Хомӯшии ВАО-и давлатӣ


Хомӯшии ВАО-и давлатӣ
Бегоҳии 12 январи соли 2012 дар шаҳри Маскав ба ҷони журналисти шинохтаи тоҷик Додоҷони Атовулло сӯиқасд сурат гирифт. Шахси номаълум Додоҷонро ба вохӯрӣ даъват карда, ба ӯ ду корд зад. Журналист аз ин ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона бистарӣ шуд. Шукри худо, ки ҳоло хатар ба ҷони Додоҷон таҳдид намекунад ва ӯ сиҳат мешавад.
Ин хабари шум баъди чанд соат дар расонаҳои хабарии Русия паҳн шуд ва онро аввали рӯзи 13 январ – соати 5-у 14 дақиқа хабарнигории «Азия плюс» дар такя ба манбаъҳои русӣ нашр кард. Баъдан хабари сӯиқасд ба чони Додоҷони Атовулло дар сомонаҳои оҷонсиҳои иттилоотии хусусии Тоҷикистон — «Озодагон», «Tojnews», «Pressa.tj» пахш шуданд. Ҳамон рӯз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Анҷумани миллии воситаҳои ахбори мустақили Тоҷикистон, Медиа-Алянси Тоҷикистон ва Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон — «Афрўз» бо пахши баёния сӯиқасд ба ҷони рӯзноманигор Додоҷони Атовуллоро маҳкум карда, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия тақозо кардаанд, ки нисбати ин ҳодиса таҳқиқи амиқ гузаронида шавад.
Созмони «Хабарнигорони бидуни марз» (RSF) ва Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) низ дар баёнияи худ ҳамла ба Додоҷон Атовуллоро маҳкум карда, таҳқиқи қазияи мазкурро аз мақомоти Русия хостанд.
13 январ Радиои «Озодӣ» дар такя ба ИТАР-ТАСС хабар дод, ки сардори раёсати иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлаталӣ Назриев ҳамла ба хабарнигори тоҷик Додоҷони Атовуллоро дар Маскав маҳкум кард ва умедвори ҳарчӣ зудтар ошкор шудани омилони ин сӯъиқасд шуд. Ӯ гуфтааст, ки дар Душанбе шеваҳои муҷозоти худсаронаро қатъиян қабул надоранд.
Ман ҳамчун як нафар журналист мехостам, ки назари расонаҳои давлатии Тоҷикистонро бифаҳмам. Мутаассифона, ин хабарҳои муҳим барои аҳли ҷомеа ҳамон рӯз ва рӯзҳои минбаъда то навиштани ин мавод (субҳи 16 январ) дар телевизион ва радиоҳои давлатӣ пахш нашуданд. Оҷонсии иттилоотии миллии Тоҷикистон «Ховар» низ дар ин мавзӯъ хабаре ба табъ нарасонд. Ҳамон рӯзҳо «Ховар» чунин хабарҳоро пахш кард, ки сарлавҳаашонро аз сомонаи http://khovar.tj меорем:
16.01.2012 09:34 Ҳамкории фурудгоҳ бо 24 ширкати ҳавопаймоӣ
14.01.2012 11:01 Ташкили ярмаркаҳо идома дорад
14.01.2012 11:01 Роҳҳо таъмир мешаванд
14.01.2012 11:00 Иттиҳоди Аврупо кӯмакҳояш ба Тоҷикистонро меафзояд
14.01.2012 10:58 О. Оқилов фаъолияти Хатлонро дар соли 2011 натиҷагирӣ кард
13.01.2012 16:47 Истироҳат дар фасли зимистон
13.01.2012 16:47 «Тоҷик-эйр» қарзашро дар назди «Тоҷиксуғурта» кай пардохт мекунад?.
13.01.2012 15:44 «Лутфи ҳақ»
13.01.2012 15:43 Қарзҳои бефоиз ба эҳтиёҷмандон
13.01.2012 15:43 «Чун сари кори ту бо кӯдак фитод…»
13.01.2012 15:17 Стивен Ҷерард шартномаашро дароз мекунад
13.01.2012 15:17 Ривалдо дар Ангола
13.01.2012 15:16 «Рубин» бо «Олимпиакос» дар Маскав бозӣ хоҳад кард
13.01.2012 15:16 ЕURO-2012: Гузоришҳои телевизионӣ
13.01.2012 15:05 Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзудааст
13.01.2012 14:25 Чоҳҳои нафту газ барқарор карда мешаванд
13.01.2012 14:24 Табибони Русия шаҳрвандони моро шифо мебахшанд
13.01.2012 14:24 Талабот ба маҳсулоти пластмассӣ меафзояд
13.01.2012 12:13 Ҳайати намояндагони афғонӣ дар Душанбе
13.01.2012 12:12 Телевизион ва радиои Тоҷикистон пурра ба пахши рақамӣ мегузарад
13.01.2012 11:48 Истеҳсоли техникаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон
13.01.2012 11:47 Истихроҷи газ афзоиш меёбад
13.01.2012 11:15 Тағйироти нави кадрӣ
13.01.2012 10:49 Мевахушккунаки офтобӣ сазовори диплом шуд
13.01.2012 10:48 Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ бе иҷро монд
13.01.2012 10:06 Азми бинокорон
13.01.2012 10:06 Сӯхтор коҳиш ёфт
13.01.2012 10:06 Таваллудхона бо таҷҳизоти нав таъмин шуд
13.01.2012 09:55 Эстония вуруди Тоҷикистонро ба Созмони ҷаҳонии савдо пуштибонӣ мекунад
12.01.2012 17:53 Мулоқоти Э.Раҳмон бо У.Паэт

Шояд, гумон кунед, ки хабари «Табибони Русия шаҳрвандони моро шифо мебахшанд», аз табобати Додоҷони Атовулло иттилоъ медиҳад. Иштибоҳ мекунед. Дар хабари мазкур сухан аз табобати осебдидагони сӯхтори тарабхонаи «Pittore» -и шаҳри Маскав меравад.
Он рӯзҳо дар телевизиону радиоҳои давлатӣ низ ба рӯйихати боло монанд хабарҳо пахш шуданд, ки ҳеҷ ба талаботи барномасозӣ ҷавобгӯ набуданд. Ҳамон рӯзҳо хабарҳои криминалӣ аз хориҷи кишвар зиёд пахш шуданд, вале ин мавзӯи доғ дар телевизиони Тоҷикистон роҳ наёфт. Воқеан, барномасозии хабарии телевизиони Тоҷикистонро Рустам Холиқов дар сомона ва рӯзномаи «Asia-Plus» (10. 01. 2012) интиқод карда буд, ки воқеият дорад.

Масъулони расонаҳои давлатӣ шояд гумон мекунанд, ки бо инъикос накардани ин мавзӯъ мардум аз воқеа огоҳ намешаванд. Бигзор, Додоҷони Атовулло барои баъзе мансабдорон шахси номақбул бошад, вале ин маънои онро надорад, ки чунин хабар пахш нашавад. Хабари шум зуд паҳн мешавад. Ҳамон рӯзи 13 январ мардум дар кӯчаву бозор дар бораи сӯиқасд ба ҷони Додоҷони Атовулло ҳарф мезаданд. Бояд гуфт, ки баракс, ин мавзӯъро нагуфтани расонаҳои давлатӣ боиси гумонҳои гуногун дар байни мардум мешавад.
Рисолати нахустини ВАО новобаста аз шакли моликият — ин ба мардум расонидани иттилои воқеӣ ва беғаразона аст. Аз ҷониби дигар, вақте ки ин расонаҳо аз буҷаи давлатӣ, яъне аз пули андозсупорандагон маблағгузорӣ мешаванд, чаро онҳоро бо иттилои воқеӣ сари вақт огоҳ намекунанд?!

Ҷовид Муқим

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: