Ҳароратсанҷ



Шодиқул, журналисти музофотӣ нақл кард, ки барои таъмини оила дар мактабу омӯзишгоҳ дарс медодам ва боз дар редаксияи газета кор карда, ба хона хаста меомадам ва хӯроки шом хӯрда мехобидам. Ҳис кардам, ки муносибати рафиқ занак нисбати ман рӯз ба рӯз бад шуда истодааст. Сабаб пурсидам:
-Чаро лабу лунҷат овезон? Ман чӣ гуноҳ кардам? Шабу рӯз кор мекунам, то ки шумо камбудие надошта бошед.
— Дуруст аз субҳ то шом кор гуфта, гум мешавед, вале шабкориатонро надидем. Хӯроки шом мехӯреду кунда барин хоб меравед, — шиква кард рафиқ занак.
20 сол аст, ки хонадору соҳиби 5 фарзандем. Фарзандҳо калон шудаанд ва дар пеши онҳо бӯсу канор карда намешавад. Акнун фаҳмидам, ки кор гуфта вазифаи мардиро фаромӯш кардаам. Гумон мекардам, ки иҷрои вазифа танҳо аз хоҳиши ман вобаста аст. Хоҳиши рафиқ занакро ба эътибор намегирифтам. Бо рафиқ занак маслиҳат кардем, ки агар хоҳиши ҳамхобагӣ пайдо шавад, ҳароратсанҷи девори хонаро чаппа мемонем. Ин нишонаи ҳамхобагӣ ҷӯстани мост.
Шом аз кор хаставу лакот омада ҳароратсанҷро чаппа дидам. Он шаб дар хизмати рафиқ занак рӯз шуд. Шоми рӯзи дигар низ ҳароратсанҷ чаппа буд. Ба ҳамин минвол тамоми ҳафта ҳароратсанҷ чаппа меистод. Билохира, бедорхобиҳо ба ҷонам расиду ба рафиқ занак гуфтам:
— Ҳой, занак! Ягон зарра инсоф дорӣ?! Ин чӣ гап, ҳароратсанҷ ҳар шом чаппа аст?!
-Ман худам аз фаъол шудани шумо безор шудам. Гумонам шумо ҳароратсанҷро чаппа мекунед,- гуфт ӯ.
Он шаб оҳи сабуке кашида, то саҳар мазза карда хобидам, — гуфт Шодиқул ва афзуд: Субҳ вақти ношто дидам, ки писарчаи хурдиам курсиро ба девор наздик монда, ҳароратсанҷро чаппа карда истодааст.

Ҷовид Муқим

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: