АФСОНАИ ОЗОДИИ МАТБУОТ



Аз 3 майи соли 1994 бо қарори махсуси Ассамблеяи генералии СММ (20 декабри соли 1993) ҳар сол Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот таҷлил мегардад. Ин сана ба қабули Эъломияи Виндхук оид ба озодии матбуот иртибот мегирад. Зеро аз 29 апрел то 3 майи соли 1991 дар шаҳри Виндхуки Намибия семинар «Оид ба мусоидат ба рушди матбуоти мустақили Африка» доир гардида буд.
Тибқи Эъломияи Виндхук матбуоти мустақил ин матбуотест, ки аз назорати ҳукуматӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва вобастагиҳои моддиву сохтории чопу паҳнкунии нашрия озод аст. Моддаи 30-юми Сарқонуни Тоҷикистон ва моддаи 2-юми Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» озодии матбуотро дар кишварамон кафолат медиҳанд. Аз ҷумла, тибқи моддаи 2-юми қонуни мазкур «Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд. Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳуқуқ дорад фикру ақидаашро озодона баён кунад, онҳоро дар ҳар шакл дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма интишор намояд. Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст». Ба қабули қонуни зикргардида 21 сол мешавад, вале то ҳанӯз дар ҷумҳурӣ матбуоти воқеан озоду мустақил ташаккул наёфтааст.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо феълан беш аз 350 нашрияи даврӣ мавҷуданд, ки аксарашон хусусӣ мебошанд ва худро озоду мустақил меноманд. Мутаассифона, ин гуфтаҳо аз ҳақиқат дуранд. Судбозиҳои нашрияҳо бо мансабдорон ва мақомоти ҳукуматӣ дар солҳои 2009, 2010 ва аввали соли 2011, дар моҳи октябру ноябри соли 2010 чоп накардани рӯзномаҳои «Нигоҳ», «Фараж» «Пайкон» ва масдуд шудани сомонаҳои оҷонсиҳои иттилоотии «Авеста», «Tojnews» бори дигар собит кард, ки ҳанӯз дар Тоҷикистон ягон расонаи воқеан озоду мустақил вуҷуд надорад. Ҳамаи матбуоти кишвар кам ё бештар зери назорати мақомоти ҳукуматӣ мебошанд.
Бояд гуфт, ки ҳанӯз соли 1946 СММ дар қарори 59 (1) озодии иттилоотро ҳукуқи асосии инсон номида буд. Баъдан Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (с. 1948), Пакти байналхалқии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (с. 1966) дар моддаи 19-ум озодии суханро ҳамчун ҳуқуқи асосии инсон эътироф кардаанд. Тибқи санадҳои мазкур ҳар шахс ҳуқуқи доштани ақидаи худ ва ҳуқуқи бемамониати ибрози онро дорад.

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 ноябри соли 1998 Пакти байналхалқии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро ба тасвиб расонидааст. Тоҷикистон чун узви Созмони амнияту ҳамкории Аврупо бояд ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқҳои дигари инсонро дастгирӣ кунад ва барои самаранок амалӣ шудани онҳо мусоидат намояд. Ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори Конвенсияи ИДМ «Дар бораи ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ» мебошад.
Мутаассифона, ин санадҳои байналхалқӣ ва қонунҳои марбутаи кишвар дар воқеъ на ҳамеша амалӣ мешаванд. Ҳанӯз ҳам озодии баёнро мансабдорону мақомоти ҳукуматӣ интиқод ба худ дониста, матбуот ва журналистонро таҳти сонсур ва фишор қарор медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол асноди ҳуқуқии ҷумҳурӣ на ҳамеша ба меъёри озодии баёни байналхалқӣ мувофиқат мекунад. Масалан, моддаи 6-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» (1990), моддаи 28-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» (1996) ва Кодекси ҷиноятии ҶТ (1998) 2 таркиби ҷиноятеро пешбинӣ менамоянд, ки дар онҳо объекти таарруз обрӯю эътибор ва номи неки шаҳрванд ба ҳисоб мераванд: моддаи 135 – тӯҳмат ва моддаи 136 – таҳқир. Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 137 низ вуҷуд дорад, ки муҳофизати обрӯю эътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад ва он мутобиқан бо моддаҳои 135 ва 136 меъёри махсус ба шумор меравад. Мақомоти ҳукуматӣ ва мансабдорон аксаран бо ин моддаҳо журналистон ва нашрияҳоро муттаҳам мекунанд. Масалан, Ба навиштаи рӯзномаи «Фараж» (13 апрели соли 2011) Прокуратураи генералии Тоҷикистон бори дигар хостори боздошти сармуҳаррири нашрияи «Чароғи рӯз» ва роҳбари Созмони ҷамъиятии «Ватандор» Додоҷони Атовулло шудааст. Ба гуфти додситони кулл Шерхон Салимзода дар нишасти матбуотӣ ба ин мақсад прократура дархости нави расмие ба мақомоти Русия ва дигар кишварҳои марбута фиристодааст. Дархости мазкур дар асоси парвандаи ҷиноие, ки соли 2008 нисбати Додоҷон Атовулло боз шуда буд, ирсол гардидааст. Мақомоти Тоҷикистон Додоҷон Атовуллоро, ки аз соли 1992 дар хориҷи кишвар сукунат дорад, дар даъват барои сарнагунсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва тӯҳмату таҳқир ба унвони роҳбарияти давлату ҳукумат муттаҳам мекунанд.
Бояд қайд кард, ки тибқи банди дуюми моддаи 135-уми КҶТ барои «тӯҳмате, ки дар баромадҳои оммавӣ, асарҳои ба таври оммавӣ намоишдодашуда ё дар воситаҳои ахбори умум инъикос ёфтааст,- бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду ҳаштод то дусаду чил соат ё бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад». Тибқи банди дуюми моддаи 136-уми КҶТ барои таҳқире, ки: а) дар баромадҳои оммавӣ, асарҳои ба таври оммавӣ намоишдодашуда ё дар воситаҳои ахбори умум инъикос ёфтааст, — бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад маоши ҳадди ақал ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
Чӣ хеле ки қайд кардем, додситонӣ Додоҷон Атовуллоро барои тӯҳмату таҳқир ба унвони роҳбарияти давлату ҳукумат муттаҳам мекунад. Барои ин амал тибқи банди дуюми моддаи 137-уми КҶТ бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Ногуфта намонад, ки барои даъват ба сарнагунсозии ҳокимияти конститутсионӣ тибқи банди дуюми моддаи 307-уми КҶТ бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол Додоҷони Аттовулло ин иттиҳомоти додситонии куллро рад карда, гуфтааст, ки танҳо аз ҳуқуқи худ ба озодии баён истифода карда, мавқеи сиёсиашро иброз доштааст.
Қобили зикр аст бигӯем, ки дар кишварҳои рушдкардаи демократӣ барои интиқоди ҳукумат шахсро ба ҷавобгарӣ намекашанд. Масалан, дар асоси қонунгузории ИМА оид ба тӯҳмат принсипи «ҳукумат ҳамчун институт (мақомот) метавонад аз ҷониби шаҳрвандон номаҳдуд танқид бишавад», меистад. Ҳангоми демократия «халқ метавонад аз болои ҳукумат назорат кунад, на ин ки ҳукумат аз болои халқ», зеро «қудрати олӣ ба халқ тааллуқ дорад, на ба ҳукумат». Иловаи якум ба Сарқонуни ИМА (соли 1791) аз рӯи моҳияти худ озодии суханро аз нигоҳи сиёсӣ дифоъ мекунад.
Воқеан, Департаменти давлатии ИМА дар маърӯзаи солонаи худ оид ба «Ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон дар соли 2010» Тоҷикистонро ҳамчун кишвари авторитарӣ номбар кардааст. Ба навиштаи ҳафтаномаи «Asia-Plus» (13 апрели соли 2011) тибқи гузориши мазкур дар Тоҷикистон маҳдуд кардани озодии сухан ва озодии виҷдон ба назар расида, коррупсия тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифтааст.
Бояд гуфт, ки дар ИМА соли 1942 бо ибтикори муассиси маҷаллаи «Time» Генри Люс Комиссияи масоили озодии матбуот бо сарварии президенти Донишгоҳи Чикаго Роберт Мейнард Хатчинс таъсис дода шуд. Г. Люс барои фаъолияти комиссияи мазкур 200 ҳазор доллар ҷудо кард. Соли 1947 маърӯзаи комисия ба табъ расид. Дар асоси хулосаи комиссияи Хатчинс соли 1956 олимони машҳури америкоӣ- профессорони Донишгоҳи Илиной Фред Сиберт ва Теодор Питерсон бо сарварии профессори Донишгоҳи Стендфорд Уилбур Шрамм китоби «Чаҳор назарияи матбуот»- ро чоп карданд. Дар ин чаҳор назария, ки муаллифон таҳқиқ кардаанд, проблемаи масъулияти матбуот дар чаҳорчӯбаи ҳамон сохтори сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ки ВАО фаъолият мекунад, баррасӣ шудааст. Тибқи пажӯҳиши мазкур дар кишвари авторитарӣ ВАО пеши шоҳ, император, доҳӣ, давлат ва ягон лидер масъулият дорад. Назарияи авторитарӣ дар асрҳои 16-17 дар Англия ба вуҷуд омада, ҳоло низ дар баъзе мамлакатҳо дида мешавад. Ҳадафи асосии назарияи мазкур — тарғиби сиёсати давлат ва хизмат ба он аст. Дар чаҳорчӯбаи назарияи мазкур танқиди машинаи сиёсӣ мамнӯъ мебошад. Аксаран дар чунин ҷомеа ВАО моликияти хусусӣ ё ҷамъиятӣ аст. Вале моликияти давлатӣ будани ВАО низ ба назар мерасад. ВАО дар ин ҳол аксаран тавассути патент ё системаи иҷозатномадиҳӣ, ки маънои сонсурро дорад, назорат карда мешавад.
Воқеан ҳам, дар кишварҳои авторитарӣ озодии матбуотро интизор шудан афсонае беш нест!

Ҷовид Муқим, доктори улуми филология,
профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Реклама

2 комментария

  1. […] Джовид Муким, Душанбе, Таджикистан. Согласно специальной резолюции […]

    Ответить

  2. Салом, дӯсти азиз!

    Муддатест пайваста аз торнигори Шумо дидан мекунем ва матолиби онро бо шавқи зиёд мехонему гоҳе сари онҳо баҳс мекунем. Хеле хуб аст, ки Шумо бо ҳузур ва фаъолияти хеш олами блоги тоҷикӣ ва ба ин васила фазои иттилоотиро дар шабакаи ҷаҳони интернет рангин мекунед. Дар ин ҷода бароятон устуворӣ ва комёбиҳо орзумандем.
    Агар огаҳӣ доред, хуб, вагарна бо ин нома ба таваҷҷӯҳи Шумо мерасонем, ки дар торнамои Радиои Озодӣ гӯшаи “Блогистон” таъсис шудааст, ки беҳтарин матолиби блогнависонро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мунташир карда, дар муаррифии ин блогҳо ва афзоиши теъдоди хонандагони онҳо саҳм мегирад.

    Ҳоло мехоҳем, Шуморо ба ширкат дар кори ин гӯшаи торнамои Озодӣ ҷалб намоем. Хоҳиши мо ин аст, ки агар имкон доред, ҳар моҳ яке аз навиштаҳои худро ҳамроҳ бо акси дилхоҳи хеш ва линки блоги худ ба гӯшаи “Блогистон”-и Озодӣ бифиристед. Мо матлаби Шуморо нашр мекунем.

    Ҳамчунин метавонем дар ҳамкорӣ Шуморо ба таҳияи видео-блогҳо даъват кунем, ки вақт ва нерӯи камтаре мегиранд. Агар компютери Шумо дурбин дорад, метавонем бо ҳам дар тамос шавем ва видео-блоги Шуморо мустақиман забту дар Блогистони Озодӣ пахш кунем.

    Шумо аз ҷумлаи пешгомони фанновариҳои нави иттилоотӣ ҳастед. Биёед бо ҳам ин пешсафиро идома диҳем ва блогосфераи тоҷикро ба сатҳи болотаре бардошта, ба доираҳои фарохтар муаррифӣ кунем.

    Бо дуруд ва эҳтиром
    Соҷидаи Мирзо,
    мудири Бахши Тоҷикии
    Радиои Озодӣ

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: