ОЁ МАНСАБДОРОН ПРЕЗИДЕНТРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД?!


Барои ман аз «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сиёсати
дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24 апрели соли 2010 нуктаи хотирмон чунин суханони раиси ҷумҳур буд: «Бо истифода аз минбари баланди мақоми олии қонунгузор бори дигар ба мардуми шарафманд, сарбаланд ва мушкилнописанди Тоҷикистон барои пуштибонӣ ва ҳамовозӣ ба муроҷиатномаи Сарвари давлат доир ба дастгирии моддиву маънавии сохтмони нерўгоҳи барқи обии Роғун миннатдории самимии худро иброз менамоям. Вале дар айни замон, бори дигар таъкид месозам, ки дар ҷараёни фурўши саҳмияҳои ҷамъияти саҳҳомии “Нерўгоҳи барқи обии Роғун” набояд ба маҷбурсозӣ ё фишороварӣ роҳ дода шавад. Зеро дастгирии молиявии Роғун кори ватандўстонаи ҳар фарди бонангу номус ва саҳми дурандешонаи мардуми Тоҷикистон барои ояндаи худ ва фарзандону набераҳояшон мебошад. Ин кор бояд озодона сурат гирад, зеро ба воситаи фишороварӣ кори сохтмон баракат намекунад. Баръакс, ҳоло ҳукумат ба оилаҳои камбизоат, ки шумораи онҳо 250 ҳазор мебошад, кўмаки молиявӣ мерасонад, ки ҳаҷми ин кўмак дар як сол зиёда аз 100 миллион сомониро ташкил медиҳад». Суханони мазкур ба фурўши маҷбурии саҳмияҳои НБО Роғун, ки аз ҷониби роҳбарони корхонаву муассиса ва ташкилоту идораҳо барои зердастонашон сурат мегирифт, бояд хотима гузорад. То кадом андоза ин гуфтаҳои Президент амалӣ мегардад, вақт нишон медиҳад. Зеро қаблан ҳам, пеш аз фурўши саҳмияҳо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буд, ки ин амал бояд иҷборӣ сурат нагирад. Дар воқеъ бошад, роҳбарони мақомоти миёнаву поёнии ҳукумат, корхонаву массисаҳо ва ташкилоту идораҳо барои худро пеши «хўҷаинони болоӣ» кордону ўҳдабаро нишон додан, даст ба кисаи ятимону камбизатон заданд. Кор ба ҷое расид, ки нафақахўрону донишҷўёнро маҷбур карданд, то саҳмия харанд. Вале ин амалро мансабдорон ошкоро инкор мекарданд. Баъзе аз табақаҳои камбизоати аҳолӣ маошашонро сарфи хариди саҳмия карда, барои таъмини оилаашон маҷбур шуданд, ки қарз гиранд ва ё саҳмияҳоро ба 50 фоизи қиматашон ба ашхоси серпул фурўшанд. Ҳамакнун ин мардуми ҷабрдида метавонанд ба роҳбаронашон бигўянд, ки Президенти Тоҷикистон иҷборан фурўхтани саҳмияҳоро маҳкум мекунад. Албатта, агар ёрои ба роҳбаронашон сухани зид гуфтанро дошта бошанд.
Ман аз «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сиёсати
дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунидани нуктаи дигар ва ба назарам хеле муҳимро интизор будам. Бисёр мехостам, ки раиси ҷумҳур назари хешро вобаста ба пулакӣ кардани роҳи мошингарди «Душанбе-Чаноқ» изҳор мекард. Масъалаи мазкур, ки имрўз Ҳукумати Тоҷикистон нодида мегирад, хеле ҷиддӣ ва тақдирсоз аст. Аввалан, аксари сокинони вилояти калонтарин ва саноатии кишвар — Суғд, ки аз роҳи мазкур истифода мекунанд, аз амали мазкур сахт нигаронанд. Сониян, пулакӣ (бо нархи ҷаҳонӣ) кардани роҳи мазкур, нархи маҳсулотеро, ки аз шимоли кишвар ба ҷануби он ва баракс интиқол дода мешавад, баланд мекунад. Яъне нархи маҳсулот дар бозорҳо боло меравад ва мушкилоти оилаҳои камбизоатро афзун мегардонад. Ин нуктаро аз деҳқон то чўпон, ки таҳсилоти олӣ надоранд, медонанд, агарчӣ вазири нақлиёт ва коммуникатсия, доктори улуми иқтисод О. Бобоев баракси инро изҳор медорад. Бино ба суханронии Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳоло 50 дар сади аҳолии Тоҷикистон дар сатҳи камбизатӣ қарор доранд ва то соли 2012 ин нишондиҳанда бояд то ба 40 фоиз коҳиш дода шавад. Яъне ҳоло нисфи аҳолӣ, беш аз 3 миллиону750 ҳазор нафар рўзе сари касе камтар аз 1 доллару 10 сент (қариб 5 сомонӣ) маош дорад. Албатта, маблағи мазкур хеле ночиз буда ба қавле танҳо ба «чой ва чаппотӣ» мерасад. Ин нуктаро ба назар гирифта, дар шароити мазкур пулакӣ кардани роҳ амали носавоб аст.
Сеюм, пулакӣ кардани роҳ ба манфиати гурўҳӣ сурат гирифта, бар зидди меъёрҳои байналхалқӣ (набудани роҳи алтернативӣ) аст, имиҷи Тоҷикистонро пеши ҷомеаи ҷаҳонӣ коста мекунад.
Бояд зикр кард, ки амалӣ шудани Паёми Президенти Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба мансабдорон вобаста аст. Агар онҳо сидқан ба манфиати миллат заҳмат кашанд, Тоҷикистон обод хоҳад шуд.

Ҷовид Муқим, журналист

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: