УЗРЕ БАДТАР АЗ ГУНОҲ, Ё ТАРСАКИИ МАСКАВ



УЗРЕ БАДТАР АЗ ГУНОҲ, Ё ТАРСАКИИ МАСКАВ

Дар мавзӯи қазияи халабонҳои рус чизе навиштанӣ набудам, зеро он тӯли се ҳафта ҳангомаи расонаҳо шуда буд, вале анҷоми шармандавори он маро ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон бетараф гузошта наметавонад.
22- юми ноябри соли равон Додгоҳи вилояти Хатлон ду командири тайёраҳои АН-72-и Ширкати оффшории «Ролкан Инвестмент Лтд» шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро озод кард. Судя бо дархости Толибҷон Азимов, муовини додситони вилояти Хатлон, ки дар мурофиаи судии ин халабонон ба ҳайси айбдоркунанда ширкат мекард, ба ҳар ду судшаванда 2 солу шаш моҳу 14 рӯзи зиндонро раво дид. Аммо бинобар татбиқи Қонуни авф, ки аз 20 августи соли 2011 қабул шуда буд, ду соли ҷазои зиндонро аз ҳукми халабонҳо кам кард. Ҳамин тавр, бо назардошти он ки, халабонҳо, аллакай, шаш моҳ дар боздоштгоҳ қарор доштанд, онҳо аз толори додгоҳ озод гардиданд.
Бояд гуфт, ки ҳанӯз 8 ноябр Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа Владимир Садовничий ва Алекей Руденкоро барои ғайриқонунӣ дохил шудан ба ҳарими ҳавоии Тоҷикистон, барои вайрон намудани меъёрҳои байналмилалии парвоз ва барои интиқоли ғайриқонунии муҳаррики тайёра ба мӯҳлати 10 солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум карда буд. Вале бо татбиқи Қонуни авф дусолӣ аз ҳукми онҳо кам карда шуд. Ҳамин тавр ҳар кадоми онҳо ба ҳашту ним сол аз озодӣ маҳрум гардиданд. Ин амал дар расонаҳои Русия мавзӯи рақами 1 шуда, боиси эътирози мансабдорону сиёсатмадорон ин кишвар гардид. Ҳамзамон фишороварӣ ба мақомоти Тоҷикистон ва ихроҷи муҳоҷирони тоҷик оғоз гардид. Билохира, Додситони вилояти Хатлон ба ҳукми Суди шаҳри Қӯрғонтеппа эътироз карда, хоҳони аз нав баррасӣ шудани қазияи халабонҳо шуд. Ҳол он ки чанде қабл додситони кулл Шерхон Салимзода дар нишасти матбуотӣ ин ҳукми судро воқеӣ гуфта буд. Ба гуфти додситони кулл дар дохили ҳар ду тайёраҳои АН-72 боз шаш сарнишини дигар аз Русия, Украина, Беларус ва Қазоқистон ҳузур доштанд, ки нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ кушода нашудааст ва онҳо бегуноҳ дониста шудаанд.
Қазияи мазкур дар Тоҷикистон низ боиси баҳсу мунозираи мардум гардид. Ҳар кӣ аз рӯи фаҳмиши худ ба он баҳо медод. Савори таксие будем, ки дар радио сари ин мавзӯъ сухан рафт. Ронанда гуфт, ки чаро бо шохи гов ҷанг мекунанд? Аввалан, лётчикҳоро ин қадар сахт суд намекарданд. Акнун, ки ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия фишор оварда истодаанд, сар диҳандашон, то аз ин амал дигарҳо азоб накашанд.
— Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол аст ва касе, ки қонуншиканӣ кардааст, ҷавоб мегӯяд, -гуфтам ман.
Ронанда сӯям нимхандае кард ва хомӯш монд. Воқеан, он рӯзҳо мардуми Тоҷикистон сари ин қазия ба се гурӯҳ ҷудо шуда буданд: 1. Нафароне, ки чун ронандаи таксӣ ҷонибдори озод кардани лётчикҳо буданд. Ин тоифа тарафдори он буданд, Тоҷикистон пеши «бародари калонӣ» ҳамеша чорқату муттаҳам бошад, зеро илоҷи дигаре надорад. 2. Онҳое, ки ҳисси ватандориашон боло буд, аз додситони кулл Шерхон Салимзода дастгирӣ мекараданд ва ҷонибдори он буданд, ки адолати судӣ риоя шавад. 3. Гурӯҳи сеюм бетараф буданд.
Баъди чанд рӯз ҷониби Тоҷикистон ба фишори Ҳукумати Русия тоб наоварда, рӯ ба гузашт овард ва дар натиҷа ин ду халабони рус озод шуданд. Ин амал собит намуд, ки системаи судии Тоҷикистон мустақил нест ва бо фишор овардан метавон қазияро ба манфиати касе ҳал кард. Ҳамчунин қазияи мазкур собит кард, ки кишварҳои абарқудрат чун Русия метавонанд дар роҳандозии ягон амал ба Ҳукумати Тоҷикистон фишор оваранд. Олоти асосии фишори ҳукуматдорони рус муҳоҷирони меҳнатии тоҷик буд. Мақомоти Русия барои ҳалли қазияи халабонҳо ба манфиати худ депортатсияи муҳоҷиронро шурӯъ кард. Аз ҷониби дигар, масъалаи ҷорӣ кардани раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва забондонии муҳоҷирон ба миён омад. Ин ҳама ҷониби Тоҷикистонро маҷбур кард, ки ба гузашт равад.

Бояд гуфт, ки бино ба иттилои АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия қариб 675 ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ кор мекунанд. Аз рӯи маълумоти ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия аз миллион нафар ҳам бештар аст ва ин рақам ҳамасола меафзояд. Зеро ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ ҳамасола нерӯи корӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби ҷавонон 180 ҳазор нафар зиёд мешавад. Албатта, аксари онҳо дар ҷумҳурӣ ҷои кор наёфта, рӯ ба Русия меоранд, зеро алтернативаи дигар нест. Воқеан ҳам, тибқи маълумоти Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол дар моҳи август – сентябри соли 2011 2 млн. 169 ҳазору 800 нафарро ташкил додаст, ки аз онҳо 2 миллиону 114 ҳазор нафар ва ё 94,4 фоиз дар соҳаи иқтисодиёт машғули коранд. Дар ин давра 55,7 ҳазор нафар расман мақоми бекорро гирифтанд, ки 2,6 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт фаъолро ташкил медиҳад. Аз рӯи омори мазкур бармеояд, ки қариб нисфи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд.
Феълан аксар дар бораи афзалияти муҳоҷирати меҳнатӣ ҳарф мезананд, зеро имрӯз воқеан ҳам, иқтисодиёти Тоҷикистон аз маблағе, ки онҳо ба оилаашон мефиристанд ва он аз рӯи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ ҳамасола беш аз 2 миллиард долларии ИМА мебошад, побарҷост. Вале муҳоҷирати меҳнатӣ барои Тоҷикистон оқибатҳои ногувор низ дорад. Иқтисодчӣ, шодравон Тоҳири Абдуҷаббор ҳанӯз 5 сол қабл дар газетаи «Миллат» (28. 09. 2006) ҷиҳатҳоии манфии муҳоҷирати меҳнатиро барои Тоҷикистон чунин баррасӣ карда буд:

1. Ба ҷои дар дохили кишвар истифода шудани таҷриба ва малака дар хориҷи кишвар ва аз кишвар рафтани «ақлҳо»;
2. Бинобар аз руи тахасус кор накардан аз даст додани малакаву дониши касбӣ;
3. Махлут гаштани урфу одат, фарҳанг ва забони муҳоҷирон;
4. Аз даст додани шаҳрвандони худ;
5. Таъсири манфӣ ба тарбияи кӯдакон ва ҷудо шудани хонаводаҳо;
6. Коҳиш ёфтани эътимоди ҷомеа ба ҳукумат.

Ба ғайр аз ин Тоҳири Абдуҷаббор яке аз ҷиҳатҳои манфии муҳоҷирати меҳнатиро чун воситаи таъсиррасонии сиёсӣ истифода бурдан аз ҷониби кишвари корфармо медонад. Қазияи халабонҳо ин гуфтаҳоро собит намуд. Аз ин бармеояд, ки то он вақте, ки муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд, ин кишвари абарқудрат метавонад ба ҳукумати мо фишор орад ва қазияҳоро ба манфиати худ ҳал кунад. Бинбар ин, Ҳукумати Тоҷикистонро мебояд, ки ҳар чӣ зудтар роҳҳои аз ин бунбаст баромаданро пайдо бикунад.
Ба назари мо, дар навбати аввал ҳамаи маблағгузориҳои чӣ давлатӣ ва чӣ хусусиро барои барқаророкунӣ ва сохтанӣ ҷойҳои нави корӣ, ки маоши арзанда доранд, равона мебояд кард. Ҳамчунин барои ин кор сармоягузории хориҷиро ҷалб кардан лозим аст. Албатта, феълан ҷумҳурӣ наметавонад, ҳамаи аҳолии қобили меҳнатро бо кор дар дохили кишвар таъмин намояд. Бинобар ин, дар сатҳи ҳукуматӣ ин масъала бояд бо кишварҳои ба мо дӯст ҳал карда шавад. Яъне тавассути қарорододи ҳукуматӣ метавон муҳоҷирони меҳнатиро ба кишварҳои Араб, Аврупо ва ҳатто ИМА фиристод. Бисёр кишварҳои абарқудрат дар Тоҷикистон манфиатҳои геополитикӣ доранд ва онҳо албатта, барои қабули теъдоди на он кадар зиёди муҳоҷирони корӣ розӣ мешаванд. Мо ҳам ба фиристодани теъдоди ками муҳоҷирони меҳнатӣ ба як мамлакат манфиатдорем, зеро агар онҳо зиёд бошанд, боз воситаи таъсиррасонӣ ба ҳукумати мо мегарданд.
Ин амал аз ҷониби дигар, моро пеши Русия сархам нахоҳад кард. Умуман, имрӯз вақти он расидааст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳар чӣ бештар вобастагиашро аз Русия коҳиш диҳад. Ба гуфти президенти Гурҷистон М. Саакашвили дар ҷаласаи ҳукумат (22.11. 2011) «Ба Маскав онҳое рӯ меоранд, ки психологияи ғуломӣ доранд».
Томас Ачакосо, мушовири Бонки ҷаҳонӣ оид ба муҳоҷират дар як ҳамоише, ки оид ба муҳоҷират 17 ноябри соли равон дар Душанбе доир гардид, гуфт, ки агар Тоҷикистон қобилияти идора кардани ҷараёнҳои муҳоҷиратиро биомӯзад, имкони рушди босуботи ин кишвар фароҳам хоҳад омад.

Ҷовид Муқим

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: