ДЕМОКРАТИЯИ БЕҲТАРИН — ДЕМОКРАТИЯИ ТОҶИКӢ


Памфлет
Баъзе кӯрдилон ва хоҷаҳои хориҷии онҳо аз дурӯғгӯиашон шарм надошта, Тоҷикистонро давлати низомаш автократӣ меноманд ва бо ин дар тамоми ҷаҳон табл мезананд, ки кишвари мо демократӣ нест. Ин «дӯстон»-и- халқи тоҷик Сарқонуни Тоҷикистонро нодида мегиранд, ки дар моддаи якуми он омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».
Ана, ҳамин моддаи тақдирсоз асоси бунёди демократия дар Тоҷикистон аст ва он чун рӯзи рӯшан маълум аст, ки амалӣ мешавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки маънои калимаи «демократия» ин халқ аст ва маънои идораи давлатро аз ҷониби халқ дорад. Касе, ки китоби сиёсатшиносӣ хонда бошад, медонад, ки демократия ду категория дорад: мустақим ва намояндагӣ. Дар категорияи мустақим мардум бевосита дар идораи давлат иштирок мекунанд, яъне дар қабули қарорҳо худ овоз медиҳанд. Чунин категорияи демократия дар идораи ҷомеаҳои хурд, ки ҳама якҷоя метавонанд ҷамъ шуда, масоили заруриро баррасӣ кунанд, роиҷ аст. Албатта, ба қавли сиёсатшиносон категорияи мазкурро дар ҷомеаҳои бузург ба мисли идораи ҷумҳурӣ наметавон истифода бурд. Зеро ҳамаи раъйдиҳандагонро наметавон дар як вақт дар якҷо гирд овард ва масъалаи мавриди таваҷҷӯҳро баррасӣ кард. Бинобар ин дар ҳолатҳои мазкур категорияи дигари демократия- намояндагӣ истифода мешавад. Яъне мардум барои идораи давлат намояндаҳои худро ба маҷлисҳои маҳаллӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва Маҷлиси намояндагон интихоб мекунанд. Минбаъд вакилони интихобкардаи мардум аз номи онҳо дар идораи давлат саҳм мегиранд. Албатта, шакли беҳтарини идораи давлат ин ба таври мустақим иштирок кардани мардум дар идораи давлат аст, ки демократияи воқеиро таъмин мекунад.
Таҷрибаи солҳои охири демократияи Тоҷикистон собит кард, ки мардум метавонад ба таври мустақим дар идораи давлат иштирок карда, тақдири худро бо дасти худ бинвисанд. Баррасии умумихалқии лоиҳаи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2007, маблағгузории НБО-и Роғун дар соли 2009-2010 ва ниҳоят баррасии оммавии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки аз 20 декабри соли гузашта идома дорад, ин гуфтаи моро тасдиқ мекунад. Худ бубинед, ки (аз телевизор) чӣ қадар мардуми мо фаъол аст, ҳамагон аз чӯпону говдӯш сар карда, то профессорону мансабдорон галстукро таранг баста, дар назди «микрофони озод» қатор меистанд, то чеҳраи зебои онҳоро аққалан як маротиба бепул аз телевизион намоиш диҳанду садояшонро ҳамсояҳо шунида, аз ҳасад торс кафида муранд. Мардум ба тақдири худ бетараф нестанд, ҳамин аст, ки барои «микрофони озод» ҳамеша навбат аст. Мардумро «микрофонҳои озод»-и пешина фаъол кард, онҳо тарзи сухангӯиро омӯхтанд ва акнун беибо ҳар як касу нокас, дузду порахӯр (бубахшед, онҳо низ узви ҷомаи мо ҳастанд ва ҳуқуқи сухангӯи доранд) ҳам метавонанд озодона фикри худро баён кунанд. Чунин демократияро магар касе ёд дорад? Магар пеш касе сухани як коргари оддиву деҳқони хокпошро дар бораи идораи давлат ё қабули ягон қонуну қарори сиёсӣ гӯш мекард? Албатта, не!
Бояд бигӯям, ки чунин таҷрибаи баррасии лоиҳаи қонунҳо на дар ҳамаи мамлакатҳо роиҷ аст. Баъзе давлатҳои рушдкардаи демократӣ низ ҳоло аз таҷрибаи мо омӯхта истодаанд. Ҳатто дар Русияи абарқудрат, ки баъзе кӯрдилон вайро «бародари калонӣ»-и мо меноманд, чунин тарзи оммавии баррасии қонунҳо, ки дар он ҳамаи қишрҳои ҷомеа иштирок кунанд, дида намешавад. Давлатҳои ҳамсоя бошад, дар амалӣ кардани демократия аз мо фарсахҳо ақиб мондаанд. Бовар кунед, ки демократияе, ки дар мо ҳаст, ҳатто дар Америкае, ки таърихи демократияаш беш аз 230 сол дорад, дида намешавад. Масалан, мардуми Тоҷикистон Президентро худ ба таври мустақим интихоб мекунанд. Дар ИМА, ки «гаҳвораи демократия» меноманд, интихоби президент ба таври зинагӣ сурат мегирад: раъйдиҳандагон аввал интихобкуннандаҳоро муаяйн мекунанд, пасон онҳо ба номзади маснади президент овоз медиҳанд. Дар ин ҳол албатта, наметавон гуфт, ки ин демократияи воқеӣ аст.
Баррасии умумихалқии лоиҳаи қонунҳо бори дигар собит кард, ки мардум метавонанд худ бевосита, мустақиман дар идораи давлат ширкат кунанд. Дар ин ҳол ҳоҷат ба институти маҷлисҳои маҳалливу, ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва Маҷлиси намояндагон намемонад. Функсияи онҳоро худи мардум метавонанд иҷро кунанд. Аз ин рӯ, мантиқан масъалаи бастани институтҳои мазкур ба миён меояд. Воқеан, аз ин ҳисоб даҳҳо миллион сомонӣ пули буҷет, ки ба интихоботу баъдан маблағгузории онҳо харҷ мешавад, сарфа мегардад. Шояд суоле пайдо шавад, ки қонунҳоро кӣ имзо мекунад, ҳисоботи ҳукуматро кӣ мешунавад? Албатта, мо боз Маҷлиси Олӣ дорем, ки бе ин ҳам ҳамаи қонунҳо дар он ҷо баррасиву ба тасвиб мерасанд ва ахиран баъди онҳоро имзо кардани Президент ҳукми амал мегиранд. Агар сухан дар бораи баррасии Қонуни буҷаи давлатӣ равад, ки онро Маҷлиси намояндагон анҷом медод, ин мушкилот надорад. Аз таҷрибаи андӯхтаи солҳои охир илҳом гирифта, баррасии онро оммавӣ мекунем, бигзор мардум маблағҳояшонро худ тақсим кунанд. Ин воқеан ҳам, демократӣ мешавад.
Бояд қайд кард, ки дар асри моҳворавӣ ва Интернет (аз рӯи маълумоти расмӣ дар ҷумҳурӣ теъдоди истифодабарандагони он ба 1 миллион нафар мерасад) барои амалӣ кардани категорияи мустақими демократия дар Тоҷикистон ҳамаи шароитҳо мавҷуданд. 4 телевизиони ҷумҳуриявии сартосарӣ, телевизионҳои вилоятӣ сарбаландона аз ӯҳдаи вазифаи мазкур мебароянд. Агар ин кам бошад, дар баррасии қарору қонунҳо аз радиоҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ низ метавон истифода кард.
Хотирнишон мекунам, ки барҳам додани институтҳои зикргардида чанд аҳамият доранд:
Маблағи зиёде аз ин ҳисоб сарфа гардида, онро барои рушди иқтисоди кишвар равона кардан мумкин аст.
Ҳамагуна ошнобозиву тақаллубкориҳо дар раванди интихобот аз байн мераванд. Яъне дигар ҳизбҳои сиёсӣ даъво намекунанд, ки тақаллубкорӣ шудааст.
Дигар касе аз бадхоҳон давлати моро ба он мутаҳҳам намекунад, ки гӯё «порлумони мо кисагӣ» аст ва аз хати кашидаи ҳукумат намебарояд.
Аз ҳама муҳимаш, яке аз рукнҳои муҳими демократия — идораи давлат аз ҷониби халқ амалӣ мешавад.
Ин аввалин таҷриба буда, онро муррихон дар таърихи навини ҷаҳон бо ҳарфҳои заррин менависанд ва ҳамаи кишварҳо Тоҷикистони моро чун байрақбардори демократия эътироф мекунанд. Ҳамчунин давлатҳои дигар аз таҷрибаи мо сабақ гирифта, онро дар кишварҳои худ ҷорӣ менамоянд. Ҳамин тавр дар як муддати кӯтоҳ бе ҷангу ҷидол ва аз ҳама муҳимаш бе хунрезӣ тамоми кишварҳои олам демократӣ мешаванд.
Мансабдорону сиёсатмадорон, боз ин идеяи маро дуздида аз номи худ пешниҳод накунед! Ман ба он патент гирифта, ҳуқуқи муаллифӣ дорам. Бас аст ба шумо маслиҳати бепул додан, бародарони азизу гиромӣ!
Воқеан, барои баррасии навбатии оммавӣ пешниҳод шудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи одоби волидон» мантиқан дуруст мебуд, зеро худ баъзе волидон аз одоби ҳамидаи инсонӣ фарсахҳо дуранд. Бигзор дар баррасии лоиҳаи қонуни мазкур дар қатори калонсолон кӯдакон ҳам (агарчи ҳуқуқи овоздиҳӣ надоранд) иштирок намоянд.
Ҷовид Муқим

Реклама

4 комментария

  1. Posted by Ануша on Февраль 25, 2011 at 11:20 дп

    Вокеан, дуручт устод ин гуна демократия дар хеч кучо нест. Кадом шабакаи дигар кишвархо аз бахри барномахои хамаруза гузашта андешаи мардумро тамоми руз пахш мекунад? Рахмат ба директори хамин «шабакаи аввал»-и мо, ки тамоми шароитхо «мавчуда»-ро барои «журналистонаш» мухайё мекунад, то андешаи мардумро чамъовари ва пахш кунанд. Холо шояд шеър хам навишта истода бошанд дар ин мавзуъ, хатто бо хамрохии чонишини аввалашон.

    Ответить

    • Posted by jovidmuqim on Март 11, 2011 at 11:27 дп

      Мутаассифона, ин аст демократияи мо!

      Ответить

      • Posted by сони on Апрель 24, 2011 at 8:26 дп

        биё, Човид, 50 фисади патетата дихаму хаммуаллифи идеяат шавам.дарвокеъ ман хам як идеяи обаш хануз начакида дорам, агар хавая амали кунем, демокротитарин бошем, супердемократиятарин хохем шуд..

      • Posted by jovidmuqim on Май 12, 2011 at 3:20 пп

        Ташаккур. Вале садои мо ба гуши кар азон гуфтан аст!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: