РОҲИ ҲАЁТ



Ҷовид Муқим ПАМФЛЕТ
Роҳи ҳаёт будани роҳи мошингарди Кўлоб- Қалъаи Хумбро на ҳама медонанд. Аз ин рў, дар ин бора гуфтугузорест зиёд. Роҳи мазкур дар даврони шўравӣ тарҳрезӣ шуда, қисми асосии он ҳамон вақт сохта шуда, танҳо ба як қитъаи кўчаки он, дар мавзеи мушкилгузари Шкев-Зиғар, даст нарасида буд. Пас аз истиқлолияти Тоҷикистон бо ибтикори ҳукумати ҷумҳурӣ ин қисмати боқимондаи роҳ сохта шуд ва чанд солест, ки бо мушкилӣ бошад ҳам, он мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад. Яъне орзўи деринаи мардуми тоҷик ҷомаи амал пўшид: Бадахшон тамоми сол бо пойтахт пайваст. Роҳи заминӣ зимистон низ кушода шуд. Вале ҳолдонҳо мегўянд, ки роҳ душворгузар буда, дар фасли зимистону баҳор дар он ҳаракати мошинҳо хеле мушкилӣ дорад. Барои ба дараҷаи роҳи байналхалқӣ расондани он Ҳукумати Тоҷикистон аз созмонҳои молиявии гуногуни ҷаҳон қарз гирифта, дар қитъаи 38-километраи роҳ аз рўи як ҳисоб 31,75 млн. доллари ИМА, аз рўи ҳисоби дигар беш аз 33,5 млн. долларро гўр карданист. Маблағи мазкур аз 16 то 17 фоизи буҷаи солонаи ҷумҳуриро ташкил карда, дар назари аввал хеле зиёд менамояд, вале, вақте ки сохтмони роҳ чанд сол тўл мекашад, ҳиссаи он дар буҷаи солонаи кишвар ҳамон қадар кам мешавад. Яъне ночиз менамояд он ва кирои гап ҳам намешавад. Аз ҷониби дигар, мо принсипи пешгирифтааи қарзиамонро бояд ба ҳеҷ ваҷҳ дигар накунем. Яъне агар диҳанд, гирифтан даркор. Дар бораи баргардонаш фикр намуда, мўйи сари набударо набояд сафед кард. Барои баргардонданаш 20-25 сол ҳаст. То он вақт кӣ зиндаву кӣ мурда? Набераҳоямон боз аз куҷое қарз карда медиҳанд, то ки минбаъд низ набераҳои онҳо бобою бобокалонашонро фаромўш накунанд.
Ҳамчунин бояд гуфт, ки барои ба дараҷаи байналхалқӣ расонидани ин қитъаи роҳ 31 ё 33 млн. доллар маблағи ночиз аст. Лоиҳакашҳо боз инсоф кардаанд. Барои ин роҳ 51 ё 53 млн. доллар ҳам кам аст. Мо як чизро фаромўш мекунем, ки ҳар қадар агар миқдори қарзҳо афзояд, ба вижа барои сохтмон, ҳамон қадар барои пешрафту нумўи кишвар шароити мусоид фароҳам меояд. Ҳамон қадар аз пушти шолӣ бештар кўрмак об мехўрад. Тоҷики камбағали қашшоқ дар Душанбею Кўлоб, Қўрғонтеппаю Хоруғ ва билохира дар Хуҷанди бостон қасрҳои боҳашамат месозад, ки ҳатто сулолаи Сомониён орзу ҳам намекарданд. Ин ҳама албатта, бо шарофати сохтмон, аз масолеҳу пули он бунёд мегардад.
Набояд фаромўш кард, ки роҳи мошингарди Кўлоб–Қалъаи Хумб аҳамияти стратегӣ низ дорад. Тавассути он Душанбе ба роҳи Мурғоб-Қулма-Қароқурум мепайвандад. Яъне Тоҷикистон бо ин роҳ метавонад аз як ҷониб ба Пекин ва аз тарафи дигар ба уқёнуси Ҳинд барояд. Роҳи мазкур мустақилияти иртиботи заминии ҷумҳуриро бо кишварҳои Осёи ҷанубӣ ва шарқӣ таъмин менамояд. Дигар ба илтифоти роҳкушоии Ўзбакистону Қирғизистон мўҳтоҷ намешавем. Аз ҷониби дигар баромад ба роҳи Қароқурум ба пешрафти иқтисодии кишварамон мусоидат мекунад. Ба вижа кори тоҷирони тоҷикро осон менамояд. Дигар онҳо тавассути Қирғизистон ба Хитой нарафта, рост аз Мурғоб ба Чини ҳамсоя мераванд ва долларҳои Амрикоро бурда аз он ҷо КАМАЗ-у Мерседесҳои пурборро ба Душанбе меоранд. Бозорҳои ҷумҳурӣ чунон сермол мешаванд, ки дар онҳо ба қадам гузоштан роҳ намеёбӣ. Инро ба назар гирифта, аз ҷумла, маъмурияти Бозори «Корвон» ҳудуди бозорро то дарёи Кофарниҳон дароз мекунад ва барои осон кардани мушкилоти харидорон, ки чанд рўз моли дилхоҳашонро мекобанд, дар даруни бозор меҳмонхонаҳо месозад. Ин ҳам талаботи рўзафзуни тоҷиронро қонеъ карда наметавонад. Бинобар ин дар шаҳри Кўлоб — Бозори «Корвон-2», дар Қўрғонтеппа — Бозори «Корвон-3» ва дар Хоруғ- Бозори «Корвон-4» сохта мешаванд. Дар ин бозорҳо ҳазорҳо нафар духтуру муҳандис муаллиму артисти дигар ҷой гирифта, бизнесмен мешаванд ва проблемаи каммаошӣ дар ҷумҳурӣ худ ба худ ҳал мешавад. Аз ҳама асосиаш, дар ин бозорҳо нархи молҳои хитоӣ чунон арзон мешавад, ки тоҷики камбизоат барои фарзандонаш ҳар ҳафта попўшиву либоси нав мехарад.
Баъзе аз коршиносон мегўянд, ки бо кушода шудани роҳ ба Қароқурум Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонӣ табдил меёбад ва Кўлоб Дубайи якум мешавад. Ин пешгўӣ то андозае дурусту боз то андозае муҳобот аст. Ба бозори молҳои пастсифату арзон табдил ёфтани ҷумҳурӣ ҳеҷ шакку шубҳа нест, вале гумон намекунам, ки мардуми кишварҳои дигар ба чунин молҳо ниёз дошта бошанд ва барои хариди онҳо ба Кўлоб оянд. Ҳатто сокинони Вилояти Суғд бозшавии Нақби «Уштур»-ро, ки сохмончиёнаш гўшти уштур хўрдаанд, интизор нашуда, молҳои чиниро аз Қирғизистону Ўзбакистон, ки барояшон наздиктар аст, меоранд.
Коршиносони азиз, ин гуфтаҳои ман беасос нест. Шумо пеш аз пода чангу пеш аз тўй нақора задед. Ҳамин даҳонкалонии шумо буд, ки бародарони ўзбаку қирғиз идеяи шуморо дуздиданд ва ҳоло сохтмони роҳи оҳани 577-километраи Хитой-Қирғизистон-Ўзбакистон ба маблағи 950 млн. доллари Амрико матраҳ шудааст. Сохтмони роҳи мазкур, ки аз шаҳри Кашии Чин сар шуда, тавассути шаҳрҳои Ҷалолобод ва Торугарти Қирғизистон гузашта ба шаҳри Андиҷони Ўзбекистон пайваст мегардад, охири соли 2004 шурўъ мешавад. Роҳи номбурда масофаи баромад аз Пекинро ба Аврупо ҳазорҳо километр кўтоҳ карда, дар 14 сол хароҷоти сохтмонашро мепўшонад.
Ба ҳар ҳол навмед набояд шуд, роҳи мо аҳамияти худро бароямон гум намекунад. Он дар мустаҳкам шудани дўстии бародаронаи халқҳои Тоҷикистону Чин пуле хоҳад буд. Ба вижа, бо кушода шудани сарҳад мардуми заҳматкаши Чин, ки ба ҳама мушкилоти зиндагӣ тоб меоранд ва аз ҳеҷ гуна кори сиёҳ наметарсанд, вориди хоки ҷумҳурӣ гардида, барои обод кардани кишварамон саҳм мегиранд. Дар Мурғоби баландкўҳ, ки дарахт намерўяд, боғи себи хубонӣ бунёд мекунанд, истеҳсоли санги «Лаъли Бадахшон»-ро, ки натавонистем дуруст ба роҳ монем, онҳо ба таври саноатӣ истифода мебаранд. Ҳоло ҳамватанони мо «бепул пахта намекорем», гуфта ба Русия мераванд ва хоҷагиҳои деҳот бе нерўи рустамона мондаанд. Хитоиҳо аз меҳнати сангин ва бемузд натарсида поинтар, ба водиҳои зархез мефароянд ва барои иҷрои нақшаи пахтасупорӣ ба мо кўмак мекунанд.
Аҳамияти дигари ин роҳ, мусоидати он дар омезиш ёфтани мардуми чину тоҷик ва пайдоиши оилаҳои интернатсионалию тоҷикони тангчашм аст. Пўшида нест, ки ҳоло садҳо ҳазор нафар ҷавонмардони тоҷик зану арўсшавандаашонро дар деҳот монда, бебозгашт ба Русия рафтаанд. Занону духтарони бечора бе ҷуфти худ танҳо мондаанд. Дар деҳот дигар мўйсафеди безан намондааст, ки онҳоро пешниҳод кунем. Мардҳои багурда, аллакай сезанаву чорзана шудаанд. Ана, ҳамин бечораҳои муштипар низ дар дунёи дурўза лоиқи меҳрубонии шавҳаранд, модар шудан мехоҳанд. Проблемаи мазкурро тибқи пешниҳоди ТҒҲ «Зан ва оила» танҳо бо кўмаки бевоситаи чиноиҳо метавонем ҳал бикунем. Дар Чин серфарзандӣ манъ аст, ва аз ин ҷавонмардони хитоӣ мушкилоти сахт доранд. Онҳо ин пешниҳоди моро ба ҷону дил мепазиранд ва дар ин минтақа дурагаи тоҷики меҳнатқарин ба вуҷуд меояд.
Ана, акнун фаҳмидед аҳамияти роҳи ҳаётро? Барои сохтмони он сад миллион доллар ҳам кам аст, ё не?
03.04.2003

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: