МАРГ ВА ИНСОФ


Ҷовид Муқим Ҳикоя

Хабари шум зуд паҳн шуд. Ҳамагон аз кушта шудани Зариф дар Русия ҳарф мезаданд: «Зарифро тоссарҳо куштаанд», мегуфт яке. «Не, вай аз чеченҳо қарздор будааст, онҳо куштаанд», мегуфт дуввумӣ. «Худи тоҷикҳо куштаанд», мегуфт дигаре. Аниқ он буд, ки Зариф кушта шудааст ва ҷасади ӯро бародари хурдиаш Салим пас аз як ҳафта меовардааст. Инак, ҳафтаест, ки хонаи Зариф мотамсаро аст. Хешу табор, ёру дӯстон барои ҳамдардӣ меоянд ва қиссаи кушта шудани соҳиби хонадон аз даҳон ба даҳон гузашта, обу ранги тоза мегирад.
Субҳи содиқ дари хонаи Зарифро марде кӯфт. Духтари кенҷагии соҳибхонадон Шарофат, ки дар синфи ҳаштум таҳсил мекард, аз хона ба берун баромада дар рӯи ҳавлӣ марди паканаи сиёҳҷурдаи ношиносро дид, ки ба ҷинҳои дар мултфилмҳо дидааш монанд буд.
— Амак, ба меҳмонхона дароед, бобом он ҷо,- гуфт Шарофат ба он гумон, ки ин мард барои тасаллият омадааст.
— Не, ман ба хона намедароям, очаатро ҷеғ зан, — гуфт мард.
-Ҳозир,- гуфт Шарофат ва ба хона даромада модарашро даъват кард: -Оча, шуморо як мардак ҷеғ дорад.
Завҷаи Зарифро мард дида гуфт: — Хоҳар, ман барои гирифтани як амонатам омадам. Се сол пеш Зариф аз ман як баллони «ЗИЛ» гирифта, гуфта буд, ки ба ҷояш баъдтар баллони нав харида медиҳам. Омадам, ки баллони ваъдагиро пас гирам.
Соҳибхоназан аз ин ошуфта гардид ва базӯр гиряашро фурӯ нишонда гуфт: -Ман ин хел чизҳоро сарфаҳм намеравам. Қобилро ҷеғ мезанам, бо шумо сӯҳбат мекунад.
Қобил, ҷияни ятимондаи шавҳараш дар ҳамин хонадон калон шуда, дар ҳамин ҳавлӣ дар хонаи алоҳида бо аҳли оилааш зиндагӣ мекард. Зариф ва се бародари дигараш 15 сол мешуд, ки пайваста дар Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданд. Ҳамин буд, ки Қобил ягона марди хонадон ҳисоб мешуд ва ҳамаи корҳои мардонаи оила ба дӯши ӯ буд. Ҳоло аз субҳ ӯ дар меҳмонхона нишаста буд, то ба меҳмонони барои тасаллият омада хизмат расонад.
Қобилҷон ба даъвати янгааш ба рӯи ҳавлӣ баромада, Ҳомид Ҷӯгиро, ки дар деҳаи хамсоя зиндагӣ мекард, дид.
-Ако, биёед,- ба хона даъват кард меҳмонро Қобил.
-Не, ҳамин ҷо мегӯям гапамро. Се сол пеш амакат Зариф аз ман як баллони мошини «ЗИЛ» гирифта, гуфта буд, ки ба ҷояш баъдтар баллони нав харида медиҳам. Омадам, ки ҳамон баллони ваъдагиро пас гирам.
Қабил аз ин суханони меҳмон моту маҳбут шуда, намедонист чӣ посух гӯяд, вале пас аз лаҳзае худро ба даст гирифта гуфт:
-Ман намедонам, ки амакам аз шумо чӣ гирифтааст. Вале вақте ки шумо дар ҳамин рӯзи мусибат омадаед, ман ба шумо баллон медиҳам. Рафтем.
Қобил Ҳомид Ҷӯгиро ба саҳни хонаи худ бурд. Он ҷо мошини «ЗИЛ»-и Қобил меистод. Ӯ аз бордони мошин калиди 27-ро гирифта, баллони эҳтиётиро, ки нав буд, кушода ба Ҳомид Ҷӯгӣ дод: -Ҳамин баллон мешавад?
— Меша,- гуфт ӯ ва баллонро ғелонда аз ҳавлӣ баровард.
Хайрулло савори мошини «Москвич» аз кори басти шабона ба хона бармегашт. Ӯ дар роҳ мардеро дид, ки баллонеро ғел дода ба сӯи деҳа меомад. Деҳаи Арчазор, дар доманакӯҳ ҷойгир буда, то ба он ҷо баллонро ғелонда баровардани шахс дар гумон буд. Вақте ки сабукрав наздик шуд, Хайрулло ҳамсояааш Ҳомид Ҷӯгиро дид, ки баллонро ғел медод. Ӯ мошинро нигоҳ дошт.
— Саҳар кати, баллон меғелонӣ? Мошин-ку надорӣ, баллонро чӣ кор мекунӣ? -пас аз салому ҳолпурсӣ суолборон кард, Хайрулло.
— Баллонро бор кунем, баъд қисса мекунам, -гуфт Ҳомид Ҷӯгӣ баллонро ба бордони болои мошин монданӣ шуда. Зӯри як худи ӯ намерасид. Хайрулло ба ӯ кӯмак кард, то ки баллонро болои мошин гузоранд. Хайрулло банде аз бормонаки мошин гирифта баллонро баст, то аз болои мошин наафтад.
Ҳомид Ҷӯгӣ дар бари Хайрулло нишаст ва мошин ба ҳаракат даромад.
— Зарифро медонӣ-а?
— Медонам, аз деҳаи Муллобоӣ. Шунидам, ки дар Русия куштаанд.
-Ҳа, ҳамон. Вай се сол пеш дар вақти механики колхоз буданам як баллони кӯҳнаи «ЗИЛ»-ро аз ман гирифта, ваъда дода буд, ба ҷояш навашро харида медиҳад. Насиб набудааст, куштанаш дар Россия. Рафта аз ҷиянаш баллони мошинашро кушода гирифтам. Ҳозир як баллон 200 доллар аст. 200 долларро кӣ медиҳад?!
-Мурдаро монда тутхӯрӣ кардам, гӯй.
-Дар вақташ ман ба Зариф ёрдам кардам. Аз мошини колхоз гирифта дода будам.
— Дигар колхоз нест ва ту механик ҳам нестӣ. Наход барои як баллони кӯҳна ту ба хонаи азодор рафта, гадоӣ кунӣ?! Барои зихнаву талбанда буданат «Ҷӯгӣ» лақаб карда буданат. Ту аз ин ҳам инсони пасттар будаӣ, гуфт Хайрулло ва мошинро боз дошт. Ӯ зуд аз мошин берун шуд ва дари мусофирро ба қаҳр кушода, аз гиребони Ҳодӣ Ҷӯгӣ гирифт: «Ҳе оната… Фаро тез. Садқаи некии мардум шавӣ», гуфта ӯро аз сабукрав ба берун кашид. Ӯ ҳамчунин баллонро аз болонишонаки мошин кушода ба сӯи нишебӣ ҷар кард. Вай чархзанон суръат гирифта ба канали беоб рафта афтид, ки аз он ҷо як нафар баллонро то роҳи мошин бароварданаш мушкил буд.
Хайрулло мошинашро ба роҳ дароварда, дар як лаҳза аз чашм дур шуд.
Хоҷа Оби Гарм, 10.08.2009.

Реклама

2 комментария

  1. Posted by Сохибёр on Июль 29, 2010 at 2:29 пп

    Ман хамин хел одами пастро мешиносам. Ин чуги акнун марги ронандаро интизор мешавад.

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: