ҲУНАРМАНД БОЯД БУД


Памфлет
— Следующий.
— Хуб, уко аз чӣ шикоят доред?
— Бедорхобӣ мекашам.
— Чӣ хел?
— Хобам намебарад.
— Тамоман?
— Қариб ки.
— Ҳа, барои ҳамин ҳам ба майзадаҳо монандед. Ман шуморо ягон алкаш барои табобат омадаст, гумон кардам.
Янгамулло ғам медодагистанд?
-Не, бечора баъди бозор оҳубарра барин хобаш мебарад.
-Ана барои ҳамин ҳам хобатон намебурдагист-да?
— Мо бандаи мусулмонем. Бегоҳи ҷумъаро ҳаргиз фаромўш намекунем. Салла мувофиқи ваъда дар мех аст.
— Дилатон месўзад?
— На ин ки дилам, балки ҷисму ҷонам месўзад.
-Ошиқ шудагистед-да.
-25 сол боз оиладорам. Ман куҷою ошиқӣ куҷо? Пир шудам.
— Чӣ оиладорон ошиқ намешаванд-ми? Ё ки гови пир кунҷола намехўрад? Патсиенти аз шумо пеш баромадагия дидед-а? Ана ҳамин мардак чорто зан дорад, охиронаш духтараки 16-сола. Як моҳ пеш гирифт. Мардигарӣ намонд, гуфта барои маслиҳат омадаст. Пурсуҷў кунам шабҳо худаш дар оғуши паричеҳраву ҳушу ёдаш ба бизнес: чӣ хел карда якро се кунам? Магар мард зани ҷавонро монда пулро фикр мекунад?
Балои ба паси вай. Барои маслиҳати муфид 100 долларашро гирифтам. Он тарафаш бигзор занаш зани ҳамсоя шавад, ба ман чӣ?
Хуб, бедорхобӣ мекашам, гўед. Худатон сиҳат-мӣ? Хўрдагӣ дарун меравад-мӣ?
— Аз иштиҳо шикоят надорам. Бошад мехўрам.
— Пас, чаро хоб намекунед?
— Ман барои инро фаҳмидан назди шумо омадам, духтур.
— О, ман барои ҳамин ҳам аз шумо мепурсам-да.
— Фикр мекунам.
— Ягон кашфиёти нав карданиед-чӣ?
— Ман физик не. Филолог ман.
— Нависанда-мӣ шумо?
— Не, муаллими донишгоҳ.
— Гуфтама, ошиқ шудагиед. Ягон студентка сўзонсодагист-а?
-Ман куҷою студенткаҳо куҷо. Оилаи худамро хўронда наметавонаму…
— Ҳа, ҳа. Зиндагӣ пачақ кард, гўед. О ҳаминро барвақттар гўед намешавад? Ним соат боз вақти пурқимати маро гирифта шаф-шаф карда истодаед. Одатан муаллимҳо худашон серҷоғ. Шумо дотсент-а?
— Ҳа.
— Ягон 300 сомонӣ мегирифтагистед? Боз аз нўги хамир фатир ҳам мешудагист?
— Маоши буҷавиам 16 сомонӣ буд. Аз соли нав 20 сомонӣ шуд. Боз аз ҳисоби шартнома медиҳанд. Хуллас, барои якуним ставка дарс 120 сомонӣ мегирам.
— Зўр-ку. Маоши ман 20 сомонӣ ҳам намешавад. Вале шабҳо нағз хоб меравам.
— Зиндагиатон аз рўи маош набудагист-да.
— Э, шумо аз осмон афтидед-чӣ? Ҳоло кӣ бо маош зиндагӣ мекунад? Маоши аз ҳама зиёд чанд пул медонед? Медонед, вазир чанд пул маош мегирад? Бисёр гирад -100 сомонӣ. 100 сомонӣ пул-мӣ? Ба ин пул бозори Шоҳмансур дароӣ, халтаи селофаниат аз ғизо пур намешавад. Уко, шумо соддаед, ё худро ба гўлӣ мезанед.
Ҳоло намегирам, гўед.
— Чиро намегирам?
— Ризқи Худо атокардаро.
— Нафаҳмидам.
— Аз студентҳо мегиред-мӣ?
— Чиро?
— Дар даруни зачётка «Сино» намемонанд-мӣ?
— Равшантар гап занед.
— Шумо ҳафтафаҳма кӣ олим кард? Пора мегиред-мӣ?
— Астағфуруллоҳ гўед. Худо нишон надиҳад. Наход ман барои ҳамин дар донишгоҳ кор кунам? Бо кадом рў аз донишҷўи бечора пул мегирӣ?!
— Якумаш, донишҷў бечора не. Шумо, муаллимаш бечора. Аз гўшатон пахтаро гиред ва дар компутаратон запис кунед: Агар мисли дигарон нагиред, якумр хобатон намебарад. Ба шумо духтур не, иқтисоддон даркор, ки маслиҳати дуруст диҳад, уко. Шумо дар донишгоҳ чандто факултети иқтисодиву олимони варзидаи иқтисод доред. Аз онҳо бояд маслиҳат мегирифтед ва ин ҷо омада маро сил намекардед.
Уко, лаҳҷаатон бисёр ширин. Аини худамондак. Мабодо Сангисиёҳӣ нестед?
— Бале, ман ҳамшаҳр гуфта пеши шумо омадам-да. Манам аз гузари Шафтолузор.
— Э вое! Аз ҳамин сар кунед намешуд-мӣ? Канӣ бед, як дуруст вохўрдӣ кунем. Шумо писари кӣ?
— Писари Соқизода.
— О, ун кас устоди мо-ку. Раҳматӣ ҷони одам буданд. Сахтгирии ҳамуно, ки мо ба ин мартабаҳо расидем. Одами поквиҷдону ҳалол буданд. Панди падар гирифта будаед-да. Лекин ҳоло замона инро намебардорад. «Шаҳри якчашма равӣ, якчашма шав», гуфтаанд бузургон. Ё ин ки «жить хочеш, умей вертется». Яъне пусткандаи гап: додан ҳам гирифтан даркор, надодан ҳам гирифтан даркор. Чӣ гумон мекунед, ки мо намегирем. Ризқи моро Худо ҳар рўз ато мекунад. Гуфтам-ку патсиенти аз шумо пеш даромадагӣ 100 доллар дод. Барои ман имрўзашба бас. Метавонам имрўз акнун бепул кор кунам. Ба шумо барин ҳамшаҳриҳо маслиҳати бепул диҳам.
Хуб, уко гўш кунед. Пулгириро роҳҳояш бисёр. Худатон медонед, ки муаллимони институтҳо соле ду маротиба гандум медараванд: миёнаи зимистону аввали тобистон. Хуб, агар дар ҳамин ду давра хирмани нағз бардорӣ, оила тамоми сол беғизо намемонад. Шумо, ки дар ин соҳа таҷриба надоред, нағзакак гўш кунед:
Баъзе муаллимон профессионал шудагӣ, зеро таҷрибаи давраи шўравӣ доранд. Онҳо рўирост мегиранд ва ставкаашон маълум. Албатта, ба дасти худ намегиранд. Ин тоифа аз ҳисоби лаборанту котиба, билохир сардорони гурўҳ миёнравҳо доранд, ки «доля»-и устодро бевосита ҷамъ карда медиҳанд ва худ низ бенасиб намемонанд. Ҳастанд муаллимоне, ки кам-кам аз ин усули кор метарсанд. Онҳо ба студентон китобҳое, ки ба ду пули сиёҳ арзиш надоранд бо нархи бобоашон мефурўшанд. Камаш даҳ сомонӣ як китобча. Албатта, онҳо ҳам рўирост студентонро маҷбур намекунанд. Вале ҳини имтиҳон рўйихати китобхаридагонро аз дасти ассистенташон гирифта мебинанд ва аз рўи он ба студентон баҳо мегузоранд.
Шумо китоб-питоб доред-мӣ?
— Дар давраи шўравӣ се китоб чоп карда будам. Баъди бозорӣ шудани иқтисодиёт пули китобчопкунӣ надорам. Ҳоло дастнависи ду китобам омода аст.
— Э вое! Наход одам ин қадар гўл шавада? Дар ин даҳ соли охир ҳама бо пар менавистагӣ шуданду дар Тоҷикистон мурғ намонд. Ҳозир ҳама нависанда. Махсусан муаллимон. Як китобчаро ду се маротиба бо номҳои гуногун чоп мекунанд, ки ду сомонӣ арзиш надорад, вале онро баъд ба 15- 20 сомонӣ ба донишҷўён мефурўшанд. Ҳам пули китоб мебарояду ҳам фоидаи имтиҳон мемонад. Онҳое, ки худ навишта наметавонанд, китоби дигаронро мефурўшанд. Барои ҳамин ҳам дар дўкону бозорҳо китоб нест. Ҳамаашро муаллимон харида захира кардаанд.
Баъзе муаллимон чунон усто шудаанд, ки ба ғайри китоби худ боз китобҳои дигаронро сарборӣ мефурўшанд ва баъд зачет мемонанд. Як патсиентам нақл кард, ки писараш зачёти як муаллими бузурги донишгоҳи шуморо ба ивази харидани 3 китоб ба 35 сомонӣ гирифтааст. Ба нақли ў аз ин муаллим беш аз 150 нафар зачет доштаанд. Ў пора нагирифтааст. Ва фақат аз китобфурўшӣ беш аз 5 ҳазор сомонӣ кор кардааст. Магар ин кам аст? То ҳосили навбатӣ, ки баъди чор моҳи дигар мепазад, басанда аст.
-Магар боре ҳам андеша накардед, ки ҳамкоронатон аз кадом ҳисоб мошинсаворӣ мекунанд?
-Уко, ришвагирӣ як дар кори шумо нест. Ҳозир ҳама мегиранд. Як патсиенти журналистам нақл кард, ки раисашон ба шикваи паст будани маош чунин гуфтааст: «Журналисти боҳунар зори маош нест». Яъне журналисти ҳунарманд, чун артистон маошашро худаш муҳайё мекунад.
-Шумо бошад, студент бечора гуфта гаштед. Студент бечора. Отаву очааш ҳам бечора-мӣ? Давраи хондани бечораҳо гузашт. Иқтисоди бозорӣ. Касе пул дорад, мехонад, уко.
-Ҳамон студенти бечораи шумо савори мошини хориҷӣ ба дарс меояд ва бо гулдухтарон фақат дар ресторан ғизо мехўрад.
-Гумон накунед, ки дар ҳукумат мутахассисони гўлу гаранг нишастаанд. Ҳар як мушовири академик доранд, ки даҳонат воз мемонад. Онҳо хуб медонанд, ки рўзи мардум ба маош намондааст. Шукр гўед, ки боз бачамардони ҳукумат инсоф карда, ҳар сол маоши моро 25 фоиз зиёд мекунанд. Пахтаро аз гўшатон гиред, уко ва аробаатонро худатон кашед. То кай давлат аробаи шуморо кашад?!

Таснифи Ҷовид МУҚИМ

Реклама

2 комментария

  1. Posted by Кутбия on Декабрь 17, 2009 at 3:26 пп

    То кай давлат аробаи шуморо кашад?! «Бехтарин» !!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

    Ответить

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: