МАГАР МАОШ ЗИЁД ШУД?



Бо фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани ҳадди ақали музди меҳнат ва нафақа» (№ 894) аз 1 июли соли 2010 ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва ҳадди ақали нафақа ба андозаи 80 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад. 22 июн Телевизиони Тоҷикистон фармони мазкурро он чунон тавсиф кард, ки гӯё маоши ҳадди ақал ба ҳазор сомонӣ баробар шуда бошад. Дар назари аввал аз рӯи шарҳи ТВТ чунин ба назар мерасад, ки аз 3 як ҳисса (33 фоиз) афзудани маоши ҳадди ақал ин маблағи зиёд аст. Вале дар асл ин афзоиш ҳамагӣ 20 сомонӣ буда, имрӯз дар шаҳри Душанбе танҳо ба харидани 1 кило гӯшти гов мерасад. Агар ин шарҳу таърифҳои беасоси ТВТ-ро ашхоси ноогоҳ шунаванд, гумон мекунанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон воқеан ҳам барои аҳолиаш ғамхории зиёд зоҳир менамояд. Вале, мутаассифона ин афзоиши ҳадди ақали маош ночиз буда ба вазъи зиндагии мардуми камбизоат таъсири назаррас нахоҳад расонд.
Бояд гуфт, ки аз 1 июли соли 2008-ум то ба 1 июли соли равон ҳадди ақали маош дар ҷумҳурӣ 60 сомонӣ буд. Яъне тӯли 2 сол Ҳукумати Тоҷикистон ҳадди ақали маошро як хел нигоҳ дошта, билохира ҳамагӣ 20 сомонӣ зиёд кард. Дар ин муддат таворум дар кишвар хеле боло рафта қурби сомонӣ коҳиш ёфт ва нархи маводу хизматрасонӣ дар бозори истеъмолӣ камаш 30 фоиз афзуд. Аз ин нигоҳ, ҳоло дар қиёс ба 1 июли соли 2008-ум ҳадди ақали маош ба таври ночиз афзудааст. Масалан, моҳи июли соли 2008-ум 1 доллар ба 3 сомониву 42 дирам баробар буд ва 60 сомонӣ 17, 5 доллар мешуд. Феълан 1 доллар дар дӯконҳои саррофии шаҳри Душанбе то 4 сомониву 47 дирам қимат дорад ва 80 сомонӣ ба 17,8 доллар баробар аст. Яъне, маоши ҳадди ақал ҳамагӣ 30 сент ё ин ки 1 сомониву 34 дирам афзудааст. Магар ин 1 сомониву 34 дирам афзудани ҳадди ақали маош метавонад зиндагии мардумро беҳ бикунад?!

Ҷовид Муқим, журналист

Реклама

2 комментария

  1. Дар хонаи мо зи хурдани чизе нест,
    Эй руза бирав, ки ман туро хохам хурд.

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: