РАШК


Ҷовид Муқим Ҳикоя

Парвина ба Фаридун занг зада, гуфт, ки пас аз 20 дақиқа дарсашон ба охир мерасад ва ўро дар ҷои муқаррарӣ интизор мешавад.
— Пеш аз баромаданам шуморо огоҳ мекунам, то ки беҳуда маро интизор нашавед,- гуфт Парвина.
— Хуб шудааст, ман занги шуморо интизор мешавам, — афзуд Фаридун дар ҷавоб.
Вақти кории Фаридун кайҳо тамом шуда буд. Онҳо аз соати 8-и субҳ то соати 5-и бегоҳ кор мекарданд. Вале ў барои маҳбубааш Парвинаро интизор шудан, дар идора монда овораи кор мешуд. Парвинаро аз мактаб ҳамчун муаллимаи ҷавон барои бозомўзӣ ба курси якмоҳаи такмили ихтисоси Раёсати маорифи шаҳри Душанбе фиристода буданд. Дарси онҳо пас аз анҷоми кори асосӣ, дар басти дуюм мегузашт. Бинобар ин, машғулияти онҳо баъзан то соати 6 ва гоҳе аз ин ҳам дертар идома меёфт.
Занги телефони корӣ баланд шуд. Фаридун гўширо бардошт.

-Фаридунҷон, вазир занг мезананд. Раисро пурсиданд, гуфтам, ки кор тамом шудааст ва калонҳо ба хонаашон рафтагӣ. Гуфтам, ки танҳо шумо мондагӣ. Вазир бо шумо гап заданӣ, -гуфт посбони идора Усто Шералӣ.
— Майлаш, пайваст кунед.
-Алло, Фаридунҷон, шумоед?- баланд шуд садои вазир.
-Бале, устод. Гўш мекунам шуморо. Ягон хизмат буд?
— Ба ман як маълумот лозим. Аз дастгоҳи раиси ҷумҳур мепурсанд. Он нафаре, ки ба ин кор дар вазорат машғул буд, ҳоло дар сафари хидматӣ берун аз кишвар аст. Маълумоти мазкур дар идораи шумо ҳам будагист.
— Чӣ маълумот аст? Агар дар масъулияти мо бошад, медонам.
— Ба ман омори духтарони деҳотӣ, ки феълан аз рўи ихтисоси улуми дақиқ дар макотиби олии ҷумҳурӣ ва хориҷа таҳсил мекунанд, лозим аст.
— Ин ба шўъбаи мо дахл дорад Замон Кабирович. Ман дар ин бора маълумоти дақиқ дорам. Ба шумо бо эмайл фиристам?
— Не, агар ба телефон гўед ҳам мешавад. Ман ёддошт мекунам.
— Пас нависед. Соли равон дар макотиби олии кишвар ва хориҷа аз рўи ихтисоси улуми дақиқ ҳамагӣ панҷ ҳазору сесаду чилу як нафар таҳсил мекунанд. Аз ин таъдод се ҳазору дусад нафар зодаи деҳотанд. Соли гузашта бошад, ҳамагӣ 5 ҳазор нафар духтарон, аз ҷумла аз деҳот се ҳазор нафар таҳсил мекарданд. Агар лозим бошад, ман метавонам, теъдоди донишҷўдухтаронро ноҳия ба ноҳия номбар кунам.
— Не, ташаккур, ҳаминаш кифоя. Сўҳбат боқӣ, мешунавам, ки телефони дастиатон занг мезанад, — гуфт вазир ва гўширо монд.
Воқеан ҳам, телефони дастии Фаридун занг мезад. Ў то телефонро ба даст гирифт, ки садои занг хомўш шуд. Фаридун тугмаи занги бозгаштро зер кард. Телефони Парвина банд буд. Фаридун тахмин кард, ки Парвина аз дарс баромадааст. Бинобар ин, зуд дари дафтарашро баста ба ҳавлӣ баромад, то бо сабукраваш ба пешвози маҳбубааш биравад. Ў раҳораҳ то мошин чанд маротиба ба Парвина занг зад. Ниҳоят ў гўширо бардошт:
-Алло, шумо дар куҷо? Ман ба хона расидам, вале шумо телефонатонро намебардоред,- шиква кард Парвина.
— Парвинахон, ман бо телефони дигар сўҳбат доштам, барои ҳамин ҳам занги шуморо нашунидам. Вақте ки гўширо бардоштам, алоқа қатъ гардид. Дигар телефони шумо банд буд. Танҳо ҳоло тавонистам бо шумо дар тамос бошам.
— Бо ягон ойимча сўҳбати гарму ҷўшон доштед, ки занги маро нашунидед, — киноя кард Парвина.
— Не. Баъд ба шумо мегўям. Ҳоло дар куҷоед?
— Ман, аз бозори Шоҳмансур гузаштам. Аз истгоҳи кинотеатри «Ватан» ба маршрутка савор мешавам.
— Маро интизор шавед, ҳозир пас аз се дақиқа мерасам, гуфт Фаридун ва «Саманд»-и бодпояшро қамчин зад.
Идораи Фаридун дар наздикии бозори Шоҳмансур буд, бинобар ин ў зуд ба ҷои гуфтаи Парвина расид. Вале Парвина наменамуд. Ў ба ҷои доимии муқарраршуда пас гашт ва боз ба Парвина занг зад:
— Шумо дар куҷо?
— Ман ба музей расидам ва ба сўи истгоҳи «Ватан» меравам, -гуфт Парвина ва алоқаро қатъ кард.
Фаридун ҳамин вақт дар назди музей буд. Ба кўча нигарист, Парвина дар ин наздикиҳо наменамуд. Фаридун боз ба Парвина занг зад. Вале ў гўширо намебардошт. Фаридун аз ин маҳзун гардид ва муҳаррики мошинашро ба кор дароварда, ба сўи истгоҳи «Ватан» ҳаракат кард. Дар истгоҳ низ аз Парвина нишоне набуд. Ҳамин вақт як мошини «Мерседес» гузашт. Парвина дар бари ронанда нишаста буд. Аз ин Фаридун ҳайрон шуд. Якбора дилашро чизе фишурд, рашкаш бедор шуд. «Савори мошин асту мегўяд, ки аз истгоҳ ба маршрутка савор мешавад. Чаро маро мефиребад Парвина?», ба худ суол мекард, Фаридун. Аз ин оташи рашкаш аланга гирифта, ғазабаш омад. Дар як лаҳза олам барояш тор гардид. Парвина ҳам барояш чун маҳбубаи пешинаш хиёнаткор намуд. Ҳамидаро Фаридун аз овони донишҷўиаш дўст медошт. Онҳо ба ҳам аҳди муҳаббат баста буданд. Фаридун дар тараддуди издивоҷ буд. Вале Ҳамида ногаҳонӣ ба як нафар бизнесмени эронӣ издивоҷ карда, ба Амрико рафт. Пас аз ин эътимоди Фаридун аз духтарон баргашт. Ў дигар дар фикри муҳаббати самимиву беолоиш набуд. Вале ишқ берун аз хоҳиши инсон аст.
Аввали сол дар маҷлиси фаъолони маорифи шаҳри Душанбе дар бари Фаридун духтари мавзунқомати чеҳракушоди зебое нишаста буд. Ў ба духтар як нимнигоҳе карда, газетаи «Омўзгор»-ро, ки ба иштирокчиёни маҷлис дода буданд, ба мутолиа шурўъ намуд. Маҷлис бояд соати 9 оғоз мешуд, вале масъулин ифтитоҳи ҷаласаро ба таъхир мемонданд. Дар толори хунук ҳозирин дандон ба дандон монда, менишастанд.
— Соат кайҳо аз 9 гузаштааст, чаро сар намекунанд?- беихтиёр суол кард духтар ба Фаридун.
— Вазирро интизоранд,- бадеҳатан гуфт Фаридун ба духтар эътибор надода.
-Барои вазир ин 500 нафар муаллимон ях кунанд? Кай мансабдорони мо эҳтиром кардани зердастонашонро меомўхта бошанд?!- ба тундӣ гуфт духтар.
Ин сухан таваҷҷўҳи Фаридунро нисбат ба духтар зиёд кард: — Шумо наметарсед, ки вазиратонро танқид мекунед?- пурсон шуд ў аз духтар.
— Аз чӣ тарсам? Ман ҳақиқатро гуфта истодаам. «Офтобро бо доман пўшида намешавад», мегўянд. Гирад, корашро мегирад. Ҷонамро намегирад-ку? Барои ҳамин коре, ки ба маошаш гурба ба офтоб намебарояд, тарсида гардам?
— Наметарсида бошед, ҷаласаро тарк мекунем ва ба қаҳвахонаи наздиктарин рафта қаҳва нўшида гарм мешавем, пешниҳоди ногаҳонӣ кард Фаридун.
— Чаро не?
— Пас бирафтем.
Ҳамин тавр Фаридун бо Парвина, ки дар литсей муаллимаи риёзӣ буд, шинос шуд. Парвина духтари китобхондаи доно буд ва ба як дидан мақбули Фаридун гашт. Онҳо бо ҳам риштаи дўстӣ бастанд. Тез-тез ба мулоқоти якдигар меомаданд. Аз мулоқот то ба мулоқот муҳаббати Парвина дар дили Фаридун афзун мешуд. Ў, ки аз духтарон дилмонда шуда, оташи ишқро дар дилаш кушта буд, аз нав ошиқ гардида, худро хушбахттарин шахси дунё мешумурд.
Фаридун ин ҳамаро ба ёд оварда, бовар намекард, ки Парвина ҳам муҳаббати ўро зери по кардааст. Вале ў худ бо чашми сар дид, ки Парвина бо мошини «Мерседес» аз наздаш гузашт. Фаридун ин ҳамаро таҳлил карда, хун ба сараш зад, аз ғазаб намедонист чӣ кор кунад? Аз паси Парвина ба хонаашон равад ва ба чашмонаш нигариста «ҳайфи ту» гўяд. На, агар интихоби Парвина ҳамин бошад, чаро ба ў монеъ шавад?! Охир, муҳаббат маҷбурӣ нест!
Кушода шудани дари пеши мошин Фаридунро аз банди хаёл берун кард. Парвина бо як лабханди ба худ хос ба мошин нишаста гуфт:- Рашк кардед, рафиқ ошиқ!
-Не, чаро?
-Аз чеҳраатон маълум, ки дар оташи рашк сўхта истодаед.
-Донед, пас чаро оташро аланга мезанед?
— Рашк накунед, «Аввал пурсиш, баъд кушиш», гуфтаанд. Ман бо ҳамсабақам Фотима аз дарс баромада, ба шумо занг задам. Шумо гўширо набардоштед. Вакте ки шумо занг задед, мо пиёда ба сўи бозори Шоҳмансур рафта истода будем. Хуб намебуд, ки Фотимаро танҳо монда аз роҳам баргардам. Вай ба бозор даромад. Ман роҳамро идома медодам, ки писархолаам Орифшоҳро дидам. Ў харид карда, аз бозор баромада буд. Чанд вақт боз ўро надида будам. Баъди салому ҳолпурсӣ вай пурсид, ки куҷо меравам. Гуфтам ба истгоҳи «Ватан». Орифшоҳ ба ҳолу ҷонам намонда, ба мошинаш савор кард ва то ин истгоҳ овард. Ана ҳамин аст, қиссаи «Мерседес» савор шуданам. Ман гунаҳкорам пеши шумо. Ваъда медиҳам, ки ин гуноҳамро худи ҳозир мешўям.
-Таллофии гуноҳро чӣ хел мешўед?
— Шуморо худи ҳозир ба қаҳвахонаи соҳили рўди Варзоб бурда зиёфат медиҳам.
— Пулатон мерасад?
— Имрўз маош гирифтам. Барои қаҳванўшӣ мерасад, — шўхиомез гуфт Парвина ва афзуд: — Чӣ карахт мондед, рафиқ ошиқ? Рафтем.
Фаридун як оҳи сабук кашид, санги вазнини рашк аз бағалаш афтид. Ў мошинро ба ҳаракат даровард.

19 июни соли 2008.

Реклама

5 комментариев

  1. Posted by Daler John on Февраль 22, 2010 at 3:01 пп

    Эх… устод кош хама духтрон баъд аз ба мошини хешу табор савор шудан писаронро ба кахвахона баранд… месузонад-да Парвина!

    Ответить

  2. Posted by ijodiman on Февраль 24, 2010 at 1:22 пп

    Чизи хуб устод!!!! Э…кош тамоми духтарон баъд аз ба мошини хешу табор нишастан моро ба кахвахона мебурданд!!!!

    Ответить

  3. Posted by cамак on Апрель 9, 2010 at 10:09 дп

    Устод чи зи хуб аст, вале ман бо боварии комил мегуям, ки ин матлаби шумо мисли ишки деромда аст ва ин кахрамон боз худатон.
    оличаноб аммо духтарро тухми шайтон мегуфтаанд рост бо як кахва фаридуни аз рашк сухтаро ором карда тавонист!!!!!!!!!!!!!

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: