ҶОНИ НОДОН ДАР АЗОБ


ПАМФЛЕТ

Нодонҳо барои мардикорӣ ба Русия мераванд. Барои моҳонае, ки ҳеҷ як майзадаи рус кор намекунад, тоҷики мо ғуломӣ мекунад. Дар бораи таҳқир ва лату кўби хоҷаҳо ҳоҷати гап ҳам нест, аксари тоҷикистониён дар ғурбат буданду инро медонанд. Ҳамон маоше, ки дар Русия бо сад азоб кор мекунӣ, дар Тоҷикистон ба қавле «оби шикамро наҷунбонда» ёфтан мумкин аст. Фақат калларо кор фармудан даркор. Барои пулёбӣ аз субҳи солеҳ то шоми торик деворзанӣ нашояд. Ё ин ки дар бозори «Корвон» аробакашӣ кардан ҳам лозим нест. Андаке мағзи таги тоқиатонро ҷунбонед, садҳо роҳи пулёбиро фикр карда мебароред, ки барои ин кашфиётатон ба мукофоти Нобел пешниҳод кунанд, ҳам кам аст. Агар мағзи таги тоқии чустиатон наҷунбад, ман чанд роҳи оддии пулёбиро мегўям. Бепул, ҳамчун хайрия албатта.
Агар дар хона хати телефон дошта бошед, онро ба кўча бароварда болои миз гузоред ва ба бизнес шурўъ кунед: Арзиши як занг то се дақиқа 20 дирам, баъди се дақика 50 дирам. Пои мизоҷон аз назди мизи шумо канда намешавад. Агар мабодо шумораи онҳо кам шавад, телефонисти маҳалларо ёфта ба дасташ якто панҷсомониро қаппонед ва бо ў шартномаи шифоҳӣ бандед, ки тўли ҳафта кори мураттаби телефонҳои гирду атрофро ба низом дароварда истад. Яъне, чунон кунад, ки телефонҳои маҳалла шабона занг зананду рўзона садояшон набарояд. Дар ин ҳол мизоҷони телефони шумо кам нахоҳад шуд. Ҳа, гуфта монам, шарт нест, ки худатон, ё ин ки янгамулло телефонро қаровулӣ кунед. Писарчаи хурдиатонро, ки ба боғча меравад, кассир монед, мешавад. Дигар кўрбарзангиҳои силоҳбадаст нестанд. Мардум боинсоф шудагӣ. Хизматпулии телефонро медиҳанд. Барои беҳтар кардани хизматрасонӣ болои миз сақичу шоколад ва сигор монда фурўшед, даромадатон бештар мешавад. Агар дар гармии саратон нўшобаю чолоби ях барин хунук ва яхмос пешниҳод кунеду дар сардии зимистон садто-садто, нуран алонур мешавад.
Агар дар назди хонаатон андаке ҷои холӣ бошад, як мизи саққобозӣ харида, он ҷо монед. Барои як соати бозӣ сари касе як сомонӣ муқаррар кунед. Ҳоло саққобозӣ дар Тоҷикистон мўд шудагӣ, шумораи мизоҷон кам намешавад. Махсусан, ҷавонону наврасон бисёр ҷазбманди саққозанианд. Ҷавонони маҳаллаатон, ки аз бекорӣ саланг-саланг мегарданд, гирди мизи саққобозии шумо парвона мешаванд. Шумо бо ин кори хайр савоби волидони онҳо, билохир савоби ҷомеаро мегиред. Зеро ҷавонони бекор нерўи рустамонаи худро намедонанд куҷо сарф бикунанд. Аз саҳар то як поси шаб саққо зада чунон монда мешаванд онҳо, ки дигар дар маҳалла ягон нафар авбошӣ намекунад ва теъдоди ҷинояткорӣ паст меравад.
Ба мизи саққобозӣ писари калонӣ, ё миёнаатонро, ки дар мактаб мехонад, кассир монед. Агар синфи нўҳумро хатм карда бошад, ҳамин мизи саққобозӣ ҳаққи ҳалоли ўст. Дигар ба ў хондан чӣ даркор? Хоҳ-нохоҳ баъди маълумот гирифтан бекор мемонад ва боз ба сари ҳамин миз бармегардад. Агар писаронатон дар синфҳои поёнӣ таҳсил кунанд, бигзор мактабравиро навбат карда, сари мизи саққобозӣ қаровул истанд. Агар ҳамагӣ як писари мактабхон дошта бошед, писари ҳамсояро барои навбатистӣ киро кунед. Хоҳ-нохоҳ аз мактабравии онҳо фоида нест. Ҳозир муаллимон бахил шудагӣ, иқтисоди бозорӣ гуфта, бепул чизе ёд намедиҳанд. Беҳуда умри бача дар мактаб зоеъ мегузарад. Беҳтараш, онҳо дар гирди мизи саққобозӣ мактаби зиндагиро гузаранд.
Акнун ба шумову янгамулло фақат пулҳисобкунӣ мемонад. Бегоҳиҳо, баъди анҷоми рўзи меҳнатӣ планро ҳисоб карда гиред, то ки дар дасти бачаҳо пули бисёр намонад. Пули бисёр бачаро вайрон мекунад. Вале барои ҳавасманд шудани онҳо плани ҳаррўзаи даромад муқаррар намоед. Масалан, барои телефону сақичфурўшӣ рўзе 5 сомонӣ, барои мизи саққобозӣ 10 сомонӣ. Маблағи аз ин зиёдаш ҳаққи ҳалоли онҳо. Ҳамин тавр шумо аз ин бизнеси хурдатон камаш рўзе 15 сомонӣ даромади соф мегиред. Чӣ бисёр? Рўзи худо бисёр. Дар як моҳ 450 сомонӣ мешавад. Магар ин кам аст? Дар Русия ин қадар пул кор намекунед.
Акнун чанд маслиҳати дигар барои шуғли худи шумо. Агар аз дастатон ояд, бо маъмурияти яке аз бозорҳои шаҳр ё ноҳия гапро пазонед. Яъне, гўед, ки роҳи давлатиро дар пеши бозор пулакӣ мекунам ва фоида арра. Худатон медонед, ки дар пеши бозор чӣ қадар мошин бисёр меистад. Як латтаи сурхро дар бозўятон баста, ишорачўби БДА-ро аз милиса амонат гиред (ё аз бозор навашро харед) ва «истгоҳ пулакӣ» гуфта, аз ронандаҳо 20 дирамӣ «малах» ҷамъ кардан гиред. Дар ин ҳол даромади рўзонаи шумо аз калонии бозор ва сермошинии роҳ вобаста аст. Вале ба ҳар ҳол рўзе аз 20 сомонӣ камтар пул намеёбед.
Агар корчаллоне аз шумо пешдастӣ карда, аллакай истгоҳро пулакӣ карда бошад, ғам нахўред, шуғли аз ин ҳам сердаромад ҳаст. Боз бо маъмурини бозор шартномаи корӣ(албатта, шифоҳӣ, хаттӣ бошад, маҷбуред андоз супоред. Давлат бесоҳиб нест!) бандед. Шарташ мисли пешина-фоида арра. Ҳамон бозубанди сурхатон ин ҷо боз ба кор меояд. Онро ба бозуи чапатон маҳкам бандед ва дар пеши дари асосии бозор истода аз харидороне, ки вориди бозор мешаванд, 10 дирамӣ вурудпулӣ гиред. 10 дирам барои харидор пул не. Касе эътироз намекунад. Вале барои шумо «қатра-қатра ҷамъ шавад, дарёҳо банд шавад», гуфтаанд. Бегоҳӣ даст ба киса бурда, мебинед, ки камаш баъди арра кардан 25 сомонии роҷеъулнақд мондааст. Аслан хуруҷпулӣ ҳам метавон ситонид, вале он мазза намекунад: баъди дар бозор харид кардан дар кисаи бештари мизоҷони мо як пули пучак ҳам намемонад.
Агар ин усулҳои пулкоркунӣ бароятон «кори сиёҳ» бошад, роҳи пешқадами «дастатонро ба оби хунук назада» пул ёфтанро мегўям. Барои ин бояд худатон галстукбанду кулоҳпўш ва ё завҷаатон мўйбуридаву доманпўш(миниюбка пўшад, боз беҳтар) бошад. Маро нодуруст нафаҳмед. Ман ба шумо ягон амали ғайриқонуниро маслиҳат намедиҳам. Шумо бояд раиси НПО, яъне ташкилоти ғайриҳукуматӣ(ТҒҲ) шавед. Пеш аз ҳама ба он мувофиқи самти фаъолияташ номи зебою дилчасп ва диққатҷалбкунанда ёбед. Масалан, ТҒҲ-и шумо вазифаи маърифатии пешгирии офати табииро ба дўш мегирад, барои он «Бонг», ё «Зангула» беҳтарин ном аст. Акнун барои қонунӣ шудани шуғлатон шумо бояд онро дар Вазорати адлия сабти ном кунед. Баъди сабти ном шудан барои ТҒҲ-атон дари муассисаҳои хайрияи молиявӣ боз мешавад. Газетаҳоро як варақ занед, ҳамаи кишварҳои хориҷӣ ба ТҒҲ грант медиҳанд. Фақат барои ин барномае бояд таҳия кунед(тўре танед), ки хориҷиён (ба доми фиреби шумо афтанд) ба он бовар кунанд. Дар барномаатон бояд зикр гардида бошад, ки шумо дар байни аҳолии деҳот, ки ба онҳо хатари офати табиӣ аз қабили фаромадани тарма, кўчидани ярч, омадани сел таҳдид мекунад, корҳои маърифатӣ мебаред. Яъне шумо онҳоро мефаҳмонед, ки дар чунин ҳолатҳо сандуқашонро кофта нашинанд, гову гўсола нагўянд, пеш аз ҳама ҷони худу фарзандонашонро ба саломат баранд, зеро моли дунё ёфт мешавад, бо кўмаки созмонҳои хайрия албатта. Бовар дорам, ки ин барномаатон мегузарад ва барои як сол соҳиби ду ё се ҳазор доллар грант мешавед. Боз «наметавонам» гуфта, аз ними роҳ нагардед. Ҳеҷ кас аз ишками модараш доно таваллуд шудагӣ не. Метавонед, мушкил не. Агар поятон кашад, барои номаш ягон бор ба ду се деҳаи гирду атроф рафта, дар мавзўи «Офатҳои табиӣ ва оқибатҳои он» бо мардум сўҳбат мекунед. Ҳа, гуфтагӣ барин справка гирифтанро бо имзову мўҳри раиси ҷамоа фаромўш накунед, ки барои ҳисоботи молиявиатон лозим мешавад. Ба ғайри ин дар ягон тарабхонаи арзоннархи шаҳр барои намояндагони деҳоти минтақаи хатарнок семинари амалӣ ташкил мекунед ва ба он ба ғайри ду се нафар намоянда, дигар хешу ақрабо ва ёру дўстонро даъват карда, зиёфат медиҳед. Бо ҳамин ба сари гранти ҷудошуда об мерезед. Яъне, агар дуруст ҳисобу китоб кунед, аз ду ҳазор доллар 500 доллараш харҷ шуда, боқӣ 1500 доллараш ба кисаатон медарояд. Агар ин кам бошад, барои соли оянда як барномаи воҳима мекунед ва гранти калонтар мегиред.
Агар хоҳед, ки янгамулло ҳам ду-се танга кор кунанд, барои он кас ҳам ягон ТҒҲ созмон диҳед. Беҳтараш самти фаъолияти ТҒҲ масоили зан ва оиларо дар бар гирад. Усули таъсиси он низ мисли гуфтаҳои болост, бинобар ин, ҳоҷат ба такрор нест. Фақат барномаи грантгирӣ дигар мешавад. Масалан, он метавонад мавзўи «Пешгирии зўроварии мардон нисбати занон» ва ё «Танзими оилаи тоҷик»-ро дар бар гирад. Ҳар ду ҳам барномаи актуалӣ аст. Хориҷиён ҳеҷ наметавонанд зани тоҷикро аз зўроварии шавҳарашон наҷот диҳанд ва ё ба кам зоидани вай мушарраф шаванд. Онҳо ин барномаи янгаро ба хушӣ мепазиранд ва камаш барои як сол се ҳазор доллар грант медиҳанд. Натарсед, янгамулло аз ўҳдаи ин кор бошарафона мебароянд. Ҳоло занҳои бешўю бева ва ҳатто бекўдак занони деҳотиро сабақи зиндагӣ омўхта истодаанду шумо мегўед, ки янга наметавонанд. Метавонанд, шукр он кас таҷрибаи ҳаёт дидаанд, чӣ будани зўрии шумо ва зоиши фарзандро медонанд. Ҳамааш хуб мешавад, фақат сар кардан даркор.
Барои шерак шуданатон яке аз роҳҳои пешгирии зўроварии мардонро гуфта медиҳам: Дар барномаатон пешниҳод кунед, ки мардҳо барои кор ба мўҳлати тўлонӣ ба хориҷа фиристода шаванд(аз он ҷо пул фиристанду худ наоянд). Шумо бо ин пешниҳод ба як тир ду нишон мезанед. Якум, аз набудани мардҳо занҳо зўрӣ намебинанд, дуюм, агар мард набошад, занҳо аз фариштаҳо таваллуд намекунанд-ку? Бо ин барномаатон проблемаи глобалии тоҷиконро майда-майда ҳал мекунед. Худатон медонед, ки проблемаи мазкур дар ду се сол ҳал намешавад, вақти тўлониро мехоҳад. Ана, ҳамин вақти тўлонӣ корди шумо (бо кўмаки янга албатта) болои равған хоҳад буд.
Роҳи пулёбӣ ин қадар осон будааст, чаро ақли худам нарасид, «ҷони нодон дар азоб» гуфта сар нахоред, зуд аз паи кор шавед, ки каси дигар шуморо пешдастӣ накунад. Дигар ба умеди ман нашавед. Ман дигар маслиҳати бепул намедиҳам. Грантпулӣ тамом шуд.

Ҷовид Муқим.

Реклама

2 комментария

  1. Posted by Кутбия on Январь 26, 2010 at 2:26 пп

    Маслихати хуб!!! Хатман аз пайи амал шудан даркор. РААфффффффТЕЕЕЕЕЕЕЕЕЕММММММ!!!!!!!

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: