САРФАИ МАБЛАҒ АЗ СОХТМОН



Луқма
Ба иттилои барномаи ахбори Телевизиони «Шабакаи аввал»-и Тоҷикистон (22.03.2011) ҳангоми сохтмони бинои нави раёсати хатлонии Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як миллиону дусад ҳазор сомонӣ сарфа гардидааст. Мухбири хатлонии телевизион хабар медод, ки дар арафаи Иди Наврӯз бинои мазкур ба истифода дода шуд. Барои сохтмони бинои номбурда се миллион сомонӣ масраф гардида, як миллиону дусад ҳазор сомонӣ сарфа шудааст. Мухбир нагуфт, ки аз кадом ҳисоб маблағи мазкур сарфа шудааст. Бинобар ин чанд суоле ба миён меояд: «Оё масолеҳи сохтмон арзон шуда бошад?», «Оё нерӯи арзони корӣ истифода шуда бошад?» ва ё «Идораи пудратчӣ бепул биноро сохта бошад?». Албатта, дар шароити феълӣ ин ҳама ғайриимкон аст. Зеро дар Тоҷикистон чун нархҳо боло раванд, дигар поин намешаванд ва ҳоло бепул ҳатто саломро касе алейк намегирад.
Пас мантиқан чунин бармеояд, ки шояд ҳангоми сохтмон талаботи стандарти давлатӣ риоя нашуда, аз масолеҳи пастсифату арзон истифода намудаанд. Дар ин ҳолат бино ба заминҷунбиҳо тоб наоварда, вайрон мешавад. Агар талаботи стандарти сохтмон мувофиқи лоиҳа риоя шуда бошад, пас шояд дар нақшакашии лоиҳаи бино маблағ зиёд нишон дода шудааст.
Пӯшида нест, ки сохтмон яке аз соҳаҳои осони обу лой кардани маблағҳост. Зеро аниқ муайян кардани хароҷоти воқеӣ нисбатан душвор аст (агар дақиқ тафтиш шавад, онро ҳам муайян кардан мумкин аст). Бинобар ин аксари онҳое, ки мансаб мегиранд, корро аз таъмири биноҳо ё сохтмони нав шурӯъ мекунанд.
Як нафар шиноси сохтмончиам мегӯяд, ки ҳамеша дар вақти тарҳрезии сохтмон маблағи бештаре нисбат ба масрафи воқеӣ ба нақша гирифта мешавад. Дар давраи шӯравӣ аз 20 то 30 дар сади маблағҳои сохтмон дуздида мешуданд. Ҳоло ин рақам то ба 50 фоизи маблағи умумии сохтмон мерасад. Шароити феълии фасодзадагии ҷомеа сохтмончиёнро ба ин водор мекунад, мегӯяд ӯ ва меафзояд. Масалан, барои ғолиб омадан дар тендер барои сохтмони иншоот камаш 20 дар сади маблағи умумиро ба масъулин ришва мебояд дод. 20 дар сади дигари маблағ барои харҷҳои гуногуни ғайристеҳсолӣ ва ришваи кормандони мақомоти гуногуни тафтишгар масраф мешавад. Албатта, роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ низ одамони заминӣ буда, нафс доранд ва бояд дар қасру кӯшкҳои барҳаво зиндагӣ кунанд. Вагарна онҳоро мардум «мӯзадӯзи пойлуч» мегӯянд. Ана, ҳамин қисми ночиз, яъне ҳамагӣ 10 фоизи маблағи умумӣ ба кисаи роҳбарони сохтмон медарояд.
Дар сурати истифода накардани дуздиву ришвадиҳӣ дар сохтмон албатта, имкони сарфа кардани маблағ вуҷуд дорад. Воқеан, набояд фаромӯш кард, ки фармоишгари сохтмони бино Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Албатта, чунин мақомоти пурқудратро на ҳар говҷигар ёрои фиреб кардан дорад.
Ҷовид Муқим

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: