ЗЎР МАГАР ЗЎР АСТ?



Вазорати молияи Тољикистон роњи њамшафаташро баст. Шояд ин барои хонандањо аљиб намояд, ки чї хел вазорат роњро мебастааст? Бинои Вазорати Молияи Тољикистонро шояд аксари сокинони Душанбе донанд, зеро он дар маркази пойтахт, дар наздикии Бонки миллии Тољикистон, Вазорати адлияи Тољикистон ва билохира кариб дар рў ба рўи Театри опера ва балети ба номи устод Айнї љойгир аст. Бинои вазорати мазкур аз идорањои номбаршуда чандон дур нест ва на дар хиёбони Рўдакї, балки дар кўчаи њамшафати он- кўчаи ба номи академикон Раљабовњо воќеъ аст. Агар шумо аз хиёбони Рўдакї ба тарафи Донишгоњи техники Тољикистон ба номи академик М. Осимї рафта бошед, аз тарафи шарќи кўча бинои Вазорати молияи Тољикистон љойгир аст. Баъди ин бино гузаргоњи 1-уми кўчаи академикон Раљабовњо оѓоз мешавад. Вазорати молия барои якљоя кардани идорааш, ки дар бинои њамшафат (пештар ба дигар вазорат тааллуќ дошт) љойгир аст, роњро бастааст. Акнун ду рўз аст, ки сокинони гузаргоњи 1-уми кўчаи академикон Раљабовњо иљборан бо тангкўчаи дигар равуо доранд. Ин ягона роњи мошингард буд, ки сокинон ваќти аз хиёбони Саъдии Шерозї ё хиёбони Айнї омадан истифода мекарданд. Акнун онњо бо мошинашон бояд худуди 1 километр роњро иловатан тай карда ба хонаашон расанд. Бояд гуфт, ки дар гузаргоњи 1-уми кўчаи академикон Раљабовњо њамчунин чанд ташкилоти байналхалќї ва расонаи хабарии хориљї љойгиранд.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: