Роҳҳои нави дарёфти даромади матбуоти муосир


Роҳҳои нави дарёфти даромади матбуоти муосир

М. Муқимов, профессор

Имрӯз матбуот ба ғайр аз воситаи иттилоърасонӣ ва тарғиботӣ боз бизнеси хуб ҳам ҳаст, ки дар натиҷаи менеҷменти дуруст метавонад ба муассисаш фоидаи зиёд орад. Даромади матбуот аслан аз фурӯши нашрия, чопи реклама ва хизматрасониҳои дигар ба муштариён ба даст меояд. Таносуби ин нишондиҳандаҳо дар ҳар як кишвар вобаста аз шароити иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ гуногун аст. Масалан, то бӯҳрони ҷаҳонии молиявии соли 2008-ум даромади расонаҳо аз реклама рӯ ба афзоиш дошт. Аз ҷумла, дар ВАО-и Русия ва ИМА то соли 2008-ум даромад аз реклама босуръат зиёд мешуд. Вале бо гирифтории истеҳсолкунандагони маҳсулоту хизматрасонӣ ба бӯҳрони молиявӣ ҳаҷми реклама дар ВАО ба якборагӣ кам шуд ва даромад аз ин ҳисоб коҳиш ёфт. Таъсири бӯҳрони молиявӣ то ба ҳол аз байн нарафтааст. Масалан, баъди соли 2008 вазъи молиявии рӯзномаи фаромиллии ИМА «USA Today» низ ногувор гардид. Соли 2010 вай ҳамагӣ 300 саҳифаи рекламавӣ фурӯхт, ки нисбати соли 2005-ум 50 фоиз кам аст. Ҳамзамон даромади нашрия аз 650 млн. доллари соли 2005-ум соли 2010 ба 380 млн. доллар фаромад. Мушкилоти молиявӣ идораи газетаро маҷбур кард, ки теъдоди кормандонашро ихтисор намояд. Агар то соли 2004 дар редаксияи «USA Today» 1800 нафар кор мекарданд, пас соли 2004-ум шумораи онҳо то 1400 нафар кам карда шуданд, соли 2010-ум боз 130 нафари дигар ихтисор гардиданд . Ба қавли ношири газета Дейв Хунк коҳиш додани хароҷот имкон дод, ки редаксия соли 2010 каме фоида ба даст орад.
Бино ба иттилои Ассотсиатсияи оҷонсиҳои иртиботии Россия аз рӯи натиҷаи соли 2011 даромади матбуот аз реклама 40,8 млрд рубл (тақрибан 1,316 миллиард доллар)-ро ташкил дод ва он нисбати соли 2010 ҳамагӣ 6 фоиз афзуда аз рӯи нишондиҳандаҳои мутлақ бори аввал аз Интернет ақиб монд. Дар ҳамин ҳол даромади Интернет аз реклама нисбати соли 2010 56 фоиз афзуда, 41,8 миллиард рубл (тақрибан 1,349 миллиард доллар)-ро ташкил дод .
Дар соли 2011 рекламадиҳандагон ба ВАО бе ҳисоби андози арзиши иловашуда 263 миллард рубл (тақрибан 8,766 миллиард доллар) масраф карданд, ки нисбати соли 2010 21 фоиз зиёд аст. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли бӯҳронии соли 2008 (254 миллирд рубл) 4 фоиз зиёд аст, вале ин маънои онро надорад, ки даромади воқеии ВАО аз ҳисоби реклама афзуда бошад. Директори пажӯҳиши бозори Маркази таҳлилии «Видео Интернешнл» Сергей Веселов мегӯяд, ки дар ҳамин давра бино ба маълумоти расмии оморӣ таваррум дар Русия 25,6 фоиз буд ва афзоиши воқеӣ дар бозори реклама ба назар намерасад. Бинобар ин, ҳоло дар бораи эҳёи бозори реклама ҳарф задан барвақт аст. Александр Ефремов, коршиноси шӯъбаи таҳқиқоти матбуоти бозори Маркази таҳлилии «Видео Интернешнл» низ ин ақидаро ҷонибдорӣ карда мегӯяд, ки наметавон аз тамом шудани бӯҳрон ва барқароршавии ин соҳа ҳарф зад .
Қобили зикр аст, ки феълан матбуоти хусусӣ аксаран инҳисор гардида, ба ягон соҳибкор тааллуқ доранд ва фаъолияти онҳо ба муассис иртибот мегирад. Масалан, 21 феврали соли 2012 муассиси рӯзномаи ҷамъиятиву сиёсии «Новая газета»-и Русия соҳибкор Александр Лебедев изҳор дошт, ки суратҳисоби шахсиаш, ки кӯмакҳои хайрия аз он сурат мегиранд, пул надорад ва ӯ наметавонад нашрияро маблағгузорӣ кунад . Рӯзномаи мазкур аз соли 1993 дар Маскав чоп шуда, дар минтақаҳои Федератсияи Русия низ ба табъ мерасад. Ахиран, дар охири моҳи феврали соли 2012 тиражи рӯзнома беш аз 270 ҳазор нусха буд.
Ба гуфти А. Лебедев ӯ ҳар моҳ ба суратҳисоби рӯзнома аз 6 то 8 миллион рубл (тақрибан 200 — 266 ҳазор доллар) мегузаронд. Раиси Иттифоқи журналистони Русия Всеволод Богданов мегӯяд, ки «Новая газета» реклама надорад ва маводи фармоишӣ чоп намекунад, бинобар ин, пурра аз маблағгузории А. Лебедев вобастагӣ дорад . Албатта, ин гуфтаҳои Богданов чандон воқият надоранд, зеро рӯзнома ва сомонаи «Новая газета» реклама чоп мекунанд ва шӯъбаи махсуси реклама низ дар он мавҷуд аст. Шояд харҷи рӯзнома аз даромадаш зиёд бошад, ки ба ин ҳол гирифтор шудааст. Вале ба ҳар сурат рӯзнома чоп шуда истодааст.
Мувофиқи моддаи 12-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» (2003) дар матбуоти даврии давлатӣ, ки барои ахбор ва маводи хусусияти рекламавӣ дошта махсус гардонида нашудаанд, реклама набояд аз 25 фоизи ҳаҷми як шумораи нашрияи матбуоти даврӣ ва дар матбуоти даврии ғайриҳукуматӣ ин ҳаҷм набояд аз 40 фоиз зиёд бошад. Мутаассифона, ноширони тоҷик на ҳамеша аз ин ҳуқуқи худ истифода мекунанд. Аз нашрияҳои давлатӣ танҳо газетаи «Ҷумҳурият» қариб дар ҳар як шуморааш 25 фоизи маводи умуми нашрия эълону реклама чоп мекунад. Аз нашрияҳои хусусӣ танҳо газетаи «Asia-Plus» дар ҳар шуморааш то 40 фоизи ҳаҷми умумӣ аз эълону реклама истифода мебарад.
Агар дар хориҷа фаъолияти нашрияҳо асосан аз ҳисоби даромад аз реклама сурат гирад, дар Тоҷикистон фаъолияти нашрияҳо ба фурӯши чаканаи тираж вобаста аст. Зеро даромади газетаҳо аслан аз фурӯши нашрия ба даст меояд. Танҳо чанд рӯзнома аз қабили «Asia-Plus», «Тоҷикистон», «Ҷумҳурият» аз реклама даромади бештар мегиранд. Нашрияҳои дигари хусусиву давлатӣ аҳён-аҳён реклама чоп мекунанд ва маблағи он дар даромади газета ҳиссаи ночизро ташкил мекунад. Дар ҳамин ҳол нархи рӯзномаҳо дар муқоиса бо маоши хонандаҳо нисбати дигар кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон гарон аст. Обунаи солонаи газетаи «Ҷумҳурият»-93 сомонӣ, «Минбари халқ»-72 сомонӣ, «Нигоҳ»- 75 сомонӣ барои соли 2012 аст. Дар ҳамин ҳол нархи чаканаи рӯзномаҳо дар шаҳри Душанбе аз 1 сомону 70 дирам то 2 сомонӣ ва дар навоҳии дур аз пойтахт аз ин ҳам гаронтар мебошад. Нархи мазкур дар муқоиса бо дигар кишварҳо хеле гарон аст. Масалан, нархи обунаи солонаи газета дар Ҳиндустон ба 5 доллар баробар буда, як шумораи он ба 7 сент (34 дирам) фурӯхта мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон тиражи газетаҳои давлатӣ ва ба он наздик зиёданд, зеро онҳо аз ҷониби мансабдорон иҷборан обуна карда мешаванд. Масалан, ҳоло (моҳи апрели соли 2012) аз ҳама зиёд тиражи органи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон газетаи «Минбари халқ» аст, ки бо теъдоди 44592 нусха чоп мешавад. Газетаи расмии Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон «Ҷумҳурият» бо теъдоди 31390 нусха ба табъ мерасад. Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» бошад, 26782 нусха тираж дорад. Ҳафтаномаи соҳавии Вазорати маорифи Тоҷикистон «Омӯзгор» аз рӯи тираж дар зинаи чорум қарор дошта, бо теъдоди 25426 нусха чоп мешавад. Ҳатто нашрияи Ҳукумати Тоҷикистон ба забони русӣ — «Народная газета» бо тиражи 6025 нусха ба табъ мерасад, ки ин аз аксари газетаҳои хусусии ҷамъиятиву сиёсӣ зиёд аст. Масалан, ҳоло тиражи нашрияҳои «Наҷот»-5065 нусха, «Нигоҳ»-4000 нусха, «Миллат»-2500 нусха, «Имрӯз News»- 2500 нусха ва «Вечерный Душанбе» -2230 нусха мебошад.
Дар ҳамин сурат газетаи «Asia-Plus», ки даромадаш асосан аз ҳисоби эълону рекламаи созмонҳои хориҷӣ ба даст меояд, дар байни нашрияҳои ҷамъиятиву сиёсӣ бо тиражи аз ҳама зиёд — 11000 нусха чоп мешавад. Нашрияи аз ҳама қадимаи хусусии давраи Истиқлол «Чархи гардун» бошад, ҳамагӣ 6445 нусха тираж дорад. Ҳафтаномаи дар замони Шӯравӣ маъруфи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» феълан бо тиражи 6376 нусха чоп мешавад.
Ноширони тоҷик мегӯянд, ки агар тиражи нашрия аз 3 ҳазор нусха зиёд бошад, вай фоиданок аст. Ҳамин аст, аксари ноширон барои чопи эълону реклама, ки бозораш аллакай аз ҷониби чанд расона инҳисор гардидааст, чандон талош намекунанд.
Асомиддин Суннатӣ, муассиси нашрияи «Муҳаббат ва оила», ки бо тиражи 4 ҳазор нусха чоп мешавад, мегӯяд, ки намехоҳад аз касе вобаста бошад. Ӯ барои чопи нашрияҳои худ аз касе ё созмоне маблағ (бурс) нагирифтааст ва намехоҳад ба даромади реклама вобаста бошад. Аз ин рӯ, вай аслан дар нашрияҳои худ реклама чоп намекунад ва даромади нашрияҳояш аз фурӯши тиражи газета ба даст меояд.
Дар ИМА 88 фоизи тиражи нашрияҳо аз тариқи обуна ва 12 фоиз аз тариқи фурӯши чакана паҳн карда мешаванд .
Бояд гуфт, ки дар ИМА харҷи интиқоли газета тавассути почта ба обуначиён аз ҳисоби маблағи нашрияҳо сурат гирифта, ба манфиати муштариён аст. Масалан, нархи обунаи як шумораи газетаи «Тhe Washington Post» дар ИМА тақрибан 35 сент мешавад. Нархи мазкур албатта, нисбати маоши америкоиён хеле арзон аст. Дар Русия ва Тоҷикистон бошад, почта барои ба муштариён расонидани нашрияҳо ба нархи редаксия хизматонаи худро зам мекунад ва дар натиҷа қимати обуна меафзояд. Масалан, нархи як шумораи «Аргументы и Факты» дар Русия барои обуна 70 сент дар ИМА 5,79 доллар аст. Дар Тоҷикистон низ нархи обунаи газетаҳо гарон аст. Масалан, нархи обунаи як шумораи газетаи «Нигоҳ» тақрибан 25 сент аст. Бояд гуфт, ки дар ИМА тарифи интиқоли нашрияҳо аз тариқи почта таҳти назорати қатъии ҳукумат аст ва ин як навъ механизми мусоидат ба ноширон мебошад.
Чӣ тавре ки гуфтем, даромади асосии нашрияҳо дар хориҷа аз реклама аст ва тиражи ин нишондиҳанда барои ҷалби реклама мебошад. Ҳамин аст, ки дар ду давлати Аврупо — Ирландия ва Люксембург теъдоди рӯзномаҳои ройгони якшанбегӣ аз рӯзномаҳои пулакӣ афзуд. Дар Македония, Италия ва Португалия ин нишондиҳанда 40 фоиз ба 50 фоиз аст .
Дар 18 мамлакат ҳаҷми бозори газетаҳои ройгон 20 фоизро ташкил медиҳад. Дар Чилӣ ин нишондиҳанда 30 фоиз ва дар Доминикан 50 фоиз аст. Тиражи аз ҳама зиёди газетаҳои ройгон дар ИМА ва Канада мутаносибан рӯзе 2,4 миллион ва 1,5 миллион нусхаро ташкил медиҳанд.
Аз рӯи пажӯҳиши сотсиологӣ қариб 51 фоизи аҳолии калонсоли ИМА пайваста газета мутолиа мекунанд. Солҳои охир ба афзоиши Интернет ҷавонон бештар ба он рӯ меоранд. Ҷавонони америкоии то 30-сола 59% (соли 2007- 34%) иттилоъро бештар аз Интернет мегиранд. Ҳамин аст, ки тиражи газетаҳо рӯ ба кам шудан доранд. Вале шумораи онҳое, ки рӯзномаро аз Интернет мехонанд, афзуда истодааст. Аз ҷумла, аз ҳар панҷ нафаре, ки вуруди Интернет мешавад, ҳатман яке аз он ҷо газета мехонад. Ин нуктаро ба эътибор гирифта, ҳоло беш аз 2200 газетаи америкоӣ сайти худро дар Интернет боз кардаанд. Аз рӯи пажӯҳиши Оҷонсии Pew Research Center, ки аввали соли 2011-ум гузаронидааст, 46 фоизи сокинони ИМА ҳафтае камаш се маротиба ахборро аз Интернет мутолиа мекунанд. Муштариёни рӯзномаву маҷаллаҳои коғазӣ бошанд, ба 40 фоиз мерасанд .
Нишондиҳандаи мазкур дар Россия нисбатан камтар аст ва матбуоти чопӣ афзалият дорад. Ба иттилои роҳбари Оҷонсии федералии матбуот ва иртиботи оммаи Россия Михаил Сеславинский 24 фоизи шаҳрвандони ин кишвар дар соли 2011 Интернетро манбаи асосии дастрасӣ ба иттилоот донистаанд .
Ба иттилои Бюрои аудити тираж (Audit Bureau of Circulations, ABC) рӯзномаи «The Wall Street Journal» бо тиражи миёнаи ҳаррӯзаи 2,1 миллион нусха сертеъдодтарин нашрияи ИМА дар соли 2011-ум дониста шудааст . Дар рейтинги мазкур бо тиражи якрӯзаи 1,78 миллион нусха ҷои дуюм насиби рӯзномаи «USA Today» гардид. Рӯзномаи «The New York Times» бо нишондиҳандаи 1,15 миллион нусха газета дар як рӯз дар ҷои сеюм аст. Албатта, ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои пешин кам аст. Масалан, газетаи «USA Today» соли 2008-ум бо тиражи 2 миллиону 250 ҳазор нусха чоп шуда, дар ИМА аз сертеъдодтарин рӯзнома маҳсуб мешуд. Рӯзномаи «The New York Times» бошад, соли 2005-ум дар рӯзҳои муқаррарӣ бо тиражи 1 миллиону 131 ҳазор нусха ва рӯзҳои якшанбе бо теъдоди 1 миллиону 681 ҳазор нусха ба табъ мерасид.
Бюрои аудити тираж нашрияҳои маъруфи электрониро низ муайян кард. Ба иттилои он сомонаи рӯзномаи «The Wall Street Journal», ки қисман пулакӣ аст, дар ҷои аввал меистад. Сомонаи мазкур 537,4 ҳазор нафар обуначӣ дорад. Дар байни газетаҳои интернетӣ сомонаи «The New York Times» бо 380 ҳазор обуначӣ дар ҷои дуюм қарор дорад. Дар рейтинг сомонаи газетаи «The New York Daily News», ки 165,4 ҳазор обуначӣ дорад, ҷои сеюмро гирифтааст.
Бояд гуфт, ки бӯҳрони ҷаҳонии молиявии соли 2008-ум, ки ҳоло ҳам оқибатҳояш рафъ нашудаанд, ба матбуоти ИМА таъсири манфӣ расонид. Аз як ҷониб, тиражи рӯзномаву маҷаллаҳо кам шуда бошанд, аз ҷониби дигар, ҳаҷми реклама коҳиш ёфт. Ин ҳама водор кард, ки ноширон фаъолияташонро камхарҷ карда, аз паи ҷустуҷӯи роҳҳои нави дарёфти маблағ шаванд. Роҳандозии технологияҳои нави иттилоотӣ имконияти наверо барои матбуоти электронӣ ба вуҷуд оварданд. Аз ҷумла, соли 2010 замимаҳои нави чопи рақамӣ барои матбуоти даврӣ ба вуҷуд омаданд. Ҳоло аксари рӯзномаву маҷаллаҳои машҳур қаринаи худро барои планшетҳои iPhon ва iPad омода мекунанд. Ба иттилои рӯзномаи «The Financial Times» газетаи маъруфи бритонии «The Daily Telegraph» моҳи майи соли 2011 барои планшети iPad замимаи пулакиро роҳандозӣ кардааст. Арзиши як шумораи газета барои iPad 1,19 фунт стерлинг буда, обунаи ҳафтаина 9,99 фунт стерлинг қимат дорад .
Аз ин қабл медиамагнат Руперт Мердок ва собиқ сарвари корпоратсияи «Apple» шодравон Стив Ҷобс аввали соли 2011 лоиҳаи нави газетаи электронии «The Daily»-ро барои муштариёни компютерҳои планшетӣ ба мисли iPad амалӣ карданд. Нашрияи нав ба таври автоматӣ дар планшет боз гардида, барои як ҳафта ҳамагӣ 99 сент ва барои як сол 39,99 доллар арзиш дорад. «The Daily» аввалин газетаи планшетии iPad дар ҷаҳон буда, ба дигар шакли электронӣ ва коғазӣ ба табъ намерасад.
Ба иттилои сомонаи guardian.co.uk моҳи октябри соли 2011 «The Daily» ҳафтае 120 ҳазор хонанда дошта, ба ҳисоби миёна 80 ҳазор нафар ҳафтае ҳар яке 99 сент мепардозанд, то ки ин газетаи электрониро мутолиа намоянд. Тӯли 8 моҳи охири соли 2011 аз нашрияи мазкур ба ҳисоби миёна ҳафтае 120 ҳазор нафар истифода карданд, ки ин аз теъдоди муштариёни ба нақша гирифта шуда хеле кам аст. Барои баргардондани 30 млн. доллари ИМА, ки барои сохтани платформаи мазкур сарф шудааст, теъдоди муштариёни «Тhe Daily» бояд ҳафтае ба 500 ҳазор нафар расад.
Ҳамчунин аксари нашрияҳои ИМА қаринаи электронии газетаашонро пулакӣ карданд, то аз ин ҳисоб низ маблағе ба даст оранд. Ин ҳамаро метавон дар фаъолияти рӯзномаи «The New York Times» мушоҳида кард.
Газетаи «The New York Times» аз қадимтарин нашрияи ИМА буда, аз соли 1851 чоп мешавад. Феълан нашрияи номбурда аз рӯи маъруфият ва тираж сеюмин рӯзномаи ИМА маҳсуб шуда, сомонаи он соли 1996 таъсис ёфтааст. Ҳанӯз дар нимаи солҳои 2000-ум рӯзномаи «New York Times» дастрасӣ ба сомонаашро пулакӣ карда буд, вале баъди чанд вақт бинобар бесамар буданаш аз ин иқдом даст кашид. Баъдан хароҷоти сомонаи рӯзнома аслан аз маблағи реклама пӯшонида мешуд. Моҳи ноябри соли 2010 маъмурияти газетаи «The New York Times» якҷоя кардани редаксияи интернетӣ ва чопии рӯзномаро эълон намуд . Шӯъбаҳои сомона бо шӯъбаҳои худи редаксияи газета якҷоя карда шуданд. Ин имконият дод, ки нерӯи эҷодӣ самаранок истифода карда шаванд. То ин вақт сомонаи газетаи «The New York Times» аз редаксияи алоҳида иборат буд. Яке аз сабабҳои асосии ба ин амал даст задании маъмурият, коҳиш додани хароҷоти аслӣ мебошад. Масалан, дар семоҳаи чаҳоруми соли 2010 танҳо болоравии нархи коғаз хароҷоти газетаро нисбати ҳамин давраи соли 2009 13 миллион доллар зиёд кард. Барои пӯшонидани хароҷот ширкати «The New York Times Company» аз 28 марти соли 2011 дастрасӣ ба сомонаи рӯзномаро пулакӣ кард. Ҳоло барои маҷмӯи обуна барои қаринаи электронӣ ва замима барои коммуникатор моҳе 15 доллар пардохтан лозим аст. Ҳамин маҷмӯа бо замима барои планшет моҳе 20 доллар ва ҳамаи маҷмӯи хизматрасониҳои онлайн 35 доллар қимат дорад. Обунаи чопии солонаи газета бошад, 770 доллар аст.
Дар ҳамин ҳол даромади «The New York Times Company», ки ба ғайр аз рӯзномаи «The New York Times» боз газетаҳои «The Boston Globe» ва «The International Herald Tribune»-ро чоп мекунад, дар семоҳаи дуюми соли 2011 нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 2,2 фоиз кам шуда, 576,7 миллион долларро ташкил дод. Қисми асосии даромади ширкат аз реклама — 302, 2 миллиона доллар ба даст омада, маблағи боқимондаро фурӯши тиражи газета овардааст. Фоидаи софи ширкат дар ҳамин давра 32 миллион доллар буда, зиёни соф — 119,7 миллион долларро ташкил додааст .
Қобили зикр аст, ки даромади қаринаи онлайнии газетаи «Тhe Washington Post», ки аз реклама ба даст меояд, дар 9 моҳи соли 2010 14 фоиз ё ин ки то 77,8 миллион доллар афзуд. Дар ҳамин ҳол аз соли 2011 обуна ба қаринаи электронии «Тhe Washington Post» пулакӣ гардида, он моҳе ба 9,95 доллар баробар аст. Албатта, ин ягона чораи дарёфти маблағ нест. Редаксияи газетаи «Washington Post» барои дарёфти даромад аз роҳу усулҳои нав истифода мекунад .
Солҳои 1970-2000 маблағгузорӣ кардани ягон фестивал ё чорабинии ҷамоатҳои маҳаллӣ имиҷи газетаро баланд мекард. Ҳоло ташкили маъракаҳои гуногун бо маблағи сарпарастон яке аз роҳҳои дарёфти даромади иловагӣ барои редакция мебошад. Масалан, барои ҷалби таваҷҷӯҳи муштариён ба ягон масъала редаксия маъракаеро бо иштироки коршиносони маъруф мегузаронад.
Фиристодани номаҳои электронӣ аз рӯи дархости муштариён низ метавонад даромад орад. «The Washington Post» барои хонандаҳо беш аз 50 намуди хизматрасонии электрониро ба роҳ мондааст, ки баъзеи онҳо ҳаррӯза ва ё ҳарҳафтаина мебошанд. Асосан мӯҳтавои ин хизматрасонӣ аз мундариҷаи «The Washington Post» гирифта шуда, вобаста ба завқу табъи муштариён саҳифабандӣ шудаанд. Барои обуначиён паёмҳои мазкур ройгон буда, сарпарастону рекламадиҳандагон маблағи онро мепардозанд. Дар паёмҳо албатта, ҳиссаи реклама маҳдуд карда шудааст.
«The Washington Post» хизмати ба телефонҳои мобилӣ ва планшетҳои компютерӣ фиристодани ахборро низ анҷом медиҳад.
Рӯзнома барои сервиси коллективии тахфифи «Групон» (Groupon) пешниҳоди махсус мекунад. Муштариён аз сомонаи groupon.com барои маҳсулот ё хизматрасонии пешниҳодшуда купони тахфиф харида, дар мағоза онро ба фурӯшанда пешниҳод мекунанд. Хидматрасонии мазкур моҳи ноябри соли 2008 таъсис ёфта, дар соли аввал гардиши маблағи сомона ба 94 миллион доллар расида буд. Бояд гуфт, ки воҳидҳои ин сервис дар Русия (groupon.ru) ва Ӯзбекистон (groupon.uz) низ ҳастанд .
«The Washington Post» Ҳамчунин дар оянда ҷойгир кардани рекламаро дар видеодисплейҳо низ ба нақша гирифтааст.
Соли 2011 «The Washington Post» ду лоиҳаи навро барои дарёфти даромад роҳандозӣ кард. Аз ҷумла, моҳи феврали соли 2011 лоиҳаи Social Code (коди иҷтимоӣ) шурӯъ шуд. Он ба муштариён хизматрасонии машваратиро пешниҳод мекунад. Духтари раиси ширкат Лора Грэм роҳбарии ин лоиҳаро ба дӯш дорад. Лоиҳа ба ширкатҳо дар масъалаи ҷойгир кардани реклама дар Facebook машварат медиҳад. Бояд гуфт, ки раиси ширкат Дон Грэм узви шӯрои директорони Facebook мебошад. Ҳамчунин ӯ бо муассиси Facebook Марк Сукерберги 28-сола дӯстӣ дошта, ба ӯ ҳаққи устодӣ дорад. Аз ин рӯ, амалӣ гардидани лоиҳаи мазкур ба ин омилҳо иртибот мегирад.
Баҳори соли 2011 рӯзномаи «The Washington Post» навоварии дигареро ҷорӣ карда, платформаи маҷмӯи хабарҳоро дар мавзӯъҳои гуногун (Trove) таъсис дод. Ин имконият медиҳад, ки муштарӣ хабарҳои мароқангезро аз рӯи мавзӯи дархостшуда бе реклама пулакӣ дастрас намояд.
Соли 2012 барои кам кардани хароҷот бо қарори роҳбарияти рӯзномаи британии «The Independent», ки ба соҳибкори рус Александр Лебедев тааллуқ дорад, шумораи ройгони нашрия, ки дар фурудгоҳу тайёраҳо, меҳмонхонаву қаҳвахонаҳо ва ғайра паҳн карда мешуданд, кам гардид . Соли 2011 тақрибан 45 фоизи тиража газета — 83 ҳазор нусха (аз 182 ҳазор нусхаи умумӣ) бепул паҳн карда мешуд. Акнун тиражи ройгони газета 10 хазор нусхаро ташкил мекунад.
Бӯҳрони ҷаҳонии молиявии соли 2008 ноширонро маҷбур кард, ки барои коҳиш додани хароҷот шумораи кормандонашонро ихтисор кунанд. Аз ҷумла, ҳоло теъдоди кормандони шӯъбаҳои ахбори нашрияҳои ИМА нисбат ба соли 2000 30 фоиз кам аст.
Роҳбарияти газетаи «The Washington Post» барои кам кардани хароҷот соли 2009 3 бунгоҳи охирини хабариашро дар ИМА, ки дар шаҳрҳои Лос-Анҷелес, Ню-Йорк ва Чикаго буд, баст . Соли 2008 «The Washington Post» 192,7 миллион доллар зиён дид. Ҳол он ки соли 2007 нашрия 66,4 миллион доллар фоида гирифта буд. Сабаби зиёновар шудани нашрия ба кам шудани реклама ва коҳиш ёфтани тиражи газета иртибот мегирад. Барои кам кардани хароҷот нашрия маҷбур шуд кормандонашро низ ихтисор кунад. Ин амал имкон дод, ки «The Washington Post» дар соли 2009 даромадашро то 70 фоиз зиёд кунад, вале дар ҳамин ҳол ҳам нашрия зиёновар боқӣ монд.
Ҳиндустон аз кишварҳоест, ки он ҷо матбуоти коғазӣ рушд дорад ва аз 70 то 80 фоизи даромади газетаҳо аз реклама ба даст меояд . Даромади боқимондаро фурӯши чакана ва обуна ташкил медиҳанд. Дар Ҳиндустон арзиши обуна ба газетаҳо хеле арзон буда, соле ба 5 доллари ИМА мерасад. Ин ба арзиши як шумораи якшанбегии рӯзномаи «The New York Times» баробар аст. Дар ҳамин ҳол наметавон гуфт, ки ноширони ҳиндӣ бартарияте дошта бошанд. Зеро хароҷоти чопу паҳнкунии газета аз чор се ҳиссаи арзиши аслии рӯзномаро ташкил медиҳад. Тафовут дар он аст, ки газетаҳо дар Ҳиндустон ҳамагӣ ба 7 сент фурӯхта мешаванд ва даромад меоранд. Яке аз сабабҳои ин кам будани теъдоди рӯзноманигорон дар штати газетаҳо аст. Масалан, соли 2010 дар газетаи «The New York Times» 1150 нафар журналистон кор мекарданд. Штати журналистони газетаи «The Wall Street Journal» ба 750 нафар ва газетаи «The Washington Post» тақрибан 740 нафар баробар буд. Дар маҷмӯъ тиражи умумии ин рӯзномаҳо бо обуна ба қаринаи электронӣ ба 3,9 миллион нусха мерасид. Ин дар ҳолест, ки «The Times of India» ҳамарӯза бо тиражи 4 миллион нусха ба табъ мерасад ва дар он ҳамагӣ 1 ҳазор нафар журналистон кор мекунанд. Бояд зикр кард, ки дар Ҳиндустон 47 фоизи хароҷот барои реклама ба матбуот рост меояд ва ин яке аз сарчашмаҳои асосии даромади нашрияҳо маҳсуб мешавад. Ин нишондиҳанда дар ИМА камтар аз 15 фоиз аст. Дар Ҳиндустон бо афзоиши технологияҳои иттилотӣ ҳанӯз ҳам истифода аз Интернет барои мутолиаи нашрияҳо чандон зиёд нест. Ҳамагӣ 10 фоизи аҳолӣ сомонахонӣ мекунанд, ки ин тақрибан ба 120 миллион нафар баробар аст. Ба қавли мудири қаринаи электронии маҷаллаи «Forbes India» Дипак Аҷвонӣ теъдоди маҳдуди аудиторияи нашрияҳои электронӣ ҳамагӣ 225 миллион доллари ИМА аз реклама даромад меоранд ва ин тақрибан 3,5 фоизи бозори рекламаи ВАО-и Ҳиндустон мебошад .
24 феврали соли 2012 мухбири «Life News Online» иттилоъ дод, ки бузургтарин шабакаи интишороти ИМА «Gannett» дар бораи аз қаринаҳои электронии 80 газетаи ҳаррӯзаш гирифтани пардохтро эълон кардааст . Интизор аст, ки навоварии мазкур аз соли 2013 –ум шурӯъ карда 100 млн. доллари иловагӣ даромад меорад. Дар ҳамин ҳол дастрасии сомонаи дуюмин рӯзномаи бузургтарини ИМА «USA Today», ки маҳсуби ширкати «Gannett» мебошад, ройгон боқӣ мемонад.
Қобили тазаккур аст, ки феълан дар Русия маводи аксари газетаҳои интернетӣ ройгон аст ва расонаҳо аз ҳисоби ҷойгир кардани реклама дар сомонаашон даромад ба даст меоранд. Дар ҳамин ҳол газетаи «Ведомости» аз 30 майи соли 2011 дастрасӣ ба қаринаи онлайни худро маҳдуд кард ва акнун маводро пурра дар Интернет шахсоне, ки сабти ном шудаанд ва онҳое, ки ба маҷмӯи хизмати обунаашон қаринаи электронӣ шомил аст, мутолиа карда метавонанд. Навоварии дигари рӯзнома он аст, ки дастрасӣ ба бойгонии рӯзнома пулакӣ мебошад. Воқеан, рӯзномаи «КоммерсантЪ» низ дастрасӣ ба бойгониашро пулакӣ кардааст, вале худи сомонаи газета бепул аст.
Дар Тоҷикистон низ аксари рӯзномаҳои маъруф сомонаи худро доранд ва дар он маводашонро ройгон мегузоранд.
Аз рӯи пешгӯии Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии газетаҳо (WAN-INFRA) дар оянда даромади асосии газетаҳо (аз реклама) метавонад аз ҳисоби қаринаҳои интернетии онҳо ба даст ояд. Зеро сол то сол шумораи хонандагони сомонаи рӯзномаҳо афзуда истодаанд. Масалан, сомонаи рӯзномаи британии «The Guardian»-ро моҳе 37 миллион нафар, сомонаи газетаи «Комсомолская правда»-ро 12,5 миллион нафар мутолиа мекунанд. Ба қавли директори генералии чопхонаи «Комсомолская правда» Владимир Сунгоркин ҳиссаи Интернет дар даромади рекламаи газета тӯли панҷ соли оянда метавонад аз 8 то 40 фоиз афзояд .
Пешгӯии мазкур аллакай воқеият гаштааст. Аз ҷумла, ба маълумоти Оҷонсии eMarketer, ки 23 январи соли 2012 пахш кардааст, дар ИМА соли равон хароҷот барои реклама дар интернет 23,3 фоиз афзуда, то ба 39,5 миллиард доллар мерасад, ки ин бори аввал нисбат ба расонаҳои чопӣ зиёд аст. Аз рӯи ҳисоби оҷонсии мазкур матбуоти ИМА дар соли 2012 аз реклама 33,8 миллиард доллар даромад ба даст меорад .
Соли 2011 дар ИМА барои реклама дар Интернет 32,03 миллиард доллар ва барои реклама дар матбуот 36 миллиард доллар масраф шудааст. Аз ин маблағи охирин 20,7 миллиард доллар барои реклама дар маҷаллаҳо ва 15,3 миллиард доллар барои реклама дар газетаҳо харҷ гардидааст.
Дар Россия бошад, даромад аз реклама дар Интернет ҳанӯз соли 2011 нисбат ба матбуот афзуда буд. Аз рӯи маълумоти газетаи «Ведомости» дар семоҳаи сеюми соли гузашта барои рекламаи интернетӣ дар Россия 10,5 миллиард рубл (337620578 доллар) ва ба реклама дар матбуот 8,6 миллиард рубл (276527331 доллар) масраф шудааст.
Оҷонсии eMarketer дар оянда боз ҳам коҳиш ёфтани рекламаро дар матбуот пешгӯӣ мекунад. Ба маълумоти оҷонсӣ дар ИМА соли 2016-ум хароҷот барои реклама дар Интернет ба 62 миллиард доллар мерасад. Пешгӯии мазкур расонаҳои чопиро маҷбур мекунад, ки барои касод нашудан роҳҳои нави гирифтани даромадро пайдо бикунанд.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: