БОЙБАЧАҲОИ ЖАНДАПӮШ



Памфлет
Бо як нафар ҳамкори хориҷиамон ба сафари хидматӣ ба вилояти Хатлон рафтем. Чун аз бозори «Корвон» гузаштем, ӯ бо таваҷҷӯҳ ба қасру кӯшкҳои дар ду тарафи роҳ биноёфта назар медӯхт ва ба худ ким-чӣ гуфта сар меҷунбонд. Ман гумон мекардам, ки санъати меъмории нотакрори ин қасрҳо ӯро тасхир кардааст ва аз ин рӯ, дар дил ифтихор мекардам. Сари роҳ таваҷҷӯҳи ӯро зану кӯдаконе, ки киштзори пунбадонаро чобуқ мекарданд, ҷалб намуд.
— Онҳо чӣ кор мекунанд,- пурсон шуд ӯ.
— Пахтаро чобуқ мекунанд,- посух додам ман.
— Ҳама алаф аст-ку?!
-Пахтаро аз алаф тоза мекунанд.
— Барои ин кори вазнин чанд пул маош мегиранд?
— Охири сол ғӯзапая мегиранд,- ҳозирҷавобӣ кард ронандаи таксӣ, ки киро карда будемаш.
— Ғӯзапаяаш чӣ?
— Пояҳои ҳамин пунбадона аст, ки баъди пахтаашро чидан деҳконон заминро аз он тоза мекунанд.
-Барои чӣ вай даркор аст?- боз нафаҳмида пурсид меҳмон.
-Онро мардуми деҳот чун ҳезум истифода мекунанд.
-Гази тоҷикӣ аст ғузапая,- ба муколамаи мо ҳамроҳ шуд ронанда.
-Ба шунидам тапакро гази тоҷикӣ мегуфтанд-ку?
-Бале, ҳар ду ҳам чун сӯзишвории асосӣ дар деҳот истифода мешаванд, -ба сӯҳбат хотима гузоштам ман.
Меҳмони хориҷӣ дигар хомӯш монда ба манзараҳои атрофи роҳ назар мекард. Дар роҳи шаҳри Сарбанд ӯ автосалони мошинҳои сабукрав ва кишоварзиро дида аз ронанда хоҳиш кард, ки мошинро дорад.
— Рафтем, як тамошо кунем, ки чиро мефурӯшанд ин ҷо, -гуфт меҳмон ба ман аз мошин поин шуда.
Ба тарафи чапи роҳ гузашта аввал ба трактору мошинҳои боркаши хитоӣ, ки ба фурӯш гузошта буданд, таваҷҷӯҳ кардем. Рости гап, ба ба мошину нархномаҳои онҳо назар карда ҳар ду лол мондем.
— Барои ҳамин «аробаҳо» аз 5 ҳазор то 20 ҳазор доллар мепурсанд? — ҳайрон ба ман нигариста гуфт меҳмон.
-Бале, аз нархномаҳо чунин бармеояд,- посух додам ман.
-Ин нархҳо ба сифати тракторҳои мазкур мувофиқат намекунад. Биё, канӣ аз автосалони сабукравҳо дидан кунем, -гуфт ӯ ва мо роҳ сӯи бинои ҳамшафат гирифтем.
Дар автосалон мошинҳои намуди «Ҷип»-и истеҳсоли Амрикову Британия ва Олмон ба фурӯш гузошта шуда буданд, ки аз 30 ҳазор то 80 ҳазор доллар қимат доштанд.
-Мошинҳои хуб, нархашон ҳам мисли Аврупо, -гуфт меҳмон ва якбора бадқаҳрона хитоб кард: — Фиребгарон! Қаллобон!
-Чӣ шуд? Кӣ фиребгар?- ҳайрон пурсидам ман.
-Чӣ мешуд?! Фиребгариатон ошкор шуд.
— Магар мошинҳои бадсифатро гарон фурӯхта истодаанд?
— Не, ин ҷо мошинфурӯшон ҳеҷ айбе надоранд.
— Пас чӣ шуд?
-Мебахшӣ, ки ошкоро мегӯям. Шумо тоҷикон фиребгару қаллобед. Ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дурӯғ гуфта, онҳоро гӯл зада гаштаед.
— Чӣ шудааст, рӯшантар гап занед. Чаро мо фиребгару қаллоб будаем?
-Аз минбарҳои баланд, мегӯед, ки Тоҷикистон кишвари қафомондаву фақрзада ва 50 дар сади аҳолииаш қашшоқ аст. Мардум нони хӯрданӣ надоранд. Лекин он чизе, ки ман тӯли чанд рӯз дидам, аз баракси он шаҳодат медиҳад.
-Чӣ шудааст? Ин гуфтаҳо воқеият доранд. Аксари мардум қашшоқанд,- гуфтам ман ва афзудам:- Аз рӯи иттилои расмӣ 50 дар сади аҳолӣ қашшоқанд яъне даромадашон сари ҳар як узви оила рӯзе аз 1 доллару 10 сент (тақрибан 5 сомонӣ) кам аст. Нархи маҳсулотро дар мағозаву бозорҳои мо дидагистед. Магар ба 5 сомонӣ дар як рӯз зиндагӣ карда мешавад?
— Бале, нархҳо гаронанд, ба мисли Аврупо. Ана, ҳамин ҳам маро водор мекунад, ки шуморо қаллоб гӯям.
-Чаро?
— Агар мардум қашшоқ бошанд ва маҳсулотро нахаранд, магар нархҳо чунин қимат мешаванд?! Талабот будааст, ки нархҳо поин намераванд. Яъне, ин бори дигар собит мекунад, ки шумо қашшоқ нестед, барои пеш бурдани зиндагиатон пул доред. Агар қашшоқ бошед, барои ғӯзапоя гирифтан пунбакорӣ мекунед?! Ҳаргиз! Ҳеҷ кас ройгон коре намекунад. Пул надошта бошед, чунин мошинҳои гароннархро мехаред?!- гуфт меҳмон ва афзуд:
— Ман тӯли мусофиратам чанд шаҳратонро тамошо кардам. Маркази Душанбе ва гирду атрофи он пур аз қасру кӯшкҳои навсохт аст. Бӯстонсароҳои дараи Варзобро мултимиллиардерҳои ҳолландӣ орзу ҳам намекунанд. Ин қасру кӯшкҳо ва бӯстонсароҳои шуморо дида ангушти ҳайрат газидам, чунин қасрҳоро миллионерҳо дар Аврупову Амрико надоранд. Арзиши ҳар яки ин қасру кӯшкҳо якчанд миллион доллар аст. Ҳатто нархи хонаҳои оддиатон ҳам дар биноҳои бисёрошёна ба мисли Аврупо аст.
— Гапатон дуруст, вале на ҳамаи мардум соҳиби қасру кӯшканд, — ба ӯ вазъияти воқеиро фаҳмонданӣ шудам. — Шояд танҳо 5 дар сади аҳолӣ зиндагии хуши шоҳона дошта бошанд. Дигарҳо бо маоши имрӯзаашон хона он тараф истад, дар ду умр ҳам соҳиби сарпаноҳ намешаванд.
— Ман аз бозорҳоятон низ дидан кардам. Бозорҳоятон ҳазорхонаи говро мемонанд. Шумо як маротиба ҳисоб кардед, ки танҳо дар бозори «Корвон» ба садҳо миллион доллар маҳсулот ҳаст. Чунин бозорҳои калонро дар ҳар шаҳри кишваратон чандтогӣ сохтаед. Маҳсулоти бозорҳо ба савдо мераванд, ки касе то ҳол аз набудани харидор лаб ба шикоят боз накардааст. Баракс, чун бозорҳоро вайрон кардед, фурӯшандаву харидорон ҳама ба ҳукуматдорон шикоят мекунанд.
-Агар камбағал бошед, роҳи ягонаро, ки ҷануби Точикистонро ба шимолаш мепайвандад, магар пулакӣ мекардед? Боз бо нархҳои ҷаҳонӣ. Дар Аврупо ҳам як километр роҳи пулакӣ баробари 30 дирами шумост. Дар Аврупо маоши миёнаи мардум аз 3 ҳазор евро кам нест. Маоши миёнаи шумо 200 сомонӣ, яъне 30 евро. Ин дурӯғ аст. Шумо дар корхонаҳоатон аз муҳосибаи дугона истифода мекунед ва ду маош мегиред: 200 сомонӣ расмӣ ва 2 ҳазор доллар дар конверт.
-Агар камбағал бошед, 15- 20 ҳазор доллар ришва дода фарзандонатонро ба донишгоҳҳо шомил мекардед? Агар камбағал бошед, бо пули мардум магар чунин иншооти бузургро чун НБО Роғун месохтед? Агар шумо камбағал бошеду мардум бекор, пас чаро турку чиноиҳо ба Тоҷикистон омада мардикорӣ мекунанд?
-Агар бой набошед, қонуни махсуси танзими расму оинҳо қабул мекунед?! Дар ягон кишвари чӣ бою чӣ қашшоқи дунё чунин қонун вуҷуд надорад. Пас шумо супербоед, ки барои исрофкорӣ накардани мардуматон қонуни танзим қабул кардаед.
-Шумо просто барои қарзу грантгирӣ худро қашшоқ вонамуд мекунед. Шумо бойбачаи жандапӯшед, ман дигар ба қашшоқиатон бовар намекунам!- хитоб кард меҳмон ва бо қаҳр сӯи мошин равон шуд.
Ман аз ин суханони меҳмон лол мондам. Ӯ мантиқан сухани ҳақ мегуфт. Агар ман зодаи Тоҷикистон намебудам ва аз рӯзгори мардум огоҳӣ намедоштам, воқеан ҳам, ба суханони меҳмон бовар мекардам.

Ҷовид Муқим

Реклама

2 комментария

  1. Ман чи сон бисозам пур суфраи Зулайхоро,
    Чайби холие дорам шавки сад Сураёро.
    Гарди осиёбе бас гар ба суфра биншинад,
    Кай талаб кунам, Човид, лукмаи таманноро.

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: