СЎЗИ ДИЛ


Ҷовид Муқим Ҳикоя

Мошини «Ҷип» роҳи пурпечутоби ағбаро тоб хўрда бо як маром боло мебаромад. Манзараи табиат дар як фосилаи начандон тўлонӣ бо фаслҳо дигар мешуд. Агар дар пойини ағба гулҳо рў ба хазоншавӣ оварда бошанд, пас дар миёни ағба гулҳо навшукуф буданд. Дар болои ағба, ки ҳанўз барфаш ҷо-ҷо хобида буд, сабзаву гули санг нав сар аз замин мебардоштанд. Шукрона ҳамаи ин зебоии табиатро намедид, ба машомаш бўйи гул намерасид. Ў банди хаёлу андеша буд. Пеши чашмаш ҳамеша Ромиз буд. Ромизе, ки пинҳонӣ дўсташ медошт.
Ромиз ҳамсабақи Шукрона дар Донишгоҳи технологии Душанбе буд. Онҳо дар ду гурўҳи алоҳида таҳсил мекарданд, вале баъзан лексияҳои умумӣ доштанд. Тўли се соли таҳсил Шукрона ба ягон ҷавоне таваҷҷўҳ надошт. Танҳо дар сараш таҳсил ва забономўзӣ буд. Ў дар баробари ихтисоси худ- технологи саноати консерва, забони англисиро хуб аз худ карда, озод ҳарф мезад. Сўзи дили ў чун рўзи нав аз Наврўз сар гирифт.
Дар иди Наврўз донишгоҳ ҷашни ҷамшедӣ ороста буд. Ба тамошо толибилмон аз донишгоҳҳои ҳамсоя низ омада буданд. Маҳаллаи «Ҷавонон», ки он ҷо якчанд донишгоҳу омўзишгоҳҳо воқеанд, дар ҳақиқат мавқеи буду боши ҷавонон аст. Вақти тамошои базм, кадоме аз ҷавонони бегона шилқинӣ карда аз кокули Шукрона кашида гуфт: -Зебосанама бинанд, куртаи атлас мезебаша.
— Ино агар либоси миллӣ пўшанд, хушрў мешанд, -ба сўҳбат ҳамроҳ шуд рафиқи он ҷавон ва афзуд:- Вале аз куртаи миллӣ ор карда, топик мепўшанд ин духтаро.
— Топик нағзда. Нофашона ба мора нишон метиян, — сухани рафиқашро тақвият бахшид ҷавони аввал.
Ҷавонон шилқиниашонро давом дода, яке аз онҳо боз аз кокули Шукрона кашид. Шукрона дигар ба шилқинии бачаҳо тоқат накарда, гуфт: -Шарм намедоред. Ба базм омадед, тамошо кунед ва ба дигарон халал нарасонед.
— Шарм дар бозори чарм, фаҳмидӣ!-хитоб намуд яке аз ҷавонон ва афзуд: -базм бе духтар мешудай? Биё бо мо бурем, базм кунем,-гуфт ў ва аз дасти Шукрона дошт. Шукрона чӣ тавр дод заданашро нафаҳмида монд. Ҳамин вақт касе муште зад он ҷавонро. Аз зарбаи аввал ў сарозер ба замин афтод. Рафиқи ў ҳам бе насиб намонд. Мушти дуввум ба сари ў фаромад. Ин ду ҷавон ҳатто барои дифои худ сухане нагуфта, чун рўбоҳ «майдони набард»-ро тарк гуфтанд. Шукрона ба худ омада дид, ки Ромиз «адаби» ин ҷавонони шилқинро додааст.
-Шукронабону, дар ин хел маъракаҳо дар назди ҳамкурсонатон бошед, бехавфтар аст. Касе ба шумо шилқинӣ намекунад.
Шукрона моту маҳбут монда, ҳатто ташаккур нагуфт.
Пас аз ин воқеа таваҷҷўҳи Шукрона ба Ромиз афзуд. Ў аз ин пеш Ромизро дуруст намешинохт, танҳо номашро медонист ва салому аллейки ҳавоӣ буданд. Духтарҳо дар бораи Ромиз суханони бад мегуфтанд. Аз қавли онҳо Ромиз ҳанўз пеш аз донишҷў шуданаш хизмати аскарӣ карда, барои афсареро лату кўб карданаш маҳбас ҳам шуда будааст. Ба ғайри ин ў чун ҷавони дағал, авбош ва маъшуқабоз байни духтарон муаррифӣ шуда буд.
Шукрона ҳамарўза ба Ромиз таваҷҷўҳ карда ба худ кашф кард, ки Ромиз дағал бошад ҳам, авбош нест. Ў ҷавони адолатпешаву адолатхоҳ буда, дар ин ҷода саъй мекунад. Ин меҳри Шукронаро нисбати Ромиз рўз аз рўз афзун мекард. Шукрона ончунон гирифтори ишқи Ромиз шуда буд, ки агар рўзе ўро набинад, худро бемор эҳсос мекард. Ў дарун-дарун месўхт, вале муҳаббати худро ба касе ошкор намекард. Ромиз аз ишқи Шукрона пай ҳам набурда буд. Ниҳоят имтиҳоноти тобистона ба охир расиду донишҷўён ба таътил баромаданд. Чун ҳамасола Шукрона таътили тобистонаашро бо модару бародаронаш дар зодгоҳи волидонаш-Яғноб мегузаронд. Онҳо дар ин мавзеи кўҳистон аз гармои Душанбе паноҳ мебурданд. Падараш аз замини бобоиаш ҳавлӣ гирифта хона сохта буд. Дар деҳа дар ҳамсоягӣ амаку амма ва холаву тағои Шукрона зиндагӣ мекарданд. Аксар шаҳрбудагон низ чун онҳо тобистонро дар деҳа мегузарониданд. Аз ин рў, Шукрона дар деҳа зиқ намешуд. Имсол дар тобистон Шукрона бояд мисли ҳамкурсҳояш таҷрибаомўзии истеҳсолӣ мегузашт. Вале падари ў бо декани факултаашон маслиҳат кард, ки Шукрона ба деҳа равад ва таҷрибаомўзиро дар моҳи сентябр пас аз дарс гузарад. Декан, ки аз дўстони падари Шукрона буд, ба ин розӣ шуд. Шукрона ҳам худ намехост, ки дар шаҳр монда ба ишқи Ромиз бисўзад. Шояд аз ў дур рафта, фаромўшаш бикунад. Бо ин андеша Шукрона озими деҳа шуда буд, вале ҳар қадар мошин аз Душанбе дур мешуд, оташи ишқ дар дили Шукрона бештар аланга мегирифт.
Шукрона гоҳ ба кўҳҳои сарбафалаккашида менигаристу гоҳ нигоҳашро ба дарёи шўхи кўҳӣ мебурд, ки дар варта ҷорӣ буд. Нигоҳаш ба атроф буду ҳушу ёдаш ба Ромиз.
Мошин дар пойини ағба истод.
-Каме ин ҷо дам мегирем, ношто мекунем ва пас роҳамонро идома медиҳем, -гуфт падар.
Мусофирон дар як лаҳза аз мошин берун шуданд. Одатан дар ин вақт Шукрона пешдастӣ мекард ва дастурхон густурда волидону бародаронашро сари он мехонд. Ҳоло ў банди фикру хаёл карахт буд. Модар дид, ки Шукрона ба худ нест:- духтарам ба ту чӣ шуд? Бемор шудӣ, магар,- пурсид ў.
-Не, ҳамту- посух дод Шукрона.
— Дар ин роҳи вайрона хаста шудагист,- хулосабарорӣ кард падар.
Шукрона вақти ношто чизе нахўрд, аз гулўяш чизе намегузашт.Ў танҳо як истакон оби чашма нўшид.
Баъди ношто мошини «Ҷип» ба роҳ даромад. Пас аз фурсате мошин ба роҳи пурпечутоби дараи Яғоноб ворид шуд. Шукрона дар мошин хомўш нишаста побанди хаёлот буд. Ҳар қадар, ки мошин ўро аз Душанбе дуртар мебурд, ҳамон қадар меҳри Ромиз дар дили ў қавитар мешуд. Магар ў метавонад, ду моҳи дароз дур аз Ромизе, ки дўсташ медорад, зиндагӣ бикунад?!
Тобистони Яғноб салқин аст. Гармои рўз аз насими дарё, ки аз поини деҳа мегузарад, чандон эҳсос намешавад. Ба ғайри ин аз байни деҳа, аз бари ҳавлии бобои Шукрона дарёчаи Сафедоб мегузарад, ки насими аз он хеста низ пеши гармии рўзро мегирад. Шабона бошад, дар рўйи ҳавлӣ бе кўрпа хоб рафта намешавад. Оби дарёча чун шир сафед аст, аз ин рў онро Сафедоб ном кардаанд. Тобистон оби дарёча киштаҳои сокинони деҳаро шодоб карда нисбатан камоб мешавад. Лаби дарёчаи Сафедоб ҷои дўстоштаи Шукрона буд. Шукрона баъди ба деҳа омаданаш ҳар субҳ ба соҳили дарёча мерафт ва болои кати таги маҷнунбед нишаста аз насими саҳаргоҳон ҳаловат мебурд. Ба ёдаш кўдакиву наврасиаш мерасид. Ин кат пеш набуд. Онро ду сол пеш сохтанд. Ҷойи кат мавзеи бозии духтарон буд. Ҳар тобистон ў бо духтарони амакаш ва ҳамсоядухтарони дигар ин чо шолча партофта менишастанд ва зочабозӣ мекарданд. Пас аз он ки калонтар шуданд, шероз бофтану дарз дўхтанро машқ мекарданд. Ин ҷо нишаста кокулони якдигарро мебофтанд. Онҳо бо сангҳо пеши шохоби дарёчаро гирифта барои худ ҷойи оббозӣ сохта буданд. Вақти гармои рўз онҳо худро ба оби рўд меандохтанд, ки аз тасфи сангҳо ширгарм мешуд. Духтарони деҳотӣ худро бо либосашон ба об меандохтанд.
Шукрона ин ҳамаро ба ёд оварда дилаш барои рўзҳои гузашта гум мезад. Дигар дугонаҳои айёми наврасиаш нест, ки бо онҳо бозӣ бикунад. Парвинаи духтари амакаш шавҳар карда дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Дугонаҳояш Нилуфару Зулфия низ шавҳар карда аз деҳа рафтаанд. Мехост, ки он давраи беташвишу беғамиҳои зиндагӣ бозпас гардад. Ин ҳамаро ба ёд оварда малўл шавад ҳам, вале чизи дигаре бештар қалби кўчаки ўро месўзонд. Пеши лавҳи хотираш Ромиз меистод. Симои ў ҳамеша пеши назараш буд. Ўро дидану суханашро шунидан мехост. Вале дар ин деҳаи кўҳистон ҳеҷ илоҷи амалӣ кардани ин хоҳишаш набуд. Ба ин ҷо мавҷи телефони дастӣ намерасид. Аз почта занг задан мумкин буд. Вале ба кӣ?! Ў рақами телефони дастии Ромизро намедонист. Аз ҳамсабақон занг зада пурсидан мумкин буд. Вале ба ҳамсабақон чӣ мегўяд? Рақами телефони Ромиз ба ў барои чӣ лозим аст? Агар рақами телефони Ромизро пайдо бикунад ҳам, ба ў занг зада чӣ мегўяд?
Омадани Шукронаро шунида дугонаҳояш Нилуфару Зулфия аз деҳаи Гулоб, ки дар ҳамсоягӣ воқеъ аст, ба диданш омаданд. Рўзи якшанбе буд. Шукрона онҳоро меҳмондорӣ кард. Онҳо ҳоҳиш карданд, ки болои кати лаби дарёча нишинанд. Сўҳбати дугонаҳо то дер тасфид. Онҳо аз рўзҳои гузашта ва зиндагии имрўзаашон ёд карданд.
-Кош, мо ҳам таҳсил мекардем ва ин хел барвақт шавҳар карда ба гирдоби зиндагӣ намеафтодем,- шикоят кард Зулфия. — Зиндагии деҳаро худат медонӣ Шукрона. Рўз дар деҳа субҳ надамида сар мешавад. Ҳама кор ба дўши занон. Гову мол мегўӣ, боз хамиру фатир, либосшўӣ, кўдакпоӣ, боз кори полез. Шаб, ки шуд чун мурда меафтию хобат мебарад.
— Беҳуда, шикоят накун, Зулфия, -ба сўҳбат ҳамроҳ шуд Нилуфар. –Ба будааш шукрона бояд кард. Зиндагии занон дар ҳамаҷо якранг аст. Беҳуда «Хурўс дар ҳамаҷо як хел ҷеғ мезанад», намегўянд. Шукр, ки мо соҳиби оилаем, шавҳару фарзанд дорем.
Воқеан ҳам, ту сари ин масъала фикр мекунӣ, Шукрона? Ягон хушкарда дорӣ, ё аз паи дарсхонӣ дар ин бора фикр ҳам намекунӣ?
Шукрона хомўш монд. Намедонист чӣ бигўяд? Ў дар бораи издивоҷ боре ҳам фикр накарда буд. Дилаш ба Ромиз моил гаштааст. Шояд ҳамин бошад ишқ, ки дар борааш достонҳо гуфтаанд.
-Хомўшӣ, пас касеро хуш кардаӣ,- гуфт Зулфия.
— Агар ҳаст, бигў, то мо ҳам бидонем, — ба сўҳбат ҳамроҳ шуд Нилуфар.
— Не, хушдор надорам, -гуфт Шукрона.
— Таҳсил мекунам гуфта, боз пирдухтар нашавӣ, афзуд Зулфия.
— «Тақдиру насиб», гуфтаанд. Ҳар чӣ дар пешониаш бошад, мешавад,- гуфт Нилуфар.
Дугонаҳо пас аз нисфирўзӣ тарадуди ба хонаашон баргашта карданд.
–Шукронаҷон ба хонаи мо ҳам биё, чақ-чақ карда мешинем, -таклиф кард Нилуфар.
-Ҳа, ба хонаи мо ҳам биё,-гуфт Зулфия.
-Шумо ҳам боз биёед, -дугонаҳояшро даъват кард Шукрона.
Дугонаҳо ваъдаи дидорбинӣ карда ба хонаашон баргаштанд. Шукрона боз маҳзун монд. Гўиё дилаш дар курраи оташ аланга мегирифт. Ў тўли ин чанд рўз аз одамон канораҷўи мекард. Мехост, ки танҳо бошад, то ором Ромизро пеши назар орад.
Модар медид, ки духтараш Шукрона ҳамеша мушаввашхотиру хаёлӣ аст ва дар як ҳафта обу адо шудааст.-Ба ту чӣ шуд, — пурсон шуд модар.- Бемор-ку нестӣ.
— Не, сиҳатам.
— Дугонаҳоят нестанд, шояд зиқ мешавӣ?
— Бале, оча зиқ мешавам ин ҷо. Мехоҳам ба шаҳр баргардам. Ба таҷрибаомўзӣ биравам.
-Ин хел, ки будааст, чаро омадӣ?
-Ман аз куҷо донам, ки зиқ мешавам ин ҷо.
-Майлаш духтарам, ягон илоҷ мекунем, ҷони оча.
Илоҷ ҳам пайдо шуд. Амаки Шукрона озими Душанбе буд. Духтари хурдиашро барои шомили донишгоҳ шудан ба Душанбе мебурд. Маслиҳат карданд, ки Меҳрона дар хонаи шукронаино истода ба имтиҳонот тайёрӣ мебинад ва Шукрона ба ў кўмак мекунад. Аз ин хабар шодии Шукронаро ҳадду канор набуд. Ў имкон пайдо мекард, ки дар шаҳр ба дидори маҳбуби дилаш бирасад.
Мошини «Нива-Шевролет» роҳи пурпечутоби ағбаро гузашта сўи Душанбе ҳаракат мекард. Шукрона чашм ба интизор буд, ки кай мошин ба шаҳр мерасад.

30.06.08.

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: