Чашмони сӯзон



Ҷавонзане зуд-зуд шавҳар мекард. Ин зани зебо ва даҳ ангушташ ҳунар беш аз ҳафтае дар хонаи шавҳар намеистод. Ҳатто мӯйсафедони занмурдаи ташна низ беш аз ҳафтае бо ӯ хонадорӣ намекарданд. Ҳамагон бо се талоқ аз ӯ ҷудо мешуданд. Овоза шуд, ки ҷавонзан боди шикамашро нигоҳ дошта наметавонад ва сабаби талоқгириаш низ ҳамин аст.
Билохира, хешу табор барои ҷавонзан мардеро пайдо карданд. Аз издивоҷи онҳо ду ҳафта гузашт, вале хомӯшӣ буд. Ҳама ҳайрон буданд, ки чӣ хел ин дафъа домод тоқат кардааст. Бинобар ин тағои арӯс барои хабаргирӣ омада, аз домод пурсон шуд:
— Хуб, домодтӯра зиндагӣ чӣ хел? Ҷияни мо ғам намедиҳад?
— Ҳамааш хуб. Аврати хуб аст, ҷиянатон.
— Ягон хел бӯи бад ба димоғатон намерасад?
— Ман дар ҷавонӣ дар ферма кор мекардам. Бӯи силос хуб ба биниам задааст, ки дигар бӯйро ҳис намекунам.
-Яъне, ягон чиз ҳис намекунед?- боз ҳайрон пурсид тағои арӯс.
— Баъди ҳамин келинро овардан, шабҳо чашмонам аз тезӣ сӯхта, аз онҳо об меравад. Дигар ҳамааш хуб аст, -гуфт домод.

Реклама

5 комментариев

  1. Э канд занед муаллим!

    Ответить

  2. Боракалло, муаллим

    Ответить

  3. Posted by Толиб on Сентябрь 12, 2011 at 11:50 дп

    Устод агар шумо ба нависандаги гузаред,бешубха муваффак мешавед!

    Ответить

  4. Posted by Исфандиёр on Ноябрь 28, 2011 at 2:25 пп

    Устод, аз овардани латифа чиро гуфтан мехохед? Зеро медонам, ки максади Шумо аз навиштани ин латифа танхо дилгарми ва хазл нест, балки памфлете ин чо нихон аст!?

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: