ШУКРОНАИ ИСТИҚЛОЛ



Памфлет
Шукронаи Худо, ки ба мо Истиқлолро ато кард. Вагарна то ба ҳанӯз дар «оилаи ягонаи халқҳои СССР» чун бародари хурдӣ мемондем ва садои моро дар СК касе намешунид. Аз мо фақат иҷрои плани пахта талаб мекарданду касе дар фикри саноатӣ кардани республикаамон набуд. Шукронаи истиқлолият, ки акнун касе дар Маскав аз мо плани пахта талаб намекунад ва мардуми тоҷик аз ин меҳнати сангин батадриҷ халос мешавад.
Худои меҳрубон ғами моро хӯрда ба мо Истиқлолро ато кард. Мо барои истиқлоли худ чун дигар миллатҳо мубориза набурдаем. Масалан, курдҳо, ки қариб 60 миллион нафаранд, то ба ҳанўз давлати мустақили худро надоранд ва ба ҳудуди 4 давлат (Эрон, Туркия, Сурия ва Ироқ) шомиланд. Онҳо пайваста барои истиқлолияти худ мубориза мебаранд. Вале мо ба қадри истиқлоли ато шуда нарасидем, озодиву демократияро байни худ тақсим карда натавонистем ва бародар ба сари бародар теғ кашидем. Шукри Худо, ки ба дили бандагонаш меҳру шафқат андохт ва мо дасти ҳам гирифта сулҳу оштӣ кардем, мансабҳоро бо ҳам дидем ва дар натиҷаи он ба комёбиҳои беназир расидем. Ҳамин аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба қавли бархе аз сиёсатмадорони мо чун китоби дарсӣ дар риштаи дипломатияи донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ тадрис мешавад.
Баъзеҳо аз бахилиашон дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро нодида мегиранд ва ҳанӯз ҳам ёди СССР мекунанд, ки «як дона нони бозорӣ 12 тину як буханка хлеби навъи якум 18 тин ва як кило шакар 78 тин буд». Ин тоифа фаромӯш мекунанд, ки одам фақат бо нону шакар зиндагӣ намекунад. Онҳо нодида мегиранд, ки як кишвари абарқудрати олам- СССР нақби «Уштур»-ро дар чанд сол ҳамагӣ 500 метр канду баъди истиқлол мо бо кӯмаки бародарони эронӣ дар чанд солак ба 5 ҳазор метр расонида водии Зарафшонро тамоми сол ба пойтахти мамлакат пайваст кардем. Агар ин меваи истиқлол намебуд, онро нақби «Истиқлол» меномидем?!
Давлати Шӯравӣ бо ин абарқудратиаш роҳи мошингарди Бадахшонро натавонист тамоми сол ба Душанбе бупайвандад. Техникаи пуриқтидори шӯравӣ дар қитъаи даҳкилометраи Шогун – Зиғар дармонда, ягон метр ҳам пеш рафта натавонист. Яъне то ноҳияи Шӯроободро бо ноҳияи Дарвоз пайваст кардан камакак роҳ монда буд. СССР натавонист, вале мо тавонистем. Акнун ҳатто жигулии кӯҳнаи аз асри гузашта монда ҳам бо ин роҳи бо стандарти байналхалқӣ сохта шуда метавонад бемалол ба Хоруғу Мурғоб равад. Агар Истиқлол намебуд, магар бадахшониён метавонистанд тамоми сол ба пойтахти ҷумҳурӣ равуо кунанд? Ин комёбиҳои Истиқлолро набояд нодида гирифт.
Дастовардҳои Истиқлол дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мо ба назар мерасад. Як ба бозорҳои Душанбе сар занед. Воқеан ҳам, мустақилиятро дар арафаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба чашми худ мебинед. Сабзавоту мева қариб ки ройгон аст: 1-2 доллар. Харбузаву тарбуз: 3-4 доллар. Ин нархгузорӣ аз воқеан ҳам мустақил будани фурўшандаҳои бозорҳои мо далолат мекунад.
Агар Истиқлол намебуд, касе ҳад дошт, ки роҳи Душанбе- Чаноқро, ки чиниҳо таъмир карда истодаанд, ба осонӣ пулакӣ карда даст ба кисаи тиҳии мардум барад?! Албатта, Маскав ба ин амали носавоб иҷозат намедод ва ҳатто муаллифи ин пешниҳодро гўшмол мекард.
Дар давраи СССР ҳамасола ҳудуди 100 ҳазор нафар ҷавонони тоҷик ба хизмати ҳарбӣ дар Артиши Шӯравӣ даъват мешуданд ва бо ин аз деҳаашон берун шуда ба қавле оламро медиданд. Ҳоло ҷавонон дар пеши хонаашон, дар артиши миллӣ хизмат мекунанд, вале аллакай ҷаҳонгашта шудаанд. Мактаббачаҳо ҳанӯз аз синфи 8-ум касби худро интихоб мекунанд. Баъди хатми синфи 9-ум, агар нашуд дар давоми таҳсил ё баъди синфи 11-ум рост ба Русия мераванд ва дар сохтмону бозорҳои ин кишвари ба нерӯи арзони корӣ ниёзманд, таҷрибаи кору зиндагӣ меомӯзанд. Агар дар давраи шӯравӣ дар шаҳраки Солонии сохтмони шоҳроҳи БАМ ҳамагӣ 2-3 ҳазор тоҷик кору зиндагӣ мекарда бошанд, ҳоло шукронаи Истиқлол, ки камаш 600 ҳазор ҷавонмардону ҷавондухтарони ватандӯсти тоҷик мамлакати ба мо дӯсту шарики стратегиро обод карда истодаанд. Яъне агар пеш русҳо ба Тоҷикистон омада моро кору зиндагии коммунистона меомӯхта бошанд, акнун мо онҳоро кор омӯхта истодаем.
Дар давраи донишҷўӣ устоди фанни иқтисоди сиёсиамон, профессор Абдуллоҷон Орипов боре аз сафарашон ба Америка нақл карда моро ба ҳайрат гузошта буданд. Профессор ҳангоми сафар аз як ферма дидан карда, гуфтанд, ки дар оғилҳо зери пойи чорво палос густурда шудааст, то ки модаговҳо худро роҳат ҳис карда, шири бисёр диҳанд. 30 сол қабл ба ин гуфтаҳо бовари мо намеомад. Вале акнун инро худ ба чашми сар дидем. Ташаккур ба масъулини телевизиони Тоҷикистон, ки баҳори ҳамин сол гузоришеро аз як фермаи намунавии ноҳияи Ёвон пахш карда, гуфтаҳои устоди моро тасдиқ карданд. Мудири фермаи мо америкоиҳоро ба як нӯл зад, ӯ дар оғил роҳрави қолинӣ партофта буд. Магар ин амал дар давраи шӯравӣ имкон дошт? Ҳаргиз! Он вақт қолин бойигарии камёб маҳсуб мешуд. Қолинро ба пешқадамони истеҳсолот тӯҳфа мекарданд ва ё мардум солҳо барои харидани он дар магазин номнавис мешуданд. Шукронаи Истиқлол, ки ҳоло бозорҳо лабрези қолинҳои Туркияву Эронанд ва ҳар пулдор метавонад онро дар оғилу мурғхонааш густурад.
Дар даврони шӯравӣ ҷавонмардони тоҷик барои мустаҳкам кардани дӯстии халқҳо «арӯс аз Маскав» меоварданд. Бо соҳибистиқлол шудани ватани азизамон акнун язнаҳои чиниву мочинӣ «арӯс аз Душанбе» мебаранд. Бачаҳои мо бошанд, ба қавле Русияву соири кишварҳои дигарро «обод карда гаштаанд».
Дар давраи шӯравӣ роҳбарият аз халқ дур буд, мардум дар телевизиор фақат рафиқ Леонид Илич Брежневро медиданд ва дигаронро ҳатто намешинохтанд. Президенти аввалини Тоҷикистон –Қаҳҳор Маҳкамовро шояд чанд нафар мардуми оддӣ аз наздик дида буданд? Шояд ӯро аъзои СК, котибони райком ва коммунистони фаъол мешинохтанд? Шукронаи Истиқлол, ки ҳоло президенти мӯҳтарами моро тамоми мардуми кишвар аз кӯдакони яслӣ то пирони барҷомонда ҳама мешиносанд ва ҳатто баъзеҳо бевосита ба дидори муборакашон расидаанд. Зеро ҷаноби олӣ марди хоксору фурўтан буда ҳамеша мекўшанд, ки бо мардуми кишвар рў ба рў ва сўҳбати ошкоро карда аз бурду бохт ва мушкилоташон огоҳ бошанд. Дар худшиносии милливу роҳбаршиносӣ хизмати телевизиони Тоҷикистонро бояд қадр кард. Ҳамин кормандони телевизион ҳастанд, ки гармову сармо нагуфта ҳар як қадами мубораки ҷаноби олиро сари вақт ба шаҳрвандони кишвар манзур менамоянд ва мардум огоҳ мешаванд, ки сарвари хирадмандашон барои ба зиндагии серу пур ва осоишта расидани онҳо чӣ заҳматҳо мекашад.
Буродарои азиз, Истиқлоли мо ҷавони навхат аст, нав 19-сола мешавад. Мо дар ин муддати кўтоҳ ба ин комёбиҳои беназир расидем. Худо хоҳад, боз садҳо қуллаҳои Исмоили Сомониро фатҳ хоҳем кард.
Истиқлол неъмати бебаҳо аст, ба қадри он бояд ҳар яки мо тоҷикистониён бирасем!!!

Ҷовид Муқим, шаҳрванди
Тоҷикистони соҳибистиқлол

Реклама

5 комментариев

  1. Posted by khairullo on Сентябрь 8, 2010 at 3:38 пп

    Бехтарин пафлет. Лекин хушбахтона боз хамин шукронаи Истиклол аст, ки кудакони назди сархади Ислом Абдуганиевичро аз тарки TV хамчун президенти ЧТ мешиносанд! Боз хамин шукронаи Истиклол , ки рохои ройгони СССР-ро, акнун росту пулаки карданд! Боз хамин шукронаи Истиклол гуфта роххои марказиро барои «ХУНДАЙСАНАТА» колинпуш карданианд, чум, чи?! Гусели махбусин, мустакил аз махбаси №1, ин шукри Истик-ЛОЛЛЛ, буд! Хамин меваи Истиклол аст, ки боз даххо Шукурбачахои дигарро тарбия мекунанд…

    Ответить

  2. Posted by ЧАМШЕД on Сентябрь 14, 2010 at 4:06 пп

    Афкори чолиби муаллиф бояд ба сари бархе аз масъулин тахаввулоте оварад. набошад то ба кай шиорпарастию мадхиягуи идома меёбад!?

    Ответить

  3. Posted by хамкурс on Декабрь 22, 2010 at 12:09 дп

    Дар тули 19 соли истиклолият кариб 2 миллион нафар берун аз Точикистони сохибистиклол зиндагиву кор мекунанд.
    Агар боз 19 соли дигар интизор шавем хамаамон истиклолият ба даст меорем!!!!

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: