ВАҲДАТ БОЯД ДАР АМАЛ БОШАД



Дирӯз 15-солагии Ваҳдати миллӣ ё ин ки имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон буд. Гӯиё, ки ин вокеаи сарнавиштсоз дирӯз бошад, вале аллакай 15 сол гузаштааст. Албатта, пас аз имзои созишномаи мазкур низ дар Тоҷикистон мухолифати мусаллаҳона зидди ҳукумат идома дошт. Агар охирин сангарнишиниро ба дастаи Мулло Абдулло (Раҳимов) нисбат диҳем, ба кушта шудани ӯ ва ҳамсилоҳонаш (15 апрели соли 2011) ҳамагӣ як солу ду моҳ шудааст. Вале дар умум дар кишвар сулҳу осоиштагӣ барқарор буд.
Дирӯз дар телевизионҳои Тоҷикистон чеҳраҳои ошнову ношинос дар бораи Ваҳдати миллӣ, нақши он дар пешрафти ҷомеа даҳон пур карда ҳарф мезаданд. Агар дар Тоҷикистон набошиву вазъи воқеиро надонӣ, гумон мекунӣ, ки дар кишвари «биҳиштосо» зиндагӣ мекунӣ. Аз ҷониби дигар, «биҳиштосо» ном бурдани Тоҷикистон, ки дар суханрониҳои телевизионӣ «мӯд» шудааст, асоси воқеӣ дорад. Зеро дар биҳишт дидан ҳасту хӯрдан не. Аз ин нигоҳ, воқеан ҳам, мардуми камбизоати Тоҷикистон беҳтарин ғизову либосро дар мағозаву бозор мебинад, вале қобилияти харидорӣ надорад.
Дар ҳамин ҳол тӯли 15 соли истиқрори сулҳ Ҳукумати Тоҷикистон барои бунёдкориҳо бисёр корҳоро метавонист анҷом диҳад. Агар давраи барқароркуниҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро бо имрӯз муқоиса кунем, то ба ҳанӯз пешравии назаррасе дар иқтисод ба назар намерасад. Кишвар дар фасод ғӯтидааст, ки он метавонад пояи давлатро барканад. Шояд ба ин гуфтаҳои ман баъзеҳо розӣ нашаванд. Сохтани чанд бинои меҳмонхона ва Байрақмонаки 165-метра нишони пешравии Тоҷикистон нест. Ё сохтани як сех аз ҷониби кадом соҳибкори суғдӣ нишонаи боло рафтани саноати кишварро надорад.
Ба назари ман пешравии кишварро метавон аз сатҳи зиндагии мардумаш баҳо дод. Мутаассифона, дар ин ҷода пешравии назаррасе нест. Аксари мардуми қобили меҳнат бо кор таъмин нестанд ва дар муҳоҷирати хориҷӣ ба муздурӣ як бурда нон меёбанд. Дар Тоҷикистон кор бошад ҳам, барои он маоши ночиз мепардозанд. Масалан, мувофиқи маълумоти расмӣ дар авали моҳи майи соли равон маоши миёна дар ҷумҳурӣ ба 431 сомонӣ баробар будааст, ки ин нисбати соли гузашта 14,1 фоиз зиёд аст. Албатта агар беқурбшавии пулро дар соли равон ба назар гирем, қурби маош кам шудаасту зиёд не. Тибқи маълумоти мазкур маоши зиёдтаринро дар Тоҷикистон (1600 сомонӣ) кормандони бонк мегирифтаанд. Маоши пастарин бошад, насиби заҳматкашони саҳро будааст. Яъне деҳқонон 134 сомонӣ моҳона мегирифтаанд. Дар ҳамин ҳол то моҳи сентябр маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 80 сомонӣ боқӣ мемонад.
Як андеша кунед, магар бо ин маош метавон зиндагӣ кард?! Албатта, ин маблағ барои чойю чаппотӣ ҳам намерасад. Ва он нафаре, ки меҳнати ҳалол мекунад (ришва намегирад, дуздӣ намекунад, ҳаққи мардум намехӯрад) зиндагии табоҳ дорад. Яъне Ҳукумати Тоҷикистон дар ин 15 сол натавонистааст зиндагии хуби мардумашро таъмин намояд. Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳои ноӯҳдабаротарини ҷаҳон дар соли 2012, ки Хазинаи амрикоии сулҳ ва маҷаллаи «Foreign Policy»-и ИМА таҳия кардаанд, дар миёни 177 давлат зинаи 46-умро гирифтааст. Воқеан ҳам, фароҳам овардани шароити мусоид барои гурӯҳе ё табақае, ки рӯз ба рӯз бой шудан доранду мардуми авом фақиру нотавонанд, маънои ваҳдати миллиро надорад.
Ҷовид Муқим

Реклама

One response to this post.

  1. Posted by сармаддил on Сентябрь 30, 2012 at 1:56 дп

    ахсант устод!устуни чомеъаи пешрав синфи миёна аст .ки мутаасифона ин табака дар мо умуман вучуд надорад.решаи бадбахтихои мо низ дар хамин аст…

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: