ИСТИҚЛОЛ



Андешаҳо дар танҳоӣ

Имрӯз аксари мардум аз истиқлолият ҳарф мезананд ва мансабдорон ҳар таҳаввулоти хубе, ки дар ҷумҳурӣ рух медиҳад аз шарофати Истиқлоли давлатии Тоҷикистон медонанд. Кор то баҷое расидааст, ки ким-кадом соҳибкор барои гирифтани фоида сехи қаннодӣ кушодааст ва инро низ Телевизиони «Шабакаи аввал» ба истиқболу ифтихори Истиқлолият маънидод мекунад. Баъзеҳо ончунон даҳон пур карда дар бораи истиқлолият ҳарф мезананд, ки гӯё тӯли ин 20 соли Истиқлолияти Тоҷикистон зиндагии мардум нисбати давраи шӯравӣ беҳ шуда, шаҳрвандони кишвар дар сарзамини «биҳиштосо» рӯзгори осуда дошта бошанд.
Воқеан, биёед андеша кунем, ки то кадом андоза мо соҳибистиқлолем ва то куҷо он барои зиндагии осудаву арзандаи шаҳрвандон мусоидат кардааст?
Набояд фаромӯш кард, ки истиқлолияти сиёсиро Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои ИДМ дар натиҷаи аз ҳам пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ба даст овардааст. Дигарон он вақт барои давлатсозӣ кӯшиданд. Мо бошем, барои мансабталошӣ ҷанги ҳамватанӣ кардем ва билохира ба сарамон зад, ки «теша ба решаи худ зада истодаем». Вақте инро дарк намуда, аз нав мансабтақсимкунӣ кардем, ки алакай Ватан вайронаву иқтисод фалаҷ гардида, садҳо ҳазор нафар шаҳрвандон кушта шуда буданд. Натиҷаи ҳамин аст, ки ҳанӯз ҳам «дар хами як кӯчаем» ва иқтисоди мо то ба давраи соли 1991 нарасидааст.
Гуфтем, ки истиқлоли сиёсӣ ба даст овардем, оё воқеан ҳам Тоҷикистон соҳибистиқлол аст? Агар дурустар вазъи кишварро таҳлил кунем, маълум мешавад, ки истиқлоли сиёсии мо аз бисёр ҷиҳат ба кишварҳои абарқудрат рабт мегирад. Ба вижа Русия ҳар лаҳза метавонад истиқлолияти моро халалдор кунад. Барои ин амал Русия ҳам фишанги иқтисодӣ дораду ҳам нерӯи ҳарбӣ. Ба ҳамагон маълум аст, ки феълан беш аз 1 миллион нафар тоҷикистониён дар Русия мардикорӣ мекунанд. Аксари ин муҳоҷирони меҳнатӣ бе квота ва ғайриқонунӣ дар Русия фаъолият доранд. Ин барои Ҳукумати Федератсияи Русия чун як фишанги таъсиррасонӣ ба Тоҷикистон хизмат мекунад. Агар мабодо Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро ҷорӣ кунад ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани шаҳрвандони моро монеъ шавад, худ маълум аст, ки ин чӣ оқибати нохуш дорад. «Гушна ба шер задааст», мегӯянд. Воқеан, дар бораи ҷорӣ кардани виза мансабдорони баландпояи Русия ҳарф зада истодаанд.
Аз ҷониби дигар, дар Тоҷикистон базаи ҳарбии Русия (двизияи 201), ҷойгир аст, ки ба наздикӣ ҷониби кишвари мо истиқрори онҳоро ба 49 соли дигар тамдид кард. Аслан, мавҷудияти чунин як базаи ҳарбии хориҷӣ дар Тоҷикистон амниятро таъмин накарда, баръакс ҳар лаҳза ба истиқлолияти мо халал эҷод мекунад. Нерӯи ин база қодир аст, ки дар чанд соат табаддулоти давлатӣ барпо кунад. Набояд фаромӯш кард, ки ҳанӯз соли 1992 афсарони полки дар Қӯрғонтеппа будаи ҳамин двизия –лейтенантҳои калон Муродов ва Маҳмуд Худойбердиев ду танкро аз қисми ҳарбӣ рабуда, ба Фронти Халқӣ пайвастанд ва ғалабаи онҳоро дар вилояти Қӯрғонтеппа таъмин карданд.
Дар соҳаи иқтисодиёт низ пешравии мо назаррас нест. Чӣ хеле ки қайд кардам, ҳанӯз ҳам дар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба давраи шӯравӣ нарасидаем. Аксари корҳонаҳое, ки хусусӣ шуданд, фаъолияти пурсамар надоранд. Камаш 2 миллион нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши арзанда таъмин нестанд. Кормандони соҳаҳои буҷавӣ аксаран маоши ночиз мегиранд, ки барои рӯзгузарониашон басанда нест. Ҳамин аст, ки ришвахӯрӣ рӯз ба рӯз афзуда, ҷомеа фасодзада шудааст. Набояд фаромӯш кард, ки дар навбати худ коррупсия мавҷудияти давлати соҳибистиқлолро зери хатар мегузорад.
Албатта, пешравиҳоро дар соҳаи энергетика ва телекоммуникация набояд сарфи назар кард, вале он ба зиндагии мардум камтар таъсири мусбат расонидааст. Аз ҷумла, нерӯгоҳҳои зиёди хурди барқи обӣ сохтем ва ҳатто НБО «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, вале мардуми деҳоти кишвар камаш 6 моҳи фасли сармо барқи доимӣ надоранд.
Роҳҳои нав сохтем ва ё роҳҳои мавҷударо бо қарз таъмир кардем, вале роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқро барои фоидаситонӣ ба ширкати IRS ба иҷора додем. Акнун ин ширкат ба си сол аз андоз озод буда, фоида меситонад ва Ҳукумати Тоҷикистон қарзи сохтмони роҳро ба Чин аз буҷаи давлатӣ мепардозад.
Дар соҳаи кишоварзӣ бошад, дастовардҳои мо он қадар назаррасанд, ки бозорҳои шаҳрҳои моро картошкаи Покистону, себу ноки Чину Эрон «обод» кардаанд. Нархи маҳсулот рӯ ба болоравӣ дорад ва ҳукумат барои пеши ин равандро гирифтан оҷиз мондааст.
Истиқлолият барои аксари давлатҳо рушду ободӣ ва осудагии зиндагии мардумро таъмин мекунад, ҳифзи иҷтимоии мардум боло мебарад. Дар Тоҷикистон бошад, ду соҳаи асосӣ- маориф ва тиб барои мардум пулакӣ шудааст. Пулакӣ кардани таҳсилот ва хизматрасонии тиббӣ дастрасии аксари мардумро, ки воқеан камбизатанд, ба ин соҳаҳо мушкил кардааст. Ногуфта намонад, ки расман ҳудуд 49 дар сади аҳолӣ дар қашшоқӣ зиндагӣ мекунанд.
Мансабдорони мо кори рӯзмарраи худро, ки бо тақозои вазифа бояд иҷро кунанд, ба дастовардҳои истиқлолият вобаста медонанд, ки аз як тараф дуруст аст. Зеро дар давраи шӯравӣ ҳеҷ гоҳ шофиру тракторчии беҳунар соҳибмансаб намешуд. Истиқлолият ва ҷанги бародаркуш (автомати Калашников) чунин ашхосро сари мансаб оварда, соҳиби ҷоҳу ҷалол кард. Воқеан, истиқлолият-истиқлолияти онҳост. Истиқлолият зиндагии ҳудуди даҳ дар сади аҳолии кишварро беҳ кард. Онҳо имрӯз зиндагии шоҳона доранду аксари мардум заҳмати сангин кашида, бо маоши ночиз дар қашшоқӣ умр ба сар мебаранд. Набояд фаромӯш кард, ки дар Тоҷикистон маоши ҳадди ақал 80 сомонӣ аст. Ин маош барои харидани танҳо 25 кило орд мерасаду халос. Ба қавле бори зиндагӣ аксари мардумро «пачақ» кардааст. Агар шумо як бор зеҳн монда ба рӯйи мардуми заҳматкаш назар кунед, ҳатто хандаи табииро намебинед. Мардум механданд, вале ин заҳрханда аст.
Ногуфта намонад, ки Истиқлол бояд пеш аз ҳама дар тафаккури шаҳрвандон бошад. Мутаассифона, ҳоло ҳам аксари мардуми мо, ба вижа мансабдорон аз тафаккури ғуломии хеш раҳо наёфтаанд. Мо худ ҳамарӯза инро дар зиндагӣ мебинем. Роҳбар ба зердастонаш носазо мегӯяд, таҳқир мекунад, вале касе лаб намекушояд. Гӯиё бояд зиндагии инсон озод чунин бошад. Ҳоло ҳам аз тафаккури мардум эҳтироми «бародари бузург» берун нашудааст. Ҳоло ҳам агар ягон аҷнабӣ дар ягон маҳфил бошад, ҳамагон забони давлатиро фаромӯш мекунанд ва ба забони ӯ ба сухан медароянд. Ба ёдам як маҳфили наврӯзӣ ҳаст. Дар он як аспиранти рус ширкат дошт. Садри факулта ӯро дар ҷои меҳмонони олиқадр шинонд ва ҳамагон аз ассистент сар карда, то профессор хушомадаш мезаданд. Ҳол он ки ин аспирант сад яки иштирокдорони маҳфил дар илм хидмате накарда буд.
Ба назари банда, агар то аз тафаккури ғуломӣ берун нашавем, ҳаргиз ба истиқлоли воқеӣ намерасем. Истиқлол бояд аввал дар мағзҳо бошад. Зеро шахсе, ки тафаккури озод надорад, ҳеҷ гоҳ соҳибистиқлол шуда наметавонад.

Ҷовид Муқим, журналист.

Реклама

2 комментария

  1. Ozod budan khelo dushvor ast va masuliyati ziyodro metalabad, mo boshad ruhu magzi khudro azob dodan namekhohem…

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: