Дар тарабхонаи «Оби тоза» барои ҷои нишаст ҳам пул мегиранд



Дар тарабхонаи «Оби тоза»-и шаҳри Қўрғонтеппа барои ҷои нишаст ҳам пул мегиранд. 19 майи соли 2010 дар вақти сафар бо дўстон хостем, ки дар тарабхонаи «Оби тоза» ғизои нисфирўзӣ тановул кунем. Зеро солҳои қаблӣ тарабхонаи мазкур яке аз беҳтарин макони ғизохўрӣ дар маркази вилояти Хатлон маҳсуб мешуд. Чун ба тарабхона ворид шудем, рўи мизҳои ошёнаи якумро урён дида гумон кардем, ки таъмир аст ва баргаштанӣ шудем. Пешхизмат, ки худро Шаҳзода муаррифӣ кард, гуфт, «Таъмир нест.Лекин онҳо ба болои мизҳо дастурхон нагустурдаанд». Ў моро ба ошёни дуюм ҳидоят кард. Мо пурсидем, ки оё онҳо дар берун, дар ҳавои кушод миз ё кат нагузоштаанд, ки он ҷо ғизо хўрем. «Не, боло хуб аст»,- гуфта ў моро ба ошёнаи дуюм хонд.
Мо ғизо фармуданӣ шуда аз ў таъомнома пурсидем. «Таъомнома нест, ман ҳамин хел ба шумо мегўям», гуфт Шаҳзода ва чанд ғизоро номбар кард.
-Ба мо нархномаи ғизоатон лозим аст, то бидонем, ки пуламон мерасад, -шўхиомез пурсидам ман. Ў нархномаи кабобро номбар кард ва мо ғизо фармудем.
Uизоро тановул кардем, ки хуб пухта шуда буд, вале хизмарасонӣ ба ду по мелангид. Дастурхон ва чумчаву чангакҳо чандон тоза набуданд. Намакдону қаламфурдони болои миз холӣ буданд. Пас аз пешхизмат хоҳиш кардан ў онҳоро аз мизи дигар гирифта иваз кард. Дастурхон ҳамчунин аз дандонкобакҳо орӣ буд.
Пас аз тановули ғизо аз Шаҳзода хоҳиш кардем, ки бо мо ҳисобӣ кунад. Ў рафту дигар барнагашт. Маҷбур аз пасаш ба ошёнаи якум фаромада пурсонаш шудем. Ў аз ҳуҷрае берун шуда ба мо ҳисобномаро дод, ки шумо акси онро дар сурат мебинед. Ба он назар дўхта ба ҳайрат афтодем, ки аз мо барои ҷои нишаст низ пул меситондаанд. Сари касе 5 сомонӣ ва ҷамулҷамъ 15 сомонӣ барои ҷой гирифтанианд. Аз ин ҳайратзада шуда, пурсидем:
— Магар дар тарабхона хўрокро рост истода мехўранд, ки аз мо барои ҷои нишаст пул талаб мекунед? -пурсидам ман.
-Ошёнаи дуюми мо пулакӣ аст, -посух дод пешхизмат.
— Пас, чаро моро огоҳ накардед? Мо дар ошёнаи якум менишастем, -норозигиамонро баён кардем мо.
Ҳамин замон бармен аз ошхона пеши мо омада пешхизматро сарзаниш кард, ки чаро моро пешакӣ огоҳ накардааст. Ў гуфт, ки ҳаққи ҷойро напардозем.
Ба ҳар ҳол барои ҷой аз муштариён пул гирифтан дар тарабхонаҳо ба Қўрғонтеппа ҳам расидааст. Зеро солиёни пеш дар ошхонаҳои дараи Варзоб барои дар кат нишастан аз мизоҷон пул меситонданд. Ин кафлесбадастон он чунон панҷ панҷаашонро ба даҳон андохта буданд, ки даҳонашон дарид. Акнун роҳи Варзоб пулакӣ шуд ва онҳо дар интизори мизоҷ сар хорида нишастаанд.
Ҷовид Муқим

Реклама

5 комментариев

  1. Posted by Хайдарбек on Май 24, 2010 at 4:08 пп

    Устоди гирми бароям нихоят ачиб аст, ки дар Точикистон барои чойи нишаст пул мегирифтаанд. Ба фикрам онхо хело «пешрафта ва замонавианд». Ман боре дар Хитой чунин кахвахонаро дида будам, ки барои чойи нишаст пул мегирифт, аммо дар болои мизхо пулаки буданашон навишта шуда буд.

    Ответить

  2. Posted by Варзи on Июль 16, 2010 at 12:25 пп

    Устод, ба рости хамин кадар аз пешхизматхо кимоб шудаам, ки чун онхоро бинам ба он макони таомхури ворид намешавам, бовар кунед… Онхо ба хар чизе, ки дилашон хохад, хамон тарз нарх мегузоранд. Агар ягон шахси соддаву шармгинро бинанд-ку, худо зад гуед… бечора аз ба ошхона даромаданаш хазорхо маротиба пушаймон хохад шуд.
    Боз яке аз мушохидахо. Ба баъзе аз ошхонаву кахвахонахо медароиву мебини он чо хамаги се мизи хурокхури аст, вале пешхизмат 5-6 нафар. Магар ачоиб нест?
    Охир ёд дорам, албатта шумо хам, дар замони шурави ба ошхонаи мардуми бечора медаромадиву худат хурокро мегирифти ва назди кассир рафта хисоби мекарди, магар хамин тавр хуб набуд? Охир ин пешхизматхо нархи худро хам мегузоранд..
    Боки барори кору саломати.

    Ответить

    • Posted by jovidmuqim on Июль 21, 2010 at 1:38 пп

      Мутаассифона, чунин аст. Агар пешхизматхо аз хисоби сохиби ошхона маош мегирифтанд, ин кадар беадолати намешуд. Холо онхо, ки аз хисоби мизочон маош доранд, кордашон болои равган аст.

      Ответить

  3. Posted by Камолиддин on Октябрь 7, 2010 at 12:28 пп

    Устод, ин масъала дар Хучанд аз руи шунидам бештар «равнак» пайдо кардааст. Мегуянд, ки дар маркази дилхушии «Хваканта»-и шахри Хучанд аввал бояд барои ворид шудан ба он ва баъд барои чои нишаст пул пардохт бояд намои…

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: