Бадхоҳи касон ҳаргиз ба мақсад нарасанд!



Бадхоҳи касон ҳаргиз ба мақсад нарасанд!
Луқма
Номзад ба маснади президенти Русия, раиси ҲЛДР Владимир Жириновский боз нисбати тоҷикон иғвоангезӣ кард. Ӯ 18 феврали соли равон дар мусоҳибааш ба барномаи «Вести»-и Телевизиони Русия изҳор дошт, ки агар президент шавад, ягон нафар муҳоҷирро намемонад, ки пояшро ба хоки ин кишвар монад. Ба қавли ӯ русҳои бекор зиёданд, вале муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия ҷои кори онҳоро гирифтаанд. Муҳоҷирон малакаи касбии худро сайқал намедиҳанд ва хонаҳои сохтаи онҳо баъди чанде фурӯ мераванд, афзуд ӯ.
Албатта, ин гуфтаҳои В. Жириновский ҳақиқати воқеӣ надоранд. Тоҷикон дар сохтмонҳои Русия сидқан кор карда, бо чӣ азобҳо қути лоямуте пайдо мекунанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки аксари «халқи кабир» майзадаву танбаланд ва хуши кор кардан надоранд. Аз ҷониби дигар, русҳо ҳаргиз розӣ намешаванд ба маблағи ночизе, ки муҳоҷирон мегиранд, кор кунанд. Масалан, ба иттилои расонаҳои русӣ, соли гузашта маоши миёна дар шаҳри Маскав ба 45 ҳазор рубл (1500 доллари ИМА) баробар буд ва ба ин маблағ худи сокинони таҳҷоӣ кор кардан намехостанд. Ҳол он ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав аз ночорӣ ба 500 доллар ҳам корҳои сиёҳу вазнинро иҷро мекунанд.
Як вақтҳо губернатори собиқи Калифорнияи Шимолии ИМА Арнолд Швартснегер (ҳунарпешаи шинохтаи кино) низ чун Жириновский мехост зидди муҳоҷирони корӣ сиёсати оштинопазирро роҳандозӣ кунад. Ӯ барои бо ҷои кор таъмин кардани бекорони маҳаллӣ қонуне қабул кард, ки тибқи он дар иёлоти Калифорнияи Шимолӣ кор кардани муҳоҷирон манъ буд. Баъди чанде фермерон шикоят карданд, ки баъди ҷавоб додани муҳоҷирони мексикоӣ касе нест, ки дар ферма кор кунад. Бекорони маҳаллӣ ба ҷои дар чунин шароити вазнин кор кардан кӯмакпулии давлатиро афзалтар медонистанд. Пас аз ин ҳукуматдорон маҷбур шуданд, ки қонуни номбурдаро лағв намоянд.
Дар урфият гуфтаанд, ки «Бадхоҳи касон ҳаргиз ба мақсад нарасанд!». В. Жириновский бо ин мардумбадбиниаш иншооллоҳ ҳаргиз ба маснади президенти ин давлати сермиллат намерасад. Воқеан, бори панҷум аст, ки В. Жириновский дар сабқати президентӣ ширкат мекунад ва тӯли ин 20 сол ҳатто ба ин мақом наздик ҳам нашудааст. Ин дафъа низ дар интихобот ноком шуданашро худи ӯ ҳам медонад. Дар охири ин мусоҳибаи телевизионӣ В. Жириновский гуфт, ки пас аз интихобот Д. Медведев сарвазир мешавад ва ӯ бо одамони худ розӣ аст дар ин ҳукумат вазифаҳои воломақомро соҳиб шаванд. Яъне, худи Жириновский бовар дорад, ки сарвазири феълии Федератсияи Русия Владимир Путин президент интихоб мешавад.
Бояд гуфт, ки ин бори аввал нест, ки В. Жириновский нисбати халқи тоҷик иғво меангезад. Аз ҷумла, 30 январи соли равон раиси ҲЛДР В. Жириновский ва публитсист Егор Холмогоров дар барномаи «Честный понедельник»-и Телевизиони НТВ дар бораи қатли оми русҳо дар Тоҷикистон дар аввали солҳои 90-уми асри ХХ ҳарф зада буданд. Албатта, ин дурӯғи маҳз буд. Зеро дар он солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аслан мардуми бумӣ кушта шуданд ва ягон ҷониби даргир русҳоро қатл накарда буд.
Қобили зикр аст, ки шахсияти ин сиёсатмадори рус дар ҷаҳон чун як масхарабоз маъруф аст. Ҳамагон ӯро ҳамчун як шахси жожгӯ мешиносанд ва ба суханонаш эътибор намедиҳанд. Ҳамин аст, ки ӯ аз ин фазои озод истифода карда, нисбати халқияту миллатҳои ғайри рус таҳқиру ҳақоратро раво медонад ва барои ин амали нажодпарастонааш ҷазо намегирад. Месазад, ки ба ин амали шахси мансабдор депутати Думаи давлатии Русия, раиси ҲЛДР, ки пайваста тоҷиконро мавриди таҳқиру ҳақорат қарор медиҳад, мақомоти расмии Тоҷикистон вокунише нишон диҳанд ва ҳадди ақал ӯро шахси номақбули халқи тоҷик эълон кунанд.

Ҷовид Муқим, журналист

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: