Хабар чӣ гуна бояд бошад? Ё чаро барномаи «Ахбор» баёнгари ҳаводиси рӯз нест?



Хабар чӣ гуна бояд бошад?

Ҷовид Муқим,
профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

Телевизион дар паҳн кардани иттилоъ нисбат ба рӯзномаҳо бартарият дорад. Зеро вай метавонад тезтар ва муассиртар хабарро паҳн кунад. Вале ин афзалияти телевизион дар Тоҷикистон чандон истифода намешавад.
Дар сӯҳбат мутахассисони соҳаи журналистика аксаран мегӯянд, ки бинандагони телевизионҳои Тоҷикистон каманд, зеро барномаҳояшон дар сатҳи касбӣ нестанд. То кадом андоза ин иддао воқеият дорад? Барои муайян кардани теъдоди бинандагони телевизионҳои фаромиллии Тоҷикистон – ТВ «Шабакаи аввал», ТВ «Сафина», ТВ «Ҷаҳоннамо» ва ТВ «Баҳористон» мо пажӯҳише анҷом додем. Ба пурсиши мо 200 нафар сокинони шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он посух гуфтанд. Аз ҷумла, дар пурсиш 125 нафар (62,5 фоиз) сокини шаҳри Душанбе ва 75 нафар (37,5 фоиз) истиқоматкунандагони деҳот иштирок карданд. Аз рӯи ҷинс 115 нафар (57,5 фоиз)- и респондентон мард ва 85 нафар (42,5 фоиз)-и боқимонда занҳо буданд. Респондентон аз рӯи синну сол ба 5 гурӯҳ тақсим карда шуданд: синни аз 16 то 25-сола, синни аз 26 то 35-сола, синни аз 36 то 50-сола, синни аз 51то 60-сола ва синни аз 61-сола боло. Аз пурсидашудагон 69 нафар (34,5 фоиз) аз 16 то 25-сола буданд ва аксари онҳоро донишҷӯёни макотиби олӣ ташкил мекарданд. 46 нафар (23 фоиз)-и дигари пурсидашудагон синни аз 26 то 35-сола доштанд. Ба гурӯҳи респондентони 36-50-сола 40 нафар (20 фоиз) шомил буданд. Дар пурсиш 26 нафари аз 51 то 60-сола иштирок карданд. Ҳамчунин 19 нафар (9,5 фоиз)-и аз 61-сола боло пурсида шуданд. Аз рӯйи нишондиҳандаи таҳсилнокӣ аксари респондентон- 86 нафар (43 фоиз) таҳсилоти олӣ доштанд. Ҳамчунин 66 нафар (33 фоиз)-и пурсидашудагон таҳсилоти олии нопурра ва 48 нафар (24 фоиз) таҳсилоти миёна доштанд.
Пурсишнома аз 6 суоли зерин иборат буд:
1.Шумо телевизиони Тоҷикистонро тамошо мекунед?
2.Кадом телевизионро тамошо мекунед?
3.Кадом барномаро бештар тамошо мекунед?
4.Барномаи «Ахбор»-ро тамошо мекунед?
5.Оё барномаи «Ахбор» ба шумо мақбул аст?
6.Барои чӣ барномаи «Ахбор» мақбул аст ё мақбул нест?
Аз 200 нафари пурсидашудагон 155 нафар (77,5 фоиз) гуфтанд, ки телевизионҳои Тоҷикистонро тамошо мекунанд. Баъзеи респондентон бинандаи аксари телевизионҳои фаромиллӣ ва маҳаллӣ мебошанд. Аз ин рӯ, теъдоди умумии бинандагон зиёд шуда ба 263 нафар расидааст. Дар ҳамин ҳол 45 нафар (22,5 фоиз) изҳор доштанд, ки бинобар мақбул набудан телевизионҳои Тоҷикистонро умуман тамошо намекунанд. Аксари онҳо телевизионҳои Русия ва Ӯзбекистонро тамошо мекардаанд.
Ба суоли «Кадом телевизионро тамошо мекунед?» Аксари респондентон – 70 нафар, ё ин ки 26,6 фоиз гуфтаанд, ки Телевизиони «Ҷаҳоннамо»-ро тамошо мекунанд. Аз пажӯҳиш бармеояд, ки теъдоди бинандагони телевизионҳои «Шабакаи аввал» ва «Сафина» баробар будааст. Телевизионҳои номбурдаро 65-нафарӣ тамошо мекардаанд. Яъне ин ду шабака 24,7 фоизӣ бинанда доштааст. 38 нафар (14,4 фоиз) изҳор доштаанд, ки Телевизиони «Баҳористон»-ро тамошо мекунанд. Дар пурсиши мо суол оид ба телевизионҳои «Пойтахт» ва СМТ набуд, вале 15 нафар (5,7 фоиз) гуфтанд, ки Телевизиони «Пойтахт» ва 10 нафар (3,8 фоиз)-и дигар СМТ-ро тамошо мекунанд.
Ба суоли «Кадом барномаро бештар тамошо мекунед?» аксар гуфтаанд, ки аз ин шабакаҳо футбол ва филм тамошо мекунанд. Ҳамчунин баъзе респондентон гуфтаанд, ки аз Телевизиони «Баҳористон» барномаҳои «Чарогӯяк» ва «Омадем, то бубинем», аз Телевизиони «Ҷаҳоннамо» барномаҳои «Оё медонед», «Тақвими рӯз», аз «Шабакаи аввал» барномаҳои «Лаҳзаҳои гуворо», «Шӯхиҳои Аловуддин» ва «Беғараз панд», аз Телевизиони «Сафина» барномаҳои «Лаззат» ва ток-шоуҳоро тамошо мекардаанд.
Барномаҳои хабарии телевизионҳои Тоҷикистонро 186 нафар (70,6 фоиз) бинанда доштааст. Дар ҳамин ҳол 48 нафар ё ин ки 25,8, фоизи теъдоди умумии бинандаҳо барномаҳои иттилоотӣ «Хабар»-и ТВ –и «Ҷаҳоннамо»-ро тамошо мекардаанд. Аз ин теъдод ба 25 нафар (52 фоиз) барномаи «Хабар» мақбул будааст. 8 нафар (16,6 фоиз)-и дигар изҳор кардаанд, ки ин барнома барояшон чандон писанд нест. 15 нафар (31,2 фоиз) бошад, гуфтаанд, ки барномаи «Хабар» барояшон мақбул нест.
Теъдоди бинандагони барномаи «Ахбор»-и Телевизиони «Шабакаи аввал» 62 нафар ё ин ки 23,5 фоиз будааст. Дар ҳамин ҳол ба 26 нафар (41,9 фоиз) барномаи «Ахбор» мақбул будааст. Ҳамчунин ба 10 нафар, ё ки 16,1 фоизи бинандагон барномаи «Ахбор» чандон писанд нест. Дар ҳамин ҳол 26 нафар (41,9 фоиз) аз пурсидашудагон гуфтаанд, ки барномаи мазкур ба онҳо мақбул нест.
Барномаи «Навид»-и Телевизиони «Сафина» 60 нафар ё ин ки 22,8 фоиз тамошобин доштааст. Барномаи «Навид» писанди 17 нафар (28,3 фоиз) бинанда будааст. Ба 18 нафар (30 фоиз)-и дигар барномаи мазкур чандон писанд набудааст. 25 нафар (41,6 фоиз) бошанд, умуман барномаи «Навид»-ро мақбул намедонистаанд.
Барномаи «Хабар»-и Телевизиони «Баҳористон»-ро ҳамагӣ 16 нафар (6 фоиз) тамошо мекардаанд. Ба 3 нафар (18,7 фоиз)-и пурсидашудагон барномаи «Хабар» мақбул будааст. Ба 8 нафар (50 фоиз)-и пурсидашудагон ин барнома чандон писанд набудааст. Ҳамчунин ба 5 нафар (31,2 фоиз) барномаи иттилоотии Телевизиони «Баҳористон» умуман мақбул набудааст.
Аз пажӯҳиши мазкур бармеояд, ки 186 нафар ё ин ки 70,6 фоизи пурсидашудагон аз 263 нафар, барномаҳои иттилоотии телевизионҳои Тоҷикистонро ҳар рӯз, ё ҳафтае 2-3 маротиба, ё дар як моҳ ақаллан 1 маротиба тамошо мекардаанд. Дар ҳамин ҳол барномаҳои иттилоотӣ ба 71 нафар (38,1 фоиз) мақбул аст. Ҳамзамон барномаҳои мазкур ба 44 нафар (23,6 фоиз) чандон мақбул нест. 71 нафар (38,1 фоиз) изҳор доштаанд, ки барномаҳои иттилоотии телевизионҳои Тоҷикистон умуман ба онҳо мақбул нест. Ҳамин тавр, аз пажӯҳиш бармеояд, ки барномаҳои иттилоотӣ ба теъдоди баробари респондентон 71 нафарӣ мақбул аст ва писанд нест. Яъне барномаҳои ахбории телевизионҳои Тоҷикистон танҳо талаботи 38,1 фоизи бинандаҳои барномаҳои иттилоотиро қонеъ мекунанд. Сабаби мақбул набудани барномаҳои иттилоотиро пурсидашудагон ба аҳамияти ҷамъиятӣ надоштани хабарҳо ва дар сатҳи пасти касбӣ омода шудани онҳо иртибот медиҳанд. Бояд бигӯем, ки аксари респондентони мо мардуми соҳибтаҳсилот буданд ва онҳо дар воқеъ чӣ гуна бояд барномаҳои иттилоотӣ бошанд, дарк мекарданд. Воқеан ҳам, вақте барномаҳои иттилоотии телевизионҳои Тоҷикистонро аз нигоҳи касбӣ тамошо мекунӣ, онҳо ба талаботи хабар ҷавобгӯ нестанд.
Хабар — ин иттилои наву муҳимест, ки аҳамияти ҷамъиятӣ дошта, барои аксари аудитория ҷолиб аст ва сари вақт пахш карда мешавад.

Объекти хабар метавонад инсон, факт, ҳодиса, проблема ё чизи қобили таваҷҷӯҳи мардум бошад. Маводи иттилоотиро метавон ба се гурӯҳ ҷудо кард:
1.Тақвимӣ. Иттилои мазкур бо ҷашнвораҳо, санаҳои таърихӣ, идҳои миллӣ иртибот дорад, ки ҳатман бояд сурат гиранд.
2.«Доғ» ё мустақим. Дар чунин хабарҳо оид ба рӯйдодҳои чашмгири дохили кишвар ва хориҷи он, дар бораи мушкилоти ҳаёти байналмилалӣ, ҳангомаҳо, садамаҳо, тағйиротҳои сарнавиштсоз иттилоъ дода мешаванд.
3.«Созмондодашуда». Ин ба таври сунъӣ фактҳо ва ҳодисаҳои дурӯғинро ҳангома кардан ё интихоби ғаразноки иттилоъ мебошад.
Дар телевизионҳои Тоҷикистон хабарҳои ин се гурӯҳ ба назар мерасанд. Вале ба гурӯҳи «Созмондодашуда» бештар хабарҳои ғаразнок интихоб мешаванд.
Арзиши хабар бо ҷузъҳои зерин муайян карда мешавад:
1. Аз нигоҳи аудитория наздик будани мавзӯъ (дар фосилаи замон, чизи ошно ё наздик);
2. Шӯҳрати касе ё чизе (комёбӣ ё нокомии касе ё чизе);
3. Саривақтӣ будан;
4. Муассирӣ — ҷалби таваҷҷӯҳи аудитория ба мавзӯъ;
5. Бузургӣ ё фарогирии иттилоъ;
6. Муноқиша (ифшои чизе, тафсилоти низоъ, талоқи ашхоси маъруф, ҷанҷол, боздошт);
7. Ғайримаъмулӣ (ғайриқобили пешбинӣ ё инкишофи ғайричашмдошти ҳодисаву проблема);
8. Шахсонидани хабар.
Дар барномаҳои ахбор бояд пеш аз ҳама дар бораи иттилои муҳими ҷомеа, ғайриоддӣ ва ё сиёсӣ хабар дода шавад . Баъдан дар бораи тиб, фарҳанг, илму маориф ва варзиш хабар медиҳанд.
Ба журналистон маълум аст, ки хабар бояд ба суолҳои зерин посух гӯяд: Кӣ? Чӣ? Кай? Дар куҷо? Чӣ хел? Барои чӣ? Вале мутаассифона, дар хабарҳои телевизионҳои Тоҷикистон ин қоида ҳамеша риоя намешавад. Дар барномаҳои иттилоотии телевизионҳо хабарҳое низ пахш мешаванд, ки на маълумоти нав доранд ва на моҳияти ҷамъиятӣ. Тамошои он барои бинанда шавқовар нест. Масалан, 14 ноябри соли 2011 дар барномаи «Ахбор»-и рӯзонаи «Шабакаи аввал» дар бораи ба ҷои барқ бо ангишт гарм кардани дегхонаи як корхона дар Хуҷанд иттилоъ дода шуд. Хабари мазкур аз иттилои нав ва муҳим дида, бештар ҳадафи тарғиботӣ дошт.
Бояд гуфт, ки моҳи октябру ноябри соли равон дар «Шабакаи аввал» ва Телевизиони «Сафина» дар бораи омодагии мактабҳои ҷумҳурӣ ба зимистон хабарҳои зиёде пахш шуданд. Ин хабарҳо якнавохту дилбазан буда, дар бораи бо ангишту ҳезум таъмин шудани кадом як мактаби деҳот иттилоъ медоданд. Масалан, 14 ноябри соли 2011 дар барномаи «Ахбор»-и соати 22-и «Шабакаи аввал» дар бораи омодагии мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 3-юми шаҳри Хоруғ ба зимистон хабар пахш шуд. Қобили зикр аст, ки чунин хабарҳо аз рӯи мӯҳтаво ба ҳам монанд буда, танҳо номи мактабу навоҳӣ фарқ мекунанд.
Ҳамчунин 16 ноябри соли 2011 дар барномаи«Ахбор»-и «Шабакаи аввал» гузориш дар бораи ғайримақсаднок истифода бурдани нерӯи барқ дар вилояти Суғд пахш шуд, ки барои бинанда ҷолиб набуд.
Хабари дигари ин барнома дар бораи ба зимистон омода будани Муассисаи истифодабарии роҳҳои ноҳияи Вахш пахш шуд, ки он ҳам аз суханҳои умумӣ иборат буда, иттилои наву ҷолиб надошт.
Чунин хабарҳои камаҳамият ва ғайри қобили таваҷҷӯҳ дар Телевизиони «Ҷаҳоннамо» низ баъзан пахш мешаванд. Масалан, 31 октябри соли 2011 дар барномаи «Хабар»-и соати 21 чунин иттилоъ пахш шуд: «Кормандони шабакаҳои барқии ноҳияи Тоҷикобод дар доираи корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон ба маблағи 208 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру барқарорсозии зеристгоҳу трансформаторҳо ва хатҳои интиқоли нерӯи барқро ба анҷом расонданд». Иттилои мазкур шояд барои сокинони ноҳияи Тоҷикобод пураҳамият бошад, вале он барои сокинони ҷумҳурӣ ҷолиб нест.
Хабарро аз нигоҳи таҳия кардан метавон шартан ба ду гурӯҳ ҷудо кард: иттилои расмӣ ва муаллифӣ. Иттилои расмӣ аз ҷаласаҳои ҳукумат, порлумон, маъракаҳои ба ин монанд ё нишастҳои матбуотӣ таҳия мегардад. Таҳияи намуди иттилои дуюм аз фаъолияти муаллиф бештар вобаста аст . Ӯ факт меҷӯяд, иттилои нав меёбад ва дар асоси он хабар таҳия мекунад. Тарзи таҳияи хабар бояд бо сабки ҳарами воруна сурат гирад. Яъне дар аввали хабар бояд иттилои муҳим гуфта шавад. Вале аксари мухбирони телевизион ин сабкро ё намедонанд ва ё намехоҳанд аз он истифода кунанд. Ҳамин аст, ки дар аксари хабарҳои дохилии телевизионҳои Тоҷикистон иттилои муҳим ва асосӣ дар охири матн гуфта мешавад.
Дар матни хабар бояд бинанда иттилои заруриро пайдо кунад ва бояд чизи нофаҳмо набошад, ё суоле пайдо нашавад. Вале ин талабот на ҳамеша дар телевизионҳои Тоҷикистон риоя мешавад. Масалан, 11 ноябри соли 2011 дар барномаи «Ахбор»-и Телевизиони «Шабакаи аввал» хабари якум дар бораи дар Суди конститутсионии Тоҷикистон баррасӣ шудани мувофиқати моддаи 6-уми Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо Сарқонун пахш шуд. Дар хабари мазкур иттилои аниқе дар бораи ин моддаи қонун гуфта нашуд ва барои бинанда маълум набуд, ки мушахассан сухан дар бораи чӣ меравад. Ҳол он ки ин моддаи қонуни номбурда ба тартиби пардохт ва баргардонидани боҷи давлатӣ бахшида шудааст.
Чунин ҳолат дар барномаҳои иттилоотӣ бисёр ба назар мерасанд. Масалан, 15 ноябри соли 2011 итилои дуюми барномаи«Ахбор»-и «Шабакаи аввал» ба баргузории ҷаласаи гурӯҳҳои кории Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон оид ба лоиҳаи байниминтақавии интиқоли барқ «CASA- 1000» бахшида шуда буд. Мутаассифона, дар хабари мазкур дар бораи лоиҳаи «CASA- 1000» чизе гуфта нашуд. Барои бинанда ҷолиб аст бидонад, ки ин лоиҳа чист ва ба Тоҷикистон чӣ медиҳад. Дар хабар ду мусоҳибаи кӯтоҳ бо яке аз иштирокдорони ҷаласа сурат гирифт, вале чизи асосӣ гуфта нашуд.
Қобили тазаккур аст, ки дар барномаҳои иттилоотӣ аксаран талаботи жанрӣ риоя намешаванд. Баъзан гузориш гуфта маводеро пахш мекунанд, ки дар асл он аз репортаж фарсахҳо дур аст. Зеро талаботи асосии жанр ҳузури хабарнигор ва микрофон дар ҷои ҳодиса риоя намешавад. Масалан, 14 ноябри соли 2011 дар «Ахбор»-и «Шабакаи аввал» дар бораи кишти ғалла дар ноҳияи Ғончӣ ва Истаравшан гузориш пахш шуд, ки 5 дақиқа идома ёфт. Баъди ин гузориши дигар аз кишти ғалла дар ноҳияҳои Восеъ ва Фархор 4 дақиқа пахш шуд. Дар ҳар ду гузориш ҳам сухани хабарнигор дар студия сабт шуда дар паси навор мерафт.
Ҳадафи муаллифи хабар ин зуд ба аудитория расонидани иттилоъ аст. Забони хабар бояд содаву фаҳмо бошад. Хабар пургӯиву суханпардозиро намепарастад. Вай жанри бадеӣ нест. Бинобар ин хабар бояд кӯтоҳ ва нишонрас бошад. Мутаассифона, талаботи мазкурро таҳиягарони хабар на ҳамеша риоя мекунанд. Масалан, 15 ноябри соли 2011 барномаи «Ахбор»-и «Шабакаи аввал» аз матлабе дар бораи корҳои сохтмонӣ дар НБО-и Роғун, ки 8 дақиқа идома ёфт, шурӯъ шуд. Дар матлаби мазкур сухан аз он мерафт, ки дар 66 қитъаи сохтмон корҳо идома доранд ва дар 10 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар сохтмон 184 фоиз маблағ сарф шудааст. Дар ин мавод фактҳо ташреҳ намешаванд. Муаллиф мегуфт, ки ин лаҳзаҳо шодиву нишоти сохтмончиёнро интиҳо нест. Роғун ин ояндаи дурахшон ва бахти миллат аст. Ин мавод, ки бо лаҳни бадеӣ аз ҷониби муаллиф хонда шуд, хоси барномаи иттилоотӣ набуд.
Бояд зикр кард, ки дар телевизионҳои Тоҷикистон ҳангоми барномарезӣ аҳамиятнокӣ ва ҷолибияти хабар ба назар гирифта намешавад ва аксаран хабарҳо аз иттилои расмӣ шурӯъ мешаванд. Ин албатта, таваҷҷӯҳи бинандаро коҳиш медиҳад.
Дар барномаҳои иттилоотӣ баъзан хабарҳои кӯҳна низ пахш мешаванд. Масалан, 15 ноябри соли 2011 иттилои сеюми барномаи «Ахбор»-и «Шабакаи аввал» оид ба таъмири хатҳои барқи ноҳияи Ҷиргатол буд. Дар хабар гуфта мешуд, ки то боридани барфи аввал ҳамаи хатҳои барқи ноҳия таъмир карда мешаванд. Албатта, кӯҳна будани ин хабар маълум аст. Зеро аллакай дар Ҷиргатол то он рӯз чанд маротиба барф борида буд.
Қобили зикр аст, ки барномаҳои хабарҳои бахши хориҷии телевизионҳои Тоҷикистон нисбати хабарҳои дохилӣ хубтар таҳия мешаванд. Инро бештар дар барномаҳои «Хабар» ва «Дунё»-и Телевизиони «Ҷаҳоннамо» дидан мумкин аст. Албатта, сабаб дар он аст, ин хабарҳо дар асл ба усули «пирамидаи чаппа» таҳия гардида дар телевизионҳои хориҷӣ пахш шудаанд. Хабарҳои мазкурро аз ин расонаҳо гирифта ба тоҷикӣ тарҷума мекунанд.
Дар ҳамин ҳол баъзан дар ин бахш хабарҳое пахш мешаванд, ки умуман барои бинандаи тоҷикистонӣ аҳамият надоранд. Масалан, 21 ноябри соли 2011 дар барномаи «Хабар»-и Телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар бораи аз оташ ҳалок гаштани як нафар дар Русия пахш карда шуд. Ҳодисаи мазкур ба Тоҷикистон ва шаҳрвандони он ягон иртиботе надошт. Бинобар ин пахш кардани чунин хабар аҳамияте надорад. Мутаассифона, чунин хабарҳои камарзиш ба мисли ба садама дучор шудани ду ё се автомобил дар ИМА ё Австралия пахш мешаванд. Дар ин садама ягон шаҳрванди Тоҷикистон зиён надидааст ва он ҳеҷ иртиботе ба кишвари мо надорад. Пас он барои бинандаи ҷумҳурии мо ҷолиб нест. Дар ҳамин ҳол чунин ҳодиса қариб ҳар рӯз дар Тоҷикистон рӯй медиҳад, вале дар ин бора иттилое дода намешавад.
Барномаи «Навид»-и Телевизиони «Сафина» аз нигоҳи мӯҳтаво ва банду баст аз барномаи«Ахбор»-и «Шабакаи аввал» қариб фарқе надорад. Дар ин барнома низ аксаран иттилое пахш мешаванд, ки навигарӣ нестанд ва аҳамияти ҷамъиятӣ надоранд. Масалан, 16 ноябри соли 2011 дар барномаи «Навид» хабаре пахш шуд оид ба идома доштани пахтачинӣ дар хоҷагии деҳқонии «Файзобод»-и ноҳияи Ҷилликӯл. Дар хабари мазкур гуфта мешуд, ки хоҷагӣ 80 тонна пахта ҷамъоварӣ намудааст. Ҳоло барои чидани 1 кило пахта 1 сомонӣ пардохта мешавад.
Гузориши дигари ин барнома дар бораи дар бозорҳои шаҳри Хуҷанд фурӯхта шудани асбобҳои худсохти барқӣ нақл мекард, ки онҳо метавонанд боиси сӯхтор шаванд. Иттилои мазкур низ барои бинандаҳо ҷолиб нест.
Дар ҳамин барномаи «Навид» хабаре дар бораи дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Ҷиргатол аз ҷониби раиси хоҷагии деҳқонӣ гузаронидани хати оби нӯшокӣ пахш шуд. Бо ибтикори ин шахс ба ин деҳа, ки 150 хоҷагӣ дорад, ба гуфти сокини як нафар сокини деҳа аз масофаи 1,5 — 2 километр ба се нуқта об оварда шуд. Муаллиф дар бораи чӣ қадар маблағ масраф шуданаш барои ин кор чизе намегӯяд. Оё ин хабари маҳаллӣ барои сокини ноҳияи Конибодом ё Шаҳритӯс мақбул аст? Албатта, не. Бинандаи муосир вақти худро ба дидани чунин хабарҳо сарф намекунад. Ӯ чун дид, ки барнома ҷолиб нест, гӯшаки телевизорро ба шабакаи дигар тоб медиҳад.
Ҳангоми ҷустуҷӯи иттилои муҳим бояд хабарро аз навгонӣ фарқ кард. Зеро хабар ин иттилои навест, ки онро аксари аудитория намедонад. Навгонӣ ин иттилои нав дар бораи чизи маълум маҳсуб мешавад . Масалан, дар деҳоти шаҳри Турсунзода аз боридани барф 8 ноябри соли 2011 хароб шудани 100 га токзори навҳосили Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Камол» ва ночида зери барф мондани ҳосили 4 га токзор хабар аст . Агар минбаъд маълум шавад, ки ангури токзори мазкурро хунук назадааст, ин иттилои нав дар бораи хабари кӯҳна мебошад.
Дарёфти хабаре, ки барои аудитория шавқовар аст, кӯшишу ғайрати зиёдеро талаб мекунад. Вале чунин хабар то дер муҳимияти худро гум намекунад.
Яке аз талаботи хабар ин беғараз будани иттилоъ аст. Яъне дар хабар набояд назари муаллиф бошад . Вале дар асл муаллифон бо ҳар роҳу восита аз ҷонибе тарафдорӣ мекунанд ва ё ба назари ба худ мақбул таваҷҷӯҳ менамоянд.
Ба назари мо мувофиқи талаботи хабарнависӣ таҳия нагардидани хабар дар телевизионҳои Тоҷикистон аз чунин омилҳо вобаста аст:
1. Надоштани таҳсилоти журналистӣ;
2. Сатҳи пасти касбии журналистӣ;
3. Омода набудани роҳбарияти телевизион ва идораҳои иттилоотӣ ба усули нави хабарнависӣ.
4. Тиҷоратӣ шудани телевизион.

Барои он воситахои ахбори омма мегӯянд, ки онҳо бояд талаботи шахс, ҷомеа ва давлатро ба иттилоъ қонеъ гардонанд. Мутаассифона, имрӯз телевизионҳои Тоҷикистон ин рисолати худро пурра иҷро накарда истодаанд.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s