ВАТАНДӮСТӢ ВА НАНГУ НОМУСИ САРВАТМАНДОНИ ТОҶИК


Памфлет
Қисса мекунанд, ки Ҳотами Той бо як гурӯҳе аз дӯстонаш меҳмони араби кӯчие шуданд. Мизбон гӯсфанд кушт ва ба хотири меҳмонон зиёфат орост. Ба меҳмонон кабоби ҷигарӣ писанд омад ва онҳо бо иштиҳо ғизо мехӯрданд. Инро дида мизбон якояк ҳамаи 10 гӯсфандашро сар зад ва аз ҷигари онҳо барои меҳмонон кабоб пухт. Ин саховатмандӣ Ҳотамро хуш омад ва ӯ ба мизбон як рамаи гӯсфанд ҳадя намуд. Чун меҳмонон аз хайма берун шуданд, яке аз ёрон гуфт, ки аз Ҳотам дида саховатманде дар ин диёр нест.
– На, аз ман дида ин марди мизбон саховатмандтар аст, — гуфт Ҳотами Той ва ҳели холии гӯсфандонро нишон дод: — Ӯ барои мо ҳамаи гӯсфандонашро сар зад. Ман бошам, аз ҳазор як рамаи гӯсфандамро ба ӯ ҳадя кардам…
Феълан сохтмони НБО Роғун аз нақшаҳои афзалиятнок ва муҳиму сарнавиштсози Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон худ дар танҳоӣ барои сохтмони ин иншооти бузурги аср маблағ надорад. Ҳамин аст, ки барои маблағгузории НБО-и Роғун аз аввали моҳи январи соли равон саҳмияҳо ба фурӯш бароварда шуданд, то ки ҳар як шаҳрванди хоҳишманди Тоҷикистон битавонанд онҳоро харидорӣ намоянд. Ҳоло ҳар як шаҳрванди баору номуси Тоҷикистон саҳмияҳои мазкурро харида, дар сохтмони НБО саҳми худро гузошта истодаанд. Тибқи иттиллои ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (25 марти соли 2010) то 20 марти соли равон ҳамагӣ ба 780 миллиону 783 ҳазору 366 сомонӣ саҳмия харидорӣ шудааст. Ба ин маблағ хайрияҳо низ шомиланд. Мутаассифона, ин маблағ чандон зиёд нест ва суръати саҳмияхарӣ новобаста аз тарғиботи сартосарии телевизионҳои кишвар коҳиш ёфтааст. Зеро аз 5 январ то 1 март ба 775 миллион сомонӣ саҳмияҳои НБО-и Роғун фурӯхта шуда буд. Яъне тӯли 20 рӯз ҳамагӣ ба 5 миллион сомонӣ саҳмия харидорӣ шудааст. Бояд гуфт, ки барои анҷоми сохтмони НБО Роғун 2,2 млрд. доллари ИМА ва танҳо барои ба истифода додани навбати аввали он 590 млн. доллар лозим аст. То кунун бошад, аз рӯи маълумоти боло ҳамагӣ ба суратҳисоби НБО Роғун ҳудуди 178 миллиону 670 ҳазор доллар ворид шудааст. Сармоядорони тоҷик ба он ваъдаҳояшон, ки барои харидани саҳмия дар вохӯрии президент бо соҳибкорон дода буданд, чандон вафо накарданд. Дилашон нашуд, ки пулашонро аз гардиш гирифта саҳмия харанд. Пули дар гардишбуда имрӯз фоида меорад. Саҳмия бошад, пас аз чанд сол. Инро соҳибкорони тоҷик хуб медонанд. Агар намедонистанд, бизнесмен мешуданд? Ҳамин аст, ки имрӯз саховатмандии сарватмандони тоҷик қиссаи дар боло нақл кардаамонро дар бораи Ҳотами Той мемонад.
Мардуми заҳматкаши Тоҷикистон бошанд, мувофиқи имконияташон саҳмияҳои НБО Роғунро харида истодаанд. Шунидам, ки баъзе мӯйсафедон «мурдаамон дар кӯча намемонад. Ҳамсояҳо гӯр мекунанд», гуфта ба маблағи барои «гӯру чӯб» пасандоз кардаашон саҳмия харидаанд, то ки ватанамон обод шавад. Бале, мардуми мо худаш намехӯрад, вале ба дигарон медиҳад. Дар ҳамин ҳол набояд фаромӯш кард, ки расман беш аз 50 дар садди аҳолии кишвар камбизоатанд ва дигар онҳо қудрати харидории саҳмияҳоро надоранд. Ва даст ба кисаи тиҳии мардум бурдан фоли нек нест. Агар мардум, ки пул медоштанд, тиҳидаст намешуданд. Вале инро баъзе мансабдорон нодида гирифта, кӯшиш мекунанд, ки ҳар чӣ бештар аз мардуми нодор маблағ ҷамъ бикунанд. Ҳамин аст, ки мардум аллакай дар бораи саҳмияфурӯшӣ қиссаҳо бофтаанд. Аз ҷумла, мегӯянд, ки яке аз мансабдорони маҳаллӣ баъди истифодаи ҳамаи захираҳо надонистааст, ки сарашро ба кадом девор занад. Зеро агар нақшаи муқаррарнашудаи саҳмияхариро дар маҳалли худ барзиёд иҷро накунад, курсиашро кашида мегирифтаанд, зеро мансабталабон аллакай барояш чоҳ кандаанд. Билохира, ӯ сарашро ба девори сангин задааст ва майнааш ба кор даромада роҳи нави саҳмияфурӯширо ёфтааст. Ӯ субҳи содиқ мудири шӯъбаи андозро гирифта ба хонаи сардори қабилаи ҷӯгиён, ки дар ҳудуди ҷамоат зиндагӣ мекардаанд, омадааст. Сардори ҷӯгиҳо раисро хуш пазируфта ба «як пиёла чойи субҳона» даъват кардааст.
— Не, аз гулӯям об ҳам намегузарад. Нақшаро барзиёд иҷро кардан даркор, — гуфтааст раис. – Ақаллан аз ҳамсояҳо гузаштан даркор, вагарна гӯшмол медиҳанд.
— Раисбобо, вақти пахтачинӣ нест-ку? Чӣ хел плон? – нафаҳмида пурсидааст, сардори қабила.
— Э, ҳафтафаҳм ҳоло Роғун фронти зарбдор аст. Саҳмияҳои НБО-и Роғунро харидан даркор. Ҳозир ҳар як фарди баору номуси миллат саҳмияҳои сохтмони нерӯгоҳи мазкурро харида истодаанд.
— Раисбобо, мо ҳам нангу номус дорем, ҳар як оилаи қавми мо ба 5300 сомонӣ саҳмия хариданд.
— Медонам, ки харидед, вале ин кам аст. Боз бояд харед. Камаш ба 500 сомонӣ ҳар як оила. Дигар илоҷ нест. Сокинони дигари ҷамоат, ки деҳқонӣ мекунанд, дар ин фасли сол даромад надоранд, то саҳмия бихаранд. Ҳама умед ба шумо, — гуфтааст раис.
-Мо ҳам дигар пасандоз надорем, ки саҳмия харем,- гуфтааст сардори қабилаи ҷӯгиҳо.
-Як халта нони қоқи гадоиро 15 сомонӣ мефурӯшед. Боз мегӯед, ки пул надорем,-афзудааст раис.
— Раисбобо, ин пеш буд. Ҳоло баъди саҳмияхарӣ нони гадоиро худамон хӯрда истодаем, — пас наомадааст сардори қабила.
— Гапро кам куну аз паси иҷрои супориш шав! Агар не, барои гадоӣ карданатон андоз мебандем!-дӯғ задааст раис.
— Бале, аз гадоӣ даромад мегиред ва бояд андоз супоред,- ба оташ рӯған андохтааст, мудири шӯъбаи андоз. – Агар супоришро иҷро накунед, барои фаъолияти гадоиатон патент мегиред ва ҳар моҳ андоз месупоред.
— Маро гӯл назанед. Дар ҳеҷ кадом кишвари дунё барои гадоӣ андоз намесупоранд. Ман нағз медонам инро. Институти андозу ҳуқуқро хатм кардагӣ ман,- гуфтааст сардори қабила.
-Гӯлзанӣ не, бародар, — ба хушомад даромадааст раис. – Як бародарӣ карда ҳозир моро дастгирӣ кунед, мо ҳам бачаи ҷайра нестем, қусурашро пагоҳ мебарорем.
— Раисбобо, шумо мактаби гапа хондагӣ. Шумо дар домони мардумро бо чормағзи пуч пур кардан усто. Ваъда медиҳеду вафо намекунед,- гила намудааст сардори қабила ваъдаи нозири андоз таъин кардани ӯро ба ёд оварда.
— Худо хоҳад, мешавад. Ана, мудир ваъда кардаанд,- ба мудири андоз ишора карда, афзудааст раис.- Иншооллоҳ, ин масъала ҳал мешавад. Шумо саҳмия харед, он тарафаш ба ӯҳдаи мо,- боз ваъда кардааст раис.
— Майлаш, мо кӯшиш мекунем, вале ҳиммати шуморо мебинем, гуфтааст сардори қабилаи ҷӯгиҳо.
«Як задани оҳангару сад задани сӯзангар», ё ки «Гунҷишкро кӣ кушад? Қассоб!», гуфтаанд дар урфият. Бо пули авоми камбизоат наметавон ин иншооти бузургро сохт. Агарчӣ «қатра-қатра ҷамъ шавад, дарёҳо банд шавад», низ гуфтаанд. Барои «зарра-зарра» ҷамъ кардани ин маблағи ҳангуфт аз мардуми қашшоқ солҳо бояд интизор шуд. Бинобар ин сарватмандони тоҷик, яъне элитаи миллатро мебояд, ки дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун саҳми арзанда бигиранд. Соҳибкори тоҷик, раиси Шӯрои директорони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пиров аз рӯи иттилои рӯзномаи «Ҷумҳурият» (6 марти соли 2010) ба 8 миллиону дусад ҳазор доллар саҳмияи НБО Роғунро харидааст. Магар соҳибкорони дигарро падарашон хатнасур накардаанд, ки аз худ ҷавонмардӣ зоҳир карда ба ҳамтои худ Пиров пайравӣ намекунанд. Ё танҳо Пиров нангу номуси миллӣ дорад?! Дигарон магар фарзанди ин марзу бум нестанд?! Шояд баъзеҳо аз он тарс доранд, ки чанд соли аввал саҳмияҳо нолозим мемонанд. Ҷашнҳои наврӯзии имсола ин гумони онҳоро ботил кард. Акнун метавон ба ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ саҳмияҳои НБО Роғунро тақдим намуд. Ҳамчунин метавон дар хатнасури фарзандони оилаҳои камбизоат ба писарбачаҳо саҳмияҳои садсомониро тӯҳфа кард. Баъзе коршиносони маҳаллӣ тахмин мезананд, ки домони истифодаи саҳмияҳо фарохтар гардида, ҳатто имкон дорад вай дар ояндаи наздик чун сомонӣ дар муомилот истифода шавад. Бинобар ин агар шумо, бародарони бизнесмен саҳмия харед, ҳаргиз зарар намекунед.
Воқеан, имрӯз қурби саҳмияҳо ончунон боло рафтааст, ки ҳатто хешу ақрабо ба аёдати маризон ба беморхона ба ҷои халтаи пури анвои ғизо дар як конверт саҳмияҳои садсомонӣ мебаранд. «Ин арзон ва қулай аст», мегӯянд корафтодаҳо. Аввалан, ба сад сомонӣ ғизо харӣ, халтаат пур намешавад. Аз ҷониби дигар, бозор рафтаву халта бардошта овора намешавӣ. Духтурони равоншинос манфиати дигари саҳмиябариро ба маризон ошкор кардаанд: Вақте бемор соҳиби саҳмияҳои НБО Роғун мешавад, умед ба гирифтани дивидент мебандад ва зуд шифо меёбад.
Мегӯянд, ки ҳоло баъзе фарзандон ин манфиати саҳмияро дар волидонашон таҷриба карда истодаанд. Онҳо акнун ҳар моҳ ба ҷои кӯмаки пуливу молӣ ба волидонашон саҳмияҳои НБО Роғунро фиристода истодаанд, то ки онҳо ба умеди дивидент умри дароз бинанд.
Бародарони сарватманд, аз саҳмияхарӣ натарсед, касе сарчашмаи маблағҳои ғайриқонунӣ ғункардаи шуморо ҷӯё намешавад. Раиси ҷумҳур кайҳо ғами шуморо хӯрда барои дахолатнопазирии маблағҳои ба саҳмияхарӣ масрафшуда фармон содир кардааст ва инак, Қонун «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии баъзе маблағҳои онҳо» низ 25 феврал аз ҷониби президент ба имзо расид ва аз 27 феврали соли равон мавриди амал қарор дорад. Бародарони соҳибкор, тибқи қонуни мазкур маълумот дар бораи маблағи саҳмияҳои харидашуда ва шахсияти харидор махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Ҳамчунин аз маблағҳои мазкур чун даромад андоз ситонида намешавад.
Хуб, бародарони сарватманди баору номуси миллат даст ба ҷебак мебаред, ё боз умед ба мардуми нодор кунем?!
Ҷовид Муқим,
саҳмиядори НБО Роғун
25.03. 2010

Реклама

2 комментария

  1. Posted by Инобат on Апрель 15, 2010 at 5:14 пп

    Химмати Хотами Той до асри 21 омада расида бошад?

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: