РАИСШАВӢ АЗАЛИСТ


ПАМФЛЕТ

— Бародар, бисёр худро абгор накунед, чархи гардун гуфтаанд: як рўз болои зин, рўзи дигар зин ба пушт. Дунё гузарон аст. ҳар чӣ ба сари фарзанди инсон ояд, бигзарад. Замона гар бо ту насозад, ту бо он бисоз.
-Бале, гапатон росту… Вале то ба кай?
-Ин фикрро аз сар дур кунед. — Нангу номус мегўед-мӣ? Таҳқир кард. -ҳеҷ гап не, сари хамро шамшер набуридааст. Барои ҳамин раис шуданӣ, шумо. Яъне, раис шуда, ниқор гирифтанӣ-мӣ. ҷавонмард ин хел нашудааст. Ин оини ҷавонмардӣ не. -Ман кайҳо ҷавонмард не. Мўйсафед шудагӣ- мегўед-мӣ? Марди ҳақиқӣ мард мемонад, агар садсола шавад ҳам. Билохира шумо интеллигент-ку. Мисли дигарон аз пеши рама наомадаед-ку.
-Сониян, зўри беҳуда миён бишканад,-гуфтаанд. Беҳуда зўр назанед. ҳар кас раис намешавад. Раисшавӣ азалист. Бовар накунед, як ин сў, он сў нигоҳ кунед, киҳо раис шудагӣ. Раиси хоҷагии “Ҳақиқат” Раҳими шофир кӣ буд? Як шофири бе мошин. Ягон шофир ба рухсатӣ равад, ба вай мошин мерасид. Набошад, саланг-саланг мегашт дар автобаза.
— Боевик шуд, автомат дошт -мегўед. Дар ин ҷанг кӣ ба даст силоҳ нагирифтааст? Тирмизаки дирўза, ки аз биниаш кашӣ, ҷонаш мебарояд, автоматбадаст шуда буд. Агар ҳар яки онҳо талаби курсии раисӣ мекарданд, биллоҳ, ки то имрўз оромӣ намешуд. Биёед он рўзҳои наҳсро ба ёд наорем.
-Аҳмади буғгалтерро медонед-а? Вай ҳам боевик, ҳатто сардори штаб буд. 20 сол дар колхоз кор карда, чашми корро медонист. Раис намонданд-ку вайро. Ба ҷояш ба хоҷагии навташкил Самади ошпазро раис монданд. Тақдиру насиб гуфтаанд. Даҳ сол пеш кӣ ба гўшаи хаёлаш меовард, ки Раҳими шофиру Самади ошпаз баринҳо раис мешаванд? ҳатто худи онҳо чунин курсии мансабро орзу ҳам намекарданд.
-Раҳими шофира падараш раис гузаштагӣ- мегўед-мӣ. Ҳакими бангӣ солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, вақте ки мардҳо дар фронт буданд, раиси колхоз буд. Вай аз се зан 12 писар дорад. Инро бинед, ки аз ҳамин қадар фарзанд, писари хурдиаш раис шуд. Мансаби раисӣ меросӣ нест. Агар меросӣ мебуд, писари калонии Ҳаким бангӣ-Шарафҷон, ки бофарҳангу маълумотдор аст, раис мешуд.
-Салом надод. Алам кард- мегўед-ми? Хайр, салом накардаст, накардаст. Осмон омада ба замин наафтодааст-ку. Ба ман ҳам ҳоло баъзе дўстон салом намегўянд, ё ки бинанд худро нодида мегиранд. Намурдаам, гаштаам-ку. Ба дил намегирам. Дунё ҳамин аст. Тақозои замон, тақозои иқтисоди бозорӣ ҳамин аст. Бе пул касе саломатро алек намегирад. Агар пеш аз даҳ дўст якеаш, ҷўраи нонӣ бошад, ҳоло баръакс аз даҳ нафар яке дўсти ҷонист.
-Дар назди шогирдон шарманда кард,- мегўед-мӣ? Дар вақташ дуруст тарбия накардаед. Айби худатон. -Як торсакӣ зада будам- мегўед. Кам-да, шогирди бадахлоқи духонро даҳ торсакӣ мезананд. Аз гўшҳояш дар тахтаи синф кашол мекунанд, мисли муаллим Зулфонов.
-Гову мол, мошинро фурўхта харҷи мансаб мекунам- мегўед? Маслиҳат намедиҳам. Ин фикратон хом. Сафари Абдураҳмонро медонед-а? Одами арзанда: инсони хуб, шахси бомаълумот, босавод, серпул. Фирма дорад. Солҳои пеш дар вазифаҳои калон кор кардагӣ, райком буд. Чӣ қадар даву ғеч кард. Нашуд, намонданд. Агар дар тақдиру насибат набошад, на кисаи серпул кўмак мекунаду на тағо. Мардак ду сол давид. Беҳуда. Билохира, ба тақдир тан дода, депутат шуд.
-Аз райъатон гардед, муаллим. Шумо мансабталош набудед-ку. Ба шунидам, борҳо аз курсии мудири маориф даст кашидаед. Ҳатто ба директори мактаб таъин карданашон ҳам розӣ набудед. -Супориши партиявӣ -гуфтанд, ноилоҷ розӣ шудед. Ё дар давраи пирӣ хартозӣ карданиед? Одама фаҳмида намешудаст. Одами дупа дурусту якбора орзуи мансаб мекунад-а?
-Муаллим, шумо як одами босавод. Маълумоти олӣ доред, боз партшкол хондагӣ. Ба шумо мансаб чӣ даркор? Мансаб чун ҳамён аст. Гаҳе пуру гаҳе тиҳӣ. Ин тоифа имрўз раисанд, пагоҳ бекор. Яъне, гаҳе болои зину гаҳе зин бар пушт.
-Таҳқир шунидед, шунидед-да. Барои ҳамин ҳам одам раис мешудааст-мӣ? Маро ҳар рўз даҳ бор таҳқир мекунанд. Барои ҳамин як чизи ноарзанда сарамро ба дард монда, ман ҳам раис шавам-мӣ? Ман ба ин хел майда чуйдаҳо эътибор намедиҳам. Ҳар вақте ки гапи хўҷаин бо занаш ё хушдоманаш гурехт, саҳар моро ба кабинеташ даъват карда, «алами Исоро аз Мўсо» мегирад. «Чаро планро иҷро накардед»- гуфта ба сари мо, мудирони шўъбаҳо чормағз мешиканад. Ҳатто дашном медиҳад. Ҳама хомўш сар намебардорем. Вақте ки назди ман омад- ХОП ако, бубахшед -мегўям даст ба таъзим оварда. Аз ин гуфтаҳои ман хурсанд шуда аз аспи ҷаҳл мефарояд калони калон.
-ХОП-ро медонеда? Э, чӣ хел шумо партшкол хондагӣ. Ин ихтисораи русӣ. Акнун фаҳмидед?
— Ба шумо як маслиҳат медиҳам, барои таҳқирро бе ҷавоб намондан. Нақл мекунанд, ки як мўзадӯзи яҳудии ҳатулкор будааст. Вақте ки ўро мизоғ барои кори бадсифаташ сарзаниш мекардааст ва ё дашномаш медодааст, дар ҷавоб лабханде карда, -саҳар гуфтагиам- мегуфтааст.
Рўзе яҳудии дигар ин ҳолро дида, мепурсад: -Саҳар чӣ мегўӣ?
— ҳар субҳ пеш аз хона баромадан,- модари дашномдеҳро фалон кунам- гуфта, аз дар берун мешавам.
-Ба шумо мегўям, раисшавӣ азалист. Агар дар тақдиру насибатон бошад, як рўз не, як рўз раис мешавед. Агар не, ҷони худро дар азоб монда, ғам нахўред. Беҳуда курсии раисиро орзу ҳам накунед. Ба худододагон ситеза макун, ки ба онҳо Худо додааст,-гуфтаанд.

Ҷовид Муқим

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: