ШУКРОНА


Памфлет

Субҳ вақти ширинии хоб садои «Ширда биё»-и зани ширфурўш бедорам кард. Гўиё ў барқасд таги тирезаи ман фарёд мезад. Дар ин гармои тоқатфарсо, ки ҳароратсанҷ ҳатто шабона дар хона 30 дараҷа гармиро нишон медиҳад, кас то фаромадани ҳарорат, яъне то соатҳои 3-и шаб бедорхобӣ мекашад ва пасон ғанабаш мебарад. Вале садои ширфирўшон моро аз хоби ширин нороҳат мекунад.
Ба соати болои миз нигаристам, ки ақрабакаш болои 5 буд. Барои ба кор рафтан ҳоло барвақт аст. Вале дар ҷогаҳ бедор дароз кашидан ҳам мақбулам нест. Аз ҷо бархестам, то дасту рўямро бишўям. Даст ба крани об бурдам ва аз лўла сиёҳоба рехта дар як дам ваннаро ифлос кард. Интизораш шудам, ки кай аз лўла об меояд. Ниҳоят пас аз чанд дақиқа лойиқаи лўла кам шуд ва аз он оби қаҳваранг ба рехтан омад.
Журналисти хориҷие, ки чанд рўз боз дар Душанбе сукунат дошт ва аз лойобаи лўлаҳо хеле нороҳат шуд буд, дар як мулоқоте аз ман пурсид:
— Аз кай боз оби Душанбе лой аст?
— Аз он вақте ки «Соли оби тоза» эълон карданд, — ҳозирҷавобӣ кардам ман.
— Ин хел нагўед, ако, вай шўхии шуморо намефаҳмад, — гуфт тарҷумон ва афзуд ба англисӣ,- Баъди боронҳои сел.
Воқеан, то солҳои наздик, то садаи 21 аз лўлаҳо танҳо ҳини борон оби лой мерехт, вале ҳоло пас аз «Соли оби тоза»-ю «Даҳсолаи об барои ҳаёт» эълон шудан, аз лўлаҳои оби хонаҳои мо лойоба мерезад. Мегўянд ин барои он аст, ки воқеан ба қадри оби тоза бирасем.
Ба ҳар ҳол ба лойоба ҳам шукрона мекунем, зеро мегўянд дар ҷаҳон ҳудуди ду миллиард одамон азоби беобӣ мекашанд. Мо лойоба бошад ҳам, онро дорем ва агар вайро дар сатил гирифта монем ё ҷўшонем, таҳшин мешавад, ки аз ин бо як тир ду нишон мезанем: аввалан, соҳиби об мешавем ва сониян аз реги зери сатил метавонем дар шикасту рехти хона истифода бикунем.
Даст ба винтили газ бурдам, то ношто омода бикунам. Гўгирд задам, он хомўш шуд: аз лўла ҳаво меомад. Одатан 15-20 дақиқа ва баъзан бештар ба ҷои газ ҳаво меояд. Интизорӣ мекашам. Соат 6 мешавад. Гўгирд мезанам. Оташи гўгирдчўб аз дами ҳаво хомўш мешавад. Боз 5 дақиқаи дигар интизор шуда, аз нав гўгирд мезанам. Ин дафъа аз лўла ҳаво ҳам намеояд. Худро тасаллӣ медиҳам, ки Ўзбекистон барои қарзҳои навбатӣ интиқоли газро қатъ кардааст ва ин акнун чанд рўз идома меёбад. Вале ба ёдам мерасад, ки охири моҳ асту дирўз кормандони идораи газ хона ба хона гашта газпулӣ ҷамъ мекарданд. Дар лабонам беихтиёр лабхандае пайдо мешавад: охири ҳар моҳ идораи интиқоли газ аз мардум пул гирифта, чанд рўз барои баробар кардани ҳисоби харҷу даромад ба аҳолӣ газ намедиҳад.
Ҳамин тавр аз баҳри ношто гузашта, ба кор равона мешавам. Истгоҳ серодам аст ва ман ба ҳар ҳол ба маршруткае, ки ҷои нишаст дошт, савор мешавам. Маҳаллаеро ҳам нагузашта мусофиркашон пур аз одам мешавад. Дар «ГАЗ-ел» ба ҷои 15 нафар 25 нафар савор мешаванд. Тирезаҳои маршрутка кушода намешаванд ва кас аз бўи арақи бадан нафасгир мегардад. Гумон мекунам, ки ҳоло марди пиҷакпўш бехуд шуда меафтад. Ў дар ҳамин гармии саратон гарданбанд ҳам баста буд. Ба ёдам гуфтаҳои дўстам омад, ки ба наздикӣ аз сафари Шветсия баргашта буд. Ба қавли ў дар ин кишвар аксаран ронандаҳои таксиву автобус галстук мебанданд. Дар мо бошад, майдатарин мансабдор, ки ҳатто мошини хидматӣ надорад, ба гармову сармо нигоҳ накарда, галстукро таранг мебандад, то ки имиҷаш халалдор нашавад. Дилам ба ҳоли пиҷакпўш сўхт ва шукр гуфтам, ки мансабе надорам.
Аз магнитафони мусофиркаш суруди ошиқона ба гўш мерасад. Овозхон гўиё ҳоли моро намедид, ки месуруд:
«Биё, Варзоб равем,
Лаби об равем,
Шаб хоб равем».
Ин сурудро шунида, лаҳзае орзуи Варзобу лаби рўди он мекунам. Вале ба ёдам мерасад, ки ин бароям орзуе беш нахоҳад буд. Зеро Варзоб имрўз танҳо ба «тоҷикони нав» дастрас аст.
«Паварот»- гуфтани пулчинак маро аз банди хаёл берун мекунад. Мебинам, ки аз болои пули дарёи Душанбе гузашта истодаем. Пас аз пул маршрутка ба сўи роҳи бетонӣ, хиёбони Ҳофиз тоб хўрда, бо ин роҳи камодам ба «Майдони сарҳадчиён» меравад. Аксари мусофирон, ки дар марказ кор мекунанд, пиёда мешаванд. Ман ҳам дар қатори онҳо роҳи кўталро пеш мегирам, то ки ду истгоҳи дигарро тай карда, ба кор бирасам.
Ба кор соате бармаҳал расида, аз паи навиштани ҳисоботи моҳона шудам. Моҳ охир шудаасту овораи иҷрои корҳои дуввумдараҷа навиштани ҳисобот ақиб мемонад. Ҳисоботро навишта анҷом дода будам, ки котиба кормандонро ба кабинети раис, ба ҷаласа даъват кард.
Раис аввал кормандонро дўғу даранг кард, ки нағз кор намекунанд. Дер ба кор меоянду барвақт мераванд. Аз барои онҳо шуда, ў пеши вазир сурху сафед мешавад. Сипас, ў баъди нимсоати варсоқӣ сари мақсад омад:
— Дар ҷумҳурӣ маъракаи «Даҳсолаи об барои ҳаёт» шурўъ шудааст. Ҳамаи ташкилоту идораҳо дар ин мавзўъ чорабиниҳо гузаронида истодаанд. Мо бошем, то нагўянд, коре намекунем. Ҳоло мо бояд нақшаи чорабиниҳоро тўли ин даҳсол тарҳрезӣ намоем. Сараввал, ба фикрам, дар лўлаи об ҳисобкунак васл мекунем, то ба ин васила чӣ миқдор сарфа кардани обро бифаҳмем. Сониян, лўлаи обро ба қулф маҳкам карда, калидашро ба дасти котибаамон Наргисхон медиҳем. Ҳар касе, ки об хоҳад, дили Наргисхонро ёбад.
— Бале, ана инро пешниҳод мегўянд, — хушомадгўӣ карданд чанд нафар аз наздикони раис.
-Ин иқдомро аз телевизион нишон додан даркор,- гуфт Акрамӣ, ки яке аз маслиҳатгарони раис буд.
-Маслиҳати хуб, аз пасаш шавед,- гуфт раис.
-Хубу, лекин пул даркор.
-Чӣ хел пул?
-Телевизион бе пул ягон навор намегирад.
-Ба чанд нафар мукофотпулӣ навишта, пулашро ба Акрамӣ диҳед,- супориш дод раис ба муҳосиб.
Муҳокимаҳои тўлонӣ то вақти хўроки пешин идома ёфт. Хайрият, Наргисхон ба раис гуфтанд, ки он касро ба хўроки пешин даъват кардаанд. Раис бошитоб маҷлисро ҷамъбаст кард.
Аз гуруснагӣ шикам тамбур менавохт, вале киса холӣ буд: ҳамагӣ як сомоние дар он каттагӣ мекард. Ба як сомонӣ танҳо як чойник чойю як нон гирифтан мумкин. Пас маршруткапулиро қарз мебояд кард.
Дар ин андеша будам, ки кассир аз дари кушодаи ҳуҷраи мо сар дароз карда,- ако, имрўз маош мешавад,-гуфта, хушхабар расонд.
Пеш аз охири вақти корӣ маош доданд. 100 сомонии роҷеъулнақд. 20 дона 5 -сомонии яллақосӣ. Киса пури пул шуд. Агар ин пулро бо яксомона медоданд, ду киса пур мешуд. Агар онро бо 50 ё 20- дирама медоданд, барои бурданаш халта лозим мешуд.
Пулро гирифтаму пас аз кор рост ба бозор даромадам. Пеш аз харид кардан 30 сомонӣ роҳкироро дар кисаи чап пинҳон карда, нотарсона вориди бозор шудам. Ба ними як раста нарасида, пул адо шуд. Вале халтаи дастам ҳанўз пур нашуда буд. Ба ҳаминаш ҳам шукр мебояд кард. Маоши ман калон аст дар Тоҷикистон. Вазирони мўҳтарам ҳатто 100 сомонӣ маош намегиранд. Аксари мардум бошад, ба 12 сомонӣ қаноат мекунанд.
Хаста, вале хурсанд ба хона омадам. Духтарчаам пешвоз гирифта, бо лаҳни кўдакона гуфт: — Дада, газ нест, барқ нест.
Занам аз бегазию бебарқӣ ва беобӣ ба дод омада, ким-чӣ ғурунг-ғурунг кард.
— Ҳеҷ гап не, мешавад,- тасаллӣ додам, завҷаамро ва тағйири либос карда, болои кўрпача дароз кашидам, то рўзнома қироат бикунам. Сари рўзномахонӣ ғанабам бурдааст. –Ура, барқ омад. Мултфилм тамошо мекунем, — гуфтани кўдакон бедорам кард. Духтарчаам гўшаки телевизиорро тоб дод. Гўянда эълон мекард:
— Ҳоло гузориши муфассалро аз ҷараёни сафари президент манзури шумо мегардонем.
— Хабари кўҳна,- гуфт писарам, — дирўз нишон дода буданд. –Ў гўшаки телевизиорро ба дигар сў тоб дод. Вале ҳама ҷо Тоҷикистонро нишон медод.
— Боз телевизиорро гирифтанд, — гуфт духтарчаам.
Ман зеҳн монда оинаи сеҳрнокро тамошо кардам. Ровӣ мегўяд: -Дар ин ҷаласаи бонуфус суханронии раиси ҷумҳурро ба 15 забон тарҷума карданд. Дар нишасти матбуотие ки бо иштирокдорони ҷаласа сурат гирифт, хабарнигорон аз 80 кишвари дунё иштирок доштанд. Президенти мо низ ба суолҳои онҳо посух дод.

Гузориш қариб як соат давом кард. Аз телевизиони Россия барномаи «Аншлаг» пахш мешуд. Нав онро тамошо мекардем, ки равшании лампочкаҳо ба якборагӣ паст шуда, билохир барқ хомўш шуд. Завҷаам боз ба ғурунгос даромад, ки хўрок нопухта барқ хомўш шуд. Хайрият, ки чой ҷўшида буд ва аҳли байт бо чою чаппотӣ қаноат кардем.
Даруни ҷогаҳ даромада, шукронаи ин зиндагӣ мекунам ва умед бар он мебандам, ки пагоҳ боз хуршед баромада, партавфишонӣ мекунад.
Бо ҳама хубию бадияш ман
Шукр мегўям зиндагониро.
Соли 2008

Ҷовид МУҚИМ

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: