КӢ ФАРЗАНДАШРО ДӮСТ НАМЕДОРАД?!



Аз моҳи декабри соли 2010 то ба ин ҷониб баррасии оммавии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар кишвар идома дорад. Оё қабули чунин як қонун дар кишвари мо зарурат дорад? Аз он ки дар назди «микрофони озод»-и телевизионҳои Тоҷикистон галстукдорон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ қатор истода, ҳар яке пешниҳоди худро ироа менамояд, кас бовар мекунад, ки вақти қабули чунин қонун расидааст. Аммо агар жарфтар ба ин масъала таваҷҷӯҳ намоем, бевосита бо мардуми оддӣ ва аҳли зиё сӯҳбат кунем, ба қонунгузории мавҷуда назаре андозем, маълум мешавад, ки иштибоҳ мекунем. Зеро новобаста ба ягон қонун волидон дар таълиму тарбияи фарзандон масъуланд.
Аз ҷониби дигар, талаботе, ки дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омадааст, аллакай дар қонунҳои мавҷудаи ҷумҳурӣ пешбинӣ шудаанд. Масалан, аксари ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ки дар моддаҳои 5 ва 6-уми лоиҳа омадаанд, дар Кодекси оилаи Тоҷикистон (1998) -моддаи 32 (Баробарии зану шавҳар дар оила), моддаи 55 ( Ҳуқуқи кӯдак барои зиндагӣ ва тарбия дар оила), моддаи 57 (Ҳуқуқи кӯдак ба ҳимоя), моддаи 57(1) (Ҳуқуқи кӯдак барои озодона изҳор намудани фикри худ), моддаи 58 (Ҳуқуқи кӯдак ба доштани ном, номи падар ва фамилия), моддаи 60 (Ҳуқуқи амволии кӯдак), моддаи 61 (Баробарии ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар), моддаи 63 (Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар дар тарбия ва таълими фарзандон), моддаи 64 (Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон), моддаи 65 (Татбиқи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар), моддаи 66 (Татбиқи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар аз ҷониби падар ё модаре, ки аз фарзандаш ҷудо зиндагӣ мекунад), моддаи 68 (Ҳимояи ҳуқуқи падару модар), моддаи 69 (Маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ), моддаи 70 (Тартиби маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ), моддаи 71 (Оқибати маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ), моддаи 72 (Барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ), моддаи 73 (Гирифтани кӯдак бе маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ), моддаи 74 (Оқибати маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ), моддаи 75 (Муоширати кӯдакон бо падару модаре, ки ҳуқуқашонро суд маҳдуд кардааст), моддаи 76 (Бекор кардани маҳдудияти ҳуқуқи падару модарӣ), моддаи 77 (Гирифтани кӯдак ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳаёт ё саломатии ӯ), моддаи 80 (Ӯҳдадориҳои алиментдиҳии падару модар барои таъминоти фарзандони ноболиғ), моддаи 81 (Андозаи алименте, ки барои кӯдакони ноболиғ тибқи тартиби судӣ ситонида мешавад), моддаи 82 (Навъҳои музди меҳнат ва дигар даромаде, ки аз онҳо барои кӯдакони ноболиғ алимент ситонида мешавад), моддаи 83 (Ба маблағи устувор ситонидани алимент барои кӯдакони ноболиғ), моддаи 84 (Ситонидан ва истифодаи алимент барои кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд), моддаи 85 (Ҳуқуқи фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнат ба алимент), моддаи 86 (Ҳуқуқи фарзандони болиғи таҳсилкунанда ба алимент), моддаи 87 (Иштироки падару модар дар хароҷоти иловагӣ барои фарзандон) муқаррар шудаанд.
Ҳамчунин талаботи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар моддаи 18-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» (2006), дар моддаи 34 (Ҳуқуқи кӯдакон ба ҳифзи саломатӣ), моддаи 41 (Вазифаи шаҳрвандон барои ғамхорӣ кардан дар бораи саломатии кӯдакон), моддаи 62 (Таъмини кӯдакон ва наврасон бо кӯмаки тиббию санитарӣ), моддаи 64 (Муоинаи тиббии ҳатмии наврасон)-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» (1997), Моддаи 27 (Тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ)-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997), Моддаи 17 (Муҳофизати меҳнати занон ва шахсони то ҳаждаҳсола)-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизати меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1992), моддаи 6 (Кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф), моддаи 16 (Таълиму тарбияи томактабӣ), моддаи 17 (Таҳсилоти умумӣ), моддаи 18 (Таҳсилоти ибтидоии касбӣ), моддаи 19 (Таҳсилоти миёнаи касбӣ), моддаи 22 (Таҳсилоти иловагӣ), моддаи 26 (Ташкили раванди таълиму тарбия)-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», моддаи 4 (Ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин), моддаи 8 (Таҳсилоти динӣ)-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», моддаи 27 (Қобилияти амали ноболиғони аз чордаҳ то ҳаждаҳсола), Моддаи 28 (Эмансипатсия), моддаи 29 (Қобилияти амали хурдсолон)-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди ҳуқуқии ҷумҳурӣ зикр ёфтаанд. Ҳамаи санадҳои номбаршударо таҳлил кунем, беш аз 25 саҳифа мешавад ва онро дар газета чоп кардан ғайриимкон аст. Худ аз номи моддаҳо маълум аст, ки сухан дар он дар бораи чӣ меравад. Бинобар ин аз чунин тасмим даст кашидем.
Чӣ тавре ки мебинед, ба масъалаи мазкур санадҳои зиёди ҳуқуқӣ бахшида шудаанд. Ин нуқотро ба назар гирифта метавон гуфт, барои қабули қонуни алоҳидае, ки масъулияти волидонро муқаррар мекунад, зарурате нест. Ҳамзамон дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баъзе нуктаҳое ҳастанд, ки иҷрои онҳо дар шароити феълии кишвар ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии оилаҳо ғайриимкон аст.

Пӯшида нест, ки имрӯз таъминоти моддии аксари оилаҳои кишвар аз маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ сурат мегирад. Яъне аксаран саробони хонаводаҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз кишвар қарор доранд. Ҳатто хастанд оилаҳое, ки зану шавҳар дар Русия кор мекунанд ва фарзандонро бобою бибӣ тарбия мекунанд. Дар чунин ҳолат, вақте ки падар дар назди фарзандон нест, магар метавон ӯҳдадориҳои волидонро, ки ба таълиму тарбияи фарзандон вобаста аст, ба таври зарурӣ иҷро кард? Албатта, ин ғайриимкон аст. Бинобар ин, агар лоиҳаи қонуни мазкур қабул гардад, мо хоҳем ё нахоҳем, он иҷро намешавад.
Аз ҷониби дигар, чунин менамояд, ки давлат масъулияти худро дар таълиму тарбияи насли наврас пурра ба дӯши волидон гузоштанӣ аст. Агарчӣ дар моддаи 4-уми лоиҳаи қонуни мазкур «таълиму тарбияи фарзанд вазифаи муқаддаси падару модар, ҷомеа ва давлат» номбар шудааст. Мутаассифона, дар ин ҷо вазифа ва ӯҳдадориҳои давлат номаълум мондааст. Аз ҷониби дигар, агар дар оянда барои ҷомеа ашхоси таҳсилдидаву боодоб ва бомаърифат лозим бошад, пас бояд имрӯз давлат ба ин бикӯшад. Мутаассифона, имрӯз дар Тоҷикистон барои кӯдакон чунин шароит муҳайё нест. Талаботи Сарқонун аз ҷумлаи моддаи 34 (Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд) ва моддаи 41 (Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асоси ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад) иҷро намешавад. Таълими ройгон қариб ки аз байн рафтааст. Фасодкорӣ дар риштаи маориф ва тиб ҳамто надорад. Дар чунин ҳолат магар волидон метавонанд таҳсили зарурии фарзандон ва сиҳатии онҳоро таъмин намоянд? Имрӯз дар бораи рушди варзиш зиёд ҳарф мезананд, вале касе намегӯяд, ки аксаран машқ кардан пулакӣ аст. Аз ин рӯ, на ҳар падару модар маблағ дорад, ки фарзандашро ба варзиш фиристад. Дар дигар кишварҳо, ба вижа дар Русия солҳои охир ба таҳсилу варзиши ройгони кӯдакон таваҷҷӯҳи хоса дода мешавад.
Аз гузоришҳои телевизион бармеояд, ки ҳар рӯз ҳазорҳо нафар сокинони кишвар лоиҳаи қонуни мазурро баррасӣ карда, аз он ҷонибдоранд. Албатта, аксари худи онҳо фарзанддоранд. Агар худи онҳо назди фарзандони худ масъулият дошта бошанд ва ба таълиму тарбияи онҳо кӯшанд, пас чи лозим аст чунин қонун?!
Воқеан, кӣ фарзандашро дӯст намедорад ва барои таълиму тарбияи дурусти он намекӯшад? Албатта, ҳар як волидайни соҳибақл бар он мекӯшанд, ки фарзандонашон тарбияву таҳсили хуб гиранд ва дар ҷомеа накӯном бошанд.
Аз ин рӯ, ба назари мо ба қабули қонуни алоҳида оид ба масъулияти волидон дар тарбияи фарзандон ҳеҷ зарурате нест.
Ҷовид Муқим

Реклама

3 комментария

  1. Posted by Чамолиддин on Март 18, 2011 at 3:54 пп

    Макола хеле чолиб аст ва касро ба андеша водор мекунад. Вокеан ин кадар моддахо ба тарбияи кудак будааст, ин чиро то хол касе тахлил накардааст. Ба андешаи ман лоихаи конуни мазкур барои саргарм кардани мардум асту халос.

    Ответить

  2. Posted by сони on Апрель 24, 2011 at 7:56 дп

    максади асоси-банди чудоиандоз — манъи кудакони то (?) 18сола асту халос..

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: