. Се талоқ! – гуфт Раҳмиддин.
Ҷавонон ошиқи зани Раҳмиддинро низ зери шатта гирифта, оталахӯр карданд. Аз доду фиғон ҳамсояҳо бедор шуда омаданд. Касе милисаро хабар дод. Ҳамон шаб ошиқу маъшуқро ба милисахона бурда фаҳмиданд, ки ҷавон аробакаши мағозаҳои назди Хонаи хизмати маишии «Садбарг» будааст. Ҳусния он ҷо бо ин ҷавон ошно шуда, шаш моҳ боз бо ӯ ҳамхобагӣ мекардааст.
Ҳамин тавр, Раҳмиддин аз занаш ҷудо шуд. Ҳусния кӯдаконашро ба Раҳмиддин партофта, ба хонаи волидонаш баргашт.
Пас аз се моҳи ин ҳодиса Раҳмиддин аз нав издивоҷ кард. Ин дафъа насибаш як зани безуриёти шавҳармурда аз деҳаи Гулистон гашт. Ин зани ба нохуни фарзанд зор ба кӯдакони Раҳмиддин меҳри модариашро арзонӣ медошт. Ӯ ба умед буд, ки ин меҳрубониҳояш самара медиҳад ва дар пирӣ онҳо аз дасташ мегиранд. Фарзандони Раҳмиддин низ ба ӯ унс гирифта, дӯсташ медоштанд. Зиндагӣ маҷрои нав гирифт. Раҳмиддин ба амбори ширкати хусусии тиҷоратӣ аз рӯи ихтисосаш ба кор даромад ва рӯзгораш рӯ ба беҳбудӣ овард.
Мутаассифона, ин зиндагии ширин дер давом накард. Ҳусния судбозӣ карда, бо додани ришва соҳиби як қисми ҳавлии Раҳмиддин шуд. Раҳмиддин маҷбур шуд, ки ин қисми ҳавлиро девор карда ҷудо кунад, то ки Ҳусния ба зиндагиаш халал нарасонад. Ҳуснияи беномус акнун дар ҳамон дӯконаш зиндагӣ мекард. Ӯ хост, ки аз нав он ҷо савдоро ба роҳ монад. Вале сокинони деҳа аз дӯкони Ҳусния чизе намехариданд. Ӯ маҷбур шуд, ки дар бозори ноҳия ба хариду фурӯш машғул шавад. Ин имконияти ишқварзии ӯро фарохтар кард. Ҳусния даст ба дасти мардон мегаштагӣ шуд.

***

— Ана, ин аст қиссаи шунидаи ман,- гуфт Гулаҳмад.
— Худо ба занон тавфиқ диҳад, вагарна дар як лаҳза мардро бадном карданашон мумкин аст,- гуфт Карим.
— Бале, мардро мард мекардагӣ ҳам зану зан мекардагӣ ҳам зан, -луқма партофт Азимшоҳ ва афзуд: — Ман ҳам ба шумо қиссаи шунидаамро нақл мекунам:

Мард

Ҳасанбой имрӯз ғайричашмдошт аз кор барвақт омад. Муаллимаи забони русӣ хоҳиш кард, ки ба духтур мерафтааст, бинобар ин ҷойи дарсҳояшонро иваз кунанд. Ҳамин тавр, Ҳасанбой ба ҷои дарси панҷум соати якум дарсашро гузашта, барвақт аз кор фориғ шуд.
Одатан ин вақт дар хона касе набуд. Ҳасанбой бо калидаш дарро кушода, вориди хонаи дуҳуҷрагиаш шуд. Аз дар даромадан замон чашми ӯ ба туфлиҳои бегонаи даҳлез бархурд. Ба майнааш барқосо зад, ки дар хонааш марди бегонае ҳаст. Ӯ рост дари хонаи хобро кушод ва моту маҳбут монд. Зани ӯ бо ҷавони ҳамсоя ишқварзӣ мекард. Ҳасанбой намедонист чӣ кор кунад.
— Кайфалом кардӣ! — хитоб намуд ҷавон аз болои зани Ҳасанбой хеста.- Мемурӣ, ки дертар биёӣ.
— Ин чӣ гап?! — ба худ омад Ҳасанбой.
— Кӯрӣ, намебинӣ?- гуфт ҷавон ва муште ба сари Ҳасанбой зад. Ӯ аз ин зарба ба замин афтода аз ҳуш рафт.
Ҳасанбой вақте ки ба худ омад, ҷавон хонаро тарк карда буд. Зани Ҳасанбой гӯё ҳеҷ ҳодисае нашуда бошад, тағйири либос карда, барои овардани кӯдаконаш ба боғча рафтанӣ буд.
Ҳасанбой акнун ба чӣ ҳодиса шуданаш сарфаҳм рафт ва мушт ба сари занаш бардошт:
— Қанчиқ, мочахар, ҷалаб!
Зани Ҳасанбой додгӯён аз хона баромад. Ҳасанбой ба ошхона омад. Вуҷудаш чун оташ месӯхт. Аз яхдон як бонка оби сардро гирифта нӯшид. Тасфи дилаш паст нашуд. Баръакс оташи ғазабаш аланга мегирифт. Ӯ намедонист чӣ кор бикунад? Занашро талоқ дода, аз хона пеш бикунад ё худ аз хона баромада равад. Пеши чашмонаш ду писари дӯстрӯяш омаданд. Ӯ ғӯтаи фикру андеша буд, ки дар кушода шуду занаш бо ҷавони маъшуқаш ба хона ворид шуданд.
Ҷавон аз гиребони Ҳасанбой гирифта, баробари қадаш бардошт ва ба замин партофта, гуфт:
— Агар боз як маротибаи дигар ба занат даст мебардорӣ, аз ҳамин ошёнаи нӯҳум ба берун мепартоям. Занат мегӯяд, ки афтида мурд.
Ҳасанбой ба фарш афтода лат хӯрд. Ӯ нотавону таҳқиршуда буд. Аз ғазаб вуҷудаш месӯхт. Аз куҷое дар шарёнаш нерӯи тозае дамид. Ӯ бо як ҷаҳиш аз ҷояш хест ва аз рӯи миз корди гӯштқимакуниро гирифта, ба синаи ҷавон, ки бо занаш сӯҳбат дошт, зад ва онро аз бадани ӯ кашида гирифт. Аз захм хун фаввора зад. Ҷавон ба замин афтод. Ҳасанбой кордро ин дафъа ба шиками занаш зад ва онро берун накашида боло бурд, гӯиё шиками моҳиро чок мекарда бошад. Ҳар ду зуд ҷон доданд.
Ҳасанбой ба худ омада, ба милиса занг зад:
— Ало, ало! Ин милисахона аст?
— Бале, гӯшам ба шумо,- аз гӯшӣ садои навбатдор омад.
— Ман Ҳасанбойи Афросиёб. Сокини кӯчаи Истиқлол, бинои 132, хонаи 88.
— Мешунавам, чӣ мехоҳед?
— Ман занам ва ошиқашро куштам.
— Кай?
— Ҳозир.
— Хуб. Интизор шавед, гурӯҳи оперативиро мефиристем.
Ҳасанбой гӯширо гузошт ва худро сабук эҳсос кард. Дигар дар дилаш буғзе набуд. Аз ин амалаш пушаймонӣ намекард. Худро бори аввал марди ҳақиқӣ эҳсос мекард.
***
— Марди ҳақиқӣ будааст, Ҳасанбой! — луқма партофт Маъруф.
— Бале, на ҳар мард чунин ғайрат мекунад,- гуфт Султоншоҳ.
— Мутаассифона, чунин занҳои бадахлоқ ҳастанд, — гуфт Гулаҳмад ва афзуд: — Ин қиссаро ҳамсояамон, ронандаи таксӣ ба ман нақл кард:

Офтобро бо доман пӯшида намешавад

Шараф, муаллими физикаи мактаб пас аз кор кирокашӣ мекард, то ки оилаашро таъмин намояд. Ӯ боре пас аз ширакайф шудан дар сӯҳбати дӯстон дар хусуси хиёнати занон чунин нақл кард.
— Як шом бо мошини «Опел» аз маҳаллаи 34-ум мегузаштам, ки марди тануманде даст бардошт. Мошинро нигоҳ доштам. Ӯ дари салонро кушода, ба он занеро шинонд ва аз дастонаш бӯсида, хайрухуш кард:
— Хуб ҷонакам, то боздид. Ман ба шумо занг мезанам.
Мард ба ман як 50 сомонӣ дода гуфт, ки то ҷои даркорӣ мусофирро барам. Мусофир бароям шинос буд. Дар мошин зани ҳамсояаамон Ашрафи бизнесмен нишаста буд.
Мусофир хомӯш буд, самти ҳаракатро намегуфт. Ман ҳам сирро бой надода, мошинро ба сӯи ҳавлиамон, маҳаллаи Себзор рондам. Ман роҳро миёнабур карда, аз кӯчаҳои тангу тори маҳаллаи Гулистон гузашта, ба маҳаллаамон баромадам. Мусофир ба худ омада, гуфт:
— Шумо аз куҷо хонаи маро медонед? Ман-ку адресамро нагуфта будам.
— Ман ҳамсояатон Шараф.
Ӯ номи ману овозамро шунидан замон як лаҳза карахт шуд ва баъд ба худ омада гуфт:
— Мо бо ҳамкурсҳо вохӯрӣ доштем. Ҳоло ҳам ҳамкурсхо нишастаанд. Ман барвақттар хестам ва ҳамкурсам маро гусел кард. Ба Худо, ки маро нодуруст нафаҳмед.
— Ман, чизе фикр накардаам, шумо мусофири таксӣ. Вазифаи ман шуморо то ба хонаатон расонидан аст.
Аз ин пеш ҳам шунида будам, ки зани Ашрафи бизнесмен аз шавҳараш қонеъ нагардида, ҳамхобаи мардҳои гуногун мешудааст. Ҳамин тавр гандагардии зани Ашраф бори дигар собит шуд.

***
— Занони покдоману порсо низ ҳастанд, — гуфт Рауфҷон, ки то ин лаҳза хомӯшона ба нақли дӯстонаш гӯш медод. — Ман ба шумо қиссаеро нақл мекунам, ки соли гузашта дар ҳамин осоишгоҳ шоҳидаш будам:

Мӯйсафеди бадахлоқ

Садафмоҳ бо ҳамкораш Ширингул ба Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм омада, ҳар ду дар як хона ҷойгир шуданд. Вақти хӯроки нисфирӯзӣ онҳоро дар ошхона сари мизе нишонданд, ки мӯйсафеде бо завҷааш таом мехӯрд. Садафмоҳу Ширингул бо онҳо салом карданд ва барои ғизохӯрӣ сари миз нишастанд. Мӯйсафед аз таги чашм ба Ширингул назар мекард ва бо ҳар баҳона гап мепартофт. Ӯ бо «ҳа» ё «не» посух медод. Мӯйсафед ҳеҷ аз шилқиниаш намемонд.
Дар хӯроки шом хӯрдан низ мӯйсафед ба Ширингул гап мепартофт. Завҷаи ӯ ба хӯрокхӯрӣ наомада буд. Аз ин мӯйсафед шерак шуда, бештар шилқинӣ мекард:
— Афсӯс, ки барвақт таваллуд шудаам ё ин ки шумо дер. Ин хел духтарҳои зеборо мо дар вақташ дар тори сар гирифта мегаштем.
— Ҳозир чӣ, дигар саратон қувват намекунад, — бо истеҳзо гуфт Садафмоҳ, ки зани шартакигӯй буд.
— Чаро? Ҳозир ҳам аз баъзе ҷавонон пурқувваттарем. Агар ин хел духтарҳо як ишора кунанд, болои сар мекунам, — ба сӯи Ширингул ишора карда, гуфт мӯйсафед.
— Ҷавонон мурдаанд, ки ба мӯйсафедҳо ишора мекардаем. Мо шавҳар дорем, — гуфт Садафмоҳ.
— Ман дар омади гап гуфтам, — оташ нагиред. Беҳтараш, билет бихарам ба консерт равем. Ин бегоҳ, дар зали курорт Қобилҷон Зарифов консерт медиҳад.
— Ба консерт занта бар, мӯйсафеди беимон!- дод зада гуфт, Ширингул, ки ду рӯз боз ба шилқиниҳои мӯйсафед тоб меовард. –Мӯйсафеди худозада, намоз мехониву боз ҳаваси зани мардум мекунӣ. Бимур аз ин рӯзата, номусулмон! –хитоб кард ӯ. – Садқаи инсон шавӣ!
Истироҳаткунандагон, ки ғизо мехӯрданд, ба ин моҷаро таваҷҷӯҳ карданд. Муйсафед аз ҷо хеста гурехт ва дигар сари ин миз нанишаст.

***

— Албатта, занҳои хуб кам нестанд,- гуфт Гулаҳмад.
— Агар ҳамаи занҳо бадахлоқ мебуданд, дунё ба охир мерасид,- гуфт Султоншоҳ файласуфона ва афзуд: -Ишқи ҳақиқӣ ҳам мешавад, ки якумр дар дил мемонад. Ҳоло ман чунин як қиссаро бароятон нақл мекунам:

Ишқи мӯйсафед

Мӯйсафеди кӯзапушт ба зери садаи назди дари амбулаторияи деҳотӣ омада нишаст. Ӯ соатҳо касеро интизорӣ мекашид. Дари амбулатория кушода шуд ва аз он хоҳари шафқат дар даст бикс баромад. Бо намоён шудани духтар чашмони мӯйсафед рӯшан шуданд. Мӯйсафед бодиққат ба хоҳари шафқат нигарист ва то аз назар ғоиб шудан ӯро бо нигоҳаш гусел кард ва сипас аз ҷояш бархоста ба хонааш рафт. Мӯйсафед ба ғайри рӯзи якшанбе, ки барои амбулатория истироҳат буд, дигар ҳар рӯз асозанон аз канори офтобшини деҳа ба ин ҷо меомад ва ақаллан як маротиба хоҳари шафқатро медид ва баъд ба хонааш бармегашт.
Хоҳари шафқат, духтари малламӯйи сафедрӯи рус баъди хатми омӯзишгоҳи тиббӣ бо роҳхат ба амбулаторияи деҳотӣ ба кор омада буд. Ӯ дар маркази ноҳия зиндагӣ мекард ва ҳар рӯз аз он ҷо ба деҳаи Сароб омада мерафт. Хоҳари шафқат ҳатто пай намебурд, ки ин мӯйсафеди кӯзапушт барои дидорбинии ӯ ҳар рӯз беш аз ду километр роҳро бо чӣ мушкилие тай мекунад.
Мӯйсафеди кӯзапушт боз ба зери садаи назди дари амбулатория омада нишаст ва интизори аз дар баромадани хоҳари шафқат шуд. Соатҳо мегузаштанд, вале ӯ аз амбулатория намебаромад. Вақти намози пешин шуд. Мӯйсафед ба масҷид, ки дар наздикии амбулатория буд, даромада намозашро хонд ва боз ба зери сада баргашт. Ниҳоят рӯзи корӣ ба охир расид. Духтуру санитарка аз амбулатория баромаданд ва дари онро қуфл карданд. Мӯйсафед аз ин пай бурд, ки дигар касе дар амбулатория нест. Мӯйсафед аз ҷо бархост ва сӯи хонааш равон шуд.
Рӯзи дигар низ ба мӯйсафед муяссар нашуд, ки хоҳари шафқатро бинад. Ҳамин тавр ҳар рӯз, то охири ҳафта мӯйсафед асозанон аз канори деҳа ба амбулатория меомад ва ноумед бармегашт. Ӯ намедонист, ки хоҳари шафқатро барои такмили ихтисос даҳрӯза ба шаҳр фиристодаанд.
Хоҳари шафқат баъди такмили ихтисос ба деҳа баргашт, вале ӯро дигар мӯйсафеди кӯзапушт дар зери садаи назди амбулатория интизор набуд. Ӯ ҳатто намедонист, ки ин мӯйсафед кист ва барои чӣ зери сада менишинад. Вале набудани ӯ эҳсос мешуд. Зеро хоҳари шафқат дидани ин мӯйсафедро зери сада одат карда буд. Рӯзи дуюму сеюм низ мӯйсафед пайдо нашуд.
— Хола, як мӯйсафеди кӯзапушт, доим зери сада менишаст, куҷо шуд?- пурсид хоҳари шафқат аз санитарка.
— Бобои Шермуҳаммадро мегӯӣ?- бо суол посух гуфт санитарка ва афзуд:- Раҳматӣ рӯзи якшанбе бандагиро ба ҷо оварданд. Инсони хуб буданд, раҳматӣ. Он кас дар солҳои баъди ҷанг раиси колхоз буданд. Колхозро обод карданд. Ҳар он бинои маъмурию иҷтимоие, ки дар деҳа ҳаст, дар давраи раисии он кас сохта шудаанд. Кампирҳо нақл мекунанд, ки он кас дар ҷавониашон ҷавони тануманду зебо будаанд. Аз ҷанги Гирмон маъюб баргашта, кӯзапушт шудаанд. 5 сол қабл дар як садамаи автомобилӣ аҳли оилааш, зану писар, келину набераҳояш ҳалок мешаванд. Автобус ба ҷар меравад ва 21 нафар ҳалок мешаванд. Аз оилааш танҳо як духтараш, ки дар шаҳр зиндагӣ мекунад, боқӣ мондааст. Мурдаи мӯйсафедро духтару домодаш гӯру чӯб карданд, — гуфт санитарка.
— Аз кадом беморӣ вафот кардааст, мӯйсафед?
— Мӯйсафед касал набуд. Ин натиҷаи пириву танҳоӣ аст, духтарам. Баъди вафоти аҳли оилааш мӯйсафед ғами зиёд хӯрд. Духтараш ба шаҳр бурданӣ шуд, вале ӯ нарафт. «Мурдаам аз ҳамин хона барояд»,- гуфт.
— Зиндагӣ ҳамин аст, хола,- гуфт хоҳари шафқат ба мисли одамони солдида.
— Мегӯянд, ки дар болои мизи мӯйсафед сурати ҷавонии мӯйсафедро дидаанд. Бобои Шермуҳаммад бо ҷавондухтаре сурат гирифта будааст. Аз либосҳои аскариашон маълум мешавад, ки ин сурат дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ гирифта шудааст. Духтур мегӯяд, ки ин ҷавонзан чун як себи дукафон ба ту монанд аст. Мабодо дар сурат бибии ту набошад?
— Не, бибии ман дар ҷанг набуданд. Он вақт хурдсол буданд. Вале ӯ нақл мекардааст, ки хоҳари бузургаш, Наташа, ки ба ман хеле монандӣ доштааст, дар ҷанг санитарка будааст. Ӯ соли охири ҷанг, ҳангоми аз майдони набард баровардани маҷрӯҳон зери таркиши снаряд монда ҳалок шудааст.
— Духтари мӯйсафед, ҳоло дар деҳа аст. То чили мӯйсафед азодорӣ мекунад. Агар хоҳӣ, баъди кор меравем ва он суратро мебинӣ. Шояд он ҷавонзанро шиносӣ. Чунин сурат дар хонаи шумо ҳам будагист?
— Майлаш, баъди кор меравем.
Хоҳари шафқат намедонист, ки ин мӯйсафед, ошиқи хоҳарбузурги модаркалонаш будааст ва ин ишқро 50 сол дар дил нигоҳ доштааст.

***

— Қиссаи риққатовар,-оҳ кашида гуфт Азимшоҳ.
-Бале, риққатовар,- гуфт Маъруф.
-Ин қиссаи воқеӣ аст. Ман худам ин мӯйсафедро мешинохтам,- гуфт Султоншоҳ.
-Рафиқон вақти табобатгирӣ ҳам шуд. Хезед ба душ равем, -гуфт Гулаҳмад.
Дӯстон аз ҷо бархостанд.

Сӯҳбати дӯстон

Маъруф ба дӯстонаш пешниҳод кард, ки рӯзи якшанбе дар чойхонаи «Сари чашма» оши палав пазанд. Дӯстон ин иқдомро дастгирӣ карданд ва рӯзи якшанбе, соати 10 Маъруф, Султоншоҳ, Гулаҳмад, Азимшоҳ, Ҳикматулло, Карим ва Рауф масолеҳи ошро шарикӣ аз мағоза харида, ба чойхона омаданд. Онҳо катеро дар лаби дарёча, дар сояи бед интихоб карданд, ки ба он офтоб намерасид. Яке пиёз реза мекарду дигаре сабзӣ, севвумӣ биринҷ тоза мекард. Рауф ошпазиро ба ӯҳда гирифт. Гулаҳмад таги дег алов монда, ба Рауф кӯмак мекард. Ҳама корҳои худро анҷом дода, сари дастархон нишастанд.
— Рауфҷон! Аз гӯшти зирбак ягон пора биёред қитӣ-қитӣ кунем, — муроҷиат кард Ҳикматулло.
— Ба чашм,- гуфт Рауф ва аз дег якчанд пораи гӯштро, ки аллакай пухта буд, гирифт. Ӯ гӯштро ба пораҳои хурд реза карда, ба табақча гузошт.
Гулаҳмад аз ин рамуз гирифта, як шиша арақро, ки даруни дарёча хунук мешуд, берун баровард.
-Қадаҳи аввалро ба нияти шифо менӯшем, -гуфт соқӣ Ҳикматулло.
Қадаҳҳо холӣ шуданд ва сӯҳбат тафсид.
-Ҳамин шаб газетаҳои рӯзи панҷшанбе харидаамро варақгардон кардам, -ба сухан оғоз кард Рауф.
-Чаро ин қадар дер?- пурсид Маъруф.
-Навбат нав расид. Аввал янгаатон газетҳоро мехонанд, баъд ман варақгардон мекунам.
— Хуб чӣ будааст, дар газетаҳои дурӯғи шумо,-пурсид Султоншоҳ.
— Боз нисбати Бозор Собир иғвоангезӣ кардаанд.
— Ин ҳодисаи нав нест. Як газета таърифаш мекунад, газетаи дигар бар сараш борони тӯҳмату маломатро мерезад, — гуфт Маъруф ва афзуд: Бахилону нотавонбинон сиёҳаш мекунанд.
— Бале, худи онҳо касе нестанд ва барои миллату Ватан коре накардаанд, -сухани Маъруфро тақвият дод Гулаҳмад.
-Бозор Собир воқеан ҳам шоири миллат аст, — афзуд Маъруф.- Шеърҳои ӯ ҷовидонаанд. Масалан, бигирем, шеъри «Ватан»-и ӯро.
Дубора созамат Ватан,
Ба хишти ҷони хештан.
Сутун занам ба сақфи ту,
Ба устухони хештан.
Агар чун шиша чашми ман ба кор меравад, бимон,
Ба кор меравад агар сарам чун санги сохтмон, бимон.
Ин байтҳои самимӣ аз қалби шоир ҷӯш задаанд. Дигар кас ин хел меҳри ватанро ифода накардааст.
-Бале, мо шоир зиёд дорем, вале шеъри хуб кам, — гуфт Азимшоҳ.
— Чаро ӯро ба ватан намеоранд?- пурсон шуд Гулаҳмад. — Ин хел шоири бузург дур аз ватан дар ғурбат вафот мекунад.
— Худаш ҳам гуфта буд, ки дар шаҳри Сиэтли Амрико дафнаш кунанд, -гуфт Маъруф.
-Чаро?- пурсид Карим.
— Дилаш аз ҳукуматдорон мондааст. Магар баъди зиндонӣ карданашон дилаш гарм мешавад, -посух дод Султоншоҳ.
— Шеърҳояш доим дар телевизион садо медиҳанд-ку? Чаро худашро омадан намехоҳанд, -ҳайрон пурсид Карим.
— Ҳастанд бадхоҳону бахилон, додар,- гуфт Султоншоҳ.
-Дар ин бора бояд ҳукумат тасмим гирад. Барояш як хона диҳанд ва ба кори ҷамъиятӣ ҷалб кунанд, меояд. Кӣ намехоҳад дар ватан бошад?! – Гуфт Маъруф.
— Бале, гапатон дуруст. Ҳукумат бояд чунин тасмим гирад. Дар ин ҳол обрӯи ҳукумат ҳам меафзояд, -гуфт Гулаҳмад.
Лаҳзае ҳама хомӯш монданд, гӯиё Бозор Собиру тақдири ӯро пеши назар меоварданд.
Хомӯширо Султоншоҳ халалдор кард. Ӯ аз вазъи ноҷӯри зиндагии мардум сухан оғоз кард:
-Зиндагӣ рӯз ба рӯз мушкил шуда истодааст. Нархҳо ба осмон расидаанд. Нархи бензин ба якуним доллар расидааст. Нархи солярка аз он ҳам қиматтар. Ин нархҳо аз нархи Амрико ҳам гаронтар аст.
— Дигар бо меҳнати ҳалол зиндагӣ карда намешавад. Охир ҳама дузду ришвахӯр нестанд-ку,- ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Карим. — Мансабдорони мо дараҷаи зиндагии мардумро бо рӯзгори худ баробар медонанд. Зиндагии онҳо, ки рӯз ба рӯз хуб мешавад, гумон доранд, ҳама чунин зиндагӣ мекунанд.
— Агар ҳамин муҳоҷирати меҳнатӣ набошад, мардуми кишвар аз гуруснагӣ мемуранд,- гуфт Гулаҳмад. – Дар деҳот мард намондааст. Ҳар касе ки имконият дорад, ба Русия меравад, то қути лоямуте барои оилааш пайдо кунад. (Аммо кӣ) Ҳукумат андеша намекунад, ки муҳоҷирати меҳнатӣ оқибатҳои бад ҳам дорад. Ҳукумати Русия ҳама вақт бо ин қартаи «туз» ба Тоҷикистон метавонад фишор орад.
-Аз ҷониби дигар, он бунёди оилаҳоро хароб карда истодааст.- ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Султоншоҳ.- Мардҳо дар Русия, оилаи онҳо бесоҳиб. Занҳои беимон гандагард мешаванду фарзандон бетарбия.
— Бале, чунин аст,- ин гуфтаҳоро тақвият бахшида, афзуд Азимшоҳ:- Дар телевизор фақат аз комёбиҳо ҳарф мезананд. Ба гуфтаи телевизор мардуми Тоҷикистон кайҳо дар биҳишт зиндагӣ доранд.
— Магар ҳамин тавр нест? Дар даҳони руасову вузаро «Тоҷикистони биҳиштосо» аст, — киноя кард Маъруф.
-То кай дурӯғ мегӯем?! Киро гӯл мезанем,- ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд,- Ҳикматулло.- Вакте ки картошкаро аз Покистону себро аз Чину Эрон меорем, месазад дар бораи рушди кишоварзӣ ҳарф зад?
— Дар сӯҳбати хосае, ки ман ҳам ҳузур доштам,- ба сухан сар кард Гулаҳмад,- як ҳунарпешаи шинохтаи театру кино гуфт:
«Ба мардуми мо дурӯғгӯйӣ маъқул аст. Агар дурӯғ гӯйӣ, механданд, чаппак мезананд, дӯстат медоранд. Агар гапи ростро гӯйӣ, гумон мекунанд, ки девонаӣ».
— Бале, ин ҳақиқати рӯз аст. Ончунон ба дурӯғу фиреб ғӯтидаем, ки дигар ҳақиқат бароямон афсона менамояд.
— Бародарон, ба пасу пешатон нигоҳ карда гап занед, — гуфт Маъруф ва афзуд: «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад», гуфтаанд. Ҳоло теъдоди бузу бузхӯрон бисёр шудаанд. Агар хабар баранд, бе ягон асос ба дастонатон завлона мезананд. Барои ҳамин ҳам эҳтиёт шавед. «Даҳони баста сад тилло», гуфтаанд.
— Хабар мекашанд, гуфта даҳонамонро баста гардем, наход аз ҳамин ҳуқуқи конститутсиониамон ҳам даст кашем?!- гуфт Султоншоҳ.
— Мутаассифона, имрӯз аксар беномус шудаанд. Мафкураи ғуломиашон боло мегирад, — афзуд Азимшоҳ.
— Ман аз як китобе хонда будам, дар кишваре, ки қашшоқӣ асту ришвахӯрӣ рушд мекунад, демократия сохтан мушкил аст. Зеро мардум барои қути лоямуте ё имтиёзе тайёранд имонашонро фурӯшанд. Бародарон, ҳамаи мо медонем, ки дар кишвар чӣ шуда истодааст. Инро мардум ҳам хуб медонанд. Ба гуфтани мо чизе тағйир намеёбад. Биёед, аз сиёсат ҳарф назанем. Сиёсат фоҳиша аст. Мо фоҳишабоз нестем. Беҳтараш латифагӯӣ мекунем, -гуфт Маъруф ва афзуд:
— Шодиқул, журналисти музофотӣ нақл кард, ки «Барои таъмини оила дар мактабу омӯзишгоҳ дарс медодам ва боз дар редаксияи газета кор карда, ба хона хаста меомадам ва хӯроки шом хӯрда мехобидам. Ҳис кардам, ки муносибати рафиқ занак нисбати ман рӯз ба рӯз бад шуда истодааст. Сабаб пурсидам:
-Чаро лабу лунҷат овезон? Ман чӣ гуноҳ кардам? Шабу рӯз кор мекунам, то ки шумо камбудие надошта бошед.
— Дуруст аз субҳ то шом кор гуфта, гум мешавед, вале шабкориатонро надидем. Хӯроки шом мехӯреду кунда барин хоб меравед, — шиква кард рафиқ занак.
20 сол аст, ки хонадору соҳиби 5 фарзандем. Фарзандҳо калон шудаанд ва дар пеши онҳо бӯсу канор карда намешавад. Акнун фаҳмидам, ки кор гуфта вазифаи мардиро фаромӯш кардаам. Гумон мекардам, ки иҷрои вазифа танҳо аз хоҳиши ман вобаста аст. Хоҳиши рафиқ занакро ба эътибор намегирифтам. Бо рафиқ занак маслиҳат кардем, ки агар хоҳиши ҳамхобагӣ пайдо шавад, ҳароратсанҷи девори хонаро чаппа мемонем. Ин нишонаи ҳамхобагӣ ҷӯстани мост.
Шом аз кор хаставу лакот омада ҳароратсанҷро чаппа дидам. Он шаб дар хизмати рафиқ занак рӯз шуд. Шоми рӯзи дигар низ ҳароратсанҷ чаппа буд. Ба ҳамин минвол тамоми ҳафта ҳароратсанҷ чаппа меистод. Билохира, бедорхобиҳо ба ҷонам расиду ба рафиқ занак гуфтам:
— Ҳой, занак! Ягон зарра инсоф дорӣ?! Ин чӣ гап, ҳароратсанҷ ҳар шом чаппа аст?!
-Ман худам аз фаъол шудани шумо безор шудам. Гумонам шумо ҳароратсанҷро чаппа мекунед,- гуфт ӯ.
— Он шаб оҳи сабуке кашида, то саҳар мазза карда хобидам, — гуфт Шодиқул ва афзуд: Субҳ вақти ношто дидам, ки писарчаи хурдиам курсиро ба девор наздик монда, ҳароратсанҷро чаппа карда истодааст».
— Пароли хуб доштааст, Шодиқул, — гуфт Султоншоҳ хандида.
— Ин варианти нави латифаи «салла дар мех» аст, -гуфт Азимшоҳ ва афзуд:- Мулло саллаашро чун парол барои ҷимоъ истифода мекардааст. Агар салла дар мех бошад, пас зан ё шавҳар хоҳиши ҳамхобагӣ мекардаанд. Салла ҳар шаб дар мех будааст ва мулло аз иштиёқи занаш безор шуда гуфтааст, ки «Занак, ин чӣ рӯз аст, ки дар ҷавониат шавқат набуду ҳоло ҳар шаб мехоҳӣ».
— Намуред, шумо! Ман гумон кардам, ки ин шумо ҳар шаб саллаатонро болои мех мегузоред, — гуфтааст зани мулло.
Маълум мешавад, ки ҳар дафъае, ки модари мулло саллаи писарашро дар болои фарш бинад, «давлати сари писарамро хор кардаанд», гуфта, онро дар ҷойи баланд, дар мех овезон мекардааст.
Гулаҳмад навбати латифагӯиро ба даст гирифта, гуфт:
— Сардори милиса аз командировка ба хона омада занашро бо маҳбубаш дар ҷогаҳи худ дарёфт. Ӯ аз хиёнати зан дар қаҳр шуда, таппончаашро баровард, то онҳоро сари ҷиноят парронад. Ҳамин лаҳза ба сараш зад, ки агар ҳозир занашро бо ин мард парронад, ӯро аз ҳизб пеш карда, суд мекунанд. Ӯ таппончаро дар дасташ бозӣ дароварда гуфт:
— Ман худи ҳозир ҳардуятро мепаррондам, вале ман коммунистам ва барои шаҳват ҷиноят содир карда, маҳбас шуданӣ нестам.
Мард аз ин истифода карда, аз тиреза берун ҷаст ва додзанон гуфт:
— Шаъну шараф ба КПСС! Шаъну шараф ба КПСС!
Аҳли нишаст қоҳ- қоҳ хандиданд.
— Рауфҷон, шумо ҳам ягон латифа гӯед, — хоҳиш кард Султоншоҳ.
— Ба чашм, -гуфт Рауф ва афзуд:
— Аз вазорат ба милисахонаи ноҳия занг зада гуфтанд, ки олимони академияи илмҳо бо коре меоянд.
— Хоҳиши онҳоро иҷро бикунед, -амр намуд муовини вазир.
Рӯзи дигар олимон бо худ ба милисахона ду маймун оварда гуфтанд:
— Аз эксперименти Дарвин беш аз як аср гузашт. Дар ин вакт дигаргуниҳои зиёде дар ҷомеа рух дод. Бинобар ин мо мехоҳем, ки бидонем, то кадом андоза эволютсия ба ҳаёти маймунҳо таъсир расонидааст.
— Хуб, мо чи кӯмак карда метавонем?- ҳайрон пурсид сардори шӯъбаи милиса.
— Мо ин гориллаҳоро ба тарбияи шумо медиҳем ва илтимос мекунем, ки ҳамаи хоҳиши онҳоро иҷро намоед.
— Гап нест, мо дар хизмати шумо,- гуфт сардор.
Баъди як сол олимон боз ба шӯъбаи милиса омаданд, то бифаҳманд, ки эксперимент чӣ натиҷа додааст.
Сардор он ду нафарро, ки муваззафи тарбияи маймунҳо буданд, ба утоқи кориаш даъват кард. Баъди чанд лаҳза ба кабинет ду милиса ворид шуданд. Яке дар даст маймунбача дошту дигаре ҳомила буд.
— Э кам нашавед, Рауфҷон,- гуфт Маъруф ва афзуд:- Зирбак ҷӯшида қоқ нашавад. Имрӯз ош мехӯрем, ё латифа?
— Ҳа, бинед чӣ, арақ тамом шуду оши шумо напухт,- луқма партофт Азимшоҳ.
— Парво накунед, ако. Ош дар вақташ тайёр мешавад, — гуфт Рауф ва аз ҷо бархост, то ки ба дег биринҷ андозад.
— Хуб гӯш кунед, латифаи дигарро, -оғоз намуд Маъруф:
— Котиби парткоми колхоз пас аз сархушиву маъшуқабозӣ вақти субҳ ба хона омада ба ҷогаҳ даромад. Завҷаи ӯ дид, ки шавҳараш дар тан таҳпӯши занона дорад. Ӯ, ки аз маъшуқабозии шавҳараш ба ҷон омада буд, ин таҳпӯши занонаро гирифта, барои шикоят ба қабули котиби райком рафт.
Ҳамон рӯз дар ҷаласаи бюрои райком рафтори котиби партком муҳокима гардида, ба ӯ танбеҳи катъӣ доданд. Дар охири ҷаласа котиби райком аз гунаҳкор пурсид:
— Аз ин муҳокима ягон хулоса баровардед?
— Бале, акнун вақти маъшуқабозӣ танҳо як почаи таҳпӯшро мекашам, то ки дигар онро иваз накунам.
— Латифаи ибратомӯз будааст,-гуфт Султоншоҳ.-Ҷавонон ин барои шумо сабақ аст. Вақти қинғолабозӣ рафтан як почаи эзоратонро накашед.
— Шаҳват одамро расвою шарманда мекунад. На ҳар кас нафси ҳайвонии худро нигоҳ дошта метавонад, — гуфт Карим ва афзуд:- Ман ба шумо як ҳодисаи рухдодаро нақл мекунам:
— Ин воқеа аввали тирамоҳ дар ҳамсоядеҳаи мо рух додааст. Кампири Зебо, ки ҳафтодсола буд, ба хонаи духтараш, ки дар деҳаи Арчазор воқеъ буд, рафтанӣ мешавад. Ба деҳаи Арчазор тавассути роҳи мошин 20 км роҳ аст. Вале агар теппаҳои атрофи деҳаро миёнабур карда, равӣ, Арчазор дар масофаи ҳамагӣ 3 км воқеъ мебошад. Онҳое, ки дар ин деҳа хешу табор доранд, аксаран пиёдаву харсавор ба он ҷо мераванд.
— Кампир харакӣ ба хонаи духтараш рафта, ду рӯз меҳмон шуд. Дар бозгашт кампир дид, ки рамаи гӯсфандон аз кӯҳ фаромадааст ва чӯпонон қӯш партофта бегоҳро интизоранд, то дар салқинӣ ҳаракатро идома диҳанд. Вақти аз пеши рама гузаштан сагҳои чӯпонӣ аккос зада, ба кампир ҳуҷум карданӣ мешаванд. Ҳамин вақт чӯпони кӯҳансоле, ки тақрибан 60 сол дошт, аз хайма баромада, сагҳоро пеш мекунад:
— Турр, турр. – Кампир монда шудагистӣ, биё як пиёла айрон бутем, -гуфта чӯпон кампирро ба ҳолаш намонда, аз хар мефарорад ва ба хайма мебарад.
Кампир айронро нӯшида, хестанӣ мешавад, ки чӯпони ташнаи шаҳват ба кампир дармеафтад.
— Э, бачам, гунаҳкор мешӣ, ин хел накун, — ба илтиҷо медарояд кампир. — Ман бибит мешаме.
Чӯпон ба гапи кампир гӯш накарда, кордро ба ғилоф меандозад ва то монда шуданаш коми дил меситонад.
Кампир чун ба хонааш бармегардад, аз дар даромадан замон ба келинаш мегӯяд:
— Арӯс, тез оби гарм мон, оббозӣ кунум, ки ҳаром шудум.
— Ин хел ноинсофҳо ҳам мешаванд. Чӯпон, ки се моҳ дар айлоқ гашта занро надидааст, ваҳшӣ мешавад, -гуфт Азимшоҳ.
— Боз онро ба назар гирем, ки чӯпон ин се моҳ гӯшту равғани гӯсфанд хӯрдааст,- луқма партофт Гулаҳмад.
— Ба ман ҳам навбат мерасад?- суол кард Ҳикматулло.
— Чаро не, марҳамат, навбати шумо, — гуфт Султоншоҳ.
— Дар вақти шӯравӣ ронандаи «КАМАЗ» ба Ҷиргатол бор мебурд. Аз истгоҳи Комбинати чӯбу тахтаи Душанбе, ки мардум ДОК мегуфтанд, зани миёнсоле ба мошин савор мешавад. Сӯҳбати ронанда бо мусофир қӯр мегирад. Маълум мешавад, ки зан бева буда, танҳо зиндагӣ мекардааст. Сӯҳбат ба мавзӯи маҳрамона мегузарад. Ронанда таъриф мекунад, ки шабе бо завҷааш камаш 5-6 маротиба ҷимоъ мекардааст. Ин таърифи ронандаро шунида, ҳаваси зан меравад ва ӯ мардро барои шабгузаронӣ ба хонааш, ки дар деҳаи сари роҳ будааст, даъват мекунад.
— Ин чӣ хел мешавад? Одамон марди бегонаро дар хонаи зани бешавҳар дида чӣ мегӯянд?
— Мегӯям, ки хеши наздикам аст, — посух додааст зан.
Ронанда розӣ шуда ба хонаи зан меравад. Зан оши палав пухта, ронандаро зиёфат медиҳад. Ниҳоят шаби деринтизор фаро мерасад. Зани ташнаи шавҳат ба оғӯши ронанда медарояд. Ронандаи мондаву лакот ҷумбуҷӯл карда, базӯр як маротиба вазифаи мардиашро иҷро мекунад ва пушташро сӯи зан гардонда хобро мезанад.
Ронанда субҳи барвақт аз хоб хеста, ба мошинаш савор мешавад ва мехоҳад, ки роҳашро идома диҳад. Зан дари кабинаи мошинро кушода мегӯяд:
— Дар ин саҳари барвақт куҷо меравӣ?!
— Борро барвақтар бурданам даркор.
— Шаб пуштата гардонда хоба задӣ. Ҳол он ки дар як шаб 5-6 рейс мекунам, гуфта воҳима карда будӣ.
— Мо шофирҳои мошинҳои самосвал чунин як одат дорем. Як рейс мекунему 5 рейс менависем, -гуфт ронанда.
— Ин изофанависӣ аз шофирҳо монда будааст, гӯед,-луқма партофт Маъруф. – Ҳамин аст, ки мансабдорон кори нашударо «кардам» гуфта, ҳисобот медиҳанд.
— Охир имрӯз ҳамон шофирҳои дирӯза мансабдор шудаанд-ку,- гуфт Гулаҳмад ва афзуд:
— Ман ҳам якто латифа мегӯям:
— Харгӯш ба хонаи гург омада, ӯро дар хона пайдо накард. Модагург ӯро ба як пиёла чой даъват намуд. Харгӯш розӣ шуд ва ҳангоми чойнӯшӣ ба таърифи ӯ пардохт:
— Янга хеле зебоед шумо, яккаву ягонаед….
— Ин хел нагӯед, ки акотон фаҳманд, шуморо луқмаи хом мекунанд.
— Аком нестанд, натарсед, – гуфт харгӯш ва таърифу тавсифи модагургро идома дод, то бӯсае аз ӯ ситонад. Билохира модагург ба қимати 10 сомонӣ розӣ шуд, ки бӯсае ба харгӯш диҳад. Харгӯш ба ин қаноат накарда, бештар талаб мекард, то коми дил ситонад. Ниҳоят ба 90 сомонӣ харгӯш модагургро ба ҳамхобагӣ розӣ карда, ком ситонд.
Бегоҳ гург маст омада, аз модагург омирона пурсид:
— Харгӯш омада буд?!
Модагург ларзида базӯр гуфт:
— Ҳа.
— Ман сад сомонӣ дода будам, овард?!
— Ҳа, ҳамаашро гирифтам, – оҳи сабуке кашида, посух дод модагург.
Султоншоҳ лабханди латифе карда гуфт:
— Марди кулоҳпӯше руйи кати чойхона нишаста, истироҳат мекард.
Ҷавоне, ки дар даврони истиқлол мактабро хатм карда буд, аз мард хоҳиш кард, ки мактуби ба забони русӣ иншошударо барояш хонда тарҷума кунад.
— Писарам, ман русиро намедонам,-гуфт мард.
— Чӣ хел, шляпаву галстук доред-ку?- ҳайрон шуд ҷавон.
Мард кулоҳашро аз сараш гирифта, ба сари ҷавон монд ва галстукро ба гардани ӯ таранг баста гуфт:
— Канӣ, худат мактубро хон!
— Ҷони гапро гуфтед. Имрӯз дар ҷомеаи мо ба шахс аз рӯи галстукаш баҳо медиҳанд,- гуфт Маъруф ва афзуд:- Баъзе мансабдорон шояд ба ҳоҷатхона ҳам бо гарданбанд раванд. Мисоли рӯшанашро дар курорт мебинем. Баъзеҳо барои худро аз дигарон ҷудо кардан дар вақти истироҳат ҳам дар ҳамин гармои тобистон галстукро таранг баста мегарданд. Онҳо гумон мекунанд, ки бо гарданбанд бастан зиёӣ мешаванд. Э, бало ба пасашон, барои худашон мушкил. Хуб, латифаи дигарро гӯш кунед:
— Писари ҳамсоя, ки дар омӯзишгоҳи техникӣ таҳсил мекард, рӯзе аз Шодиқул, журналисти музофотӣ пурсид:
— Амак, ҳамин сарзада гуфтанашон чӣ маънӣ дорад?
— Чӣ хел сарзада?- суолро нафаҳмида пурсид Шодиқул.
— Баъзан агар ягон корро нодуруст кунам, додом сарзада мегӯянд. Дар омӯзишгоҳ низ муаллимамон маро сарзада мегӯянд. Охир сари ман сипа-сиҳат аст!
— Ҳа, нав фаҳмидам. Вақти дар ишками очат буданат, додот ба сарат мезаданд. Ана, барои ҳамин ҳам ин хел кӯдакҳоро сарзада меноманд,- шӯхӣ кард Шодиқул.
Ҳама хандиданд.
— Имрӯз дар ҷумҳурӣ сарзадаҳо зиёд шудаанд, -луқма партофт Ҳикматулло. – Сабаби афзудани сарзадаҳо падарашон будаанд-да.
— Ошро дам партофтам, баъди 40 дақиқа тайёр мешавад, -гуфт Рауф аз сари дег омада.
— Ана, ин гапи дигар,-гуфт Ҳикматулло ва афзуд: — То ошро овардан шишаҳоро холӣ кардан даркор. Канӣ қадаҳҳоро пеш оред.
— Ин ҷо Хуҷанд нест, ки бо ош арақ нанӯшанд, -луқма партофт Маъруф.- Мо бо ош ҳам ва баъди он ҳам менӯшем.
— Албатта, -гуфт соқӣ ба қадаҳҳо арақ рехта.
— Ин қадаҳҳоро барои шумо барин мардони асил, сарсупурдаҳои миллат менӯшем,-даъват кард Рауф.
— Хайрият, сарзадаҳо нагуфтед,- луқма партофт Гулаҳмад.
Қадаҳҳо холӣ шуданд. Рауф риштаи суханро ба даст гирифта гуфт:
— Бо иҷозати шумо ман латифае гӯям.
— Чаро не, бигӯед. Марҳамат, — гуфт Султоншоҳ.
— Пас гӯш кунед, — сухан оғоз кард Рауф:
— Ҷавонзане зуд-зуд шавҳар мекард. Ин зани зебо ва даҳ ангушташ ҳунар беш аз ҳафтае дар хонаи шавҳар намеистод. Ҳатто мӯйсафедони занмурдаи ташна низ беш аз ҳафтае бо ӯ хонадорӣ намекарданд. Ҳамагон бо се талоқ аз ӯ ҷудо мешуданд. Овоза шуд, ки ҷавонзан боди шикамашро нигоҳ дошта наметавонад ва сабаби талоқгириаш низ ҳамин аст.
Билохира, хешу табор барои ҷавонзан мардеро пайдо карданд. Аз издивоҷи онҳо ду ҳафта гузашт, вале хомӯшӣ буд. Ҳама ҳайрон буданд, ки чӣ хел ин дафъа домод тоқат кардааст. Бинобар ин тағои арӯс барои хабаргирӣ омада, аз домод пурсон шуд:
— Хуб, домодтӯра зиндагӣ чӣ хел? Ҷияни мо ғам намедиҳад?
— Ҳамааш хуб. Аврати хуб аст, ҷиянатон.
— Ягон хел бӯи бад ба димоғатон намерасад?
— Ман дар ҷавонӣ дар ферма кор мекардам. Бӯйи силос хуб ба биниам задааст, ки дигар ягон хел бӯйро ҳис намекунам.
— Яъне, ягон чиз ҳис намекунед?- боз ҳайрон пурсид тағои арӯс.
— Баъди ҳамин арӯсро овардан, шабҳо чашмонам аз тезӣ сӯхта, аз онҳо об меравад. Дигар ҳамааш хуб аст, -гуфт домод.
— Кам нашавед, Рауфҷон! Ин латифаҳои коғазпечро аз куҷо мегиред? -гуфт Ҳикматулло ва афзуд:- Қадаҳи навбатиро барои ҳамеша кушода будани димоғҳо менӯшем. Канӣ, бардоред!
— Ман як воқеаро нақл мекунам, ки латифа шудааст,- гуфт Султоншоҳ:
— Соли 1992, дар давраи сари қудрат будани мухолифин як мансабдори воломақоми Кумитаи телевизион ва радиошунавониро зердастонаш «бефарҳанг» гуфта, таҳқир мекарданд. Эшон, ки забони адабии тоҷикиро хуб балад набуд, ин таҳқирро намефаҳмид. Рӯзе як ҳайати меҳмонон аз Эрон бо ин мансабдор ва зердастонаш мулоқот карданд. Дар вохӯрӣ меҳмонон аз фарҳанги ягонаи тоҷикону эрониён ҳарф заданд. Ба мансабдор суханронии меҳмонон чандон фаҳмо набуд. Лекин «фарҳанг» барояш ошно менамуд. Ӯ пурсид:
— Ҳамин фарҳангаш чизе?
— Ин култур аст, -посух дод яке аз меҳмонон.
— Бале, мо култураи бой дорем, лекин чиба инҳо бефарҳанг мегӯянд мана!- гуфт мансабдор бо ғазаб ба зердастонаш, ки дар вохӯрӣ ҳузур доштанд.
— Устод, шумо нодуруст фаҳмидаед,- гуфт яке ва афзуд:- Шумо китоби «Фарҳанги забони тоҷикӣ» доред?
— Не, лекин ман ҳамаи томҳои «Энсиклопедияи советӣ»-ро дорам.
— Одамеро, ки китоби «Фарҳанг»-ро надорад, «бефарҳанг» мегӯянд.
— Ҳа, акнун фаҳмидам,- ором шуд мансабдор.
Ҳама лабханда карданд.
— Аз рӯи гуфтаи шумо имрӯз аксари мардуми Тоҷикистон бефарҳанганд,- луқма партофт Азимшоҳ.
— Луқма партофтед, латифагӯӣ навбати шумо, — гуфт Султоншоҳ.
— Хуб шудааст, ман воқеаро нақл мекунам, ки имрӯзи зиндагии мост, -гуфт Азимшоҳ ва афзуд:
— Дар давраи шӯравӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин факултаи вижаи омода кардани донишҷӯёни хориҷӣ барои макотиби олии Иттиҳоди Шӯравӣ амал мекард. Дар ин факулта донишҷӯён аз кишварҳои сотсиалистӣ ва демократии олам забони русӣ омӯхта, минбаъд дар дигар макотиби олии ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногун таҳсил мекарданд. Рӯзе як муаллими донишгоҳ ба донишҷӯи афғон насиҳат кард:
— Хуб таҳсил карда, ихтисос гиред ва рафта ватанатонро чун мо обод кунед.
— Устод, хуб содаед. Ватан он ҷост, ки дӯкон дорӣ, -гуфт донишҷӯ.
— Бале, ватан он ҷо аст, ки зиндагӣ гузарад. Яҳудиҳо аҳмақ нестанд, ки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон зиндагӣ мекунанд,- гуфт Карим ва афзуд: -Ман як латифаи қадимиро нақл мекунам, ки аз мӯйсафедони деҳа шунида будам:
— Муллои деҳа дар байни шогирдони нав писари зебоеро дида ба худ андешид, ки модари ӯ паричеҳра аст. Муллои ғарро орзуи ҳамхобагӣ бо модари шогирд омад ва ӯ пас аз дарс ба писарак гуфт:
— Рафта очата гӯй, ки бегоҳ ба назди ҷувозхонаи ман ояд.
— Хуб шудааст, устод,- гуфт шогирд.
Ӯ ин гуфтаи муллоро дар ҳузури падараш ба модараш гуфт. Аз ин суханон ғазаби модар омада, муллоро дашном дод. Шавҳар занашро ором карда, ба гӯшаш чизе пичиррос зад. Аз ин ӯ таскин ёфта ба писараш гуфт:
— Писарам, пагоҳ ба мулло рафта гӯй, ки модарам бегоҳ дар назди ҷувозхона шуморо интизор мешавад.
Аз ин мулло хурсанд шуда, шогирдонро барвақт аз дарс ҷавоб дод. Ӯ ба сартарошхона рафта, мӯйи сарашро тарошид ва ришашро қайчӣ зад. Баъдан мулло ба гармоба рафта, оббозӣ кард ва либосҳои тозаву зебо пӯшид. Ӯ худро атру упо зада, ба мулоқот равон шуд. Дар соати ваъдагӣ модари шогирд ба назди ҷувозхона омад. Мулло, ки шаҳваташ боло гирифта буд, аз дасти зан дошту ӯро ба даруни ҷувозхона кашид. Ҳамин вақт шавҳари зан, ки дар камин истода буд, худро ба болои мулло партофта, дастонашро баст ва ӯро ба ҷои асп ба тири ҷувоз васл кард. Мард қамчинро гирифта, муллои шаҳватпарастро мезад ва ӯ ҷувозро тоб дода, равған мекашид. Субҳ мард муллоро аз тири ҷувоз раҳо кард. Ӯ маҷоли гаштан надошт ва то ба худ омадан дар ҷувоз монд.
Рӯзи дигар шогирд назди мулло омада, гуфт:
— Очам мегӯянд, ки устодат кай ҷувозкашӣ мекунанд?
— Падарлаънат, равғанатон тамом шуд- чӣ?! – дод задааст мулло.
— Ҷувозкаши хубе будааст мулло, -луқма партофт Рауф ва афзуд: — Соқӣ чаро латифа намегӯянд?
— Ба ман навбат наомада истодааст,- дар посух гуфт Ҳикматулло.
— Навбат ба шумо,- гуфт Маъруф. –Марҳамат.
— Майлаш, гӯш кунед, — сухан оғоз кард Ҳикматулло:
— Тоҷике, ки дар Дубай мардикорӣ мекард, шабе бо як хонуми араб ҳамхоба шуд.
Марди гурусна ҳеҷ шаҳвати худро қонеъ карда наметавонист ва аз болои зан поин намешуд. Ин мақбули зан буд ва ӯ мегуфт:
-Ҳилла, ҳилла.
Мард, ки арабиро намедонист дар посух гуфт:
-Вақти ҷимоъ қуръон намехонанд, ки гуноҳ аст.
-Барои ҳамин ҳам «забон донӣ, ҷаҳон донӣ», гуфтаанд, — луқма партофт Султоншоҳ ва афзуд: – Хуб хандидем, ошро кай мехӯрем, Рауфҷон?
— Ош тайёр, ҳозир мекашам,- посух дод Рауф ва аз ҷо бархост.- Гулаҳмад ба ман кӯмак мекунед?
— Албатта, ако,- гуфт Гулаҳмад ва аз паси ӯ рафт.
— Биёед, барои табақҳои ош ҷой тайёр кунем,-даъват кард Маъруф ва табақҳои нодаркорро ба сӯе гузошт. Дигарон низ дастархонро ба тартиб дароварда, барои табақҳои ош ҷой омода карданд. Карим табақчаҳои салатро, ки аз помидору пиёз омода шуда буданд, болои дастархон гузошт.
Рауфу Гулаҳмад се табақ ош кашида оварданд.
— Дӯстон, пеш аз ошхӯрӣ қадаҳҳоро пур кунед, ман як сухан мегӯям,- ба аҳли нишаст муроҷиат кард Маъруф ва афзуд:
— Бигзор ин лаҳзаҳо кам нашавад! Ҳар куҷое бошем, дар хизмати миллати худ бошем, то ояндагон моро ба некӣ ёд кунанд. Ин қадаҳро барои ояндаи неки Ватан менӯшем, ки он имрӯз аз мо вобаста аст.
Дӯстон қадаҳҳоро «ҷанг» андохта нӯшиданд.
— Хуб, гиред. Ош хунук нашавад,- гуфт Султоншоҳ ва даст ба табақ бурд. Ӯ як навола ошро хӯрда, ба Рауф аҳсан хонд:- Дастатон дардро набинад, оши шоҳона шудааст.
Ошхӯрӣ хомӯшона бе ҳазлу шӯхӣ гузашт. Танҳо дар фосилаи ошхӯрӣ боз як қадаҳӣ арақ нӯшиданд.
— Оши Рауфҷонро таъриф кардед, ба ёдам ошпазии як дӯстамон омад,- ба сухан оғоз кард Маъруф.- Чанд сол қабл бо ҳамкорон ба тамошои кӯли Ҷувозак рафтем. Кӯли мазкур дар қаторкӯҳи Ҳисор, дар ноҳияи Шаҳринав ҷойгир аст. Аз Душанбе то он ҷо қариб 90 км мебарояд. То Шаҳринав, ки 42 км аст ба 20 сомонӣ бо таксӣ рафтем ва аз он ҷо то деҳаи Шунук, ки тақрибан 20 км аст, мошини «УАЗ»-ро ба 200 сомонӣ киро кардем. Пасон роҳи боқимондаро пиёда тай карда, дар қарибии 10 километрии кӯл, дар соҳили дарё хайма зада, шабро рӯз кардем.
Субҳ ману шогирдам Рустам ба тамошои кӯл рафтем. Шариконамон Дӯстмуҳаммад ва Сайфулло аз сафар кардан даст кашиданд, зеро пойҳояшон обила карда, ба роҳи дур рафта наметавонистанд. Пас аз онҳо хоҳиш кардем, ки то аз кӯл баргаштани мо оши палав пазанд.
Мо роҳи пуразоби кӯҳиро тай карда, ба кӯл расидем ва ним соат он ҷо истода, қарибии нисфирӯзӣ ба ҷойи хаймазадаамон баргаштем. Дар дег зирбак меҷӯшид. Дӯстмуҳаммад биринҷро шуста моро интизор буд.
«Чӣ истодаӣ? Биринҷро андоз!», хитоб кардам ба Дӯстмуҳаммад. Ӯ ҳам чизе нагуфта, аз пайи дам кардани ош шуд.
Баъди чанде ошро хӯрдем. Оши олӣ шуда буд. Дӯстмуҳаммадро барои оши лазиз пухтанаш таъриф кардем.
— Медонед чи, ман бори аввал ош пухтам, — гуфт Дӯстмуҳаммад.- Рости гап як — ду маротиба ба ошпазии занам таваҷҷӯҳ карда будам. Вале то ҳанӯз ош напухта будам. Ана, барои ҳамин ҳам зирбакро тайёр карда, ба андохтани биринҷ ҷуръат надоштам, — гуфт Дӯстмуҳаммад.
— Боз ошпазии шумо ҳам бори аввал набошад, дӯстам, -ба Рауф муроҷиат кард Маъруф.
— Не, ман қариб ҳар ҳафта ош мепазам,- гуфт Рауф.
-Ман ҳам як нақли аҷибе дорам,- ба сухан оғоз кард Ҳикматулло. -Дар давраи шӯравӣ дар яке аз идҳои моҳи май бо дӯстон панҷ нафар шуда, бо «Жигули»-и ҳамкорамон ҳавохӯрӣ ба дараи Ширкенти Регар рафтем. Бо худ анвои ғизо гирифта будем. Гӯштбирён пухтем ва бо арақ онро нӯши ҷон кардем. Дар ҳавои кӯҳистон иштиҳо қозгир шуд. Бароямон ин кам намуд. Намедонистем чӣ кор кунем? На гӯшт монда буду на арақ. Ҳамин вақт мӯйсафеди харакие аз наздамон гузашт, ки дар зини хараш ду мурғро баста буд.
-Биёед, мурғро мехарем ва кабоб мекунем, -гуфт ҳамкорамон Раҳим. — Бобо мурғатонро намефурӯшед?
— Агар мехаред, мефурӯшам, — посух дод мӯйсафед.
— Ба чанд пул медиҳед?
— 20 сӯм.
— Инсоф кунед, мурғи шумо дар бозор аз 8 сӯм зиёд нест. Ба 20 сӯм буз харидан мумкин.
— Равед, буз харед.
-Арзон намешавад?
-Не, як тин ҳам кам намешавад,- хасисӣ мекард мӯйсафед.
Ноилоҷ ба нархи гуфтаи мӯйсафед розӣ шуда, кисаҳоро кофтем. Пули ҳамаамон 20 сӯм шуд. Агар 20 сӯмро ба мӯйсафед диҳем, ба арақ пул намемонд. Намедонистем чӣ кор кунем? Ҳамин вақт дарёчаи Ширкент пул овард. Касе пулашро ба дарё афтонда буд. Болои об пулҳои яксӯмаву сесӯма шино мекарданд. Зуд худро ба об андохтем ва пулҳоро ҷамъ кардем. Дар як лаҳза беш аз 100 сӯм ҷамъ кардем. Ба мӯйсафед 40 сӯм дода, ҳар ду мурғашро харидем. Ба пули боқимонда ронандаро, ки арақ наменӯшид, ба мағоза фиристодем.
Шокирҷон зуд мурғҳоро пар канда, зери қӯраи гулхан монд. Ронанда пас аз ним соат чаҳор шиша арақ ва анвои хӯрданӣ харида баргашт.
— Худо ғами шуморо хӯрда, ин пулҳоро фиристодааст,- ҳазломез гуфт Султоншоҳ.
-Ба ҳар ҳол ин кӯмаки хубе буд барои маишатро вайрон накардан, — гуфт Ҳикматулло.
-Дӯстон ошро хӯрдем, арақ ҳам намонд, акнун ба хонаҳо рафта каме истироҳат кунем ҳам мешавад, — пешниҳод кард Азимшоҳ.
— Ҷони гапро гуфтед, баъди сер шудани шикам, маро хоб зер кард,-гуфт Султоншоҳ ва ба дастархон омин кард:
— Шукронаи неъмат, ҳамеша дастархонатон пур аз ғизо бошад. Ҳамаи онҳое, ки шифоталабӣ омадаанд, ба муродашон расанд. Омин!
Маъруф ба чойхоначӣ барои каташро банд кардан 40 сомонӣ дод ва дӯстон хона ба хона рафтанд.

***
— Акои Карим, ин бегоҳ мо шуморо зиёфат медиҳам,- гуфт Маъруф баъди аз ошхона баромадан.
-Ҳозир шом хӯрдем-ку?- ҳайрон гуфт Карим.
— Ману Меҳрнигор тасмим гирифтем, ки ин бегоҳ зиёфатчае барои шумову Лайло ташкил кунем.
-Ба кадом хотир?
— Истироҳат ҳам ба охир мерасад ва чун аз ин ҷо рафтем, дигар дар Душанбе гирифтори зиндагӣ шуда, вақт намеёбем, ки якдигарро бубинем.
-Дар куҷо мешинем?
— Дар ҳуҷраи хонумҳо.
-Дар ягон ошхона шинем, намешавад?
— Ягон нафар аз дӯстон бинад, хуб намешавад. Аз ҷониби дигар, ин нишасти маҳрамона аст.
-Фаҳмидам. Аз ман чӣ хизмат? — пурсид Карим.- Ягон чиз лозим нест?
-Не, ташаккур! Ҳама чиз ҳаст. Шумо соати 8 ҳамон ҷо бошед, шуд.
-Пас ин шом ману Лайло мулоқот намекунем?
-Чаро? Баъди зиёфат метавонед Лайлоро ба ин ҷо биёред ва то субҳ дамидан истед. Ман низ он ҷо мемонам.
— Яъне на сих месӯзаду на кабоб.
— Бале. Ҳоло бирафтем мисли ҳаррӯза бо дӯстон сайругашт мекунем.
Маъруфу Карим назди чашма дӯстонашон Султоншоҳу Азимшоҳ, Ҳикматулло ва Гулаҳмадро вохӯрданд.
-Ин шом дер баромадед, сер нашудед?-пурсид Азимшоҳ?
— Хӯрокро ба мо дер оварданд,-посух дод Карим.
-Пас бирафтем, қадам мезанем,- даъват кард Султоншоҳ.
Дӯстон ба роҳи калон баромаданд, то ки сӯҳбаткунон ба лаби дарёча бираванд. Онҳо ҳар бегоҳ сӯҳбаткунон то ин ҷо омада бармегаштанд ва баъдан лаби чашма рафта менишастанд ва дар ҳавои суруду мусиқӣ рақсидани истироҳаткунандагонро тамошо мекарданд. Баъди пас баргаштан Маъруф мисли ҳар бегоҳ изҳори рафтан карда гуфт:
-Бо иҷозати шумо ман сӯҳбати гарматонро тарк мекунам.
— Мулоқот дорам, гӯед,- лабханд кард Гулаҳмад.
-Ҷавонон ҳар як лаҳзаи зиндагиро беҳуда нагузаронед, ки баъд пушаймон мешавед,- насиҳат кард Султоншоҳ.
— Ин насиҳати шуморо раҳматӣ бобоям низ ба ман мегуфтанд. Ҳамин аст, ки вақтро ғанимат медонем,-гуфт Маъруф.
-Пас, барори шикор! –гуфт Султоншоҳ.
Дӯстон, ки бегоҳиҳо ба ғайб задани Кариму Маъруф одат карда буданд, дигар чизе нагуфтанд. Бегоҳиҳо ҳамчунин Ҳикматулло ва Рауф, ки бо завҷаашон ба истироҳат омада буданд, камтар бо дӯстон менишастанд. Аксаран онҳо таҳти назорати завҷаашон буданд.
Маъруф ба ошхонаи назди трансформатор омада, 10 сих шашлик харида, ба таваққуфгоҳи мошинҳо омад. ӯ аз бордони мошинаш ду шиша коняки гурҷии «Сараҷишвили 5»-ро гирифта, ба ҳуҷраи Меҳрнигор омад ва дарро «тақ-тақ» кард. Дарро Карим кушод, ки каме пештар омада буд
-Бед, -гуфт ӯ ба ҳуҷра ҳидоят карда.
Меҳрнигор бо Лайло дастархонро оро медоданд.
— Шинос шавед, Маъруфҷон, — муаррифӣ кард Карим ва афзуд:- Ин кас Лайло.
— Ташаккур, шодам аз шиносоӣ,- гуфт Маъруф.
— Ман ҳам шодам,-гуфт Лайло.
— Ба инҳо ҳам ҷо мешавад,- гуфт Маъруф сихкабобу конякро болои мизи пур аз анвои ғизо гузошта.
— Ҷой меёбем,- гуфт Меҳрнигор сихкабобро дар байни дастархон гузошт ва ҳамаро сари миз хонд:
— Гузаред, шинед.
Лайло дар бари Карим нишасту Меҳрнигор дар бари Маъруф.
— Маъруф шишаи конякро кушод.
— Қадаҳи аввалро барои хонумони зебо менӯшем,- гуфт Маъруф.
— Чаро барои мо?- суол кард Лайло.
— Агар шумо намебудед, мо ин ҷо ҷамъ намешудем,-посух дод Маъруф.-Қадаҳҳоро мебардорем.
Баъди қадаҳи якум сӯҳбат қӯр гирифт. Онҳо дар ҳар бора ҳарф мезаданд, вале сухан аз доираи одоб берун намерафт. Баъди холӣ шудани шишаи дуюми коняк Кариму Лайло бо баҳонаи ҳавохӯрӣ берун баромаданд. Маълум буд, ки онҳо дигар то субҳ барнамегарданд.
— Меҳрнигор дастархонро меғундорем,-гуфт Маъруф.
— Магар онҳо намеоянд?
— Не, онҳо ба ҳуҷраи мо рафтанд.
— Шумо гапро пешакӣ пухта будед-а?
— Ба оқил як ишора бас аст. Ё онҳо мерафтанд, ё мо. Албатта, онҳо ба ҳуҷраи мо одат кардаанд.
— То ин чизҳоро ҳам ба инобат гирифтаед.
— Ин як тасмими маъмулӣ аст, — гуфт Маъруф ва ба ғундоштани дастархон шурӯъ кард.
Меҳрнигор табақчаҳоро шуст ва болои мизро ба тартиб овард. Сипас ӯ барои дандоншӯӣ ба ташноб рафт.
— Ман чӣ хел дандонҳоямро мешӯям? Ба ҳуҷраамон рафта наметавонам, -гуфт Маъруф баъди аз ташноб баргаштани ӯ.
— Ман ғами шуморо кайҳо хӯрдаам. Бароятон шуткаи нави дандоншӯӣ овардаам,- гуфт Меҳрнигор ва аз ҷомадонаш онро баровард.
— Ташаккур! Ана, инро меҳрубонӣ мегӯянд. Дастатон дардро набинад, -гуфт Маъруф ва ба ташноб рафт, то ки дандонҳояшро шӯяд ва душ кунад.
Вақте ки Маъруф аз ташноб баргашт, Меҳрнигор ҷогаҳро омода карда, либоси хобравиашро пӯшида буд.
— Аллакай омодаед-ку?
— Мисли шумо вақтро ғанимат медорем, -посух дод Меҳрнигор.
-Бале, вақт ғанимат аст,- гуфт Маъруф ва Меҳрнигорро ба оғӯш гирифта, болои ҷогаҳ хобонд. Лабҳо ба ҳам омаданд.
— Пагоҳ ба шаҳр бармегардем. Ин 12 рӯз ба як мижазанӣ гузашт,- гуфт Меҳрнигор оҳ кашида.
— Умри инсон чунин аст, агар рӯзат хуш гузарад, намефаҳмӣ, ки тез гузаштааст. Агар не, як лаҳза чун як умр тӯлонӣ аст.
— Бале, ман ҳам ҳаминро мегӯям, ки вақте бо ҳамем, гузаштани рӯзро намефаҳмам.
— Пас бо ман будан бароятон хуш аст.
— Хуш аст, вале ин басанда нест.
— Мегӯянд, ки «ба дарвозӣ даст диҳӣ, аз оринҷ медорад».
— Ман дарвозӣ нестам. Ишораатонро фаҳмидам. Ба ҷои ман ҳар касе, ки бошад, инро мехоҳад. То кай мо пинҳонӣ вомехӯрем? Муносибатамонро бояд расмӣ кунем,-гуфт Меҳрнигор.
-Яъне чӣ?-пурсид Маъруф.
-Мо бояд издивоҷ кунем.
-Чӣ хел? Ман наметавонам зану фарзандонамро партоям.
-Ман нагуфтаам, ки онҳоро партоед. Расман бо занатон ҷудо шавед, вале талоқ надиҳед. Бо никоҳи мусулмонӣ бо ӯ зиндагӣ кардан гиред.
— Магар инро ӯ мехоҳад? Инро напурсидед? Албатта, ягон зан полонҷ доштан намехоҳад.
— Пас, никоҳи мусулмонӣ мекунем. Ман ҳам фарзанд доштан мехоҳам, умрам рафта истодааст. Дер мешавад.
— Бале, мефаҳмам. Вале илоҷи ҳалли ин мушкилот танҳо аз ман вобаста нест.
— Медонам, ҷонакам,- гуфт Меҳрнигор ва лабонашро ба лабони Маъруф бурд. Бӯсаҳои гарму самимӣ чун оҳанрабо Маъруфро ба худ кашид. Як лаҳзае ҳар ду дар гирдоби шаҳват ғӯта заданд.
Баъди ишқварзӣ Меҳрнигор боз ба ин мавзӯъ баргашт:
— Аз ин ишқварзиҳои мо, ман кайҳо ҳомила мешудам. Вале пешгирӣ карда истодаам. Намехоҳам, ки фарзанди ҳаромӣ дошта бошам.
— Хуб, чӣ кор кунам? Ман магар гунаҳгорам, ки барвақт таваллуд шудаам?!
-Не, ман гунаҳгорам, ки дер ба дунё омадам.
— Моро аз мо напурсида зодаанд. Ба қавле ватан, волидон ва зодгоҳро мо интихоб карда наметавонем, — гуфт Маъруф.
-Шумо гапро ба дигар тараф набаред. Ман мехоҳам, ки муносибати мо ошкоро шавад. Ё маро дӯст намедоред? Ман мақбули шумо нестам? Ё муносибати шумо танҳо барои ишқварзист? — ранҷидаомез суол кард Меҳрнигор.
-Чаро суолҳои содалавҳона медиҳед? Агар мақбулам намебудеду дӯст намедоштам, бо шумо ин ҷо истироҳат намекардам. Агар ҳадаф нафси ҳайвонӣ бошад, дар Душанбею ин ҷо занони сабукпо ёфт мешаванд, ки талаботи шаҳвониро қонеъ мекунӣ ва дигар ба ҳам коре надорӣ. Ҳатто агар дафъаи дуюм тасодуфан вохӯрӣ, туро намешиносад. Муҳаббат ба назари ман танҳо ишқварзӣ нест. Ин муҳаббати тарафайн, ақидаву рафтори якхела, эҳтироми ҳамдигар аст. Агар муҳаббат танҳо ба шаҳват ё ягон манфиату ғараз асос ёбад, пас он муҳаббати ҳақиқӣ нест ва умраш кӯтоҳ аст.
— Маро барои ин суханони ноҷо бубахшед. Охир ман дигар бе шумо ҳаётамро тасаввур намекунам. Айбам бошад, мегӯям, ки ман бори аввал ба чунин эҳсосот гирифтор шудам ва дар алангаи оташ месӯзам. Дар барам будани шумо маро ором мекунад. Чун нестед, ин оташ дучанд аланга мегирад.
-Шояд ин дер давом накунад? Ба қавли шумо ин ҷунун ҳамагӣ аз як моҳ то 1 солу 17 моҳ идома меёбад ва баъд аз байн меравад. Ҳоло бошад, ба шиносоии мо ҳатто 1 сол нашудааст.
-Пас, барои ҳамин шумо ин эҳсоси маро ҷиддӣ қабул надоред?
— Чаро? Муҳаббати ман самимӣ ва беолоиш аст. Ин шумо муҳаббатро беморӣ гуфта, мӯҳлати идомаашро муайян карда будед. Барои ҳамин ҳам ман ин мӯҳлатро интизорам. Зеро аз он метарсам, ки баъди гузаштани ин мӯҳлат боз ишқатон аз байн наравад. Боз мани мӯйсафед танҳо намонам бо дили садпора. Шумо ҷавонед ва ҳаводоронатон зиёданд. Ман ҳоло ба шумо як қиссаро нақл мекунам. Як профессори донишгоҳии мо зану фарзандонашро партофта ба аспиранткаи худ, ки 30 сол аз ӯ хурд буд, издивоҷ кард. Албатта, ин бе ҳадаф набуд. Профессор барои аспиранткааш рисолаи номзадӣ навишта олимаш кард. То он вақте ки устоди мо зӯру тавоно ва мақом дошт, зиндагии ӯ бо зани ҷавонаш хуб буд. Чун ин ҳама аз даст рафт ва устод ранҷуру афтода шуд, завҷаи ҷавонаш дигар эҳтиром намекард ва ҳатто дами гарме намедод. Ӯ барои худ маҳбуби ҷавоне ёфт ва ӯро ҳатто ба хона оварда, пеши шавҳараш ишқварзӣ мекард.
— Магар онҳо фарзанд надоштанд?
— Як писару духтар доштанд. Вале ин магар пеши зани сабукпоро мегирад? Устоди мо ба ин таҳқир тоб наоварда, худро овехт.
-Қиссаи ҳузнангез. Вале ин қисса ба шумо ҳеҷ иртиботе надорад. Аввалан, ишқи мо беғараз аст. Сониян, тафовути синни мо зиёд нест, ҳамагӣ 15 сол, ки ин табиӣ мебошад. Зеро аз ҷиҳати физиологӣ занҳо тезтар пир мешаванд. Баъдан, ҳар касро Худо тавфиқ диҳад.
-Биёед, хоб кунем, соат аз ду ҳам гузаштааст, субҳ баъди ношто ба Душанбе бармегардем. Шумо либосҳоятонро ҷамъ кардед? – пурсид Маъруф?
— Чизҳои асосиро ҷамъ кардам. Дар 10 дақиқа боқимондаашро меғундорам. Шумо чӣ?
-Ман ҳам ба мисли шумо омодаам. Биёед, истироҳат кунем, -гуфт Маъруф ва Меҳрнигорро ба оғӯш кашид. Меҳрнигор сар ба кундаи синаи рости Маъруф монд ва баъди лаҳзае ӯро хоб бурд.
Маъруф, ки андаке пештар чашмонаш пӯшида мешуданд, дигар хобаш намебурд. Дар андешаи гуфтаҳои Меҳрнигор буд. Меҳрнигор ҳақ буд. Вале дар шароити феълӣ ӯ наметавонист расман бо Меҳрнигор издивоҷ кунад. «Чӣ бояд кард?», ин суоле буд, ки Маъруф посухашро меҷӯст.
Вақте Маъруф субҳ барвақт аз хоб хест, Меҳрнигор аллакай душ карда, чой монда буд. Маъруф ҳам ба ташноб рафта шустушӯ кард.
— Ман ба худам қаҳва кардам, шумо чӣ менӯшед?-пурсид Меҳрнигор.
— Аслан чизе нӯшидан намехоҳам, вале бо шумо як пиёла чой мегирам.
Меҳрнигор чойи кабуд дам кард. Маъруф як пиёла чойро бо як пора шоколад нӯшид ва ба Карим занг зад:
— Каримҷон бедоратон кардам?
— Не, кайҳо хеста будам. Занги шуморо интизор будам.
— Баъди 20 дақиқа меоям, — гуфт Маъруф.
— Ман ба ҳуҷраамон меравам.
— Ин хел якбора наравед, Лайло шарм мекунад, — гуфт Меҳрнигор.
— Ман мефаҳмам. Ҳозир сумкаи шуморо ба мошин бурда мемонам ва пасон назди чашма рафта, ягон 15 дақиқа он ҷо мешинам ва баъд ба ҳуҷраамон меравам, -гуфт Маъруф ва сумкаи Меҳрнигорро гирифта аз ҳуҷра баромад.
Вақте ки Маъруф ба ҳуҷраашон омад, Лайло аллакай ба ҳуҷраи худашон баргашта буд. Карим қаҳва менӯшид.
— Шумо ҳам қаҳва менӯшед, — пурсид ӯ.
— Не, ташаккур. Ман чой нӯшидам. Ҳозир либосҳоямро ҷамъ мекунам ва ба мошин бурда мемонам, то ки баъд вақти рафтан осон шавад. Шумо ҳам сумкаатонро гиред, ба мошин барем. Ҳоло сумкаи Лайлоро низ бурдан лозим. Ман сумкаи Меҳрнигорро бурдам, вале бе Лайло ҷуръат накардам, ки сумкаашро гирам.
-Ҳеҷ гап не. Ҳоло вақт ҳаст, ман худам мебарам, — гуфт Карим.
Маъруф ваъда карда буд, ки Кариму Лайлоро то Душанбе мебарад. Маъруфу Карим пас аз ношто бо дӯстон хайрухуш карданд ва ҳуҷҷатҳояшонро аз сабтгоҳи осоишгоҳ гирифта, озими Душанбе шуданд. Карим дар пеш, назди Маъруф ва Лайлову Меҳрнигор дар курсиҳои қафои мошин нишаста буданд. Мошин кӯтали назди трансформаторро баромада, ба роҳи калон сарнишеб шуд.
— Ҳамин ҷо, назди дарёча мошинро доред, -хоҳиш кард Карим.
— Тинҷӣ аст?- ҳайрон мошинро нигоҳ дошт Маъруф.
— Тинҷӣ. Ба шумо як хабарро расонданӣ будам.
— Барои ин мошинро нигоҳ доштан зарур буд?
— Бале. Ин хабари муҳим аст.
— Гӯед, гӯшу ҳушамон ба шумо.
— Ману Лайло тасмим гирифтем, ки издивоҷ мекунем,- гуфт Карим.
— Хабари хуш. Офарин ба дилу гурдаатон, инро шустан лозим.
— Гапаш нест. Ҳоло сари роҳ дар ягон тарабхонаи Варзоб мешӯем, -хушҳолона гуфт Карим.
— Муборак шавад, -гуфт Меҳрнигор аз рӯйи Лайло бӯсида.
— Тасмим гирифтем, ки як зиёфати хоксорона диҳем. Ҳатман шумо даъватиед, — гуфт Карим ба Маъруфу Меҳрнигор.
— Албатта, меоем, -гуфт Маъруф ва муҳаррики мошинро ба кор даровард.
Мошин бо як маром роҳи пурпечутоби Хоҷа Оби Гармро пас монда сӯи Душанбе ҳаракат мекард.

Хоҷа Оби Гарм, 5-16 июли соли 2010, 12-23 июли соли 2011 ва апрели соли 2012.

МУНДАРИҶА

1. Марг ва инсоф …………………………………….. 3
2. Рашк …………………………………………………. 7
3. Сӯзи дил …………………………………………….. 10
4. Арӯсу хушдоман …………………………………. 15
5. Ишқи мӯйсафед ……………………………………. 18

ИШҚИ МӮЙСАФЕД
Ҷовид Муқим

Муҳаррири техникӣ: Фаррухи Файзулло
Тарроҳи компютерӣ: Манучеҳри Ғайратзод

Ба чоп 05.05.2012 супорида шуд.
Ба чопи китоб 07.05. 2012 имзо шуд.
Андозаи 60 х 84 1/16. Ҳаҷм 10 ҷ.ч. Коғази офсетӣ.
Адади нашр 500. Супориши №
Суроға ш. Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ 50.
Нашриёти «Озар»

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: