Таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба матбуоти Тоҷикистон


Ҷовид Муқим, доктори улуми филология,

устоди кафедраи журналистикаи байналхалқии

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ, ки соли 2008 шурӯъ шуд, ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ бе таъсир намонд. Иқтисодиёти Тоҷикистон, ки дар ҳамбастагӣ бо кишварҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ созмон ёфта буд, ҳоло низ бештар ба омилҳои берунӣ рабт мегирад ва тағйирот дар иқтисоди кишварҳои хориҷӣ ба он таъсир хоҳад расонд.  Бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, ба ВАО-и Тоҷикистон, аз ҷумла ба матбуот, ки имрӯз ба яке аз соҳаҳои тиҷорат дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад, низ таъсир расонд.

Системаи телевизиони Тоҷикистон аз ташкилоти телевизиони давлатӣ ва хусусӣ иборат аст. Телевизионҳои давлатиро 4 шабакаи ҷумҳуриявӣ, 3 шабакаи вилоятӣ ва 2 телевизиони шаҳрӣ ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, телевизиони «Шабакаи аввал» аз 3 октябри соли 1959 барномаҳояшро пахш мекунад. Муассисаи давлатии Телевизиони «Сафина»  (2005), Телевизиони кӯдаконаи «Баҳористон» (2006) ва телевизиони хабарии «Ҷаҳоннамо» (2008) чандон таърихи тӯлонӣ надоранд, ҳамагӣ чанд сол пеш таъсис ёфтаанд. Қобили зикр аст, ки «Шабакаи аввал» ва «Сафина» шабонарӯзе 18 соат барнома пахш мекунанд. Телевизиони «Ҷаҳоннамо», ки формати ахборӣ дорад, шабонарӯзӣ аст. Телевизиони «Баҳористон» бошад, дар як шабонарӯз 12 соат барнома дорад. Ҳамаи ин каналҳо тавассути моҳвора пахш карда мешаванд ва аз ин рӯ, метавонанд, теъдоди зиёди тамошобинонро фаро гиранд.  Дар марказҳои вилоятҳо низ телевизионҳои вилоятӣ мавҷуданд, ки шабонарӯзе аз 4 то 8 соат барнома пахш мекунанд.

Телевизиони хусусии Тоҷикистонро 17 стансияи хурди тиҷоратӣ ташкил мекунанд. Телевизионҳои хусусӣ аслан дар шимоли мамлакат, дар вилояти Суғд ҷойгиранд. Аз ин ин теъдод танҳо 4 телевизион дар марказ ва ҷануби Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Ҳамаи телевизионҳои хусусӣ аз рӯи формат иттилоотиву фароғатӣ ва таъиноти худ тиҷоратӣ мебошанд. Аз рӯи теъдоди стансияҳо телевизионҳои хусусӣ дар кишвар зиёданд, вале аз нигоҳи фарогирии аудитория ва таҷҳизоти техникӣ телевизионҳои давлатӣ бартарӣ доранд ва монополист боқӣ мемонанд.

Радиошунавониро дар Тоҷикистон шабакаҳои давлатӣ ва хусусӣ таъмин менамоянд. Аз ҷумла, Радиои Тоҷикистон, ки аз соли 1930 ба пахши барномаҳо шурӯъ кардааст, шабонарӯзӣ 24 соат пахш мешавад ва саросари кишварро фаро мегирад. Бахшҳои дигари радиои давлатии мазкур «Садои Душанбе» (с. 1999) ва «Овози тоҷик» (с. 1949)  ҳар яке дар як шабонарӯз 16 -соатӣ барнома доранд. Радиои дигари шабонарӯзии давлатӣ, ки «Фарҳанг» ном дорад, навтаъсис буда, аз моҳи ноябри соли 2008 фаъолият дорад. Ҳамаи ин радиоҳо 95 дар сади марзи кишварро фаро мегиранд. Ба ғайри ин дар ҳар се маркази вилоятҳои ҷумҳурӣ радиоҳои давлатӣ мавҷуданд, ки дар як шабонарӯз аз 2 то 4 соат барнома пахш мекунанд.

Дар Тоҷикистон 8 адад радиоҳои хусусии тиҷоратии иттилоотиву фароғатӣ:  «Азия Плюс», «Ватан», «Русское радио», «Ориёно», «Имрӯз»  дар шаҳри Душанбе,  «Тироз» ва «Азия» дар шаҳри Хуҷанд фаъолият доранд. Ҳамчунин ду радиои мусиқавӣ — «Азия ФМ» дар ш. Душанбе ва «Кӯлоб» дар ш. Кӯлоб барнома пахш мекунанд. Аз радиоҳои номбаршуда танҳо Радиои «Имрӯз» шунавандаи зиёд дорад, зеро қариб дар чоряки марзи кишвар пахш мешавад.  Радиостансияҳои боқимонда дар ҳудуди 20 -25 километри ҷои мустаққарашон барнома пахш мекунанд. Ба қавли муассиси Радиои «Ватан» Далер Амонов ӯ барои пахши барномаҳояш дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон иҷозатнома гирифтааст, вале ҳанӯз  ин амалро дар манотиқи мазкур шурӯъ накардаанд.

Ҳамчунин дар ҶТ  7 оҷонсии иттилоотӣ, аз ҷумла 1-то давлатӣ ва 6-то хусусӣ низ фаъолият мекунанд, ки бузургтаринашон АМИТ «Ховар» (давлатӣ),  «Asia-Plus», «Авесто» ва «Вароруд» мебошанд.

Феълан дар Тоҷикистон 44 нашриёт мавҷуд аст, ки аз онҳо 6 адад давлатӣ, 8 адад хусусӣ ва 30 адади дигар соҳавианд.

Дар ҷумҳурӣ 148 матбаа мавҷуд аст, ки аз он 25 ададаш давлатӣ ва 123 адади дигараш хусусӣ мебошанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки беш аз ҳафту ним миллион нуфуз дорад, то 1 октябри соли 2009 дар Вазорати фарҳанг ҳамагӣ 189 нашрия,  аз ҷумла 44 рӯзномаи давлатӣ, 94 адад нашрияҳои хусусӣ, 25 адад нашрияҳои ҷамъиятӣ ва 26 рӯзномаи соҳавӣ сабти ном шуда буданд. Усулан нашрияҳоро бояд аз рӯи моликият ба давлатӣ ва ғайридавлатӣ тақсимбандӣ кард. Ба нашрияҳои давлатӣ аслан рӯзномаҳои ҳукумати марказӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ шомиланд. Як қисми нашрияҳои соҳавиро низ метавон давлатӣ номид, зеро онҳо ба вазорату идораҳо шомил буда аз хисоби буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ  мешаванд. Ба нашрияҳои ғайридавлатӣ метавон рӯзномаҳои хусусӣ ва ҷамъиятиро шомил кард. Дар навбати худ ба нашрияҳои ҷамъиятӣ рӯзномаҳои ҳизбӣ ва ташкилоту идораҳои ҷамъиятӣ дохил мешаванд. Масалан, ҳафтаномаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» машҳуртарин нашрияи ҷамъиятӣ аст, ки пайваста чоп мешавад. Сертеъдодтарин нашрияи кишвар — рӯзномаи ҳизби президент, Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» мебошад, ки бо теъдоди якдафъаинаи 21 ҳазор нусха ҳафтае 1 маротиба ба табъ мерасад. Нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – ҳафтаномаи «Наҷот», ки бо теъдоди беш аз 4 ҳазор нусха чоп мешавад, низ маъруфтарин маҳсуб мешавад. Нашрияи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон – «Нидои ранҷбар» ва «Голос народа» ба таври гоҳнома ба табъ мерасанд ва маъруф нестанд.

Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ 96 маҷалла,  аз ҷумла 4 адад давлатӣ, 34 адад хусусӣ, 27 адад ҷамъиятӣ ва 32 адад  маҷаллаи соҳавӣ сабти ном шудаанд.  Аз ин теъдоди номбаршуда на ҳамаи нашрияҳо пайваста ба табъ мерасанд. Аз ҷумла, пас аз суқути давлати шӯравӣ то ҳанӯз дар Тоҷикистон рӯзнома, яъне нашрияе, ки ҳар рӯз ва ақаллан ҳафтае 5 маротиба чоп шавад, вуҷуд надорад. Чанд соли охир танҳо ду нашрияи давлатӣ: газетаи президент –«Ҷумҳурият» ҳафтае 3 маротиба ва газетаи порлумон — «Садои мардум» ҳафтае ду маротиба ба табъ мерасанд. Аз моҳи сентябри соли равон бошад, газетаи хусусии «Фараж» низ ҳафтае ду маротиба чоп шуда истодааст. Газетаҳои боқимонда ҳафтанома, моҳнома ва ё гоҳномаанд. Албатта, ба ин тарз чоп шудани газетаҳо ба вазъи молӣ ва мушкилоти паҳн кардани рӯзнома иртибот мегирад.

Аз омори овардашуда бармеояд, ки дар Тоҷикистон матбуоти хусусӣ бартарият дорад. Матбуоти хусусии ҷумҳуриявӣ, ки пайваста чоп мешаванд, асосан ба 5 нафар тааллуқ доранд. Аз ҷумла, муассиси ТММ «Чархи Гардун» Акбаралӣ Сатторов аз аввалин нафаронест, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол нашри ҳафтаномаи хусусии «Дайджест»-ро ба роҳ монда, баъдан ба чопи дигар рӯзномаҳо аз қабили «Чархи Гардун», «Вечерний Душанбе», «Алоуддин», «Авицена» ва ғайра  муваффақ шуд.

Медиамагнат Шариф Ҳамдамов ҳафтаномаи «Тоҷикистон»-ро, ки шодравон Насрулло Асадуллоев аз номи Созмони ҳифзи истеъмолгарони Тоҷикистон таъсис дода буд,  харида нашрияи мақомоти қудратии кишвар кард ва баъдан онро хусусӣ намуд. Сипас ӯ нашрияҳои «Рекламная газета», «Оила», «Крим Инфо», «Футбол» ва ғайраро таъсис дод.

Муассиси Медиагурӯҳи «Asia-Plus» Умед Бобохонов соли 1996 фаъолияти Оҷонсии иттилоотии  «Asia-Plus»-ро ба роҳ монд. Баъдан аз соли 2000 ӯ ба чопи ҳафтаномаи нави русии «Asia-Plus» шурӯъ кард. 9 сентябри соли 2002 радиои иттилоотиву мусиқии «Asia-Plus» ба пахши барномаҳояш оғоз намуд. Аз моҳи апрели соли 2009 Медиагурӯҳи «Asia-Plus» чопи маҷаллаи мусаввари глянсии «VIP Zone»-ро ба роҳ монд.

Асҳобиддин Суннатӣ, муассиси газетаи «Муҳаббат ва оила» 4 нашрия хусусӣ дошта, дар бозори матбуоти Тоҷикистон мавқеи худро ёфтааст.

Раиси Маркази таҳқиқоти журналистони Тоҷикистон Хуршед Ниёзов (Хуршеди Атоулло) низ чопи 3 рӯзнома («Ману Ту», «Фараж» ва «Гол»)-ро  ба роҳ мондааст.

Соли равон «Медиа консалтинг»-и «Asia-Plus» пурсишеро оид ба таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба ВАО- Тоҷикистон анҷом дод. Дар пажӯҳиши мазкур роҳбарони 30 рӯзнома, 4 радио ва 2 телевизиону 2 маҷалла мавриди пурсиш қарор дода шуданд, ки аз ин теъдод 31 — ВАО-и хусусӣ (мустақил), 6 – давлатӣ ва 1 рӯзномаи ҳизбӣ буданд. Дар ВАО-и  мазкур ҳудуди 600 нафар  кор мекунанд. Аз пурсидашудагон 92 дар сад посух додаанд, ки бӯҳрони молиявӣ ба ВАО-и онҳо таъсир расонидааст ва даромадашон коҳиш ёфтааст. 5 дар сад гуфтаанд, ки онҳо таъсири бӯҳрони молиявиро эҳсос накардаанд. 3 дар сад ба ин суол умуман посух надодаанд. Аз ҷумла, 22 дар сади респондентон гуфтаанд, ки даромадашон аз 10 то 15 фоиз, 27 фоизи пурсидашудагон гуфтаанд, ки даромадашон аз 20 то 25 дар сад, 24 фоизи дигари респондентон гуфтаанд, ки даромадашон аз 30 то 35 дар сад ва ба қавли 5 фоизи дигар даромадашон аз 50 то 55 дар сад  кам шудааст. 8 дар сади боқимондаи пурсидашудагон гуфтаанд, ки даромадашон аз 60 то 80 дар сад коҳиш ёфтааст.

«Asia-Plus» яке аз нашрияҳои бонуфузи русии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки феълан бо теъдоди 14 ҳазор нусха ба табъ мерасад. Набӣ Юсупов, директори тиҷоратии Медиа гурӯҳи «Asia-Plus» дар сӯҳбат бо муаллифи ин сатрҳо изҳор дошт, ки аз бӯҳрони молиявӣ даромади ҳафтаномаи мазкур 25 дар сад коҳиш ёфтааст. — Дар 5 моҳи аввали соли равон таъсири бӯҳрони молиявӣ сахт эҳсос мешуд, -мегӯяд ӯ. -Рекламадиҳандагон барои чопи маводашон пул надоштанд ва мо ҳатто наметавонистем маоши кормандонро пардозем.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон даромади асосии нашрияҳо аз фурӯш ба даст меояд ва тибқи пажӯҳиш 63 фоизи пурсидашудагон (аз 32 нашрия) гуфтаанд, ки тиражи нашрияашон коҳиш ёфтааст. 37 дар сади боқимонда гуфтаанд, ки бӯҳрон ба теъдоди чопи нашрияашон таъсир нарасонидааст. Тибқи пажӯҳиши мазкур тиражи нашрияҳо аз 5 то 35 дар сад кам шудаанд.

Ин нуктаро  Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, медиамагнат Акбаралӣ Сатторов, ки худ муассиси 7 адад ҳафтаномаи хусусӣ аст, таъид мекунад. Ба қавли ӯ дар нимаи аввали соли равон теъдоди умумии якдафъаинаи матбуоти Тоҷикистон камтар аз 200 ҳазор нусха буд. Ҳол он ки чанд сол пештар он ба 700-800 ҳазор нусха мерасид. Ба қавли ӯ бӯҳрони молиявӣ ба коҳишёбии теъдоди газетаҳо овардааст.

Бояд гуфи, ки усулан нашрияҳои давлатӣ ва ҳизбӣ тариқи обуна паҳн карда мешаванд ва дар фурӯши озод каманд. Албатта барои обуна кардан муассисони нашрия мусоидат мекунанд. Газетаи «Ҷавонони Тоҷикистон», ки давлатӣ аст, аслан тавассути обуна паҳн карда мешавад. Самариддин Асозода, сармуҳаррири  ҳафтаномаи мазкур мегӯяд, ки дар нимсолаи аввали соли 2009 тиражи газетаи онҳо 5 ҳазор нусха буд. Ҳоло теъдоди обуначиён кам шуда, 3 ҳазору 500 нафарро ташкил мекунад. Соли равон нархи солонаи обуна 36 сомонӣ буд. Аз соли нав қимати обунаи солона 40 сомонӣ мешавад. Агар нархи мазкурро бо арзиши доллар муқоиса кунем, баракс аз коҳиш ёфтани пули тоҷикӣ қимати обуна нисбати соли гузашта кам шудааст. Зеро аввали  соли гузашта 36 сомонӣ беш аз 10 доллар буд. Ҳоло бошад, 10 доллар беш аз 44 сомонӣ аст.

Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» нашрияи мусаввар буда, Президенти Тоҷикистон ношири он мебошад. Маҷаллаи мазкури давлатӣ низ аслан тавассути обуна паҳн карда мешавад. Ба қавли Толибшоҳ Сайидзода, муовини сардабири маҷаллаи номбурда моҳи апрели соли равон теъдоди нашрияи онҳо ба 7200 адад мерасид. Ҳоло он 400 адад кам шудааст. Ба гуфти масъулин бинобар афзоиши хароҷот барои соли оянда қимати обуна боло бурда мешавад ва  1 дона маҷалла ба 7 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ҳоло бошад, 1 дона маҷалла 6 сомонӣ қимат дорад.

Бӯҳрони молиявӣ боиси он гардид, ки баъзе муассисон теъдоди кормандонашонро ихтисор намуданд. Аз ҷумла, тибқи пажӯҳиши мазкур  30 дар сади респондентон кам кардани штати кормандонашонро аз 5 то 50 фоиз изҳор кардаанд.

Набӣ Юсупов, директори тиҷоратии Медиа гурӯҳи «Asia-Plus» мегӯяд, ки 50 дар сади хароҷоти рӯзномаашонро аз ҳисоби реклама мепӯшонанд. Масалан, арзиши аслии як шумораи газетаи «Asia-Plus» 2 сомонӣ мешавад, вале онҳо ҳафтаномаро ба қимати 1 сомонӣ ба чаканафурӯшон медиҳанд. Медиа гурӯҳи «Asia-Plus» ҳамчунин аз моҳи апрели соли равон маҷаллаи мусаввари «VIP Zone»-ро чоп мекунад. Арзиши аслии 1 адад маҷаллаи мазкур ба 8 доллар мерасад, вале он ба қимати 9 сомонӣ (2 доллар) фурӯхта мешавад.

Ба гуфтаи 51 дар сади пурсидашудагон коҳиш ёфтани воридоти реклама ва маводи фармоишӣ натиҷаи бӯҳрони молиявӣ буда ба фаъолияти редаксияҳо халал ворид кардааст. 33 дар сади респондентон мушкилотро аз бӯҳрони молиявии ҷаҳон ба паст шудани қурби пули миллӣ нисбати асъори хориҷӣ медонанд, ки вобаста ба ин нархи маводи чопӣ афзудааст. 12 дар сад гуфтаанд, ки музди меҳнат вобаста ба бӯҳрони молиявӣ коҳиш ёфтааст.  2 дар сад гуфтаанд, ки мушкилоте аз бӯҳрони молиявӣ эҳсос намекунанд. 2 дар сади дигар гуфтаанд, ки аз коҳишёбии теъдод, молиёт, афзоиши арзиши аслии нашрия мушкилот доранд.

Маркази таҳқиқоти журналистони Тоҷикистон чопи 3 рӯзномаро ба роҳ мондааст. Ба қавли раиси МТЖТ Хуршед Ниёзов аз бӯҳрони молиявӣ теъдоди ду рӯзномаи онҳо – «Ману Ту» ва «Гол» кам шудааст. Ӯ мегӯяд, ки нашрияи варзишии «Гол», ки аз моҳи марти соли равон  чоп мешавад, фоиданок нест ва шояд он баста шавад. Зеро теъдоди он ҳамагӣ 800 адад аст. Дар ҳамин ҳол тиражи нашрияи дигари Маркази таҳқиқоти журналистӣ – газетаи ҷамъиятиву сиёсии «Фараж» афзуда ба 9 ҳазору 500 адад расидааст. Аз моҳи сентябр рӯзномаи мазкур ҳафтае ду маротиба чоп мешавад, ки ин дар таърихи нашрияҳои хусусии Тоҷикистон нахустин иқдом аст.

Хуршед Ниёзов меафзояд, ки вобаста ба бӯҳрони молиявӣ  нархи чоп ва хизматрасониҳои дигар афзудааст. Масалан, нархи 1 кило коғаз аз 75 сент ба 95 сент расидааст. Хизмати коммуналӣ 35 фоиз гарон шудааст. Аз он ки музди меҳнати кормандон тибқи шартнома ба доллар муайян шудааст, низ зарар мебинанд, зеро қурби доллар нисбати соли гузашта қариб 30 дар сад афзудааст.

Асҳобиддин Суннатӣ, муассис ва ношири ҳафтаномаҳои «Муҳаббат ва оила», «Дунё», «03- Ёрии таъҷилӣ» ва «Кроссворди тоҷикӣ» мегӯяд, ки теъдоди ҳафтаинаи нашрияҳои ӯ ба 12 ҳазор нусха мерасад. Соли равон теъдоди ҳафтаномаи «Муҳаббат ва оила» 500 адад афзуда ба 4 ҳазор нусха расид.  Теъдоди газетаи «Сканворди тоҷикӣ» соли равон 8 фоиз кам шуд, зеро рақибони ин ҳафтанома зиёд аст. Ҳафтаномаи   «03- Ёрии таъҷилӣ», ки бо теъдоди 300 нусха  ба табъ мерасад, зиёновар аст, вале мо барои нигоҳ доштани  бозор онро чоп карда истодаем, -мегӯяд А. Суннатӣ. Ба қавли ӯ теъдоди ҳафтаномаҳо аслан дар мавсими тобистон кам мешавад.

Матбуот, ки як соҳаи тиҷорат маҳсуб мешавад, наметавонад бар зарари худ фаъолият бикунад. Дар таҷоруби ҷаҳонӣ даромади асосии нашрияҳо ва радиову телевизион аз чопу пахши реклама ба даст меояд. Мувофиќи  моддаи 12-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи реклама» дар  матбуоти давлатии кишвар,  ки барои ахбор ва маводи хусусияти рекламавидошта махсус гардонида нашудаанд, реклама  набояд аз 25 фоизи ҳаҷми як шумораи нашрияи матбуоти даврӣ ва дар матбуоти даврии ғайриҳукуматӣ  ин ҳаҷм набояд аз 40 фоиз зиёд бошад. Дар телевизион ва радиоҳои давлатӣ ин нишондод то 10 дар сади барномаи шабонарӯзӣ ва дар телевизион ва радиоҳои хусусӣ то 25 дар сади ҳаҷми умумии барномаҳои шабонарӯзӣ муқаррар шудааст. Дар воситаҳои ахборе, ки барои реклама махсус гардонида шудаанд, маҳдудият гузошта  намешавад. Бояд гуфт, ки аксари нашрияҳои Тоҷикистон чӣ давлативу чӣ хусусӣ аз ин ҳуқуқи худ истифода намекунанд. Он нашрияҳое, ки пурра ин имтиёзи пешбиникардаи қонунро истифода мебаранд, ангуштшуморанд. Масалан, танҳо нашрияи президентии «Ҷумҳурият» 25 дар сади ҳар шумораашро ба реклама мебахшад. Аз реклама нашрияҳои хусусии Медиа гурӯҳи «Asia-Plus» ва Ташкилоти масъулияташ маҳдуди (ТММ) «Оила» низ самаранок истифода мекунанд. Ин муассиссаҳо шӯъбаҳои алоҳидаи тиҷорату рекламаи худро доранд. Аз ҷумла, ТММ «Оила» оҷонсии рекламавии худро бо номи «Тайрон» таъсис дода, нашрияи «Рекламная газета»-ро ба забони русӣ чоп мекунад. Дар дигар нашрияҳои хусусиву давлатӣ умури вижаи реклама вуҷуд надорад. Ҳатто бузургтарин ношири кишвар, муассиси ТММ «Чархи гардун» Акбаралӣ Сатторов то ба ҳанӯз шӯъбаи рекломро таъсис надодааст. Ҳамин аст, ки даромади асосии нашрияҳо аз фурӯши газета ба даст меояд. Ба қавли ноширон агар теъдоди якдафъаинаи нашрия 3 ҳазор нусха бошад, он фоидаовар мешавад. Аз ин нигоҳ аксари нашрияҳои давлатии маҳаллӣ зиёноваранд, зеро теъдоди онҳо аз 800 то 2500 нусха мебошанд.

Бино ба як пажӯҳиши муҳаққиқони рус дар Федератсияи Русия ҳафтаномае, ки бо тиражи 7 ҳазор нусха чоп мешавад, ҳамагӣ 5 фоизи даромадаш аз ҳисоби фурӯши нашрия ба даст меояд. 95 дар сади боқимондаро редаксия аз ҳисоби реклама ба даст меорад. Мутаассифона, дар матбуоти Тоҷикистон то ба ҳанӯз тиҷорат кардан ва истифодаи рекламаро хуб наомӯхтаанд. Аз ин рӯ, даромад аз ин соҳа барои пӯшондани хароҷоти нашрияҳо ва гирифтани фоида хеле ночиз аст.

Аксари ношироне, ки мавриди пурсиш қарор гирифтанд, бар он андешаанд, ки бе кӯмаки давлат ва созмонҳои хориҷӣ наметавонанд вазъи фаъолияташонро беҳ  бикунанд. Аз ҷумла, барои аз вазъи бӯҳронӣ баромадан 65 дар сади пурсидашудагон хоҳиш кардаанд, ки давлат ба онҳо аз 30 то 50 дар сади буҷаи газета кӯмаки молиявӣ ё моддӣ расонад. Дар ҳамин ҳол 35 фоизи пурсидашудагон гуфтаанд, ки онҳо ба кӯмаки давлат ниёз надоранд.

Ҳамчунин 84 дар сади роҳбарони ВАО ба кӯмаки молиявии созмонҳои хориҷӣ ниёз доштани худро изҳор доштаанд. Танҳо 5 дар сад гуфтаанд, ки онҳо ба кӯмаки созмонҳои хориҷӣ ниёз надоранд. 39 дар сади пурсидашудагон изҳор доштаанд, ки онҳо аз 20 то 50 фоизи буҷаашон кӯмакро интизоранд.  Бинобар маълумоти мазкур  ноширон мехоҳанд  аз 20 то 50 дар сади маблағи буҷаашонро, ки аз ҳисоби кам шудани даромадашон ба даст намеоранд, давлат ё созмонҳои хориҷӣ таллофӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол 89 дар сади пурсидашудагон изҳор доштаанд, ки кам кардани молиёт дар вазъияти феълӣ ба ВАО-и онҳо кӯмак карда метавонад. Аз ҷумла, 23 фоиз кам кардани андозро мехоҳанд, 6 дар сад кам кардани андози арзиши иловашуда (НДС)-ро ва 3 дар сад пурра бардоштани молиётро ақаллан дар давраи бӯҳрон мехоҳанд. Ҳамин аст, ки 3 августи соли равон ноширони ВАО-и кишвар ба Ҳукумати Тоҷикистон бо номае муроҷиат карданд. Ноширон дар муроҷиатномаи худ аз ҷумла хоҳиш кардаанд, ки бонкҳо барои ВАО қарзҳои имтиёзнок (бе фоиз) диҳанд ва ё давлат барои онҳо барномаҳои грантӣ пешниҳод намояд. Ҳамчунин муроҷиаткунандагон пешниҳод кардаанд, ки ҳукумат барои пардохти молиёт аз фоида ва арзиши иловашуда ба мӯҳлати 5 сол барои ВАО моратория эълон намояд. Ба ғайри ин аз Ҳукумати Тоҷикистон дархост шудааст, ки барои таъсиси шабакаи миллии паҳн кардани расонаҳои чопӣ дар кишвар ва кушодани дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ дар ҷойҳои серодами шаҳрҳо мусоидат бикунад.

Чӣ тавре ки дар боло зикр кардем, даромади аксари нашрияҳо аз фурӯши нашрия ба даст меояд. Бинобар ин танҳо 16 дар сади пурсидашудагон изҳор доштаанд, ки афзоиши реклама барои дар давраи бӯҳронӣ фаъолият кардани онҳо мусоидат мекунад. Ба гуфтаи 40 дар сади пурсидашудагон коҳиш додани молиёт, дарёфти сарчашмаҳои иловагии даромад феълан метавонанд ба фаъолияти онҳо мусоидат кунанд. 13 дар сад бар онанд, ки кӯмаки техникӣ аз қабили коғаз аз ҷониби созмонҳои хориҷӣ ва давлат метавонад ба фаъолияти онҳо мусоидат намояд. 9 дар сади ноширон ба ташаббуси худ умед мебанданд. 2 дар сади пурсидашудагон бошанд, коҳиш додани иҷорапулӣ, хизматрасониҳои гуногун ва тақсими баробари рекламаро барои фаъолият дар давраи бӯҳронӣ мусоид меноманд.

Бояд гуфт, ки  моҳи майи соли равон Ҳукумати Тоҷикистон барои дар давраи бӯҳронӣ дастгирӣ кардани соҳибкории хурду миёна дар бораи кам кардани молиёт қарор қабул кард. Акнун муассисаҳо, аз ҷумла ноширон ба ҷои 25 дар сади молиёт аз фоида 15 фоиз молиёт ва ба ҷои 20 дар сади молиёти арзиши иловашуда 18 фоиз молиёт ба давлат пардохт менамоянд. Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон агар гардиши солонаи молии муассиса аз 200 ҳазор сомонӣ (46 ҳазор доллар) кам бошад, пас он  ба таври соддашуда молиёт пардохт менамояд. Яъне 5 фоизи маблағи гардиши солона ва 1 фоиз аз фурӯши чакана молиёт мепардозад. Ба ғайри ин ҳамаи корхонаву муассисаҳо 25 фоизи музди меҳнат ба Хазинаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва 1 дар сад ба Хазинаи бимаи иҷтимоӣ маблағ пардохт менамоянд.

Бӯҳрони молиявӣ идома дорад. Бинобар ин 70 дар сади пурсидашудагон бар он андешаанд, ки вобаста ба бӯҳрони молиявӣ вазъи редаксияҳо бадтар мешаванд. 41 дар сади пурсидашудагон гуфтаанд, ки ба онҳо хатари касодӣ ва баста шудани нашрияашон таҳдид мекунад. 51 фоиз бар он назаранд, ки ба онҳо хатари басташавии рӯзнома таҳдид намекунад. Дар ҳамин ҳол 27 дар сади ноширон ба беҳ шудани вазъи молиашон умед доранд. Ҳамин аст, ки ноширон роҳҳои гуногуни аз бӯҳрон баромаданро меҷӯянд. Масалан, медиамагнат Акбаралӣ Сатторов барои кам кардани хароҷот ҳафтаноами «Зан ва мард»-ро бо ҳафтаномаи маъруфаш «Чархи гардун» якҷоя кард. Акнун ин ҳафтанома, ки пеш 16 саҳифа чоп мешуд, бо ҳаҷми 24 саҳифа ба табъ мерасад. Яъне ношир бо ин амалаш 8 саҳифаи газетаи «Зан ва мард»-ро кам карда, коғазро сарфа намуд. Ҳамчунин ӯ моҳи сентябр чопри рӯзномаро барои донишҷӯён бо номи «Студент tj» бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва  аз 14 октябри соли равон чопи рӯзномаи нави рекламавиашро бо унвони «Газета бесплатных объявлений: день за днём..» (Газетаи ройгони рӯз то рӯз) ба роҳ монд.  Чӣ тавре ки қаблан гуфтем, табъу нашр низ як соҳаи тиҷорат аст ва дар ин бозор ҳамоне ба рақобат тоб оварда муваффақ мешавад, ки ба муштарӣ маҳсулоти хубу арзанда ва арзону дастрас пешниҳод намояд. Барои дар вақти бӯҳронӣ пуштибонӣ кардани матбуот банда чунин пешниҳод дорам:

  1. Давлат ба расонаҳое, ки мавриди ниёзи мардуманд, кӯмаки молӣ расонад;
  2. Бонкҳо ба нашрияҳо қарзҳои дарозмуддати камсуд диҳад;
  3. Иттиҳоди ноширон Хазинаи бӯҳронӣ таъсис дода аз ҳисоби он ба нашрияҳои ниёзманд қарзҳои бефоизи кӯтоҳмуддат ҷудо намояд;
  4. Дар тақсими реклама адолат ҷорӣ карда шавад;
  5. Барои ба муштариён арзону сари вақт расонидани нашрияҳо як муассиса созмон дода шавад.

 

25. 10. 2009

Реклама

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: