Таъсири бӯҳрони молиявӣ ба рушди матбуоти электронӣ дар ИМА


Таъсири бӯҳрони молиявӣ ба рушди матбуоти электронӣ дар ИМА

М. Муқимов, профессор

Аз пайдоиши Интернет дар соли 1969 (дар ИМА) чандон муддати тӯлонӣ нагузашта бошад ҳам, он имрӯз ба аз яке воситаҳои асосии иртиботии ҷомеа табдил ёфтааст. Яке аз муваффақиятҳои Интернет ин дастрасии муштариён ба иттилои гуногун мебошад. Интернет дар як муддати кӯтоҳ тавонист, ки ба индустрияи табъу нашр таъсири амиқ гузошта, боиси пайдоиши қаринаҳои электронии матбуот гардад.
Бояд гуфт, ки ҳанӯз соли 1992 газетаи «Чикаго сан-таймс» мақолаҳояшро бо модем тавассути шабакаи компютерии «Америка он лайн» ва соли 1993 рӯзномаи «Сан-Хосе меркьюри ньюс» барои обуначиёни «Америка он лайн» қариб ҳамаи матни ҳаррӯзаашро бе сурат ва тасвир ба паҳн кардан шурӯъ карда буд. Тобистони соли 1993 аввалин дар ИМА умури иттилоотии мултимедиявии «Ньюс ин моушн» ба фаъолият оғоз намуд. Он ҳафтае як маротиба бо истифодаи матн, суратҳои ранга ва садо пахш мешуд. Соли 1994 бошад, умури иттилоотии «Лос-Анджелес таймс» – «Вашингтон пост» ба пахши иттилоъ тавассути компютер барои обуначиёни газетаҳои мазкур шурӯъ намуд. Ҳамзамон «Вашингтон пост» филиали «Диджитал инк»-ро таъсис дод, ки барои муштариён бо пардохти маблағ газетаҳои электронии инфиродии фармоиширо аз рӯи завқи онҳо пешниҳод менамуд.
Соли 1993 дар ИМА гурӯҳе иборат аз 17 ширкат ба мақсади гузаронидани таҳқиқот оид ба истифодаи компютерҳо ва телекоммуникатсия барои пахши ахбор дар Донишкадаи технологии Массачусетс бораи таъсиси консорсиуми «Ахбори оянда» ба мувофиқа расиданд. Ба ҳайати консорсиум ширкатҳои медиоии «Ганнетт», «Найт Риддер», «Таймс миррор», «Трибюн», «Херст», Ай-би-эм, «Кэпитал ситиз/Эй-би-си» ва «Белл Саут» шомил шуданд, ки барои амалӣ сохтани лоиҳаи мазкур сармоягузории худро 1,5–2 млрд. доллар соле барои 5 сол пешбинӣ карданд . Консорсиум қарор кард, ки газетаҳои электронӣ таъсис дода шаванд, то ки муштариён аз компютерҳои шахсии худ онҳоро хонда тавонанд. Соли 1995 ҳашт ширкатҳои бузурги газетаҳо– «Ганнетт», «Найт Риддер», «Эдванс пабликейшнз» («Ньюхаус ньюспейперс»), «Таймс миррор», «Трибюн компани», «Кокс ньюспейперс», «Херст» ва «Вашингтон пост компании», ки дар маҷмӯъ 185 газетаи ҳаррӯзаро бо тиражи умумии қариб 20 млн. нусха чоп мекарданд, дар бораи таъсиси шабакаи миллии газетаҳои онлайнӣ изҳор намуданд. Ба қавли муассисони шабакаи «Нью сенчури нетуорк» ин имкон медод, ки газетаҳо дар тамоми мамлакат барои табодули ахбор муттаҳид шаванд.
Дар Русия аввалин нигориши интернетии муаллифӣ «Вечерний Интернет», дар сервери Cityline.Ru аз 24 декабри соли 1996 ҳамарӯза ва баъд бо фосила то 25 апрели соли 1999 нашр шуд. Тӯли беш аз ду сол он ҳамагӣ 441 хабар пахш кард. 1 марти соли 1999 нашри аввалин дар Русия интернет-газетаи ҳаррӯзаи Gazeta.ru (www.gazeta.ru), ки қаринаи чопӣ надошт, шурӯъ шуд. Он бо ибтикори Бунёди сиёсати самаранок ба фаъолият оғоз намуд.
Дар Тоҷикистон Оҷонсии иттилоотии «Авеста» (www.avesta.tj) аввалин ВАО-и онлайнӣ мебошад, ки аз ҷониби ТҒД «Кӯҳи Нор» дар ибтидои соли 2004 ба фаъолият шурӯъ кардааст.
Аз рӯи пажӯҳиши сотсиологӣ қариб 51 фоизи аҳолии калонсоли ИМА пайваста газета мутолиа мекунанд. Солҳои охир бо афзоиши Интернет ҷавонон бештар ба он рӯ меоранд. Ҷавонони америкоии то 30-сола 59 фоиз (соли 2007- 34%) иттилоъро бештар аз Интернет мегиранд. Ҳамин аст, ки тиражи газетаҳо рӯ ба кам шудан доранд. Вале шумораи онҳое, ки рӯзномаро аз Интернет мехонанд, афзуда истодааст. Аз ҷумла, аз ҳар панҷ нафаре, ки вуруди Интернет мешавад, ҳатман яке аз он ҷо газета мехонад. Ин нуктаро ба эътибор гирифта, ҳоло беш аз 2200 газетаи америкоӣ сайти худро дар Интернет боз кардаанд. Бино ба таҳқиқоти созмони америкоии «Pew Research Center for the People & the Press» дар соли 2008-ум 40 фоизи пурсидашудагон барои дастрасӣ ба хабарҳо аз Интернет истифода мекарданд. Аз рӯи пажӯҳиши Оҷонсии Pew Research Center, ки аввали соли 2011-ум гузаронидааст, 46 фоизи сокинони ИМА ҳафтае камаш се маротиба ахборро аз Интернет мутолиа мекунанд. Муштариёни рӯзномаву маҷаллаҳои коғазӣ бошанд, ба 40 фоиз мерасанд. Дар ҳамин ҳол 47 фоизи америкоиён ба мутолиаи ахбори маҳаллӣ аз дастгоҳҳои мобилӣ таваҷҷӯҳ доранд .
Нишондиҳандаи мазкур дар Россия нисбатан камтар аст ва матбуоти чопӣ афзалият дорад. Ба иттилои роҳбари Оҷонсии федералии матбуот ва иртиботи оммаи Россия Михаил Сеславинский 24 фоизи шаҳрвандони ин кишвар дар соли 2011 Интернетро манбаи асосии дастрасӣ ба иттилоот донистаанд .
Ба иттилои Бюрои аудити тираж (Audit Bureau of Circulations, ABC) рӯзномаи «The Wall Street Journal» бо тиражи миёнаи ҳаррӯзаи 2,1 миллион нусха сертеъдодтарин нашрияи ИМА дар соли 2011-ум дониста шудааст . Дар рейтинги мазкур бо тиражи якрӯзаи 1,78 миллион нусха ҷои дуюм насиби рӯзномаи «USA Today» гардид. Рӯзномаи «The New York Times» бо нишондиҳандаи 1,15 миллион нусха газета дар як рӯз дар ҷои сеюм аст. Албатта, ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои пешин кам аст. Масалан, газетаи мазкур соли 2005 дар рӯзҳои муқаррарӣ бо тиражи 1 миллиону 131 ҳазор нусха ва рӯзҳои якшанбе бо теъдоди 1 миллиону 681 ҳазор нусха чоп мешуд.
Бюрои аудити тираж нашрияҳои маъруфи электрониро низ муайян кард. Ба иттилои он сомонаи рӯзномаи «The Wall Street Journal», ки қисман пулакӣ аст, дар ҷои аввал меистад. Сомонаи мазкур 537,4 ҳазор нафар обуначӣ дорад. Дар байни газетаҳои интернетӣ сомонаи «The New York Times» бо 380 ҳазор обуначӣ дар ҷои дуюм қарор дорад. Дар рейтинг сомонаи газетаи «The New York Daily News», ки 165,4 ҳазор обуначӣ дорад, ҷои сеюмро гирифтааст.

Бояд гуфт, ки бӯҳрони ҷаҳонии молиявии соли 2008-ум, ки ҳоло ҳам оқибатҳояш рафъ нашудаанд, ба матбуоти ИМА таъсири манфӣ расонид. Аз як ҷониб, тиражи рӯзномаву маҷаллаҳо кам шуда бошанд, аз ҷониби дигар, ҳаҷми реклама коҳиш ёфт. Ин ҳама водор кард, ки ноширон фаъолияташонро камхарҷ карда, аз паи ҷустуҷӯи роҳҳои нави дарёфти маблағ шаванд. Инро метавон дар фаъолияти рӯзномаи «The New York Times» мушоҳида кард.
Газетаи «The New York Times» аз қадимтарин нашрияи ИМА буда, аз соли 1851 чоп мешавад. Феълан нашрияи номбурда аз рӯи маъруфият сеюмин рӯзномаи ИМА маҳсуб шуда, сомонаи он соли 1996 таъсис ёфтааст. Ҳанӯз дар нимаи солҳои 2000-ум рӯзномаи «New York Times» дастрасӣ ба сомонаашро пулакӣ карда буд, вале баъди чанд вақт бинобар бесамар буданаш аз ин иқдом даст кашид. Баъдан хароҷоти сомонаи рӯзнома аслан аз маблағи реклама пӯшонида мешуд. Моҳи ноябри соли 2010 маъмурияти газетаи «The New York Times» якҷоя кардани редаксияи интернетӣ ва чопии рӯзномаро эълон намуд . Шӯъбаҳои сомона бо шӯъбаҳои худи редаксияи газета якҷоя карда шуданд. Ин имконият дод, ки нерӯи эҷодӣ самаранок истифода карда шаванд. То ин вақт сомонаи газетаи «The New York Times» аз редаксияи алоҳида иборат буд. Яке аз сабабҳои асосии ба ин амал даст задании маъмурият, коҳиш додани хароҷоти аслӣ мебошад. Масалан, дар семоҳаи чаҳоруми соли 2010 танҳо болоравии нархи коғаз хароҷоти газетаро нисбати ҳамин давраи соли 2009 13 миллион доллар зиёд кард. Барои пӯшонидани хароҷот ширкати «The New York Times Company» аз 28 марти соли 2011 дастрасӣ ба сомонаи рӯзномаро пулакӣ кард. Бинобар пажӯҳиши редаксия, ки пеш аз ин амал доир гардид, моҳе қариб 40 миллион нафар хонандагон аз маводи сомонаи газетаи «The New York Times» дидан мекунанд ва аз ин теъдод 6 миллион нафар моҳе беш аз 20 саҳифаро мехонанд. Агар аз ин шумораи хонандагон 5 фоизашон ба қаринаи интернетии рӯзнома обуна шаванд, ин нишондиҳанда ба 300 ҳазор нафар мерасад . Ин нуктаро ба назар гирифта, ношир Артур Окс Султсбергер сомонаи рӯзномаро пулакӣ кард. Ҳоло барои маҷмӯи обуна барои қаринаи электронӣ ва замима барои коммуникатор моҳе 15 доллар пардохтан лозим аст. Ҳамин маҷмӯа бо замима барои планшет моҳе 20 доллар ва ҳамаи маҷмӯи хизматрасониҳои онлайн 35 доллар қимат доранд. Обунаи чопии солонаи газета бошад, 770 доллар аст. Дар сурати 300 ҳазор нафар ба қаринаи интернетии рӯзнома обуна шудан ин 6 миллион доллар даромади иловагӣ меорад. Дар ҳамин ҳол хонандагон метавонанд моҳе то 20 маводи сомонаро ройгон мутолиа кунанд. Ҳамчунин обуначиёни нашри чопии газета ба сомона аз компютери шахсӣ ва смартфону планшетҳо дастрасии бепул доранд . Обуначиёни чопи Прагаи рӯзномаи«The New York Times» ва газетаи «The International Herald Tribune» низ аз маводи сомонаи http://www.nytimes.com ройгон истифода мебаранд. Саҳифаи асосии сомона бошад, барои ҳамаи муштариён ройгон аст.
Бояд гуфт, ки дар аввали пулакӣ кардани қаринаи онлайнии «The New York Times», моҳи апрели соли 2011 теъдоди хонандагони сомонаи он 24,4 фоиз кам шуд. Дар ҳамин ҳол теъдоди обуначиёни сомонаи рӯзнома — http://www.nytimes.com беш аз 100 ҳазор нафарро ташкил дод . Баъдан аз рӯи натиҷаи семоҳаи дуюми соли 2011 теъдоди обуначиёни қаринаи электронии «The New York Times» афзуда, ба 224 ҳазор нафар расид. Дар ҳамин ҳол даромади «The New York Times Company», ки ба ғайр аз рӯзномаи «The New York Times» боз газетаҳои «The Boston Globe» ва «The International Herald Tribune»-ро чоп мекунад, дар семоҳаи дуюми соли 2011 нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 2,2 фоиз кам шуда, 576,7 миллион долларро ташкил дод. Қисми асосии даромади ширкат аз реклама — 302,2 миллион доллар ба даст омада, маблағи боқимондаро фурӯши тиражи газета овардааст. Фоидаи софи ширкат дар ҳамин давра 32 миллион доллар буда, зиёни соф — 119,7 миллион долларро ташкил додааст .
Ноширони рӯзномаҳо дар ИМА аксаран дар ибтидо аз пулакӣ кардани сомонаашон андеша мекарданд. Масалан, моҳи декабри соли 2010 Доналд Греҳем, директори иҷроияи ширкати «Washington Post Company» пулакӣ кардани дастрасӣ ба сомонаи газетаи «Тhe Washington Post»-ро дар назар надошт . Агар дастрасии пулакӣ ба сомона воқеан ҳам сарчашмаи даромад гардад, рӯзнома метавонад аз он истифода барад, гуфта буд ӯ. Қобили зикр аст, ки даромади қаринаи онлайнии газетаи «Тhe Washington Post», ки аз реклама ба даст меояд, дар 9 моҳи соли 2010 14 фоиз ё ин ки то 77,8 миллион доллар афзуд. Дар ҳамин ҳол аз соли 2011 обуна ба қаринаи электронии «Тhe Washington Post» пулакӣ гардида, он моҳе ба 9,95 доллар баробар аст.
Ҳанӯз моҳи июни соли 2010 Ширкати «News Corparation»-и медиамагнат Руперт Мердок дастрасии ройгони сомонаи рӯзномаҳои маъруфи бритонии «The Times» ва «The Sunday Times»-ро қатъ карда буд. Обуна ба маводи сомонаҳои http://www.thetimes.co.uk ва http://www.thesundaytimes.co.uk дар як рӯз ба 1 фунт стерлинг, дар як ҳафта ба 2 фунт стерлинг ва дар як моҳ ба 9 фунт стерлинг баробар аст.
Ногуфта намонад, ки рӯзномаи «The Wall Street Journal», ки он ба Ширкати «News Corparation» тааллуқ дорад, барои обунаи онлайн дар як сол 103 доллар меситонад, ки он моҳе тақрибан ба 9 доллар баробар аст. Дар ҳамин ҳол як қисми мақолаҳои рӯзномаро дар сомона ройгон хондан мумкин аст.
Ба қавли хабаргузории newsru рӯзномаи бритонии «The Financial Times» низ як қисми маводашро дар сомона пулакӣ кардааст.
Нашрияи «Media Guardian» 10 октябри соли 2011 иттилоъ дода буд, ки рӯзномаи британии «The Independent», ки ба соҳибкори рус Александр Лебедев тааллуқ дорад, сомонаашро бо унвони http://www.independent.co.uk/ барои хонандагони хориҷӣ пулакӣ карданист . Ин навгонӣ сараввал дар Канада ва ИМА ҷорӣ карда шуда, барои муштариён 20 мавод дар як моҳ ройгон аст. Дастрасии бемаҳдудият ба маводи сомона бошад, барои обуначӣ моҳе 6,99 доллар арзиш дорад. Феълан сомонаи мазкур дар Тоҷикистон ройгон дастрас аст. Сомонаи рӯзномаи «The Independent» моҳе то 16 миллион хонанда дошта, аз 40 то 50 фоизи онро муштариёни хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Бояд гуфт, ки феълан дар Россия низ матбуоти электронӣ рӯ ба рушд дорад ва қариб ҳамаи рӯзномаву маҷаллаҳо сомонаи худро доранд. Вале дар бозори интернет-газетаҳо якчанд расонаҳо аз қабили «Газета.Ру», «Утро.Ру» ва «Вести.Ру» мақоми аввал доранд. Дар воқеъ, 75 фоизи саҳмияҳои нашрияи «Утро.Ру» ба ширкати америкоии «Media Press Corporation» ва 25 фоизи боқимондаи саҳмияҳо ба Оҷонсии иттилоотии Русия «РосБизнесКонсалтинг» тааллуқ доранд. Ҳамчунин расонаҳои «Русский Журнал» (www.russ.ru), «Полит.Ру», «СМИ.Ру» ва «Лента. Ру»-ро аз нашрияҳои интернетии маъруфи Русия метавон ном бурд. Қобили тазаккур аст, ки феълан дар Россия маводи аксари газетаҳои интернетӣ ройгон аст ва расонаҳо аз ҳисоби ҷойгир кардани реклама дар сомонаашон даромад ба даст меоранд. Дар ҳамин ҳол газетаи «Ведомости» аз 30 майи соли 2011 дастрасӣ ба қаринаи онлайни худро маҳдуд кард ва акнун маводро пурра дар Интернет шахсоне, ки сабти ном шудаанд ва онҳое, ки ба маҷмӯи хизмати обунаашон қаринаи электронӣ шомил аст, мутолиа карда метавонанд. Ба ҳар ҳол ахбор ва баъзе маводи сомона барои муштариён озодона дастрас аст. Навоварии дигари рӯзнома он аст, ки дастрасӣ ба бойгонии рӯзнома пулакӣ мебошад. Воқеан, рӯзномаи «КоммерсантЪ» низ дастрасӣ ба бойгониашро пулакӣ кардааст, вале худи сомонаи газета бепул аст. Дар ҷодаи пулакӣ кардани сомона газетаи «Ведомости» дар Россия ягона аст. Масалан, сомонаи «Комсомолская правда», ки аз сомонаҳои серхонанда аст, маводи худро барои муштариён ройгон пешниҳод мекунад.
Феълан дар Тоҷикистон ҳар кадом ВАО, ки мехоҳад дастрасӣ ба маводаш бештар бошад, сомонаи худро дорад. Аз ҷониби дигар, чандон гарон набудани таъсиси сомона ба афзоиши матбуоти электронӣ мусоидат мекунад. Масалан, дар Тоҷикистон барои сохтани як сомона ва дар Интернет гузоштани он ба ҳисоби миёна 500 доллар харҷ мешавад. Албатта, барои нигоҳдории он вобаста ба хароҷоти маоши муҳаррири сомона ин маблағ дар як сол ба 5 ҳазор доллар мерасад.
Ҳамин аст, ки дар Тоҷикистон низ аксари рӯзномаҳо тӯли 4 соли охир сомонаи худро таъсис додаанд ва маводи худро дар он ройгон мегузоранд. Масалан, рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз соли 2008 дар сомонаи http://jumhuriyat.tj/ маводашро ҷойгир мекунад. Рӯзномаи «Миллат», ки аз 15 феврали соли 2005 чоп мешавад, низ маводашро аз соли 2008 дар сомонаи худ http://millat.tj мегузорад. Бояд гуфт, ки аксари нашрияҳои Тоҷикистон интихобан як қисми маводи чопиашонро дар сомонаашон ҷойгир мекунанд. Масалан, ҳафтаномаи «Омӯзгор» як қисми маводашро дар сомонаи http://www.omuzgor-news.tj/, ҳафтаномаҳои «Тоҷикистон» ва «Оила» баъзе маводи худро интихобан дар сомонаи http://www.pressa.tj/ ҷойгир мекунанд. Нашрияи «Муҳаббат ва оила» низ маводашро интихобан аз соли 2010 дар сомонаи http://www.muhabbatvaoila.tj/ мегузорад. Бояд гуфт, ки аксари нашрияҳои чопӣ баъди ба табъ расидану паҳн кардан қаринаи коғазиашонро дар сомонаи худ мегузоранд, то ин ки тиражи худро фурӯшанд. Аз ҷумла, газетаи «Asia Plus» низ пас аз чопи қаринаи коғазӣ дар сомонаи http://news.tj/ дастраси хонандагон аст. Бояд гуфт, ки Оҷонсии иттилоотии «Азия плюс» соли 2010 баъзе маводашро дар сомонаи худ http://www.asiaplus.tj (ҳоло http://news.tj/) пулакӣ карда буд, ки онро танҳо обуначиён хонда метавонистанд. Баъдан маъмурияти оҷонсӣ бинобар самаранок набудан аз ин амал даст кашид.
Аз рӯи пешгӯии Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии газетаҳо (WAN-INFRA) дар оянда даромади асосии газетаҳо (аз реклама) метавонад аз ҳисоби қаринаҳои интернетии онҳо ба даст ояд. Зеро сол то сол шумораи хонандагони сомонаи рӯзномаҳо афзуда истодаанд. Масалан, сомонаи рӯзномаи британии «The Guardian»-ро моҳе 37 миллион нафар, сомонаи газетаи «Косомолская правда»-ро 12,5 миллион нафар мутолиа мекунанд. Ба қавли директори генералии чопхонаи «Косомолская правда» Владимир Сунгоркин ҳиссаи Интернет дар даромади рекламаи газета тӯли панҷ соли оянда метавонад аз 8 то 40 фоиз афзояд .

Пешгӯии мазкур аллакай воқеият гаштааст. Аз ҷумла, ба маълумоти Оҷонсии eMarketer, ки 23 январи соли 2012 пахш кардааст, дар ИМА соли равон хароҷот барои реклама дар интернет 23,3 фоиз афзуда, то ба 39,5 миллиард доллар мерасад, ки ин бори аввал нисбат ба расонаҳои чопӣ зиёд аст. Аз рӯи ҳисоби оҷонсии мазкур матбуоти ИМА дар соли 2012 аз реклама 33,8 миллиард доллар даромад ба даст меорад .
Соли 2011 дар ИМА барои реклама дар Интернет 32,03 миллиард доллар ва барои реклама дар матбуот 36 миллиард доллар масраф шудааст. Аз ин маблағи охирин 20,7 миллиард доллар барои реклама дар маҷаллаҳо ва 15,3 миллиард доллар барои реклама дар газетаҳо харҷ гардидааст.
Дар Россия бошад, даромад аз реклама дар Интернет ҳанӯз соли 2011 нисбат ба матбуот афзуда буд. Аз рӯи маълумоти газетаи «Ведомости» дар семоҳаи сеюми соли гузашта барои рекламаи интернетӣ дар Россия 10,5 миллиард рубл (337620578 доллар) ва ба реклама дар матбуот 8,6 миллиард рубл (276527331 доллар) масраф шудааст.
Оҷонсии eMarketer дар оянда боз ҳам коҳиш ёфтани рекламаро дар матбуот пешгӯӣ мекунад. Ба маълумоти оҷонсӣ дар ИМА соли 2016-ум хароҷот барои реклама дар Интернет ба 62 миллиард доллар мерасад .

Роҳандозии технологияҳои нави иттилоотӣ имконияти наверо барои матбуоти электронӣ ба вуҷуд оварданд. Аз ҷумла, соли 2010 замимаҳои нави чопи рақамӣ барои матбуоти даврӣ ба вуҷуд омаданд. Ҳоло аксари рӯзномаву маҷаллаҳои машҳур қаринаи худро барои iPhon ва iPad омода мекунанд. Планшети iPad-ро бори аввал ширкати америкоии «Apple» моҳи марти соли 2010 ба қимати 500 доллар ба фурӯш баровард. Тӯли 2 соли охир ширкатҳои дигар низ ба истеҳсоли планшетҳои компютерӣ шурӯъ карданд. Ба иттилои телевизиони «Euronews» Ширкати «Sone» низ моҳи сентябри соли 2011 планшети компютериро ба фурӯш баровардааст . Дар Чин низ истеҳсоли планшетҳои гуногун роҳандозӣ шудааст, ки аз нигоҳи сифат аз ҳамтоҳои аврупоиву америкоии худ кам нестанд. Дар бозор он маҳсулот серхаридор аст, ки нархаш арзону сифаташ баланд бошад. Афзоиши рақобат дар бозори планшетҳо нархи онҳоро арзон карда, онро барои муштариён дастрас менамояд. Ҳамин аст, ки теъдоди хонандагони нашрияҳо тавассути дастгоҳҳои мазкур рӯ ба афзоиш дорад.
Матиас Допфнер, президенти ширкати олмонии «Axel Springer», ки беш аз 170 рӯзномаву маҷалларо дар 36 кишвари дунё чоп мекунад, аз соли 2011 газетаи васеъформати «Die Welt»-ро барои iPad омода кардааст, то он ки хонандагон ба ин усул рӯзномаро мутолиа намоянд.
Ба навиштаи рӯзномаи бритонии «The Financial Times» маъмурият тасмим гирифтааст, ки ба ҳар яки кормандонаш (1800 нафар) 480 доллар мукофотпулӣ диҳад, то ки онҳо дастгоҳи iPad бихаранд. Идораи рӯзнома ба ин мақсад то охири моҳи июни соли 2011 864 ҳазор доллар масраф кардааст. Директори иҷроияи «The Financial Times Group» Ҷон Райдинг сабаби чунин маблағгузории ширкатро барои кормандонаш ба он маънидод мекунад, ки каналҳои рақамӣ ва дастгоҳҳои хондани онҳо дар соҳаи ВАО маъмул гашта истодаанд.
Ба иттилои рӯзномаи «The Financial Times» газетаи маъруфи бритонии «The Daily Telegraph» моҳи майи соли 2011 барои планшети iPad замимаи пулакиро роҳандозӣ кардааст. Арзиши як шумораи газета барои iPad 1,19 фунт стерлинг буда, обунаи ҳафтаина 9,99 фунт стерлинг қимат дорад. Дар ҳамин ҳол обуначиёни қаринаи коғазии рӯзнома замимаи мазкурро метавонанд дар iPad ройгон мутолиа кунанд. Дар тафовут бо сомонаи«The Daily Telegraph», ки дар як рӯз чанд маротиба маводаш нав карда мешавад, маводи замима барои iPad тӯли рӯз тағйир намеёбад . Бояд гуфт, ки қаблан рӯзномаи дигари маъруфи Британия — «The Times» чопи замимаи худро барои iPad ба роҳ монда буд.
Медиамагнат Руперт Мердок ва собиқ сарвари корпоратсияи «Apple» шодравон Стив Ҷобс аввали соли 2011 лоиҳаи нави газетаи электронии «The Daily»-ро барои муштариёни компютерҳои планшетӣ ба мисли iPad амалӣ карданд. Нашрияи нав ба таври автоматӣ дар планшет боз гардида, барои як ҳафта ҳамагӣ 99 сент ва барои як сол 39,99 доллар арзиш дорад. «The Daily» аввалин газетаи планшетии iPad дар ҷаҳон буда, на ба дигар шакли электронӣ ва на ба шакли коғазӣ ба табъ намерасад. Р. Мердок барои омода кардани газетаи электронии «The Daily» 100 нафар журналистонро киро кардааст. Ба иттилои сомонаи guardian.co.uk моҳи октябри соли 2011 «The Daily» ҳафтае 120 ҳазор хонанда дошта, ба ҳисоби миёна 80 ҳазор нафар ҳафтае ҳар яке 99 сент мепардозанд, то ки ин газетаи электрониро мутолиа намоянд. Ба қавли Р. Мердок танҳо дар ҳолати теъдоди хонандагони сомонаи «The Daily» ба 500 000 обуначии пулакӣ расидан ин лоиҳа фоидаовар мешавад . Ба иттилои рӯзномаи «The Financial Times» хароҷоти ин лоиҳа танҳо дар семоҳаи аввали соли 2011 10 миллион долларро ташкил додааст .
Коршиносон боз ҳам афзудани нуфузи матбуоти электрониро дар ИМА пешгӯӣ мекунанд, зеро барои он заминаҳои техникӣ гузошта мешаванд. Ҳанӯз соли 2010 Комиссияи федеролии алоқаи ИМА тарҳи паҳнхати миллиро (National Broadband Plan) ба Конгресс пешниҳод карда буд. Тибқи нақшаи мазкур сад миллион хонаводаҳои америкоӣ бо интернети суръаташ на камтар аз 100 мегабит дар 1 сония таъмин карда мешаванд. Ташкилотҳои асосӣ аз қабили мактабу беморхонаҳо, мақомоти ҳукуматӣ бошанд, ҳадди ақал ба канали гигабитӣ пайваст карда мешаванд. Аз рӯи хисоби пешакӣ барои амалӣ кардани тарҳи мазкур 350 миллиард доллар масраф мешавад . Амалӣ шудани лоиҳаи мазкур дастрасии америкоиҳоро ба Интернет бештар карда, теъдоди хонандагони матбуоти электрониро боз ҳам меафзояд.
Ҳамин тавр, аз чопи коғазӣ ба қаринаҳои рақамӣ гузаштани нашрияҳо ба соҳаи табъу нашр таъсири зиёде расонида, даромади чопхонаҳоро ба маротиб коҳиш медиҳад. Ҳамзамон ин омил матбуотро барои тоб овардан ба рақобат ба чандрасонаӣ шудан водор менамояд.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: