ҚОНУНИ НАВИ ВАО БА МАНФИАТИ КИСТ?


Ба таваҷҷӯҳи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Ҳукумати Тоҷикистон

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода ва Акрамшоҳ Фелалиев таҳия шудааст, ҳанӯз моҳи июни соли 2010 барои баррасӣ пешниҳод шуда буд. Қаринаи аввали лоиҳа асосан рӯйнависи қонуни пешина буд, ки 20 сол пеш-14 декабри соли 1990, дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ қабул шудааст. Масалан, ҳар ду қонун ҳам аз 40 модда иборат буданд. Вале дар лоиҳаи қонуни нав ҷойивазкунии моддаҳо, якҷоя шудани қисме аз онҳо ва баъзе тағйироту иловаҳо ба назар мерасид. Муаллифи ин сатрҳо лоиҳаи қонуни мазкурро таҳлил карда, мақолаеро бо унвони «Қонуни матбуот ба манфиати кист?» 18 августи соли 2010 дар ҳафтаномаи «Миллат» интишор дода буд. Тӯли ин муддат лоиҳаи қонуни номбурда дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шӯъбаи ҳуқуқии МН, шӯъбаи ҳуқуқии Ҳукумати Тоҷикистон ва гурӯҳи кории муштарак бо шумули вакилони МН, мушовири калони президент оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент, дастгоҳи МН, Маркази миллии қонунгузорӣ, созмонҳои журналистӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ гардида, ба он тағйироту иловаҳои гуногун ворид шудааст. Феълан қаринаи охирини лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои ахбори омма», ки 17 марти соли равон барои баррасии Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст, аз 6 бобу 34 модда иборат аст. Дар қаринаи мазкур аввалан номи қонун кӯтоҳ шуда «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» гардидааст, ки мантиқан дуруст мебошад.
Ба гуфтаи муаллифон аз лоиҳаи нав «Моддаҳои 10, 30, 34, 37, 38-уми қонуни амалкунанда хориҷ карда шуда, ба он муқаддима ва 8 моддаи нав илова карда шуда, ба дигар моддаҳо тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд ва ё онҳо дар таҳрири нав ифода карда шудаанд». Вале дар асл моддаи 10-ум «Ариза дар бораи бақайдгирии воситаи ахбори омма» ба банди сеюми моддаи 7-ум гузаштааст ва моддаи 30-юм «Журналист» ба моддаи 1-ум «Мафҳумҳои асосӣ» гузаштааст. Ҳамчунин ба лоиҳаи нав аз қонуни амалкунанда моддаҳои 12 («Рад кардани бақайдгирии воситаҳои ахбори омма), 13 («Андоз барои қайди воситаҳои ахбори омма»), 14 («Қатъи табъу нашри воситаҳои ахбори омма») ва 15 («Тартиби шикоят дар ҳолати рад намудани бақайдгирии воситаи ахбори омма ва қарор дар бораи қатъи фаъолияти он») ворид карда нашудаанд.
Бояд гуфт, ки дар муҳокимаи лоиҳаи қонуни мазкур ба ғайр аз мақомоти марбута боз созмонҳои хориҷӣ ва созмонҳои маҳаллии журналистӣ, ки аслан фаъолияташон бо грантҳои хориҷӣ сурат мегирад, ширкат кардаанд. Ин албатта, ба мӯҳтавои лоиҳа бетаъсир намондааст, ҳар яке манфиати худро ба он ворид кардаанд. Дар натиҷа баъзе талаботи қонуни амалкунанда, ки ҳоло ҳам муҳимияти худро гум накардаанд, аз лоиҳаи нав берун мондаанд. Воқеан, чаро намояндаҳои созмонҳои хориҷӣ (бигзор кормандонашон шаҳрванди Тоҷикистон бошанд ҳам), ки ҳар яке дар Тоҷикистон манфиати худро пиёда мекунанд, дар баррасии лоиҳаи қонунҳо даъват карда мешаванд?! Магар ҳанӯз ҳам мо дастнигари кишварҳои хориҷӣ ҳастем?! Магар ин дахолат ба қонунгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол нест?!
Қонун «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» қонуни соҳавӣ буда, бояд он дастури саримизии ҳар як корманди ВАО ва ашхоси ба ин соҳа алоқаманд бошад. Бинобар ин дар қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии ВАО, кафолати давлатии озодии онҳо, танзими муносибати вобаста ба онҳо бояд рӯшану возеҳ баён гардида бошанд. Аз ин рӯ, барои такмили лоиҳаи мазкур чанд тавзеҳу пешниҳод дорам, ки қабули онҳо ба манфиати кор хоҳад буд.
Пешниҳодҳо
Интернет дар Тоҷикистон қонунан аз нимаи дуюми соли 2007 ВАО дониста мешавад ва имрӯз теъдоди хонандагони нашрияҳои интернетӣ ба маротиб аз газетаҳо зиёд аст. Ҳамчунин тибқи мафҳуми «ахбори омма», ки дар лоиҳаи мазкур омадааст, ҳоло сомонаҳои интернетӣ низ ВАО маҳсуб мешаванд. Бинобар ин дар моддаи 1-ум, ба маҳфуми воситаҳои ахбори омма пас аз маҷаллаҳо чунин илова кардан лозим аст: «…нашрияву сомонаҳои интернетӣ,..»
Қобили зикр аст, ки имрӯз аксари муассисони матбуот барои баланд бардоштани нуфузи нашрияи худ ба ҳайати таҳририя ва ҳайати мушовара ашхоси мансабдор ё обрӯмандро менависанд, ки аслан бо он сару кор намегиранд. Ҳамчунин ба рӯйхати мухбирон нафаронеро дохил мекунанд, ки дар кадом як кишвари хориҷӣ зиндагӣ карда, боре ҳам барои нашрия мавод наменависанд ва дар он мамлакат аккредитатсия нашудаанд. Бинобар ин дар моддаи 1-ум мафҳуми «ҳайати таҳририя», «ҳайати мушовара», «мухбири худӣ» ва «мухбири махсус» возеҳ карда шавад.
Дар моддаи 3-юм- «Озодии воситаҳои ахбори омма», ки моддаи 2-юми қонуни амалкунанда аст, чунин илова карда шудааст: «Ба хотири гуногунандешӣ ахбору мавод низ нашр кардан мумкин аст, ки редаксияи рӯзномаҳо, ҳафтаномаҳо ё маҷаллаҳо бо муаллифон ҳамақида набошад ва масъулияти онро ба дӯш нагирад». Ин нукта гапфурӯшӣ буда, ҳеҷ гоҳ масъулияти редаксияро аз байн намебарад. Моддаи 30-юми Сарқонуни Тоҷикистон ва аввалу охири банди дуюми моддаи 2-юми лоиҳаи қонуни мазкур ин нуктаро возеҳ гуфтааст: «Ҳар кас ҳаққи озодона ҷустуҷӯ, дастрас ва паҳн намудани ахбор, изҳори фикру ақида ва паҳн намудани онро дар ҳар шакл дар воситаҳои ахбори омма дорад… Сензура ва таъқиб барои танқид манъ аст». Бинобар ин иловаи мазкур «Ба хотири гуногунандешӣ ахбору мавод низ нашр кардан мумкин аст, ки редаксияи рӯзномаҳо, ҳафтаномаҳо ё маҷаллаҳо бо муаллифон ҳамақида набошад ва масъулияти онро ба дӯш нагирад» ҳеҷ зарурате надорад.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур тартиби қатъ кардани фаъолияти ВАО наомадааст, ки зикри он дар моддаи 14-уми қонуни амалкунанда буд. Барҳам додани шахси ҳуқуқӣ дар моддаи 62-юми Кодекси граждании Тоҷикистон зикр гардидааст, вале тибқи лоиҳаи қонуни нав шахси воқеӣ низ метавонад ВАО таъсис диҳад. Аз ин рӯ, пешниҳод мекунам, ки моддаи 14-уми қонуни амалкунанда «Қатъи табъу нашри воситаҳои ахбори омма
Фаъолияти табъу нашри ахбори омма дар асосҳои зерин метавонад қатъ гардад:
1. бо қарори муассис;
2. бо сабаби барҳам хӯрдан ё аз нав ташкил кардани воситаҳои ахбори омма;
3. бо ҳалномаи суд, дар ҳолати вайрон кардани талаботи моддаҳои 9 ва 17 ҳамин Қонун.
Ҳангоми вайрон кардани муқаррароти ҳамин қонун прокурор расман вайронкунандаи қонунро огоҳ менамояд, дар сурати такроран вайрон кардани қонуни мазкур ӯ барои қатъ намудани фаъолияти воситаҳои ахбори омма ба суд муроҷиат мекунад» ҳамчун моддаи 7-уми лоиҳа оварда шавад ва тартиби рақамии моддаҳои дигар тағйир дода шаванд.
Моддаи 9-ум «Роҳ надодан ба сӯистифода аз озодии сухан» ном дошта, он як қисми моддаи 6-уми қонуни амалкунанда мебошад. Моддаи 6-ум пайваста мавриди интиқоди созмонҳои байналхалқӣ буд. Ҳоло аз он нуктаи «шаъну эътибори давлат ва Президентро халалдор месозад», хориҷ гардида, ба қавле демократӣ шудааст. Ҳамзамон қисми дуюми моддаи 6-уми қонуни амалкунанда — «Истифодаи воситаҳои ахбори омма барои дахолат кардан ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон, дидаву дониста чоп кардани хабару мақолаҳои дурӯғин, маълумотҳои тӯҳмату иғвоангез, шаъну шарафи шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳоро паст мезананд, манъ аст», бо андаке тағйирот ба банди дуюми моддаи 27-ум, ки «ӯҳдадориҳои журналист» ном дорад, кӯчидааст. Ба «ӯҳдадориҳои журналист» бурдани нуктаи зикргашта тибқи худи ҳамин лоиҳаи қонун ва умуман мантиқан хатост, зеро на ҳар касе, ки барои ВАО менависад, журналист аст. Бинобар ин, ба назари мо ҳамин қисми дуюми моддаи 6-уми қонуни амалкунандаро бо чунин таҳрир: «Истифодаи воситаҳои ахбори омма барои дахолат кардан ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон, дидаву дониста чоп кардани хабару мақолаҳои бардурӯғ, маълумотҳои тӯҳмату иғвоангез ва таҳқиромез, ки шаъну шарафи шаҳрвандон, эътибори кории шаҳрвандон ва нуфузи шахсони ҳуқуқиро паст мезананд, манъ аст» ҳамчун банди 2-юми моддаи 9-уми лоиҳаи қонуни нав ворид кардан лозим аст.
Инҳисороти ВАО имрӯз дар ҷаҳон яке аз проблемаҳои дастрасӣ ба иттилоот маҳсуб мешавад, зеро ҳар қадар ки дар як даст бештар ВАО ғун гардад, ҳамон қадар мундариҷаи расонаҳо якхела мегардад ва муштариён аз иттилои беғаразу воқеӣ маҳрум мешаванд. Аз ҷониби дигар инҳисор шудани ВАО боиси ташвиқу тарғиби як идеология, як мафкура ба аудитория мегардад. Ин нуктаро ба назар гирифта, дар бисёр кишварҳо барои пурра инҳисор нашудани ВАО маҳдудиятҳо муқаррар шудаанд. Феълан ВАО-и хусусии Тоҷикистон дар дасти чанд медиамагнат қарор дорад ва ба қавле онҳо «мусиқиро фармоиш медиҳанд», яъне тафаккури ҷомеароба таври худ ба вуҷуд меоранд. Дар моддаи 8-уми қонуни амалкунанда — «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» инҳисороти ВАО манъ аст. Дар лоиҳаи қонуни нав бошад, ин нукта дида намешавад. Бинобар ин ба моддаи 10-уми лоиҳаи қонуни нав ворид кардани банди нав: «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳисори воситаҳои ахбори омма манъ буда, тартиби маҳдуд кардани инҳисорро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад», мувофиқи мақсад аст. Дар ин ҳол иловаи мазкур банди дуюми моддаи 10-ум гардида, банди дуюм ба банди сеюм табдил мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар лоиҳаи қонуни нав дар бораи истифодаи реклама дар ВАО ҳарфе гуфта намешавад. Ҳол он ки имрӯз реклама яке аз манбаъҳои асосии даромади ВАО-и хусусӣ маҳсуб мешавад. Ин нукта дар қонуни амалкунанда нест, зеро соли 1990 ҳанӯз истифодаи реклама дар ВАО маъмул набуд. Қонун «Дар бораи реклама» бошад, соли 2003 қабул шудааст. Бинобар пешниҳод мекунам, ки як моддаи алоҳида бо чунин матн ба лоиҳаи қонуни нав илова карда шавад: «Моддаи 14. Истифодаи реклама дар воситаҳои ахбори омма
Истифодаи реклама дар воситаҳои ахбори омма мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» амалӣ карда мешавад».
Тайёр кардани кадрҳои журналистӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз маҳсуб мешавад. Феълан ба ин кор баъзан донишкадаву донишгоҳҳое машғуланд, ки аслан устодони соҳибкасб ва базаи таълимӣ надоранд. Бинобар ин ба лоиҳаи қонуни нави ВАО ворид кардани моддаи алоҳидаро мувофиқи мақсад медонем: «Моддаи 15. Омода кардани кадрҳои журналистӣ.
Омода кардани кадрҳои журналистӣ ва бозомӯзии журналистон дар факулта ва шӯъбаҳои журналистикаи донишкадаву донишгоҳҳое сурат мегирад, ки соҳиби устодони соҳибкасб ва базаи таълимӣ буда, иҷозатномаи Вазорати маорифи Тоҷикистонро доранд».
Моддаи 14-уми лоиҳаи қонуни нав «Воситаҳои ахбори омма ва ҳуқуқӣ моликияти зеҳнӣ» ном дорад. Банди дуюми он ба асардуздӣ бахшида шудааст: «2. Аз тарафи як муаллиф аз худ намудани асари муаллифи дигар (плагиатӣ) манъ аст». Талаботи мазкур дар моддаи 19-уми қонуни амалкунанда возеҳтар омадааст: «Дар ҳолате, ки як муаллиф асари муаллифи дигарро аз худ менамояд (яъне медуздад), вай дар асоси қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешавад». Ба назари мо таҳрири банди дуюми моддаи 14-уми лоиҳаи қонуни нав ба ин шакл беҳтар аст: «2. Асардуздӣ манъ аст ва барои ин амал шахс тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешавад».
Моддаи 17-уми лоиҳаи қонуни нав – «Интишори воситаҳои ахбори омма» таҳрири моддаи 22-юми қонуни амалкунанда буда, аз он қисми зерин партофта шудааст: «Паҳн кардани адабиёт ва нашрияҳое, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ё асрори дигари қонунан маҳфуз, ахборе, ки ба зӯран сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти Конститутсионӣ даъват мекунад, шаъну эътибори давлат ва Президентро халалдор месозад, ҷанг, зулму зӯроварӣ, хусумати нажодию миллӣ ва ё динӣ, терроризм бо ҳамаи зуҳуроташ инчунин эҳтиром накардани миллату дини дигар, фаҳшу фуҷур (порнография)-ро таблиғ мекунад, ба содир намудани кирдори ҷиноятии дигар даъват менамояд, манъ аст». Бояд гуфт, ки ин нукта аз моддаи 6-уми қонуни амалкунанда ва моддаи 9-уми лоиҳаи қонуни нав сарчашма мегирад. Мавҷудияти ин банд дар қонуни нав зарурат дорад, зеро ин амал барои ВАО-и Тоҷикистон мамнӯъ бошад ҳам, дар кишвари мо ҳолатҳои паҳн кардани адабиёт ва нашрияҳои хориҷӣ бо чунин мӯҳтаво ба назар мерасанд. Бинобар ин дар моддаи 17-уми лоиҳаи қонуни нав бояд он ҳамчун банди дуюм дар таҳрири нав ворид карда шавад: «Паҳн кардани адабиёт ва нашрияҳое, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ё асрори дигари бо қонун ҳифзшаванда, ахборе, ки ба зӯран сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ, ба содир намудани кирдори ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, динӣ, забонӣ, ҷанг, зулму зӯроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, хусумати иҷтимоӣ, халалдор кардани ягонагӣ ва мустақилияти давлат даъват менамояд ва инчунин фаҳшу фуҷурро таблиғу ташвиқ мекунад, манъ аст». Ба ин тартиб рақами бандҳои ин модда 3, 4 ва 5 мешаванд.
Моддаи 18-уми лоиҳаи қонуни нав «Нигоҳ доштани нусхаҳои ахбори паҳншуда» ном дошта, он танҳо ба ношир дахл дорад, ки чандон саҳҳеҳ нест. Аз ин модда, ки дар қонуни амалкунанда моддаи 23-юм аст, қисми ба радиову телевизион дахлдошта партофта шудааст. Вақте ки ин қонуни ВАО мешавад, бояд ин нукта сарфи назар нагардад. Бинобар ин иловаи мазкур: «Идораҳои телевизион ва радио бояд маводҳои барномаҳоро таи як моҳи баъди нашр шуданашон нигоҳ доранд, дафтари қайди барномаҳоеро, ки бидуни сабти пешакӣ нашр мегарданд, дошта бошанд, ки дар он мавзӯи барнома, сана, вақти оғозу анҷоми нашр, ному насаби баранда қайд карда мешаванд. Дафтари қайди чунин барномаҳо таи як сол аз рӯзи сабти охирин ҳифз мегардад» бояд банди дуюми моддаи 18-уми лоиҳаи қонуни нав гардад.
Дар банди дуюми моддаи 19-ум чунин омадааст: «Воситаи ахбори омма вазифадор аст, ки ҷавобро ба табъ расонад. Таҳрири матни ҷавоб ва шарҳи воситаҳои ахбори омма манъ аст». Ба назари мо дар матни мазкур «…ва шарҳи воситаҳои ахбори омма…» зиёдатӣ аст. Зеро ин имконияти шарҳ додани посухро аз байн мебарад. Ҳол он ки баъзе ҷавобҳои ба ВАО омада, аз воқеият дуранд ва шарҳи алоҳидаи редаксионӣ (дар маводи дигар) мехоҳанд. Ҳамчунин дар ин модда ҳамчун банди сеюм омадани матни мазкур лозим аст: «Раддия ё ҷавоб аз тарафи наттоқи радио ё телевизион дар ҳамон барнома ё силсилаи намоишҳо, дар айни замон на дертар аз як моҳи баъди рӯзи талаб намудан хонда мешавад. Худи шаҳрванд ё намояндаи ташкилоте, ки ҷавобро талаб намудааст, ҳамчунин ҳақ дорад бо ҷавоб баромад кунад». Ҳамин тавр тартиби рақамии бандҳои моддаи мазкур ба 4 ва 5 меафзоянд.
Моддаи 21-уми лоиҳаи қонуни нав ба «Нашри ахбори расмӣ» бахшида шудааст. Аз ин рӯ, дар моддаи мазкур илова кардани матни зерин ҳамчун банди дуюм ба нафъи ҷомеа хоҳад буд: «Воситаҳои ахбори омма, новобаста аз шакли моликияташон ӯҳдадоранд, ки хабарҳоро оид ба ҳолатҳои фавқулодда интишор кунанд».
Тафовути муҳим ва асосии лоиҳаи қонуни нав — ин банди 3-юм, 4-ум, 5-уми моддаи 22-юм ва моддаи 23-юм мебошанд. Агар тибқи қонунгузории амалкунанда пешниҳоди иттилоъ ба ВАО аз ҷониби ташкилоту идора, муассисаҳо ва шахсони мансабдор аз рӯзи муроҷиат тӯли 1 моҳ сурат гирад, пас дар лоиҳаи мазкур он то 3 рӯзро ташкил мекунад. Феълан мансабдорон аз ин нуктаи қонун истифода карда, ба муроҷиати журналистон барои гирифтани иттилоъ зуд посух намедиҳанд ва агар маълумоти мазкур ба манфиаташон набошад, то як моҳ аз посух гуфтан худдорӣ мекунанд. Акнун бошад, тибқи талаботи моддаҳои номбаршудаи лоиҳаи қонуни нав ин мӯҳлат ҳамагӣ то 3 рӯзро ташкил медиҳад. Дар ҳолати сирри давлатӣ набудани иттилои оҷил, ки аҳамияти ҷамъиятӣ дорад ва омӯзиши иловагиро талаб намекунанд, он бе таъхир пешниҳод карда мешавад. Тағйироти мазкур қобили дастгирӣ аст, вале дар ҳамин ҳол дар сатри аввали банди дуюми моддаи 22-юм илова кардани ин нукта мувофиқи мақсад аст: «Воситаҳои ахбори омма ҳуқуқи аз мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, ширкату муассисаҳо, ташкилоту идораҳо ва шахсони мансабдори онҳо гирифтани ахборро доранд. Мақомоти мазкур ва шахсони мансабдори онҳо ба воситаҳои ахбори омма тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти зарурӣ дода, барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ имконият фароҳам меоранд». Зеро имрӯз на танҳо аз мақомоти давлатӣ, балки аз ширкатҳои саҳҳомиву хусусӣ ва мансабдорони онҳо низ гирифтани иттилоъ мушкил аст.
Унвони моддаи 28-уми лоиҳаи қонун бояд ба шакли зайл таҳрир карда шавад: «Аккредитасияи намояндагони воситаҳои ахбори омма», зеро дар матни моддаи мазкур калимаи журналист зикр гардидааст ва дар дохили қавс омадани он дар номи модда шарт нест.

Чӣ тавре ки дар боло қайд кардем, қонуни ҷорӣ ҳанӯз 21 сол пеш, то соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон қабул шуда буд ва он вақт ВАО-и хусусӣ вуҷуд надошт. Акнун вазъият дигар буда, бо ҷаҳонишавии иттилоот чунин садгузорӣ нашояд. Аз ин рӯ, банди 3-юми моддаи 28-уми лоиҳаи қонуни нав бояд чунин таҳрир шавад:
«Воситаҳои ахбори омма метавонанд дар мамлакатҳои хориҷӣ мухбирони худро дошта бошанд».
Қобили тазаккур аст, ки фаъолияти журналистӣ аз рӯи махсусияти касбӣ ва шароити корӣ ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз дорад. Зеро он хислати эҷодӣ дошта, меҳнати ақлонии бошиддат аст, ки давомнокиаш дар сикли технологии редаксия ҳангоми омодаи чопу пахш кардани мавод ба танзим дароварда намешавад. Ҳамчунин фишори доимии равонӣ ҳини дарёфти иттилоъ ва омода кардани мавод, сафарҳои доимии хидматӣ, аз ҷумла ба маҳали ҳодисаҳои фавқулодда, иҷрои супоришҳои махсуси хатарзо, ки ҳамаи ин ба саломатии журналист зарар доранд, омили дигарест, ки ба ҳифзи иҷтимоии махсус ниёз доштани рӯзноманигоронро тақозо мекунад.
Бояд гуфт, ки дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» ба ин нуктаи муҳим ва зарурӣ –ҳифзи иҷтимоии журналистон дахолат карда нашудааст. Аз ин рӯ, пешниҳод мекунем, ки ба он як боби нав бо унвони «Ҳифзи иҷтимоии журналистон» шомил карда шавад, ки он аз рӯи тартиби мантиқӣ бояд боби 5-уми қонуни нав гардад. Қобили зикр аст, ки ин амал дар қонунгузории мо ба назар мерасад. Масалан, моддаи 31-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» (14 декабри соли 1996) ба ҳифзи иҷтимоии кормандони ташкилотҳои давлатии телевизион ва радиошунавонӣ бахшида шудааст.
Феълан меҳнати журналистон ба таври зарурӣ ҳифз карда намешавад. Ба вижа ин амал дар ВАО-и хусусӣ бештар ба назар мерасад. Баъзан дар як утоқи хурд, ки ягон шароити корӣ надорад, 8-10 нафар фаъолият мекунанд. Ҳамчунин 5- 6 нафар бо маоши ночиз ба ҷои 10-15 нафар заҳмат мекашанд. Ба ғайри ин соҳибон (муассисон)-и ВАО мекӯшанд, ки Кодекси меҳнатро сарфи назар карда, ба журналистон рухсатии меҳнатӣ надиҳанд ва ё онро ба камтарин мӯҳлат пешниҳод намоянд. Воқеан ҳам, дар моддаи 85-уми Кодекси меҳнати Тоҷикистон дар бораи мӯҳлати рухсатии журналист сухан намеравад. Дар ин ҳол муассисон ба журналистон рухсатии камтарин, ки ба 24 рӯзи тақвимӣ баробар аст, медиҳанд. Ҳол он ки касби журналистиро ба кӯҳканон баробар медонанд. Дар ҳамин ҳол китобдор то 56 рӯзи тақвимӣ рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда гирифта метавонад. Ин нуктаҳоро ба назар гирифта чунин пешниҳод дорем:
Моддаи 33. Ҳифзи меҳнат
1. Кормандони ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи хидматии худ аз ҷониби давлат ҳимоя карда мешаванд.
2. Ҳифзи меҳнати журналист аз рӯи меъёрҳои муқарраргардидаи ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, санитариву гигиенӣ ва профилактивию табобатӣ сурат мегирад.
3. Ба журналистон ҳуқуқи ҳифзи меҳнат, имтиёзҳо ва талофиҳо барои меҳнати вазнину шароити зарарнок, ба муоинаи тиббӣ, бимаи иҷтимоӣ, ба тафтиши ҳамаҷонибаи ҳолатҳои нохуш, марг ва зараре, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматӣ рух додааст, аз ҷониби давлат ва соҳибон (муассисон, ҳаммуассисон)-и ВАО кафолат дода мешавад.
4. Журналистон ҳуқуқи ҳамасола гирифтани рухсатии меҳнатии на кам аз 36 рӯзи тақвимӣ ва табобати ҳатмӣ дар санаторияву курортро аз ҳисоби соҳибон (муассисон, ҳаммуассисон)-и ВАО доранд.
5. Дар сурати ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ ҳалок гаштани кормандони ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳояшон ва ё меросхӯронашон кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми на камтар аз даҳ маоши солонаи шахси ҳалокшуда аз рӯи вазифаи охирини хидматиаш дода мешавад. Ба меросхӯрон ба андозаи маоши миёнаи қурбоншудагон нафақаи гум кардани саробон таъин мегардад.
6. Дар сурати ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ маҷрӯҳ шудани корманди ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин васила имкони идома додани фаъолияти касбиашро аз даст додааст, ба вай кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми на камтар аз панҷ музди солонаи кор аз рӯи вазифаи охирини хидматии ӯ дода мешавад.
7. Агар корманди ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ ҷароҳати дигар бардошта бошад, ба ӯ кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми на камтар аз панҷ маоши миёнаи якмоҳааш дода мешавад.
8. Товонпулӣ, ҳавасмандкунӣ ва имтиёзҳо ба журналистон, ки вазифаҳои хидматиро дар шароити ба ҷону саломатиашон хатарзо адо мекунанд (кардаанд) аз ҷониби соҳибон (муассисон, ҳаммуассисон)-и ВАО таъмин карда мешаванд.
9. Тартиби пардохти маблағҳои дар моддаи мазкур зикршударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Имрӯз маоши журналистон дар муқоиса ба дигар соҳаҳо хеле ночиз аст ва он низ аксаран аз ҷониби соҳибон (муассисон)-и ВАО сари вақт пардохта намешавад. Борҳо шунидаам, ки соҳибони ВАО-и хусусӣ ба кормандонашон баъзан 2-3 моҳ маош намедиҳанд. Вале журналистон барои аз ҷои корашон маҳрум нашудан ноилоҷ тоқат мекунанд. Ҳамчунин ҳодисаҳои бе шартномаи меҳнатӣ ва бе пур кардани дафтарчаи меҳнатӣ кор фармудани журналистон низ ба мушоҳида мерасанд. Бинобар ин барои таъмини маоши журналистон ва ҳифзи иҷтимоии онҳо чунин пешниҳод дорем:
Моддаи 34. Музди меҳнат
1. Музди меҳнати журналистон аз рӯи қонунгузории Ҷумҳурии Тоикистон бо назардошти махсусият ва шароити сангини фаъолияти рӯзноманигорӣ ба танзим дароварда мешавад.
2. Ба музди меҳнати журналист маоши вазифавӣ, изофапулиҳо, ҳаққи қалам ва мукофотпулӣ дохил мешавад.
2. Ҳаҷми музди меҳнати журналистони ВАО-и ғайридавлатӣ аз рӯи қарордоди иттифоқҳои касабаи соҳавӣ, ҷумҳуриявӣ, шартномаи меҳнатии коллективӣ ва шартномаи инфиродии меҳнатӣ дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, ки на камтар аз 80 дар садди музди меҳнати сармуҳаррири нашрия (радио ва телевизион)-ро ташкил медиҳад.
3. Журналистони ВАО-и давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ хизматчии давлатӣ ҳисоб шуда, аз имтиёзҳо ва изофапулиҳое, ки барои ҳамин категорияҳои вазифаҳои хизмати давлатӣ пешниҳод шудаанд, бархурдоранд.
4. Музди меҳнати роҳбари ВАО-и давлатӣ бояд на камтар аз музди меҳнати муовини роҳбари мақомоте, ки муассис аст, бошад.
Феълан ҳангоми ба сафари хидматӣ фиристодани журналистон низ беадолатиҳо ба назар мерасанд. Худи роҳбарони ВАО аз ҳисоби редаксия ба сафари хидматӣ мераванд, вале ба кормандонашон ҳаққи сафарро намепардозанд. Ин нуктаро ба назар гирифта, ворид кардани моддаи дигар низ ба қонун мувофиқи мақсад аст.
Моддаи 35. Тартиби пардохти сафари хидматии журналистон ва шароити фаъолияти онҳо дар сафар
1. Журналист ба сафари хидматӣ дар ҳоле фиристода мешавад, ки агар редаксия харҷи онро мувофиқи меъёри муқарраргаштаи қонунгузорӣ пешакӣ пардохта бошад.
2. Редаксия танҳо дар ҳолати таъмини бехатарии журналист ва кафолати пардохти зиёну имтиёзҳо метавонад ӯро ба барои иҷрои вазифаҳои касбӣ ба маҳали ҳолатҳои фавқулодда фиристад.
3. Роҳбарони редаксияҳо бояд журналистонеро, ки ба маҳали ҳолатҳои фавқулодда мефиристанд, бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва воситаҳои визуалӣ, ки аз намояндаи ВАО будани онҳо дарак медиҳад, таъмин намоянд.
Моддаи 36. Таъминоти нафақа
1. Таъминоти нафақаи журналистон тибқи моддаи 12-уми (Нафақаҳои имтиёзнок вобаста ба шароити махсуси меҳнат) Қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат мегирад.
2. Дар вақти ба журналистон муқаррар кардани нафақа меъёр, усул ва тартиби ҳисоб кардани нафақа барои хизматчиёни давлатӣ истифода мешавад.
3. Дар ҳолати захм бардоштан, контузия шудан ё лат хӯрдани журналист ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ дар маҳали ҳолатҳои фавқулодда ба ӯ моддаи 241 –уми (Маъюбият дар натиҷаи осеби ҳарбӣ) Қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.
Моддаи 37. Ҷавобгарӣ ҳангоми сӯиқасд ба ҷон ва саломатии журналист
1. Ҷавобгарӣ барои содир кардани ҷиноят нисбати журналист ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматӣ ва монеъ шудан ба фаъолияти хидматии ӯ ба ҷавобгарӣ барои содир намудани чунин амал нисбати кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот баробар дониста мешавад.
2. Фаъолияти хидматии журналист наметавонад барои ҳабс, боздошт ва гирифтани маводи ҷамъу омода карда, воситаҳои техникии дар кор истифодабарандаи ӯ сабаб шавад.
3. Журналист ё ВАО аз паҳн кардани иттилое, ки воқеият надорад, озод карда мешавад, агар суд муайян кунад, ки журналист поквиҷдонона амал карда онро тафтиш намудааст.
Моддаи 38. Дастгирии иловагии ҳифзи иҷтимоии журналистон
1. Барои таъмини шароити хуби корӣ ба журналистон ҳуқуқи доштани манзили иловагӣ дар ҳаҷми на камтар аз 10 метри мураббаъ нисбати меъёри муқарраршуда дар фонди манзили давлативу мунисипалӣ дода мешавад.
2. Соҳибон (муассисон)-и ВАО роҳкирои журналистонро барои истифодаи нақлиёти шаҳрӣ (маҳаллӣ) ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматӣ мепардозанд.
3. Ҳангоми фавти журналист соҳибон (муассисон)-и ВАО хароҷоти гӯру чӯб ва мондани санги мазорро мепардозанд.
Воқеан, чунин қонун, ки ҳифзи иҷтимоии журналистонро кафолат медиҳад, дар дигар мамлакатҳо вуҷуд дорад. Аз ҷумла, аз 1-уми январи соли 1998 дар Ҷумҳурии Украина Қонун «Дар бораи дастгирии давлатии воситаҳои ахбори омма ва ҳифзи иҷтимоии журналистон» амал мекунад. Аз ин рӯ, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» ворид кардани боби алоҳидаи «Ҳифзи иҷтимоии журналистон» мувофиқи мақсад аст.
Бояд гуфт, ки дар лоиҳаи қонуни нави ВАО боби «Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонуни воситаҳои ахбори омма» партофта шудааст, ки дар қонуни амалкунанда мавҷуд аст. Воқеан, мавҷудияти боби мазкур омилҳои ҷавобгариро барои вайрон кардани қонуни мазкур возеҳ мекунад. Бинобар ин пешниҳод дорем, ки боби мавҷуда бо таҳрири нав дар лоиҳаи қонуни нав гузошта шавад, то ин ки журналистону мансабдорон донанд, ки барои кадом амал онҳоро метавонанд ба ҷавобгарӣ кашанд.
Моддаи 39. Омилҳои ҷавобгарӣ
Интишор ва паҳн кардани адабиёт ва нашрияҳое, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ё асрори дигари бо қонун ҳифзшаванда, ахборе, ки ба зӯран сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ, ба содир намудани кирдори ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, динӣ, забонӣ, ҷанг, зулму зӯроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, хусумати иҷтимоӣ, халалдор кардани ягонагӣ ва мустақилияти давлат даъват менамояд ва инчунин фаҳшу фуҷурро таблиғу ташвиқ мекунад, истифодаи ғаразноки ахбори омма барои дахолат кардан ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон манъ буда, мутобиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Шахсони мансабдори давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин нашрияҳо, муҳаррири (сармуҳаррири) воситаҳои ахбори омма, муаллифони хабару мақолаҳо, ки қонуни матбуот ва воситаҳои дигари ахбори оммаро вайрон мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 40. Мавридҳои озод кардан аз ҷавобгарӣ барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ
Муҳаррир (сармуҳаррир) ва ҳамчунин журналист барои дар воситаҳои ахбори омма паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар чунин мавридҳо озод карда мешавад:
1) агар ин маълумот дар ахбори расмӣ бошад;
2) агар ин маълумот аз агентиҳои иттилоотӣ ё умури матбуоти мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ гирифта шуда бошад.
3) агар он такрори таҳтуллафзи нутқҳои вакилони халқ дар анҷуманҳо ва ҷаласаҳо, маҷлисҳо, вакилони анҷуманҳо, конференсияҳо, раёсатҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин нуқтаҳои расмии шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ бошад;
4) агар он дар нутқҳои муаллиф, ки мустақиман ба мавҷ мераванд, ё дар матнҳое бошад, ки мувофиқи ҳамин Қонун набояд таҳрир шаванд.

Моддаи 162-юми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналистон бахшида шудааст. Аз ин рӯ, мавҷудияти моддаи 41 дар қонуни нав мувофиқи мақсад аст:
Моддаи 41. Норавоии монеъшавӣ ба фаъолияти қонунии касбии журналист
Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист, ҳамчунин маҷбур намудани ӯ барои паҳн кардан ё рад намудани пахши иттилоот, ки ба таҳдиди зӯроварӣ, нобуд сохтан ё вайрон кардани амвол, паҳн қардани дурӯғи бофтае ё фош намудани дигар маълумоте, ки ҷабрдида мехоҳад онро нигоҳ дорад, алоқаманд аст, ҳамчунин бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии журналист боиси ҷавобгарӣ мегардад.
Моддаи 42. Товони зарари маънавӣ
Товони зарари маънавӣ (ғайримоддӣ), ки шаҳрванд аз нашри маълумоти бардурӯғ дар воситаҳои ахбори омма дидаасту он шаъну шарафи ӯро паст мезанад ва ё ба вай дигар зарари ғайримоддӣ мерасонад, бо ҳукми суд аз тарафи воситаҳои ахбори омма, инчунин шахсони мансабдор ва шаҳрвандони гунаҳкор баргардонида мешавад. Андозаи зарари маънавиро ба ҳисоби пул суд муайян мекунад.

Ба ҳамин тартиб рақами моддаҳо тағйир ёфта, боби 5-уми лоиҳаи қонуни нав ба боби 7-ум табдил меёбад ва моддаи 29-ум бошад, моддаи 43 мешавад. Ҳамин тавр лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи васоити ахбори омма» аз 8 бобу 48 моддаро фаро мегирад.

Ҷовид Муқим,
доктори улуми филология,
профессори кафедраи журналистикаи
байналхалқии ДМТ 6 майи соли 2011

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: