ИСТИҚЛОЛ БАҲРИ ЧИСТ?



Луқма
Имрӯз маъмултарин ва серистеъмолтарин ибора дар забони радиову телевизион, матбуот ва мансабдорони сатҳи гуногун «Ба истиқболи 20-солагиии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» аст. Мансабдорон ҳар як таҳаввулоти хубе, ки дар ҷомеа рух медиҳад, ҳатман ба «20-солагии Истиқлолият» рабт медиҳанд. Кор ба ҷое расидааст, ки бе ин ибора ягон суханронӣ шурӯъ намешавад. Баъзан истифодаи ин ибора ба ифрот мерасад ва аз мантиқ мебарояд. Аз Телевизиони «Пойтахт» як мансабдоре мегӯяд, ки то ҷашни Истиқлолият ҷӯйбору партовҳоро тоза мекунанд. Магар бе ҷашн онҳо вазифадор нестанд, ки партовҳоро тоза бикунанд?! Мансабдори дигаре ба журналист мегӯяд, ки ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ба боғи ҳайвонот мори «питон» овардаанд. Ҳамчунин кадом як мактабро таъмир кардаанд ва инро ҳам ба 20-солагии Истиқлолият иртибот медиҳанд. Ҳамин мондааст, ки мансабдорони тамаллуқкор бигӯянд: «Ба истиқболи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон говҳо сершир шудаанду мурғҳо тухмдеҳ». Ин амалҳо ҳамон маъракаҳои давраи шӯравии коммунистонро мемонанд, ки бояд ҳатман дар арафаи идҳои Якдилии меҳнаткашон -1-уми май ва ғалабаи Инқилоби Сотсиалистии Октябр — 7 ноябр ягон иншоотро сохта ба истифода диҳанд.

Аз шунидану дидани ин маъракаҳо суоле ба миён меояд, ки магар бе иду ҷашнҳо наметавон барои ободии кишвар саъй кард?! Магар пас аз Истиқлолият мардуми шарифи Тоҷикистон даст болои даст монда, дигар коре намекунад?! Магар пас аз ҷашни истиқлолият говҳо аз ширдиҳию мурғҳо аз тухмдиҳӣ мемонанд? Оё барои ободии кишвар саҳм гирифтан вазифаи шаҳрвандии ҳар як тоҷикистонӣ нест?! Ё барои ободии минбаъдаи кишвар ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро интизор шавем?

Ҷовид Муқим, журналист

Реклама

4 комментария

  1. Ba savoli guzoshtaaton javob mediham: mansabdoron baroi in ki misli un odamone ki suratashonro in jo joy doded ba nazari digaron bekora nanamoyand az hisobi mehnati jamiyatii mehnatkashon baroi khud ba qali rusho «sozdayut vidimost raboti»

    Ответить

  2. Posted by Толиб on Сентябрь 12, 2011 at 11:53 дп

    Устод бехуда худро гам надихед,ин мараз муоличанашаванда аст.

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: