ЧАРО МАТБУОТ ОИНАИ ЗИНДАГӢ НЕСТ?



11 март ба таъсиси аввалин рўзномаи тољикї дар ќаламрави собиқ Аморати Бухоро — «Бухорои шариф» 99 сол мешавад. Њамин аст, ки 11 март дар Тољикистон чун Рўзи матбуоти тољик таљлил мегардад. Рўзномаи «Бухорои шариф» соли 1912 ба њайси як нашрияи хусусї ба вуљуд омада, тўли 10 моњи чопаш барои дигаргунсозии тафаккури хонандагонаш сањми зиёде гузоштааст. Рўзномаи «Бухорои шариф» бо ибтикори зиёиёни замон Мирзо Муњиддину Мирзо Сирољ ва кўмаки молиявии мудири чопхонаи Когон О. Левї таъсис ёфт. Тољири яњудї О. Левї ношири рўзнома буд. Вале ў моњи августи соли 1913 бинобар даромади кам овардани рўзнома аз ноширї даст кашид ва љавонбухориён бо роњбарии Мирзо Муњиддин чопи «Бухорои шариф»-ро худ идома доданд. Мутаассифона, ин иќдом дер давом накард. Нашрияи мазкур, ки таҳти назорати сафорати Русия дар Бухоро ба табъ мерасид, бинобар ба сиёсат гаравиданаш пас аз чопи 153 шумора 2 январи соли 1913 баста шуд.
Пас аз ин дар њудуди Бухоро ва Тољикистони имрўза садњо нашрияњо рўи чоп омаданд, ки ба касе ё гурўње хизмат мекарданд. Албатта, дар давраи шўравї матбуот билкулл дар хизмати Њизби коммунист буд ва ҳамаи нашрияҳо аз ҷониби давлат (главлит) сонсур мешуданд. Дар солҳои охири таназзули Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон аз нав нашрияҳои хусусӣ ба мисли «Чароғи рӯз» таъсис ёфтанд. Ба ин қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» (14 декабри соли 1990) мусоидат кард. Қонуни мазкур, ки ҳоло низ мавриди истифода аст, он замон дар давраи яккатозии Њизби коммунист воқеан ҳам демократӣ буд. Зеро моддаи 2-юми он озодии матбуотро таъмин мекард: «Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд. Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳуқуқ дорад фикру ақидаашро озодона баён кунад, онҳоро дар ҳар шакл дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма интишор намояд. Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст».
Баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон ва шурӯъ шудани ҷанги шаҳрвандӣ давраи таназзули матбуоти ҷумҳурӣ ба миён омад. Бӯҳрони иқтисодӣ ва фазои носолими сиёсӣ ба чопи рӯзномаҳои хусусӣ монеа эҷод карданд. Баъдан бо истиқрори сулҳ дар кишвар нашрияҳои хусусӣ ба вуҷуд омаданд, вале рӯзномаи воқеан сиёсиву ҷамъиятӣ, ки дарди ҷомеаро гуфта аз ҳукуматдорон интиқод мекарданд, танҳо соли 2003 таъсис ёфтанд. Ҳафтаномаҳои «Нерӯи сухан» ва «Рӯзи нав», ки то соли 2005-ум чоп шуданд, воқеан ҳам дар бедории мардум дар таърихи матбуоти муосири кишвар саҳми арзанда гузоштаанд. Пас аз баста шудани рӯзномаҳои мазкур нашрияҳои зиёди хусусӣ ба майдон омаданд, ки аз «хато»-и «Нерӯи сухан» ва «Рӯзи нав» ибрат гирифта, бо ҳукуматдорон ҳамкорӣ доранд ва ҳар яке ҳадафи худро пиёда мекунанд (бизнеси худро пеш мебаранд).
Феълан дар Тоҷикистон, ки қариб 8 миллион нафар аҳолӣ дорад, беш аз 350 рӯзномаву маҷалла, сабти ном шудаанд. Аз ин теъдоди номбаршуда на ҳамаи нашрияҳо пайваста ба табъ мерасанд. Ҳамин аст, ки дар фазои иттилоотии Тоҷикистон ҳамагӣ якчанд рӯзномаи давлативу хусусӣ ва ҳизбӣ аз қабили «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Народная газета», «Халқ овози», «Омӯзгор», «Адабиёт ва санъат», «Asia-Plus», «Миллат», «Чархи гардун», «Тоҷикистон», «Озодагон», «Фараж», «Пайкон», «Дунё», «Имрӯз News», «Минбари халқ», «Наҷот» ва ғайра мақоми хоса доранд. Аз рӯи теъдод нашрияҳои хусусӣ нисбат ба давлатӣ зиёданд. Матбуоти хусусии ҷумҳуриявӣ, ки пайваста чоп мешаванд, асосан ба 6 нафар — Акбаралӣ Сатторов, Шариф Ҳамдамов, Умед Бобохонов, Асомиддин Суннатӣ, Саймуддин Дӯстов ва Хуршед Ниёзов тааллуқ доранд. Нафарони зикргардида муассиси 2 ва зиёда аз ин ВАО мебошанд.
Комёбии назарраси соли гузаштаи матбуотро метавон ба таъсиси газетаи хусусии «Имрӯз News» дар моҳи сентябр иртибот дод, ки ниҳоят пас аз танаффуси тӯлонӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маънои томаш рӯзнома ба табъ расид. Вале дар ҳамин ҳол метавон гуфт, ки соли гузашта матбуоти озодандеши хусусии Тоҷикистон ноком буд. Ба додгоҳ кашидани рӯзномаҳои «Миллат», «Пайкон», «Озодагон», «Фараж», «Asia-Plus», «Чархи Гардун» ва ғайра аз ҷониби мансабдорони ҳукуматӣ ва мақомоти давлатӣ мисоли рӯшани гуфтаҳои боло аст. Ҳамзамон баста шудани сомонаҳои avesta.tj, tojnews.tj ва tjknews.com аз 29 сентябри соли 2010 ва баъдан беш аз як моҳ бо айби чопхонаҳо ба табъ нарасидани ҳафтаномаҳои «Фараж», «Пайкон» ва «Нигоҳ» дар моҳҳои октябру ноябр аз рӯзи сиёҳи матбуоти мустақили тоҷик далолат мекунад. Бояд зикр кард, ки нашрияҳои номбурда бо супориши ғайрирасмии мансабдорон дар чопхонаҳои чӣ давлативу чӣ хусусӣ ба табъ нарасида буданд. Қазияи мазкур танҳо баъди муроҷиати «Кумитаи 29 сентябр» (ноширони рӯзномаҳои номбурда ва созмонҳои журналистӣ) ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон ҳал карда шуд. Ҳаводиси мазкур бори дигар собит кард, ки дар ҷумҳурӣ моддаи 30-юми Сарќонуни Тољикистон ва моддаи 2-юми Ќонуни ЉТ «Дар бораи матбуот ва дигар воситањои ахбори оммаи Тољикистон», ки озодии матбуотро дар кишварамон кафолат медињанд, аз ҷониби ҳукуматдорон иҷро намешаванд.
Оё дар рӯзномаҳо зиндагии воқеии мо инъикос мегардад? То кадом андоза дарди ҷомеа дар матбуот дарҷ мегардад? Оё матбуот оинаи зиндагӣ аст? Ба ин суолҳо метавон як посух дод: Матбуот рисолати асосии худро, ки пахши иттилои воқеиву беғаразона аст, пеши ҷомеа пурра иҷро намекунад. Албатта, ин сабабҳои айниву зеҳнӣ дорад. Ноширони матбуоти давлатӣ кӯшиш мекунанд, ки аз хати кашидаи муассисашон берун набароянд ва он маводро чоп кунанд, ки ба манфиаташон бошад. Аз рӯи навиштаи матбуоти давлатӣ мардуми Тоҷикистон биҳиштӣ буда, мушкилот надоранд, зиндагиашон рӯз то рӯз рӯ ба беҳбудӣ дорад. Дар ҳамин ҳол расман эътироф шудааст, ки ҳудуди 50 дар сади аҳолӣ дар қашшоқӣ зиндагӣ мекунанд.
Нашрияҳои хусусӣ, ки худро аксаран мустақил меноманд, низ имрӯз инъикосгари воқеии ҳаёти ҷомеа нестанд. Зеро ин нашрияҳо аз як тараф мустақилияти иқтисодӣ надоранд, аз тарафи дигар аз ғазаби ҳукуматдорон метарсанд ва барои аз даст нарафтани бизнесашон ба муқобили об шино намекунанд. Судбозиҳои нашрияҳо бо мансабдорон дар солҳои 2009 — 2010 бори дигар мақоли «Бозӣ накун бо арбоб, ки мезанад бо ҳар боб»-ро собит карданд. Ҳамин аст, ки дар редаксияҳо сонсури сармуҳаррирон ва худсонсурии мухбирон боло рафтааст. Як нафар муҳаррири шинос гуфт, ки ҳоло дар чопхонаҳо ҳам пеш аз нашр рӯзномаҳоро сонсур мекунанд: маводи номақбулашонро аз шумора мебардоранд, сарлавҳаҳоро тағйир медиҳанд.
Матбуот, ки як соҳаи тиҷорат маҳсуб мешавад, наметавонад бар зарари худ фаъолият бикунад. Дар таҷоруби ҷаҳонӣ даромади асосии нашрияҳо ва радиову телевизион аз чопу пахши реклама ба даст меояд. Мувофиќи моддаи 12-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи реклама» (2003) дар матбуоти давлатии кишвар, ки барои ахбор ва маводи хусусияти рекламавидошта махсус гардонида нашудаанд, реклама набояд аз 25 фоизи ҳаҷми як шумораи нашрияи матбуоти даврӣ ва дар матбуоти даврии ғайриҳукуматӣ ин ҳаҷм набояд аз 40 фоиз зиёд бошад. Дар воситаҳои ахборе, ки барои реклама махсус гардонида шудаанд, маҳдудият гузошта намешавад. Бояд гуфт, ки аксари нашрияҳои Тоҷикистон чӣ давлативу чӣ хусусӣ аз ин ҳуқуқи худ истифода намекунанд. Он нашрияҳое, ки пурра ин имтиёзи пешбиникардаи қонунро истифода мебаранд, ангуштшуморанд. Масалан, танҳо нашрияи президентии «Ҷумҳурият» 25 дар сади ҳар шумораашро ба реклама мебахшад. Аз реклама нашрияҳои хусусии Медиа гурӯҳи «Asia-Plus» ва Ташкилоти масъулияташ маҳдуди (ТММ) «Оила» низ самаранок истифода мекунанд. Ин муассиссаҳо шӯъбаҳои алоҳидаи тиҷорату рекламаи худро доранд. Аз ҷумла, ТММ «Оила» оҷонсии рекламавии худро бо номи «Тайрон» таъсис дода, нашрияи «Рекламная газета»-ро ба забони русӣ чоп мекунад. Дар дигар нашрияҳои хусусиву давлатӣ умури вижаи реклама вуҷуд надорад. Ҳатто бузургтарин ношири кишвар, муассиси ТММ «Чархи гардун» Акбаралӣ Сатторов то ба ҳанӯз фаъолияти шӯъбаи рекломро дуруст ба роҳ намондааст. Ҳамин аст, ки даромади асосии нашрияҳо аз фурӯши газета ба даст меояд. Ба қавли ноширон агар теъдоди якдафъаинаи нашрия беш аз 3 ҳазор нусха бошад, он фоидаовар мешавад. Аз ин нигоҳ аксари нашрияҳои давлатии маҳаллӣ зиёноваранд, зеро теъдоди онҳо аз 500 то 2500 нусха мебошанд.
Бино ба як пажӯҳиши муҳаққиқони рус дар Федератсияи Русия ҳафтаномае, ки бо тиражи 7 ҳазор нусха чоп мешавад, ҳамагӣ 5 фоизи даромадаш аз ҳисоби фурӯши нашрия ба даст меояд. 95 дар сади боқимондаро редаксия аз ҳисоби реклама ба даст меорад. Мутаассифона, дар матбуоти Тоҷикистон то ба ҳанӯз тиҷорат кардан ва истифодаи рекламаро хуб наомӯхтаанд. Аз ин рӯ, даромад аз ин соҳа барои пӯшондани хароҷоти нашрияҳо ва гирифтани фоида хеле ночиз аст.
Пўшида нест, ки имрўз дар Тољикистон миёни хонандагон нуфузи матбуоти хусусї аз нашрияњои давлатї бештар аст. Аз ин рў, матбуоти хусусї метавонад, ки дар ташаккули афкори љомеа сањми зиёд дошта бошад. Ин нуктаро худи муассисони матбуоти хусусї ва мансабдорони њукуматї низ хуб дарк мекунанд. Њамин аст, ки солњои охир аз љониби њукуматдорон ба тарафи худ љалб кардани нашрияњои хусусии бонуфузи љамъиятиву сиёсї бо њар роњу восита сурат гирифта истодааст. Ин амал бо љалби фаъоли ноширон ба чорабинињои њукуматї, бо нишону ифтихорнома ќадр кардани онњо, муайян кардани баъзе имтиёзњо ва њатто чашм пўшидан ба баъзе «хато» дар фаъолияташон сурат мегирад. Пас аз ин дар нашрияњои хусусї маќолаву њисоботњо, ки ба манфиати мансабдорони њукуматї аст, чоп мешаванд. Албатта, дар ин њолат беѓараз будани ин матолиб зери шубња мемонад.
Ногуфта намонад, ки солњои охир њукуматдорон аз хизмати матбуоти хусусї дар пиёда кардани сиёсати худ моњирона истифода карда истодаанд. Яъне, дар матбуоти хусусї матлаби фармоишие чоп мешавад, ки онро њукуматдорон барои халалдор накардани муносибатњои дипломатї наметавонанд дар нашрияњои давлатї ба табъ расонанд.
Бояд гуфт, ки созмонњои байналхалќии хориљї аксаран дар таъсис ва рушди матбуоти хусусии Тољикистон сањм доранд. Масъулони созмонњои байналхалќии хориљї, ки баъзе нашрияњоро бо грант ва чопи пулакии рекламаашон дастгирї мекунанд, бар он андешаанд, ки њар ќадар матбуоти хусусї зиёд шавад, њамон ќадар гуногунандешї ва озодбаёнї бештар мегардад. Ин андеша дар шароити феълии Тољикистон чандон дуруст нест. Зеро аввалан, њадафи асосии муассисон аз чопи рўзнома тиљорат аст ва онњо барои ривољи бизнеси худ кўшиш мекунанд. Дуввум, мансабдорони њукуматї кўшиш мекунанд, ки ба чопи маводи зидди манфиаташон дар матбуот роњ надињанд. Роњњои таъсиррасонї њамеша ёфт мешаванд.
Воќеъан њам, њадафи асосии муассисони нашрияњои хусусї ин аввало ба даст овардани манфиати молї аст. Њамин аст, ки онњо мекўшанд бо њукуматдорон муросо кунанд, то ин ки онњо ба бизнесашон халал нарасонанд. Ин љо як созиши нонавиштае байни ноширон ва њукуматдорон ба миён омадааст: «Ту маро танќид намекунї, ман ба бизнеси ту кор намегирам». Аз ин амал њар ду љониб манфиат дида, розианд. Ана, њамин аст, ки дар нашрияњои медиамагнатњо њукумат ба вижа роњбарони вазоратњои асосї танќид намешаванд. Ба ѓайри ин, манфиатњои молї ноширонро водор мекунад, ки ба сармоядоре, ширкате, њизбе ё гурўње низ хизмат кунанд. Агар дар маводи рекламавї ин амал рўшан бошад, пас дар матолибе, ки PR (пиари) нињонї шудааст, на њамаи хонандагон метавонанд ѓаразнок будани онро пай баранд. Воќеан, на њамаи хонандагон пай мебаранд, ки имрўз дар Тољикистон матбуот ба чанд хоља хизмат мекунад.
Ҷовид Муқим, доктори улуми филология,
профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: