БОНУИ ГУЛБОҒИ МАЪРИФАТ



МАНУ ДАРЁ

Дарёчаи шӯхи Ёс аз кӯҳҳои барфпӯш сарчашма гирифта, сӯи дарёи Кофарниҳон шитоб дошт. Мавҷи об ба ҳулбӯю себаргаҳои лаби соҳил расида, гӯиё кокулони духтаронро шона мезад. Аз онҳо бӯйи хушу муаттар ба машом мерасид. Селаи гулмоҳиҳо ба муқобили ҷараёни об шино мекарданд. Дар пеши ҳаракати моҳиҳо харсанге буд, ки оби дарё ба он бархурда ба мисли шаршара ҷорӣ мешуд. Ин садде барои ҳаракати гулмоҳиҳо буд, вале аксари онҳо бо як ҷаҳише, ки ба 4-5 метр мерасид, харсангро убур мекарданд. Як қисми гулмоҳиҳо ба харсанг бархурда меафтиданд ва маҷро онҳоро пас мебурд. Вале онҳо дуввумбора талош мекарданд, то ки харсангро ҷаҳида гузаранд.
Ширинбону дар соҳил нишаста, чашм ба дарё буд. Ӯ бо таваҷҷӯҳ ба ин манзара назар медӯхт. Аз телевизион як филмеро дар бораи гулмоҳиҳо тамошо карда буд. Гулмоҳиҳо вақти тухммонӣ ба саргаҳи дарё, ба он ҷое, ки худ аз нутфа баромадаанд, шино мекунанд. Тухммонӣ ин интиҳои зиндагии онҳост, зеро пас аз ин онҳо мефавтанд. Вале бо ин насли онҳо идома меёбад. «Зиндагии мо ин талош аст, талош барои насли оянда», аз дил гузаронд Ширинбону манзараи мазкурро тамошо карда.
— Ширинбону, сихкабоб тайёр шуд. Биёед, — гуфта ба сари дастархон даъват кардани шавҳараш Субҳон ӯро аз дунёи хаёл берун кард.
— Ҳозир меоям, — гуфт Ширинбону ва даст ба оби дарё бурд. Оби сард ба мағзи устухон мерасид.
Духтарон дастархон густурда, онро бо хӯришҳо ороста буданд. Сари дастархон аҳли оила ҷамъ омадаанд.
— Дар соҳили дарё нишаста чашм ба об бурданро дӯст медорам. Дар ин ҳолат рӯҳам ором гардида, муддате ташвиши кору зиндагӣ фаромӯш мешавад,- мегӯяд Ширинбону. – Инро шавҳарам медонад ва ҳар вақте ки фурсати муносиб пайдо шуд, бо аҳли байт ба дараи Ромит меравем ва рӯзе дар соҳили дарё истироҳат мекунем. Мутаассифона, вақтҳои охир чунин имконият кам даст медиҳад.

МАНСАБДОР, ОЛИМ ВА МУАЛЛИМА

Номзади улуми филология, дотсент Ширинбону Ҳаитова чанд сол аст, ки вазифаи сардори раёсати илми Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба дӯш дорад. Албатта, дар ин вазифа кор кардан аз шахс масъулият ва вақти зиёдро тақозо мекунад. Ӯ дар баробари ин масъулият боз ба донишҷӯёни факултаи филология дарс мегӯяд ва ҳамчунин ба пажӯҳиши илмӣ машғул аст. Дар баробари ин ба ду нафар аспирантон дар пажӯҳиши илмӣ раҳнамоӣ мекунад. Тӯли ин муддат ӯ 30 мақолаи илмӣ навишта, як монография бо номи «Дафтари ишқ» чоп кардааст, ки ба эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ бахшида шудааст.
— Баъзеҳо пас аз мансаб гирифтан аз пажӯҳиши илмӣ дур мешаванд. Оё шумо навиштани рисолаи докториатонро идома дода истодаед?
— Шумо дуруст мегӯед, ки мансабдор будан имконияти ба пажӯҳиш машғул шуданро коҳиш медиҳад. Вале чун ба дарёи илм ворид шудӣ, бояд шино кард. Ман чанд сол аст, ки дар мавзӯи «Равандҳо ва хусусиятҳои истилоҳоти илмӣ» рисолаи докторӣ навишта истодаам. 80 дар сади корам омода аст. Дар таътили тобистона кӯшиш мекунам, ки пешнависи рисоларо ба анҷом расонам. Ният дорам, ки то охири сол рисолаи докториамро барои баррасӣ ба кафедра пешниҳод кунам ва аввали соли оянда онро дар шӯрои диссертатсионӣ дифоъ намоям. Ҳамчунин то он вақт кӯшиш мекунам, ки боз як монография ба табъ расонам.
— Имрӯз мегӯянд, ки илмҳои гуманитарӣ дар тараққиёти ҷомеа камманфиатанд ва бояд ба илмҳои техникӣ бештар таваҷҷӯҳ кард. Магар метавон илмҳои гуманитариро сарфи назар кард?
— На, ҳаргиз! Наметавон илмҳои гуманитариро сарфи назар кард. Набояд фаромӯш кард, ки асоси ҳамаи илмҳо аз забону адабиёт шурӯъ мешавад. Агар шахс забони модарии худ, фарҳанги миллаташро надонад, магар олими хуби илмҳои дақиқ шуда метавонад?! Мутаассифона, баъзеҳо гумон мекунанд, ки шахс бояд танҳо дар соҳаи худ олим бошад, кифоя аст. Албатта, забоншинос наметавонад риёзидон ё нуҷумшинос бошад, вале риёзидону нуҷумшинос бояд ҳатман забони модариашро хуб донад ва андешаашро озодона баён карда тавонад. Дар ин ҳол ӯ дар ҷомеа мақоми худро ёфта, комёб хоҳад шуд.
— Шумо кистед: бонуи хонадон, муаллима, олим ё мансабдор?
— Ман пеш аз ҳама модар ҳастам, баъд муаллимаву олим. Мансаб бароям як масъулияте беш нест. Ба ман бовар карда, ин вазифаро додаанд. Бояд ин бовариро сазовор буд ва ман аз зумраи он шахсоне ҳастам, ки агар ба коре шурӯъ кардам, онро сидқан иҷро мекунам, то ки баъдан маро ноӯҳдабаро гуфта, сарзаниш накунанд.

МУҲАББАТ ВА ОИЛА

Бунёди оилаи Ширинбону ва Субҳон аз меҳру муҳаббати самимӣ ва беолоиш оғоз шудааст. Субҳон, донишҷӯи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон бо даъвати як дӯсташ ба тамошои базми наврӯзии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон омад ва он ҷо дар байни гулдухтарони атласпӯш чашмаш ба Ширинбону афтода, бо як назар ошиқ шуд. Ширинбону он вақт дар курси дуюми факултаи филологияи тоҷик таҳсил мекард ва барояш донишандӯзӣ аз ишқу ошиқӣ боло меистод ва ҳаргиз дар хаёли издивоҷ набуд. Субҳон, ки шефтаи чашмони шаҳло ва хандаи малеҳи Ширинбону шуда буд, ҳар рӯз ӯро пас аз дарс интизор мешуд ва то хона гусел мекард, вале ҳеҷ ёрои изҳори муҳаббат намекард. Ҳамин тавр, моҳҳо мегузаштанд ва билохира Ширинбону эҳсос кард, ки ҷавоне ҳамарӯза аз пасаш «кашол» аст. Ҷавон ниҳоят ҷуръат намуда, изҳори муҳаббат кард. Вале Ширинбону ба ин эътибор намедод. Субҳон тӯли 3 сол 12 маротиба Ширинбонуро хостгорӣ кард ва ниҳоят дар соли охири таҳсил волидони ӯ ба издивоҷи онҳо розӣ шуданд.
Моҳи августи соли 1992, пас аз ду моҳи хатми донишгоҳ, духтарчаи аввалини онҳо — Фархунда ба дунё омад. Пас аз ду сол Гулчин таваллуд шуд. Ширинбону донишгоҳро бо дипломи аъло хатм карда, барои шомил шудан ба аспирантура роҳхат гирифта буд. Нигоҳубини кӯдакону ба по мондани онҳо то андозае барои ба кори илмӣ машғул шудани Ширинбону мушкилӣ эҷод мекард. Вале ба ҳар ҳол ӯ пажӯҳишашро таҳти роҳбарии муаллимаи мушфиқу ғамхор, профессор Мукаррама Қосимова идома дода, соли 2002 дар мавзӯи «Баъзе хусусиятҳои лексикӣ ва семантикии ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ кард ва ба дараҷаи илмии номзади улуми филологӣ мушарраф шуд.
Баъдан Ширинбону боз ду духтар таваллуд кард, ки якеро ном Гулрӯ асту дигареро Маҳдия. Яке 9 сол дораду дигаре 7 сол. Духтари калони хонадон Фархунда донишҷӯ асту хоҳарони дигар муҳассилини мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ.
— Шавҳаратон ба пайваста духтар таваллуд кардани шумо чӣ назар дорад? Зеро баъзе мардон аз нофаҳмӣ занашонро дар ин гунаҳкор медонанд,- пурсон мешавам аз Ширинбону Ҳаитова.
— Шавҳари ман, ки як шахси зиёӣ аст, хуб мефаҳмад, ки дар духтар таваллуд кардан ҳеҷ айби занон нест. Писар таваллуд кардани зан танҳо аз худи мард вобаста аст. Сонӣ, шавҳарам духтарҳоямонро хеле дӯст медорад, «ҷон» гуфта номи онҳоро ба забон меорад. Давлатшоҳи Самарқандӣ беҳуда нагуфтааст:
Машав ғамгин гар духтар бизодӣ,
К-аз духтар бувад пайваста шодӣ.
Агар духтар чу соҳибтоҷ гардад,
Ба пешаш сад ҷавон мӯҳтоҷ гардад.
— Аксар вақт занон хӯроки дӯстдоштаашонро ба сари оила таҳмил мекунанд. Шумо чӣ кадбонуед?
— Албатта, ман хӯроки дӯстдоштаи худро дорам. Ин дулма аст, ки қимаи гӯштро дар дохили помидор андохта мепазам. Дулмаро бо баргҳои току, карам ё қаламфури булғорӣ ё боимҷон пухтан мумкин аст. Вале дулмаи помидорӣ бомаззатар мешавад.
Шукри Худо, ки ҳоло духтарони ман ҳамаи кори хонаро ба дӯши худ гирифтаанд. Яке хӯрок мепазаду дигаре хонаро рӯбучин мекунад. Ман танҳо рӯзи якшанбе кадбонугӣ мекунам. Албатта, ба хоҳиши аҳли хонавода хӯрок мепазам. Шавҳарам ҳеҷ вақт намегӯяд, ки фалон хӯрокро бояд ҳатман пазам. Ӯ ҳамаи хӯрокҳои пухтаи ману духтаронамонро бо иштиҳо мехӯрад ва шукри рӯзӣ мекунад.
— Занҳо аксаран ба меҳмонӣ рафтанро дӯст медоранд. Шумо чӣ?
— Аслан ман ба меҳмонӣ ва зиёфату тӯйҳо рафтанро дӯст намедорам, зеро вақти кас зоеъ меравад. Бинобар ин кӯшиш мекунам, танҳо ба он ҷое равам, ки воқеан зарурат дошта бошад. Ман ҳатман ҳар ҳафта вақт ёфта бегоҳ пас аз кор ё рӯзи истироҳат ба аёдати хушдоманам ва модарам меравам.
Ман вақти холӣ аз кори хонаро ба мутолиа ва пажӯҳиши илмӣ сарф мекунам.
— Шуғли дӯстдоштаи шумо чист?
— Ман гулпарвариро дӯст медорам. Азбаски дар хонаи бисёрошёна зиндагӣ мекунем, гулҳои хонагӣ мепарварам. Ана ҳамин гулҳои утоқи кориам ва кабинети ҳамсояҳо низ натиҷаи ин шуғли дӯстдоштаам аст. Гулҳо зебоӣ меофаранд ва зиндагии моро бо ҳусну таровати хеш рангин мекунанд.
Ҷовид Муқим

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: