РОҲИ ПУЛАКӢ



Памфлет

Писар назди падар омад ва арзи ҳол кард, ки духтареро дўст медорад ва мехоҳад издивољ кунад:
— Бобї, ман ба зангирї розї, агар ба шарте, ки духтари дӯстдоштаамро хостгорї бикунед.
— Майлаш бачам, духтар аз куљо, ки ба хостгорї равем?
— Бобӣ, ў аз шаҳри Панҷакент, вале дар Душанбе таҳсил мекунад.
— Падару модар, хешу табораш дар куљо зиндаги мекунанд, ки ба хостгорї равем?
— Ҳамаашон дар шаҳри Панљакент зиндагї мекунанд.
— Не, намешавад!
— О, чаро? Худатон гуфта будед, ки арўс аз куљо бошад ҳам, ба шумо фарқ надорад.
— Бале, гуфта будам. Вале акнун, баъди 31 март фарқ дорад.
— Чї хел? Ана, ҳамин хел? Телевизор тамошо кардан даркор. Шумо љавонҳо телевизиони Тољикистонро тамошо намекунед ва аз бисёр воқеаҳои муҳим бехабар мемонед.
— Чї шудаст, бобї?
— 31 март Роҳи Варзоб- Чанақро пулакї карданд.
— Роҳ ба зангирии ман чї иртибот дорад?
— Иртиботи мустақим дорад. Ҳуши ту ҳоло танҳо ба зангирї. Оқибаташро фикр намекунї.
— Нафаҳмидам.
— Аз пеши биниат дуртарро намебинї. Ин издивољи ту ҳам ба мо ва ҳам ба оилаи арўс гарон меафтад.
— Чї хел?
— Э, бачаи содда! Аз Душанбе то Панљакент чанд километр?
— 260 километр.
— Аз ин роҳ то гардиши Шаҳристон роҳ пулакї аст. Медонї, чанд пул мешавад?
— 2-3 сомонї мешудагист.
— Хестї, ки хобї! Танҳо аз Чорбоғ то маркази ноҳияи Варзоб барои мошини сабукрав 5 сомону 40 дирам пардохтан лозим аст. 1 километр роҳ барои мошини сабукрав 30 дираму барои мошинҳои калон аз 60 дирам то 1 сомону 88 дирам аст. Аз рўи ин нархнома барои то гардиши Панљакент рафтан барои як мошини сабукрав 37 сомону 80 дирам пардохтан лозим аст. Ин нархнома барои 126 километр роҳ муқаррар шудааст. Фаромўш накун, ки танзим бошад ҳам, мо танҳо ва дасти холї намеравем. Бинобар ин боз ду-се мошини сабукрав ва ягон мошини боркаш лозим аст, то ки љиҳози арўсро барем. Медонї, ин чанд пул мешавад?
— Инро ҳисоб кардан лозим.

— Дар вақташ гуфтам, ки математикаро хон, ту фақат футболбозї кардї. Танҳо барои мошини боркаши вазнаш аз 7 то 14 тонна 189 сомонї ва барои 3 мошини сабукрав 113 сомону 40 дирам лозим аст. Љамулљамъ 302 сомону 40 дирам мебояд. Ин маблағ танҳо барои як тарафи роҳ лозим аст. Барои бозгашт боз ҳамин қадар маблағ масраф мешавад. Яъне факат як хостгорӣ бе бензинпулӣ 604 сомониву 40 дирам роҳпулї мехоҳад.
Барои ҳамин ҳам беҳтараш аз дигар љо зан гир!
— Бобї, чї барои роҳпулї аз ишқи аввалам даст кашам?
— Бачам зангириат қимат меафтад. Баъди хешу табор шудан камаш солее 5-6 маротиба аз хусурат хабар гирифтан даркор. Бо таксї равї њам, роњкиро аллакай ду маротиба гарон шудааст. Дигар ба 100 сомонї ягон таксист сўят нигоњ намекунад. Аз 200 сомонї чаќ-чаќ мекунанд. Нархи тайёра њам ба фалак мерасад. Пеш аз пулакї кардани роњ якчандрўз роњро баста буданд, нархи билети тайёра аз 500 сомонї бештар буд. Ту, студент ин ќадар пулро аз куљо мегирї? Беҳтараш аз Душанбе зан гир.
— Духтарҳои шаҳр маъқул нест.
— Оби дари хона хираву, духтарҳои ҳамсоя фисин бигӯй. Пас аз деҳоти атроф духтар хуш бикун.
-Духтарҳои атроф ҳам мисли шаҳриҳоянд.
— Пас аз Данғара зан гир.
-Чӣ?! Чаро аз Рашту Бадахшон неву аз Данғара?
— Зеро Рашту Бадахшон як роҳ доранд. Агар онро пулакї кунанд, баъд хонаи хешу таборони занат рафтан мушкил мешавад.
— Роҳи Данғараро ҳам пулакї мекунанд, магар беҳуда нақби «Шар-Шар»-ро сохтанду нақби «Чормағзак»-ро мекананд!
— Э, ҳафтафаҳм, агар роҳи ағбаи Шар-шар-ро пулакї кунанд, бо роҳи Сарбанд меравї ба хонаи хусурат. Яъне роҳи алтернативии бепул ҳаст.
Ҷовид Муқим

Реклама

24 комментария

  1. Акаи Човид, весьма своевременный и актуальный памфлет. Народ за шумихой вокруг Рогуна и таджикско-узбекских отношений пока не «догнал» чем обернётся плата за главную магистраль, соединяющую более развитый( в смысле промышленности) север с югом страны. Во сколько раз поднимутся цены на товары и продукты -можно только догадываться!

    Ответить

  2. Устод ин памфлети Шумо барои мо чавонон намунаи ибрат аст,

    Ответить

    • Posted by jovidmuqim on Апрель 7, 2010 at 12:13 пп

      Бале, чавонон ояндаи мо мебошанд.

      Ответить

      • Posted by Хайрулло on Май 5, 2010 at 3:00 пп

        Ассаломуалейкум!
        Устод, аз хамон чавононе, ки оби дарёи Вахш ба кучо ворид мешаваду ва бахри Аралро дар харитаи Осиёи Миёна ёфта наметавонанд чи умед бошад????

      • Posted by jovidmuqim on Май 17, 2010 at 8:20 дп

        Ман аз онхо умед надорам, вале имруз ба хукуматдорон чунин бесаводон лозим аст, то ки худро пеши онхо донишманд нишон диханд.

  3. Posted by SALIMSHO on Апрель 7, 2010 at 3:49 пп

    Офарин устод! вале камтари дигар давом медодед, яъне чихатхои хуби аз Дангара зан гирифтани ин чавонро нагуфтед.

    Ответить

  4. Устод давом дихед

    Ответить

  5. Posted by Furugh on Апрель 8, 2010 at 5:06 дп

    Ташаккур! Устод хеле памфлети ачоиб баромадааст. Агар гуем мавриди назари хама, аммо памфлети пеш аз ин низ хондан боб буд.

    Ответить

  6. Posted by Ahliddin on Апрель 11, 2010 at 4:20 пп

    Устод! Хатман аз Дангара зан хохам гирифт! Ончо рох бе пул аст. Вале дар холи пулаки буданаш хам рохи алтернативи вучуд дорад!

    Ответить

  7. Posted by Хайдар on Апрель 16, 2010 at 5:51 пп

    Устоди гироми ташакури зиёд, ки хотиррасон кардед. Ман кариб буд аз Шимол зан гирам.

    Ответить

  8. Posted by Tojik_Dukht on Апрель 17, 2010 at 1:39 пп

    :)))) Ustod mahalgaroi nashavaddd, dar janub pirdukhtaron ba labi tabaq rekhtagi.

    Ответить

  9. Posted by Muhammad on Май 13, 2010 at 1:26 пп

    Бехтарин!!! Ташаккур устод.
    Лекин гуши шунаво ку???

    Ответить

  10. Posted by Дуст on Июнь 26, 2010 at 5:19 пп

    Ташаккур барои чунин памфлети «намакин». Барор мехохам.

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: