Чӣ дунёе?!


Чӣ дунёе?!
Андешаҳо дар танҳоӣ

Матбуотро варақ мезанаму ба даҳшат меафтам. Ба навиштаи «Имрӯз-News» падаре дар Балҷувон духтари 14-солаашро барои дер ба хона омаданаш зада куштааст. Ба навиштаи рӯзномаҳои дигар, чанде қабл марде дар Масчоҳ занашро бо корд зада ба қатл расонидааст. Чанде пештар марди дигаре амаки худро барои соҳиб шудан ба хонааш кушта буд. Ба навиштаи рӯзномаи «Вечерний Душанбе» бо фармоиши Бибимахфират Абдуллоева ном зани 37-солаи тоҷик, ки феълан шаҳрванди Русия аст, шавҳараш Умарҷон дар шаҳри Душанбе кушта шудааст.
Ман намефаҳмам, ки магар метавонад инсони солимақл ба чунин ваҳшоният қодир бошад?! Чӣ шудааст ҷомеаи моро? Чаро мардум ин қадар бераҳму сангдил шудаанд?! Наход ҷони инсонӣ чунин қимат дошта бошад?!
Навори кушта шудани президенти Либиё полковник Муаммар Қаззофӣ 20 октябри соли 2011 дар ш. Сирт низ касро ба андеша водор мекунад. Исёнгарон полковники маҷрӯҳро аввал таҳқир карданд ва баъд бе ҳукми суд парронданд. Ин навор чун «тантанаи адолат ва демократия» дар тамоми дунё пахш карда шуд. Магар бе додгоҳ ба қатл расонидани шахс адолату демократия аст?!
Демократияи дигари америкоиро метавон дар хабари дигаре эҳсос кард. Ба навиштаи ABC News пастори америкоӣ Террӣ Ҷонс, ки китоби муқаддаси мусулмонон — Қуръони каримро сӯзонда буд, мехоҳад номзадии худро ба маснади президентӣ дар интихоботи соли 2012 пешниҳод кунад.
Террӣ Ҷонси рӯҳонӣ моҳи марти соли равон китоби Қуръонро дар пеши аҳли ҷомеа сӯзонда, бадбиниашро нисбати дини мубини ислом ва мусулмонон зоҳир карда буд. Пас аз ин амали ӯ дар аксари кишварҳо мусулмонон даст ба тазоҳуроти эътирозӣ зада буданд. Дар натиҷа танҳо дар Афғонистон беш аз сад нафар, аз ҷумла чанд корманди СММ кушта шуданд. Вақте ки чунин шахс, ки муқаддасоти миллӣ ва динии дигаронро эҳтиром намекунад, мехоҳад президенти як кишвари абарқудрат чун ИМА шавад, дигар ҳоҷати сухан гуфтан намемонад.
Ҷовид Муқим

Реклама

One response to this post.

  1. Posted by jovidmuqim on Ноябрь 29, 2011 at 12:11 пп

    Вокеан хам, ба гуши карон азон мегуем!

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: