ТЕСТ ХУБ АСТ, ВАЛЕ…



Ба таваҷҷӯҳи раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Шӯрои олимони ДМТ

Ба наздикӣ имтиҳоноти тобистонаи донишҷӯён шурӯъ мешавад. Ҳамакнун имтиҳонот пурра ба таври тестӣ қабул карда мешаванд, ки ин талаботи замон аст. Дар бораи шакли тестии имтиҳонот чандест, ки дар саҳифаҳои нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» баҳсу мунозираҳо идома доранд. Як гурӯҳ ҷонибдори имтиҳоноти тестӣ бошанд, гурӯҳи дигар зидди он баромад мекунанд. Дар умум ҳар ду ҷониб ҳам ба таври худ ҳақанд. Ман қаблан низ, яъне то ба таври тестӣ ҷорӣ шудани имтиҳонот санҷишҳоро ба ин шакл қабул мекардам ва аз таҷрибаи худ бурду бохти онро хуб медонам.
Ҷиҳатҳои мусбати имтиҳони тестӣ:
1. Барои имтиҳон вақти кам масраф мешавад;
2. Шаффофияти имтиҳон;
3. Имконоти ришвагирии устодонро коҳиш медиҳад.

Ҷиҳатҳои манфии имтиҳони тестӣ:
1. Пурра дониши шогирдонро собит намекунад;
2. Қобилияти фикрронии донишҷӯро коҳиш медиҳад;
3. Нутқи шифоҳии донишҷӯро такмил намедиҳад.
Ҳоло ҳар як нуктаи манфии имтиҳони тестиро тавзеҳ медиҳем:
Ба ҳар як суол (25 суол ва ё аз ин кам) бо як ибора ё ҷумла посух гуфтани донишҷӯ ҳаргиз далели предметро аз худ кардани ӯ нест.
Сониян, на ҳамаи донишҷӯён дар пайи дарёфти посухҳои суолнома заҳмат мекашанд. Одатан ду-се нафар донишҷӯи фаъол посухи дурусти суолномаро омода месозанд ва ҳамсабақони дигар онро аз ёд мекунанд. Дар ин ҳол аксар ба умқи посухи суолнома намераванд ва ба ғайри он ҷумлаи ҷавоб дигар чизеро намефаҳманд.
Бояд гуфт, ки нутқи шифоҳии донишҷӯ аслан ҳангоми дарсҳои семинарӣ, сухангӯӣ дар маҳфилҳо ва санҷишу имтиҳонҳо сайқал меёбад. Ҳангоми имтиҳони тестӣ албатта, имконияти мазкур аз байн меравад.
Дар ҳамин ҳол таҷрибаи як соли охир собит кард, ки пас аз гузаштан ба имтиҳони тестӣ дигар аксари донишҷӯён барои мутолиаи адабиёт ва иҷрои кори хаттӣ талош намекунанд.

Қобили зикр аст, ки санҷишу имтиҳоноти тестие, ки ҳоло дар донишгоҳ сурат мегиранд, пурра ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нестанд. Аввалан, натиҷаи тест дараҷаи донишандӯзии шогирдонро нишон намедиҳад. Сипас, ҳанӯз ҳам шаффофияти имтиҳон пурра таъмин намешавад. Ҳанӯз ҳам устод, техник ва шахсони манфиатдор метавонанд ба натиҷаи имтиҳонот таъсир расонанд. Яъне ҳанӯз ҳам барои ришвагирӣ «даричаҳо» ҳастанд. Бинобар ин барои беҳ гардидани санҷишу имтиҳоноти тестӣ чунин пешниҳод дорам:
1. Донишҷӯ имтиҳон ё санҷишро бояд бевосита чун БДА дар компютер супорад.
2. Имтиҳон (санҷиш) бояд бевосита дар синфхонае гирифта шавад, ки камаш бо 25 компютери ба шабакаи ягонаи имтиҳонӣ пайваст муҷаҳҳаз аст.
3. Фосилаи байни компютерҳо бояд он қадар бошад, ки донишҷӯ суолномаи ҳамшафати худро хонда натавонад.
4. Рафти имтиҳон бояд тавассути видеокамера пурра мушоҳида ва сабт карда шавад.
5. Барои ҳар як компютер варианти алоҳидаи суолнома (генератсия) пешниҳод мешавад.
6. Ҳар як варианти суолнома бояд пурра суолҳои предметро фаро гирад. Яъне донишҷӯи муваффақ бояд қариб ба ҳамаи суолҳои имтиҳонӣ посух гӯяд.
7. Баҳогузорӣ аз рӯи натиҷаи ҷавоби донишҷӯ онлайн (ҳамзамон) сурат мегирад ва онро тағйир дода намешавад. Масалан, агар аз предмет 400 суол пешниҳод шавад, баҳои «аъло» барои посухи дурусти аз 351 суол боло гузошта мешавад. Баҳои «хуб» барои посухи дурусти аз 301 суол то 350 суол гузошта мешавад. Барои баҳои «миёна» бошад, бояд донишҷӯ аз 251 суол то ба 300 суол посухи дуруст гӯяд. Барои посухи дурусти аз 250 суол поён бошад, баҳои «ғайри қаноатбахш» гузошта мешавад.

Камина дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ будам, ки он ҷо проблемаи шаффофияти имтиҳон ҳалли худро ёфтааст. Донишҷӯён бевосита дар компютер имтиҳон месупоранд ва аз натиҷааш ҳамзамон огоҳ мешаванд. Ҳамчунин натиҷаи имтиҳон бо суолу посухҳо ба почтаи электронии донишҷӯ ва волидони ӯ фиристода мешаванд. Дар сурати ба таври онлайн гирифтани санҷишу имтиҳонҳо проблемаи ғайришаффоф будани он аз байн меравад. Яъне дигар касе даъво карда наметавонад, ки дониши ӯ нодуруст баҳогузорӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои таъмини техникии пешниҳоди мазкур ҳамаи шароитҳоро метавонад муҳайё кунад ва аввалин шуда дар ҷумҳурӣ ба ин шакли пешқадами имтиҳонгузорӣ гузарад.

Ҷовид Муқим,
профессори кафедраи журналистикаи
байналхалқии ДМТ

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: