25 СОНИЯ ВА ҶОНИ ИНСОН



25 СОНИЯ ВА ҶОНИ ИНСОН

Қаҳрамони филми «Платина» А. Гриневский мегӯяд, ки дар ин ҷомеаи муосир ҳама чиз қимат дорад, ба ҷуз ҷони инсон. Воқеан ҳам, ӯ дуруст мегӯяд. Дар ҷомеаи сармоядорӣ қимати инсон ҳеҷ аст. Ба вежа, вақте ки ҷомеаро фасод задаасту қонун барои мансабдорону бойҳо вуҷуд надорад ва онҳо «худро шоҳу табъашонро вазир» медонанд.
Субҳи 20 март ба кор мерафтам. Барфи дирӯза, ки танҳо шаб аз боридан монд, заминро пурра пӯшонида, танҳо дар роҳи пиёдагард бо пайраҳаҳое, ки хеле тангу танҳо ду нафар меғунҷиданд, ҳаракат кардан мумкин буд. Дар роҳҳои мошингард аҳён-аҳён нақлиёт ба назар мерасид. Агарчи барфи роҳҳои мошингардро мутасаддиён тоза кардаанд, вале роҳҳо аз сардии шабона ях карда буданд ва шояд иллати каммошинӣ ҳам ҳамин буд. Ман соати тақрибан 7 –у 50 дақиқа ҳангоми сабз будани чароғаки пиёдагардони светафори назди Ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон аз қисми шимолии роҳ ба ҷанубаш мегузаштам, ки аз ғарб як мошини «Hyundai-Tucson»-и хокистарранг бо рақами 18-81 (мутаассифона, дар он ҳолат серияаш дар хотирам намондааст) бо суръати баланд сигнал дода омад ва ба сурхии чароғак нигоҳ накарда, гузашта ба дасти рост тоб хӯрд. Ман ки ба нимаи дуюми роҳ расида будам, худро зуд ақиб гирифтам, вагарна мошин зер мекард. Дар сари фармони мошин марди аз 50-сола боло менишаст, ки галстуки сурх дошт. Ба худ андешидам: «Чӣ ронандаи саросемае буд, ки 25 сония (фосилаи гузаштан аз ранги сабз ба сурх ҳамин қадар аст) дар светафор наистод».
Мошин паҳлуи вазорат истод ва аз он зане берун шуд. Ба дил гуфтам, ки ҳоло бо ронанда барои зери хатар гузоштани ман сӯҳбат мекунам. Вале ронанда зуд мошинро ба роҳ даровард. Он зани аз мошин беруншуда аз роҳ сӯи бинои Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон гузашт ва бо ман рӯ ба рӯ шуд. Бо хонум салом карда, пурсидам, ки ронандаи ҷипро мешиносед. Ӯ гуфт, ки шавҳараш аст.
-Куҷо кор мекунад, ки чунин шитоб дошт ва қариб маро зер мекард?-пурсидам.
-Ту худут, кӣ ҳастӣ, бугу. Тура нишон метия, -гуфт ӯ ва сӯи вазорат роҳ гирифт.
Ана, ин аст фарҳанги шахсе, ки дар идораи давлатӣ кор мекунад. Шахси бофарҳанг бошад, аз номи шавҳараш бахшиш мепурсид.
Маро андешае пеш омад, ки имрӯз сари қудрат чунин нафарони галстукдоранд, ки аз фарҳанги инсонӣ бегона буда, барояшон риоя кардаи қоидаи ҳаракат дар роҳ хушоянд нест. Пас ин тоифа ҳар замон метавонанд, ки қонунҳоро зери по зананд!
Ин тоифа фаромӯш мекунанд, ки дар ин ҷомеа пеш аз ҳама бояд одам буд. Зеро мансабу пул гузарон аст. Ман борҳо дидаам, ки чун ин тоифа аз вазифа мераванд, дигар касе саломашон намекунад ва радди маърака мешаванд. Дунё ҳамин аст, ки гаҳе дар зину гаҳе зин дар пушт хоҳӣ буд!
Ҷовид Муқим

Реклама

4 комментария

  1. Posted by Фаридун on Апрель 13, 2012 at 11:25 дп

    Охир инхо фаромуш кардаанд,ки «… давлат баъди дав лат дорад…»

    Ответить

  2. Озурда нашавед, устод!
    «Адабро аз ки омухти?
    Аз беадабон!»
    Мутасифона, сохти магзи сари инхо чунин аст, ки на аз адабдору на аз беадаб меомузанд. Яъне холо хам маймун…

    Ответить

  3. Аблаҳсифатонанд, ки ҷомеаро ба мутаҳамӣ оварда расонидаанд. Муҳим ин аст, ки устоди мо сиҳату саломат аст! Озурда мабош устод марг дар дасти Худованд аст!

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: