ШАРМАМ МЕОЯД


Дар арафаи Иди матбуот чанд нафар аз сармуҳаррирону рӯзноманигорон дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ҷилваномоӣ намуданд. Онҳо дар бораи вазъи матбуоти кишвар ончунон боҳарорат аз сидқи дил ҳарф мезаданд, ки гӯё дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо озодии сухан ҳаст ва дар ин ҷода мо аз ҳамсояҳо пеш рафтаем. Ҳамагон гӯё воқеаҳои моҳи октябру ноябри соли 2010 –ро фаромӯш карда буданд, ки ягон матбаа нашрияҳои хусусии «Нигоҳ», «Фараж» ва «Пайкон»-ро чоп намекарданд. Ман намедонам, ки чаро онҳо воқеиятро таҳриф мекарданд ва бинандаҳоро гӯл мезаданд. Охир мардум аз қазияи мазкур огоҳ буданд ва сафедро аз сиёҳ фарқ карда метавонанд. Ё шояд дар ТВ сӯҳбати онҳоро сонсур карда бошанд?
Як нафар корманди телевизион дар ин бора гуфт, ки мутаассифона, ҳамсӯҳбатҳои мо худ кӯшиш мекунанд, ки тамаллуқкорӣ намоянд. Онҳо шояд дар назди ёру дӯстонашон воқеиятро гӯянд, вале чун ба телевизион меоянд, баракси ақидаҳои худ ҳарф мезананд.
Воқеан ҳам, рӯзе дар ТВ суханронии як нафар академики баобрӯи солхӯрда пахш мешуд ва ӯ то метавонист воқеиятро таҳриф намуда, тамаллуқкорӣ мекард. Ин ҳолро як дӯстам дида гуфт:
— Ба инҳо чӣ намерасида бошад? Синну солашон ба ҷое расидааст, ки барои тамаллуқкориашон вазифа талабанд. Пояшон ба гӯр расидааст, вале имонашонро фурӯхта, дурӯғ мегӯянд.
Воқеан, ҳамкасбони азиз, чаро имонфурӯшӣ мекунем?! Ҳар қадар худро ватандӯсту меҳанпараст гирем ҳам, ин дурӯғ аст. Зеро шахси беимону бевиҷдон Ватани азизашро ҳам мефурӯшад.
Биёед, дар ин дунёи чандрӯза аз рӯи виҷдони пок зиндагӣ кунем ва луқмаи ҳалол хӯрем!
Ҷовид Муқим

Реклама

3 комментария

  1. Posted by фаридун on Март 14, 2011 at 1:59 пп

    инх,о ба х,амаи суханх,ои шумо тоб меоранд, вале ба ч,умлаи охиратон х,ич гох, амал нахох,анд кард… устод! 😦

    Ответить

  2. Posted by Shoira on Март 15, 2011 at 4:27 пп

    хорошо сказано, муаллим пишите на русском
    я ваши посты буду публиковать на репортере и на новом репортере )))

    Ответить

  3. Posted by сони on Апрель 24, 2011 at 8:11 дп

    Худованд мефармояд: инно чаъално ъало кулубихим акинатан аййафкахуху ва фи озонихим вакро. бале бародар, агар дар дилхояшон парда афканда бошад, дар гумрохиашон саргашта ва гарк хоханд буд

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: