Проблемаҳои журналистикаи муосир



Проблемаҳои журналистикаи муосир

Ҷовид, Муқим,
доктори умуми филология, профессор

Журналистикаи муосир дар иртибот ба рушди ҷомеа мувоҷеҳи мушкилоти гуногун мебошад, ки аз ҳалли онҳо бунёди ҷомеаи демократӣ вобаста аст.
Проблемаи аввал, ин вобастагии иқтисодии ВАО аз маблағгузорӣ мебошад. Мушкилоти мазкур имрӯз аксари ВАО-ро домангир буда, ба мӯҳтавони он таъсири амиқ гузоштааст. Яъне ҳар он касе, гурӯҳе, ки ВАО-ро маблағгузорӣ мекунад, ба мавзӯъ ва мундариҷаи он дахолат мекунад ва мӯҳтавои нашрия аз иродаи сармоягузор вобастагӣ дорад. Сарпарастон лаҷоми идораи ВАО-ро дар даст дошта, фаъолияти онро вобаста ба манфиати худ равона мекунанд.
Всеволод Богданов, раиси Иттифоқи журналистони Русия дар Рӯзи матбуот- 13 январи соли 2012 аз мушкилоти мазкур изҳори нигаронӣ карда, ба ОИ «Интерфакс» гуфтааст, ки «Воқеан ҳам, чунин фишороварӣ вуҷуд дорад ва он аз ҷониби политтехнологҳо, сохторҳои иртибот бо ҷомеа тавассути маблағгузорӣ аз ҷониби соҳибони ин ВАО сурат мегирад. Мутаассифона, ин амали нангин бештар маврид истифода мешавад» . Ҳамин аст, як гурӯҳи ВАО аз рӯи супориши сармоягузорон фаъолият карда, ба муштариён ҳамон иттилоъро пешниҳод мекунанд, ки ба манфиати фармоишгарон аст. Мутаассифона, ин амал дар Тоҷикистон низ ба назар мерасад.
Бояд гуфт, ки ВАО-и давлатӣ аз муассисони худ вобастагии зиёд дошта, аз хати маши онҳо берун намеравад. Ба қавли сармуҳаррири рӯзномаи «Московский комсомолетс» Павел Гусев ВАО-и минтақавӣ аз ҳукумати маҳаллӣ вобастагии зиёд дорад. Ин гуфтаҳоро метавон ба ВАО-и Тоҷикистон низ нисбат дод. Дар воқеъ он ВАО-ки дар маҳалҳо фаъолият доранд, новобаста аз шакли моликияташон ҳеҷ гоҳ бар зидди ҳукуматдорони маҳаллӣ намебароянд ва ҳамеша бо онҳо муросо мекунанд. Зеро демократия аксаран дар марказ-пойтахт аст, дар маҳалҳо бошад, «хӯҷаин»-ҳо дигару тавонотаранд.
Қобили зикр аст, ки феълан матбуоти хусусӣ аксаран инҳисор гардида, ба ягон соҳибкор тааллуқ доранд ва фаъолияти онҳо аз муассис вобаста аст. Масалан, 21 феврали соли 2012 муассиси рӯзномаи ҷамъиятиву сиёсии «Новая газета»-и Русия соҳибкор Александр Лебедев изҳор дошт, ки суратҳисоби шахсиаш, ки кӯмакҳои хайрия аз он сурат мегиранд, пул надорад ва ӯ наметавонад нашрияро маблағгузорӣ кунад . Ба гуфти А. Лебедев ӯ ҳар моҳ ба суратҳисоби рӯзнома аз 6 то 8 миллион рубл (200 — 266 ҳазор доллар) мегузаронд.
Рӯзномаи мазкур аз соли 1993 дар Маскав чоп шуда, дар минтақаҳои гуногуни ФР низ ба табъ мерасад. Дар охири моҳи феврали соли 2012 тиражи рӯзнома беш аз 270 ҳазор нусха буд.
Ба ақидаи журналисти америкоӣ, муассис ва сармуҳаррири рӯзномаи «The eXile» (то июни соли 2008 дар Маскав чоп мешуд) Марк Эймс, бозори ВАО дар наздиктарин фурсат аз ҷониби сохторҳои маҳаллии олигархӣ таҳти назорат гирифта мешавад ва рисолати асосии онҳо тарғибот мегардад .
Проблемаи дуюме, ки ВАО гирифтор аст, ин афзоиши маводи тарғиботии ғайриқонунӣ мебошад. Имрӯз дар барномаҳои телевизион ва дар саҳифаҳои матбуоти Тоҷикистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ маводи рекламавӣ ва тарғиботии ғайриқонунӣ зиёд нашр мешаванд. Муассис, журналист ё корманди шӯъбаи реклама бо муштариён аксаран шартномаи даҳонӣ баста, маводи тарғиботиро пулакӣ чоп мекунанд. Дар ҳамин ҳол нашрия намегӯяд, ки ин мавод хусусияти рекламавӣ дорад ва албатта, аз даромади мазкур молиёт пардохта намешавад. Мутахассиси соҳа албатта, маводи фармоишии тарғиботии ғайриқонуниро пай мебарад, вале аксари муштариён тарғиботи мазкурро намефаҳманд ва ба он бовар мекунанд. Ҳол он ки мувофиқи моддаи 5-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи реклама» (2003) «реклама бояд бе донишҳои махсус ё бе татбиқи воситаҳои техникӣ, бевосита дар лаҳзаи пешниҳоди он сарфи назар аз шакл ё воситаҳои истифодашавандаи паҳнкунӣ, маҳз ҳамчун реклама шинохташаванда бошад».
Чунин амали ғайриқонунӣ қариб дар ҳамаи расонаҳо ба назар мерасад. Масалан, саҳифаи 16-уми ҳафтаномаи «Омӯзгор» аз 24 феврали соли 2012 қариб пурра аз эълону реклама иборат аст, вале дар маводе, ки ба доруҳо бахшида шудаанд, реклама қайд нашудааст. Ҳол он ки дар ин мавод хусусияти шифобахшии доруҳо ва суроғаи дастрас кардани онҳо гуфта шудааст.
Раиси Иттифоқи журналистони Русия Всеволод Богданов дар бораи тарғиботи ғайриқонунии расонаҳо мегӯяд, ки «Дар аксари кишварҳои рушдкарда реклама аз соҳаи журналистика ҷудо аст ва инро масалан, дар Олмон ҳеҷ тасаввур кардан мумкин нест». Воқеан ҳам, дар Аврупои Ғарбӣ ва ИМА шӯъбаи реклама аз бахши журналистии редаксия ҷудо аст ва барои тарғиботи ғайриқонунӣ муҷозот муқаррар шудааст. Ҳаргиз ягон журналист фикри онро намекунад, ки ягон маводи тарғиботии ғайриқонунӣ навишта, пул гирад. Мутаассифона, вақтҳои охир ин амали ноҷо дар журналистикаи тоҷик ба як кори муқаррарӣ табдил ёфта истодааст. Барои чоп ё пахши мавод ҳатман маблағе ситонида мешавад. Гумон накунед, ки мактубҳои саркушода, ё таҳқиқоти журналистӣ ройгон нашр мешаванд. Имрӯз бе манфиат дар ВАО қариб чизе ба нашр намерасад. Тибқи қонун бошад, рекламаи пинҳонӣ манъ аст. Аз ҷумла, мувофиқи моддаи 5-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи реклама» «Ба воситаҳои ахбори омма барои ҷойгиронии реклама ҳамчун маводи иттилоотӣ, таҳрирӣ ё таълифӣ гирифтани маблағ манъ аст».

Проблемаи сеюми ВАО-и муосир, ин паст шудани сатҳи маводи журналистӣ ва афзоиши «жожгӯӣ» дар пардаи телевизиону мавҷи радио ва саҳифаҳои матбуот аст. Имрӯз дар телевизиону радио барномаҳое пахш мешаванд, ки аз нигоҳи касбӣ хеле суст таҳия шудаанд. Баъзан онҳо аз такрору пургӯиҳо иборат буда, гапфурӯшие беш нестанд. Агар матни ин барномаҳоро ба ягон нашрия пешниход бикунӣ, албатта, бе таҳрир ба табъ намерасонад ва ё умуман аз чопи он даст мекашад. Чунин маводи пастсифат дар матбуоти хусусии оммавӣ низ зиёданд. Сол то сол барномаҳои пастсифату камарзиш аз қабили шоу ва мусоҳибаҳо, барномаҳои таърифии тарғиботии ғайриқонунӣ дар телевизионҳо зиёд шуда истодаанд. Ҳамзамон нашрияҳои «зард»-и оммавӣ бозори матбуотро инҳисор карда истодаанд. Ҳамин аст, ки дар телевизион барномаҳои маърифатӣ кам шудан дорад. Тиражи газетаҳои иттилоотиву таҳлилӣ низ коҳиш ёфта истодааст. Сабаби паст шудани сатҳи маводи журналистӣ ва афзоиши «жожгӯӣ» ба афзоиши теъдоди ВАО ва дараҷаи пасти касбияти журналистон иртибот мегирад. Солҳои охир бо афзоиши теъдоди ВАО ниёз ба журналистон зиёд шуда, онҳое сари кор омаданд, ки таҷрибаи амалию малакаи зарурӣ надоштанд. Ин навжурналистон, ки як қисмашон мактаби журналистиро нагузаштаанд, қобилияти таҳияи барномаи комилу диданиро дар телевизиону радио надоранд, дар матбуот бошад, ин тоифа маводи пурмӯҳтавою хонданӣ навишта наметавонанд.
Ҳамчунин паст будани маоши журналистон низ яке аз сабабҳои камарзиш будани маводи ВАО мебошад. Журналистони пуртаҷриба ба маоши кам, ки ба таъмини рӯзгорашон намерасад, кор намекунанд. Дар ҳамин ҳол на ҳамаи редаксияҳо имконияти пардохти маоши арзандаро доранд. Ҳамин аст, ки ҳайати эҷодии расонаҳоро кормандони камтаҷриба ва донишҷӯён ташкил медиҳанд, ки омодаанд ба маоши ночиз ҳам кор кунанд.
Проблемаи чорум, ин паст будани сатҳи касбии журналистон аст. Дар боло оид ба паст будани сатҳи маводи журналистӣ ва иртиботи он ба кадрҳои рӯзноманигорӣ ҳарф зада будем. Феълан кадрҳои журналистӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ва Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи П. Буйдоқов омода карда мешаванд. Мутаассифона, аксари ин макотиби олӣ базаи таълимии зарурӣ ва устодони соҳибкасб надоранд, ки ин албатта, ба ҷараёни таҳсил таъсири манфӣ мерасонад.
Ҳар вақте ки маро сармуҳаррири ягон нашрия бинад, ҳатман аз он шикоят мекунад, ки дараҷаи омодагии касбии хатмкардаҳои шӯъбаву факултаҳои журналистика паст аст. Ман ҳам ба онҳо розӣ мешавам, зеро дар воқеъ танҳо 20-25 фоизи хатмкардаҳои макотиби олӣ чун журналист кор карда метавонанд. Агар ин нишондиҳандаро бо солҳои охири даврони Шӯравӣ муқоиса кунем, он баракс хоҳад шуд. Албатта, ин ҳолат дар ҳамаи ихтисосҳои макотиби олии Тоҷикистон ба назар мерасад, ки ин дарди ҷомеа аст. Сабаби ин, пеш аз ҳама дар он аст, ки ба донишкадаҳо бо ҳар роҳу восита онҳое қабул мешаванд, ки саводи казоӣ надоранд. Аз ҷониби дигар, ин тоифа худ хоҳиши журналистшавӣ надоранд ва барои ин кӯшиш ҳам намекунанд. Зеро дар тӯли 4-5 соли таҳсил агар говдӯшу подабон ҳам хоҳиши журналист шудан дошта бошанд, аз онҳо рӯзноманигорони сатҳи миёнаи ВАО-и муосирро тарбия кардан мумкин аст. Мутаассифона, агар дар ниҳоди донишҷӯ шавқи касб набошад, аз ӯ журналисти хуб сохта намешавад.
Ана, ҳамин аст, ки ба ВАО нафарони камтаҷриба ё тасодуфӣ роҳ меёбанд. Шоири Халқии Тоҷикистон, Камол Насрулло дар мусоҳибааш ба ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар бораи забони матбуот гуфтааст, ки «…теъдоди рӯзномаву маҷаллаҳо хеле зиёд аст, вале теъдоди рӯзноманигорони босавод камтар…». Камол Насрулло пешниҳод мекунад, ки «Дар ҳар нашрия ҳатман бояд як-ду нафар мутахассиси босавод, муҳаррири хуб дар сари кори таҳрир бошад» .
Проблемаи панҷуми ВАО, ин амнияти журналистон аст. Солҳои охир рӯзноманигорӣ ба касби хатарнок табдил ёфтааст. Ба маълумоти СҶ Press Emblem Campaign (PEC) Соли 2011 дар ҷаҳон 106 журналист кушта шудааст, ки ин нисбати соли пешин 1 нафар зиёд аст . Соли 2009 бошад, дар ҷаҳон 122 журналист кушта шуда буд, ки нишондиҳандаи баландарин тӯли 5 соли охир аст. Ба қавли котиби генералии PEC Блез Лемпен соли гузашта 68 журналист дар кишварҳое кушта шудаанд, ки он ҷо авзои ҷомеа ноором аст. Бояд гуфт, ки дар соли равон низ аллакай чанд журналист дар Сурия кушта шуданд. Аз ҷумла, 22 феврал хабарнигори амрикоӣ Мэрӣ Колвини 56-сола ва суратгири бритониёӣ Ремӣ Очлики 28-сола дар гулӯлаборони маркази шаҳри Ҳумс ба ҳалокат расиданд. Дар ин ҳодиса се журналисти дигари хориҷӣ низ маҷрӯҳ шудаанд.
Ба иттилои СБҶ «Хабарнигорони бидуни марз» (Reporters Without Borders) соли гузашта 1044 корманди ВАО боздошт шуданд, 1959 нафари дигар мавриди ҳамлаву таъқиб қарор гирифтанд .
Соли гузашта дар Тоҷикистон низ ба журналистон таъқибу фишор сурат гирифта буд. Аз ҷумла, моҳи феврали соли 2011 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозода аз ҷониби ашхоси номаълум дар назди хонааш мавриди лату кӯб қарор гирифт. То ҳанӯз ҷинояткорон ошкор карда нашудаанд. Ин амал албатта, метавонад ҷинояткоронро шерак кунад ва онҳо аз журналистони номақбулашон қассос бигиранд. Яъне ба ҷони журналистон дар Тоҷикистон ҳам хатар таҳдид мекунад.
Проблемаи шашуми ВАО – сонсур ва худсонсурӣ аст. Тибқи моддаи 30-юми Сарқонуни Тоҷикистон дар кишвар сонсури ВАО манъ аст. Вале дар ҷомеа омилҳое ҳастастанд, ки ба худсонсурӣ меоранд. Масалан, моддаҳои 135, 136 ва 137-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ки тӯҳмату таҳқир ва таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тӯҳмат кардан ба ӯро баррасӣ мекунанд, журналистон ва сармуҳарирони расонаҳоро ба эҳтиёткорӣ ва худсонсурӣ водор менамоянд. Зеро тибқи моддаҳои мазкур барои тӯҳмату таҳқири оммавӣ бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад. Албатта, дар додгоҳ бегуноҳии худро собит кардан хеле мушкил аст. Инро қазияҳои судӣ нисбати мухбири Радиои Би-Би-Си Урунбой Усмонов ва хабарнигори газетаи «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов дар соли 2011 собит мекунанд. М. Исмоилов беш аз 10 моҳ дар зиндон буд ва ӯро 14 октябри соли 2011 Додгоҳи шаҳри Табошар бо се моддаи КҶТ- 135 (тӯҳмат),136 (таҳқир) ва 189 (барангехтани низои миллӣ, нажодӣ, этникӣ ё динӣ) гунаҳкор дониста, тибқи Қонуни авф аз адои ҷазо озод кард. Ҳамон рӯз Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Урунбой Усмоновро барои ҳамкорӣ бо Ҳизб-ут-Таҳрир гунаҳкор дониста, ба мӯҳлати се сол аз озодӣ маҳрум кард. Вале бо истифодаи Қонуни авф ӯ низ аз адои ҷазо озод карда шуд.
Бояд гуфт, ки солҳои охир ба додгоҳ кашидани журналисту нашрияҳо зиёд шудааст. Мисоли рӯшани ин гуфтаҳо дар додгоҳҳо баррасӣ шудани қазияхо нисбати нашрияхои «Миллат», «Asia Plus», «Пайкон», «Фараж», «Озодагон», «Чархи гардун» ва ғайра мебошанд. Ҳамаи ин албатта, ба афзоиши худсонсурӣ мусоидат мекунанд.
Набояд фаромӯш кард, ҷомеа чи гуна бошад, матбуоту сонсур ҳам, ҳамон гуна мешавад. Дар ҷомеаи яккатоз ҳеҷ вақт ВАО-и озоду демократиро наметавон интизор шуд. Бояд ба назар гирифт, ки сонсури асосӣ ин дар мағзи мо нуҳуфтааст ва мо вобаста ба фаҳмиши худ муайян мекунем, ки чиро гӯёму чиро не.

Проблемаи ҳафтум, ин афзоиши плагиат ё ин ки асардуздӣ аст. Тибқи моддаи 156-уми КҶТ барои вайрон кардани ҳуқуқҳои муаллифӣ, ҳуқуқи муҷовир ва ҳуқуқи дорандагони патент бо ҷарима ба андозаи аз дусад то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Мутаассифона, ин нуктаи қонун дар Тоҷикистон на ҳамеша риоя мешавад. Қариб ҳамарӯза дар телевизион барномаҳое пахш мешаванд, ки аз расонаҳои хориҷӣ гирифта шуда, барои ин иҷоза надоранд. Кор то ҷое расидааст, ки филму барномаҳои алоҳидаро бе ягон иҷозаи расмӣ тарҷума мекунанд ва албатта, дар ин ҳол ба муаллиф маблағе пардохта намешавад.
Асардуздӣ дар матбуот хам ривоҷ дорад. Маводи расонаҳои хориҷӣ бе иҷозати муаллифон бознашр мешаванд. Дар матбуоти кӯчагӣ бошад, баъзан қиссаҳоро аз нашрияҳои русӣ гирифта, ному маконро тоҷикӣ мекунанд ва ин маводро аз номи худ ба табъ мерасонанд.
Проблемаи ҳаштум, ин обуна ва паҳнкунии нашрияҳо аст. Бояд гуфт, ки то ба ҳанӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол шабакаи густурдаи обунаву паҳнкунии нашрияҳо ташаккул наёфтааст. Ҳамин аст, ки дар деҳоти кишвар, бавижа манотиқи дурдаст, муштариён ба матбуот дастрасӣ надоранд. Агар матбуот ба мардуми деҳот дастрас шавад ҳам, он хеле дер расида, моҳияти оҷилии худро гум мекунад.
Обуна ва паҳн кардани нашрияҳо асосан аз ҷониби Муассисаи давлатии «Почтаи Тоҷикистон» сурат мегирад. Муассисаи мазкур дар замони феълӣ бинобар афзоиши хароҷоти интиқол имконияти оҷилан расонидани нашрияҳоро ба муштариён надорад ва паҳнкунии рӯзномаҳо ҳафтае як маротиба сурат мегирад. Барои ҳалли ин масъала 17 сентябри соли 2010 аз ҷониби роҳбарони 13 нашрия, ки қариб 40 рӯзномаро чоп мекунанд, Кооперативи паҳнкунандагон «Матбуот-пресса» таъсис дода шуд. Фаъолияти кооперативи мазкур аз ҷониби САҲА ва Сафорати ИМА дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад. Ҳадаф аз таъсиси муассисаи алтернативӣ, ин бо нархи якхелаи арзон пешниҳод кардани нашрияҳо ба муштариён ва дастрасии бештари аҳолӣ ба матбуот буд. Муттаассифона, то ба ҳанӯз фаъолияти кооператив тавсеа наёфтааст ва ҳадафҳои гузошта шуда амалӣ нагардидаанд.
Қобили тазаккур аст, ки ин ҳашт проблемаи журналистика танҳо хоси Тоҷикистон набуда, дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ ба мушоҳида мерасанд. Проблемаҳои мазкур пеш аз хама ба сатҳи касбии журналистика таъсири манфӣ расонида, дастрасии мардумро ба иттилои воқеиву беғараз ва саривақтӣ маҳдуд мекунанд.

Реклама

One response to this post.

  1. Салом устод!
    Дар рузи 100-солагии Матбуоти точик сомонаи http://www.blogiston.tj, ки махсус барои блогерони точик омода гаштааст, кори худро огоз намуд.

    Шуморо ба он даъват намуда, бахогузориатонро интизорем!

    Барори кор!

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: