ОИНИ МАНСАБДОРӢ


ОИНИ МАНСАБДОРӢ
ПАМФЛЕТ

Дар љомеаи мо мансабхоњон зиёданд, вале на њамаи мансабталошон оини мансабдориро медонанд. Бинобар ин тасмим гирифтем, ки ба навулмансабхоњон чанд маслињати бепул бидињем.
Аввалан, бародарони азиз, бидонед, мансаб зинаи баландест, ки баромаданаш мушкилу афтиданаш осон. Ва аз он афтодагон на њамашон љон ба саломат мебаранд. Аксарашон баъди афтидан хун бар сарашон мезанаду ба дунёи фонї рењлат мекунанд ва ё якумр маъюби дараљаи аввал мемонанд. Танњо њамонњое зинда мемонанд, ки њоло ба мансаб одат накардаанд ва ё ба ќавли шоир «аз ин олам нестанд». Инро собиќадорон хуб медонанд ва барои њамин њам ба курсии мансаб чунон мечаспанд, ки гўё ширеши «Момент» карда бошанд. Љон ширин аст. Барои њамин њам оѓўши зављаашонро сар медињанду оѓўши курсиро не. Ман ин гуфтањои худро бо мисоли мушаххас собит намекунам, зеро њар яки шумо инро њамарўза дар воќеият мебинед.
Мансаб, ки хоњед, аввал сару либосатонро дуруст кунед. Зеро одаму либос, хонаву палос гуфтаанд. Мардуми мо зоњирпарастанд. Ба шахс аз рўи либосаш бањо медињанд. Ба костюм пўшидану галстукро таранг баста гаштан одат намоед. Зинњор бо шиму кастюм тоќї напўшед. Кулоњ пўшед. Кулоњ пўшед, ки њаваси кас ояд. Кулоњ ин салобат, нишонаи мартабаи шумост. Кулоњро ба сар чун собиќ котибони райком монед, ки њам тарсанду њам эњтиром кунанд. Вале кулоњро каљ гузошта аз худ наравед. Бењуда Њофизи ширинсухан дар асри 14, яъне ќариб 650 сол пеш таъкид накардааст:
На њар кї тарфи кулањ каљ нињоду тунд нишаст,
Кулоњдориву оини сарварї донад.
Шиму костюм ва кулоњ, ки пўшидед, бояд дар пой њатман туфлї дошта бошед. Новобаста ба фасли сол, новобаста ба гармиву сардии њаво туфлї пўшед. Поям хунук мехўрад ва ё гарм мешавад, гуфта онро аз пой накашед. Агар дар чиллаи зимистон поятон аз хунукї кабуд шаваду дар саратони тобистон аз гармї араќ карда, бўи нохуш барорад њам, туфлиро накашед. Бародарон, мансаб, ки хоњед, ба гармиву сардї тоќат кардан даркор. Ќариб фаромўш кардаам, боз мабодо бо шиму костюм, галстуку кулоњ ба по кетї ё крассовка напўшед. Баъзе навулмансабони маълумоти олидор -ин крассовкаи хориљї — «Адидас» -гуфта, мепўшанд. Вале шумо зинњор ба онњо пайравї накунед, ки ин аз рўи одоби либоспўшии мансабдор нест.
Мансаб ин вазифа аст. Вазифае, ки чанд нафар (дањ, сад, њазор, дањ њазор ва аз ин зиёд нафарон) тобеи мансабдор аст. Аз ин рў, бо гирифтани вазифа аввал зердастонро интихоб намоед. Якум, котибаатонро дигар кунед. Новобаста ба синну солатон, ќаду ќомататон котибаи љавони мўрчамиёни зебоандоми ширинзабони босавод гиред. Зеро вай симои коргоњатон мешавад. Њар касе, ки ба идораатон ояд, аввал ўро мебинад ва њалли бисёр мушкилот ба вай вобаста хоњад шуд. Албатта, ба маоши ночизи имрўза ин хел духтаракон котиба намешаванд. Вале шумо илољашро ёбед: Вайро аз рўи штат котиба нею муњандис ё муњосиб (маоши кадомаш зиёд бошад) гиред ва боз њар моњ аз њисоби худатон мукофотпулї доданро њам фаромўш накунед.
Дуввум, муовинонатонро чунон интихоб кунед, ки аз шумо босаводу мањмадоно набошанд. Муовини якуму дуюм њар ќадар бесаводу бемаданият бошанд, њамон ќадар эњтимолияти љойнишини шумо шуданашон камтар мешавад. Албатта, идора бе одами босавод намешавад. Кї њисобот менависад, кї мукотибаи идораро ба роњ мемонад. Барои њамин њам муовини сеюм ё сардори ягон шўъба бояд шахси босаводу фурўтан бошад. Лекин дар ѓайбатон зинњор вайро босавод гуфта, иљрокунандаи вазифаатон таъин накунед. Маззаи вазифаро чашад, дигар ба осонї курсиатонро намедињад. Ба маљлисњои вазорат њам ўро нафиристед. Агар дар боло фањманд, ки дар идораатон чунин шахси арзанда њаст, бо мансабатон хайрбод гўед њам, мешавад. Умуман, кўшиш кунед, ки ба маљлису нишастњои зарурї бо иштироки калонњо танњо худатон равед.
Худатон медонед, ки вазифа бе мошини сабукрави хидматї ва мошин бе шофир намешавад. Интихоби шофир њам яке аз рукнњои мансабдорист. Шофирро ба ќаду ќомати худ мувофиќ гиред. Шофир бояд чун шофир фарќ карда истад. Наќл мекунанд, ки як раиси колхоз ба зиёфате ба ноњияи њамсоя даъват мешавад. Шофиру раис либоси якхела доштаанд. Азбаски раис нољинсу шофир китфвасеи болобаланд будааст, шофирро раис гуфта, болонишин мекунанд. Шофир бояд ду-се гардан поён бошад. Сирри раисро кї медонад? Албатта, шофиру котиба. Котиба сирри идораро медонад. Шофир бошад, аз њар як ќадами шумо бохабар. Барои њамин њам шофире гиред, ки дањонаш њамеша пуробу «шутури сафед»-ро намедида бошад. Шофир гунгу кар бошад, боз бењтар.
Мансаб аз мансаб бо чї фарќ мекунад? Албатта, бо калониву хурдиаш, серравѓану камравѓаниаш. Вале салобати курсии мансаб аз мансабдор вобаста аст. Масалан, шумо борњо дидаед, ки салобати раиси ким-кадом идорача ба салобати вазир баробар ва њатто болотар аст. Кабинети чунин раисчањоро бинед, аз ќабулгоњи вузаро камї надорад. Кабинети онњо аз якчанд њуљра — пазирої, кор, истироњат (хоб), ошхўрї ва ташноб иборат аст. Шумо њам мансаб ки гирифтед, зуд аз паи љињозонидани кабинетатон шавед. Бењтарин мебел, телефону факс, телевизор, видеомагнитафон комютери нав (бигзор зердастонатон дар компютерњои кўњна азоб кашидан гиранд), яхдон ва ѓайраву њоказоро дар кабинетатон монед. Ороиши кабинет салобати мансабдорро ба маротиб боло мекунад. Бинобар ин фаршу деворњои кабинет бояд бо ќолину ќолинчањо ороиш ёфта бошад. Ба вижа, агар дар деворњои кабинет ќолинчањо бо акси шуарои классикамон ва чанд абёташон овезон бошанд, дар пеши бинанда шуморо чун шахси бофарњанг муаррифї мекунанд. Болои мизатон бояд њељ гоњ холї набошад. Маљаллаву китобњои гуногуни соњавї (агар бо забони англисї бошад, боз бењтар) бояд болои мизатонро оро дињад. Чизе нахонеду нанависед њам, чунон вонамуд кунед, ки машѓули коред ва акнун ба хотири он шахс сар аз коѓазњо бардоштаед. Компютератон бояд доим гирон бошад. Агар дар он кор карданро надонед ва ё умуман он лозим набошд њам, хомўш накунед. Вай як рафиќи беминнат аст. Аз бекорї рўзи дароз чї кор мекунед? Бо ин рафиќатон шоњмот бозї карда мешинед-да. Боз компютер бозињои аљиб њам дорад, ки метавонед мувофиќи завќатон истифода баред.
Ногуфта намонад, ки мансаб муоширати худро низ дорад. Ваќте мансаб гирифтед, вобаста ба шахс, мавќеи вай дар љомеа муошират кунед. Саломи њар касро алейк нагиред ва ба њар кас салом надињед. Ба мансадори аз худ калон њамеша аввал ва бо таъзим салом дињед. Саломи мансабдори ба худ баробарро бо виќор алейк гиред. Бо зердастон њаргиз дастакї салом накунед.
Бо корафдодагон низ вобаста ба мавќеъ ва нафъашон муносибат кунед. Кори дар як рўз иљро мешударо се рўз кашол дињед, то донанд, ки чї кори бузургеро барояшон анљом додаед. Агар «одами дуруст» набошад, яъне «одамгарї» накунад, бо њар бањона корашро иљро накунед. Баъзењо чунон шилќин мешаванд, ки ба идора омада безор мекунанд ва ё аз занги телефонашон гўш кар мешавад. Котибаатон бояд дар ин њолатњо гўяд, ки шумо њузур надоред ва намедонад, ки кай аз вазорат меоед. Агар бисёр одами шилќин бошад, дари њуљраи кориро нимроѓ монда, худ ба хонаи истироњат гузаред. Вай курсии холии шуморо дида, ба набуданатон бовар мекунад. Агар телефон карда, гаранг кунанд, котиба гўяд, ки шумо маљлис доред. Бори дигар занг занад, гўяд, ки худи њозир баромада ба вазорат рафтед. Агар боз шилќинї кунад, котиба гўяд, ки ба дигар љо афтодед ва гўшаки телефонро бардошта монад. Воќеан, барои он ки њар касу нокас ба шумо занг зада ваќти пурќимати кориатонро нагиранд, ба кабинетатон якчанд хати телефон гузаронед. Барои њар хат аппарати гуногунранг васл кунед. Аппарати сурхро ба хати калони калон васл намоед ва онро дар њамаи њуљрањои кабинетатон гузаронед. Дар куљо ва дар кадом њолате, ки набошед, бояд онро ба зудї бардоред, вагарна бе мансаб монданатон аниќ. Телефони сабз барои ашхоси сарачини хеле наздик. Телефони сафед барои корњои хизматї ва билохира, телефони сиёњ барои авом. Онро хоњед мебардоред, нахоњед не.
Агар ин чанд маслињатеро, ки бароятон гуфтам, иљро кунед, шуморо ягон кас бо булдозер њам аз курсии мансаб афдонда наметавонад.

Љовид Муќим.

Реклама

2 комментария

  1. Барои мардхо-ку фахмо, аммо ба занхо чи мегуфтед?

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: