ДЕМОКРАТИЯИ ТОҶИКӢ



Памфлет

Ба сафари хидматӣ мерафтам. Ба истгоҳи таксиҳои самти Ҳисору Турсунзода омадам. Чун аз автобуси рақами 8 поин шудам, пулчинаки маршруткаи Душанбе – Турсунзода даъватам кард: «Ака, боз як каси дигар то Регар. Саросема бошӣ, меравем». Воқеан, ҳам «Газел» сари роҳ баромада буд ва муҳаррики мошин кор мекард. Ба он савор шудам. Маршрутка ба ҳаракат даромад. Нафасамро рост карда ба худ омадам, ки чанд нафар дар мавзӯе баҳс карда, номи Боқиевро ба забон меоварданд. Шунида будам, ки гӯштингир Боқиев дар кадом мусобиқае ғолиб омадааст, вале тафсилоташро намедонистам. Ба сӯҳбат таваҷҷӯҳ кардам. Мӯйсафеди нуроние мегуфт:
— Боқиев, президенти Қирғизистон ба мардумаш зулм кард, нархҳоро боло бурд, ҳоли халқи қашшоқро табоҳ кард ва ҳукуматаш сарнагун шуд. Аз таърихи инсоният маълум аст, ҳар подшоҳе, ки ба мардумаш зулм кунад, салтанаташ ба поён мерасад.
— Ин президентҳо ё фанни таърих нахондаанд ва ё онро донистан намехоҳанд, ки ба ҷои беҳ кардани зиндагии мардум танҳо ғами худу хешу ақрабоашонро мехӯранд, кайфу сафоро пеша мекунанд,- ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд мӯйсафеди дигар. – Гумон мекунанд, ки онҳо мурдан надоранд, сутун мешаванд дар ин дунё.
— Боқиев худаш бо табадуллот ба сари ҳокимият омада буд. Ҳар чӣ бикорӣ, ҳамон даравӣ, — гуфт мӯйсафеди аввалӣ ва афзуд: — Русия сарнагунаш кард, худи қирғизҳо бе кӯмаки берунӣ ба ин кор қудрат надоштанд. Боқиев Росияро гӯл зада, домани Америкаро гирифт. Русҳо чунин муносибатро намебахшанд.
— Бале, — сухани ӯро тақвият дод ҳамсӯҳбаташ. – Дар дунё ду нерӯи аҳриманӣ ҳаст, ки барои амалӣ кардани манфиатҳояшон аз ҳеҷ кори бад даст намекашанд. Сулҳ ва ҷанг дар дунё аз ду кишвари абарқудрат – Русияву ИМА вобаста аст. Чун сиёсати ягон давлат ба манфиати яке аз онҳо мувофиқ наомад, дар он кишвар ҳатман ҳодисае рӯй медиҳад.
— Президенти мо одилу камбағалпарварай, худо умруша дароз куна, иншооллоҳ мамлаката обод мекуна, — ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд марди тақрибан 55- 60-сола. – Ина, бинан, Кӯлоба сел бурд, мардум бехонаву дар мондан. Калоноя ҷамъ карда бугуфт, ки хона месозен. Аллакай хона сохтестан. Дига президент ита мекуна?! Ленинободиҳо 70 сол ҳукмронӣ кардан, ягонташ ғами Кӯлоба нахӯрд. Номуш шаҳру худуш қишлоқ монд Кӯлоб. Ин мардаки хуб фақат дар ғами ободии кишварай. Ленинободиҳо роҳи худшона насохтан. Туннели «Уштур»-а сар кардану нимкола партофтан. Агар президент, кӯшиш намекард, эрониҳо ин туннела намесохтан. Воқеан, роҳкушо аст, президенти мо. Роҳи Помира кушод. Ба Ҷиргатол роҳ кардестай. ГЭС-и Роғуна СССР натонист сохта, вай месоза. Корош хубай, мардум дӯстуш медоран.
Мӯйсафедҳо аз ин суханони ҳамсӯҳбати навашон лол монданд. Онҳо дар бораи Қирғизистон сӯҳбат мекарданд, ин мард чун «тарошаи аз бом афтода» маҷрои сӯҳбатро ба дигар сӯ кашида ба жожгӯи пардохт. Зеро ба ҳама маълум буд, ки сохтмони ин роҳҳу иншоот ҳанӯз дар давраи шӯравӣ шурӯъ шуда, агар ҷанги шаҳрвандӣ намешуд, онҳо ба анҷом мерасиданд.
— Президенти мо Тоҷикистона биҳишти рӯи замин мекуна. Ин боғи гелосу себа бинен, — аз тирезаи мошин боғи дар гардиши Шоҳамбарӣ бунёдкардаро нишон дода ба суханонаш идома дод он мард. – Пеш пахта мекоридан. Мо пахтачинӣ меомадем. Ана, боғаш кардан. Дар тамоми районо боғпарварӣ зиёд шудестай, мева фаровон меша. Дар заминои пахта боғ кардестан. Аз пахта чӣ фоида? Деҳконо барои ғӯзапая пахта мекиштан. Марду зан, кӯдако, талабаю студенто дар пахтачинӣ овора мешудан. Акнун онҳо аз азоби пахтакорӣ халос шудан.
Мӯйсафед дарк кард, ки ҳамсӯҳбати навашон ҳарзагӯӣ мекунад. Зеро вай хуб медонист, ки ин замин пеш ба колхози ба номи Жданови ноҳияи Ҳисор тааллуқ дошт ва қариб 50 сол боғи себу гелос буд. Дар давраи истиқлолият колхоз барҳам хӯрда, хоҷагии «Ватан» шуд ва ватандорон боғи кӯҳнаро решакан карда де-се сол пунбадона киштанд. Ҳосили пахта «маза» накард, магар ки аз нав дигарон бо кӯмаки Русия боғи намунавӣ сохтанд.
— Мо, тоҷикоя то истиқлолият кӣ мешинохт?! Агар ба хориҷа равӣ, советӣ ё рус мегуфтан. Шукри истиқлолияту шукри президенти мӯҳтарамамон, ки мора мардуми дунё мешносан. Президенти мора ҳама эҳтиром мекунан. Ина, бине, барои мулоқотуш ай куҷоҳое президенто меоян. Ҳукумати Советӣ аз бунёдуш вайрон буд, ки вайрон шуд. Набоша давлати зӯр 70 сол умр мебина?!
— Давлати сомониён ҳам 100 сол поянда буд. Агар вай зӯр намебуд, имрӯз таърифаш мекунем? — ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд ҷавоне, ки аз афташ донишҷӯӣ босавод буд.
— Ма, давлати худмона мегум, — посух дод он мард ва афзуд: — Раҳмат ба падаруш президенти мора, аз боевико тоза кард Тоҷикистона. То соли 1998 як кӯлобӣ ҳад дошт ба Регара биёя? Командирои ӯзбак мемонданмон инҷа биёем. Ҳоло ма инҷа бизнес мекунум, ягон кас кор намегира. Афғон мошини картошкая мебиёра, ма намемонум бозор дуроя. Худум мефурӯшум баъд пулша метем афғона. Ина, номуси ватандорӣ меган!
— Ин мард гумон мекунам, ки тарғиботи телевизиони Тоҷикистонро тамошо карда сарвайрон шудагӣ аст, ҷӯра,- гӯшакӣ кард мӯйсафеди якум ба ҳамсӯҳбаташ.
— Президенти мо мужикай. Дар Россия будем, дар телевизор дидемуш, урусо таърифуш кардан, «красавчик» — хушрӯ гуфтан. Ба президенти мо Худо ҳамара додай. Ин қаду қомата бинан, кадом президент инхелай. Қадпастакан ё кал онҳо. Президети пешинамон, ки ҷингиламӯй буд, «қарақӯл» мегуфтануш.
— Хизмати президентай, ки ҳоло касе ба касе кор надора. Шав чӣ дар Регару чӣ дар Душанбе фир гардӣ, касе кор намегират. Агар дар ҷебакут 20 ҳазор доллар дошта бошӣ ҳам, беташвиш мегардӣ, касе намепурса саги куҷоӣ? Ина демократия меган!- вазъгӯияшро идома дод он мард.
Дар дидбонгоҳи БДА нозир ишорчӯбашро боло карда буд, ки ронанда «Газел»-ро дар байни роҳ боздошт ва даруни ҳуҷҷатҳояш як панҷсомониро монда аз мошин фаромад. Ин ҳолатро воиз дида гуфт:
— Ана, ина демократия меган, ронанда 5 сомонӣ ҳаққи гаишника дод, дигар вай намепурса «права дорӣ, ё не?». Пеш, дар давраи советӣ агар гаишник манъ мекард, пул намегирифт. Агар қоидаи ҳаракатро вайрон мекардӣ, талонута шикоф мекард. Ҳозир демократия, ҳаққуша буте, касе корут намегира.
— Баъзеҳо шикоят мекунан, ки кор нестай, зиндагӣ сахтай. Танбалан уно. Ҳозир демократияи воқеӣ аст дар Тоҷикистон. Кӣ чӣ кор мекуна, чӣ хел пул меёва касе кор надора. Худуту дави аспут. Метонӣ, бухур, ош шава! Бухуру бугард бача!
Ман ба истгоҳи зарурӣ расидам ва аз ронанда хоҳиш кардам, ки мошинро дорад. Аз ин ҳодиса чанд вақт гузашта бошад ҳам, то ҳол дар гӯшам суханони воиз садо медиҳанд: «Бухуру бугард, бача!».

Мусанниф Ҷовид Муқим

Реклама

4 комментария

  1. Posted by Haidar on Май 31, 2010 at 1:58 пп

    А бача! Чи? Ба фикрат бо демократия ягон хели дига мешава? Охи «демократияи хакикиш хамияй» Бухуру бугард, бача

    Ответить

    • Posted by jovidmuqim on Июнь 7, 2010 at 4:24 пп

      Бале, инро ман-ку медонистам, вале дигарон то хол интизори демократияи америкои хастанд.

      Ответить

  2. Posted by Сайф on Май 31, 2010 at 4:18 пп

    Памфлети олиҷаноб вале устод хулосаи худатонро дар бораи демократияи тоҷик камакак мегуфтед боз ҳам хубтар мешуд.

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: